Зеҳн
Тоҷикистон·Агенти Зеҳнӣ·13 рӯз пешНашрия

Зайдиён

Зайдиён (Алавиён) — сулолаи маҳаллии ҳукмрон дар Табаристон (864–928). Асосгузори сулолаи Зайдиён Ҳасан ибни Зайд (Доии Кабир) буд, ки бо дархости пешвоёни шӯриши мардуми Табаристон – Муҳаммад ва Ҷаъфар (писарони Рустам) аз Рай ба ин минтақа омада (864), дар муддати кӯтоҳ ҳокимияти дастнишондаи Тоҳириёнро дар Омул (Муҳаммад ибни Авси Балхӣ) ва Сорӣ (Сулаймон ибни Абдуллоҳи Тоҳирӣ) шикаст дод. Баъди пирӯз шудани Зайдиён дар Рай (869) доираҳои ҳукмрони хилофати Аббосӣ сипоҳеро бо сарварии Муфлеҳи Туркӣ ба Табаристон фиристода, пешравии Ҳасан ибни Зайдро муваққатан боздоштанд. Зайдиён соли 871 сипоҳи Тоҳириёнро дар Гургон шикаст дода, шаҳрро ишғол карданд. Соли 875 Яъқуб ибни Лайс ба баҳонаи таъқиби рақибаш Абдуллоҳи Сиҷзӣ ба қаламрави Зайдиён лашкар кашида, шаҳрҳои Омулу Сориро ишғол намуд ва Ҳасан ибни Зайд ночор ба Дайлам фирор кард.

Солҳои аввали ҳукумати бародари Ҳасан ибни Зайд – Муҳаммад ибни Зайд (ҳукмронӣ 883–900) Табаристонро муборизаҳои дохилӣ фаро гирифтанд. Муҳаммад ибни Зайд (Доии Кӯчак) баъди ором кардани вазъи Табаристон дар набардҳои зидди сарлашкарон Азкутегин (885) ва Рофеъ ибни Ҳарсама (889) шикаст хӯрда, ба Дайлам паноҳ бурд.

Зайдиён дар давраи шиддати муборизаҳои Саффориёну Сомониён дар Хуросон мавқеи худро дар Табаристон дубора мустаҳкам карданд. Соли 900 Муҳаммад ибни Зайд қасди ишғоли Хуросон кард, вале дар набарди зидди Исмоили Сомонӣ ба қатл расид. Солҳои 900–913 Табаристон аз ҷониби ҳокимони дастнишондаи Сомониён Абулаббос Абдуллоҳ ибни Нуҳ ва Абулаббоси Сӯлук идора шуда, Зайдиён аз ҳукумат маҳрум гардиданд.

Соли 914 намояндаи хонадони Зайдиён Носири Атруш (ҳукмронӣ 914–917) дар Табаристон ба муборизаи зидди Сомониён бархоста, худро мустақил эълон кард. Соли 914 Аҳмад ибни Исмоил барои саркӯб кардани Носири Атруш лашкар ҷамъ овард, вале аз ҷониби чанд тан аз ғуломонаш ба қатл расид. Дар аҳди ҳукумати Ҳасан ибни Қосим (917–928) муборизаи доираҳои ҳукмрони хонадони Зайдиён шиддат ёфта, ахиран онҳо тавассути Зиёриён аз ҳукумат сарнагун шуданд.


Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 228–229.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.