Зеҳн
Қиссаи фавқ

Соли 1989 бозсозӣ мунтаҳо кишвари абарқудрати СССР-ро саркӯб намуд. Он замон ҳизби коммунисти Тоҷикистон чун мори нимҷон дар худ печидаву тапида, роҳи наҷот меҷӯст ва аз ин нигоҳ фурсати мутолиа асарҳои нависандагонро надошт, вагарна ба интишор гаштани қиссаи фавқ ба ҳеҷ ваҷҳ роҳ намедод.

зеҳни сунъӣ · 2 октябри 2024 · 16 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Риштаи хаёлоти наттоқро хандаи баланди кадоме баркад. Ӯ ба худ омад, аз дурӯғу иғроқ гуфтанаш хаёле шармид ва осема саъй кард, ки ҳарчӣ зудтар риштаи сӯҳбатро биканад.

-Хӯш, маъзарат мехоҳам, ки вақти фароғати шуморо ба сиёсат пайвастам. Як раҳи дигар бахшиш. Акнун меҳрубонӣ кунанд ба паси миз. Ҳоло шумо беҳтарин анъанаи моро тамошо хоҳед кард,- Булбули Водӣ, даст

рӯи сандуқи сина, меҳмон ва мутарҷими паканаро ба ҷои мувофиқ шинонд ва худ бо ишораи котиб сӯи баландгӯ давид.

Аз Булбул канортар бобои Ҳамроқул рӯи нармкурсӣ бароҳат нишаста, дамолаҳза риши бузиашро ҳилол мекард. Дар сари покиза тарошидааш тоқии чуст ва бар тан кастуми сафед дошт. Аз тарафи росту чапи кастум ордену медалҳо чида буд. Навшаҳ барин менамуд бобо, лекин чанд тора ришаш халал мерасонд.

Меҳмонон ва роҳбарияти ноҳия дар ду қатор нишаста, ҳоли ҳозир ба даҳони Булбули Водӣ менигаристанд. Дар рӯ ба рӯи наттоқ барои домоду арӯс тахт музайян карда, пушташон қолин зада буданд. Рӯи ҳар як миз гулдастаҳои ранг-ранг ба машом бӯи муаттар меовард.

- Ба чеҳраи гулгуни ин марди шариф нигаред, - сухан оғозид Булбули Водӣ. –Ӯ бобои Ҳамроқул, ҳокими дашту ҳомун, чӯпони колхози ба номи Ленин аст. Ҳамеша табассум меборад аз чеҳраи нурониаш. Вай аз бахти баланди хеш дар кастум намеғунҷад. Мебинед, пеши бараш аз ордену медалҳо тангӣ мекунад. Аз табибон маъруфи ноҳия хоҳиш мекунам бобои Ҳамроқулро ҷарроҳӣ ва сандуқи синаашро фарохтар кунанд, то ки дар кастуми васеътар ордену медолҳои бешумораш ҷо гиранд.

Эй падар, хоҳаме, ки дилат чун дили кит бод, Медалҳоят писта-писта дар пеши кастум тит бод!

Ман ҳоло дар сӯҳбат бо Ҷаноби Бос Титер гуфтам, ки ҳар як оилаи мо ана ҳамин тавр зиндагӣ дорад, балки бобои Ҳамроқул нисбат ба дигарон як дараҷа камбизоаттар аст. Лекин Ҳотами Тойи босаховати афсонавӣ бояд назди ҳокими дашту ҳомун чорзону зада ғалтанак равад. Зеро бобои Ҳамроқул саховатмандию дасткушодиро аз Ҳотами Той ҳам гузаронд. Ӯ ташриф овардани шуморо ба ноҳия фаҳмида, шахсан назди офтоби сари мо, сутуни давлату савлатамон –Даврон Замонович рафтанд ва қатъӣ талаб карданд: «То меҳмонони олиқадр як пиёла чоямро нанӯшанд, ба ҳеҷ куҷо намераванд!»

Инак, ҷанобони тоҷи сар, шумо дар хонаи як чӯпони одии мо меҳмон ҳастед. Хӯш омадед, ба хонаи мо, ба Ватани мо! Бигзор, дар пои ягон гӯфанду бузу мурғи бобои Ҳамроқул хор нахалад! Бигзор, ҳамдиёри мо ба мисли Береженев солҳои тӯлонӣ шоҳона зиндагӣ кунад! Хоҳишмандам, қадаҳи аввал бардошта шавад!..

Даврон Замонович ва Саодат Қобиловна, ки аз суханони косагули давра мамнуну хушҳол гашта буданд, меҳмононро даъват ба он мекарданд, ки қадаҳ бардошта, аз хӯришҳо истеъмол намоянд.

Садои мусиқӣ баланд шуд. Овозхони фарбеҳи миёнқад косаи торро бари гӯш хобонда, ба торҳои он мастона захма мезад ва ҷониби шаршараи сохта, ки зери он духтаракони сарвқомати дилкаш, мисли моҳиён, оббозӣ доштанд, ишора карда, бо тамоми овоз наъра мекашид.

Хуш омадед, дӯстон, шаршара аз шумо ҳаст,

Нуқлу мавиз гиред, чанд парӣ аз шумо ҳаст. Ҷунбон- ҷунбон, маст-маст,

Шаршара дар пеш ҳаст...

Бобои Ҳамроқул қадаҳ дар даст назди баландгӯ омад.

- Меня.. что говорит!? Никогда непыл. Но ради вас... Пыл. Вместе жыли-жыли, но непонимаюш и руски и тоҷики. Вот.. пём за дружбу. Остолньни бог знает, - ба осмон ишора кард ӯ.–пошли, ҳо-оп... -қадаҳ ба лаб бурд мӯйсафед ва бо як даст тоқиашро дошт, ки аз сар наафтад. Баъди то қатраи охирон нӯшидани ӯ ҳозирон хушҳолона қарсак заданд. Бос Титер мӯйсафедро ишора кард, ки наздаш ояд...

Булбули Водӣ аз ин манзара ба ҳаяҷон омада, бо тамоми ҳастӣ аҷала мекард, ки суханони волов болохонадор бигӯяд. Бояд ӯ дар ин ҷашнгоҳ кӣ буданашро собит менамуд. Охир, ояндааш, фардои дурахшонаш маҳз аз ҳамин рӯз вобаста аст. Бояд Даврон Замонович ба чӣ қодир будани Булбули Водиро фаҳмад ва рӯзи мабодо як ишораи ангушташ кифоя аст, ки дигарон рӯ-рӯи даст бардорандаш. Одами котиб шудан, ба боварии ӯ даромадан насиби на ҳар банда мегардад. Ва Булбули Водӣ риштаи суханашро бо ваҷд ба гӯши осмон мебаст, дақиқаҳои дароз ба даводави Ҳавасгул Сабуровна, ки ба ин тарафу он дараф мокувор рафта меомад, нигариста, варсоқӣ мегуфт.

Вале котиб... дар ин лаҳза Булбулро аз ҳаваскоре, ки соате табъро хуш карда, сипас фаромӯш мешавад ё чун матоъе, ки баъди истифодаю фарсуда гаштан, ба партов табдил меёбад, беш намедонист.

Ва назари Ҳавасгул низ дар гирди ҳамин нукта тоб мехӯрд. «Пирдухтар» итминон дошт сари Булбулро гиҷ карда, пеши чашмонаш пардаи сиёҳ мекашад, аз зану фарзанд ҷудо карда, оқибат моли худ мегардонаду аз таънаю маломати бешавҳарӣ халос мешавад. Ана, ҳамин хел ният мепарварид шоирдӯст ва имонаш комил буд, ки бо як-ду бӯсаи ширину фиребо Булбули гӯлу гарангро ба чангол меорад. «Тавре кунам, ки худи «шоир» ба забони ҳол ояд... кастумлокашро аз мех гираду рост ба хонаи ман битозад...»

Вале Булбули Водӣ, бехабар аз найрангҳо, аспи суханро тозиёна мезад:

-Имрӯз дар хонаи бобои Ҳамроқул тӯй аст. Писараш Кенҷабой оила барпо мекунад. Мо шаҳу арӯсро ба саҳна мехонем. Шумо, меҳмонони гиромӣ, як лаҳза аз товусхиромони сарвқади зери шаршара чашм канда, ба ин тараф нигоҳ кунед ва бубинед, ки тӯйҳои миллии мо чӣ гуна мондагору нотакрор мегузаранд.

Доира баланд садо дод. Най, танбӯр, аккардион ва дутор ба нолидан даромаданд. Ҳавасгул пеш-пеши арӯс мерақсид ва ҷавонмарде доираи дасташро чунон чапу рост тоб медод, ки гӯё асбоб ҳам арғушт мерафт ва дар ҳавои он дигаронро ба ҷунбондан даъват мекард. Ҳамроҳи ҳофизаи ғафси миёнқад, барои осмонкаф кардани базм, панҷ-шаш нафари дигар баробар такрор мекарданд:

Акаи тӯйдор мастона биҷунб,

Зери ун шаршара парвона биҷунб... Маст шав, бача!..

-Меҳмонони олиқадр! – баъди истиқболи гарми арӯсу домод, дигарбора сухан оғозид Булбул.-Кенҷабою Нозукойи арӯс аз кӯдакӣ, ҳанӯз ҳини дар гаҳвора будан, якдигарро мисли асали тоза дӯст медоштанд. Дар ин муддат ишқу муҳаббати онҳо сабзида, қад афрохт ва ҳам амиқтар реша давонд. Ҳамеша ду шохи як дарахт, ду мағзи як бодом, ду кабӯтари гӯшаи як бом буданд. Донаи мавизро бе якдигар намехӯрданд. Оқибат ишқу муҳаббати самимӣ ғалаба кард ва парчами оиладорӣ барафрохта шуд. Ба муроди дил расиданд онҳо. Қабл аз ҳама волидайни онҳо, билхоса бобои Ҳамроқулро бо ин рӯзи мубораку васлшавӣ самимона табрик гуфта, бо забони асалини шоирӣ мегӯям:

Арӯси ҷони ширин, муборак бод домоди кӯҳкан, Ало домоди пурпеша, бизан фарёд аз реша! Шаби васлу каноргирӣ макун ҳеҷ гоҳ андеша, Ба пушти ту дарахти ҳазрати Ленин тирреша.

Булбули Водӣ даст сӯйи муҷассамаи Ленин бардошт. Касе ба он тараф нанигарист, чаро ки ҳама саргарми сӯҳбат ва қадаҳбардорӣ буданд. Ӯ хаёле худро гум кард ва хомӯшона ба нишастагон дида дӯхт. Яке чашмаш ба Саодат Қобиловна-раиси чорабинӣ афтод ва дамолаҳза ба забон овард:

-Акнун риштаи суханро ба забони ширини мӯҳтарама Саодат Қобиловна медиҳам. Котиби саввуми ноҳияи мо арӯсу домоди некбахтро муборакбод мегӯянд. Марҳамат!..

Саодат Қобиловна, табассум гирди лабу гулдаста дар даст, думбаи аз зери куртаи танги атлас бардамидаашро, мисли Софя Лорен-машҳуртарин ҳунарманди филмҳои Аврупо, лупонда-лупондаву шитобон, вале зира-зира қадам гузошта, назди баландгӯ омад ва нахуст рӯяшро ҷониби Булбул гардонда гуфт:

-Шарманда кардӣ-ку! Чӣ, ҳамин сими дарози баландгӯ то ҷойи нишастам намерасид? Чашми ҳама гургона ба сӯям дӯхта шуданд! Аз хиҷолат қариб афтода Будам. Ба ман ҳеҷ гап не-ку, лекин меҳмононро нороҳат кардем, хуб нашуд, - баъд ӯ бо сурфаи кӯтоҳ гулӯяшро равшан карда, ба табрикот пардохт:

-Дӯстони азиз, шоири тавонои мо Булбули Водӣ ҳамроҳи чӯпонҳо дар дашту ҳомун шабҳо бедорхоб гаштаву янгамуллоро ёд карда, дар як шеъраш самимона гуфтааст:

Гулдаста барои рамадор мефорад, Чӯпон ба сари кӯҳ, шикор мефорад. Чӯпон зи сари кӯҳ шабон меояд,

Сад саг биҷакад, пеши арӯс давон меояд.

-Ман бовар дорам, ки Кенҷабойи чӯпон дар куҷойе, ки бошад, дилаш ҳамеша ба арӯси нозанини мо-Нозукой кашол мегардад ва аз кӯҳсор ҳам барои ӯ ва ҳам барои пеши пойи Ленини бузургвор ана ҳамин хел гулдастаҳои тару тоза чида меорад,-Саодат Қобиловна саргарм гашта, гулдастаашро ба ҷойи арӯсу домод ба бобои Ҳамроқул тақдим кард ва барои идомаи суханаш дигарбора назди баландгӯ омад...

Ҳине котиб ба аспи сухан тозиёна мезад, назди дарвозаи кушодаи бӯстонсаро...эъ-эъ... маъзарат, назди шаршараи ҳавлии бобои Ҳамроқул «Жигули»-и сафедранг қарор кард ва аз он шитобон холаи Улбибӣ, модари арӯс, асо дар даст берун омад ва дар як зум худро байни саҳнаи тӯйгоҳ расонд. Чашмони ҳама сӯяш дӯхта шуданд. Даврон Замонович, ки дар ин муддат ба ун котиби аввали собиқ сари мӯ моноӣ надошт, оҳиста аз ҷо нимхез шуду ҷониби мудири шӯъбаи ҳунар нигарист ва ҳайратзада дар ҷо нишаст. «Агар кор расво шавад, мудири ҳунар дигар мансабро намебинад!» Саодат Қобиловна бо зиракии сиёсӣ суханашро сӯйи дигар тоб дод. Мутарҷими пакана суханони ӯро ба меҳмонон тарҷума кард:

-Ҳозир саҳнаи ҳаҷвӣ пешкаши мо мегардад. Тамошо кунед!..

Мизбонон карахт шуданд. Холаи Улбибӣ, мисли даҳмардаҳо, таёқ сари китф ва як дасташ ба банди миён тиргак, валвала бардошт:

-Ку, ана вай, русиёҳи комсомол?

Ҳанги Ҳавасгул парид, гумон бурд, ки «даҳмарда» ӯро суроғ дорад. Ноаён худро ба пушти Булбул пинҳон кард:

-Ман духтари аловаки худамро мегӯям! Шармандаву шармсорам карданист-е! Чӣ хел ба рӯи ҳамсояҳо нигоҳ мекунам? Дигар кӣ туро сунҳор мегирад? Бадном шудӣ, рӯсийҳ! Ҳе, арӯси сохта нашуда... -ғазаби хола ҷӯшид ва якбора сӯйи домоду арӯс давид. –Ҳа, ана ту дар куҷо!..

-Чӣ, пакар истодаед? Нигоҳ доред, девоназанакро!-Як пояшро ба замин кӯфта, аррос зад Саодат Қобиловна. –Тӯйро расво мекунад... Шармандагӣ!.. Сарат дар гӯр, киро арӯс кардӣ, Ҳавасгул!..

Даврон Замонович ноаён ба таги забон як ҳабб партофта, рӯи дилашро ба молидан даромад ва барои он ки ин манзараро набинад, сарашро оҳиста ба таги миз хаст.

Чанд нафар аз дунболи «даҳмарда» давиданд.

Қоҳқоси меҳмонон ба фалак дакка зад. Ду-се нафарашон аз ханда шикам дошта, оби чашм пок карданд.

Холаи Улбибӣ бо таёқ фарқи сари Нозукойро нишон гирифт, вале ӯ шитобон худро ба пушти домод гирифт. Зарбаи таёқ ба сари Кенҷабой фуромад. Саллаи домод ба рӯи миз афтод. Ҳама шинохтанд, ки «домод» сардори поҳанги таъмини ғизои ноҳия будааст, ба ҷуз меҳмонон. Ин дам Нозукой сарбанди арӯсиро назди «домод» ҳаво дода, рӯ ба гурез овард. Куртаи дарози ӯ дар пояш мепечид. Ҳеҷ кас ёро намекард, ки пеши роҳи холаро бигирад. Ҳар нафаре, ки пеш меомад, бо таёқи чӯпонӣ зарбаи обдор мехӯрд.

-Хола, ором шавед, худро ба даст гиред! Барои як-ду дақиқа духтарат даррав арӯс намешавад-ку! Ин ҳамту, намоиш барои меҳмонон аст! Мо тарзи зиндагии як оилаи деҳотиро ба онҳо нишон медиҳем, -бо баландгӯ мефаҳмонд Саодат Қобиловна.-Милитса, милитса!.. Дар куҷо мегардед, шапкаҳотон аз саратон монад!..

-Духтарамро сияҳбахт карданиед?-ғӯррид хола ва гирд-гирди ҳавз арӯсро думбола гирифт.–Ягон ҷавонтарашро наёфтед, ки ин раиси пирбузи дузанаро домод кардед-а?! Сари сиёҳпичаро ранги гунҷишкак наканам, рӯям аз қибла гардад!..

Арӯс нохост калладав хӯрд ва каллапо ба ҳавз уфтод.

-Воҳ, рӯм сиёҳ!..-ранги холаи Улбибӣ канд, мисли кунда шах шуд. Лаҳзае пас аз таги дил фарёд зад:-Мардум, хонаам сӯхт! Ғӯрмарг мешавад, духтаракам. Ёрӣ диҳед, мардум!..

-Милисаҳо, ҳамаатон ба ҳавзи моҳигирӣ! Арӯсро наҷот диҳед!..

Даврон Замонович ба «домод», ки худро гум карда, ҳар замон сару гардани арақшорашро бо сачоқ пок мекард, аррос зад:

-Ҳе, шикамба, ягон илоҷ ёб, ки пагоҳ мӯйлабҳоятро якта-якта канда... Ку, ана вай, Мирзои ғаввос?!

-Ана, ман! –аз байни одамон пеш баромад як марди лоғар. – Ташвиш нашав, ака! Чӣ ҷон дора? Ҳозир наҷоташ метиям,- куртаашро кашида, пойпӯшҳояшро як сӯ ҳаво дод ӯ ва акнун даст ба тугмаи шимаш бурда буд, ки котиб аз ғазаб ларзида, пӯписа кард:

-Ҳе, гусолаи себхӯр!.. Шарм намедорӣ? Як шим садқаи сар! Бипар, зудтар!..

-Ҳозир, ака,-гуфт ғаввос осема нагашта ва ду дасташро ниёишгуна сӯи осмон бардошт:

-Э худои ҳаждаҳ ҳазори олам, дар паноҳут нигаҳ дор! Бачаҳома сағиру занама бева накун. Илтимос, агар мурдам, мисли шаҳид гӯрам кунед. Дидор дар қиёмат, одамони хуб! –ғаввос даст ба рӯй кашид ва худро ба оби ҳавз партофт.

-Дасти об надорад! – нидо дардод кадоме. –Бечора, ҷояш ҷаннат шавад...

-Одами хуб буд... Ҳамсараш бисёр бонуи нозанин аст...

- Хонаат дар пуштат гашт, «домод»-и кафтарпаз!- таҳдид кард Даврон

Замонович ҷониби сардори идораи ғизо.

«Халташикам», ки аз шикамаш қариб нишоне намонда буд, дигар

чизеро андеша накарда, худро ба об партофт...

Холаи Улбибӣ аз ҳуш рафт ва чанд нафар шитобон ба рӯяш об

пошиданд. «Домод» барои наҷот додани арӯс ва ғаввос андаруни ҳавз хамохез дошт.

Саодат Қобиловна Ҳавасгулро ба гӯшаи хилват хонда, осема амр дод:

-Акнун ҳозир худат арӯс мешавӣ. Илоҷидигар нест. Зуд либос иваз бикун!

-Хуб, ал момент!

Булбули Водӣ, ки наздиктари онҳо қарор дошт, амри Саодат Қобиловнаро шунида, ноаён дами роҳи Ҳавасгулро гирифт.

-Охир, мо ин хел маслиҳат накарда будем-ку?!-бо зарда гуфт Булбул. -Кадом маслиҳат?-худро ба нодонӣ зад Ҳавасгул.

-Дарзамон фаромӯш кардед, магар?!..

Он рӯз қаҳқаҳаи Ҳавасгул дар домани кӯҳ акс андохт ва чорворо рамонд.

Гови алобулое девонавор баос кашида, аз дур сӯйи онҳо нигоҳи хашмолуду моломоли рашк афканд. Чорво ду пояшро тири замин карда, пешониашро ба гумбича хоронд ва сарашро ба ин тарафу он тараф шапида, байни ду-се модагови дигар, гӯё тақалааш газида бошад, девонавор ба давидан даромад. Булбул бошад, бо тааҷҷуб аз худ мепурсид: «Ин говҳои исқотӣ нохост аз куҷо рӯ заданд?..»

Ҳавасгул, ки аз гови маст чашм намеканд, чизеро эҳсос карда, дигарбора қаҳқаҳа заду шоирро ба худ овард. Булбули лоғарандом рӯйи сабзаҳои мулоим мехост аз ҷилави аспи бахт маҳкамтар дорад. Аз ин рӯ, чарбзабонӣ мекард ва ба саволҳои Ҳавасгул ҳазломез посух медод.

-Булбулҷон, ку ал-хусурро тафсир бикун,-хандон хоҳиш кард Ҳавасгул ва чашмони гӯсфандиашро ҷониби шоир гардонд.

-Маро медонӣ, гарданатро мешиканам домод!

-Ал-хушдоман-чӣ?

-Дари хонаамро мудом бо по бикшо. Дасти холӣ ойӣ, беҳтараш набиё! -Ал-домод?

-Сари мисли шохи шикаста хам.

-Ал-сунҳор?

-Ё ман, ё пахану махан!

-Бача, бало будайӣ-ку!-бедард хандид Ҳавасгул ва гӯё дар ҳаммоми гарм

дасту рӯ шуста бошад, қатраҳои арақ даври лабони рангзадааш чун донаҳои марворид дурахшиданд.

Булбул сар то пойи ӯро бо чашми харидорӣ нигарист. Дили ҷавонмард чун мурғи қафас девонавор ҷастухез мекард. Ҳавасгул бехост дасти Булбулро рӯйи каф гирифт. Сари шоир амсоли шамолдиҳак ба гардиш даромад ва осеме савол кард:

- Медонӣ, СТО-ро чӣ мегӯянд?

- Чӣ мегӯянд? – чашмонашро хумор кард Ҳавасгул.

- Станцияи тороҷкунии одамон.

- БХСС-ро чӣ?

- Балегӯёну хайрхоҳони соҳаи савдо.

- Ишқ-ро?

-Имрӯз... шуморо... қурбон.. – забон хоид Булбул.

Дасти Ҳавасгул беихтиёр дар гардани ҷавонмард ҳалқа гашт. Бӯи

муаттари мӯйҳои вай ба димоғ зад ва Булбул сабру қарор аз даст бидод... Гови алобулои буқахоҳ девонавор медавид. Нохост чорпо ба сӯи онҳо

сар гардонду маҳмез зад.

- Ме... ме... занад... Мезанад! – ҳуҷум овардани говро дида, дод зад

Ҳавасгул.

Булбул осема аз ҷо рост шуд, дасти Ҳавасгулро сахттар дошт ва ҷонҳавл: - Гурехтем! – гуфт.

Овози ӯ дар гулӯ мисли хурӯси пир хур-хур мекард:

- Лаънат ба ту, эй гови бешох! Мурӣ, ки одам намешавӣ!..

Сӯи деҳа сарнишеб гашта, ба якдигар раҳораҳ қавл доданд.

-Агар сад «модагов» сади роҳамон гардад ҳам, дасти ба даст аз ин ноҳия фирор мекунем. Ту ризойӣ?-пурсид Ҳавасгул.

-Бо ҷону дил! Омодаам, ки ҳамроҳи ту ба он канори дунё биравам. -Маслиҳат ҳамин?

-Ҳамин!..

Ҳавасгул «Баъд сӯҳбат мекунем, ҳоло фурсат нест»,-тӯтивор гуфту аз

қафои иҷрои амр шитобид.

Ҷавонон бо як илоҷ арӯс, ғаввос ва сардори идораи ғизоро аз об берун

оварданд. Нозукой аз шарму ҳаё рӯяшро бо ҳарду даст пӯшида, ҳамон лаҳза рӯ ба фирор овард. Холаи Улбибӣ баъди ба худ омадан аз ҷо бархест ва гарду чанги доманашро афшон-афшон:

-Ҳоло мебинед! Дар ғилофаки чормағз ҷоятон накунам, саги кӯча бошам,- таҳдидкунон гуфту паҳлӯи ронанда нишаст.

Мошин ба ҳаракат даромад...

Милисаҳо раису ғаввосро ба пушт хобонда, дасту пояшонро хаму рост мекарданд.

- Шиками сардорро зер кунед, ки обгир шуда намурад!- маслиҳат дод бобои Ҳамроқул ва худ калавида, ба даст ишора кард: – Ана ин хел, ана ин хел...

Аз даҳони «халташикам», мисле аз найчаи фавора, об мепарид.

Аз ханда ашк мерехтанд меҳмонон. Даврон Замонович ҳам акнун ҳиқ- ҳиқ механдиду чашмонашро кафмол мекард. Роҳбарон бори аввал хандаи ӯро медиданд. «Ҳм, котиби аввал ҳам механдидааст!»

Булбули Водӣ пайваста ҷор мезад, ки ин анъана дар тӯйҳои тоҷикӣ маъмул аст ва он ҳамчун саҳнаи ҳаҷвӣ барои хуш доштани табъи ҳозирин мудом иҷро мешавад.

«Домод», баъди ба худ омадан, шиму кастуми тоза ба бар кард ва дигарбора паҳлӯи арӯсаш нишаст. Ин карат арӯс Ҳавасгули ҷони ширин интихоб гашт, аммо ҳаминак ҳеҷ кас пайхас накард, ки ӯ Ҳавасгул аст, ба ҷуз наттоқу Саодат Қобиловнаи хушлиқо.

Э-ҳа, ана кӯрбазм шурӯъ ёфт-е! Дигар саг соҳибашро намешинохт. Дар ҳавои садои таблаку аккордеон ҳама-меҳмону мизбон ба рости худ каллаву по мешапид...

Ҳини гусели меҳмонон фаро расид. Садои сурнайю карнай гӯши фалакро кар мекард.

Бобои Ҳамроқул масти мустағрақ гашта, ашки шашқатор аз дидагонаш мерехт ва канда-кандаба Бос Титер мефаҳмонд:

-Ин хонаи ман аст... Мефаҳмед, ин ҷо бӯстонсаро не! Шароитам вазнин, фарзандонам ҷои зист надоранд. Аз ин ҷо ба ҳеҷ куҷо намеравам! Кушед ҳам, намеравам! Тамом!.. Майлаш сомолёту вертолёту моҳию

парандаву чарандаро гирифта баред! Ба ман харгӯши садсола даркор нест. Ҳайкали ана вай, кепкадори дастчухтро, ба ҷойи овардаатон бурда гузоред. Вай пайғамбари охирзамон нест-ку! Ҳеҷ кадомашон ба ман даркор нестанд! Аз чаҳ-чаҳи булбулу қум-қуми кафтарҳо ва ҳавзу шаршараи сохта ҳам безорам. Ҳамаашро баред! Лекин ба ман хона даркор, хона! Дигар ба ҳеҷ куҷо намеравам! Охир, моли давлатро ин қадар талаву тороҷ кардам! Чанд гирддумбарро сар гирифтам?! Эҳ-а, ҳисобаш гум...

Бобои Ҳамроқул мегуфту гиря мекард, талх гиря мекард. Риши бузӣ ва китфони лоғараш дар зери кастуми ордендор меларзиданд. Аммо садои баланди карнаю сурнай овози ӯро пахш мекард. Овози ӯ ба гӯши ҳеҷ кас намерасид.

Бос Титер ҳолати мӯйсафедро мушоҳида карда, аз тарҷумонаш савол кард:

-Чаро мӯсафед мегиряд?

Мутарҷими маст сӯи бобои Ҳамроқул бедардона нигоҳе афканда, даст афшонду фаҳмонд:

-Аз санг нола хезад, рӯзи видоъи ёрон, мегӯянд тоҷикон. Ҷудоӣ мушкил- да! Ӯ аз шумо дил канда наметавонад. Мехоҳад, ки ин гуна дӯстони меҳрубон як умр дар хонааш бимонанд. Вай мегӯяд, ки меҳмонон бо худ ақаллан як гӯсфандӣ нагирифтанд. Кӣ медонад, дар мамлакати шумо гӯсфанд ҳаст ё не? Ман тайёрам, ки ҳатто харгӯши садсолаамро ба шумо тақдим намоям, расми меҳмоннавозии мо ҳамин аст, мегӯяд. Шумо, ки бо худ ҳеҷ чиз намегиред, аз ин хотир мегиряд. Ҷудоӣ аз дӯсти ҷонӣ мушкил, ниҳоят мушкил!..

-Оҳ, зинда бимон, мӯсафеди миллионер! Ҳалолат бод, фермерӣ! Мо чӣ қадар иштибоҳи нобахшиданӣ содир кардем, ки аз пушти Ленини бузург нарафтем, вагарна ҳоло ҳамаамон ба ин рӯзи саодат расида будем. Ман ҳамаи инро ба шаҳрвандони ватанам мефаҳмонам. Лекин аз ту самимона як хоҳиш дорам: ба вай, миллионери дашту ҳомун, бигӯед, ки ҳеҷ гоҳ ғамгин нашавад, соли оянда Бос Титер ҳамроҳи президенти мамлакат ҳатман ба таҷрибаомӯзии хонаводааш меоянд...

пешина
аз 16
навбатӣ