Зеҳн
Қиссаи фавқ

Соли 1989 бозсозӣ мунтаҳо кишвари абарқудрати СССР-ро саркӯб намуд. Он замон ҳизби коммунисти Тоҷикистон чун мори нимҷон дар худ печидаву тапида, роҳи наҷот меҷӯст ва аз ин нигоҳ фурсати мутолиа асарҳои нависандагонро надошт, вагарна ба интишор гаштани қиссаи фавқ ба ҳеҷ ваҷҳ роҳ намедод.

зеҳни сунъӣ · 2 октябри 2024 · 16 саҳифа

Қисса

Оҷилан даводаву паропар шуд дар ноҳия, мисли ин ки гӯё чанд гектор замини кишти пахтаро сел якбора рӯфтаву пок шуста бошад. Телефонҳо беист ҷарангос мезаданд. «Якум даъват мекунад! Зуд ба наздашон!..»

Дар як мижа назди бинои кумитаи ҳизб аз нақлиёти сурху сафеду кабуд мошинбозор гашт. Сардорҳо, ки кайҳо якдигарро надида буданд, ҳатто саломро фаромӯш карда, бо ваҷоҳати чеҳраи паридаю мушавваш ҷониби толори маҷлис метохтанд. «Тинҷи бошад?». Касе гурда намекард, ки муҷиби барфавр даъват шуданро бипурсад. Ҳо, сиёсати якум мансабдоронро то ба ҳадде пахш карда буд, ки дар ҷогаҳи хоб мабодо суробашро медиданд, барои дуқад таъзим кардан аз ҷо парида мехестанд!..

Маҷлисгоҳ пур шуд: аз сардори идора хурд, то сардори идораи азим, аз раиси хоҷагии назарногир, то директори бузург... Осема омаданду нишастанду зуд дафтарҳои ғафси худро кушода, қалам ба даст, омодаи навиштан шуданд. Касе намеҷунбид, мегуфтӣ хӯсаи байни полизанд, ҳарчанд ҳаминак сояи котиби якум Даврон Замонович пайдо нагашта буд. Э-ҳа, ба гуфтан осон Даврон Замонович! Дар ҳаври даҳонаш оби сард меҷӯшад. Агар мисли гӯшти модагови пир сахти сахт шуда бошӣ ҳам, дар лаҳзае пухта кабоб мегардӣ. Гуфташро накуну қандатро хӯр!

Даврон Замонович аз пушти дар баланд ошарф дод. Ҳамагон, мисли талаба назди муаллим, аз ҷо рост париданд... Гӯё маршал сафи афсаронро аз назар мегузаронд, мӯи касе намеҷунбид.

Якум бо авзои гирифта паси мизи дароз гузашт. Аз дасти рост котиби дуввум, яқин, ки русзабон ва аз чап котиби саввум Саодат Қобиловнаи олуфта нишастанд. Даврон Замонович панҷаҳои заифашро қулфу калид карда, сутунвор ба зери фук гузошт, рӯи бе ин ҳам туршашро турштар кард. Гӯё мусибат дошт якум, ки аз зери абрӯ ҳамаро як-як песондаву ҳаминак мисли пуфак кафида, алами Мӯсоро аз Исо гирифтан мехост. Чанд ботаҷриба дар дил тахмин заданд, ки аз афташ ягон ходими намоёни ҳизби Марказ ин дунёи равшанро нобаҳангом падруд гуфта, онҳоро сағера гузоштааст. Бемуҳобо, ҳамун чанд нафари фидоии ҳизбӣ маъюс ва ноаён аз сар кулоҳ гирифтанд.

-Садитесь! – амр дод котиби дуюм.

Даврон Замонович охирон дастонашро рӯи миз тиргак ниҳода, аз ҷо нимхез гашт ва бо теғи нигоҳ дигарбора рӯи ҳар якеро харошид. Дар чунин ваҷоҳат гурги гуруснаеро ба хотир меовард, ки ҳаминак сайди ба чангол овардаашро пора-пора мекунад ё зинда фурӯ мебарад. Ларза дар андоми ҳозирин хона андохт. Агар мӯйи равғании ба як тараф шонадидаи дароз ва пушти лаб бурути чоркунҷаи сиёҳ медошт, аз Адолф Ҳитлери олмонӣ пушти нохун фарқ намекард.

-Баъди як ҳафта ба ноҳияи мо меҳмонони олиқадр ташриф меоранд!- овози базарбаи Даврон Замонович золро тарконд.-Аз хориҷа!- Ӯ аз сухан бозистод, то вокуниши хабарашро дар қиёфаи зердастон эҳсос кунад. «Хуб, меҳмон меояд, чӣ хубе! Меҳмон-атои Худо! Хушҳолӣ бояд кард, на мотам!» Ҳозирин осуда нафас гирифтанд. Фидоиёни ҳизб арақҳои пешониашонро бо рӯймолча пок карда, кулоҳҳои лапардори худро аз нав ба сар гузоштанд. Толор андак рӯҳ гирифт. «Осмон ба замин начаспидааст, зиёфатхӯрӣ ва рақсу бозӣ будааст-да! Бори аввал надидаем-ку!»

Якум суханашро идома дод:

-Меҳмонон азм доранд, ки бо тарзи зиндагии як оилаи советӣ шинос шаванд ва бардошти худро дар мамлакаташон паҳн намоянд. Аз боло супориш шудааст, ки ин кор дар ноҳияи мо амалӣ гардад. Албатта, бароямон ифтихори бузурге муяссар гардидааст. Мо бояд кӣ будани худро ба оламиён собит намоем. Бо ин мақсад нақшаи чорабиниҳо тартиб додем. Акнун ҳама дар дафтарҳои худ супоришҳои қатъиро нависанд ва бо масъулияти баланд дар вақташ иҷро намоянд! –ӯ ба чашм айнак гузошт ва варақеро аз ҷайби кастум берун оварда, бо овози қурутобӣ қироат кардан гирифт:

-Меҳмонони хориҷа бо тарзи зиндагии оилаи чӯпони нафақагир ва собиқадори ҳизби ҷоноҷонамон-бобои Ҳамроқул шинос мешаванд. Бобои Ҳамроқул дар хоҷагии ба номи Ленин буду бош дорад. Ҳамаи шумо он касро мешиносед ва борҳо дар меҳмониаш будаед. Сарпарасти асосии ошу шӯрбои сергӯшти семинару маҷлисҳои сайёри ноҳия Бобои Ҳамроқул ҳастанд.

Даврон Замонович аз зери айнак бори дигар ба аҳли толор нигарист ва сипас ба сафҳаи дигари варақи дасташ чашм хобонд:

-Хӯш, нависед, супоришҳо!

Ба раиси колхози Ленин: бӯстонсарои хоҷагиро аз худи ҳозир хонаи бобои Ҳамроқул эълом карда, аҳли байташро зуд ба ин ҷо мекӯчонед. Ғами мошинҳои сабукрав ва гилемҳои рангаи ӯро мехӯред. Дар долон, ошпазхона, даҳлез ва ҳуҷраҳои бино як телевизории ранга ва гарнитуру дивону нармкурсиҳои хориҷӣ мегузоред. Дар ҳавзи пеши бино мурғобиҳои хелмахел сар медиҳед. Дар шохи дарахтон қафасҳои кабку бедона ва булбул мегузоред. Аз «Боғи ҳайвонот»-и шаҳр ба чорбоғи пушти ҳавлӣ товусу лак-лак, оҳу, заргӯш ва дигар парандаву чаранда гирифта меоред.

Хар ҳам биёред, барои хориҷиён аҷиб аст. Ҳавзро пур аз моҳии шир мекунед. Меҳмонон бояд ба дасти худ моҳӣ доранд. Фаҳмо? Далши...

Ба сардори фурудгоҳ: назди бӯстонсарои хоҷагӣ як самолёти «ЯК-40» ва чархбол мегузоред!

Ба сардори идораи ғизоворӣ: Вазифаи шумо маълум: аз нуқлу мавизу раёҳин, ширинӣ, бодому писта, мағзу чағз ва тамоми хӯрданию нӯшиданӣ сари мӯ камбудӣ шавад, ришатро чаппа метарошам. Гӯшт бояд аз оҳу, буз, гӯсфанд, кабк, бедона ва чорвои тоза бошад. Рамаи бобои Ҳамроқул дар ихтиёрат. Понятно?.. Ку, аз ҷоят бихез!..

Ҷаонмарди поҳанги шикамхалтае гунаҳкорона аз ҷо рост шуд. Даврон Замонович савол кард:

-Росташро бигӯ, ун дафъа ба ҷойи бедона чӣ пухта будед?

-Даврон Замонович, узр, фурсат наёфтем, меҳмонон зуд омаданд. Қарор додем, ки ба ҷойи бедона кафтарҳои боми мактабро бо тӯр қапида, кабоб пазем. Ҳамин тавр кардем. Ҳеҷ кас нафаҳмид,-даст ба сандуқи дил гузошта, фаҳмонд марди поҳанг.

Чанд нафар пушти ҳам пинҳон гашта, кур-кур хандиданд. Даврон Замонович ангушти ишораташро таконда, пӯписа кард:

-Ҳой, ҷанахс, аз таъсири арақ ягон меҳмон нафаҳмид! Агар дар по рост меистоданд, найрангат фош мегашт ва мо дар боло ради маъракаву шармсор мегаштем. Агар ин раҳ ба ҷойи бедона кафтар бипазӣ, аз мансаб сари бод озод мешавӣ! Понятно?!

-Такрор намешавад, мӯҳтарам раис,-бо сари хам ғурунгид шикамхалта.

-Ҳа,-изофа кард котиб,-аз рӯйи расму русум меҳмононро то ба ҳадде менӯшонед, ки якдигарро умуман нашиносанд ва вақти бозгашт ба мамлакаташон, худашон тамоман бозгаштан нахоҳанд.

-Хуб шудааст, раиси мӯҳтарам.

-Шин, кафтарпаз!-дӯг зад якум ва ба варақи дигари дасташ нигаристу тӯтивор амр додан гирифт:

-Ба раиси ҷамъияти матлубот. Барои даҳмардаҳо, аҳли хонаводаи бобои Ҳамроқул ва меҳмонон сару либоси алоҳида, камёфт ва мувофиқ омода мекунед.

Ба кумитаи комсомол Ҳавасгул Сабуровна. Шумо ба ин чорабинии муҳими давлатӣ наттоқ, аксбардор ва телевизионро даъват мекунед, дар бӯстонсаро тӯйи домоду арӯс баргузор менамоед. Домоду арӯсро худатон ёбед! -Даврон Замонович ба зол нигарист.

-Ҳа, истед, домод тайёр! Сардори идораи ғизо аз кадом шаҳмард кам аст? Мешавад! Фақат мӯйлабҳои дарозашро гирифта, ҳар саҳар ба варзиши бадан машғул мегардад, то ки шиками халтааш паст фурояд. Давиданашро худам назора мекунам. Понятно?..

Дар чеҳраи толорбудагон дигарбора хушҳолӣ давид. Котиби аввал ангушт ба лаб расонд ва ҳама якбора ях гаштанд. Ӯ ба амрҳояш афзуд:

Мудири шӯъбаи ҳунар овозхонҳо ва рақоссаҳоро тайёр мекунад, бо тамоми назокат ва зебоӣ. Меҳмонон бо нону намак, садои карнаю сурнай пешвоз ва бо карнаю сурнай гуселонида мешаванд.

Мудири маориф барои хушбошӣ хонандагони мактабро аз шеър таъмин ва омода мекунад!

Сардори коммуналӣ роҳу рӯро ҳар саҳар об мезанад, дарахтони ду тарафи шоҳроҳро мешӯяд, дар кӯчаҳо гулу гулбутта мешинонад. Муҷассамаи Ленинро шабона, то ягон душман пайхас набарад, беосеб бардоштаву бурда, дар «ҳавлӣ»и бобои Ҳамроқул мегузорад.

Сардори сӯхторнишон бушкаҳои даҳ мошинро пур аз об ва аз дур шлангҳоро ба якдигар васл карда, аз ягон баландӣ шаршара месозад. Занҳои шаҳрӣ чиро дӯст медоранд? Обро! Як даҳ нафар бонуи товусхироми сарвқади дилкашро оварда, ба зери шаршара сар медиҳад. Понятно?.. Понятно.

Ягон кори дигар нест, проблема нест, масъала нест, рӯзи қабули меҳнаткашон нест, ҳама аз як гиребон сар кашида, ба қабули меҳмонони хориҷӣ тайёрӣ мебинанд.

Мӯҳлат-як ҳафта!

Роҳбар ва шахси масъули чорабинӣ котиби саввум Саодат Қобиловна. Ҳар бегоҳ ба ман ахборот пешниҳод карда шавад!

Даврон Замонович варақҳои дасташро рӯи миз гузошта, айнак аз чашм гирифт ва ҷиддӣ ба зол нигаристу пурсид:

-Супоришҳо иҷро мешаванд?

-Саду бист фоиз, мӯҳтарам раис!–аз ҷониби дигарон ваъда дод Саодат Қобиловна ва толорбудагон низ бо овоз ӯро ҷонибдорӣ карданд.

Чашмони ғазаболуди Даврон Замонович якбора нарм шуданд. Ӯ осуда нафас кашид ва бори дигар таъкид кард:

-Давраи имтиҳон расид. Касе, ки аз ин имтиҳон намегузарад, бо мансаб хайрухуш мекунад. Понятно?!.. Ҳама аз паи кор!..

аз 16
навбатӣ