Зеҳн
Қиссаи фавқ

Соли 1989 бозсозӣ мунтаҳо кишвари абарқудрати СССР-ро саркӯб намуд. Он замон ҳизби коммунисти Тоҷикистон чун мори нимҷон дар худ печидаву тапида, роҳи наҷот меҷӯст ва аз ин нигоҳ фурсати мутолиа асарҳои нависандагонро надошт, вагарна ба интишор гаштани қиссаи фавқ ба ҳеҷ ваҷҳ роҳ намедод.

зеҳни сунъӣ · 2 октябри 2024 · 16 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Табиат тахтаву тираки зимистонро ғундошта, сурфаи сабз, дилрабо ва гулбӯйи баҳорро паҳн кард. Ҳусну тароват, файзу саховати тоза гирифт замин. Гулҳо аз ханда жарфнои осмони каб-кабудро сӯз медоданд. Қад-қади шохаҳои дарахтон муғчаҳо майли кафидан доштанд. Дарахти бодом, мисли арӯси нозанин, фақат аз гул пероҳан пӯшида, гӯё ба ақди никоҳ омода мегашт. Орувони хира қабл аз ҳама шираи ин гулҳоро макида, хоса худ мусиқӣ менавохтанд. Дашту даман, сабзаю гул тани зиндаро ба домани абиромези хеш мехонд. Хиёли Сафоли Аброр дар ин фазо бол мезад. «Ваҳ- ваҳ, ин соату дақиқа дар лабаки сарди чашма бо хонуми товусхироми атласпӯш қаҳқаҳа задан аҷаб кайфияте дорад!

Бе бода баҳор хуш набошад. Бе бӯсу канор хуш набошад...

Ҳм, фақат мурда намехоҳад ин кайфу сафоро, лек афсӯс, зинда ҳам ба сархорӣ вақт надорад. Аз дасти кору бор сарҳисоб-гум, чашм хумору хотир парешон, сабзаи орзу дар қафаси сина бармаҳал пажмурда мешавад одам.

Гӯшти ширбози навзод ва коняки сеситораи даҳмардаро дар шаби хоб мебинӣ...»

-Дар рӯзнома мақолае, ки дили хонандаро ба валвала андозаду мурғи илҳомашро ба парвоз-тухми анқост! Сафоли Аброр, мисли тешаи кунд, ба кор зарба мезанад. Ба ӯ чӣ шудааст? Ҳайронам!-овози ғафси котиби масъул Талбӣ Салим замини хаёлоти Сафоли Аброрро чун трактор шудгор кард. Байни абрӯвони Сафол ғӯраи гелос гашт.

-Ба гӯши фалак таблак назада, оби шикаматро ҷунбон!- якбора ба аспи ғазаб маҳмез зад Сафоли Аброр. - Сол аз дувоздаҳ моҳ мурғи курк барин аз идора берун намеравӣ, ки мабодо ба чанги ягон хӯрус наафтӣ. Чӣ, маро мухбири қаторӣ гуфта, мехоҳӣ дар сарам чормағз шиканӣ! О, худат ҳам як чиз-ним чиз чиз навис, охир! Ё очаат туро фақат барои чойхӯрӣ зоидааст?

-Дидед, хурӯси ҷангиро! Бо ин арразабони ёғӣ гап зану рӯзатро бин,- ба муҳаррир нигарист Талбӣ Салим.

-Хомӯш, Сафол! Осиёб-ба навбат. Сухан додем, баъд даҳон ҷунбон. Чӣ, даррав, мисли тавқ, гулӯи дигаронро буғӣ кардан мехоҳӣ? -Дилдор Шокирзода асабӣ ва бедимоғ ҷониби Талбӣ Салим нигарист.-Бисёр манаҳ назану мавзӯи конкрет пешниҳод кун. Вагарна аз ин жожиданҳот сарам дукафон мешавад. Хӯш, давом те! - бо як даст сарашро дошта, ба коре андармон шуд муҳаррир.

-Мавзӯи нос проблемаи муҳим дар район. Бозор даромада намешавад аз дасти онҳо. Ҳокими носфурӯшро шунидаед? –гӯё хабари муҳимро ба таваҷҷӯҳи ҳозирон мерасонда бошад, Талбӣ Салим озмоишкорона ба нишастагон нигаристу афзуд: - «Газ-24»-ашро дидаед?

-Ҳа, хайр чӣ?- ғурунгид муҳаррир.

-Ана ҳамон «Газ-24» аз пули нос. Дидед, Ҳоким заҳр фурӯхта соҳиби чиз шудааст! Магар фелетон кардан мумкин нест, Дилдор Шокирзода?

Муҳаррир лабханда зад.

-Ҳай, мавзӯъ ёфтӣ, Талбӣ. Медонистӣ аз паяш наафтидӣ? Сафоли Аброр дуруст эрод гирифт, ту фақат ба чойнӯшиву гапхӯрӣ побанд гашта, мақоланависиро тамоман фаромӯш кардаӣ. Давраи вомондагӣ гузашт, аз хоби ғафлат хестан лозим. Акнун нос масъалаи ночиз. Бо носи гуфтагиат саҳифаи рӯзномаро ҳам ифлос кунем? Магар қиссаи носкадуи Қозиро нашунидаӣ?- Дилдор Шокирзода ба гап гап савор кард: -Носкадуи Қозӣ, мебахшед маро, дар ҳоҷатхона меафтад. Бо илоҷе онро мегираду назди Афандӣ рафта мепурсад:

-Афандӣ, носкадуи ман дар ҳоҷатхона уфтод. Гӯед, ки носаш ифлос нашудааст?

-Даҳони носкаду баста буд?- мепурсад Афандӣ.

-Баста!.

-Ин тавр бошад,- мегӯяд Афандӣ, -бепарво кашидан гиред. Ҳоҷатхона

ифлос шудааст.

Дилдор Шокирзода баланд хандид, дигарон ҳам пайравӣ карданд. Талбӣ

Салим лаблабу гашта, чӣ гуфтанашро надонист.

-«Аз сигор пуф, аз нос туф ва аз май уфф» мемонад, - гуфт ҷонишини дамдузду тоссар Раззоқ Таваккал, ки то ин дам ҳар як ҳаракати муҳаррирро назора мекард. – Мо бояд ба муқобили арақхӯру носкашу сигареткашон мубориза барем.

-Кӣ пеши шуморо гирифтааст? Мубориза баред. Перёд!- гуфт Дилдор Шокирзода. –Дар хоби ғафлат мондан бас! Аз ин рӯз иборат дар редаксия сигарету носкашӣ ё арақхӯрии касеро шунавам, аз худаш гила кунад. Аввал худи мо бояд пок бошем. Пешниҳод дорам, ки Сафоли Аброр дар бораи нос як шеъраки тару тоза иншо кунад ва мо онро дар шумораҳои наздиктарин ҷо кунем. Чӣ гуфтед?

-Олиҷаноб!- тасдиқ кард гапи муҳаррирро Талабӣ Салим.

-Ин тавр бошад... гуфта буд Дилдор Шокирзода, ки занги телефон баланд шуд. – Як дақиқа! –Ӯ гӯширо ба барии рӯ сипар карду бо овози баланд,- ҳамеша ҳамин тавр гап мезад,- дод гуфт:

-Да, да!

-Ман?!... Муҳаррир!.. Аз кумитаи комсомол?.. Ҳавасгул Сабуровна?..

Гӯш мекунам! -...

-Мебахшед, духтари нағз, дар мо шоир нест. Лекин як мухбирамон кам – кам...

-Хуб, хуб, ҳатман ба назди шумо мефиристам, - Дилдор Шокирзода хотирпарешон гӯширо ба ҷояш гузошта, ҷониби Сафоли Аброр нигарист ва чашмакзанон гуфт:-Сағера, буҷулат асп хест. Ҳушёр бош, яке падвадит накунӣ! Акнун думбашро сар нате, боло-боло рафтан мегирӣ...

пешина
аз 16
навбатӣ