Қиссаи фавқ

Соли 1989 бозсозӣ мунтаҳо кишвари абарқудрати СССР-ро саркӯб намуд. Он замон ҳизби коммунисти Тоҷикистон чун мори нимҷон дар худ печидаву тапида, роҳи наҷот меҷӯст ва аз ин нигоҳ фурсати мутолиа асарҳои нависандагонро надошт, вагарна ба интишор гаштани қиссаи фавқ ба ҳеҷ ваҷҳ роҳ намедод.
зеҳни сунъӣ · 2 октябри 2024 · 16 саҳифа
Булбули Водӣ туфлиҳояшро кашида, оҳиставу нӯг-нӯги по ба хонаи пухтупаз гузашт ва чироғ дардод. Якбора лашкари нонхӯракҳо бесаранҷом гашта, ҷони худро ба сӯрохию ҷойҳои торики миз панаҳ бурданд. «Сабил, ин нохӯрак ҳам мисли дузди айёр: корашро дар торикӣ саранҷом додан мехоҳад. Ҳине андак равшанӣ афтад, номаълум думро хода карда, ғайб мезанад. Баъзеҳо, мисли Талбӣ Салим, аз нонхӯрак ҳеҷ тафовут надоранд, чунон «аз рӯ шонаву аз таг фона» мезананд, ки тамоман бехабар мемонед. Ҳамун мардак ҳам муҳарриро назди онҳо сиёҳ мекунаду онҳоро назди муҳаррир ва мисли мусичаи бегуноҳ, гӯё аз таги гап бехабар, ба лаб кулӯх молида мегардад. Ҳу, бачағаре, шайтон дӯғ хӯрда наметавонад аз дасташ! Ҳеҷ гап не, рӯзи нонхӯрак ҳам мерасад...»
Ӯ гургона сарпӯши дегро бардошта, андарунаш назар андохт. Аз таги дег дуд мебаромад: холии холӣ. «Оҳ, дар хонаат тапакдуд, занак! Акнун то саҳар садои тамбур мешунавам. Хобам мебурда бошад?» Сарпӯшро осема болои дег партофт, ҷарангосаш баланд шуд. Аз даҳлез шарфа ба гӯш омад. Хастаҳолу хоболуд Хосият қиёфа намоён кард ва дарзамон як дастро шамшеру дасти дигарро дар банди миён ғилоф сохта, якбора ба ҳуҷум гузашт. Дар назари Булбули Водӣ дастакзаниҳои дирижёрон ба ҷилва омад ва базур хандаашро фурӯ бурд.
-Куҷо будӣ, ходаи мазор?!-овоз баланд кард Хосиятбону.
-Мазор!
-Барои ҳамин бӯйи қабр мекунӣ-а?
-Магар нашнидайӣ, ки аз марде пурсиданд: «Барои чӣ Худованд аввал
мард ва баъд занро офарид?»
-Марди бешафоат чӣ ҷавоб додаст?
-Гуфтааст, барои он ки зан ӯро гаранг накунад. Лекин занҳои мо ҳамеша
сагҷакиш доранд, беҳуда машғалаву арбада мебардоранд, гӯё аз бесоҳибӣ дар биёбони тафсон сарашон хушк месӯзаду қатраи обе намеёбанд, ки ҳалқи сӯхтаашонро тар кунанд. Аз қудратат гардам фалаки наркушу модапарваре, ҷонашонро бигир, ки халос шавем!
-Ҳой, дайдуи бепарво, мисли ту патаки пайтоваи рихинро ба сарам мезанам, охир! Пагоҳии барвақт дастон дар ҷайб ба кор меравию дили шаб ду ангушт дар ғилофи бинӣ хона меойӣ. Чӣ, ту зану кӯдак надорӣ, магар? Инту бошад, шима кашу лозимӣ бипӯш, ба сарат рӯймол бибанд, ана баъд ҳамроҳи кӯдаконат лулую кака гуфта бигард, то ман ба ҷойи ту кор биравам.
-Шайтонароба, даҳонат набошад, аз почакат гург мебарад! Як рӯз ба ҷойи ман биҷунбӣ, очаи зоратро дар чашм мебинӣ. Дар байни ҳазор одам шеър қироат кардан осон аст, магар? Ман барои иҷрои супориши котиби
якуми ноҳия тайёрӣ мебинам. Мефаҳмӣ, котиби якум! «Кори ҳар буз нест хирман кӯфтан»!
Хосият ҷигот андохт, лабони камхунаш беқарор ҷӯшиданд. Хоб аз чашмаш битамом парид. Бо надомат ғурунгид:
-Кошки ҳамагӣ як рӯз ба ҷойи ман зан мешудӣ, ки дар поча тар карданатро медидам, аз дунё беармон мерафтам!
-Ҳай, вур-вур кардӣ-а!-Булбули Водӣ ба меҳмонхона гузашт ва либос накашида, худро ба рӯи курпачаи хушк ҳаво дод.
-Чашмакам кӯр шавад-е! Хушдорҳоям аз муйи сар ҳам бисёр буданд. Куҷоҳоро нигаристам? Дар ду дунё ба ту намерасидам, - нолид Хосият. – Акнун илоҷ надорам. Ду поям баста шуд. Лекин ту ин қадар таблак зада нагард, оқибат ба сарат чормағз мешиканам.
-Мисли индук ғур-ғур накун, ки даҳонатро аз паси сарат мекушоям!- паҳлӯ гашт Булбули Водӣ.–Ҳе, калхот, рӯзу роҳат надидам аз чанголат, вагарна имрӯз шоири ашаддӣ будаму чанд кас дастобгирам. Ҳоли ҷилд-ҷилд китобҳоям, мисли Пушкин, рафҳои мағозаҳои дунёро зеб медод.
-Пушкин, ту китобро ба сарат мезанӣ?! Нони хӯрданӣ надораду худро шоири бузург метарошад! Пушкин не, одам бош, ҳавасак!
-Даматро бигир, аҷинаи таги тапак!-кӯрпаро ба сар кашид Булбули Водӣ.
-Мегӯйӣ занак бошад, ин қадар нозу шеван мекунад-е! – аз рухсораҳои коҳидаи Хосият қатраҳои ашк сарозер шуданд.–Бо ту, Ғӯли биёбон, чӣ кор кунам-а?! Аз дастат як мушт гӯшту устухони реза шудам. Дурӯғгӯ ба баҳор нарасад, оқибат аз ту мераваму дар ҳасратам чӯби хушк мешавӣ.Дигар хоки поҳома намеёбӣ, сағераи бепушт, - вай ашки чашмонашро бо пушти даст тоза карда, ба хонаи хоб гузашт ва паҳлӯи писарчаҳо дароз кашид. Вале дилаш қарор нагирифту аз нав боли сари Булбули Водӣ омад.
- Ҳе, буми шабкӯр, хез, паҳлӯи фарзандонат хоб бирав!- кӯрпаро аз рӯи Булбули Водӣ кашид.
-Худат сари танҳо хоб рафтан гир. Мон, як дам осуда фикр кунам, ки дар ҳузури меҳмонон чӣ мегуфта бошам.
-Пагоҳ фикр мекунӣ.
-Рӯи санг хоб мераваму канори ту, не!
-Хуб, шабат хуш бод, ки мо рафтем!
-Ҳе, дар... дар...
Хосият бирафт. Булбули Водиро ҳамон шаб то дер хоб набурд...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё