Қиссаи фавқ

Соли 1989 бозсозӣ мунтаҳо кишвари абарқудрати СССР-ро саркӯб намуд. Он замон ҳизби коммунисти Тоҷикистон чун мори нимҷон дар худ печидаву тапида, роҳи наҷот меҷӯст ва аз ин нигоҳ фурсати мутолиа асарҳои нависандагонро надошт, вагарна ба интишор гаштани қиссаи фавқ ба ҳеҷ ваҷҳ роҳ намедод.
зеҳни сунъӣ · 2 октябри 2024 · 16 саҳифа
-Булбулҷон, маъракаи интихобот «ҳа» нагуфта, дар мекӯбад. Чӣ мешавад, ки бо апаи Садбарг вохӯрда, саҳифаи аввали рӯзномаро ҳусну тароват бубахшӣ. Охир, вай вакили Шӯрои ноҳия, илова ба ин говдӯши пешқадам, -хоҳиш кард Дилдор Шокирзода. –Дар борааш ҳамин хел ҳам навиштан мумкину лекин аз наздик рафта дидан, гапи дигар. Бо ин баҳона як коса қаймоқашро дам кашида меоед. Мабодо далелҳор бо телефон нагиред, ки мисли рӯзҳои аввали корат дар балои шаби тор монем.
-Майлаш, домулло,- норозиёна аз ҷо бархест Булбул ва ғурунгид: -Пои пиёда биравам, домулло? Овора шуда, раваму наёбам...
-Ба мудири ферма пешакӣ тамос бигир, ки фалон рӯзу соат меоям, апаи Садбаргро огоҳ кунад, ки ба ҳеҷ куҷо наравад. Фаҳмо?
-Фаҳмидам, домулло.
-Ғаффори зард дар ихтиёрат. Пеши раиси хоҷагӣ рафта, гӯй, ки мо бо супориши боло ба тарғиби апаи Садбарг омадаем, лекин мошинамон сӯзишворӣ надорад. То ҳарду бакро аз сӯзишворӣ пур накунад, аз кабинеташ набароед. Понятно?
-Фаҳмо, -муғамбирона гардан хорид Булбули Водӣ.
-Перёд!..
Вақте ки Булбул вориди ҳуҷра гардид, Талбӣ Салим оби чойҷӯши
барқиро ба чойник рехта, ҳамроҳи Раззоқ Таваккал кур-кур механдиданд. Ӯ ба гуфтугузории онҳо аҳмият надода, телефонро пеш кашиду чанд рақам гардонд...
-Алло! Мудири ферма? Он кас нестанд? Куҷо рафтаанд? Ба маҷлис? Шумо кистед? Зоотехник. Рафиқ зоотехник, ман мухбири рӯзномаи ноҳия. Ширгир не, мухбир! Апаи депутат ҳатанд? Чӣ хел «кадом депутат»? Ҳа, апаи Садбаргро мегӯям. Ба он кас расонед, ки аз район мухбир меояд, бо шумо вохӯрданист. Ҳамин рӯз. Ҳов, саломат бошед. Алафи салома даркор не! Саломат бошед, мегӯям,-гӯширо ба ҷояш гузошт Булбул.
Талбӣ Салим хандаашро бо илоҷе фурӯ бурда, ба пиёла чой рехту лаб ҷуфт кард:
-Садқаи мудирӣ шавед, Ҷобируф! Аз гӯсола ҳам бадтар. Ки вайро мудир модааст, ҳайрон!
-Чӣ гуноҳ дорад?- аз ҷой бархоста, пиёлаи чойи Талбӣ Салимро ба даст гирифт Булбули Водӣ ва як ҳурт кашид. Чашми котиби масъул як ҷӯшиду ноаён оби даҳонашро фурӯ бурда гуфт:
-Аз Афандӣ пурсидаанд, ки чаро лоиҳаи фермаи нав ба мудир маъқул нашуд, ҷавоб гуфтааст, ки фақат дараш маъқул не. «Чаро?»-аз нав суол карданд аз ӯ. Гуфтааст: «Зеро худи мудир ба дари ферма намеғунҷад»,-аз сухани худ кур-кур хандид Талбӣ Салим ва афзуд: -Ҷобируф худаш мисли булдозер, лекин ягон грамм савод надорад. Агар бо заррабин даруни каллаашро тагурӯ кунед ҳам, ғайри «плани ширу гӯшт» дигар ҳеҷ чиз намеёбед.
-Чӣ хел исбот мекунӣ?-пиёлаи холиро ба котиби масъул дароз кард Булбул.
-Ягон маҷлис шавад, даррав хонаи ман медавад. «Талибҷон, пагоҳ маҷлис, худам факту далел меорам. Медонам, ки дар маърӯзанависӣ устухон надорӣ. Илтимос, як маърӯзаи боб тайёр кун, ки даҳони ҳама раг бикашад»,- хоҳишкунон рӯз намедиҳад. –Рафту нанависам, пагоҳаш аз шӯъбаи «Хоҷагии кишоварзӣ»-и райком тамос мегиранд. «Талбиҷон, Ҷобиров дар маҷлис баромад дорад. Он тарафашро худат медонӣ». Ҳизб ҳизб аст, иҷро накуну қандата хӯр!
-Ҳа, акнун фаҳмидам, -аз болои коғазҳо сар бардошта, нешханд зад Раззоқ Таваккал. –Ҳм, беҳуда намегӯяд, ки дар хонаат мудом гӯшти тоза.. Акнун фаҳмидам, ки гӯшт аз куҷо меояд.
-Эъ... эъ...
-Рафтам! -аз ҷо бархест Булбули Водӣ.
-Куҷо? – ҷон гирифт Талбӣ Салим. -Ба ферма.
-Ғаффори зардро мебарӣ?
-Ҳо, бо мошинаш.
-Илтимос, раиса гӯед бо ман тамос гирад. Баъд сари қадам ба мағоза дароед. Мағозаи таърифӣ доранд. Аз мудир пурс, ки «закази» Талбиро иҷро кардӣ? Худаш медонад. Агар раиси иттифоқи касабаро бинӣ, пурс, ки «тележка» куҷо шуд? Он тарафашро худаш медонад. Зоотехники фермаро гӯй, ки бегоҳ Талбӣ Салим интизор аст. Худаш медонад. Баъд...
-Мебахшед, аз паи кори худам равам ё аз пайи кори шумо?!
-Ин корҳо ҳамааш мимоходом. Ҷобируфҳо одамони меҳмоннавозанд. Бо омадани мухбир ҳатман ягон гирддумбаро сар мезананд. Ҷазу паз, ки шуд, маро огоҳ бинамо, ҳамакаса як талбакзанӣ кунем. Дунёро ҳаминаш мемонад
-Мебинем,-кӯтоҳ гуфт Булбули Водӣ ва дарро тела дод.
-Дар саҳифаи якум ҷо монам? – аз пушт овоз баланд кард Талбӣ Салим, вале Булбули Водӣ, ки аз суолҳои беохири ӯ беозор шуда буд, ҷавобе
надод.
Котиби масъул рӯяшро ҷониби Раззоқ Таваккал гардонда, оҳиста гуфт: -Феъли морро дорад, сағераи дамдузд. Беҳуда ҷонашро дар азоб модааст.
Ба ҷои ӯ мубудам, «А, Б.Т.- маориф пула те», гуфта мегаштам. Афсӯс, маълумот надорам, вагарна аз чор тангаи бебаракати ҳамин газит безорам. Хуни дил хӯрдану нури чашм кам карданро намегӯйӣ? Чаро дар вақташ нахондам-а?!
-Дер нашудааст,-ғурунгид муовин
-Эҳ, ҷони ширин, ҳавсала пир шуд, «Дар мӯйи сарат сафедӣ дидӣ, бас кун!». Дар ин синну сол табақи қурутоб бошаду кунҷи масҷид...
Ба саволҳоли Булбули Водӣ номзад ба вакили Шӯрои ноҳия, говдуши номӣ Садбарг Ҷобирова ҷавоб мегардонд. Хандида-хандида посух медод говдӯш ва мухбир дар дафтарчааш менавишт.
-Апаи Садбарг чанд навбат депутат будед?-нахуст суол кард Булбули Водӣ.
-Мудир медонад,-китф дарҳам кашид говдӯш.
-Бигӯед, ки чанд сол инҷониб депутат интихоб мешавед?
-Аниқ, ки мудир медонад. Ҳаминаш дар хотирам ҳаст, ки ҳамон сол
бачаи дуюмам таваллуд шуд. Ҳоли сеюм мехонад.
-Дар давраи депутатӣ кадом наказҳоро ба ҷо овардед?
-Эҳ, заказ!.. Мӯи сарам шири гов воре сафед шуд. Маҷлис ба маҷлис аз
пушти заказ рафтам. Ин духтарам «оча, сақичум биёр», ун духтарам «калӯши чорум биёр»...
-Чанд сол боз гов медӯшед?
-Ҳаминро дар хотир дорам, ки ҳине ферма омадам, калбузи раҳматии момаи Пича бача карда буд.
-Ҳар рӯз чанд кило шир медӯшед?
-То қоқи қоқ шудан, чочи гова мекашам. Ҳамин, ки ҷонвар ба шатапартоӣ сар кард, бас мекунам.
-Ҳар рӯз чанд соат кор мекунед?
-Мурғфарёд ферма миём, дили шав хона мерам.
-Вақти китобхонӣ меёбед?
-Бо ҳамин сари сафедам китобхонӣ кунам, айб нест, додар?!
-Ба тарбияи фарзандон фурсат мешавад?
-Маълимо номаъқул мекунанд, ки тарбия наметиян? О, давлат пулшон
метия, ангишт метия, аз чароғу заминшон андоз намегира, ин ғамхорӣ дар ҳаққи ман боша, аз мактаб ас ба хона намерам.
-Дар бораи серфарзандӣ чӣ фикр доред?
-Ина мудир медона. Шароит боша, то зур расидана, истеҳсол кардан мегирам.
-Дар радио ё телевизион ягон карат баромад кардед?
-Эҳ, бачам, то кай баромад мекунед, кам-кам даромад ҳам даркорай! -Ягон бор ба рӯзномаи мо мақола навиштаед?
-Худо нишон надиҳа, додар, нависандагӣ кори пастай. Ҳафт пуштам ин
кор накарда буд, намекунад ҳам.
Булбули Водӣ хаёле сар боло карда, ба чашмони аловаки депутат
нигарист. Ӯ мунтазири суол буд.
-Гуфтанд, ки шуморо аз нав номзад интихоб карданд. Чӣ нақшаҳо доред?
-Нахо?! Номзад кардан?-осема аз ҷо бархест говдӯш.-Охир, ман бачу
кач дорум. Шум фаҳмад, мекушаде!
-Не, нафаҳмидед, шуморо ба депутатӣ номзад кардаанд, мегӯям!
-Ҳа-а, талхакаф шудам-е! Номзад шуда бошам, депутат ҳам мешам.
Қоида-ҳамин.
-Пештар ҳамин хел буд, ҳозир гапу кор-дигар.
-Инаша, додарам, мудир медонад.
-Чаро ба ҳама гап –«мудир медонад, мудир медонад», мегӯед?
-Сағераи ҷалтаки кунҷков метовӣ, мухбир! Охир, шум мешавад мудир!
– говдӯш тавре хандид, ки дандонҳои тиллояш дурахшиданд.
-Хуб, саломат бошед, апаи Садбарг!
-Охир, нахӯрдаву нашишта, куҷо меравед?! Ҳеҷ илоҷаш нест, ки як
шавак меҳмонамон боше. Мудир ҳам аз маҷлис меоя. Сари ягон барра ё бичаро мегираву...
-Саломат бошед, ягон карати дигар! -Инаша мудир медона, додарам...
-Булбул, дирӯз нохост куҷо ғайб задӣ?- пурсид Талбӣ Салим. -Дар чопхона будам, -бепарво посух дод ӯ.
-Дурӯғ нагӯй, ришат мерезаду рӯят мисли таги дег сиёҳ мешавад. Ту он ҷо набудӣ.
-Пас, дар мағоза, дар навбати гӯшт...
-Дар мағоза ҳам набудӣ. Соф бӯйи дурӯғ баромад.
-Шояд дар ташнов... Шикамам мисли шамолдиҳак тоб мехӯрд. -Аз дурӯғ ҳам дурӯғтар.
-Чӣ ин қадар тагпурсӣ доред? Пас, дар куҷо будам?!
-Дар золи кино!
-Ман дар кино! Ҳини кор? Не, котиби мӯҳтарам, хато мекунед.
-Хато накардаам, рост мегӯям.
-Аз куҷо медонед?
-Шарт не, фаҳмиданат. Лекин маслиҳатам ҳамин: аз кор, ки гурехтию ба
кино рафтӣ, кӯшиш кун, ба шахсе, ки дар пуштат нишастааст, халал нарасонӣ. Охир, на ҳама мисли ту қади дароз доранд!
-Ҳм, яъне, ки ту ҳам...
Талбӣ Салим баланд ханда зад.
Дар ин мавқеъ ҷиготгирифта Дилдор Шокирзода қиёфа намоён карду
осема ба Булбул амр зад:
-Рафтем, моро Саодат Қобилова даъват дорад. Зудтар!
Булбул бо гӯшаи чашм ба Талбӣ нигарист. Ӯ чашм аз рӯйи варақҳои
болои миз намеканд, гӯё ба чизе аҳамият намедод, вале маълум буд, ки дар дил табли шодӣ мезанад. Баъди рафтани муҳаррир ва Булбул овози Талбӣ Салим аз ҳуҷра баланд гашт:
-Сарашро оқибат мехӯрад, сағера. Гуфтам, бо ҳаҷвия ба сарат бало меорӣ, гӯш накард. Охир, гов нест одам, ки нафаҳмад. Лекин ба кӣ мегӯӣ? Акнун ба ҷои нармат ду- се лагади обдор фуроранд, баъд ҳушат ба сарат мезанад. Аммо он вақт дер мешавад. Мегӯянд-ку: «»Ҳине, ки тӯй гузашт,доира ба сарат»...
Саодат Қобиловна ба сӯйи Булбул бо нигоҳ теғ кашиду бо пӯписа пурсид:
-Ба ман бигӯй, ту чӣ кор кардӣ?
Булбул китф дарҳам кашид.
-Олама сӯхтӣ, шоир!–овозашро баландтар кард ӯ. –Медонӣ киро
шарманда кардӣ?! Не? Депутати номии районро. Акнун чӣ хел сарашро мебардорад? Ҳеҷ фикр кардӣ?
-Охир...
-Хомӯш!.. Ба кори идеологӣ ман ҷавобгар! Депутат –ифтихори халқ, хизматгори халқ! Лекин ту «Сӯҳбат бо Бибимоҳ Тоштемуровна», гуфта апаи Садбаргро ба зери тозиёнаи танқид гирифтаӣ. Кӣ ба ту ҳуқуқ дод? Охир, аввал дар борааш таъриф навишта, ба осмони ҳафтум баровардӣ, лекин баъд ҳаҷв карда, ба таги замин даровардӣ! Ин чӣ хел мешавад, шоир?!
-Муаллима...- гуфта буд Дилдор Шокирзода, ки котиб гапи ӯро дар даҳон зиндон кард.
-Аввалаш, ман муаллима не, балки Саодат Қобиловна! Дуюмаш, ҳоло шумо, рафиқ пуштигир, хап истед! Рафтори нодурусти шуморо дар бюрои
райком муҳокима мекунем ва он ҷо гап мепурсем. Ҳозир маслиҳат ҳамин: калӯши Булбули Водиро пеши дар монед. Ба мо ин хел афсонабофу мазоҳгар даркор нест! Ҷои плефтагӯҳо-мактаб. Фаҳмидед?! – аз ҷо бархост Саодат Қобиловна, ки ҳеҷ ғазабаш паст намегашт. –Шуморо сарҳуй монем, ба сарамон об мерезед. Акнун занҷирро кашида, даҳони бефаровези шуморо дӯхтан даркор. Бас аст, бепарвоӣ! Аспу майдон ёфтед, а?! Ба шумо нишон медиҳам аспу майдонро!
-Шоир ҳикояи ҳаҷвӣ навиштаанд ва ба апаи Садбарг рабте надорад,- фаҳмонданӣ шуд муҳаррир, ки котиб якбора шӯриду раги гарданаш дамид:
-Чӣ хел рабт надорад?! О, вайро ман депутат карда будам! Обрӯям чӣ мешавад? Аллакай ҳама медонанд, ки ҳаҷвия дар бораи говдӯш, ҳарчанд номи дигар касс! Ба виҷдони ҳизбиям қасам, ки ҳеҷ гоҳ гапамро ду накардаам. Аз даргоҳи сухан ронед Булбули Водиро, вагарна билети партиявиатро бо ду дасти адаб рӯйи миз мемонӣ! Ман аз наттоқиаш ҳам безораму аз шоириаш ҳам!
Муҳаррир ҳам аз ҷо рост шуду раги гарданашро дамонд:
-Майлаш, лекин ба ман кадр ёбед! Офарин, ба дилу гурдаи Булбул, ки тоқат кардааст! Мухбир ғук нест, ки онро аз лаби ҷӯйбор бигирӣ. Дар газетаҳои вилоятиву республикавӣ барои як ҷойи холӣ худкушӣ мешаванд, лекин ин ҷо райони дурдаст! Агар буқаро бибандӣ, занҷирро канда, рӯ ба гурез меорад. Мефаҳмед?!
-Маоши муҳарриро шумо мегиред, на ман!-оташи ғазабашро каме паст кард котиб. –Ғами кадрро хӯред. Ҳа, ба шумо ҷавоб!-ба Булбул амр зад Саодат Қобиловна ва афзуд: -Шумо шинед, Дилдор Шокирзода, ба як хулоса омаданамон даркор.
Булбул бо рангу рӯи пуркида, роҳи редаксияро пеш гирифт. Акнун вориди ҳуҷраи кор гаштан мехост, ки Талбӣ Салим бо даҳони тит хабар расонд:
-Ҳавасгули ҷони ширин барои хайрухуш омада буд, лекин туро наёфт. Ба кори комсомоли вилоят гузаштааст, шӯталаб. Вохӯрии меҳмонони хориҷиро ҳамроҳи сардори идораи ғизо расво кардааст. Даврон Замонович калӯши ҳардуро пеши по мондааст.
Шоир гумон бурд, ки дилаш чун пуфак варам карда ва агар ҳаминак нӯги сӯзане бирасад, торс мекафад. Ӯ бо даст деворро дошта, бо илоҷе канда- канда забон гардонд:
-Илтимос... шофира бигӯ... маро хона барад...
Булбули Водӣ нимашаб бедор гашту худро танҳои танҳо бидид, касе набуд дар хона. Сараш мисли сурб вазнин ва гӯшҳояш ғуввос мезаданд. Хоҳише дошт, ки ин дам Хосият базур аз дасташ кашола кунад ва сари дастархон биёрад. Аммо ку, имдодгараш?..
Ӯ коҳилона аз ҷо бархеста, барои шерак шудан, чароғро даргиронду дигарбора худро болои курпачаи хушк партофт. Нафасаш тангӣ кард. Ку, он бодаки серуне, ки баробари сина доштан вуҷудатро нарму гуворо бинавозаду аз таъсири форам мурғи илҳом болафшон гардад? Ку, он суруру наво, ки эҳсосашро роҳат бахшида, дилакашро ба рақсу бозӣ ҳидоят кунад?
Ку, вай, Ҳавасгули кабки маст, ки қаҳқаҳа зада, ӯро чун сайёд аз паси сайд давонаду оқибат дастонашро ба гардани ӯ ҳамел созад?.. Аҷиб, гӯё хона аз олами мӯътадил ҷудо гашту ғуссаи рӯи замин амсоли ғарами хасу хошок дар он ҷо ғун бигардид. Сурур ва шукӯҳи Булбули Водиро Ҳавасгул ҳамроҳи хеш бибурд. Хосият ҳам ӯро танҳо гузошт. Бевафоӣ карданд ба ӯ, бевафоӣ!Нахост андешаи тазъиқоваре ба сараш зад: «Аз вуҷуди ман ба ҷуз банду басти устухонҳои чизи дигаре нахоҳад монд. Аз ҷисмам кирму карс мехазад ва махлуқони мурдахӯр дар талоши гӯшти баданам ҷидол хоҳанд кард. Аҷабо, наход касе ёфт нашавад, ки мурдаамро то қабристон барад?!..Эҳа, худо гӯй, ки дар ин хонаи қуттимонанд ҷонат набарояд, вагарна ҷисмат бӯи ҳафт ғулбаи мурда мегираду савобҷӯе ёфта намешавад, ки ба рӯят як каф хок партояд... Тарсид, сахт тарсид ӯ. Печид, бисёр печид дар худ ва оқибат нафаҳмид, ки хоб чи тавр парчами ғалаба бардошт...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё