Абдуғаффори Партав. Кадхудо

Абдуғаффори Партав дар иншои ҳикоя, қисса ва роман сабку услуби бадеии хоси худро пайдо кардааст. Ӯ осори худро тавре ба қалам меорад ва аз печу тобҳои зиндагӣ мегузаронад, ки басо муассир, ҳаяҷоновар ва хотирмону ибратомӯз ба назар мерасанд.
Валиев Султон · 21 ноябри 2024 · 22 саҳифа
ИЁР (Роман)
Нафрат ба ҷанг
– Бобоҷон, бобоҷон, маро бурда гӯри падарамро нишон диҳед.
Ман ҳар гоҳ сари манзилашон рафта дуо хондаю нигоҳубин кунам.
Ман надонистам, чӣ гуна фаҳмонам, ки як падари ту не, қисмати садҳо ҷавонону мардони дигари диёр маълум нест, ки дар ҷангҳои шаҳрвандӣ куҷо шуданд? Дар об рафтанд ё дар оташ ва ё дар ҳаво.
Шукри Худо ки майдоннишинӣ поён ёфт, мардум хона ба хона ва аз пайи рӯзгори худ шуданд.
– Гапа гӯш кун, ҷӯра. Писари раис як парӣ овардаст, тавре дар афсонаҳо мегӯянд: ба хироҷи мамлакат меарзад. Бовар мекунӣ ё не, аз кӯча гузарад, мисле ки мошини обпошак гард такшину ҳаво салқин мекунад, атроф муаттар шуда, одами дидагӣ ақлу ҳуш гум карда, дигар даҳани бозаша ҷамъ овардана намедона, – гуфт Бердӣ ва лабҳои ғафсу бар асари гарду ғубор «намакзадаи шӯрак» шудаашро лесид, гӯё асал чашида бошад, даҳон мазмаза карду боз афзуд: – Бовар мекунӣ ё не, ба ҳамин синну сол расида, аз ҳавои хушку тари чандин кӯчаву паскӯчаи шаҳру бозор нафас кашида, соҳиби ном, зану фарзанд, лақаби Бердӣ ва мана ин «туру таноб» шуда, – ба силоҳу тирдони камараш ишора намуд, – фарзанди одама бо ин ҳусну латофати Худод бори аввал мебинам. Бовар мекунӣ ё не, – боз даҳон мазмаза кард, оби даҳан фурӯ бурду идома дод: – парии обӣ шунида бошӣ, агар ина бинӣ, дон ки парӣ ба чашми сар дидӣ. Бовар мекунӣ ё не, пеши ту дурӯғ, пеши Худо рост! Аз рӯзе, ӯро дидам, хобу хаёл аз сарам бухор шуда, мисли ҷавони навзангир гаштаам. Аҷаб не, аз маънии ин масал хабар дорӣ?! Бовар мекунӣ ё не, чанд рӯз аст, ба ҷуз фикри чӣ тавр ӯро ба дом афтондан андешаи дигаре ба дилам раҳ намеёбад, орому қарорам бурдааст. Ҳар гоҳе ӯро пеши назар оварда, дар бағалам тасаввур мекунам, хунам ба ҷӯш омада, вуҷудамро безобита мегардонад…
1 Абдуғаффори Партав аз силсилаи «Нафрат ба ҷанг» 5 ҳикоя, намоишномаи «Дарёи ҷон» ва инак. романи «Иёр» навишта, ҳикояи аввалин
«Мухторҷон…» аз ин силсила, ҳанӯз соли 1992 дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» ва мақолаи публисистӣ «Қосид ба давои ёр биёяд» рӯзҳои аввали даргириҳо дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» ба табъ расида буд. Шарҳи муаллиф.
– Хайр, хайр, қисса кӯтаҳ кун! Писари Раис оварда бошад, барои худаш овардааст, ба ту чӣ?
– Эй ҳафтафаҳм, наход нафаҳмӣ?
– Чиро?
– Он чӣ гуфтам.
– Ту гапи бисёр гуфтӣ.
Беэътиноии рафиқаш ба Бердӣ сахт расид магар ки ба дуруштӣ таънаомез эътироз кард: – О, ту дар фаҳми имою ишора ба ҳар гуна амалҳои баду нек аз саги шикорӣ дида, ҳушёртар будӣ ку?!
Бароят як абрӯ парондан кифоя буд, ки аз гулӯи сайд бигирӣ. Аку бугӯ чӣ балот задаст, ки худата гунги манӣ мегирӣ? Бовар мекунӣ ё не, ба хаёлам, дардат ҳамин аст, ки аз ин ҳам пӯсткандатар гап занам? Беҳтараш, ту пӯстканда гӯй, гӯ. Майлат ба фаҳмидану шарикии ман набошад, беҳуда худата ба кариву гарангӣ наандозу ошкоро гап зан.
– Гапам ҳамин ки, ҷӯра, ман аз камари падари худ шудаам.
Муҳтоҷи луқмаи касе нестам.
– Модари ман ҳам бадгашт набудаст. На аз худӣ ва на аз бегона боре ҳам бадгаштияш нашунидаам.
Умед дар посухи ҳамсилоҳаш дармонд, дар тӯри андеша печида, бо сари гарон кӯшиши аз ин муаммои барояш ғайриинтизор раҳ ёфтан буд, вале фикри дурусте ёдаш нарасид, бигӯяд. Аз беҳунарии худ, ки зуд гапи даркорӣ намеёбад ва ҳавою ҳаваси беҷои Бердӣ ғашаш омаду якбора сар боло гирифта, бо тамасхур таъкид кард: – Бердӣ, ба ростӣ, ту намедонам аз кӣ дасти пир гирифтаӣ, ки имрӯзҳо ҳай чобуку ҳамабини доно шудаӣ. Булбулат ҳай бе оҳанг мехонад. Боз аз куҷое мегӯянд, бори ҳангуфт ғанимат ба даст овардаӣ. Гушна соҳиби нон шавад, падарашро намешиносад.
Мана боз ин ҳавою ҳавасҳо! Боз ба кӣ? Ба келиншавандаи раиси номдори диёр! Бо думи шер бозӣ намекунанд, ҷӯра! Чашм ало карданат сарата мехӯраду бачаҳакот ятиму интизори як даҳан нон мемонанд! Ё суғуртаи тану ҷоната чунон кардаӣ, ки ба ҳафт пуштат мерасад?! Аз хуну пӯстат гузашта бошӣ, майлат! Пешат намегирам!
Лекин фаромӯш накун, ҷӯра: кулӯхандозро подош санг аст!
– «Аз куҷо чобуку доно шудам?» мегӯӣ? – гуфтаи Умедро такрор намуда, гуфт Бердӣ: – Дониста бош! Дилсӯзаку хайрхоҳаки ҷияни Мат Тиреза! Зиндагӣ ин ҳунар ба ман ато кардаст. Ҳамин шабу рӯзҳо кас фурсат аз даст надода, чобуку доно шавад, як чӣ, ним чӣ даву ғеҷ карда, ҷамъ овардаю кулӣ ва сандуқа пур кунад, дар бонкҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва берун аз он пасандози кироӣ гузорад, боқии умр баҳузур таги телевизор каҷпаҳлу зада, кинову консерт тамошо карда, хӯрдаву дандон кофта мешинад.(Воқеан аксари силоҳбадастон дар ҳамин андешаанд). Аку фаҳмидӣ?!
– Чӣ? Чиро?
– Худоё?! Ту ба ростӣ ҳам, ҳамин хел гӯлу гаранг ҳастӣ, ё маро усал карданиӣ?
– Ба ростӣ, фикри масхара кардани ту аз гӯшаи хаёлам нагузаштааст.
– Пас чиро намефаҳмӣ?
– Аҷабо ки ҳамроҳ шину хез мекунем, ту ҳамадону дунёдаркаш шудаиву ман ҳамон Аҳмади порина.
– Эй, биё мон! Аз худ фаришта натарош, ҷӯра. Ун дову дастгаҳ, мебелҳои хориҷиро дар назар дорам, ба пои худ, аз осмон ба ҳавлии шумо чун барги хазони бодовар нафуромадаанд…
– Ҳарчанд не гуфтам. Рад кардам, ки рӯзиро Худо худаш медиҳад! Не. Боз ҳам шумо маро олуда кардед! Парво накун, онҳо дар ҳавлии мо амонатанд, мисли бори ориятианд. Имрӯз ё пагоҳ ҳамин ки ягон мошини бадил пайдо кардам, албатта ба соҳибонашон бармегардонам. Баски намондӣ, як роз ошкор созам? Падари ман ҳаргиз якбора первой, второй намехӯрд.
– Боз ин чӣ маънӣ дорад?
– Маънияш: дар оилае ба воя расидаам, ки шикастанафсанд.
– Бо вуҷуд аз ҳақи гӯсола худдорӣ намекунанд – ку?!
– Ҳо балое, гапа ёфтӣ! Охир вай гуноҳ нест, чунки ба расмият даромада, гуноҳи ом шудааст.
– Даъвои покиву шикастанафсӣ, ки доред, худдорӣ бикунед.
– Шарти намешудагӣ пеш гузоштӣ.
– Кори намешудагӣ нест. Муҳатма Гандӣ тавонист ку?!
– Ҳай дур рафтӣ! Қисме аз мардуми ҳинду гӯшт ҳам намехӯранд. Баъд мо ҳам тақлиди онҳо бикунем?! Чи хеле ки Акбар кард?!
– Покиву шикастанафсӣ кори саҳл нест, ки даст ба сина зада, мана ман гӯӣ! Ин кор танҳо ба гуфтан намешавад! Азхудгузарӣ, фидоӣ будан мехоҳад!
– Ин хел бошад, ҳисоби дастовардҳои ту ба қиёмат мемонанд?..
Ин таъна ба Бердӣ чунон сахт расид, ки борони маломат ба сари Умед беист рехту рехт. «Сари хамидаро табар намебурад» гуфтани халқ ёди Умед омаду ба худ дарунакӣ гуфт: оне ки ин масал гуфтааст, куҷост, бубинад! Гуфтааш пеши ин Худобехабар чӣ қурбе дорад? Вай ба ҳоле таънаи Бердӣ таҳаммул кард, хашм фурӯ бурд, астағфируллоҳ гуфт, калима арза кард, хулоса ҳарчи аз илми тасаллобахшу таскиндиҳандаю таҳаммулпазир медонист гуфт, то гапу кор ба даст багиребон напечад. Аз Бердии ҳангоматалаб, ин рӯзҳо ҳар гуна амали носавобро чашмдор будан мумкин буд, – ҳоло баҳсталош шуда, кифтак задани ӯро мушоҳида карда,
Умед аз дил гузаронид: – Ба вай андак баҳона кифоя аст, ки даст ба ин рӯзирасони наваш – силоҳ барад, ё ҳар гуна суханони қабеҳ ба забон биёраду бо дағдағаю дарғоза аз ҳастии худ дарак диҳад.
Бердӣ аз Умед умеди калон дошт, вале маслиҳати дилхоҳ нашунид. Бердӣ Умедро дар баҳс мулзамшуда ва бадхоҳи худ пиндошта, афзуд: – Дунёдаркаш ман не-е! Агар мо як хаси мардум бурда бошем, ту бо ҳаммаслаконат мошину вагон бурдӣ. Агар мо як ангушт бурида бошем, шумо чандон гардан задаед, ки!.. Агар мо…
Яқин шуд, ки Бердӣ ҳамҳамаи ҷангталабӣ дорад. Умед дигар сухане гуфтан ҳайф дониста, косаи пешаш бударо ҷониби ӯ, башаст партоб кард. Коса мисли ситораи парон аз буни гӯши ӯ гузашт. Бо он қаноат накарда, даст ба силоҳ бурда буд, ки Умар ба сарвақт расида, пеши Умед гирифт. Умар рӯзномаи дасташро башитоб нимқат ба бағал зад ва ба Бердиву Умед таъкид кард: – Ба номи Худо, даст нигаҳ доред! Сабукӣ накунед! Астағфируллоҳ гӯед! – ва дид, ки ҳар ду то андозае ором гаштанд, гила кард: –
Ҳай бачаҳое, нагузоштед-да, дар ин рӯзнома, – ба қаткардаи бағалаш ишора намуд, – як мақола чоп шудааст, то охира хонам.
Роҳравон мехондам, то ин ҷо омадам, тасодуф гапу ҳарфи шумо канда-канда ба гӯшам расид. Бародарони ҷони ман бошед, ман ба син аз ҳардуи шумо калонам ва ҳаққи маслиҳату насиҳат гуфтан дорам. Як чӣ мегӯям: дар гӯш гиреду дар ҳама ҳолатҳо фаромӯш насозед! Дар аввалҳои Инқилоби шӯравӣ, солҳои 20-30-уми асри гузашта, аскарони нодидаи пойлучу сарлучи беимон бобои мана беҳурматию дағалӣ карда, боигарии хонаи ӯро батамом рӯфта бурда, худашро весилка карданӣ шуданд. Боз хайрият касе дар миёна даромада, нияти шумашон амалӣ нагаштааст. Бобом ки то дами бемору бистарӣ шудан он ваҳшату даҳшат аз вуҷудаш дур нашуда буд, ин амали онҳоро ба ҳар ранг ба мо қисса карда, ашк мерехт ва ба ҳафт пушти балчабекону/1 навкарони онҳо лаънат хонда, дар дили мо нисбат ба онҳо як навъ тухми кинаву адоват киштанд. Ман агарчи аз аскарҳо ва сохти шӯравӣ бадӣ надидаам, лекин дар кино аскарони сурхро бинам, як сӯзиши ноаёне эҳсос карда, нафратам бедор мешавад. Бо ин ба шумо чӣ гуфтаниям?
Имрӯзҳо, ки мову шумо силоҳ дорем, эҳтиёт шавед, кӯшиш кунед, мискину бечораҳо аз дасти мову шумо ҷабр набинанд! Балки ба ягон бандаи муъмин беҳуда зарар нарасонед, ки бадӣ фаромӯш намешавад. Табиати одамӣ ҳамин аст, сад ман хушка орд мекунаду як ман тар не. Сад некӣ фаромӯш мешаваду як бадӣ не…
– Эҳ-ҳа! Ба гуфти шумо бачаи Раис мискину бечора аст? – ғурунгид Бердӣ.
Умед ба насиҳат сар нафуровардани Бердиро дида, бадил нафринаш гуфт.
Умар дигар интизори чӣ асар гузоштани суханонаш ва чӣ гуфтану кардани онҳо нашуда, аз бағал рӯзнома бароварда, хондахонда равон гашт.
Бердӣ чунин ранг гирифтани суҳбатро бо Умед чашмдор набуд, аз ин рӯ умед канда, аз пайи Умар туру таноб бардошта, ҷон каҷ кард.
Умед худ ба худ гуфт: «Беҷо афтидӣ, ҷӯра. Дар бобати киву чикора будан ва чи нияту нақша доштани инҳо ғалат кардӣ. Ҳарчи зудтар аз ин варта харатро берун каш, ки дер ё зуд ба ягон бало мепечӣ».
– Ина бин, маркази деҳкада, ки шаҳрчаро мемонд, дар як муддати кӯтоҳ худ аз худ, бе ягон амру фармони идораҳои масъули болоӣ ба ранги бозорҳои мавсимӣ шудаст: кормандони мағозаҳо чанде мардум хӯрокворӣ ва дигар лавозимоти рӯзгорашонро ҳанӯз харида, нахарида, дигарашро куҷо таҳу нуҳ карданд, кас намедонад, – дарди дил мегуфт марде ба шиносаш, тарафи бинои мағозаҳои қатор андар қатор ишора карда.
– Эй ту як рафта бин! – гуфт дигаре. – Ҳама рафҳо холӣ, рӯз торик шуда – нашуда, на дар идораҳои давлатӣ одам мемонаду на дар мағозаву бозор, ҳама хона ба хона шуда, аз назарҳо гум мегарданд. Ягона ҷое, ки аз ободӣ нишон дошт ва ҷӯшу хуруши зиндагӣ буд, садои ғалу ғуви одамӣ меомад, мактаб буд, дар он ҷо ҳам, аввал духтарони синфҳои болоӣ камнамо шуданд, баъд муаллимони ҷавон. Имрӯзҳо бошад, мегӯӣ ҳама сарҳуйянд… – вай мисли ин, ки масъули назора будасту пайт ёфта, ҳисобот медиҳад, аз ину он беист бо овози баланд мегуфту мегуфт…
Имрӯзи тирамоҳ осмон софу нилгун, ҳаво беғубору нарму гарм аст. Дар чунин ҳавои мусоид баҳри дили одамӣ кушода гашта, аксар ба амалҳои неку савобу созанда даст мезанад. Бардавом будани чунин рӯзро ҳар кас ҳам ҳавас мехӯрад. Вале ҳоло Умар ин ҳамаро намедиду намешамид, ҳатто фикри он намекард, ки имрӯз аз дирӯз чӣ фарқе дорад. Вай тасбеҳи фирӯза гардонда, хабарҳои шуми пеш аз намози пешин назди масҷид шунида, хаёлашро машғул медоштанд: хонаҳои мардуми деҳаи ҳамсояро ғорат кардаанд. Ба деҳа чанде гурезаҳо пиёдаву савора, сарлучу пойлуч, бе сомони хона ва бору буна рехтаанд… Дар тарафҳои Вахшу Кӯлоб даргириҳо ба ҷои пасанда гаштан, рӯз ба рӯз доман паҳн карда, авҷ мегиранд. Зуд хаёлаш ба ёди шиносҳои дар ин маҳалҳо буда, рафт ва аз худ суол кард: онҳо чӣ ҳол дошта бошанд? Оё муҳтоҷи мадад бошанд?..
– Ай бори Худо, аз офату балоҳои охирзамон ҷумлаи муъминонро нигаҳ дор, – гуфт Умар бо тааҷҷубу саргарангӣ калима гардонда, ин дам аз ҳамраҳон ҷудо шуда, танҳо ба қароргоҳ бармегашт. Ҷумлаҳои дар рӯзнома хонда, ёдаш омаданд: «…Эй онҳое дар муқобили ҳам сангар гирифтаед! Ҳушёр бошед, касеро барои бародаркушӣ раҳмат намегӯянд, ба некӣ ёд намекунанд…».
Ҳини рафтан яке аз ҳамяроқон аз осмон фаромад ё аз замин баромад, Умар пай набурд, пеши роҳаш гирифта, риштаи хаёлоти ӯ канда кард:
– Ҳазрат, аз хабари нав воқиф гаштаед?
– Худои бахшояндаи меҳрубон, оқибати кори муъминон ба Иқтибос аз мақолаи публисистии муаллиф: «Қосид ба давои ёр биёяд», соли 1992 дар рӯзҳои аввали даргириҳо дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» ба табъ расида аст. хайр гардонад, ки имрӯзҳо ҳар лаҳзаву замоне як гапу кори нав шуда истодааст. Ку бигӯ, додарам, кадомашро дар назар дорӣ?
– Шунидам: Бердӣ, писари раису як урусдухтараки ҳамроҳашро ба гарав гирифта, куҷое пинҳон кардааст, ки кас намедонад.
– Лоҳавло алиюлазим, – гиребони ҷелаки осмонирангашро дошта, гуфт Умар ва лаҳзае пас, пурсид: – Бо маслиҳату машварати кӣ ин кора карда бошад?
– Намедонам.
– Надонӣ, ку як кӯшиш кун, фаҳм ва аз моҷаро маро воқиф гардон.
Ҳар ду аз пайи кори худ шуданд. Умар калима арза карда, тасбеҳи фирӯзагии худро башаст гардонда, дар назари одами ноогоҳ ба ранги хавосиҳо худ ба худ чизе гуфтаю қадам шуморида, пеш мерафт. Вай ҳарчанд кӯшид худро ба даст бигирад, ношунидаю нодида тасаввур бикунад, вале нашуд, ки нашуд. Суханони силоҳбадасти шумхабар ҷараёни андешаи ӯро дигар карда, ба ҳар кӯю дари дастнорас мебурданд: Худоё, наход он рӯз ба Умед аз писари раис ва духтараки урус бо ҳавас гап кушодани Бердӣ, сифат кардани духтари урус ба ҳамин маънӣ бошад? Мехостааст, ки ин амали носавоби ӯро Умед ҳам ҷонибдорӣ ва ё бо ӯ шарикӣ бикунад? Аҷабо, инро аз пеши худ карда бошад ва ё бо амри дигаре?
Одамрабоӣ амали бадест, ки оқибати нек надорад, ҳама қоидаи бозиро пеши по мезанад. Худоё, ин амалҳои рӯзҳои охир ҳама ҳадафҳои поки моро зери суол ва шубҳа мебаранд, олудаи қабоҳат мекунанд. Мо набояд ба ин гуна худкориҳои бадномкунанда роҳ бидиҳем! Пеши амалҳои бемашварату маслиҳати носавоби бачаҳоро ҳарчи зудтар бояд бигирем, вагарна аз лутфумарҳамати мардум бенасиб мемонем. Набояд як лаҳза фаромӯш созем, ки танҳо бо дастгирӣ ва хайрхоҳии ҷомеа мо тавоно шуда, ба ҷое мерасем. Ҷомеа беҳтарин муттако аст ва амалҳои мо бояд тавре сурат бигиранд, ки чашми мардумро кушода гардонанд, чун борони раҳмат ба тану руҳи онҳо ҳаловат бахшанд, ба хайрхоҳии мо раҳнамун созанд, на ин ки боиси маломат ва сардии меҳри онҳо гарданд. Яқин ки мардум ба чунин рафторҳои ғайриинсонӣ нафрат доранд. Онҳоеро, ки аз чунин рафторҳо кор мегиранд, мардум чашми дидан надорад, пайравӣ ва хайрхоҳӣ намекунад. Наход инро шербачаҳои мо то ҳол нафаҳмида бошанд? Мо ку аз ҷамъомадҳои нахустин, ин ҳикмати одиро борҳо ба онҳо таъкид карда будем. Ку биравам, назди Вакил.
Умар чанде аз ҳайати дастаи силоҳдоронро дид, ки ҳафт пушташон номи автомату Калашниковро нашунидаву надидаанд ва боре ҳам аз машқи ҳарбӣ арақ нафуроварда, балки метавон гуфт дар ягон навъи артиш хизмат накарда, ҳатто бӯи борут нашамида, дуруст доштани силоҳро намедонанд ва имрӯзҳо ба ин даста ҳамроҳ шуда соҳиби силоҳ гашта, вақту бевақт аз аскарони як замоне дар баталионҳои коргарӣ хизматкарда, тирзанӣ меомӯзанд ва ба умеди сармояи муфт ба даст овардан ҳастанд.
Ҳоло яке аз он силоҳдорон тапончаи худро қисм-қисм кушода, пуфу пок карда, пешаш мегузошт, бими он дошт, ки баъди пок кардан дар васли онҳо ғалат накунад, аз ин рӯ, ҳар кадомро боэҳтиёти тамом гузошта, ба он ки ин қисмро баъди кадом қисми дигар кушодаву гузоштааст, сар хамида таваҷҷуҳи зиёде мекард.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё