Абдуғаффори Партав. Кадхудо

Абдуғаффори Партав дар иншои ҳикоя, қисса ва роман сабку услуби бадеии хоси худро пайдо кардааст. Ӯ осори худро тавре ба қалам меорад ва аз печу тобҳои зиндагӣ мегузаронад, ки басо муассир, ҳаяҷоновар ва хотирмону ибратомӯз ба назар мерасанд.
Валиев Султон · 21 ноябри 2024 · 22 саҳифа
Ин гирумони ҷавон пеши назари Умар пумбакореро мемонд, ки ғайри ихтиёр ба қассобӣ водораш кардаанд ва ӯ дар фикри он аст, ки баъди сар бурдану пуст кандани чорво, боз бояд чӣ бикунад, кадом узви онро бурида ҷудо созад. Лаҳзаи ин андешаҳо дами корд ба санги фасон пасту боло бурда, тез мекунад, чӯбчаеро қалам мезанад, то бурро шудану нашудани кордашро фаҳмад, ҳарчанд ки пеш аз сар буридани чорво онро санҷида буд, вале ҳозир дар асл фикраш банди ҳамон буд, ки гуфтам.
Силоҳбадастоне, ки дар офтобрӯяи паҳлуи роҳи морпеч гирди ҳам омада, аз ҳар кую дар гарми суҳбат буданд, бо наздик омадани Умар, яке пои дароз кардаашро пас кашид, дигаре нишаста буд, рост шуд, севумӣ донаки офтобпараст мехӯрд, аз хӯрдан бозистод. Умар ишорасалом дода гузашт ва чанде рафта, нарафта, гӯё чизе ба ёдаш расиду баргашт, баргашт ба назди онҳо.
– Бародарҳо! Ёдатон ҳаст, рӯзҳои аввали ин ҷо омаданамон атроф чӣ сон тозаю озода буд? Ва акнун бубинед, ба чӣ ҳол афтодааст? Раҳми кас меояд. Охолҳои зиёде атрофатон ҷамъ шуда, аз бефарҳангии мову шумо дарак медиҳанд. Ҳоло аз бекорӣ шикам хорида, почаки касеро хоида, ғайбат кардана, ки бузургтарин гуноҳ аст дар дини мо, хезед якетон ин зарфҳои обхӯраю дигаре коғазу латапораҳо ва севумӣ ана онҳоро, – сӯи дигар пасмондаи хӯрокҳо ишора кард Умар, – ҷамъ кардаву бурда дуртар аз назари одамон партоед. Атрофро ҷорӯб занед, як кас бубинад бовар кунад, ин ҷо одами зинда ҳаст. Одами равӣ баринед. – дид, ки баъди ин қадар гуфтор боз ҳам ором нишастаанд, ба зарда таъкид кард: –
Ҳа! Як куна ковок кунед! Каси дигаре нест ба ҷойи шумо ин кора кунад…
Ҳеҷ кадоме аз ин ҷавонони силоҳбадаст аз ин пеш дар ҷомеа вазифаю мартабаи баланд надошт, вале бо вуҷуд чидану рӯфтани атрофи қароргоҳро барои худ ор ва кори пасту нанг дониста, ҳатто баъзеашон як навъ худро таҳқиршуда пиндошта, ҷабин гирифта, зери лаб ба пичир-пичир даромаданд. Баъде Умар аз ҳадди овозрас дур шуд, яке аз онҳо, ки ба назар таҳамтан метофт, ба дигаре гуфт: – Мирзик! Хез рав, аз ҳамон сари кӯча ягон сияҳтолеъа шатакаш карда, пешандоз биёр, инҷоҳоро рӯбучин карда, об занад.
Бачаҳо! Суханаш сахт расад ҳам, рост аст!
Биное, ки ҳоло онҳо дар бари саҳни он менишастанд, дар сари теппаи баланду суфамонанди барҳавои деҳа буд, ки муваққатан барои дарсҳои варзиш, ибтидоии ҳарбӣ ва анбори мактаб бо ҳашари мардум сохта шуда буд. Дар баҳорон атрофи он аз гулҳои худрӯи ҳархела зебою нақшин менамуд. Аз ин ҷо қисмати зиёди деҳа чун дар кафи даст пеши назар мерасид, ба қавли Назари муаллими ҳарбӣ мавқеи стратегӣ дошт. Дастаи «Фидоиён» дар аввал:
«Мо танҳо анборро қароргоҳи худамон мекунем», гуфта оҳистаоҳиста ҳамаи ин биноро тасаруф намуданд. Ҳоло Умар хитоба ва дигар панду ҳикматҳо: Дониш ҷавҳари ҳастист! Бикӯшед, то соҳиби дониш шавед! Ақли солим дар тани солим! Адаб тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост!-ро, ки дар девори бинои мактаб насбшуда буданд, дида, димоғи бе ин ҳам гирифтааш, ба сӯзиш даромад:
– Ин ҷо, имрӯзҳо мебоист фарзандони мардум дарс меомӯхтанд, илму адаб мегирифтанд, на ин, ки тарҳи ҷангу одамрабоӣ бикашанд, – аз дил гузаронид ӯ. – Худоё, ақлҳои тираи мардуми моро рӯшан бисоз, то ба фаҳми неку бад бирасанд, аз оқибати корҳо биандешанд, аз амалҳои баду нопок бипарҳезанд, рӯ ба сӯи корҳои неку созанда гардонанд. Ва ин биноро ба манзури худаш бозгардонанд.
Одамӣ барои худ сарнавишт месозад? Вале онҳое аз пайи сарват рафта, барои он ба ҳама кор қодиранд, аз оқибати сарнавишти худ боре меандешида бошанд, ки барои худ чӣ месозанд?..
Умар бо зикри розу ниёз вориди долони мактаб шуд. Тасбеҳи аз санги фирӯза бо пупаки хурмоиранг, ки мегуфтӣ ҳеҷ гоҳ аз ӯ ҷудоӣ надорад, дар дасташ дами роҳравӣ ҳой мерафт. Ба гуфтае санги фирӯза хосияти ҷуръатбахшӣ ва табобатӣ дорад: ба меъдаю рӯда ва гурдаю дигар узвҳои одамӣ нерӯ бахшида, ба корҳои соҳиби он барор меоварад. Бар замми ин, одамони фолбину хурофотӣ як олам сифату хосиятҳои неки дармонбахширо ба санги фирӯза нисбат медиҳанд.
Силоҳбадасти навбатдор, кӣ будани Умарро хуб медонист, бо вуҷуд ба хотири риояи низом, пеши роҳаш гирифта, ҳурмат нигаҳ дошт, бо мулоимат ва оҳиста гуфт: – Ҳазрат, як нафас сабр мекардед. Ман аз ҳазрати Вакил иҷозаи даромадан пурсам.
Умар чуну чаро раво надида, мисли шогирди ба дарс дер омадаву мунтазири ҳукми устод аст, ки ба ӯ чӣ мефармуда бошад, маътал шуд. Силоҳбадаст зуд баргашта, бо самимияте, ки чандон ба ӯ хос набуд, хабар дод: – Ҳазрат шуморо интизоранд, марҳамат кунед.
Бо вориди дафтари кории дастаи ба ном «Фидоиён» шудани
Умар, ки ҳоло дар он Вакил ва Боири раис нишаста буданд, ба истиқболи ӯ ҳар ду аз ҷой бархостанд. Вакил баъди салому алайк ба
Умар ҷойи нишаст ишора карду гуфт: – Шумо ҳам аз масъала воқиф шавед. Ин касро мешиносед ё не? – ҳанӯз Умар дар ҷавоб ҳа ё не, нагуфта, ҷониби Раис ишора карда, парда аз роз бардошт: – Ин кас акои Боир, раиси машҳури диёр ҳастанд. Аз Абдуғаффори Самад ва
Миралии Маҳмадалӣ дар шаъну шуҳрат ва корҳои хоҷагӣ сари мӯе камӣ надоранд, балки метавон гуфт дар баъзе масъалаҳо аз онҳо гузароӣ доранд. Дар навбати героӣ, ана имрӯз мегирам, пагоҳ мегирам буданд, ки тавре мегӯянд: кори дунё ба муроди дили доно нашавад, толеашон пастӣ карду сохти шӯравӣ барҳам хурд…
– Оё дар ин диёр касе ҳаст, ки ин касро нашиносад? – баъди муқаддимаи Вакил тасаллӣ ва суханашро идома дод Умар. – Мехоҳам дар ибтидо, қабл аз он, ки ба суҳбати шумо идома диҳем, як чӣ пешниҳод карда, фикри шуморо фаҳмам: ба ростӣ ин фикр раҳораҳ ба сарам зад: шербачаҳои мо, Худо тавфиқ рафиқ гардонад, чашми бад нарасад адаб доранд, лекин сарулибосҳои ҳархела мепӯшанд: яке бо ҷома, дигаре бо кастюми варзишӣ, севумӣ ҳарчи Худо додаву ба даст афтода, ба тан кашидааст. Барои пешгирии таънаву маломати эҳтимолии мардум, ки пагоҳ нагӯянд: «Бачаҳои почакандаи бе аҳлу насаб ҷамъ оварда, «Фидоиён» ном гирифтанд». Чӣ мешуд, аз домани як каси олиҳиммате бигирем, ки ба мо ёрӣ диҳад, бачаҳоро сарулибоси якхела пӯшонем, мисли аскарҳо, одами дидагӣ ҳавас хӯрад, ба хусус ҷавонҳои хун дар ҷӯш, ҳарчи бештар майли ба мо ҳамроҳиву ҳамкорӣ кунанд. Ин
Худоростоварди кора бинед, ҳамун хел одаме, ки ба ӯ умед баста, аз доманаш гирифтан мешавад, Раис ба пои худашон омадиян…
«Ба шаъну эътибори ман иқроранд, лекин чува ҳурмат нигаҳ намедоранд?» – аз дил гузаронид Боири раис, андешаи он накарда, ки ҳурмату эҳтиром ҳам гузаранда аст, яксон ва якумрӣ намемонад.
– Масъалаи раҳораҳ дар саратон пайдошударо, агарчи лоиқи андеша аст, бо чанде майда чуйдаҳои дигар дар машварати худамон ҳаллу фасл мекунем, – пеши сухани Умар гирифта, гуфт Вакил ва ҷониби Боири раис рӯ гардондаву бо даст ишора намуда, афзуд: – Ин кас ҳолӣ омадиян, мегӯянд, ки: «Писари мана бо як духтараки урус бачаҳои шумо рабудаанд…».
– Наузанбиллоҳ! Раис аз куҷо медонанд, ки онҳоро маҳз шербачаҳои мо рабудаанд?! Барои ҳар гумоне, хоҳ хуб, хоҳ бад санаду далел мебояд? – аз ду бари гиребони ҷелаки осмонирангаш дошта, мисли ин ки суханҳо сари забонаш мечархиданд, зуд пурсид
Умар.
– Далелам ин ки, – Боири раис дами нишастан, кафҳо ба ҳам васл ва бозувон сутун карда, вазни худро болои зонуҳо партофта буд, қомат рост гирифта, дари роз боз кард: – кампирҳои ҳамсоя, ки мегӯӣ сари дидбонгоҳ нишаста, вазифаи нигаҳбонӣ ба ҷо меоварда бошанд, ҳамабохабаранд, онҳоро дидан замон, ҳакҳаккунон давида ба хонаи мо омада, ба ҳамсарам ин хабари шум расонидаанд. Вай мисли ин ки лаби бом афти шуми чуғз дида, ё қар-қари зоғ шунида бошад, аз ҳуш рафта, ба ҳуш омадан замон бечора чӣ кор карданашро надониста, ба толеъаш телефон кор намекардаст, аз миёни кӯчаву паскӯчаҳо миёнабур гузашта, мӯканону рӯканон давида ба сари ман – идора омад. Аз он ки бачаҳои шумо рабуда ва дами об чим зада, сими телефони хонаи маро буридаанд, тахмин не, сад дар сад бовар дорам. Чунки имрӯзҳо дар ин гирду ваноҳ ба ҷуз бачаҳои шумо дастаи дигаре гирудор ва худнамоӣ надорад, ғайр аз ин, касони дигаре ба ин кор ҷуръат ҳам намекунанд: куни худ ба шохи гов ҷанг андозанд. Вале ҳоло, бародарон, муҳим дигар чиз аст, – раис инро гуфта, шояд ба хотири таваҷҷуҳи ҳамсуҳбатони худро бештар ҷалб намудан бошад, дам фурӯ баст ва ба чеҳраи онон тавре нигарист, ки фикри онҳоро нагуфта ҳам, аз авзояшон пай барад.
Вақте Боири раис хомӯш гашт, аз дили сарвари дастаи «Фидоиён»
Вакил гузашт: Худо худаш медонад, ин мард ба сари чандин кас оби сард рехтаю чандин хонаю дари обод валангор кардааст. Чандин нағмаҳое дар ин диёр сар зада буд, ӯ ба осонӣ ва оромӣ ҳал кард, агар ҳаллу фасли онҳо ба суду пуркурор оид мешуд, шакке нест сабабгорон аз хонумон бенасиб гашта, боз равонаи дорулахлоқ мешуданд.
Вай рӯзҳои неку бад, аз носозиҳои оилавии коргарон сар карда, то кашмакашҳои доираи хоҷагиву идораҳои дигари маъмурӣ бисёр дидааст, ки аз хатари ба сари фарзандаш омада ҳам, ифшои ошуфтагию ноҷурӣ накарда, бо виқору боварӣ ҳарф мезанад. Ҳар як суханашро мегӯӣ дар мизони ақл баркашидаю санҷида, ҳатто ба таъсиргузорияш эътибор медиҳад-е. Аз афти кор қудрати сухан медонад, ба ранги командирҳои нақлкардаи падарам: Ракассовский буд ё Жуков? Ҳа-а, шакке нест, ки гурги болондида аст! – ба ҳайкали қавию тамкин ва руҳи тавонои Боири раис ҳавасаш рафт. Дар чунин ҳолат каси дигаре мебуд, аз оҳу воҳ, зориву тавалло ва фарёду фиғонаш гӯши фалак кар мешуд, вале ин. Ҳо-о, худи ҳамун командирҳо барин, ғурураша бин! Не, ҳолӣ сабр кун, мебинем, ин ғурур то чӣ андоза тобовару матин аст, – аз дил мегузаронид Вакил.
Ин дам аз беруни хона тапар-тапар овози равуо ва гуфтугӯи силоҳбадастон ба гӯш мерасид. Боири раис дид, ки касе аз ҳозирон аз ӯ чизе намепурсад, гӯё ба чӣ гуфтану нагуфтани ӯ таваҷҷуҳе надоранд, ки: «Чизи муҳим чист? Чиро дар назар дорӣ?».
Баъди чанде таваққуф худ ба забон омад: – Касе, ки дар ин диёр ҳукмаш ба хурду бузург раво буд, касе ҳурбаи на танҳо ба ӯ, балки ба сояаш ҷуръати рост нигаҳ кардан надошт, имрӯз… Ба ӯ пешхезиву гапгардонӣ мекунанд. Инрӯзҳо ҳам мегузаранд. Насиб будаст… Худо маро ба шумо корафтода кард. Кӣ мегуфт?..
Ин суханон ба фаҳми Вакил мисли таҳқир расиданд ва нагузошт раис идомаи сухан бикунад.
– Чорасозон дар илоҷи кори худ бечораанд, гӯед?! – пеши сухани Боири раис гирифта, таънаомез луқма дод Вакил. Бо ин ҷуши дилаш пасанда нагашта, боз заҳр зад: – «Кӣ мегуфт?», ки рӯзе мерасад, садаспа ба як асп зор мешавад?
– Биёед талху киноягӯӣ як тараф гузорему аз рӯи ақл кор бигирем, на хулиганию авбошӣ! – андаке хиҷилнамо дар идомаи сухани Вакил таъкид кард Боир. – Дар навбати аввал, муҳим он аст, ки шумо писар ва келиншавандаи маро ҳамин замон раҳо кунед. Ман зорӣ дораму зӯрӣ не.
– Ҳа-а! Худое, ки болову паст офарид, Забардасти ҳар даст даст офарид, – боз пеши сухани Раис бо тамасхур гирифт Вакил.
– Хоҳиш мекунам, Вакил! Худро ба даст бигиред, – мусолиҳаомез таъкид намуд Умар, вале Раис нишони ранҷише зоҳир накарда, бо ҳамон таҳаммулу оромӣ ба арзи матлаб идома дод:
– Қасди шумо аз ин амал чист? Бепарда гӯед. Агар нафъе хостанӣ ҳастед, ба ман ошкоро гӯед. Ман қудрате дорам, ки хостаи шуморо бароварда созам. Медонед ё не, тавре гуфтед, хоҷагии мо дар ҷумҳурӣ яке аз калонтаринҳост. Аҳолиаш ҳам ба Худо шукр, аз ду ноҳияи вилояти Бадахшони куҳӣ – Роштқалъаву Мурғоб зиёдтар аст.
– Аз ҳунару маълумот чақ-чақ кунед, Раис! Рамаи зиёди гӯсфанд дар ин замона ба дарди кӣ мехӯрад?! – бо ҳамон дуруштии аввала имкони ба Раис сухан гуфтан надода, таъкид намуд Вакил. Ва боз ҳам чи таънаи дигаре карданӣ буд, ки Раис мисле, ки нисбат ба ӯ ягон беҳурматие зоҳир нашуда бошад, оромона идома дод:
– Офаридгор ва табиати ғамхор ба мардуми хоҷагии мо лутфу марҳамати хубе кардааст. Хоҷагии мо ба мисли ҷумҳурӣ, ки дар миёни давлатҳои дунё аз бисёр ҷиҳат фарқ мекунад, нодиртарин аст: мо соҳаи пахтакорӣ, полезу сабзавоткорӣ, ангурпарварӣ ва асппарварӣ дорем. Чашм нарасад, парвариши меваҳои ситрусӣ ҳам дар гармхонаҳои мо натиҷаҳои хуб дода истоданд. Заводу фабрика дорем, хурд бошанд ҳам, муҳим он аст, ки дорем. Ин ҳамаро гӯсфандон не, одамони бомаълумоту ҳунар саришта мекунанд, бе донишу ҳунар мақсуде ба бор намеояд… Бародар Вакил, ба назарам номи аслиат дигар буд, ку? Ё дар ин чанд муддат ки ҳамдигарро надидем, тағйири ном кардӣ? Дигарон ба ному фомил зодаву ӣ ва ниё ҳамроҳ карда бошанд, худат батамом аз баҳри пешин гузаштаӣ, чӣ?
Вакил дар ҷавоб оҷиз монда, дандон ба дандон гирифт, ба ҳоле худро аз ғазаб ва амали носавоб нигаҳ дошт. Вале арғувонӣ гаштани чеҳра ва паридани мушакҳои зери чашмони калону гирояш ҳолати асабонияти ӯро ҳувайдо сохтанд. Вай омода буд ба ранги боксиёрон на ба сухан, балки бо мушт зарбаи ҷавобӣ гардонад. Дар чеҳра ва сухан оромиву нармӣ нигаҳ доштани Боири раис, нишоне аз ранҷиш дар ӯ мушоҳида нашудан, Вакилро аз ин амал боздошт, вале бо вуҷуд бо оҳанги дурушт таъкид кард:
– Шарҳи ин масъала ба дигар вақт мавқуф мегузорем!
Алҳол…
– Алҳол, – гуфтаи охири ӯро такрор карда, Боири раис афзуд:
– Пул мехоҳед, чиз мехоҳед, ман ба шумо пул медиҳам, чиз медиҳам. Зуд хоҳед, зуд, дер хоҳед дер. Кай ва дар куҷое, ки хоҳед. Пеши шумо мункир намешавам, кам не, ғам не, ман пули ҳанггуфт дорам. Лекин беҳтарин сарвати ман фарзандонам ҳастанд. Барои бахту толеи хуши онҳо ҳеҷ чизро дареғ намедорам,
– вай инро гуфта, ин дафъа шояд ба хотири ба онҳо фурсати андеша додан буд, ки то дер дам ба дарун кашид. Ва баъде дид, ки аз куҳ садо меояду аз онҳо не, боз худ афзуд: – Духтар мехоҳед? Зан мехоҳед? Дар ҷои мо шукри Худо, аз ҳама дору надори дунё фаровонӣ аст. Духтарони ҳурлиқои паричеҳра зиёд дорем. Миёнашон мактабхондаи даҳ ангушташ ҳунар ва хонашини бибиотунтабиати ғайри намозу иҷрои аҳкоми шариат фикри дигаре дар сар надошта, ҳам ҳаст…
Вай дар сифати духтарон боз чизи дигаре афзуданӣ буд, ки Вакил тамасхуромез тану тӯш ларзонда, хандид ва имкон надод Боир сухан идома диҳад: – Андешида гап занед, Раис! Мо, аз ҷумла шахсан ман, ҳамон тавре падари раҳматиам дар ҷанги муқобили фашистон ва кори хоҷагӣ содиқона ҷангидаву хизмат карда, ягон ғиромӣ раво надидааст, силоҳ ба даст гирифтаам. На барои қонеъ кардани нафси шахсӣ, балки барои шукуфоии Тоҷикистони азиз қиём кунам! Барои пок кардани нопокон, сафсатаҳои бепоя аз ин диёр! Рӯшан сохтани мағзи олудаи одамон аз каҷравию ҳарзагӯӣ ва ҳилаю найрангҳои коммунистӣ! Дар 70 сол идеологияи коммунистӣ моро на танҳо аз фарҳанги пешину қадима ҷудо сохт, аз хешу табори ҳамхуну ҳаммаслаку ҳамфарҳанги Эрону Афғонистон канда кард, балки мағзи моро бо андешаҳои фачу лачи бепояи коммунизмсозӣ сирояту заҳролуд намуд…
– О, як вақтҳо ба хаёлам, худат ҳавою ҳаваси коммунистӣ доштӣ ку? – раис маврид мувофиқ дида, неш зад: – Чӣ хел коммунист шавам, гуфта на шаб хобат мебурду на рӯз ором доштӣ. Хотираам кундӣ накунад, ба назарам як-ду касро ба ман восита карда, миёнашон як арӯсак ҳам буд, ваъдаи ину он ҳам дода будӣ?
– Раис! Аламам тоза накунед! Гуфтам ку?! Ифшои ин қисса ба дигар маврид мемонем. Вақту мавридаш мерасад, ки: дурусту нодурустии хаёлу гумонҳои шуморо бо рӯзу соат ва тафсилоташ, ёдатон биёрам!
Боз хомӯшии риққатовар дар миён омад.
– Аз суханони шумо ман каме дар ҳайратам, Раис, – мавзуъро ба дигар сӯ кашида, ба гап ҳамроҳ шуд Умар, тасбеҳи фирӯзагии худро тавре ҳар муҳраро ҳисоб мекарда бошад, бо мулоимат ба гардиш дароварда, ба умеди он ки лаҳзаи гардиш асари нафъбахшии фирӯза бештар мешуд бошад. – Дар маҳали шумо «духтарону занони ҳурлиқои паричеҳраи даҳ ангушташон ҳунар ва отунтабиатҳои дар роҳи Худо риёзаткаш» кам набошанд, ман намефаҳмам, пас барои чӣ писари шумо аз Русия арӯсшаванда овардааст? Ё ин амал ягон маънии нуҳуфтае дорад, ки ақли мо бандагони хокӣ намегирад?
– Ҳеҷ гуна маънии нуҳуфта надорад! – ба таҳти сухани Умар расида, бори аввал Раис ранҷидахотир овоз баланд кард. – Ман ва писарам ба касе қасди бадӣ кардан надорем! Тарҳи ягон амали носавобе, ки боиси нигаронӣ шавад, накашидаем ва ният ҳам надорем…
Умар ҳама матлаби дилаш нагуфта будааст, ки фурсати идомаи сухан кардан ба Боири раис надода, боз афзуд: – Бисёр мехоҳам ба гуфтаҳои шумо эътимод дошта бошам, лекин чӣ кунам, ки андешаи солим маро сӯи дигар мекашад. Аз рӯи ақлу мантиқ фикр кунед. Шумо мегӯед, ки пули ҳангуфт доред. Оё бо ҳамин васила онҳоро ба гардиш дароварданӣ ку нестед? Дили ман аз шумо ҷавоби қаноатбахш мехоҳад, на суханбозӣ, ҷаноби Боир.
– Кадом васила? Чиро дар назар доред?!
– Аз Русия арӯс овардани писари шуморо дар назар дорам.
– Аз дигар маҳал арӯс овардан магар васила аст?!
– Бале. Чунин шуданаш аз эҳтимол дур нест! Ба хусус дар ҳамин шабу рӯзҳои бесарусомонии Тоҷикистон! Чунки шумо бо русҳо пайванди хешутаборӣ баста, баъд аз он, бемалол «пулҳои ҳанггуфтатон»-ро ба василаи хешони наватон ба гардиш дароварданиед.
– Бисёр бадгумон нашавед, бародар Умар, ки бадгумонӣ касро аз имон дур месозад, – бо овози ларзону оҳанги ҳазин таъкид кард
Раис. – Дар ин рафтори писари ман ҳеҷ гуна васила ва амали носавоб нуҳуфта нест. Шумо ку бачаҳои ноболиғи ҳарзагӯи кӯча нестед, умеди дар оянда сарварию раҳбарӣ доред, бояд бифаҳмед, ки ин ҷо кори дил аст. Ба дил фармон дода намешавад, ки инро бигиру онро интихоб бикун. Ба хусус ба ҷавонҳо дар боби ишқу муҳаббат ва боз дар ин замонаи беқурбии расму русум ва бенизому тартиб, ба гуфти шоир «даври қамар» ҳеҷ гуна ҳукм раҳрав нест. Ғайр аз ин, аз дигар мулку диёр арӯс овардану бо намояндаи миллати ғайр хонадор шудан, писари ман на аввалин асту на охирин. Як бор чашми дилу дида боз намуда, ба атроф назар кунед: ин падидаи нав нест, на танҳо дар ҳаёти мо тоҷикон вуҷуд дорад: сарварони давлату ҳукумат, адибону донишмандон, фарзандони онҳо дар замони шӯравӣ бо киҳо пайванди хешу таборӣ кардаанд.
Балки инро шумо ҳам медонед, дигарон ҳам. Боз мегӯям: ин падидаи нав нест! Аз қадим вуҷуд дорад. Дар ин мавзуъ адибони гузаштаву имрӯза асарҳо навиштаанд. Якеш «Арӯс аз Масков»-и
Турсунзода аст, ки хонда ё шунидагистед. Биёед, беҳтараш давои раҳоии дарди маро андеша кунем. Бори дигар мегӯям: зорӣ дораму зӯрӣ не. Аз шумо хоҳиш дорам: Писари мана бо арӯсшавандааш, ба мӯйяшон хор нахалида, ҳарчи зудтар аз банд раҳо кунед. Ман ягон мақому найранги беҷо, бузбозӣ раво надида, баробари озод шудани онҳо, чанд пуле гӯед, ба шумо пешкаш мекунам.
– Писаратонро ҷавоб диҳему духтарро не, чӣ мегӯед?! – айёрона ҷониби Умар чашмакӣ зада, таҳдор гуфт Вакил.
– Гуфтам ку. Ба шумо духтар лозим бошад, чанде хоҳед, чи хеле хоҳед, меёбам… – Ин дафъа ваъдаи Раис шунида, мисле ки чеҳраи Вакил шукуфт. Вале Раис ҳамоно ба суханаш идома дода, нагузошт шодии Вакил то дер идома ёбад: – Лекин сари вақт мегӯям: дар ин миён як гап ҳаст: бо ризояти тарафайн, волидайни онҳо ва бо никоҳи мусулмонӣ, ин кора мекунем, – вай тааҷҷуби онҳоро пай бурда, тавлиди эҳтимолии фикри ғалати онҳоро, балки метавон гуфт, фосиқию ҳаромии онҳоро пешгирӣ карданӣ шуда, мақсад шарҳ дод: – Алҳамдуллилоҳ мову шумо мусулмонзода ҳастем…, – ба гумонаш гуфтаҳояш ба ҳамсуҳбатон асар карданд, ки суханонаш боварибахш ва оҳанги насиҳат гирифтанд: – Агар муроди шумо «беҳбудии Ватан, зиндагии мардуми Тоҷикистони азиз» бошад, «ба шукуфоии он камар бастанӣ бошед», хоҳиш мекунам, аз қадамҳои нахустин боэҳтиёт бошед. Беҷо қадам нагузоред, ки мардум ҳамабин аст. Хотираи хуб дорад, баду некро то дер дар зеҳни худ нигаҳ медорад, ба наслҳои баъдӣ боқӣ мегузорад…
Пас аз соҳибистиқлол шудан дар маркази ҷумҳурӣ ва вилоятҳо ба ранги гулҳои худрӯйи баҳорӣ – созмону ҳизбҳо, ҳар гуна дастаҳо бо номҳои зебою дилфиреб пайдо шудаанд, муродашон чист, ҳадафашон кист, кас намедонад?..
– Лекин ҳадафи мо, – зуд пешгирӣ кард Вакил, – чун рӯз рӯшану чун машъал тобандаю пурҷозиба аст. Гуфтам ку?! Фидоиёни мо, Худо тавонашон бахшад, барои покии Ватан аз ҳар гуна фитнаҳо, сифлаҳо, идея ва мафкураҳои по дар ҳаво, ки ба ширинӣ мардумро ба роҳгумӣ андохта буданд, набарду муборизаи беамон мекунанд…
– Ҳамаи ун дастаю созмонҳо ҳам аз одаму одамгарӣ, ободию шукуфоӣ, рушди кишвар, идеяҳои башардӯстона ҳарф мезананд.
Лекин… (мехост гӯяд: оё шумо ягон ҷо сабти ном шудаед, оиннома доред, ё чанд авбошу шӯрапушти бесар якҷо ҷамъ омада, ба ном созмони «Фидоиён» таъсис дода, бедодӣ доред? Вале ҳамоно масали маъруф ёдаш омад: Аз касе тарс, ки аз Худо наметарсад ва аз ин пурсиш истиҳола кард): – ва ба маънии намефаҳмам, китф дар ҳам кашида, боз ба сухан идома дод Боири раис: – Ҳозир, ман барои он ин ҷо наомадаам, ки худро дар назари шумо оқилу фозил, сиёсатмадор ҷилва диҳам ва кору пайкори дигаронро пеши шумо таҳлилу натиҷагирӣ кунам. Дарди худам, дарди оилаам, дарди ҷомеа ва диёрам ва боз ин айби дигаре, ки шумо ба сари ман бор карданӣ ҳастед, гумони бад доред, (ҳамкории пинҳонӣ бо
Русия) маро азият дода, безобита карда, ба ин ҷо овардааст. Аз ҳамун вақте бачаҳои шумо писару арӯсшавандаи писари маро рабудаанд, хонаи мо мотамсаро гашта, садои нолаю шеван ҳаду ҳамсояҳоро на шаб, на рӯз ором мегузорад. Кас аз миёни хешутабор ва шиносҳое, ки ба тасаллӣ ва дилбардории мо дар хона ҷамъ шудаанд, гузашта наметавонад… Боз дар озод кардани онҳо чанде дигар таъхир кунед, яқин ки ин нолаю шеван то гӯши дивизияи 201 – уми Русия дар Тоҷикистон ҳам мерасад. Охир шумо на танҳо писари маро, балки шаҳрванди Федератсияи Русияро ҳам гарав гирифтаед. Онҳо аз ин амали нопоки шумо воқиф шаванд, шубҳае нест, ки ором наменишинанд. Тоҷик аст, ки имрӯзҳо пеши ҳам қадр надорад…
– Чӣ?! Шумо моро тарсонданӣ омадаед?! – ба таъбири маъруф мисли хуруси ҷангӣ парпарак ҷониби ӯ дастак зада, гуфт Вакил.
– Не. Худо нигаҳ дорад. Ман танҳо шуморо аз оқибати ин амали талху носавоб огоҳ карданӣ ҳастам. Гуфтаниам, ки бо думи шер бозӣ намекунанд. Русҳо мисли мо мардуми тоҷик ба қисмати шаҳрвандашон бетафовут нестанд. Меандешам, ки бо рафтори беҷои як-ду хирасари дастаи шумо, ба сари диёри азизамон ягон фалокат набиёред. Ҳамон тавре Баҳриддин гуфт: Ба хотири кайк пустин оташ нагирад!
Онҳо ба дурустии суханони Боири раис шубҳа надоштанд, вале ба иқрор кардан ҳимматашон намерасид, забонашон намегашт. Аз ҳолату суҳбати ноҷур ҳама ошуфта гашта, муҳри хомӯшӣ ба лаб зада, саргарми андешаҳои худӣ шуданд. Аз беруни дафтари корӣ
– даричаи боз ин дам бар замми овозҳои равуо, мисле ки идомаи майдоннишинии Душанбе ин ҷо кӯчида бошад, гуфтугӯ ва садоҳои ҳархела меомад: яке ба таври худ суруд замзама мекард, дигарон бо ҳам гапфаҳмониву гапгардонӣ ва баҳс доштанд: – Гуноҳи аввал аз майдоннишинон сар зад. Агар аз кори хонаву дар монда, дар майдон каҷпаҳлу намезаданд. Балки майдонҳоро минбари ваъзгӯӣ қарор намедоданд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё