Зеҳн
Абдуғаффори Партав. Кадхудо

Абдуғаффори Партав дар иншои ҳикоя, қисса ва роман сабку услуби бадеии хоси худро пайдо кардааст. Ӯ осори худро тавре ба қалам меорад ва аз печу тобҳои зиндагӣ мегузаронад, ки басо муассир, ҳаяҷоновар ва хотирмону ибратомӯз ба назар мерасанд.

Валиев Султон · 21 ноябри 2024 · 22 саҳифа

Ҳикоя

ҲИКОЯҲО

МЕҲРИ БОБО ВА НАБЕРА

Мӯйсафед рӯйи бистар дароз кашида печутоб мехӯрд. Дарди ҷонкоҳ ӯро азият медод. Ба хотири таскини дард ӯ ба даҳон дору партофт. Лаҳзае пас дид, ки нафъ набахшид, дигар даво истеъмол кард, боз ҳам дард пасанда нашуд. Дар панҷаи дард бо давою нолиш овора буд ӯ, ки овози набераи азизи дилаш аз хонаи паҳлӯӣ ба гӯш расид.

Духтарашро ҷеғ зад, ҷавоб нашунид, келинашро садо кард, ҳамчунин акси садо набуд, ҳамсарашро фарёд кард, на пай буду на Ҳайдар. Худи набераашро ҷеғ зад, аз ӯ ҳам ба ҷуз овози гиряи ҷонкоҳ садое нашунид. Тагу рӯйи болишҳо кофт, аз телефони мобилӣ дараке наёфт, ки занг зада, касеро аз аҳли хона даъват бикунад.

Ин дам дарду фикри дорухӯрӣ аз ёди ӯ рафт. Ҳама ҳастиаш банди он буд, ки набераҷонаш аз барои чӣ ин қадар гиряи талх мекунад? Ҳарчанд кӯшид, аз ҷой хестан натавонист. Ноилоҷ интизор шуд, ки касе аз дар дарояду аз ҳоли набераи азизи дилаш ӯро огоҳ кунад.

Гиряи талхи набера дилу ҷони ӯро ба бозӣ дароварда буд.

Овози синҳорашро(келинро) шунидан замон ӯро садо кард.

– Лаббай, падарҷон! – овози падаршӯяшро шунидан ҳамон ҳозир шуд ӯ.

– Ҷони падар, набераи ман барои чӣ гиря мекунад? – як навъ бо таҳлука пурсид бобо.

– Пишакчааш шир намехӯрад, барои ҳамин, – гуфт келин.

Аз дари боз, овози тифлак меомад:

– Бухӯр, бухӯр! Бубин, бобоҷон нахӯрдаст, вава шудаст. Укол кадан. Бухӯ, бухӯр…

Мӯйсафед фориғ аз ташвиши набера паҳлу гашт ва боз асири дарди ҷонкоҳ ва дил ба умеди асари даво шуд.

БОЗИИ ҚИСМАТ

Ба академик Раҳим Масов мебахшам.

– Худоё, ин туӣ, Юсуфи гумгашта?

– Бале. Манам. Лекин надонистам, ки туӣ.

– Худоё, ин чӣ тасодуфест?!

– Тасодуф не, шояд бозии қисмат бошад…

Онҳо аз дилу ҷон мехостанд ҳамдигарро ба оғӯш бикашанд, бӯсу канор ва аз гузаштаю имрӯза суолборон бикунанд, вале алҳол назди одамони ғайр одоб нигаҳ дошта, ба ҳолпурсии кӯтоҳ ва муборакбодии тӯй қаноат намуданд.

Ҳамсари соҳибхона Зарҳал, зани тахмин синаш аз чил-чилупанҷ гузашта, дар нисбати солаш ва дигар хешу таборон, ки бар асари фалокатҳои даврони ҷанги ба номи бародаркуш ёд мешавад, гӯё дар ҷавонӣ пир гаштаанд, хеле тару тоза менамуд, ба хусус бо ин куртаи хонатласи қаратоғии ба тан шинам, ки ба хотири ҳамин рӯзи муроду шодӣ, чевари чирадасти шаҳри Душанбе Машона навбати чанд каси дигар сарфи назар карда, дӯзонда буд, бо чеҳраи шукуфтаю гулгун ва малоҳату дилрабоӣ, мегуфтӣ парии обиро мемонад, пайдо гашт.

Вай агарчи мӯйи ба қад баробар надошт, бо ин ҳусну зебоӣ дар озмуни «Чакомаи гесу» ширкат меварзид, яқин ки ҳакамонро шефтаи худ мегардонд. Ҳоло ӯ аввал ба меҳмонон тӯйю хурсандиро муборак гуфт ва баъд ҷониби шавҳар гашта, бо лаҳни нарм, ки ёд аз чаҳ-чаҳи булбул мекард, таъкид намуд:

– Орифҷон, чӣ меҳмононро сари роҳ ба гап гирифтаӣ? Зудтар ба хона даъват бикунӣ намешавад? – инро гуфта, худ муроот кард:

– Биёед, биёед, хуш омадед. Сафо овардед, қадаматон нури дида! Ин рӯзи муроду шодиро Худо ба якояки шумо ҳам рӯзӣ бигардонад, – вай бо ҳар кадоме аз меҳмонзанҳо дастурӯбӯсӣ карда, ба ҳавлӣ раҳ намуд.

Ориф аз ҳамлаи ғайриихтиёрии изтиробу ҳаяҷон, ки аз дидани Афшана вуҷудашро такон дода буд, ба ҳоле худро ба даст гирифта кӯшиш намуд, ҳамсараш, балки на танҳо ӯ, сабаби ошуфтагияшро пай барад ва чуну чаро раво бинад, барои ҳамин ҳам, зуд ба тасдиқи сухани кадбонуяш сар ҷунбонда, гуфт:

– Ҳақ мегӯяд! Худову ростӣ, ман аз шодӣ худро гум кардам.

Марҳамат кунед, ин тараф гузаред…

Орифу ҳамсараш, ақрабои эшон меҳмононро ҳамроҳӣ карда, баъди қадаме чанд хаёли Ориф ба куҷоҳое, ки рафту рафт… Баҳси онрӯзаро ба ёд овард: «Ин Танзими расму анъана… ба ҷавонҳои инзамона чироғаки сабз шуд, Худо дод. Имрӯз шинос шудаву пагоҳ мебинӣ, тӯй кунед, мегӯянд. Як дам фикри дору мадори хона, маънии тӯйю хонадоршавӣ аз зеҳнашон намегузарад. Дар замонаш мебуданд, ки ҳоли мо баринҳоро медиданд… Биё, ба якравии писарамон сар нафуроварда, мисли ниёгонамон ва ё замони шӯравӣ аввал такопурсӣ намуда, киву чӣ будани хешшавандаҳоро, соҳибдараки онҳоро фаҳмем, баъд ба тӯй «ҳа» ё «не» гӯем?!» – гуфта буд Зарҳал. – Мани сода чӣ гуфтам? Ҳеҳ, занак, ту муфаттишӣ, ҷинояткор мекобӣ, ки такопурсӣ карда мегардӣ?!

Шаҳу арӯс ҳамдигарро шинохта, хуш кардаву дил дода бошанд, шаҷарапурсии мову ту сарборие беш нест. Беҳтараш на худата дарди сар куну на мана ба гирдоби васваса андоз! Ана акнун кайфари саросемагӣ ва беандешагиро бубин! Бин, чӣ кор кардӣ?!

Афшана модари шаҳ будаст. Агар шаҳ бистсола бошад, аз ҷудоии мо ҳам қариб ҳамин қадар сол гузаштааст. Худоё! Наход…

Афшана кам тағйир хӯрда, ҳусну латофати аввалиашро нигоҳ дошта, мегӯӣ ин ҳама зеру бами замона ба ӯ асаре нагузоштаанд.

Ҳамсари Ориф пешопеши меҳмонон мардҳоро ба як хона ва занҳоро ба дигар хона, ки барои қабули онҳо оростаю оин баста буданд, раҳ намуд. Ориф ин дам бар-бари ӯ дар банди андешаҳои мағшуши худ кашола шуда мерафт. Баъзе борикназарон ҳоли ӯро мушоҳида карда бошанд ҳам, азбаски ба гуфти ҳолдонҳо тӯй ба таври оҷил сурат гирифтааст, аломати аз давутоз хаста шудан, пиндоштанд.

Афшана дар қаду баст, ҳусну малоҳат, сиккаву сурат бо Зарҳал ба мисли як себи ду тақсим буданд. Шабеҳи ҳамдигар буданро Афшана пеш аз дигарон мушоҳида кард ва ба чӣ андешае вуҷудаш ба сӯзиш даромад ва боз саргарми дигар гапу корҳо шуда, онро фаромӯш сохт. Бо ишораи Зарҳал ӯ нахуст вориди хона гашта, маътали «ҳай боло гузаред!» гуфтани соҳибхона наистода, дар саргаҳ ҷой гирифт ва дид, ҳама ҳамраҳонаш ҳам даромада ҷо ба ҷо шуданд, аз кампираки пичасафед, ки аз афти кор ба ҳамин ният аз пайи онҳо базӯр по кашида меомад, хоҳиш кард:

– Модарҷон, дуо кунед?

Пири резапайкари солхӯрда бо рӯи пурожангу даҳони бедандон, аз миёни остинҳои васеъу фарохи куртаи ҳалили барги карам дастони ларзони камхуну рангпаридаашро бо оҳистагӣ берун кашид, дар баробари рӯяш бардошт ва дуои хайр кард: – …Иллоҳӣ ҷавонон якдигарфаҳм бошанд. Бо ҳам умри ширину дароз бубинанд. Соҳиби фарзандони солеҳу солим шаванд. Хизмати падару модар, Ватани хешро ба ҷо биёранд. Худо ҳама ҳозиринро ба ҳамин рӯзи муроду шодӣ бирасонад. Бахту толеи неки фарзандону наберагони худро бубинанд, омин Аллоҳу Акбар!

Нишони пирӣ буд ё диқи нафас ва ё асар гузоштани суханонаш, баъди ҳар ҷумла ӯ каме ист мекард, дуояш ба ҳозирин писанд омад, хурду бузург бо чеҳраи шукуфта ва қаноатмандӣ даст ба рӯ кашиданд.

Афшана чолок бархоста дастони кампир бӯса дод ва рӯмоли сафед, ки дониста ба ҳамин ният оварда буд, болои кифти ӯ партофт, ташаккур гуфт ва баргашт ба ҷойе, ки нишаста буд. Пиракӣ вазифаашро ба ҷо оварда, мисле ки қадам мешуморида бошад, бо ҳимояи зани дигаре оҳиста ва базӯр – базӯр по бардошта рафт. Афшана хилъати сафедашро аз тан кашида, дар болои такяи курсӣ гузошт.

Вай акнун мисли товуси пару болкушода буд: абрӯвони пайваста, мӯйи мушкин, пеши бар ва даҳони ғунчаю лабони барги гул, баёзи гардани кабксон ва ороишоти занонаи ӯ – қуфли гардан, гарданбанд, гӯшвора, дастпона, ангуштарӣ ва дигару дигарҳо ба ҷилва омаданд.

Вай дар ҷойи нишасташ тоб хӯрда, бару болои хонаро сар-сарӣ аз назар гузаронид. Аз дидани мусаввараҳои дилкаш, манзараҳои зебои табиат, ки аз ин пеш дида буд, бовараш омад, ки ин хонаи хобу кори Ориф аст. Фурӯзонакҳои паҳлуи мусаввараҳо ба кадом мақсад буданд, зуд пай бурд ва ба ӯ тавре намуд, ки баъди сафари тӯлонӣ ба кошонаи хеш баргаштааст. Ҳамраҳони ӯ низ ба дороии хона бо таваҷҷуҳ нигаристанд, вале на ба он маъние, ки аз дили Афшана гузашт: аз чӣ бошад, барои меҳмонони хоса дар хонаи кори Ориф ҷо карда, ба ҷуз гузоштани сурфаи пурнозу неъмат, гӯё дигар чизеро беҷо накардаанд. Ориф аз кай ба чунин тартиби таҷҳизоти хона хӯ кардааст, намедонад, лек нағз дар хотир дорад: вақте бори аввал ба хонаи муҷаррадии ӯ омад, ҷиҳози хонаи ӯро ба ҳамин ҳол дид. Аҷаб ки одамон дар ин кор ҳам, ба мисли либоспӯшӣ хӯ мегиранд: аксар зиёйиҳо бо кастюми сиёҳ, пойафзоли сиёҳ, баъзеи дигар ҳарчи рост омаду баданро пӯшонд, барояшон сиёҳу сафед, кабуду зард фарқе надорад, фақат ғайримавсимӣ набошад шуд. Вале завқи Ориф дигар.

Ҳар навъи сару либос ва ҷиҳози хонаро бо моҳият ва зарураташ харидорӣ менамуд. Вай медонист, ки кадом чизи хона куҷост, ҳатто дар ҳолати торикӣ ҳам ба осонӣ қаламу коғаз, китобу дафтар, сару либос ва асбоби барояш даркориро пайдо карда метавонист.

Ҳанӯз суҳбати меҳмонон натафсида, ба хони неъмат даст набурда, аз телефони мобилии яке аз онҳо оғози оҳанги «Уқоби кӯҳӣ»-и Зафар Нозим баланд гашт, баъд касе буд, ки дар телефон бо овози шунаво таъкид кард: гуфтаҳои маро зуд навишта гир!

Афшана мисли он ки куҷо будани варақҳоро медонад, аз ҷой озод бархост ва бо як шасти даст аз болои мизи корӣ варақи сафед бардошта, ҷониби ӯ дароз кард.

Ин занги телефон магар ба дигарон сироят намуд, ки пайи ҳам қариб ҳама меҳмонон «корҳояшон» ба ёд расиду дар телефонҳои мобилии худ ба рақамчинӣ даромаданд. Тӯйхона ин дам ҳуҷраи гуфтугӯи телефонии шӯъбаи алоқаи шаҳрҳои музофотиро мемонд.

Лаҳзае пас, хоҳардухтараш Сакина ҳам занг задани шуда, суоли умумӣ кард:

– Ман телефонама бо худ наовардам. Кӣ телефонаша медиҳад?

Ба шавҳарам, ба Яман занг зада, хабари хуш расонам? Фаҳмам, ки дар ин нооромиҳо ӯ чӣ ҳол дорад. Ва мужда диҳам, гӯям, ки баъди чанд дақиқаи дигар Иқболҷонро никоҳ мекунанд, соҳиби арӯси нозанин мешавад.

Якбора чанд нафар мисле ки баскетболбозон тӯб ҳавола мекунанд, телефон тарафи ӯ партоб карданд ва якешон пурсид:

– Коди Яманро медонӣ?

Ҳанӯз вай «ҳа» ё «не» нагуфта, Афшана мисли аввала аз ҷой сабук бархост, аз рафи китобҳо дафтари кодҳоро зуд пайдо карда, ба дасти ӯ дод.

– Ай, ман қариб ки ҳар ҳафтаю моҳ бо падари Дилрабо гуфтугӯ мекунам, наход кодро надонам? Аз ёд медонам, – гуфт

Сакина ва ба рақамчинӣ даромад. Аз ҷигот андохтану абрӯ чин кардани чанде аз ҳамроҳонаш, тахмин кард, аз ин рафтори ӯ норизоянд. Гуфт:

– Шумо дар Ватан, даври ин хони пурнозу неъмат нишаста, парвое надоред, ки дар мусофират одамон чӣ ҳолу рӯзе доранд?

Магар аз як миллион ҳамдиёрони мо, ки ба муҳоҷирати корӣ рафтаанд, ҳама дар хонаи амаку тағоянд? Ҳоли хуб доранд? Ман шарбати талхи ғарибӣ чашида, чӣ гуна мушкилу сахт будани мусофирату ғарибиро дар хуну пӯстам эҳсос кардаам. Дар ғарибӣ хурдтарин паёме аз диёр, на танҳо аз хешу табор, балки аз ҳар гӯшаи Тоҷикистони азиз одамро руҳбаланду дилгарм месозад, ки ёди ӯ доранду аз ҳолаш фориғ нестанд.

Сакина ба шавҳараш он чӣ гуфта буд, расонид ва телефон хомӯш кард. Ин дам Афшана хоҳиш намуд: – Дар ва тирезаҳоро пӯшонед ва пардаҳои ҳариру дуруштро ҳам поин кунед.

Баъзеҳо эътироз карданд: – Афшана, ту девона шудӣ?

– Моро дар ин гармои тобистон танӯркабоб карданӣ ҳастӣ?

– Бо ин чи нағма?

– Як дам таҳаммул пеша кунед! – вай аз паҳлуи мусаввараҳо чизеро палмосид ва якбора хонаи торик ба ранги аҷоиботи дар

«Ҳазору якшаб» тавсифшуда, олами афсонавӣ гирифт ва ҳозиронро мафтуну ҳайрон кард. Фурӯзонакҳо ба мусаввараҳо тавре васл шуда буданд, ки як олами сеҳрнок тавлид месохтанд. Ҳанӯз ҳозирон аз ин муъҷизакории соҳибхона ба худ наомада, Афшана бо ҳамон чолокӣ фурӯзонакҳоро хомӯш кард ва хоҳиш намуд, дару тирезаҳоро боз кунанд.

Акнун назари ҳозирон батамом ҷониби Афшана ҷалб шуд.

Онҳо сир бой надода, аз кору рафтори ӯ як навъ ҳайрон, дар дил ба худ суол мекарданд: ин ҷо чӣ роз аст? Як-ду нафар бо ҳам бо имою ишораҳои таҳдор қаноат намуда, ҷуръати аз ин роз пурсон шудан надоштанд. Баъзеи дигар аз дил гузаронид: «Шояд вай ба ҳамин қарибиҳо ба ин хона даромада бошад».

Аз хонаи паҳлуӣ, ки мардҳо ҷой гирифта буданд, ҳар гуна овозҳо меомад: яке марғуладор, дигаре хастаю бо шавшув, калимаю ибораҳоро мисли одами бедандон талаффуз мекард: – Ҳами Танзим… хуб кора осон кард, – шунида мешуд. – Осону хубияш мана ҳамин: ина бинед! – ба дастархони анвои нозу неъмат ишора карда, – пештар барои хешу табор шудан, тӯй барпо кардан, як даста вакил омада, арӯс хуш мекарду маъқул ки афтод, онҳо рафта, дастаи дигар, бо лаъливу лаган ва карсонҳои пур, ягон чорво – буз ё гӯсфанд пешандоз карда, меомаданд ва маҳру мол бурида, пайи онҳо кӯр нагашта, боз як даста он маҳру молро бардошта бо вакилони зиёде омада, дар хонаи арӯс обу зиёфат хӯрда бармегаштанд… Хулласи калом, то тӯй аз истиқболгириву гуселкунӣ ба ҷон мерасидем! Сарфу харҷи маблағ беҳисоб. Ба болои ин изтиробу асабониятро намегӯӣ?!

Ҳай коре кунем, ки меҳмонон хафа нараванд…

– Рост, гуфтед, бобо.

– Мана ҳамин хел ҳам мешудааст-ку!

– Кӯшиш кунем, ба ҷавонҳо масъаларо дуруст фаҳмонем, албатта мешавад.

– Мана, намунааш ҳамин тӯй! Мегӯянд, домоду арӯс ба як дидан ҳамдигара писандида, мана, имрӯз тӯй. Якбора хешу табора бардошта овардаанд! Ҳам тӯй мешаваду ҳам арӯса дар лимузин бардошта мебаранд. Агар гуфтаҳом нодуруст бошанд, беистиҳола гӯйед: мӯйсафед пир шуда, ақлашро хӯрдаст, ҳарчи ба даҳонаш омад мелақад.

– Бобо гуфтаҳотон аз рӯйи китоб.

– Ҷойи шубҳа нест.

– Кӣ қудрати бо шумо муқобилат дорад? – Мӯйсафед шердил шуда афзуд: – Тараддудҳо ихтисору зангирӣ, ки масъалаи тақдирсоз буд, як кораки муқаррарӣ шуд. Лекин эҳтиёт шавед! Ҳар чӣ зуд ояд, дер напояд.

– Шумораи мошинҳои арӯсбар хеле кам гашта, дар ивазаш ба ҷойи даҳ-бист мошини майда, якбора як лимузин киро мекунанд,

– гуфт яке аз нишастагон.

– …Ки қиматаш боз ҳамон ду понздаҳ сӣ мешавад, – тамасхур кард дигаре.

– Эҳ-ҳа, бобо шумо бехабар будаед! Дар давлатҳои Ғарб назари одамон ба тӯйю никоҳ хеле дигар шудааст. Акнун зани сиғагирӣ пеши тартиби нав як пул. Одамон барои як моҳ, шаш моҳ ё сол бо ҳам аҳду паймон ва шартнома баста, аз баҳри фарзанд кардану азоби тарбия баромада, ба кайфу сафо ва ҳавою ҳавасҳои индунёӣ машғуланд. Якта-нимта хоҳишмандон, баъди аз хушиҳои зиндагӣ дилбазан шудан бо роҳи сунъӣ, набояд нодида бигирем, ки илм он ҷо ҳай пеш рафтааст, фарзандор мешаванд. Ва ё аз хонаи кӯдакон ё давлатҳои дигари қафомонда кӯдак бурда, ба фарзандӣ қабул мекунанд.

– Оби кашида ташнашикан нест, писарам, – бо кароҳат рад кард мӯйсафед ва як навъ ба андеша рафт.

Дар миёни ин ҳама амри маъруфи таъзиқовар, Ориф ба хона ворид шуда, гуфт: – Шумо баҳузур суҳбатро идома диҳед. Аз неъмати хон даҳон ширин кунед. Ману ҳазрати домулло каме кор дорем, – ва пас гашт.

Мӯйсафеди сухангӯ хомӯш дигар ҳарфу ҳиҷое ба забон наоварда, гуфтаи ӯро ба маънии «хезед» фаҳмид: – Ё бисмиллоҳир раҳмони раҳим, Хӯҷаи Хизр мадад кун, – гуфту аз ҷой бархост ва аз пайи Ориф шуд. Орифу мулло пешу қафо аз хона берун шуданд ва баъди чанд қадам, Ориф аз роҳ бозгашта, қудозанакро аз хонаи паҳлуӣ ба берун даъват намуд. Ҳар се аз роҳаки реги сурх рехтаву ду тарафаш санг чиндаю бо рангҳои сафеду сурх ва зард оро додашуда неву ҷониби канораи ҳавлӣ қадам заданд. Дар канораи ҳавлӣ гармхона буд ва ду – се нафар духтаракон даруни он аз паҳлуи дарахтони пурбори лиму гашничу пиёз ва бодирингу помидор мечиданд, вақте ками дигар рафтанд, аввал қут -қути мурғон шунида, баъд диданд, ки аз мобайни мурғхона бо тӯри симин тавора гирифтаанд.

– Инҳо ҳам табиати фарқкунанда доштаанд. Мурғони гӯштӣ бо тухмдиҳанда муросо накарданд. Ҷудошон кардем, – шарҳ дод Ориф ба даруни шиғбаст ишора карда.

Даруни шиғбасти дигар харгӯшбачаҳо даву тоз доштанд. Гашту гузори ду товуси нару мода ба ин гӯшаи ҳавлӣ ҳусн бахшида буд. Ба Ориф чи ишорае карданд, ки ҷониби хайма равон шуд. Болои хаймаро бо алафе мисли ошиқи печон пӯшонда буданд ва он дар гармои тамуз, ки долу дарахтон ва гулу буттаҳои кӯчаҳои шаҳр базӯр нафас мекашиданд, ғарқи гул ва дар нумӯ буданд. Бо омадани онҳо борони сунъӣ аз ҷумакҳои ба ранги вартоҷ (семичка) сохташудаи болои хайма қат карданд ва то хеле аз гӯшаҳои бом «борон» чак-чак овоз медод. Ин ҷо ҳаво салқину димоғпарвар буд. Барои онҳо мизу курсӣ ва хони болояш пур аз кулчаю нонҳои хонапазу бозорӣ, анвои меваҳо, обҳои зулолу шоҳанбарӣ ва нӯшокиҳои навбаромади ҳархела, шириниҳои рангобаранг гузошта буданд. Ориф ба мулло ва Афшана ҷойи нишаст нишон дода, гуфт: – Мебахшед, то омода шудани ин суфра шуморо дар ҳавлӣ гардиш додам. Бо ин баҳона қаду бар ва дороии хоҷагии моро дидед…

аз 22
навбатӣ