Зеҳн
Абдуғаффори Партав. Кадхудо

Абдуғаффори Партав дар иншои ҳикоя, қисса ва роман сабку услуби бадеии хоси худро пайдо кардааст. Ӯ осори худро тавре ба қалам меорад ва аз печу тобҳои зиндагӣ мегузаронад, ки басо муассир, ҳаяҷоновар ва хотирмону ибратомӯз ба назар мерасанд.

Валиев Султон · 21 ноябри 2024 · 22 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Вақти аз хона баромадан мулло гумон дошт, ӯро барои хондани хутбаи никоҳ мебаранд, вале ҳангоми сайри ҳавлӣ ва дидани гирифтумон ва оҳанги суханони Ориф тахмин дигар карда, хавотиромез пурсид:

– Ай додар, зудтар гӯй, корҳо бахайранд?

Мулло ба кадом як нофаҳмие миёни қудошавандаҳо, ё шаҳу арӯс фол зад. Вале аз бими Ориф, авзои гирифтаи ӯ ҷуръати пурсидану исрор кардан надошт.Таҳаммул ва интизорӣ пеша кард.

Ориф ҷониби Афшана тоб хӯрда, бе муқаддима ва андаке омирона гуфт: – Ку гап зан. Ҳар он чӣ миёни мо буду шуд, гӯй. То фаҳмидаю дониста, мӯй аз хамир ҷудо бикунем. Боз хато наравад, ки ин дунёву қиёматамон бисӯзад!..

Ба ёди Афшана лаҳзае аз гунаҳшӯйиӣ масеҳиён омад, ки назди мӯбад аз амали хеш иқрор гашта, тавбаю надомат мекунанд…

Таъхири Афшана дар гуфтани ҷавоб муллоро безобита кард.

– Худаш чӣ гап? Маро натарсонед, зудтар гӯед, фаҳмонед! – мулло сабру таҳаммул аз даст дода, беист исрор намуд.

– Ман чӣ гап занам? Чӣ ҷойи фаҳмондан аст? Барин, шаҳ, писари ҳардуямон мешавад, – канда – канда, гӯё ҳар ҳарфу ҳиҷоро

Афшана мисле ки бостоншинос аз миёни анбӯҳи хоку санг маводи нодири солҳо аз назар нуҳуфтаро берун мекашад, гуфт: – Дигар чӣ гӯям? Намедонам. Чиро ба шумо фаҳмонам? – чеҳраи моил ба табассуми ӯ дигар гашта, мисле ки аз кошонаи ҳусн якбора таги хокбориши афғон афтода бошад, аз хуррамӣ нишоне намонда буд.

Ҳар се сокит шуданд. Афшана рӯи хон ва Ориф назарашро аз мулло гурезонда, ба атроф менигарист. Мулло лабҳояш ҷӯшида, чизе мехонду муҳраҳои тасбеҳи зумуррадгунаш, ки аз зиёрати хонаи Худо оварда буд, чирик – чирик хомӯширо халалдор мекарданд. Дар хайма ҳолати ҳузновару саҳни ҳавлӣ садои созу суруд, рақсу бозӣ ва машғалаи кӯдакон дар фалак мепечид.

Писарбачаи жулидамӯе бадав ҳак-ҳаккунон омада, аввал бинӣ пок карду баъд чуқур – чуқур нафас кашида, гуфт: – Мошини лимузин омад. Шаҳ мегӯяд: Зудтар ба мо иҷоза диҳанд, ба сайр биравем. То Варзоб рафта меоем…

Ориф чизе гуфтанӣ буд, ки мулло пешгирӣ кард: – То никоҳ нашаванд, ягон ҷо рафтанашон маслиҳат нест!

Ориф ба бача фаҳмонд: – Рафта гӯй, ки каме сабру тоқат кунанд.

Писарбача рафту боз хомӯшӣ дар миён омад. Ду – се писарбачаи дигар дар кӯшиши аз ҳам пешгузарӣ, ба шитоб давида омаданд ва яке сухани дигареро бурида, гуфтанд: – Шаҳ мега…

– Меган ки.

– Ба мо зудтар иҷоза диҳанд.

– Шаҳу арӯс тамошо рафтанӣ…

– Меган лимузина маътал кунем, пули ҳангуфт кор мекуна…

– Меган, мо равем! Онҳо маслиҳаташона идома диҳанд.

Ориф боз ҳамон гуфтаашро такрор кард.

Дигар бачаҳо давиданд, ки ҷавоби шунидаро ба шаҳ расонанд.

Яке аз онҳо, «дуздона» то хеле дар гӯшаи хилват истода, ба суҳбати инҳо, гӯш андохт, ки мулло мегуфт: – Агар шаҳу арӯс ҳарду фарзандони Ориф бошанд, пас онҳо хоҳару бародаранд, наузанбиллоҳ! Кор чатоқ! Байнашон ба ҳеҷ ваҷҳ никоҳи мусалмонӣ раво нест! Шумо бо ин амалатон, каломи пок, шариати мусулмониро пеши по заданиед?! Таҳқир карданиед? Чӣ, шумо зардуштиед?

Балки ҳамуно ҳам ба издивоҷи хоҳару бародар ризоят намедоданд… Дар замони ҷоҳилият чунин тасодуф шуда буд… то ҳозира аҳли уламо ва мардуми доно онро мазаммат мекунанд.

Писарбача тавре номаълум истода буд, ҳамон тавр номаълум ғайб зад.

– Ун гапу корҳо дигару ин дигар, воҳима накунед, домулло, – пеши сухани ӯ гирифт Ориф, аз шиддати ғазаб, мисле ки ғалат на аз домулло, балки аз ӯ гузашта бошад, чеҳрааш арғувонӣ гашта. – Ин ҷо, домулло, гапи динҳоро дар миён оварда, андешаҳои номатлубро барангехтан чӣ зарурат дорад?! Ман ин касро, – ба Афшана ишора намуд, – ҳозир, баъди чандин солҳо якбора дида, ҳайрон мондам. Вақте фаҳмидам, модари шаҳ мешавад… Чува падараш наомад, гуфта, ин касро даъват кардам. Хостам пеш аз никоҳ нофаҳмиҳоро бартараф созем. Домулло шунидаед ё не, тӯй чунон оҷил сурат гирифт, ки ба ростӣ, фурсати фарқи сиёҳу сафед наёфтем…

Сухани Ориф дар даҳон, писарбачае давида омаду ба ӯ гуфт:

– Мегӯянд зуд биёяд!

Ориф бархесту аз пайи писарбача башаст равон шуд.

– Зудтар биёед, ако! Ба холаам чӣ гапе шуд, ки якбора қариб сарбаракон меғалтид. Хайрият, мани аз паҳлуяш даргузар, доштам, – вай саргарми нақл зани дигаре дар даст шишачаи спирту пағаи пахта расид. Каме спирт ба пахта тар карда, ба димоғи Зарҳал доштанд. Чашм кушод.

– Ҳа? Бори шодиву хурсандӣ бардоштан осон не, хонум! – шӯхӣ кард Ориф.

– Эй, мон шӯхиҳота, – ашкрезон нидо кард вай. – Ин чӣ гапай?

Наход ин гапо рост бошанд? Хонамон дар пуштамон гашт! Миёни халқи Худо шарманда шудем! Ин дунёву қиёматамон сӯхт! Ку зудтар бигӯ! Мара фаҳмон! Аз ин гапҳо дигарҳо ҳам бохабар бошанд?

– Ба ту кӣ, чӣ гуфт? – ба тундӣ пурсид Ориф.

– Нав аз виҷ-виҷи бачаҳо фаҳмидам. Дилам ба бозӣ даромад.

Ку, зудтар фаҳмон?! Дилам анори расида барин торс мекафад.

Бо ишораи Ориф пиёлаи об дароз карданд. Баъди нӯшидан аз оринҷи ӯ дошта, то хеле роҳ ҷониби хона гусел карда, фаҳмонд:

– Дурӯғ! Бачаҳо нодуруст фаҳмидаанд. Ту беҳуда бовар кардаӣ! Ҳоло аз пайи корат шав! Баъдтар худам асли гапро ба ту батафсил мефаҳмонам, – Ориф ӯро то байни ҳавлӣ, ки мардуми аз ин ҳол бехабар хушнудона шодиву сурур доштанд, ҳидоят кард.

– Хока. Дигар то асли гапа нафаҳмам, дастам ба ҳеҷ кор пеш намеравад!

Зарҳал дар ҳолати ҳаяҷону изтироб буд. Ориф ба ҳамсараш таскин дода, баргашт ба назди Афшанаю мулло, ки дар андешаи гиреҳкушоӣ, «чашмаки ман чашмаки ту» карда менишастанд.

– Домулло, – ба чеҳраи гирифтаи ӯ нигариста, таъкид кард Ориф,

– ин ҷо дар хулоса шитоб ҷоиз нест. Афшана, илтимос, беибо ту буду шуди воқеаро ба мо возеҳ бепардаю каму кост фаҳмон.

– Гуфтам – ку! Ман дигар чӣ фаҳмонам? – як навъ аламрасида ҷавоб гардонд ӯ. – «Падари шаҳ наомад?» пурсидед. Вай ҳамин ҷо, гуфтам. Дигар чӣ гӯям? – сухани Афшана дар назари Ориф як навъ ниқорҷӯёна, азиятдиҳанда ба гӯш расид.

– Чӣ хел?

– Ҳамин хел.

– Хоҳиш мекунам, муҷмал нагӯ!

– Муҷмал не.

Пӯшида набуд, ки ӯ асли гапро пинҳон дошта, майли азият додани Ориф дорад. Ба мурод расида буд. Дарди ноаёне вуҷуди Орифро ба сӯзиш даровард, чӣ карданашро намедонист. Ба тахминаш давои дарди ӯ дасти Афшана буд. Лекин чӣ кунад ва ба ӯ чӣ тавр фаҳмонад, ки илоҷи дарди ӯро дареғ надорад. Ин дам бародари Афшана Собир аз маътал шудани никоҳ ва сайри шаҳу арӯс хавотиромез, барои фаҳмидани сабаб назди онҳо омад. Аҳли суҳбат омадани ӯро бемавриду беҷо пиндошта, мурооте ба нишастанаш накарданд. Вай аз ин нописандию беилтифотӣ малул нагашта, ин тарафу он тараф нигарист, дар канораи паҳлуи шипанг як курсӣ дид, баъди пуфу пок кардан, онро бардошта овард ва дар пешорӯи онҳо «чун хаси чашм» нишаст. Бо ин амали хеш гуфтанӣ буд: «гап занед, назанед, ман аз назди шумо рафтанӣ нестам».

Ҳама дам ба дарун кашида, касе ёрои сухан гуфтан надошт. Пас аз хеле таҳаммули тоқатшикан, домулло, ки аз шасти тасбеҳгардонӣ асабонияташ ҳувайдо буд, якбора нидо кард: – Дар ин ҳолат, додарам Ориф, бевоҳима ҳам илоҷ нест, бо воҳима ҳам! Беҳтараш шаҳу арӯсро ин ҷо хонда, асли гапро фаҳмонем. Онҳо ҳам мусулмонзодаанд, қадри расму таомул, риояи дину шариатро мефаҳмидагистанд.

Ба онҳо гӯем, ки шумо зану шавҳар не, балки хоҳару бародар мешавед. Дар қисмати шумо дигар ҳарфу ҳиҷо рафтааст!..

Суханони домулло на танҳо пардаи ноаёни хомӯшӣ дарид, балки додарарӯси Орифро ба шӯр овард. Вай барошуфта, ҷониби домулло дарғазаб гуфт: – Чӣ гуфтед? Чӣ фармудед, ҳазрат?!

Муллои то ин дам дар ин иқлим чунин арбадаю уштулум надида, ба шиддати пархоши ҷавон тоб наоварда, назарашро гурезонд. Гумон мекардед, дар фикри ҷойи пинҳоншавӣ аст. Ориф ба хотири аз ин варта баровардани мулло, ки дар ин маҳалаи шаҳр муҳтарам аст, бамулоимат мавзуъро шарҳ дод: – Мани сарсахт пеш аз хонадор шудан бо он кас, – ҷониби ҳамсараш, ки рӯи ҳавлӣ ба ранги оруи асал аз ину он гап гирифтаю фармоишҳо дода, равуо дошт, ишора кард, – бо хоҳарбузурги шумо, – тарафи бародари Афшана гашта гуфт: – паймони хонадоршавӣ карда будем, – мисле ки сухан дар гулӯяш печид, лаҳзае сокит монд ва боз ба яъсу ноумедӣ ғолиб омада, афзуд:

– Боре бо ҳам ҳазлу шӯхӣ кардем. Вай маро детдомӣ ва боз инкубаторӣ гуфт. Ман ингуна таънаҳоро аз ин пеш ба рафиқонам шунида будам, вале вақте аз забони Афшана шунидам, тоқат оварда натавонистам… Ва аввал ба ҳарбӣ ба Украина, шаҳри Кировоград рафта, чор сол таҳсил ва як солу ҳашт моҳи дигар ба сифати мутахассис кор кардам. Он ҳама солҳо акси Афшана ба ранги Худои Буддоиён пешорӯям буд… Баъди қаҳрам паст шудан борҳо занг задам, вале толеам омад накард… Лутфи Худованд, аз он ҷо саломат баргаштам, лек аз борон таги тарнов афтидам. Душанбе ноором буд. Дар нишемангоҳ силоҳбадастон маро хуб пурсуков ва истинтоқ карданд: – Аз куҷо меоӣ? Куҷоӣ мешавӣ? Ба чӣ кор омадаӣ? Пул барор! Ба таҳдид гузаштанд, боз ҳам нашуд. Диданд, ки аз дойра садо меояду аз ман не. Лату кӯб ва паронданӣ шуданд, лек ба мурод нарасиданд. Хулоса, кор ба ҷое расид, ки ман ноилоҷ пас гаштам. То сулҳу салоҳ ва ором шудани диёр дар мусофирати Русия, Эрон, Туркия ва Афғонистон будам… Ҷанг на танҳо хонаҳо, шаҳрҳоро сӯзонда харобу валангор мекунад, балки низому тартибро дар ҷомеа барҳам мезанад, барои солҳои зиёд мушкилот эҷод мекунад, ба рӯзгори наслҳои минбаъда латма ворид месозад… Қиссаи ба Афғонистон чӣ гуна рафтанам хеле ғамангез аст, дар ин рӯзи шодиву нишот гуфтани онро ҷоиз намедонам. Онро мавриди дигар бароятон ҳикоя мекунам. Хулоса, баъди бозгашт фол задам, ки ин кас, – боз ба Афшана нигарист, нигоҳаш як олам аламу ҳасратро ифода мекард, – аз миён ин қадар солу моҳҳо гузашт, аҷаб не… – забонаш нагашт бигӯяд: ба шавҳар баромадагист. Агарчи ном набурд, дигарон чӣ гуфтанашро пай бурданд. Аз дидагони Афшана ашк беист метаровид. Овози Ориф ларзид. Аз гуфтор бозмонд. Оҳ кашид ва лаҳзае пас, бамулоимат афзуд:

– Биё, болои сӯхта намакоб нашавам, гуфта суроғу пай накарда, ба Хуҷанд рафтам. Ҳамон ҷо ба кор даромада, хонадор ва соҳиби фарзанд шудем ва боз ба Душанбе баргаштем. Аз давоми гапу кори боқӣ худатон огаҳӣ доред.

Бародари Афшана ба ҷойи аз шунидани ин қиссаи малулангез, ки дигаронро дар чоҳи ғаму ғурбат афканд, хиҷил шавад, мисле ки ягон хабари хуш шунида бошад, чеҳрааш шукуфт, курсии нишасташро, пеш кашид. Боз ҳама дам ба дарун кашида, интизори он буданд, ки ӯ барояшон ягон сирру савдоро мекушояд, ин аст, ки ҳаракати ӯро зери назора гирифтанд. Ӯ бо чеҳраи шукуфта гуфт: – Ана акнун идомаи қисса аз ман шунавед: Вақте мо бародарон, аз ошноии ту, – даст болои дасти пурмушаку тавонои Орифи таҳамтан гузошта, – бо хоҳарамон бодарак гаштем, қасд кардем, туро зуд пайдо карда, думушта хуб кут-кутак бикунем. Балки пинҳон намекунам, қасди куштан ҳам доштем. Мо бародарон остин бар зада, аз пайи амал будем, ки Афшана пеши роҳи мо гирифта, ғайри интизор гуфт: «Мо никоҳ дорем. Пинҳонӣ аз шумо рафта никоҳи мусулмонӣ кардаем.

Ман аз ӯ умедворам, дар бадан тифл дорам. Холаам Райҳон маҳрами розанд. Дар як чашмпарӣ холаро ҳозир кардем. Вай ҳама гуфтаҳои Афшанаро тасдиқ кард. Боз ҳам ғазабамон паст нафуромад, андешаи қасос аз дили мо ба осонӣ зудуда намегашт. Дар тараддуди ба ҳар навъ ки бошад, пайдо кардани ту будем. Ба Русия, ба мусофирони корӣ ва шиносҳои таҳҷойии маскавӣ сиккаву сурати туро маълум карда, мукофоти калон ваъда додем, ки ҷойи коратро ба мо хабар диҳанд, вале он ҷо ҳам, на пай буду на Ҳайдар. Пас аз чанд соли кофтуков, мо аз ту дасту дил шуста, ба натиҷае расидем, ки ба қавли маъруф, дар авф лаззате ҳаст, ки дар интиқом нест… Дар тӯли ин ҳама солҳо ба хоҳари мо чандин хостгор баромад, вале вай ба ту содиқ монд. Умеди дубора бахт дидан аз замири дил шуста буд. Лекин, – вай лаҳзае таваққуф намуду боз афзуд: – Ҳаминро ҳам гӯям, ки ҳамон вақт аз хусуси ҳомиладорӣ ба мо дурӯғ гуфта, аз бими он ки маҷбурӣ ба шавҳар надиҳемаш, пинҳонӣ бо холаамон гап пазонда, аз хонаи кӯдакон тифл гирифта, то ба имрӯз тарбия карда ба воя расонд. Вақте гапи тӯй баромад, ин розро ба мо ифшо сохтанд, то ки аз забони дигаре шунида, бача малул нагардад ва аз дили мо – хешу табор ҳам ғубори ғам бардошта шавад. Холаи Райҳон ҳамин ҷост.

Метавонед ҷеғ зада, аз ӯ гуфтаҳои маро пурсида, ба таври худ таҳқиқ кунед.

Гиреҳи ҷабини мулло кушода гашта, якбора кӯдаквор ба шодӣ даромад: – Ин тавр бошад, – вай зуд-зуд тасбеҳи зумуррадии худро гардонда, риши кулутаашро сила карда, – никоҳашон раво аст!

Агар ҳар ду аз як падару модар мешуданд!.. Намешуд! Дар ин ҳолат боке нест! Раво аст, – боз каме ист карда, афзуд: – Лек, лекин боз як шарт: холаро ҷеғ занед, дар ҳозирии се бандаи муъмину мусулмон ба дурустии гуфтаи шумо шоҳидӣ диҳанд. Бале, даст болои Қуръони азимушшаън гузошта…

– Ҳамон тавре президентҳо савганд ёд мекунанд, – нимшӯхӣ гуфт бародари Афшана. Мулло суханашро нотамом нагузошта, боз илова кард: – … ҳа, гуфтаҳои шуморо тасдиқ бикунанд. Вагарна…

Сухани мулло ба поён расидан замон, Ориф аз додарарӯсаш Собир хоҳиш кард: – Ҷонам, зудтар холаро ҷеғ зан. Вай гапро ду накарда, аз пайи овардани хола рафт. Афшана хомӯш аз пеши по ва рӯи хон дида намеканд, донаҳои ашк, ашки шодӣ, ашки фироқи чандинсола аз рухсораи гулгунаш беист метаровид.

Боз мухлисони сайру саёҳати арӯсу шаҳ тозон омаданд. Ин дафъа бодағдаға талаби рухсати сайр доштанд: – О, шумо медонед?! Як соати маътали лимузин чанд пул меистад?!

– Вай ба гуноҳи ҳатулкории шумо шуда, чанд соат боз беҳуда пул кор мекунад!

– Ронандаи лимузин мегӯяд: – «Намерафта бошанд, биёянд ҳисобӣ карда, маро рухсат диҳанд! Ман аз пайи дархостҳои дигарон шавам?! Дархости бисёре дорам, лекин рӯи хотири акои Ориф гуфта, аввал ин ҷо омадам. Ҳар замон талабгорон занг мезананд!».

– Шаҳу арӯс ҳам аз бекор нишастану интизорӣ ком шуданд!

– Бе никоҳ ба ҳеҷ куҷо намераванд! Бисёр шитобу аҷала накунед! -боз таъкид кард зане, ки сару рӯ ва даҳонашро дар ин гармои тобистон бо рӯмол печида буд. – Ками дигар сабратон бирасад!

Дар батни модар чӣ навъ поистед? Ҳай ҳангоматалабед! Мана ҳамон одамони калонро мебинед, ҳамонҳо, – ба нишастагони зери шипанг ишора карда, – он ҷо шоҳмотбозӣ не, фикри ҳамин кори хайр доранд! Баъди никоҳ ихтиёр ба дасти бахтёр! Шумо медонеду дави аспатон!

пешина
аз 22
навбатӣ