Абдуғаффори Партав. Кадхудо

Абдуғаффори Партав дар иншои ҳикоя, қисса ва роман сабку услуби бадеии хоси худро пайдо кардааст. Ӯ осори худро тавре ба қалам меорад ва аз печу тобҳои зиндагӣ мегузаронад, ки басо муассир, ҳаяҷоновар ва хотирмону ибратомӯз ба назар мерасанд.
Валиев Султон · 21 ноябри 2024 · 22 саҳифа
ТАБРИКИ БОБО
– Акбар, ҳар сол бобом моро дар арафаи Соли нав табрик гуфта, туҳфа медиҳад. Биё, ману ту ҳам имсол ба вай ягон туҳфа кунем!
– Аъзам, ту девонаӣ?! Мо чӣ туҳфа мекунем? Барои туҳфа пул надорем-ку? Агар пул медоштем…
– Аз модарам пул гирем, чӣ?
– Не, намешавад! Мо модарамонро ҳам бояд табрик гуфта, ягон туҳфа диҳем. Ба ҷойи ин кор боз аз вай пул пурсем?! Не, намешавад.
– Пас, аз куҷо пул ёбем?
– Бе пул намешавад?
– Намедонам. Биё, ку, фикр кунем.
– Биё, бо ягон хабари хуш бобома хурсанд кунем.
– Чӣ хел хабар?
– Бобому бибим аз кам будани нафақа, ба рӯзгор нарасидани он мудом нолиш мекунанд: «Ин нафақаи мо ба кӯки сару бари рӯзгор намерасад. Боз гап-гап ҳаст, ки аз Соли нав нархи об, барқ, газ ва боз ким-чиҳои дигар қимат мешудааст». – Ба бобом мегӯем: бобоҷон, дар арафаи Соли нав пули нафақа зиёд шудааст.
– Не. Ин гап намешавад!
– Ту вазири молия ҳастӣ, ки даррав «не!» мегӯӣ?! Чаро не?
– Чунки бобом даррав гӯшаки телефонро бардошта ин хабарро ба ҷӯраҳояш мерасонад. Ҷӯраҳояш гӯянд, ки ин гап дурӯғ аст, бобом назди ҷӯраҳояш шарманда мешавад. Ба ҷои хурсанд кардан, бобома хафа мекунем. Беҳтараш ягон гапу кори дигар ёбем.
– Биё, мегӯем: бобоҷон, аз пагоҳ дар бозорҳои шаҳрамон нархи хӯроку пӯшок дучанду сечанд арзон мешудааст. Ҳукумат минбаъд нархи хӯроку пӯшок ва дигар заруриёти аввалияи мардумро зери назорати қатъӣ мегирифтааст.
– Не. Бобом даррав мегӯяд: ин гапи намешудагӣ! Пештар ҳам давлат кафили таъмин ва назорати хӯрду хӯрок ва заруриёти аввалияи мардум буд. Лекин чандин иду маъракаҳои боҳашамат, дар сатҳи давлатӣ гузашту нархи наво тарафи некӣ тағйир накард.
Тоҷирону савдогарон ба ҳоли худ буданд. Ҳар чӣ хостанд, ҳамон карданд ва ҳатто дар арафаи ид қимати гӯшту орд ва дигар навъи хӯрокро боло бурданд. Дурӯғ нагӯед!
– Ҳеҳ, сода! Дар ҷумҳурии мо арзонӣ шавад, корчаллонҳо рӯшоду пинҳонӣ ҳамаро ба дигар мамлакатҳо ба фурӯш мебаранд.
– Э, ту аз сиёсат хабар дорӣ ё не? Ба дигар ҷумҳуриҳо, ҳатто ба давлатҳои муштараккулманофеъ ҳам, аз ҳадди муайянкардаи ҳукумату шартномаҳои байниҳукуматӣ зиёд берун баровардани мол мумкин не! Ба хусус маводи хӯроку пӯшок!
– Биё, мегӯем: Ҳукумат қарор баровардааст, ҳамон заводу фабрика ва корхонаҳое, ки дар солҳои ҷавонии шумо ҳазорҳо одамон кор карда, рӯзӣ меёфтанд, аз нав ба кор медаровардааст.
Ҳар касе ки корхонаро шахсӣ карда, дар тӯли ин чанд соли истиқлолият ба кор надароварда, сабабгори сар задани бекорӣ дар ҷумҳурӣ шудааст, корхонаашро давлатӣ мекардаанд.
– Не. Ба ин гап бовараш намеояд.
– Чаро?!
– Чунки ба онҳое, ки дар тӯли 17 соли истиқлолият корхонаҳоро ба кор надароварда, ҳукумат ва мардумро то ба имрӯз фирефтанду касе пишакашонро пишт нагуфт, аз ин баъд ҳам зӯри касе намерасад.
Чунки онҳо ба ном як-ду сех ба кор дароварда, баъзе қисм ва дастгоҳҳоро фурӯхта, пулашонро кайҳо бароварданд ва акнун ғаму ташвиши дигаре надоранд. Ин тараф биё, гӯшатро наздик биёр (ба атроф назар мекунад, ки касе суҳбати онҳоро гӯш мекунад ё не), ғайр аз ин, корхонаҳоро худи хешу табори одамони ҳукумат ва командирони собиқ шахсӣ кардаанд. Ба гуфти бобом, «одамони хокӣ» қудрати харидани корхона надоранд.
– Инаш нашавад, ваяш нашавад, бо чӣ бобома хурсанд мекунем?
Ҳар ду бародарон дар фикр меафтанд.
– Акбар, мо хуб гарангем. Одамҳо барои чанд зану фарзанд гапи хуб, туҳфаҳои гаронбаҳо меёбанду ману ту…
– Ҳо.
– Чӣ ҳо?!
– Ҳо, ки онҳо доноанд, моҳӣ мехӯранд, мо барин фақат қандчой не, барои ҳамин каллаашон кор мекунад. Қонунҳоро сарфи назар карда, ду-се зан гирифта, фарзандҳо ёфта, онҳоро бо ному фомилҳои дигар-дигар чун фарзандони оилаҳои камбизоат аз давлату созмонҳои хайрия ҳар гуна ёрӣ гирифта, дар литсей ва мактабҳои олӣ дар гуруҳҳои буҷавӣ ҷой кардаанд, ки ин кори ҳар кулоҳкаҷ нест.
– Ин кори бад аст, ё хуб?
– Намедонам, чӣ гӯям? Аз як ҷиҳат хуб. Чунки занҳо бешавҳар намонда, ба роҳҳои бад, мисли фоҳишагӣ, ҳаннотӣ ва дигар, намераванд, соҳиби муттакое мешаванд. Аз дигар ҷиҳат зану фарзанд, ки бисёр шуд, таку даваш ҳам зиёд мешавад. Таъмини аҳли оила, ҳавою ҳаваси зиндагӣ одамонро ба ҳар кӯю дар мебарад. Як сабаби ҷон дар хатар монда, ба савдои маводи мухаддир даст задани баъзеҳо шояд аз асари ҳамин бошад.
– Соҳибони заводу фабрик ва корхонаҳо чӣ?!
– Ин дарди дигар аст. Гуноҳи инҳо дар он аст, ки корхонаҳоро шахсӣ карда, ба кор надароварда, сабабгори афзудани сафи бекорон дар ҷумҳурӣ шудаанд.
– Сабабгори зиёд шудани шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ, ба зани дуввуму севвум табдил ёфтани чандеҳо, афзудани фоҳишагарӣ, ришвахӯрӣ, гардиши маводи мухаддир дар ҷумҳурии мо аз асари рафтори ҳамонҳост, гӯй? Ахлоқи ҳамидаву рафтори неку писандида орзу шуда мондааст. Дар зиндагӣ батамом гап дигар аст.
– Ҳамин гапҳоро ба ҳукумат, чунон ки дар радиову телевизор ҳар ранге ҳоҳанд, гапро тоб медиҳанд, мо ҳам нависем, чӣ?
– Биё, аввал ҳисоби табрику туҳфаро ёбем, баъд ба масъалаи сиёсат мегузарем.
– Биё, мегӯем: бобоҷон, ба касоне ки беш аз чил сол дар як ҷо, дар як корхона, бетанаффусу бекамбудӣ кор кардаанд, аз Соли нав мукофот медодаанд. Бобои мо қариб панҷоҳ сол бо маоши андак ҳалол кор кардааст.
– Сода! Бобом медонад, ки барои хурдтарин мукофот гирифтан ҳам, таку дави зиёд кардан лозим: ҳуҷҷат ҷамъ оварда, гулӯи баъзеҳоро равған кардан, ришва додан. Агар барои кори хуб бе ришва мукофот медоданд, ким-кайҳо бе гуфтани ману ту ҳам бобом чанд мукофот мегирифтанд. Акнун қоидаи мукофотгирӣ ҳам дигар шудааст. Аввал одам бояд таърифнома, ифтихорнома, медал ва орден гирад, пас аз ин ҳама, умеди ягон мукофоти судманд кунад.
– Эҳ-ҳа, ин хел бошад, дигар кай ба бобои мо навбати таърифномаю ифтихорнома ва медалу орден мерасад? Кӣ дигар ӯро ба мукофот пешниҳод мекунад? То ин зинаҳоро тай задан умраш мерасида бошад?
– Намедонам. Барои ҳамин як бобои мо не, аксар мӯйсафедон аз ҳар гуна мукофот умедашонро кандаанд.
– Не, ба якто-нимто диҳанд ҳам, ба авлоди курсинишинони болоӣ ва вазорату идораҳои баландостон медиҳанд. Бобои мо кӣ дорад, ки ғами ӯро хӯрад?
– Худо дорад, ману ту дорад.
– Эҳ-ҳа, ба умеди мо магарам, ки то думи уштур ба замин расидан интизор шавад!
– Не, ману ту беҳтарин мукофоту туҳфаҳои худовандии бобом ҳастем! Бовар накунӣ, рафтем, аз худи бобом мепурсем!

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё