Абдуғаффори Партав. Кадхудо

Абдуғаффори Партав дар иншои ҳикоя, қисса ва роман сабку услуби бадеии хоси худро пайдо кардааст. Ӯ осори худро тавре ба қалам меорад ва аз печу тобҳои зиндагӣ мегузаронад, ки басо муассир, ҳаяҷоновар ва хотирмону ибратомӯз ба назар мерасанд.
Валиев Султон · 21 ноябри 2024 · 22 саҳифа
– Ваъзгӯйи онҳо чӣ бадӣ дошт?
– Чӣ хубӣ дошт, гӯй? – луқма дод дигаре.
– Гӯш кун. Аз қадим хобро нишони марг ё марги сабук гуфтаанд. Баъзеҳо боз сабуктараш гирифта, хобу маргро баробар донистаанд. Ҳамин хел аст?
– Ҳо.
– «Ҳо» ки бошад, дар майдон аз номи шоири бузурги Шарқ Муҳаммад Иқбол даъват мекарданд: Аз хоби гарон хез! Ҳамин хел буд?
– Ҳо.
– «Ҳо» ки бошад, яъне даъват аз хобу беҳушӣ ба худ омадан будаст. Ин чӣ бадӣ дорад? Охир дунё тараққӣ кардаву пеш рафта, асрори кайҳону сайёраҳо, қаъри баҳрҳо, дили куҳҳо омухта шуда истодаанд, вале мо, ҳолӣ ҳам ба гуфти шоир: «Дар хами як кӯчаем».
– Худову ростӣ, ҳақ мега! Лекин агар вакилони мардумӣ беақлӣ намекарданд, кор ба майдоншинӣ намеанҷомид…
– Ғайр аз он, рости гапа гӯем, дар ин кор гуноҳи раисҷумҳур ҳам кам набуд. Як бор бо майдоннишинон вомехӯрд. Ақаллан намояндаҳои онҳоро қабул мекард. Аз дарди онҳо пурсон мешуд…
– …Онҳо ҳатто вакилони мардумиро ба гарав гирифтанд. Вай чӣ тавр ҷуръат мекард?
– Эҳ-ҳа! Вай ману ту барин бо як сари қоқ нест, даҳҳо нигаҳбони чобуку машқдидайи ойликхӯр дорад, ки пашаро дами парвоз медоранд!
– Гаравгирӣ мегӯӣ?! Гаравгирӣ баъд шуд. Онҳо диданд, ки дигар илоҷ надоранд, ба ин амали бадномкунанда даст заданд.
– Ту, ин ҳамаро аз куҷо медонӣ?!
– Ҳе – е, сода! Ман аз ин зиёдар гапҳо медонам.
– Боз чиҳо медонӣ?
– Боз медонам, аҳли як хонавода ба ду ва се тараф шуданд. Як қисмаш ҷонибдори як майдон, қисми дигараш мухлиси дигар майдон ва ба ном қаҳрамонсозӣ шуданд…
– Ҳо балое! Ин ҳамаро аз куҷо фаҳмидӣ?
– Ман оши ҳар ду майдон хӯрда, ваъзгӯии воизонро ана бо ҳамин гӯшҳоям шунидам. Ман надонам, дигар кӣ медонад?
Ҷавони силоҳбадаст бо ин гуфта қаноат накарда, даст ба гӯш бурд. Мардум чунин гӯшро чапаргӯш мегӯянд, чунки аз муқаррарӣ калон ва болои гӯшҳо пӯпаки мӯй баромада буд ва вақте аз ӯ сабаб мепурсиданд, мегуфт: – Инҳо антенаҳои иловагӣ ҳастанд.
Аз ҳар гӯшаи дунё хоҳам мавҷ қабул мекунанд. – Ҳоло вай даст аз гӯшҳо бардошта афзуд: – Ман он вақт дар ҳар ду майдон салангсаланг гашта, мавъизаҳоро гӯш карда, ба таври худ фол мезадам: ин амалҳо ба чӣ меанҷомида бошанд?..
– Ту ҳам ваъз гуфтагистӣ? Охир дар он майдонҳо: «Шаҳидон» ва «Озодӣ» сухан гуфтан озод буд – ку?! Ту пайтро аз даст надо дагистӣ? Он ҷо, ҳар кӣ мехост, ба хотири миллат, шаъну шуҳрат ва ё худнамоӣ, чизе мегуфт, хоҳ бад, хоҳ нек…
– Ба кадом як душман-деву аҷинаҳои хаёлӣ (дар асл коммунистону исломгароён ва демократҳо) баҳс кардаву нафрат мефиристоданд!
– Хаёлӣ не! Гап гуфтаниӣ, пӯстканда гӯ! Дар майдони
«Шаҳидон» аз демократияву ислом дифоъ карда, хурду бузург ба сохти давлатдории коммунистон нафрат мегуфтанд, дар майдони
«Озодӣ», баръакси онҳо аз коммунистону роҳбарияти вақт ҷонибдорӣ карда, ҳама нобарориҳоро ба ислому демократҳову сарвари қозиёт нисбат медоданд…
– Ростӣ, ҳамин хел буд, лекин ман дар фикру хаёли чизе гуфтан набудам, ҷуръате надоштам маро то пояи минбар барад.
– Ту чӣ? Ман баъде ки додару ҷиянҳоямро фирефта, ба муҳосираи Душанбе бурда нопадид гаштанд, чанде мурдаҳои ҷавонҳои Регару Шаҳринаву Ҳисор бедарак шуданд… Қавлу қасам кардам, қасди онҳоро бигирам…
– Аз кӣ?
– Аз ҳамунҳо.
– Киҳо?
– Ба ростӣ, худам ҳам намедонам, сари калоба гум шудаст.
Дар он майдонҳо аз ҳама маҳалҳо одамон буданд: олимону зиёиён, гулҳои сари сабади ҷомеа, лекин баъд гуноҳа ба гардани якду маҳал бор карда, сарчину қалам задани мардума пеш гирифтанд… Ҳама саргум аст…
Офтоби сӯзони тирамоҳӣ ба қиём омада, ҳоло рӯ ҷониби ғуруб мерафт. Чанд тан аз силоҳбадастон, худро аз партави он канор гирифта, дар ними сухани рафиқон ба ҳам бо кафҳо имою ишора карда, аз ҷой бархоста, дар тараддуди зудтар таҳорат кардану намоз гузоштан шуданд. Аз миёни гуфтугӯи онон овозҳои ниқорталабӣ ва таҳдиду дашномҳо ба ҳар шева ба гӯш мерасид. Вакил ба нияти пинҳон доштани беадабиҳои ҳайати даста, яхи хомӯшӣ шикаста ва ба хотири пахши овози онҳо аз пешина дида, бо овози баландтар ба сухан даромад, вале бо вуҷуд гуфтугӯи онҳо возеҳ шунида мешуд.
– Агар гаравгонҳоро озод кунем, ғайри пул додан, боз бо мо ҳамкорӣ мекунед? – мисли пешин ҷониби Умар ҳилагарона имо кардаву чашмакӣ зада, пешниҳод намуд Вакил ба Боири раис.
– Қавл медиҳам, бо шумо ҳамкорӣ кунам, – мисле ки пешакӣ дар ин бора фикр кардаву ба як қарор омада бошад, фаврӣ ҷавоб гардонд Раис.
Аз шунидани ин ҷавоб чеҳраи Вакил мисли аввала шукуфта, чизе гуфтанӣ буд, ки Боири раис имкони гуфтанаш надода, мақсадашро возеҳтар фаҳмонд: – Ба шарте ки гаравгонҳоро беосеб, фаврӣ ба ман баргардонед. Дар он сурат, ҳатто ҳамкории хушку холӣ не, балки шуморо аз ҳар ҷиҳат дастгирӣ мекунам, – гумон дошт ҳамсуҳбатон аз шунидани пешниҳоди ӯ шод шуда, зуд амри озод кардани гаравгонҳоро медиҳанд, вале чизе нагуфтану бетафовут нишастани онҳо, ӯро ба андешаҳои мағшуш водор сохт. Ин дафъа хомӯшӣ хеле тӯл кашид. Ҳамсуҳбатон ба рафти андешаи ҳамдигар халал нарасонида, лаб зери дандон гирифта буданд. Бе он ки касе аз Боири раис чизе пурсад, боз худ ба забон омада як навъ ваъдаи умедворона ва тасаллӣ дод:
– Дар хоҷагиам ду тона спирти тоза дорам. Ду миллион пул дорам. Болотар аз ин ҳама, чанде аз аъзоёни хоҷагӣ аз хати кашидаи ман берун по намегузоранд. Ба об равед гӯям, мераванд, ба оташ паред гӯям, мепаранд. Ҳарчи гӯям ҳамон мекунанд. Гапи ман барояшон қурби қонуну шариат дорад… Хулоса, гуфтаамро зуд ба ҷо биёред. Андаке таърифу худситоӣ шавад ҳам, мавридаш омадааст, мегӯям, то бидонед, ки бо кӣ сарукор гирифтаед. Тавре худатон иқрор кардед: дар замони шӯравӣ то Герой Соцтруда шуданам, як қадами дигар монда буд, ки сари синаи ин амакатона ситораи Героӣ зеб диҳад. Аз дасти ман ҳама кор меояд. Ба ҳама кори неку бад қодирам. Дасти дарозу тавоно дорам…
Вакил аз шунидани таърифҳои ӯ ба танг омада, баҷаҳл пеши сухани Боири раис гирифт: – Моро натарсонед, раис! Мо имрӯз қудрате дорем, ҳар гуна «дасти тавоною дароз» кӯтаҳ кунем!
Вай замони шӯравӣ буд, ки шумо ва шумо баринҳо ба хости хоҷагони худ ҳарчи хостед, кардед! Ба ҷои шахси сазовор хонуми зебоеро, ки хатдониву хатхонӣ не, хату холаш ба шумо писанд афтода буд, вакил кардед, парвои он надоштед, ки ақаллан подабонро аз муҳандис фарқ карда метавонад ё не?! Ба завқи шумо маъқул афтод, гирифтед коммунист кардед! Ҳамон тавре бо ман шуд. Райъи ба ман додаи мардумро ба номи дигар кас гузаронда, вакил кардед! Вале шукри Худо халқ худаш сараро аз носара фарқ мекунад! Дар сарнавишти ман вакилӣ будаст. Имрӯзҳо халқ бе ҳамун коғазчаи мандату нишони депутатӣ ҳам, мана ҳамчун вакили худ мешиносад. Тақдира такбир карда намешавад! Дидед, ки имрӯзҳо чӣ хел мардум аз пайи ман меравад…
Мисли касе ки дарди дил мегуфта бошад, оҳанги сухан ва тарзи талаффузаш аз пешина фарқ карда, ҳасрату алами дар дил доштааш масали «Аз кӯза ҳамон бурун таровад, ки дар ӯст»-ро ёд овард.
– Гумонатон дуруст аст. Номи ман аслан Хоҷаи Комрон аст.
Лекин ба хотири эҳтироми мардум, ки дар ман вакил дидан мехоҳанд, лақаби Вакила пазируфтам. Ҳаминро ҳам бидонед, ки имрӯзҳо қудрати ман аз он калушвакилҳои шумо, ки ба хотири манфиати шахсӣ ва маҳаллӣ ҷумҳуриро ба саргумӣ ва вартаи ҳалокат оварда, ноором карданд, баэътибору эътимод ва пурзӯртар аст!..
Аз таърифу таҳдиди Вакил мижаи Боири раис таҳ нахӯрда, баръакс сайъи қудратнамоӣ кард: – Қудрату тавоноии мо ҳам, ҳолиё ба ун дараҷае сусту фулуст нашудааст, ки ту гумон дорӣ! Бовар кун, ҳолӣ завол наёфтааст! Зудтар фарзандам ва арӯсшавандаашро бегазанд ба ман бозгардонед! Мо ҳама ёвару чокари шумо мешавем. Вагарна аз худ гила кунед! Касе ки садҳо кори неку бад кардааст, аз дасташ боз як кори дигар меояд. Фаромӯш насозед, мо ҳоли ҳам қудрати иҷрои бисёр корҳои ғайриинтизор дорем!..
Умар тоқаташ тоқ гашта, дигар интизори анҷоми сухани Боири раис нашуда, ҷониби Вакил ишораи тасдиқ намуда, гуфт: – Қабул, раис. – ва рӯ гардонд ҷониби Вакил ва як навъ мисли он ки худи ӯ дар банд зада, корафтода бошад, илтиҷо кард: – Ҷаноби Вакил аз барои Худо, хоҳиш мекунам. Амр кунед, то ки гаравгонҳоро ҳамин замон озод кунанд.
– О-о! – баръакси нармсухании ӯ Вакил ба дуруштӣ, ҷавоби тунд гардонд: – О, шумо набудед, ки ҳозир ба онҳоро рабудани бачаҳои мо шубҳа доштед?Худоё, ин қадар тарсу будаед, ҳазрат?! Маътали «дод»1 нашуда, фикри фаҳмидани мо накарда, аллакай андешаю мавқеъ тағйир додед. Дар зуд дигар кардани мавқеи худ ҳунарманд будаеду мо бехабар. – бо тамасхур гуфт
Вакил ҷониби Умар. Ин гуфтаи Вакил маънои таҳдоре ҳам дошт.
Пинҳон набуд, ки вай дар дил нақшаи дигаре ҳам дораду Умар аз он воқиф нест.
– Ростӣ, дар дили ман ҳеҷ гуна ғарази баде нест, – маломати
Вакилро гӯё нашунида, иқрор кард Умар.
1 Ишора ба латифаи машҳури тоҷикӣ аст. Шарҳи муаллиф.
Вакил ҳам дид, ки аз таънаю маломати ӯ дар чеҳраи Умар нишони ранҷише мушоҳида намешавад, ӯро ба ҳоли худ гузошта, ба Боири раис часпид: – Мо бешак аз зиёд шудани сафи шербачаҳоямон хушнуд мешавем. Ба болои он, боз шумо барин як шахсияти шинохтаи муътабар бо мо ҳамроҳӣ кунад! Бар замми он, маблағе бахшад, чӣ ҳам мегуфтем?! Нуран аълонур мешавад! Чунин тасаввур кунед, ки шербачаҳои мо аз шунидани ин хабари хуш дар курта намеғунҷанд. Хурсандиамон аз ҳаду ҳисоб берун меравад. Вале мо чӣ тавр ба суханони шумо бовар кунем?! Барои эътимоду боварӣ кафолат, далел лозим аст! Худатон хуб медонед, ки ягон бонк бе раҳна(гарав) пул намедиҳад ку?!
– О, шунидед, Раис чӣ гуфтанд? – кӯдаквор бо табассуми малеҳу фарох таъкид кард Умар.
– Бисёр сода нашавед, бародар! – Вакил нагузошт ӯ боз далел овардаю ҷонибдорияшро идома дода, қувват бахшад ва нишаста буд, миёни суҳбат аз ҷой бархоста, тарафи ҷевони китобҳо, ки парешон мехобиданд, рафту рӯзномаи куҳнаеро дуқат карда ба сари пашае, ки вижас зада аз болои сарашон ин тарафу он тараф парвоз дошт, аз афташ ҷойи нишаст мехост, чунон базарба зад, ки дар гӯшаи миз нақш баст.
Бозгашта ба сухан идома дод: – Замона имрӯзҳо содагӣ намепарварад ҳазрати Умар! – ин суханони Вакил, гумон ба яқин табдил доданд, гӯё ба сари Раис оби сард рехта бошанд, вуҷудаш такон хӯрд, умедашро аз раҳоии фарзанд ва арӯсшаванда канд.
Миёни гап куштани паша, ки мардум пайдо шудани онро аломати омадани меҳмон таъбир мекунанд, фоли бад пиндошт. Боири раис агарчи ифшо намесохт, сарришта гум кард, дигар чӣ гуфтану карданашро намедонист, фикрҳои талху мағшуш вуҷудашро ба сӯзиш оварданд: «Охир ман ба инҳо ваъдаи пул, духтар, ҳамкорӣ ва ҳатто таҳдид кардам. Дигар чӣ кунам? Инҳо чӣ нияту нақшаи ниҳоние дошта бошанд?» – вай сайъ дошт, ҳолати нотавонии худро ҳувайдо насозад, ҳарчанд эҳсос мекард: ин дам бар асари ҳаяҷону изтироби тоқатшикан гӯшҳояш сих зада, дандонҳояш ба дард даромада, ба мӯйҳояш сафедӣ медамад…
Таъзиқи Боири раис идома дошт, ки ғайриинтизор хомӯшӣ халалдор гашт.
– Рости гапа гӯям? Раис, ман ба он ки писаратон аз Русия бо дили софу беғараз арӯс овардааст, ба хусус дар ҳамин рӯзҳои нооромии диёри мо, чандон боварам намеояд. Вай ба Русия кай рафта буд? Чӣ хел ва дар куҷо онҳо бо ҳам ошно шудаву дар ин рӯзҳои сахту муташаниҷи даҳшатзо урусдухтараки бечораро фирефта, ба Тоҷикистон овардааст? Ман ҳайрон! Ҳарчанд ки як навъ фаҳмондед, вале боз ҳам дурусттар шарҳ медодед, то ки бовар бикунем, – омехта бо шакку шубҳа ва як навъ хайрхоҳиву умед, бо мулоимат хоҳиш кард Умар.
– Гуфтам ку? Ин кор ҷои ҳеҷ гуна шакку шубҳа ва ташвиши шуморо надорад, ки дар сурати паша фил тасаввур бикунед. Писари ман Шерак, дар курси сеюми донишгоҳ таҳсил мекунад. Азбаски имрӯзҳо дар аксар мактабҳои олии шаҳри Душанбе ба касофати майдоншиниҳои бемаънӣ ва кашмакашҳою маҳалбозӣ дарс намешавад ва ба гуфти худатон «муташанниҷи даҳшатзо» аст, писарамро ба
Русия фиристодам, ки аз бало ҳазар, боз ба ягон гуруҳу дастаи табаҳкор ҷалб нашавад. Ҳарчи нагӯед, ҳолӣ ҷавон аст. Донишу истеъдоди хуб дорад, якчанд забон медонад. Бо модараш ба тоҷикӣ, бо ман ба ӯзбекӣ, бо ҷӯрааш Зафар ба русиву англисӣ дар ҳама мавзуъ озод чақ-чақ мекунад. Дар Маскав бо ин духтарак ошно шудаст. Писари ман не, баръакс духтар хостаст, бо мо-падару модари Шерак шинос шавад, Тоҷикистон ва маҳали моро бо чашми сар бубинад.
Шумо медонед ку, имрӯзҳо шавқи дидану фаҳмидан дар мардуми рус назар ба мо бештар аст. Мана буду шуд, сабаби омадани онҳо ҳамин. Ин кор дигар ягон паҳлуи ниҳоние надорад, ки боиси тарсу бим ва таҳлукаю таҳдиди ҷони касе, ба хусус шумо «ҷанобони силоҳдор» шавад. Ба сухани ман бовар надошта бошед, ихтиёр ба дасти бахтиёр, боз аз худашон пурсед. Метавонед ҳар кадомашро дар алоҳидагӣ пурсуҷӯ карда, гап гиред.
– Гуфтаҳои шумо бериё ва муболиға бошанд, ман мефармоям: на танҳо гаравгонҳоро озод кунанд, балки писари шуморо, агар ҳазрати Умар дасти рости ман, муваззафи барқарор намудани робитаю ҳамкорӣ бо опозисиюни Чеченистону Доғистон ва Эрону
Афғонистон бошад, дасти чапи худ – муовин таъин мекунам, бигузор муносибатро бо опозисиюни Русия ва дигар давлатҳои аврупоӣ дуруст кунад. – мисли гумшудаи деринтизорашро пайдо карда бошад, як навъ болидахотир ва бо камоли қаноатмандӣ гуфт
Вакил: – Яке аз ҳамун «дастаҳои мисли гулҳои худрӯи баҳорӣ», ки гуфтед, аз баракати муовини забондон бо хориҷиён забон ёфта, робита барқарор карда, ба шарофати донишу маҳорати ӯ доираи ҳамкориҳояшон рӯ ба афзоиш аст, бо чанде сафорати хориҷӣ равуо доранд. Гӯшам бод ёфтааст, ки аллакай соҳиби пулу чизи зиёде ҳам шуда, силоҳу муҳимоти ҷангӣ ҳам харидаанд. Мо аз онҳо чӣ камӣ дорем?! Шукри Худо, донишу ҳунари раҳбарӣ дорем, бачаҳои қобил дорем, халқ моро гӯш карда, ҳарчи гӯем, не намегӯяд.
Дар байни шербачаҳои мо, аз ҳар маҳалу миллат, шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ – аз Мурғоб то Панҷ, аз Исфара то Регар, аз Ашт то
Фалғар ва ҳатто хориҷи кишвар шербачаҳои чобуку кордон ҳастанд. Онҳоро касе дасту гардан баста, маҷбурӣ наовардааст, ки биё бо мо ҳамроҳ шав. Ва ё чӣ хеле бачаҳои Регару Шаҳринаву
Ҳисорро фирефта, ба муҳосираи Душанбе бурда, ба бало андохтанд, нест. Инҳо ҳама бо хоҳиши худ, бо нияти нек бо мо пайвастаанд… Хайр, гапа зиёд намекунам, ба хотири боварии ҳазрати
Умар ба шумо, – гуфта Вакил ба тақлиди замонҳои қадим ва худнамоӣ, тавре шоҳону сарлашкарон мекарданд, каф ба каф кӯфт.
Дере нагузашта, силоҳбадасти пушти дар ҳозир шуд.
– Кас фирист, гаравгонҳоро зуд беозор биёранд!
Силоҳбадаст даст пеши бар гирифта, «Хуб шудаст, ҳазрат» гуфта аз дар баромад. Вакил ҳамон тавре барои куштани паша хеста буд, боз миёни сухани дигарон аз ҷой бархост, каҷ-каҷ паҳлуи ҷевони китобҳо рафту гӯшаки радиочаро тоб дода, гуфт: – Мебахшед. Ду дақиқа ахбор шунавем. Ку фаҳмем дар ин дунёи буқаламун чӣ гапу хабари нав аст. Ва боз суҳбатро идома медиҳем, то он вақт бачаҳои шуморо ҳам меоранд.
Ба ҷойи ахбор аз радио суруди «Аз дараи Камаров анор овардем» садо дода, аз омадани гаравгонҳо дараку пайяк набуд.
– Спиртҳои шумо чандон махфӣ набудаанд, – боз сари суҳбат пеш гирифт Вакил. – Бачаҳои мо бе гуфтани шумо ҳам аз онҳо бӯ гирифта, аз дору надори деҳаҳои Вистан, Навгилем ва Навдонаку
Даштак воқиф гашта буданд. Лекин аз он ки спиртҳоро чӣ тавр ба пул гардонем, сари ин масъала ба як қарор наомада будем, – баъди аз дар баромадани силоҳбадаст ва шунидани суруди «Аз дараи Камаров…», гапро идома дод Вакил ва ба ранги Боири раис ӯ ҳам, дам фурӯ баст, то фикри дигаронро фаҳмад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё