Абдуғаффори Партав. Кадхудо

Абдуғаффори Партав дар иншои ҳикоя, қисса ва роман сабку услуби бадеии хоси худро пайдо кардааст. Ӯ осори худро тавре ба қалам меорад ва аз печу тобҳои зиндагӣ мегузаронад, ки басо муассир, ҳаяҷоновар ва хотирмону ибратомӯз ба назар мерасанд.
Валиев Султон · 21 ноябри 2024 · 22 саҳифа
– Шумо аввал писар ва келиншавандаи маро ба ман супоред, ин дарди бахайр аст. Ғами онро нахӯред ҳам мешавад. На танҳо ман, балки дигар коргарони хоҷагии мо дар ин ҳунар таҷрибаи хуб доранд. Лекин ман худам ба шумо дар ин тиҷорат ёрӣ медиҳам, – гӯё хостаашро ба ҷо оварда бошанд, як навъ аз ҳоли яъсу навмедӣ берун омада, гуфт Раис. Вакил дар ҷавоби сухани
Боири раис ҳа ё не, нагуфта, мисли он ки дурустии гуфтаҳои ӯро дар ин амал дар мизони ақлу иёр месанҷида бошад, хомӯшӣ ихтиёр кард. Вале ҳамоно аз дил гузаронид: мабодо фиреб диҳад.
Беҳтараш тавре кунем, ки аввал роҳи обулой кардани спирт ва дастрас намудани ду миллион пулро ба мо гӯяду баъд. – Вакил дар умраш аз пули маош ва нафақаи падар бештар пул надидаву ба даст нагирифта буд, шунидани ду миллион беқарораш кард, ҳарчи зудтар соҳиб шудан мехост.
Суҳбат ва интизории баргашти гаравгонҳо идома дошт. Дар боз шудан замон, ҳавлона Раис нимхез ба умеди дидани фарзанд ва арӯсшавандааш ба дар нигарист, ба ҷои онҳо, силоҳбадасти пушти дар, ки акнун афташ дар назари Раис хунук метофт, ворид шуда, пурсид:
– Хӯрок тайёр шудаст, биёрам?
Вакил бо сар ишораи тасдиқ кард, яъне, биёр. Лаҳзае пас, ҳамин ки дар боз карданд, ҳавои хона аз бӯи хуши таом, ки дар он аз гиёҳҳои хушбӯи ҳархелаи лаззатбахш истифода шуда буд, дигаргун гашта, иштиҳои набуда меовард. Рӯи як лаълӣ се коса шӯрбо, дар лаълиҳои дигар картошкаю сабзӣ, як мурғи калон ва паҳлуяш корд, ҳар гуна кабудӣ ва нону мева оварда, болои миз гузоштанд. Силоҳбадасти дигари ҷавон зуд дастобгир ба даст, ҳуллаи оҳарӣ сари шона барои дастшӯӣ ҳозир шуд.
Аз садои ба коса бархӯрдани чумчаҳо маълум набуд, ки бар асари бо иштиҳо хӯрдани онҳост ва ё асабоният. Умару Вакил косаҳои холишудаи худро ба канораи миз тела дода, ба меваҳо часпиданд. Себи сурхи хубонӣ бо корди ялақосии Вакил, ки аз нури офтоби аз дарича расида чашм мебурд, оҳиста-оҳиста аз пӯст ҷудо мешуд ва ёд аз он меовард, ки хонуми зебое либоси арғувонӣ аз тан бадар карда бошад.
Боири раис на ба косаи хӯрок даст заду на ба меваҳо.
– Дар миёни шербачаҳои дастаи мо ҳоли ҳам, гиред, гиред расм нашудааст. Ҳамин ки хӯрок пешатон гузоштанд, маънии он дорад, ки барои шумо овардаанд. Бе мурооти дигаре дилатон кашад, гирифта хӯрдан мегиред, – изҳори фазл кард Вакил аз ором нишастану дар фикр фурӯ рафтани Боири раис хиҷилнамо шуда. – Ғайр аз ин, ин хӯрока медонед, кӣ пухтааст? Ошпазҳои чирадасти исфарагӣ. Ин аз хӯрокҳои ҳамеша мехӯрдагии шумо не. Ин ошпазҳо зану шӯ чанд сол дар тарабхонаҳои класси якуми Маскав кор кардаанд. Дасташон бомазза ки ҳаст, ҳар хӯроке пазанд, болаззат аст, аз хӯрданаш кас сер намешавад. Бовар накунед, аввал як чашида бинед.
– Ман ҳам аз ин сирру савдо огаҳӣ дорам. Шукри Худо солҳои зиёд ба як хоҷагии калон сарварам, тамоми маҳалҳои Тоҷикистон ва чанд давлати хориҷа дидаву ба расму русум ва зиндагияшон ошно шудаам, – ҷавоб гардонд Боири раис. Лекин аз таъхир ёфтани амри Вакил гумони бад ба сараш пайдо шуда, ҳаяҷону изтироби ғашовар вуҷудашро азият медод, бо вуҷуд ҳамон фармонбарии дилу тан, ки дар солҳои сарварии хоҷагӣ хӯ кардааст, дастгираш шуд ва худро як навъ озод нигаҳ медошт.
Ғояте пас, Умар ҳам, ба ӯ ва ба меваю хӯрок ишораи хӯрдан кард.
– Аз гулӯям намегузарад, – маънӣ овард Боири раис.
– Таома гиреде! Имрӯзҳо як шумо танҳо ғаму дард надоред, тамоми мардуми ҷумҳурӣ дар ғаму андеша аст, ки: ин гирдбоди бало, ки рӯз то рӯз, балки соат ба соат одамони зиёдеро дар худ мепечад, то ба куҷо мекашад, оқибаташ чӣ мешуда бошад? Аз ин абри сияҳи болои сар чӣ меборад?! Борони раҳмат, наҳс ва ё ягон баду балои дигар?! Миёни мардум ҳазору як хел овозаҳои воҳимаангезу дилғашкунанда аст, боз мана эътибор додаед ё не, аз радиои мо ба ҷойи як гапи сиҳат гуфтан, аз саҳар то шом фақат дингр-дингр мусиқӣ ва сурудҳои аз дақиёнусмонда мешунавонанд. Гӯё дар ин мулк дигар ягон проблема намондааст… Толеи насли моро бин, ки авзои худи табиат ҳам ҷониби бадӣ гашта, пиряхҳо башиддат об шуда истодаанд. Кадом рӯз мебинӣ, дунёра об зер мекунад…
– Ҳама ҷоро об зер кунад ҳам, мурғобиро то зону, – аз дил гузаронид Боири раис аз амри маъруфи Вакил ба танг омада. Вакил маврид мувофиқ дида, ба маънии бардорад, зам кун, боз ҳам фазлфурӯшӣ кард:
– Худо гӯед, Тӯфони Нуҳ такрор нашавад! Баъзеҳо тахмин мезананд дар садади ба охир расидани дунё ҳастем: худ ба худ барҳам хурдани Давлати абарқудрати шӯравӣ, беқурбии одамӣ, бесатрии занон, афзудани фаҳшу фоҳишагӣ, аз байн рафтани инсофу адолат, зиёд шудани ғорату куштор, на танҳо дар ҷумҳурии мо ва Афғонистони ҳамсоя, балки дар дунё, хулоса ба ҷои амалҳои некиву савоб, рӯз ба рӯз бештар шудани зиллату хорӣ аз нишонаҳои охирзамонанд. Бар замми ин ҳама, боз дар ҷумҳурии мо мана ин кашмакашҳои сиёсиву мансабхоҳиву маҳалбозиро намегӯӣ? Оқибати ин ҳама ба чӣ меанҷомида бошад? Худо худаш надонад, банда аз пешгӯӣ оҷиз аст. Бовар дорам ҳамон кампири булғорӣ, кӣ буд? Ҳа, ёдам омад, ҳамон бибии Ванга ҳам, ки бисёр пешгӯиҳояш ҳақиқат амалӣ шудаанд, зинда мешуд, гапи дурусту пешомади хубе гуфта наметавонист…
«Аз қудратат гардам Худо! Ина бин, буду шуд, як муаллимаки физкултура буд, чӣ шуду ба донишгоҳи аграрӣ даромада онро ғо ибона хонда нахонда, ҳамин ки соҳиби диплом гашт, ҳавою ҳавас ва ғурури депутатӣ дар дилаш пайдо шуд. Мо ина ба як пули пучак нагирифта, ба вакили мардум лоиқ надонистему ин гапҳоя бин, воизони ҷамъияти «Дониш»-а ба як нул мезанад. Худо медонад дар авлоди бобову бибиаш як хатхону китобдор буд ё набуд, ин чаҳ-чаҳа шунав. Ин қадар гапдону ҳамафаҳм шудаст», – аз дил мегузаронид Боири раис дам ба дарун кашида.
Вакил бепарвоёна, гӯё ғаму ташвиш боре ҳам аз гӯшаи хаёлаш нагузаштааст ва дар бораи рӯзгори муқаррарии ҳамарӯза сухан мегуфта бошад, донаҳои ангурро як-як гулчин кардаю болоӣ мепартофт ва даҳон тавре мегирифт ки донаи ангур ба даҳонаш меафтод ва аз ин худ ба худ завқ бурдаю хушнудӣ карда, амри маъруф идома медод: – Гиред! Нону намаки одамони маҳалҳои гуногуни ҷумҳуриро, ки хӯрда бошед, аз моро ҳам чашед. Дигар ҳоҷати ҳеҷ гуна ташвише ба дил роҳ додан нест! Вақте ки ман гуфтам, дилпур бошед, бачаҳоро албатта меоранд. Ҷонашон дар чанд қоп аст, ки набиёранд, аз амри ман сарпечӣ кунанд? Мана гапам якта. Дар суханам меистам. Дар ҳама ҳолат бо амри дилу виҷдон амал мекунам.
Медонам, ки як сабаби эътимоду ихлосу дилпурии мардум ва ҳайати даста ба ман ҳамин сифатҳоям аст. Баъзеҳои дигар барин не, ки аз
Худову Расул гап зада, чашмашон ба молу ҳоли мардум. Ман ба қадри некӣ ва одамгарӣ мерасам, – дар омади гап ба чанде аз ҳайати даста ва ҷонибдорони Умар неш зад ӯ.
– Ман ҳам. Қасами ҷавониямро намехӯрам, дигар ин ҳама солҳо қадри нону намаки хӯрда пос доштаам, – болои курсӣ худро каме пас кашида, баҳузуртар нишаста, ҷонибдорӣ кард Раис ва бо ин гуфтанӣ буд, ки ман аз шумо болоӣ дораму камӣ не. Бо ин гуфта, қаноат накарда, афзуд: – Пос доштани намак, аввалан нишони футувату ҷавонмардист, сониян, баракатро арзонӣ медорад, касро аз ҳар гуна хаёлҳои беҷо ва азоби виҷдон раҳо мекунад…
– Бале, пос доштани намак аз гӯшаи имон аст… Худо ҳамеша ба муъминон тавфиқ рафиқ гардонад! – афзуд Умар, ба ҳулла даст пок кардаву тасбеҳи тавонбахши худ ба гардиш даровард, шояд ба умеди он ки дар гардиш асари манфиатбахшии он бештар бошад.
Вале Вакил пай набурд, ки инро аз барои кӣ гуфт. Аз ин рӯ, заҳрханде карда, чизе гуфтанӣ шуду боз худро нигаҳ дошт, лекин аз ангурхӯрӣ бозистода, ба чеҳраи Боири раис то дер нигоҳи таҳдоре кард, ки мегуфтӣ нигоҳаш ҳазору як асрор дорад. Воқеан барои ин сабаб ҳам дошт, чунки аз саргузашт ва розҳои ниҳонии роҳбарии раис, агарчи андак медонист, боз дар ин шабу рӯзҳо бештар огаҳӣ ёфта буд. Ба шуниди Вакил, ӯ замоне бо котибааш ишқварзӣ кардаву шавҳари котиба аз моҷаро воқиф гашта, ба Боири раис газанде расонида натавониста, аввал монеи кор кардани ҳамсараш гашта, баъд аз алам худро ба майхорагӣ зада, оқибат аз олам номурод даргузашта, ба гуфтае худкушӣ кардааст. Писарони Раису котиба мегуфтӣ каллаю кундаи ҳамдигар буданд ва инро мардум фоли ҳамон ҳамхобагӣ ва ҳосили ишқварзиҳои ҷавонии Боири раису котиба медонистанд. Онҳое ки аз ин роз огаҳӣ доштанд, ба покии Раис эътимод накунанд ҳам, аз бадгӯӣ ҳазар мекарданд ва онҳое суде бардошта буданд, баръакс худро нодидаву ношунида гирифта, ҷойяш биёяд дар ситоиши ӯ беҳтарин ҳарфу ҳиҷоро дареғ намедоштанд ва орзуи сиҳативу подории давлату савлати Боири раис мекарданд.
Оқибат Вакил аз муҳокимарониҳо ва парвози хаёлу андеша заминӣ шуда, аз тарзи ангурхӯрии кӯдакона бозистода, ба мурғ часпид ва думбаю гарданашро аз аввал бурида пеши худ гузошта гуфт: – Ҳамин қадар солу моҳҳо мурғ хӯрда, нафаҳмида ба гардану думбаи он беҳурматӣ мекардаам, мазза ҳамаш дар ҳаминҳо будасту мани сода бехабар. – ва боз ба Боири раис муроот кард: – Ин хел ки бошад, гиред, то ки мо ҳам ба ҳамкорӣ дилпур шавем. Хӯрока гиред, мо барои ин аз шумо пул намегирем, – ба тавраш шӯхӣ кард Вакил.
– Чунки худатон барои пайдо кардани он пул надодаед, – нимшӯхӣ ҷавоб гардонд Боири раис ва табассум чеҳраи гирифтаи ӯро каме дигаргун кард.
– Чӣ хел?!
– Мана ҳамин хел. Ин мурғи болаззате шумо хӯрда истодаед, на дар мағоза ёфт мешаваду на дар бозор. Медонед, ин гӯшти кадом мурғ аст?
– Ба назарам индийук будагист, – гуфт Вакил ҷониби Умар имдодталабона нигариста.
– Не. Ин мурғи марҷон аст, ҳарчанд хеши ҳамон индийуки гуфтаат аст, лекин гӯшти ину товус аз он гуфтаи ту фарқ дорад.
Боз ба кайвону вобаста. Баъзе ошпазҳо садқашон шавам, ҳатто кабку бедонаро дуруст пухта наметавонанд. Як чизи дигар гӯям намеранҷед?
– Ба шарте аз ҳад нагузаред. – ҳамоно таъкид кард Вакил.
– Як сабаби дилмондагӣ ва низоъ байни мардум, ана ҳамин масъалаи муҳайё кардани хӯрока шуд. Тасаввур кунед: одами солим дар як рӯз ба камикамаш ду бор бояд хӯрад. Хӯрданиро аз куҷо мегиранд? Медонед дар майдонҳои «Шаҳидон» ва «Озодӣ» – и шаҳри Душанбе чӣ қадар одами маҳшар ҷамъ омада буд?
Ҳазорҳо! Ҳамаи онҳо хӯрданашон лозим буд, лекин аз кадом ҳисоб? Аз хонаҳои мардум як рӯз ҷамъ меорӣ, ду рӯз… Ноилоҷ рӯ оварданд ба гову моли колхозу совхозҳо ва анборҳои хӯрокаи давлатию шахсӣ ва бо ҳамин ба дуздиву ғорат дуо доданд, астағфируллоҳ, балки танҳо дуо не, фатво, ҳукми шаръӣ, зелёний свет! доданд. Мутасаддиён агар яке барои майдоннишинон бурда бошанд, дуи дигар бераҳа карданд, соҳибони анборҳо ва онҳое ба ин кор муваззафу олудагӣ доштанд, барои худ ва хешовандонашон аз ҳама навъи хӯрока ҳадия карданд. Ва бо ҳамин дуздиву ғоратгарии иқтисодӣ ба расмият даромад ва то имрӯз идома дорад. Ҳарчанд ман шуморо дар назар надорам, лекин шумо ҳам истисно нестед.
Чанде аз ҳайати дастаи силоҳбадастон дар офтобрӯяи канори роҳи морпечи мумфарш, ки аз рафтуомади мошинҳои пурқудрати ҳархелаи боркашу сабукрави дастаи «Фидоиён» пушти хари боркаш барин шуда, гарди хокаш ба мусофирон сафедӣ мезад, нишаста гарми суҳбат буданд, ки гаравгонҳоро оварданд.
– Ин Худобехабаронро куҷо мебарӣ?
– Ҳай духтари нозанин будаст! Мегӯӣ аз даҳани мор кашида бошандаш…
– Ту гӯӣ торони таҳсангӣ бошад…
– Ай себи хубонӣ, мурамате! Газида-газида хӯрамате!
– Ай бачаҳо, духтара як соат ба ихтиёри ман тед!
– Андеша кун, беинсоф!
– О, ҳамин худаш андеша аст! Боз чӣ хел андеша мехоҳӣ? Ман барои ту шоир ё файласуф набошам, ки калимаю ибораҳои по дар ҳаво гӯям.
– Садқаи андеша ва шоиру файласуф шавӣ! Худогирифтаи нопок! Аз Худову инсоф гап мезанеду амалатон фашистҳо барин!
– Ҳой! Забон нигаҳ дор, ки инсофа нишонат медиҳам! – гуфта силоҳбадаст ба асбоби мардияш ишора кард.
– Бетамизи бадзоти ҳаромзодаи тарбиянодидаи!.. – ҷавони бандӣ кулӯхчаеро ба по тарафи ӯ мисли туби футбол башаст зад.
– Чӣ гуфтӣ?!
– Он чӣ шунидӣ!
– Боз забондарозӣ мекунӣ, очағар?!
– Афсӯс дастонам бастаанд, вагарна очата дар пеши чашмат…
Садои тир омехта бо овози падарҷон! гуфтани касе танинандоз гашта, аз атроф акси он баланд омад.
Дарзамон, мисли бузе, ки аз куштани худ бӯ бурдааст, Бердӣ ҷонҳавлӣ фарёд зад: – Ман накардам! Ман набудам! Хоҳ бовар кунед, хоҳ не, ман напарондам. Танҳо таҳдид кардам! Гуфтам!
Ман қасди куштан надоштам! Худо як аст! Касе маро подставит кард! Бародарон, миёни мо нохалафе ҳаст! Миёнамон низоъ ангехтанист! – Бердӣ якзайл бо овози баланд бегуноҳии худро иқрор мекард, меҳру шафқат мехост. Вале аз миёни онҳо хайрхоҳе пайдо нашуд, касе ба додаш нарасид…
Баръакс: – Гиред ӯро! Доред! Нагурезад! – овози ӯро пахш карда, якбора чанд нафар силоҳбадаст дар як мижа ба ҳам задан, бо як чолокии ҳайратовар, мисле ки ашадитарин террористро дошта бошанд, дар по задану мушт кӯфтани ӯ аз ҳам пешдастӣ мекарданд ва коре карда, ба ӯ часпида, ҳай муштборонаш карданду аз дасту танаш силоҳҳоро гирифта, дастҳояш ба пушт бастанд.
– Маслиҳати мо напухт, – гуфт Боири раис аз ғалмағалу садои тир дилаш ба кадом як амали шуме гувоҳӣ додаву рамуз гирифта, ки башаст аз ҷой бархост ва ҷониби дар қадам бардошта буд, ки дар боз шуду силоҳбадасте вориди хона гаштан замон, ҷониби
Вакил гуфт:
– Ҳазрат, бачаи Раиса пар…
– Оҳ! – гуфта Раис бо ҳамон шасту шитоб силоҳбадастро аз роҳаш яктарафа тела доду берун давид. Рӯи роҳи хокӣ писараш ғелида буд, русдухтари арӯсшаванда бо дастони баста болои сари ӯ ба зону зада, нолаю шеван мекард. Боири раис паҳлуи духтар хам шуд, рӯ бари рӯи писар гузошт, бо тамоми тану тӯш ларзидаларзида, дарун-дарун беовоз гирист.
Ба ҳоле Боиру келиншавандаашро аз болои майит яктарафа карда, ҷасадро бардоштанд, болои пидҷаки хоколуди ӯ, гӯё зери борони шадид монда бошад, батамом тар шуда буд. Хун рехта шуд, хуни ноҳақ, хуни ҷавони бегуноҳ. Чанд тан силоҳбадастони ҳангоматалаб гӯё корнамоии шоистае анҷом дода бошанд, хурсандии худро пинҳон надошта, чанде дигар ин амали носавобро ибтидои хунрезиҳои дигар пиндошта, домани андеша ба даст гирифтанд, то аз ин варта ба чӣ баҳонае ҷон раҳо кунанд. Пешбиниву пешгӯии хушӣ, ки ҳама ба он умед доштанд, дар ин рӯзҳо мушкилу сахт буд, зеро баъд аз он, садои навҳа аз ину он гӯшаи деҳкада баланд гашта, аз қатлу ғорати нав ба нав дарак медод.
Раъду барқи баҳорон зодаи мавсим, ҳолати дигаршавии табиат аст. Ин ҳама доду бедод аз раҳгумӣ, бесарусомонӣ ва фалаҷ шудани сохти давлату кундии фаҳмиши сиёсии сарварони давлат дарак медод, вале на ҳама ба таҳти он сарфаҳм рафтанд, мардумони одӣ умед ба адолату пойдории сохти шӯравӣ баста, баъзе аз сарварони сатҳи поёну боло аз оқибати кор чӣ андешидаву хулоса карда, ки ҷаҳди ҳарчи зудтар барҳам задани сохторҳои шӯравӣ доштанд ва онҳое, ки дар сар задани ину он амали носавоб якдигарро айбдор дониста, бадхоҳиву бадгӯӣ мекарданд, бештар тундрав буданд, бо сухан қаноат накарда, аз зӯри силоҳ истифода менамуданд. Ҳайати дастаи «Фидоиён» аз ҷумлаи ҳамонҳо буд.
Маркази деҳкадаи Вистан аз шаҳрчаи замонавӣ монданӣ надошт.
Кӯчаи мобайнии он, ки як аспдав тӯл мекашад, ҳамеша серодаму сермошин ва мағозаҳою бозорча мегуфтӣ лабрезӣ одам аст, аз майдончаи варзишӣ садои ҳаёҳуйи варзишгарону мухлисони онҳо ба ибораи маъруф: гӯши фалак кар мекард. Вале имрӯзҳо аз он ҳама хушию саргармӣ нишон намонда, дар дили мардум ба ҷуз фикри аз бало эмин будан, бе зарурате ба кӯча набаромадан, андешаи дигаре намеғунҷид. Деҳкада аҷаб ҳолати мотамӣ ва ҳузнагез гирифтааст.
Бердии бандии рангпаридаи ҷо-ҷо сару рӯяш хун лаълбаста, ҳангуманг, сарфаҳм нарафт, ки дар як мижа ба ҳам задан чӣ гапу коре шуд. Онҳое, ки ӯро доштанд, дардам аз куҷо рӯ заданд ва оне, ки паҳлуяш буд, куҷо ғайб зад? Ақлаш корагар нашуд.
Нафаҳмид, ки нафаҳмид.
Умар дар ин ҳамҳама ба ҷойи тасаллӣ додан ба Боири раис ва ё чизи дигаре гуфтан дар ҳаққи ба ном қотил, аз онҳое, ки Бердиро дошта буданд, пурсид: – Силоҳҳои ӯ дасти кист?
Ба ӯ силоҳҳои Бердиро як-як нишон доданд: Як корди дудамаи сохти устоҳои истаравшанӣ, ки ба буррогӣ на танҳо ҷисм, балки мегуфтӣ нигоҳи одамиро мебурад, бо расидани нури офтоб ҷило медод, тапончаи сохти Макаров ва автомати Калашникови напа нав, ки бо пули худ барои як рӯзи мабодо, аз аскарҳои уруси аз
Афғонистон баргашта, харидаву дар ҳаваси онҳое, ки раисҷумҳур мусаллаҳ карда буд, имрӯзҳо бо худ гирифтааст. Умар бо ақли фитрӣ, мисли мутахассиси варзида, шахсе, ки борҳо рози чунин қасду кушторҳо ошкор сохта бошад, тапончаро пуштурӯ аз назар гузаронид, пеши бинӣ гирифта, бӯ кашид ва тирдонро кушода дид, автоматро низ ба ҳамон дақиқназарӣ тагурӯ ва тирҳоро ҳисоб кард. Дар ҳар ду силоҳ ҳама тирҳо ҷо ба ҷо буданд. Ин аст, ки гуфт: – Шакке нест, ки аз ин силоҳҳо ба ин қарибӣ касе оташ накушодаст. Дар танаш дигар силоҳ набуд? – ҳанӯз касе ҷавоб нагуфта, боз амр кард: – Атрофро ҳам дурусттар бубинед. Нағзакак кобед, мабодо партофта бошад, – агарчи сир бой надод, вале аллакай барояш маълум гашт, ки каси дигаре парондааст. Лекин кӣ? Вай дар андешаи сарпеч силоҳҳоро баргардонда, бо мулоимат амр кард: – Дастҳои Бердиро боз кунед.
– О, ин?
– Чӣ хел мешавад?!
– Боз кунед, гуфтам, боз кунед, – таъхир кардани онҳоро дида,
Умар бо овози баланду қатъӣ гуфт: – Ба кӣ мегӯям?!
Касе ҷуръати дастҳои ба ном қотилро, ки ҳанӯз пурсишу тиргав нашудааст, кушодан нахоста, яке пайи дигар худро ба канор кашиданд.
– Кушоед! Кушоед, гуфтам, кушоед! Ҳама масъулият ба гардани ман! – бо ҳамон овози баланду қатъӣ таъкид кард Умар. Яке аз онҳое, ки Бердиро дошта буданд, номаълум тарафи дафтари кории Вакил давид, то аз моҷаро ӯро воқиф созад.
– Ҳа-а! Куҷо шитоб дорӣ? – аз пеши роҳи ӯ баромада пурсид Вакил.
– Назди шумо. Ҳазрат, писари раисро паронданд. Гумонбарро доштем. Ҳазрати Умар сар диҳед, мегӯянд.
– Чаро сар диҳед, намегӯянд?!
Вакил раҳораҳ дар гуфтаи худ исрор кардани Умарро шунида, ба онҳо наздик омадан замон, амр кард: – Гуфтаи ҳазратро ба ҷо биёред! Як чӣ медонанд, ки мегӯянд.
Умар ба ҷойи шарҳи ин моҷаро аз масъалаи дигар, ки Вакил ин дам ёд оварданашро чашмдор набуд, гап кушода, маслиҳат дод: –
Минбаъд санҷиши қабули бачаҳои хоҳишмандро ба даста ҷиддитар карданамон лозим. Тахмин мекунам, каси дигаре парондаву тавре кардааст, ки ҳама аз Бердии бодии ҳарзагӯй, гумонбар шавем.
Вакил ҷониби Умар, ба маънии аз куҷо медонӣ, тааҷубомез, тавре ки сайёд ба ҳар як ҳаракати сайд менигарад, то майли ӯро пай барад, нигоҳашро намеканд. Умар чӣ хостани ӯро ба фаросат пай бурда, шарҳ дод: – Ман ҳама силоҳҳои тани ӯро аз назар гузаронидам. Ягон аломати ба ин қарибӣ тиркушоӣ мушоҳида нашуд.
Фармудам, атрофро ҳам бубинанд, ки мабодо баъди парондан силоҳро партофта бошад. Атроф ҳам сари кал барин аст, чандон алафу хасу хошоки зиёду баланде надорад, ки силоҳро панаҳ кунад. Хамӣ, чуқуриву пастие ҳам нест…
Умар муҳраҳои тасбеҳи фирӯзагии азизашро бо ангуштони як даст гардонда, ба Вакил гап фаҳмонда, оҳиста – оҳиста баргашт, баргашт ба ҳамон ҷое, ки Бердиро дастгир карда буданд. Бердӣ дастони аз зарби бандубаст карахтшудаашро бо дидаи тар молиш медод. Аз ранги парида, ҷомаи дарида, авзои гирифтааш ҳувайдо буд, ки ҳоли ҳам ба худ наомадааст. Вай наздик омадани Умарро дида, бо як азоби ҷонкоҳе аз ҷой бархоста, арзи бегуноҳӣ кард: – Ҳазрат, бовар мекунед ё не, ба Худо рост мегӯям. Ман ин корро накардаам. Ба ҳар чӣ, ки савгандам диҳед…
Умар ба маънии хомӯш бош, ангушт ба даҳон бурда, таъкид кард: – Дониста гир! Миёни бачаҳо душмани доно доштаӣ. Забон нигаҳ дор. Кӯшиш кун, қотилро пайдо кунем, вагарна ту хоҳу нохоҳ аз ҷазо эмин намемонӣ. Намераҳӣ! Фаҳмидӣ?! – инро гуфта Умар аз роҳаш намонд.
– Ҳазрат, ҳазрат, бовар мекунед ё не, ман аз шумо як умр миннатдор, ғуломатон…, – аз паи Умар лангида-лангида ба ҳоле қадам бардошта, мегуфт Бердӣ. Вале Умар дигар ба суханони ӯ эътиборе надода, рӯ ба осмон кард, ба соати дасташ нигарист, аз афти кор вақти намози пешин даргузар буд, ки суръати роҳравиашро тезонд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё