Абдуғаффори Партав. Кадхудо

Абдуғаффори Партав дар иншои ҳикоя, қисса ва роман сабку услуби бадеии хоси худро пайдо кардааст. Ӯ осори худро тавре ба қалам меорад ва аз печу тобҳои зиндагӣ мегузаронад, ки басо муассир, ҳаяҷоновар ва хотирмону ибратомӯз ба назар мерасанд.
Валиев Султон · 21 ноябри 2024 · 22 саҳифа
ИДОМАИ ХОБ ДАР БЕДОРӢ
Садои занги дар баланд шуд. Дар кушоданд. Пушти дар зани ҷавони зебое дар бағал кӯдак рост меистод.
– Саломалайкум. Хонаи муаллим Парвин аст? – як навъ беҷуръат пурсид ӯ.
– Бале, – гуфт даркушо.
– Шумо ба муаллим кӣ мешавед?
– Ман духтарашон.
– Мумкин аст дароям?
– Марҳамат. Садои дар кушода пӯшиданро шунида: овози кӣ омад? кист?! – баланд шуд аз ҷониби ошхона.
– Як ҷавонзани зебои кӯдакдор! – ҷавоб гуфт духтари соҳибхона, ки навакак дар кушода буд.
– Ҷӯгӣ бошад ҳам ноумед накунед! Ягон чизаш диҳед! – боз баланд шуд ҳамон овоз аз тарафи ошхона.
– Дар хона боз кӣ ҳаст? – пурсид зани зебои кӯдак дар бағал.
– Модарам, духтарам, хоҳарҳоям…
1 Луфтак, лўхтак, зоча.
– Як пиёла об ё чой медодед. Ва онҳоро даъват мекардед, – хоҳиш намуд ӯ, ки ҳанӯз ҳам дар роҳрави байни хона рост меистод.
– Шумо ба ин хона гузашта шинед, ман ҳозир, – гуфт духтар ва аз дилаш дар як чашмпарӣ саду як андеша гузашта, ҷониби ошхона равон шуд. Аз пеш модараш баромада боз пурсид:
– Кӣ буд? Куҷо шуд?
– Дар хона, – гуфт духтар ва барои овардани об рафт.
Ҷавонзани кӯдак дар бағал, ки ба чеҳраи зебояш сояи ғам афтода буд, ба истиқболи соҳибхона аз ҷой бархоста салом гуфт.
Ҳанӯз онҳо бо ҳам шинос нашуда, дар як чашмпарӣ ба ранги одамони ҳангоматалаб, кӣ омад? Кӣ омад? гӯён яке пайи дигар аҳли хонадон ҷамъ омаданд. Зани ҷавон ба истиқболи ҳар кадоме аз онҳо, зайли арӯси нав аз ҷой бармехест. Ҳангоми ин хезушинҳо тифлак аз хоб бедор гашта ба модар, сақфи хонаю атроф, одамони ҷамъшуда бо тааҷҷуб нигарист.
Ҳама хомӯш, гӯш ба қимори он буданд, ки кӣ аввал ба гап сар мекунад. Меҳмони нохонда оғоз кард:
– Шунидам, маъракаи чил доданиед. Камтар маблағ овардам, – гуфт бо овози ҳазин кӯдакро дар бағал каме яксӯ дошта, сумкачаашро, ки паҳлуяш меистод, кушода пул баровард. Лаҳзаи пулбарорӣ аз сумкача сурате берун афтид.
– Ай, сурати бобом! – ба шодӣ овоз баланд карда хам заду суратро бардошт Маҳина ва хурсандона ҷониби холаҳояш гашта гуфт:
– Бинед, сурати бобом. Худи худаш.Иқа хушрӯ…
Ин дам тифлак сӯи ӯ дастак зад, мисле ки «сурата ба ман те» мегуфта бошад.
– Маҳина! – ба дуруштӣ овоз баланд кард зани калонсол, ба маънии «Ором бош!»
Маҳина бо дили нохоҳам, абрӯ чин карда суратро ба тарафи тифлак дароз кард. Тифлаки суратбадаст ҷониби модар нигарист ва бандчаи пули ӯро гирифта, мисле ки пешакӣ фаҳмонда бошандаш, ҷониби зан якта – якта қадам партофт. Вақте тифлак қадам мезад, модараш ба мулоимат ба ӯ ишора карда, гуфт:
– Додарчаатон, – ва магар нафас дар гулӯяш печид, ки дигар чизе нагуфта, як ҷуръа об нӯшид.
Зани калонсол, хост ӯро ислоҳ карда гӯяд: «Меросхӯратон мегуфтед». Хушнудии духтарон ва дидани тифлаки маъсуми дӯстрӯяк нагузошт, неши забон сар занад ва ба ҳоле хомӯш онро таҳаммул кард. Бо вуҷуд чеҳрааш он қадар ба зудӣ тағйир ёфта, лолагун гашт, ки мегуфтед, ҳамин ҳозир ё замоне пас мисли пуфак мекафад.
Тифлак сурату пулҳо ба даст назди зан рафт ва бо вуҷуди рӯи хуш надодан дар бағали ӯ, мисле ки борҳо нишаста бошад, ҷой гирифт.
Ҳозирон аз ҳайбати модар дам ба дарун кашида, интизори оқибати гапу кор шуда, садое намебароварданд. Ҳатто Маҳинаи бетоқат, ки дар ҳама гапу кор шитоб дошт, ҳарчанд дилаш мехост суратро аз дасти тифлак гашта бигирад, аз қошу қавоқи бибӣ ҷуръат накард. Вай зайле ки болои сӯзан бошад, вазнашро аз як по ба пои дигар партофта, ба чеҳраи холаҳояш нигариста, мегуфтӣ ором надорад, аз чизе сахт ба ҳаяҷону изтироб афтодааст.
Тифлак дар бағали зан ба по рост шуда, худро ба сару рӯи ӯ молид, як навъ навозиш кард, лекин пулҳоро аз даст нагузошт.
Баъди каме худро ба сару рӯи зан молидан даст ба синаи ӯ бурду сурат ва пулҳо аз дасташ хато хӯрданд. Зан суратро, ки ин дам болои доманаш афтода буд, бардошта амр кард: – Ку айнакҳои падаратонро биёред!
Зуд айнак оварданд. Вай ба сурат зеҳн монд. Дар он шавҳараш бо ин меҳмони нохонда, ки тахмин ба духтари миёнааш ҳамсин метофт, паҳлуи ҳам нишаста буданду тифлак дар миёнашон як даст ба китфи зан ва дасти дигар ба китфи шавҳараш рост меистод. Зан тамоми рагу пайяшро мегуфтӣ якҷо карда, бодиққат ба сурат, ба хусус чеҳраи тифлаку шавҳараш нигарист. Онҳо бо ҳам мисли як себи ду тақсим буданд. Вай аксҳои тифлӣ ва кӯдакии шавҳарашро хуб дар хотир дорад, на як бору ду бор онҳоро аз назар гузаронидааст. Ва ҳоло мегуфтӣ он суратҳо дар симои ин тифлак ҷони тоза даровардаанд.
Тифлак худро ба сару рӯи зан молида, гоҳ даст ба синаи ӯ мебурду гоҳ ба мӯяш чанг мезад, аз бағали ӯ майли фуромадан надошт.
Модари тифлак сабук аз ҷой бархоста назди зан омад, то тифлакро аз бағали ӯ бигирад. Вай гуфт: – Биё, биё писарам. Биё…
Тифлак ба ҷои омадан ба шодӣ овоз бароварда, рӯ ҷониби зан гардонд, худро ба тани ӯ ҷафстар часпонд.
– Монед истад! – омирона гуфт зан.
– Мабодо тар кунад, мегӯям. Ҳарчанд подгузник дорад, боз ҳам гуфта намешавад…
– Дошта бошад, ҳеҷ гап не! Монед истад!
Зани соҳибхона хост пурсад: боз ҳам фарзанд дорӣ? Вале аз бими ҷавоби он ки мабодо «Ҳа, дорам» гӯяд, ноаён ба худ ларзид ва пурсидан раво надид.
Ин дам Иқболи тифлак аз бағали зан фуромада, тарафи модар неву ҷониби Маҳина, ки ба ӯ бо даст ишораҳои «биё, биё» мекард, рафт. Маҳина бо шодмонии кӯдакона ӯро ба оғӯш кашида, бӯсаборон кард. Тифлак магар аз бӯсаҳои паёпайи Маҳина ба танг омад, ки сӯи модари ӯ ба маънии «маро бигир» дастак зад. Вай бо меҳрубонӣ тифлакро аз дасти духтараш гирифта, бӯса кард ва ҷониби модари тифлак гашта пурсид:
– Чӣ ном дорад?
– Иқбол. Падаратон худаш ном монда буд, – гуфт ҷавонзан ва дар чашмонаш ашк ҳалқа зад, овозаш гирифта, сар поин кард.
Тифлак аз бӯсаборон гурезон боз майли бағали зан кард.
– Оча, дадам барин бештар майли бағали ту дорад, – шӯхӣ кард яке аз духтарон.
– Хокшудаи падаратон, ҳар гоҳ мегуфт: зан мегирам. Зан дорам, гумон доштам шӯхӣ мекунад. Гапҳош шӯхӣ набудаанд, – гуфт бадқаҳр, вале боз ҳам, аз дидани хандаи маъсумонаи тифлак, чеҳраи ғарқи шодии духтарон худро ба ҳоле аз талхгӯии аз ин сахттар нигаҳ дошт.
Ин дам тифлак даст ба дасти онҳо гашта, ҳама саргарми ӯ буданд.
Ташвиши чил ва хабари мардум аз ёди онҳо рафта, мегуфтӣ мотаму азо аз гӯшаи ин хона ҳаргиз гузар накарда бошад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё