Зеҳн
Абдуғаффори Партав. Кадхудо

Абдуғаффори Партав дар иншои ҳикоя, қисса ва роман сабку услуби бадеии хоси худро пайдо кардааст. Ӯ осори худро тавре ба қалам меорад ва аз печу тобҳои зиндагӣ мегузаронад, ки басо муассир, ҳаяҷоновар ва хотирмону ибратомӯз ба назар мерасанд.

Валиев Султон · 21 ноябри 2024 · 22 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Вақте яроқбадастон аз зудамали худ-ба оташ кашидани Боири раису зану фарзандаш хушнудӣ доштанд, вай ин ҷо, дар ин гӯшаи хилвату анбуҳи дарахтони канори боғи хоҷагӣ пинҳон шуда, ба Сашка, ронандаи қадрдонаш, ҷавони зардинаи чобуку ҳамакора, фармуд: – Писарам, фурсат аз даст надода, сармуҳандисро ёфтан лозим.

– То вайя кофтан, ҷони худамона ба як ободӣ бикашем, беҳтар нест?

– Дуруст, лекин бе пул ва нақлиёт дур рафтан мушкил. Мо ҳатто телефон надорем. Медонӣ ку, вай ҳам худаш ду мошини сабукрав дорад, ҳам ҳамаи хешонаш ду-се мошинӣ доранд. Зуд рафта аз хоб бедораш куну мошин, телефони дастӣ ва пул гирифта биё. Ин ҷо дер истодани мо ба интизории марг баробар аст.

Ҳарчи зудтар мо бояд аз ин маҳали пурхатар ҷони худро берун барем. Силоҳбадастон хоҳу нохоҳ тамоми хонаҳои мо, ёру ошно ва ҷойҳоеро, ки одам пинҳон шуданаш имкон дорад, мекобанду тагурӯ мекунанд.

– Акаи Боир, шумо парво накунед, – ширин табассум карда гуфт Сашка. – Ман ҳилае ба кор бурдам, ки онҳо сад дар сад бовар карданд, ки: Раису (забонаш нагашт гӯяд: зану фарзандашро) оташ заданд. Хотирҷамъ бошед.

– Чӣ хел?

Вай аз пайи хоҳиши Раис равон гашта гуфт: – Баъде омадам мегӯм.

Вақте Сашка рафт, Боири раис ба худ андешид: бояд коре кунам, тавре вонамуд созам, ки вай надонад чанде пулҳои хоҷагӣ дасти мананд. Сарват ҳам дӯст асту ҳам душман. Агар дониста истифода барӣ, шаъну шуҳрат меорад, надонӣ, аз вай дида душмани бадтар нест. Тасмаи ба ранги тасмаҳои вазнбардоронашро, ки дар дохили он пул, гӯшвора, ангуштаринҳо ва сангҳои қиматбаҳо ва рақамҳои пасандозҳояшон буд, боз ба миён баст ва аз дил гузаронид: мабодо Сашка бинад, мегӯям: тасмаи табобатӣ аст.

Аз миён вақти зиёде нагузашта, Сашка бо димоғи сӯхта баргашт ва паҳлуи Раис хаспораҳо ҷамъ оварда, болояшон нишаст.

– Чӣ гап шуд, бачам? Зудтар гап зан. Мана алахон накун.

– Хонаҳои ҳамаи аъзоёни раёсати хоҷагиро оташ задаанд.

– Чӣ гуноҳ кардаанд?

– Раиса шумо ҷога кардед, ёфта диҳед! Гуфтиян.

– О, гуфтӣ, ки…

– Намедонам. Аз ин роз огаҳӣ ёфта бошанд, ё боз… Худо худаш медонад.

Боири Раис вақти роҳ рафтан аз ҳаяҷону изтироб буд ё аксар вақт бо мошин савора гаштан, ки аз пиёдагардӣ зуд монда шуд, даба-даба базӯр пеш мерафт, нафас рост мекард, баъди чанде рафтан, ҳарчанд кӯшид роз нигаҳ дорад, ҳар замон попеч шудану кул хурданаш рози хастагияш ошкор сохт. Раҳораҳ ба ҳоли худу ин роҳи гурез андешида, оқибат гуфт:

– Сашка. Писарам, бо ин роҳи ҳамвору рост дар ин шаби ширмаҳтоб хатар пешорӯст. Ягон тараф бераҳа ва ноаён шуданамон лозим, то ки пайгир карда ҳам наёбанд.

– Фикраша кардам, парво накунед! – боз ба ҳамон боварӣ дилпурӣ бахшид Сашка. Боири раис борҳо мушоҳида карда буд, вай ба коре сидқан часпида ва ё нақшае дошта бошад, сир нигаҳ дошта, ҳамин гуна мегӯяд. Баъди ками дигар қадам задан ҷониби офтоббаро аз паҳлуи роҳ ба сарҷӯе расиданд. – Амак шумо ҳо болои алафҳо гузашта, каме дам ҳот кунед. Ман ҳозир, – гуфта Сашка либос баровард ва даруни ҷӯй даромада, аҳ, уҳ гуфта, чиму хоку лой яктарафа ғелонда, оби ҷӯйро парчоб кард, магар ки садои обшор баланд гашт. – Ана акнун, – гуфт Сашка як навъ бо хурсандӣ, – роҳамон бехатар хоҳад шуд. – Боири раис аз муроди ӯ пай набурда, эътироз намуд:

– О, дар ин майдони ҳамвор ҳар гуна сияҳӣ аз дур ҳам озод дар назар метобад.

– Амакӣ, дам ҳот карда бошед, хезед. – агар пештар Боири раис ба ӯ амру фармон медода бошад, ҳоло ин амал ба Сашка гузашта буд ва ин аст, ки дар ҷавоби раис гуфт: – Ҳамаи сарулибосатона аз тан кашед, аз майка халта созеду даруни он андозед, пойафзолатона ба ман диҳед, ман мегирам. Лучак шуда бо даруни ана ҳамин ҷӯй пеш меравем, ҳо унтарафтар, болои он бо ангури сагак ва ежевичка пӯшонда шудааст, ки моро панаҳ мекунад. –

Боири раис дар фикри чӣ тавр ба ҷӯй даромада пеш рафтан буд, ки вай роҳи ба ҷӯй фаромадан нишон доду бозгашта, берун баромад ва аз канораи ҷӯй як банд буттаи алаф оварда, роҳи омадашонро бо он тавре пайкур кард, ки бинанда гумон мебурд, хар ё ягон ҳайвони дигаре ин ҷо ғел хӯрдааст.

– Ана акнун на саги бӯйгир пай мебараду на одам. Рафтем.

Баъди сад-дусад қадам задан баростӣ ҳам болои ҷӯй пӯшида шуд.

Онҳо оҳиста ва боэҳтиёт пеш мерафтанд. Ҷо-ҷо кулмакчаҳои даруни ҷӯйро зер карда, садои шалапасти об баланд мегашт ва дар дили Боири ин ҳол надида, воҳима меангехт. Дар аввал роҳ пурвоҳима ва мушкил намуд, вале зуд одат карда, дилпур пеш мерафтанд.

– Роҳи бад набудаст. – қаноатмандона гуфт Боири раис. – Лекин ин новаи алафин то охира бошад, хуб, вагарна Худои накарда, яке пайдо шаванд, фош мешавем…, – ҳанӯз суханаш нотамом, магар фариштаи даргузар омин гуфт, ки аввал овози ғур-ғуру баъд гуфтугӯ возеҳ ба гӯш расид: – Лаънатиҳо ба замин даромаданд ё ба ҳаво париданд? Агар ба даст афтанд, Боири раиса худам тикатика мекунам!

– Аҳмақ, аз тика-тика кардан чӣ фоида? Аввал дараки пулу чизаша ёфтан даркор. Аҳмақ да, ақлат намегирад!

– Эҳ-ҳа! Шербачаҳо мемонанд? Кайҳо молу амволи хонаву дараша ғорат ва тақсиму тарака карданд!

– Сода! Онҳо аз сад яке бурдаву хӯрданд! Коре карда, худаша зинда ёфтанамон лозим. Вақте мудирони анбору магазинчиҳоро сарпоён карда, мили автомат ба даҳанашон гузоштем, баъд медонӣ чӣ шуд? Худашон, ба забони худ суроғаи пинҳонҷойҳоро мисли Бюрои маълумотдиҳӣ як-як беғалат гуфтан гирифтанд…

Боири раису Сашка либосҳо таги каш, зери хавозаи ежевичкаю ангури сагак гуфтугӯи онҳоро шунида, зиндаи мурдақаторӣ гаштанд.

– Худо худаш медонаду лаънатиҳо даруни ҳамин ҷӯйи болопӯшида пинҳон шудаанд, – гуфт яке.

– Ҷаҳонгир, (яке аз силоҳбадастон ин тахаллус гирифта буд) рафта, аз мошин бензин биёр! Алафҳои болои ҷӯйя саросар оташ мезанем!

– Девона! Барои ин ҳама алафҳоро оташ задан як сестерна бензин даркор! Мову ту араби соҳибнефт набошам! Аз куҷо инқадар бензин ёбам?!

– Баҳс накунед! Мана ин хел илоҷаш ҳам ҳаст!

– Тоҷика кӣ ба одамкушӣ мондаст?! Ту рафта харбуза, тарбуз куш! Ба илму фарҳанг машғул шав, шеър гӯ, китоб навис! Ин кора мана, ин хел давош ҳаст! – силоҳбадасти дигар ангушт ба қуланги автомат гузошта, болои ҷӯй паронда рафтан гирифт.

– Ҳой аҳмақ! Очат зовути тир дорад?! Тирҳоя беҳуда исроф накун! Тамом шаванд, чӣ кор мекунем?!

– Ғам хӯрдӣ? Русия зинда бошад!

– Ту болои ҷӯйбор парондӣ, вай руст шуда бошад, дар таг, байни ҷӯй руст мешавад, – гуфта буд дигарӣ, ки Сашка Боири раиса тарафи девораи худи онҳо будаи ҷӯй ба зер хобонда, худро болои ӯ гирифт, – мана ин хел мепаронанд! – Вай ҳам мисли рафиқаш тир дареғ надошта, дигарон аз пайи онҳо аз ҷӯй чашм наканда, қад-қади он тир андохта пеш рафтанд.

– Ҳой, чӣ ин қадар давида меравӣ, Шермати Камонзӯр?! – норизо пурсид яке аз ҳамраҳонаш, ки майли тез рафтан надошт.

– Чунки лаънатиҳо садои тир шунида, фурсати боз ҳам чуқуртар пинҳон шудан наёбанд! Ҷунбед, тезтар рафтем!

Латофати аз шарри силоҳбадастон пинҳоншуда аз касе шунид, ки ҳайати нави ҳукумат ташкил ёфта, аскарони ҳукуматиро барои ором кардани вазъият ва нест кардани дастаҳои худкомаи ғоратгари мусаллаҳ ба маҳалҳо сафарбар намудаанд.

– Ана акнун онҳо омада онаи зори ин дастаҳои ғоратгарӣ табаҳкора дар чашмашон нишон медиҳанд, – мегуфт Латофат як навъ ба шодӣ инҷову онҷои захми баданашро молиш дода. – Худоё, ҳарчи зудтар биёянд. Ҳоли забуни дастаҳои ғоратгарро бо чашми сар бубинам, дигар ҳеҷ ормон надорам. Кошкӣ зудтар биёянд!

Мисли ӯ, аз дастаҳои сияҳкор ҷабрдидаҳо бисёр буданд ва онҳо ҳавою ҳаваси ҳарчи зудтар ба деҳаи Вистан расидани дастаҳои аскарони ҳукуматӣ, ба пиндори онҳо, одилу хайрхоҳи мардумро баҷон мехостанд. Аз рӯзи расидани ин хабар ҳафтаи севум сипарӣ гашта буд, ки Латофат боз шунид: дастаҳои нав тарафҳои мо омаданд. Шояд ҳамунҳо бошанд.

Азбаски на деҳаҳо раҳбару сарваре доштанд, ки аз дастаҳо пурсанд:

– Шумо кистед? – Ва на онҳо худро ба касе муаррифӣ мекарданд, ки кистанд. Аҷаб як ҳолати сардаргумӣ буд. Ана ҳамон рӯзҳо, вақте силоҳбадастони ба шуниди Латофат аскарони ҳукуматӣ хӯрок мехӯрданд ва пешравашон хӯрдаю дар фикри куҷо лаҳзае ғанаб рафтан ва ё чӣ тавр шустани зарфи хӯрок буданд,

Латофат назди онҳо рафта, салом дод ва худро муаррифӣ кард:

– Додарҳои ҷон, ман Латофат, коммунист, коргари райком мешам, – гуфта буд, ки овози ӯро садои яке аз силоҳдорон пахш кард:

– Шермат! Ҳо Шермати Камонзӯр! Ба Худо ки ҳай сағераи серризқӣ – да! Мегуфтӣ, ки баъди хӯрок як нозанине бошад…, мана бубин, ба пои худаш омад…

Як марди сияҳҷурдаи қадбаланду таҳамтани оғуштаи гарду хок, ба таъбири афсонаҳо-барзангии дунёдаркаш, ки лақаби Шермати Камонзӯр дошт, ҳанӯз ба ӯ наздик нашуда, аз бӯю тафаш димоғи Латофат гирифт. Вай аз дигарон канор омада, ба Латофат амр кард:

– Ку исӯ биё! Кукулка!

– Ман коргари райком, коммунист Латофат мешавам. – такрор кард ӯ, ба гумони он, ки муаррифии ӯро ин барзангӣ нашунидагист…

– Ҳой! Кукулка! Карӣ?! Туя мегӯм, исӯ биё! – Латофат аз дуруштиву беназокатии барзангӣ дилаш таҳ хӯрда, ҷониби силоҳбадасте, ки дар нисбати дигарон калони онҳо тахмин кард, гашта суханаш такрор намуда буд, ки дасте ба синааш расид.

– Лаънатӣ, сина ҳам надораде, пӯстлох! – гуфт барзангии

Шермати Камонзӯр ва боз чанг зад ба пасаш: – Сабил гӯспандои зоти Алиев барин думба ҳам надораде! Хайр, аз ночорӣ мешавад!

Ку як маззаи коммунисту коргари райкомашро ҳам бубинем, – барзангӣ дигар ба неву нестони Латофат нигоҳ накарда, озод ӯро бардошту пушти қатори танкҳо гузашт.

Ҳоло силоҳбадасти ҷавон хеле рафту рафт, аз хонаи Шарифзода дур шуд, пас нигарист, ҳатто болои бому антенаҳояш наменамояд, вале боз ҳам ҷуръат накард, коғазчаҳои ба ӯ додаро кушода бинад, ки дар онҳо чӣ навишта шудааст. Лекин дилаш бисёр дидан мехост. Мехост, бубинад, ки дар онҳо ин калон чӣ навишта бошад? Вале ҳамин ки даст ба киса мебурд ва он коғазчаҳоро ба даст мегирифт, мисли он ки чизи сӯзоне ба даст гирифта бошад, дар дасту дилаш сӯзиши ноаёне эҳсос мекард. Дами роҳравӣ як навъ миёни «бубину набин» дар дили ӯ, то хеле вақт «баҳс» идома дошт. Оқибат ӯ ба «набин» муқобилат карда натавонист ва яке аз коғазчаҳоро дар кафаш боз кард: «Мо бояд ҳатман вохӯрем. Кадом соат ва куҷо, пушти коғаз ишора кунед. Ф. Ш.».

Вай аз дил гузаронд: ҳазрат ором метофту ин коғаз ва навишта аз кадом як ҳоли ногувору изтиробангези таъҷилие дарак медиҳад.

Чӣ гап шуда бошад? Силоҳбадаст раҳораҳ ҳарчанд ҳодисаҳои дар ин шабу рӯзҳо сарзадаро ёд овард, ба тавраш таҳлилу хулосабарорӣ кард, вале асли масъала пай накард, нафаҳмид, ки нафаҳмид.

Ягона илоҷ, калиди кушоиши ин кор дар он дид, ки коғазчаи дигарро ҳам боз карда бубинад. Дар коғазчаи дигар ҳам айнан ҳамон гапҳои аввала навишта шуда буд. Вай гумон кард, ҳамон коғазчаи пешинаро аз киса берун овардааст. Вале вақте ҳар ду варақчаро якҷо дошт, маълум гашт: аз дафтарчаи як хел ҳаҷмдошта канда шуда, як ҳусни хат буд. Фарқ танҳо дар он буд, ки варақчаи аввала ба номи Вакил ва баъдӣ барои Умар навишта шуда буд.

Онҳо ба шипанги сари теппаи деҳаи Навгилем дар як вақт, ҳамон соати муайяншуда ҳозир гаштанд. Шарифзодаи Стратег, баъди бо ҳамин калима боре ӯро тамасхур карда, таъна задани Вакил, бехабар аз маънии аслӣ ва муродифҳои мусбии он – сипаҳсолор, лашкаркаш, роҳбар, пешво дар ғайбаш ҳамяроқон ба ӯ лақаби

Стратег часпонда буданд ва ӯ тахмин даҳ дақиқа пеш аз омадани онҳо ошпазу хизматгоронро ҷавоб дода, худ тани танҳо интизорӣ мекашид. Вакилу Умар аз мошинҳо берун омада, бо ӯ салом кардан замон, ҳолпурсии мухтасару расмшуда ҳам ба ҷо наоварда, оҳиста гуфт:

– Хуб мебуд, бе шоҳид суҳбат мекардем, – ҷониби ронандаву телехҳо сабук ишора намуда. Вакил чуну чаро раво надида, пас гашту гуфт:

– Як соат пас биёед!

Ҳамин ки мошинҳо аз роҳи ба ранги роҳи морпечи сари теппаи дӯстдоштаи Боири раис пас гаштанд, Шарифзода ба гап даромад:

– Ин шипанг моҳияти таърихӣ дорад. Бисёр масъалаҳои муҳимро Боири Раис ҳамин ҷо ҳал мекард. Ин ҷо замоне котибони

Секаи Масков, Тоҷикистону собиқ ҷумҳуриҳои умумииттифоқ меҳмондорӣ ва обу зиёфат дода мешуданд. Шуморо ҳазрати Умар намедонам, хабар доред ё на, лекин ҳазрати Вакил хуб воқиф будагистанд. Аҷаб не, дар якта -нимтаи ҳамон меҳмондориву зиёфатҳо ширкат варзидаву дар хизмат буданд…

– Хайр, қисса кӯтаҳ кун, Стратег! Барои чӣ моро ин ҷо даъват кардӣ? – ба дуруштӣ пурсид Вакил.

– Барои илоҷи воқеа пеш аз вуқуъ.

– Стратег, муаммогӯӣ накун! Ман муаммокушо мебудам, кайҳо аз пайи дигар касбу ҳунар мерафтам. Кушоду равшан, бепардаю пӯстканда фикрата гӯ!

– Ҳақ мега! Бешоҳид гуфтӣ, шербачаҳоро ҷавоб додем. Боз аз чӣ ибо дорӣ? Ҳар гапе дорӣ, акун бепарчу пурч, беибо гуфтан гир!

Мо ин ҷо, дига худӣ ба худӣ мондаем. – маслиҳат дод Умар. – Мушу гурбабозӣ накун!

– Майлаш. Қабл аз он, ки мақсадамро бигӯям, биёед аввал ба дарун дароем.

Вақте ба дари даромад наздик шуда Вакилу Умар аз паи Шарифзода ворид гаштанд, аз дохили иморат бӯи димоғпарваре ба машом расид. Вакил он ҳама бӯйро ба атр, ки занҳо навъҳои гуногуни онро истифода мебаранд, монанд пиндошта, худро андармони фаҳмидани чигунагии он нагирифт ва бовиқор пеш рафт. Умар роҳравиашро, ки бе он ҳам оҳиста-оҳиста буд, боз ҳам сусттар карда, лаҳзае он ҳама бӯи димоғпарвар ба шуш кашид ва худ ба худ андешид: Стратегро ба ҳолаш монӣ, дасташ расад хушзавқ будаст. Бубин! Аз куҷоҳо ин мушку анбар, зардчӯбаю райҳону кокутӣ, зираю занҷабилу гиёҳҳои дигари димоғпарвар, ки ба масту маъмур шудани кас сабаб мешаванд, устокорона ба ҳам овардаю истифода кардаанд.

Ҳар се дар дохили шипанг, агарчи бо номи шипанг машҳур шуда буд, аз як кушки зебои шоҳона монданӣ надошт, ба гардиш даромаданд. Онҳо ба хонаҳои кушк, ки ҳар кадом бо рангҳои арғувонӣ, нилӣ, сабзу заррин оро ёфта, қандилҳои гаронбаҳо овезон буданд, даробаро карда, аз дидани таҷҳизоди дилфиреб: қолину пойандозҳои рангобаранги сохти эрониву туркманӣ, сари ангушт гирифтанд, ин ҳама ороишоту таҷҳизот ёд аз қиссаҳои

«Ҳазору як шаб» мекарданд, то ба назди мизи пурнозу неъмати Шарифзода муҳайёсохта, расиданд. Аз лаъливу лаганд сар карда, то чумчаву косаву дигару дигарҳо ҳама дилфиребу аҷоиб менамуданд. Ин ҳамаро дида, кас бе шарҳу тафсири дигаре сад дар сад бовар мекард, ки шахсони дорои завқи баланду ҳунари воло онро сохтаву бунёд гузоштаанд ва замоне ин ҷо одамони олимақому баландмартаба шинухез кардаанд.

пешина
аз 22
навбатӣ