Зеҳн
Абдуғаффори Партав. Кадхудо

Абдуғаффори Партав дар иншои ҳикоя, қисса ва роман сабку услуби бадеии хоси худро пайдо кардааст. Ӯ осори худро тавре ба қалам меорад ва аз печу тобҳои зиндагӣ мегузаронад, ки басо муассир, ҳаяҷоновар ва хотирмону ибратомӯз ба назар мерасанд.

Валиев Султон · 21 ноябри 2024 · 22 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ин дам ёди Вакил омад: лаҳзаи бо Нигор будан, телефон халал нарасонад, гуфта онро хомӯш карда буд.

– Хола-хола накарда, зудтар гӯ. Зудтар! – андаке шасташ паст шуда ва худро аз ҳамсараш канор гирифта, таъкид кард Вакил.

– …Бо вуҷуди ҷавоб надодани телефони худат ва исрори духтарҳо мо розӣ набудем, ки акои Беранги Баҳодур омад. Агар вай духтарҳоро худаш намебурд, мо ба ҳеҷ ваҷҳ розӣ намешудем. Дар ҳозирии ӯ бори дигар зангат задем, боз ҳам ҷавоб нашунидем. Ман ба он хотир розӣ шудам, ки акои Баҳодури Беранг ҳамнишинат, ҳамсилоҳат аст, аз ҳолашон бохабарӣ ва нигоҳубин мекунад…

Боз ба ёди Вакил суханони Нигор омад: «Мардро ҷӯра ва занро дугона бадном мекунад. Эҳтиёт шавед!». Вай ранги рӯяш канда, якбора девонавор фарёд зад: – Ҳаматон дафъ шавед! Аз назарам дур шавед!!! – ва худро болои хараки рӯи ҳавлӣ ба шикам партофт.

Худо подоши амали бадаш дода буд, вале ӯ ин дам ёри шайтон шуда, ба таҳти ин маънӣ намерасид. Бо вуҷуди таҳдиди ӯ ҳамсараш лаҳзае пас баргашта, поёни пояш нишаст. Чанде гузашта буд, ки бархосту хона рафт, болопӯш, қаҳва, термос ва «крушка»-и дӯстдоштаи шавҳар ба даст баргашт. Баъди чанде нишастан боз бархосту хона рафт, рафту омад, рафту омад… Вакил якзайл мехобид, зан то рӯз мерафту меомад болои сари ӯ…

Пагоҳӣ офтоб баланд шуда буд, вале вай ҳоли ҳам дар ҳамон ҳолате, ки дирӯз худро партофта буд, беҳаракат мехобид, мегуфтӣ ҷон кайҳо тани ӯро тарк кардааст.

– Беранг! Беранг! Ту чӣ кардӣ?! Чӣ коре буд, ки ту кардӣ?! – бо овози баланду гиряомез гуфт Вакил.

– Ту чӣ кардӣ, Вакил?! Ту?! – бо ҳамун оҳанг лаҳзае пурсиши ӯро таҳаммул накарда, ҷавоб гардонд Беранг.

– Ман накардам.

– Пас кӣ кард?! Маро назди ҳамсилоҳон кӣ шармандаю сарпаст кард?! – мисли он, ки тарсвара(бемори рӯҳӣ) бошад, ба худ печидаю дод зада, такрор намуд: – Кӣ кард?! Кӣ номи маро ба хоки кӯча баробар кард?! Кӣ ёварию бародариамро хор кард?! Обрӯям ба замин зад?! Магар дар Вистан зану духтар қаҳт зада буд?!

– Гуфтам ку! Ман накардам.

– Чаро дурӯғ мегӯӣ?! Боз ба ман!

– Дурӯғ намегӯям.

– Инкор мекунӣ?!

– Не.

– Пас, «Ман накардам» гуфтанат чӣ маънӣ дорад?!

– Ту каллакаду бошӣ, гуноҳи ман чӣ?!

– Ҳаст!!! Нафаҳмам, фаҳмон!

– Фаҳмиданат сахту ҷонсӯз аст. Беҳтараш нафаҳмӣ. Дар тӯли ин муддате бо ҳам шину хез кардем, чанд кори нек карда бошам, якеш ҳамин аст… – Вакил хомӯш, саргарми андешаи мағшуши худ ба атроф нигарист. Дастёрони Берангу худаш дар ҳоли омода бош, ба ҳарфу ҳиҷои онҳо гӯш додаву ба ҳар як ҳаракати онҳо зеҳн мемонданд. Вакил аз умқи дил ин ҳарфҳо кашида гуфт: – Ман ӯро аз умедворӣ ва интизории сесолаи нафсонӣ раҳо кардам. – бо вуҷуди шириқӣ кардани автомати Беранг Вакил оҳанги гуфтор заррае тағйир надода, (бояд иқрор бикунам, ки аз дастёрони омодабоши силоҳдораш дилпур буд) идома дод: – Бовар дорам, ҳарчанд ки ту аз ман ранҷидаӣ, барои ин кор убол не, балки савоб мегирам. Лекин ту номардиро аз ҳад гузарондӣ! Ноҷавонмардӣ кардӣ!

– Ту савоб гирифта бошӣ! Пас инро ҳам бигир! – Беранг ангушт ба қуланги автомати таърифии «гапгир»-аш гузошта буд, ки дастёри Вакил бо як хез мили онро боло бардошт ва садои он дар атроф ғулғула андохта, борони тир борид.

... Садои мусиқӣ дар атроф танинандоз буд. Аз як ҳофиз як суруд батамом шунида, нашунида диск ва ҳофиз дигар мекарданд.

Баъзеҳо суруди ҳофизони писандидаашонро замзама карда, равуо доштанд.

– Сара задем, тани бесар аз дасташ чӣ меояд? – мегуфт яке аз силоҳбадастони ширакайф, бо ғуруру ҳавобаландӣ. – Имрӯзҳо соҳибони Вистани биҳиштосои бадавлат кистанд? Ба он киҳо ҳукумравоӣ доранд? Албатта мардум мегӯянд: дастаи қобилу чолоку тавонои Вакил!

Вакил баъди он шаби «ташкилӣ»-ҳои наҳси хонаҳои Боири раис ва Ҳотам Ҳакимбоевич овози занона ва духтаронаи имдодҷӯе шунавад, Маҳинаи азизи дили худро ёд меовард ва тавре худ бо духтари ноболиғи Боир рафтор кард: духтарак гирёну нолон тобу печ хурда аз ҳуш рафт, ба ҳамун монанд, тасаввур намуда, фиғонаш мебаромад. Аз шидати ғазаб ва пушаймонӣ чӣ кор карданашро надониста, ангушти надомат мегазид ва гоҳе аз Худо ва кардаи худ нолиданашро медонисту бас. Аз назари ҳайати даста пинҳон набуд, ки аз он пас, асабҳои Вакил «гапногир» шуда, тобу тавонаш аз «итоат»-и ӯ баромадаанд.

– Ҳазрат! Ҳазрат! – тапар-тапару боизтироб давида гуфт яке аз силоҳбадастон: – Раиса озод карда, мурдаҳошонро бурданд! Як хонаи қоқу воқ, дару девори холӣ ба мо мондаст! Чӣ кор кунем?..

– вай боз чизе гуфтанӣ буд, ки Вакил пеши суханаш гирифта, бо овози даҳшатбор дод зад:

– Куҷо нигоҳ мекардед?! Лаънатиҳо! Оташ занед! Оташ, ки аз дуриҳои дур забонаи оташ дида шавад. Ҳар куҷое ҷогаҳ шуда бошанд, дида тавонанд! Боири раис бинад, ки бо дасти дарозаш чӣ кардем?! Зуд равед! Аз пайи иҷро шавед!

«Аз даст рафтани Боири раис нишони даҳанивозии силоҳбадастони мо аст, фоли бад аст», меандешид Вакил. Боири раис тавре худ гуфта буд, ҳақиқат дасти дароз доштааст. Ба ин зудӣ, ки ҷон халос кард, шакке нест, ба гуфти худаш «аз дасташ ҳар кори неку бади дигар меояд». Ҳарчи зудтар ӯро пайдо карданамон лозим! Вагарна дар сарамон донак мешиканад. Лекин чӣ хел, бо кадом роҳу равиш, аз куҷо пайдош кунем?! – андешаҳои азиятбахши тоқатфарсо вуҷудашро ба дард оварданд, гӯё гулӯгираш мекарданд, роҳи нафас мебастанд. Он ду нафар бадар рафтан замон, Вакил аз пайи онҳо ба ҳавохӯрӣ баромад. Дар берун ҳам чун андешаҳои мағшуши таъзиқовар думболагираш буданд, ҳолаш беҳ нашуд. Вай ба худ меандешид: Кӣ бошад, ки ба ин тезӣ ҷони Раиса аз мурдан раҳо кард? Ҳанӯз ба суоли худ ҷавоб наёфта, ҳаккас зада, давида омадани ду нафар аз ёрони худро дида, изтиробомез маҷрои андеша дигар карда, гуфт: – Худоё, боз!.. Илоҳӣ ягон хабари хуш оварда бошанд.

Онҳо аз дурии овозрас ба шодӣ мужда доданд:

– Ҳазрат! Ҳазрат! Раиса доштем!

– Муфти қуртоваш қапидем!

Вакил аз хурсандӣ хост онҳоро як ба як ба оғуш бикашад, миннатдорӣ бикунад, вале боз ғурур нагузошт ва аз фикри худ гашта, бо дастфишорӣ қаноат намуда гуфт: – Офарин! Маладес! Ана ина қобилӣ мегӯянд!

Силоҳбадастон пасу пеш суол карданд:

– Ҳазрат, чӣ мефармоед?

– Раиса, акнун чӣ кор кунем?

– Оташ занед! Тавре ки ному нишонаш дар рӯи замин намонад!

– Ҳазрат, лекин мошинаш напа нав аст.

– Онро гиред.

Силоҳбадастон дигар чуну чаро раво надида, бо ҳамон тасфи тан пас гаштанд ва баъди чанде дур шудан аз назди Вакил, ҳар ду якбора истода суоломез ба ҳамдигар нигаристанд. Бе он ки чизе пурсанд ва ё гӯянд, аз муроди ҳам огаҳ буданд: «Мошина гиред, лекин кадомамон гирем? Нагуфт».

– Гашта равем?

– Ба фикрат рафта пурсем?

– Ҳоваҳ.

– Ба хаёлам зарурат надорад. Сари ғазаб боз ягон бало ба сарамон набиёрад. Мошина гирем, баъд як навъ муросо мекунем…

– Тезтар ҷунб, тез! – таъкид кард Саид ба ҳамроҳаш, – ҳа нагуфта, аҷал мерасад. Дар хона пӯстак, пойафзоли куҳна ва агар мӯйи сари занона дошта бошед, боз беҳтар, зуд гирифта биёр.

– Чӣ хел мӯйи сар? Намефаҳмам? Мӯйи сар чӣ лозим? Боз занона?..

– Ҳей ҳафтафаҳм! Вақте занҳо мӯйи сар шона мезананд, мӯйи аз пайи шона мондаро як ҷо ҷамъ мекунанд, то ки баъд бурда ягон ҷо гӯр кунанд. Гапа кам куну зуд бош! Бошад гирифта биё! Баъд барои чӣ буданашро мефаҳмӣ.

– Шуд, шуд, фаҳмидам. Дар овхона як халта дорем…

Нурулло рафту Саид аз таги ҷома устухонҳои скилети одамии аз синфхонаи анатомии мактаб бо худ овардаро байни ҳезумҳо гузошта, аз боло чубу чахс, ҳезуми зиёд чинд ва боз болояшон балони мошин гузошт. Паҳлуи «устухонҳо» чанд туфлӣ, калӯшу пойафзоли куҳнаи мардонаю занонаи овардаи Нуруллоро гузошта, фармуд:

– Дар хона керосин, бензин ё солярка дошта бошед, зуд давида биёр.

Саиду Нурулло пас аз пошидани керосин болои ҳезуму скелет ва пойафзолу балони мошин оташ зада, баъде ки фағонаи оташ баланд гашт, гурехта пинҳон шуданд. Алангаи оташ табъи дилашон шуд: аз дуриҳои дур ба назар мерасид. Силоҳбадастони дигар ин ҳол дида, бо ҳам мегуфтанд: – Ай бача, онҳо аллакай кора сар карданд, ку?!

– Маътали мо нашуданд-ку?!

– Мурдаи одамӣ ҳай бӯйи бад доштааст, – гуфт яке ба дигаре.

– Ман тут мегӯям, ту бед: аз ту чӣ мепурсаму ту чӣ мегӯӣ?!

– Саид ҳам аз қафои мо рафта буд... Шояд ба хотири кисаҳои Раиса холӣ кардан, пешдастӣ кардаст, – шарҳ дод ҳамраҳаш.

– Ун шарики дигараш кӣ буд?

– Як бачаи қадбаланди харобаи пӯсту устухон, ба дурустӣ нигоҳ накардам, ки шиносам.

– Да дига амалиётҳои хатарнок худа ба мурдагӣ мезананд, да и кор -ба хотири руфтурӯб аз ҳама пешдастӣ мекунанд, сағераҳо, як чӣ, ним чӣ, ҳақбар шавем, гуфта. Ту чӣ, надидӣ?!

– Ман ба қазои ҳоҷат рафта омадам, ки вай Раису занакҳоро чизу чораи танашон бударо батамом рунду рӯб карда, бозёфташро хона бурд.

Ҳамин вақт дуртар аз онҳо овоз баровард Саид: – Кӣ мана пурсид? Ина ман ин ҷа, – худро тавре вонамуд сохт, ки акнун ба ҷойи ҳодиса наздик мешавад ва боз изҳори тааҷҷуб кард: – Ҳо балоҳое!

Раис дар оташ чӣ хел сӯхт?!

– Паймона ки пур шуд, на раисӣ пеши аҷал мегираду на чокарӣ.

– Бале, пеши оташ ҳама касу чиз бечора аст, – илова кард Саид. – Оҳан бо ҳама тобоварӣ об мешаваду одам чӣ? Мана бинед, дар як лаҳза, нишонашон намондасте!

– Аз давлати Раис ба шумо ягон чиз расид? – суол кард нафаре, ки баъдтар ба ҷамъи онҳо ҳамроҳ шуда буд.

– Буду шуд мана ҳамин гармӣ, балки гармӣ ҳам не, оташи ҷой ба хокистар дода. То мо бафурҷа қадамзада омадем, ки шербачаҳо оташ задаву боз ҳам хуморашон нашикаста, дар пайи ягон нақшаи дигаранд.

– Акнун ба оташ гирифтани Маскав бовар кардам. Пештар ақлам намегирифт, ки як шаҳри азим чӣ гуна метавонад саросар оташ бигирад. Яке аз силоҳбадастони дигар, ки пас аз инҳо аз назди Вакил омада ва ба забонаи оташ аз дур нигариста буд, шубҳаомез ин тарафу он тарафи хокистарҳо давр зада, бовараш намеомад, ки дар як муддати кӯтоҳ ду зану як мард батамом сӯхта нопадид шаванд. Боз ба ном устухонпораҳои сӯхтаю ранггумкарда, нишонаҳо-оҳанакҳои гулчини аз пойафзолҳои занонаю мардона боқимондаро дида, шубҳааш рафъ гашт. Онҳо ба бӯйи бади хокисттар то дер тоб наоварда, худро ба канор кашида ва акнун сари он ки мошини Раис ба кӣ мерасад? бозори савдо ва баҳс тафсон карданд. Ҳамин вақт касе аз оринҷи Умед дошта, ҳаракати рафтан кард. Умед дид, ки ҳамсилоҳаш Бердӣ аст. Ҳар ду хомӯш аз ҷамъи силоҳбадастон канор рафтанд. Бердӣ ба атроф бори дигар бо эҳтиёт нигариста, баъди он ки дилпур шуд, касе наздик нест, ба гап даромад:

– Умед хеле вақт шуд бо ҳамем, аз ман ягон бадӣ дидаӣ? Бовар мекунӣ ё не, лекин ман дар ҳозиру ғойиб дар фикри бади ту набудам ва нестам. Як чиро аз ту кайҳо боз пурсида, аниқ карданиям, ки андаи дилам нашавад, вале ҳеҷ пайт мувофиқ намеомад. Ҳамун вақт, ту ҳам ҳамон ҷо будӣ, кӣ писари Боира паронд, ки гуноҳа ба ман бор карданд?

– Дар ин муҳлат чӣ қадар одам паронданд, хунҳо рехтанд, ту ҳоли ҳам ҳамуна аз дил набаровардаӣ? Ҳай думи гапгир будаӣ!

– Не.

Умед ба чеҳраи Бердӣ нигарист, афти онҳое пеши назараш омад, ки аз ҷониби Вакил ба марг маҳкум шуда буданд. Гуфт: –

Онҳо ду нафар аз дастаи «Лаъли Бадахшон» буданд: якешон аз шиносоҳои даврони донишҷӯии ман буду дигараш аз Афғонистон, ба қарибӣ ба дастаи онҳо пайвастааст. Гуфтанд: «Хабаргирӣ омадем». Ба фикрам ҷосусӣ омада, аз ҳоли мо огоҳ шуда ва он ҷӯрааш бемаслиҳат ин кора карду ҳар ду номаълум ғайб заданд ва дарди сари мо зиёд карданд.

– Аз «Лаъли Бадахшон»?! Да-а! Медони чӣ? Онҳо яке аз фаъолону сабабгорони сар задани гирдиҳамоиҳои тӯлонӣ ва гаравгирӣ буданд.

– Бердӣ, башитоб ҳукм накун! Ин гирдиҳамоиҳо ва ҷангҳои мо онқадар сарпечу чигиланд, ки даҳҳо фозилу оқили худиву бегона сари онҳо андешида, гумон аст, ки аз куҷо сар задану ба куҷо, балки то куҷо анҷомиданашонро пай кунанд. Ба хотири масъулият ва бадномӣ аз худ дур кардан ҳарчӣ мегӯянд: «ҷанги таҳмилӣ»,

«иғвои дигарон»… ва ғайра.

– Медонӣ чӣ? Дар арафаи ҳамин воқеаҳои шум – ҷангҳо, ба кӯч бастани бадахшиҳо аз маҳалҳои гуногуни водии Вахшу Кӯлоб, қиссаи ташвиқу фирори онҳоро шунида будам, ҳарчанд ки ба мардуми оддӣ он рӯзҳо касе кор надошт. Онҳо бо ин раҳу рафторашон, дуруст мегӯӣ ки: ҷонибдорону мухолифони худро фаҳмидан мехостанд. Ва як навъ сабабгори тезонидани хархашаҳо ҳам шуданд.

– Бердӣ, айбмония кам кун. Ман ба ту кайҳо боз як гап гуфтанӣ. Балки хоҳиш карданӣ. –Умед пеш аз он ки чизе гӯяд, ба риояи масали «Девор муш дораду муш гӯш» ба атроф нигарист ва баъди дилпур шудан гуфт: – Бердӣ, ман аз рӯзҳои аввали ин ҳавою ҳавасҳо, не, балки пеши Худо дурӯғгуфтам накунад, баъди як-ду фанду фиреби шефҳоя дидан, дудила будам, ки гапашон дигару амалашон дигар аст. Акнун ки ба дурустии ин гумонам сад дар сад бовар ҳосил кардам, аз карда сахт пушаймонам, ки чаро барвақтар худама бераҳа накардам?! – овоз пеши нафас гирифт ё нафас дар раҳи овоз дармонд, аз дидагонаш ашк ҷорӣ шуд ва лаҳзае чанд сокит монд. Бо гӯшаи остин дида пок карду боз афзуд: – Биё, ҳолӣ ҳам дер нашудаст…

– Умед, зоминатии гуноҳи кардаву нокардаи туро намегирам, лекин ман. Ман то гулӯ дар гуноҳ ғарқам. Илоҷи пас гаштан надорам. Ё марг, ё ба пеш! – вай сар хамида, бо оҳанги дилреш аз пешомаду ояндаи худ иқрор кард: – Ҳукми ман бародари ҷон, аз ҷониби тақдир кайҳо бароварда шудаст: Ту ки дӯсти беғарази ман ҳастӣ, мегӯям. Ё туъмаи лошахӯрон ё паси панҷара… – тану тӯши ӯ беовоз меларзид, ғояте пас, афзуд: – Барои фирори хориҷа маблағ дорам, лекин саводи казоӣ надорам… Барои ҳамин…

Субҳи рӯшангар медамид, вале пардаи дуд болои деҳаро тавре пӯшонда буд, ки мегуфтӣ садди рӯшанист. Ҳавои софу рӯзи хушу шодӣ аз ин диёр, Вистани нозанин, ки рашки дигар маҳалҳо буд, мегуфтӣ, дил канда, ҳоло каргасу кафтор ва лошахӯрони солҳо боз беному нишон дар фазои он пайдо шуда, ин ҷову он ҷо мурдаҳои одамӣ талошӣ доштанд. Сари ҳар қадам як ҳолати ҳузнангез, нишони ваҳшату даҳшати аз дасти одамӣ сар зада, пеши назар меомад.

1 Ишора ба оташгирии даврони Ҷанги Бузурги Якуми Ҷаҳонӣ солҳои 1812-1814 аст.

пешина
аз 22
навбатӣ