Зеҳн
Абдуғаффори Партав. Кадхудо

Абдуғаффори Партав дар иншои ҳикоя, қисса ва роман сабку услуби бадеии хоси худро пайдо кардааст. Ӯ осори худро тавре ба қалам меорад ва аз печу тобҳои зиндагӣ мегузаронад, ки басо муассир, ҳаяҷоновар ва хотирмону ибратомӯз ба назар мерасанд.

Валиев Султон · 21 ноябри 2024 · 22 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

…Дар ин миён Шарифзодаи Стратег ниҳонӣ аз ёрони худ бо мадади қонундон ҳуҷҷатҳо таҳия карда, ин кушкро соҳибӣ карданӣ буд. Вай ба хотири монеае пеш наомадан дар ҳуҷҷатҳо навишта буд, ки мехоҳад ин ҷо «Осорхонаи хоҷагии мардуми Вистан»-ро ташкил бидиҳад. Аз таҳияи ҳуҷҷатҳои ӯ ба ҷуз мутахассиси қонундони Идораи навташкили амволи давлатӣ ва хоҷагиҳои шахсӣ каси дигаре огаҳӣ надошт, «нақша» батамом махфӣ нигаҳ дошта мешуд. Умар ҳам ба таври худ «даводав» дошт, ки ин қасрро соҳибӣ бикунад ва ҳеҷ ки нашуд, онро ба салоҳдиди мардум ва

Идораи Ҷамоъа вогузаранду дар ҷойи он масҷиди калони панҷвақта бисозанд, зеро ин ҷо аз ҷиҳати мавқеи географӣ дар миёнкол ва ба омадурафти мардуми ҳама деҳаҳои атроф мувофиқ буд ва назар ба масҷиди Вистан барои васеъ кардани иморат имкони бештаре вуҷуд дошт. Умар ҳам ба онҳое, ки дар ин бора гуфтугузор ва ҳамкорӣ карда буд, савганд додаву қавл гирифта буд, ки то ба мурод расидан, ба касе даҳан боз накунанд, бехабар аз он, ки коре ду-секас донист, ними маҳал медонад. Ва ҳоло Умар ба хотири фаҳмидани роз ва фикри дигарон, ба ибораи мардумӣ онҳоро пеши по монда, суоли умумӣ кард:

– Акнун ин ҳама ба кӣ мемонда бошад?

Вакил мисли дарандаи гуруснае, ки ба туъмааш дигаре наздик шуда, майли шарикӣ дорад, ғазаболуд дар як вақт ба чеҳраи Шарифзода ва Умар ташхисомез нигариста, хост аз дили онҳо воқиф шавад. Чизе фаҳмид ё не, ба таҳаммули зиёд тоқаташ нарасида, гуфт:

– Боири сарвари хоҷагӣ, ки ҳақдори аввал буд, дар ғами ҷон, Худо худаш медонад, куҷо мегардад? Оё зинда ҳаст?! Ё мисли писараш Шерак бо ин ҷаҳони пурмоҷаро падруд гуфта, дар муаммои саволу ҷавоби Мункар Накир аст. Лекин ту Стратег, бисёр тоб нахур, гапро ба ҳар сӯй набар! Зудтар гӯй, мурод аз моро ин ҷо даъват карданат чист? Зудтар гӯй! – ба дуруштӣ дастак зада таъкид намуд Вакил. Шарифзода боз ҳам чизе нагуфта, даври миз гаштанӣ буд, ки Вакил аз бозуяш дошта, ба зӯрӣ дар курсӣ шинонд ва мисли он ки истинтоқаш мекарда бошад, ба овози баланду қатъӣ гуфт: – Аввал мақсад гӯ! Баъд даври «ҷувозат» тоб мехӯрӣ!

Шарифзода ба ҷуз боз кардани роз илоҷи дигар надид: – Эътибор додаед ё не? Мо ба фазаи асосӣ ё давраи ҳалкунандаи тақдирсоз қадам мегузорем. Баъди чанд рӯз дар Қасри Арбоби Хуҷанд ҷаласаи ҳукуматӣ доир мегардад ва масъалаи интихоби роҳбарони нав, ҳукумат ва дигару дигар гапу корҳои доғи рӯзро мебинанд. Бар замми раёсату аъзоёни Ҳукумати ҳозираи фалаҷгашта, аъзоёни Шӯрои олӣ, сарварони ҳизбу созмонҳои кулли Тоҷикистон ва дастаҳое, ки ба муқобили ҳам ва ину он ошкору ниҳон набард доранд, даъват карда мешаванд… Мо бояд мавқеи худро муайян созем.

– Даъват кунанд, меравем! – дигаронро мунтазири ҷавоб насохта, зуд гуфт Вакил.

– Аз мавҷудият ва фаъолияти мо огаҳӣ дошта бошанд? – як навъ кунҷковона, ба хотири фаҳмидани фаҳмиши онҳо аз авзои ҷомеа суол кард Шарифзода.

– Як мошин чапа шавад ё ду кас бо ҳам кордзанӣ кунанд, ними дунё бохабар мешаваду мо чанд моҳ боз Вистану деҳоти атрофро ба бозӣ даровардаем, дуди оҳи мардум дар фалак мепечад, мегӯӣ хабар намеёбанд?! Стратег гоҳо худро чунон гулӯ гумроҳ метарошӣ, ки ба ҳадди хандаоварӣ! Моро месанҷӣ? Ё масхара мекунӣ?!

– Ба ростӣ ки: на ину на он.

– Ҳоло муҳим дигар гап аст! – Умар тасбеҳашро аз гардиш боздошта, изҳори андеша кард: – Ҳақиқат ин масъала ниҳоят ҷиддӣ аст. Мо аллакай дер мондаем. Ба ин масъала сар-сарӣ баҳо надода, бояд ҳаматарафа фикр бикунем, аз иёри андеша гузаронда, бо назардошти қисмати ояндаи худу фарзандон хулоса барорему амал бикунем. Вагарна…

– Масъалаи ҷиддӣ буданашро фаҳмидем. Ку фикратро гӯ! – аз кашол ёфтани сухан Вакил ба танг омада, ҷониби Умар овоз баланд кард.

– Мард бош, ё дар хизмати мард, гуфтаанд. Чӣ мешавад, мо худро бо ҷиноҳи Ҳизби наҳзати исломӣ бипайвандем? Як мушти тавоно шавем!

– Эъ!! – Вакил аз аввала дида, баландтар чунон овоз баровард, ки нишони тааҷҷуб буд.

– Вакила ба хаёлам ҳамоно ғами аз шароб чӣ хел даст кашидан пеши назар омад, – гуфт Шарифзода, бо тамасхур ва ё ҷиддӣ гуфтанаш ҳанӯз маълум нагашта, ки боз афзуд: – Ҳазрати Умар боз беҳтар медонанд, Ҳаким Умари Хайём фармудаанд: «Ҳеҷ чиз дар тани мардум нофеътар аз шароб нест, хоса шароби ангурии талху софӣ. Ва хосияташ ин аст, ки ғамро бибарад ва дилро хуррам кунад». Ин хел бошад, пас ҳамунҳо ҳам, – бо даст ишораи салла ва риш кард, – ба хаёлам кам-кам паноҳӣ мегирифтанд.

Охир нигоҳубини тан воҷиб аст, ку? Ба ғайр аз ин, «Дар андаки ӯ манфиати бисёр аст» фармудаст ҳазрати Абӯалӣ Сино.

– Вақте аз моҳияти дини мубини ислом сухан мегӯӣ ва барои тасдиқи суханат намунае аз бузургон оварданӣ мешавӣ, на аз

Абӯалӣ Синою Хайём, балки аз Имоми Аъзам, Имом Бухорӣ,

Имом Ғаззолӣ, Мавлоно Яъқубӣ Чархӣ ва дигар фақеҳони исломӣ ва муаллимони ахлоқи башарӣ Шайх Саъдӣ, Аттору Ҷалолиддини

Балхӣ биёр – таъкид кард Умар.

– Бало ба сари ҳамашун! Мавъизаро монеду ҳарчи зудтар ба сари мақсад биёед! – боз таъкид намуд Вакил ба дуруштӣ ва хеле қатъӣ. Вай баъди даргузашти духтару хоҳараш асабонӣ ва дар иҷрои корҳо бетоқат метофт, сабру таҳаммул аз захираи хотироташ парида буд.

Шарифзода афзуд: – Ҳазрати Умар фикрашона гуфтанд. Ман пеш аз он, ки фикри худама гӯям, мегӯям: ба фикри Умар розӣ нестам. Чунки ман медонам ва шумо ҳам хуб медонед, ки ҳизби коммунист аз ислому исломгароён қади бало метарсад, тавре шайтон аз бисмиллоҳ. Ин ҳизби бераҳму сарсахт дар тӯли мавҷудияти худ ҳеҷ гоҳ аз мубориза алайҳи дини мубини ислом даст накашида ва дар ҳамин назъи равон ҳам(ҳолати ҷонканӣ) даст кашиданӣ нест. Медонед, барои чӣ чунин сахт мегӯям? Чунки рафту дар машварати Хуҷанд боз коммунистҳо сари қудрат биёянд! Ана баъд, биёву ҳоли зори наҳзати ислома тамошо кун!

Ман ба пешниҳоди он, ки «ба Ҳизби наҳзати ислом бипайвандем», қатъан муқобилам! Пас шояд пурсед: фикрам чист?!

Фикрам ин аст: мо алҳол ба ягон дастаю гуруҳ ҳамроҳ нашуда, як ё ду нафар намояндаи худро ба Хуҷанд фиристем, рафта ба ҳайси мушоҳидакор иштирок кунанд ва оба дида мӯза кашем. Сиёсати имрӯз эҳтиёти ниҳоят ҷиддиро барои фардо талаб мекунад. Ҳар хулосае барорем, бояд бо назардошти осудагии фардо бошад…

Ана ҳамин аст, фикр ва пешниҳоди ман! Боқӣ худ мухторед.

Мисле ки бори гароне ба сарашон фуромада, даҳони ҳамаро баст. Ба ҳаде сокиту ором шуданд, ки нафаскашии ҳамдигарро ба хубӣ эҳсос мекарданд.

Вакил ҳарфу ҳиҷое ба забон наоварда, дурудароз ба авзои ҳамсуҳбатон нигарист ва баъд ба таври умум гуфтаи Шарифзодаро ёд оваршуда, суол кард: – Ун ҷо(Хуҷанд дар назар аст), ки «ҳайати аъзоёни Ҳукумати ҳозираи фалачгашта, аъзоёни Шӯрои олӣ, сарварони ҳизбу созмонҳо ва дастаҳое, ки ба муқобили ҳам ва ину он ошкору ниҳон набард доранд, даъват шаванд», фаҳмост ки даробаро ҳам озод набудагист?! Ҳамин ки одами ношинос ба дари даромад наздик шуд, мепурсидагистанд: «Ту кистӣ?! Чикораӣ?» ва ё «Ҳай бача, ку бугӯ?! Аз куҷо ва аз кадом созмону даста мешай?!» Тасаввур кунед: ана шумо намояндаи мо шуда рафтед.

Ҳамин хел пурсанд, чӣ ҷавоб медиҳед?! – вай боз ба чеҳраи ҳамсуҳбатони худ бо диққати тамом нигарист, то ки ҷавобе нагуфта ҳам, аз ваҷоҳаташон ба маънӣ пай барад.

Ҳавои тирамоҳӣ имрӯз аз саҳар ба ранги одами мотамгирифта тира метофт. Дасту дили одами ба ҳавои софу беғубор одаткарда, дар чунин ҳолатҳо на танҳо ба кор пеш намерафт,балки худро як навъ ноҳинҷор эҳсос мекард. Дар ин рӯз дигар нияти ягон хел амалиёт набуд ва ҳоло Вакил аз тирезаи дафтари корӣ берун менигарист. Вай дид, ки Умар на мисли ҳамешагӣ, таври рафтори ба ӯ хос: оҳистаю батамкин тасбеҳи дӯстдоштаи фирӯзагини балогардонашро ҳой дода, балки хеле башитоб домани ҷелаки осмонирангашро ба даст гирифта, як навъ чопар меояд.

– Ба ин тарз омадани ӯ аз нохушие дарак медиҳад, дар ин миён чӣ гапу кори беҷое миёни бачаҳо сар зада бошад? – худ ба худ аз пешомади ногуворе андешида, Вакил таҳлукаомез аз хона берун баромад ва ҳайяҷону изтироби ҳанӯз ба назараш бесабаб рӯзадаро дар худ фурӯ нанишонда, якта-якта қадам партофта, то сари роҳи калон ба истиқболи ӯ пеш рафт. Мавриди дигар мебуд, шояд ба ростӣ ҳам гумон мерафт, ки ӯ ба истиқболи Умар баромадааст, вале ҳоло гап дигар буд.

– Вакил! Хоҷа! Ин чӣ корест кардед?! Ин чӣ бедодист?! Наход дар шумо як зарра раҳму шафқати одамӣ намонда, ба мошинаи қатлу ғорат бадал гашта бошед?! – бесалому алайк ва муқаддима, дасти барои салом дарозкардаи Вакилро ба даст нагирифта, бадқаҳр ва яку якбора гуфт Умар. Вакил дар ҳама ҳолат миёни даста, худро аз дигарон бартар медонист, нахост сарпастӣ кунад, таҳқир шавад. Ӯ сарвари даста аст, Умар ҷонишин, вай бояд ҳадди худро дониста гап занад. Ин аст ки Вакил аз муомилаи ӯ дар ғазаб шуда, ба ҳамон оҳанги дурушти Умар, як лаҳза ҳам сабру таҳаммул раво надида, ҷавоб гардонд:

– Савоби ҳама раҳму шафқатро мо ба шумо бахшидем. Метавонед бо шахсони дилхоҳатон тақсим кунед!

Умар ба тағйири чеҳраи дарғазабшуда, паридани мушакҳои рӯй ва дастони ӯ назар афканд. Тахмин ӯ бо як даст тапонча ва бо дигар ханҷар медошт. Дили Умар дарзамон аз оқибати нофарҷоме дарак дода, ба чеҳра ва чашмони хунгирифтаи Вакил бодиққат нигарист, то фаҳмад ки мабодо масти банг бошад, зеро кам тасодуф меафтод, ки вай ба ин беандешагӣ ва шитоб чунин дағал гапгардонӣ кунад. Ваҷоҳати Вакил аз асабонияти якбора рӯзада дарак медод: чеҳраи арғувонигашта, паридани мушакҳои зери чашм, ҷӯшидани лабҳо рози ӯ ошкор месохтанд.

Умар аз ин суханонаш якбора оташ гирифтани Вакилро дида, мисли аз карда пушаймон ба ҳоле худро аз ғазаб нигаҳ дошт, шасташ гашта, мусолиҳаомез ин ҳарфҳо ба забон овард: – Фаромӯш накунед. Муроди мо аз ташкили дастаи «Фидоиён» ин набуд. Мо нияти ободиву созандагӣ доштем. Онҳоеро, ки ба беҳбудии диёр латма ворид карданӣ буданд, аз раҳ бардоштанӣ будем, на ҳама дорандаву сарватмандро саросару бе пушт-пушт! Аз касе ки зиёнаш нарасидаст, бадӣ кардан аз рӯи инсоф нест… – одами ба дуруштгӯӣ хӯ накарда, нафас дар гулӯяш печид ва гулӯ рӯшан карда, идома дод: – …ба нангу номуси беваву бечора даст зада, таҷовуз кардан! – гуфтан замон тавре болои оташ равған рехта бошанд, ғазаби Вакил ғайриинтизор аланга гирифт. Вай номуродии қумандон Берангро бо Гулхумор ва кушта шудани ӯ, хонаи Боири раисро пеши назар оварду (хонаи Ҳотам Ҳакимбоевичро кӯшиш мекард на худ ва на каси дигаре ба ёди ӯ наорад) нагузошт Умар идомаи сухан бигӯяд: – Мавъизаро кӯтаҳ кунед! Ба чӣ омадед?! – гоҳ ту ва гоҳе шумо гуфта, омирона таъкид намуд: – Чӣ мехостӣ?!

Бепарчу пурч хостаат гӯ!

– Мехостам, ба ту таъкид кунам, ки ба касе ҷанг мекунӣ, барои оштӣ ҳам ҷой мон! Боири раис одами андак нест! Дар Вистан, деҳаҳои атроф ва дигари ҷумҳурӣ обрӯ ва эътибори баланд дорад.

Аз барои вай шуда, аҷаб не, тамоми мардуми Вистан ба муқобили мо, ба по хезанд! Ҳамаро безарурат якбора душмани худ кардан, чӣ маънӣ дорад?! Боири раис ваъдаи ҳамкорӣ ва ёрии пулӣ додан карда буд ку?! Боз чӣ мехостӣ?! Ин амали ту аз кори шуми Шимр пасттар аст. Бо ин кору рафторат фаромӯш накун, дар таърихи тоҷикон бадтарин кас мешавӣ!

Вакил боз ҳам нагузошт, вай идомаи сухан бигӯяд:

– Хуб вақти пандгӯӣ ёфтаӣ!

– Ин панди ман не, аз Шайх Саъдӣ аст.

– Дунёро шайху муллоҳо ба коми оташ кашиданд!

– Баръакс! – фавран дод зад Умар ба манзалаи он ки азизтарини азизонашро таҳқир карда бошанд: – Ба шарофати ҳамунҳо дунё барҷост! Вагарна аз касофати сияҳҷомагони бангию ҳангию ғару дузду раҳзан ва бенамозу намакношиносҳои хонабарандози тарёкӣ кайҳо қиёмат қоим мешуд!.. – бо овози баланду асабоният, Вакил чи касе будани Шуморо намедонист. Агар медонист, ки кушандаи набераи Ҳазрати Муҳаммад(с) Ҳусайн аст, чизе мегуфт, вале ҳоло бими ӯ аз бадномӣ пеши таърих буд. Шарҳи муаллиф. дастак зада, гуфт Умар, ки аз ин пеш Вакил ингуна ғазабу бадгӯияшро надидаву нашнида буд.

– Боз чӣ гап дорӣ?! – андаке нармтар шуда пурсид Вакил.

Вакил ҷавобе нашунида, дубора пурсид:

– Чӣ? Ту ба насиҳати ман омадаӣ?!

– Не! Акнун маълумам шуд. Ту чунон аз худ рафтаӣ, ки дигар ба ту не насиҳат кора мекунаду не маслиҳат…

– Ҳо-о! Насиҳату маслиҳати лачу фачи ту дигар на ба ман нафъ дораду на ба дигаре!

– Эй,ту садқаи насиҳату маслиҳат шавӣ! Наход ман гӯям, ба аҳлу аёли марде, ки ҳама шарту байъи моро қабул дошт, бераҳмӣ накун. Хун нарез! Моли мардумро дигар талаю тороҷ накун! Ба беваю бечора раҳм кун. Бераҳмиро аз ҳад гузарондӣ! Дигарон ба бегонаҳо бадӣ карда бошанд, ту ба ҳамдиёронат! Ин амали ту аз кардаи Шимр бадтар аст! Дар таърихи тоҷикон бадтарин кас мешавӣ! Ҳаминҳо гапеанд «фачу лач» бошанд?! – ғурунгида аз назди Вакил ба роҳи омада бозгашта, дар ҳоле, ки як-ду қадам бардошта буд, боз афзуд: – Агар рафтори ту ҳамин бошад, ба гапам гӯш надиҳӣ, пас ман аз ҳамин лаҳза дигар ёри ту нестам! Ту медониву дави аспат! Дар ин дунёву қиёмат пеши Худо ҷавоб гуфтанат! Хунхори фосиқ! – Умар агарчи суханони охиринашро пас гашта, оҳиста гуфт, то ба гӯши Вакил расиданд. Умар башитоб, зайли аз хатар гурезон қадам бардошта, чанде рафта, аз роҳи морпеч тоб хӯрда буд, ки садои тир баланд гашт ва Умар «Аллоҳ!» гуфта, пурӯ ба замин афтид. Вакил дигар ба ӯ нигоҳе ҳам накарда, мили тапонча пуфу пок намуда, ба ғилоф андохту ҷониби роҳи калон ҳар ҷо ки по барад, пеш рафтан гирифт.

Умар ҳамеша ҷавшанпӯш буд. Ва ҳоло ҳам. Зери ҷелак онро тавре пӯшида буд, кас пай намебурд, ҳатто Вакил ҳам. Аз ҷавшани ӯ тири тапонча намегузашт. Пас барои чӣ худро ба замин афканд ва ба мурда андохт? Чунки аз фарҷоми корҳо дилпур набуд, вай ба ин васила, захмӣ шудан, мехост муддате худро аз бозӣ берун кашад, то маълум гардад ки мардум аз барои хотири Боири раис ба по мехезанд, Русия ба ин «бозӣ-ҷанг дар Тоҷикистон» то ҳол бетараф набуд, акнун бо шиддат гирифтану густариш пайдо кардани воқеаҳо бо қувваю муҳимоти ҷангӣ ҳамроҳ мешавад ё не?

Ҳукумати навташкил, ки аксар бетаҷрибаю собиқаи сарварӣ ҳастанд, чӣ қудрату тавоне доранд?! Аз худ чӣ адолат ва ҳукму раҳнамоие нишон медиҳанд?..

Ин дам ронандаи мошини раҳгузаре болои роҳ ҷасади одамиро, ки ба ранги халтаи картошка ва ё орди аз бори касе ба замин ғалтидаро мемонд, дида суръат суст карду назди он истод. Ҳамроҳаш зуд фаромада, ҷасадро аз назар гузаронид, набзашро санҷид ва ҷониби ронанда фарёд зад: – Какой та мулла! С бронежелетом...

Но ещё жив!

Онҳо Умари захмиро бардошта бурданд.

Шамол абрҳои сияҳи дар ҳаракатро титу пареш кард. Баъди чанде шим-шимаи борон сар шуд. Ин борони тирамоҳӣ, ба гуфтае қамчини деҳқон буд, то ҳосили парваридаашро ҳарчи зудтар ҷамъоварӣ кунад. Мардуми дар таҳлукаи ҷон афтодаи ин диёр на парвои ҳосил доштанду на тағйири ҳаво, аз Худо ягона розу ниёзашон оромӣ, инсофу адолати силоҳбадастон ва ёфт шудани зиндаю мурдаи гумшудаҳо буд.

Осмон баъди борон мегуфтӣ дил холӣ кардаву сабук шуда бошад. Ва ҳоло бозмондани боронро мардум фоли нек таъбир мекарданд.

Оҳиста дари дафтари корӣ боз шуду силоҳбадасти пушти дар ворид гашта, беҷуръатона пурсид:

– Ҳазрат, иҷоза ҳаст?

– Ку бударо, боз чӣ гап дорӣ?

– Билет оварданд.

– Гӯй дароянд.

пешина
аз 22
навбатӣ