ЧЕҲРАҲОИ АКАДЕМИКӢ

ШИРИН ҚУРБОНОВА МАШРАБИ АБДУЛЛОҲ, Асри XXI тақозо дорад, ки бо рушди илм ташаккул додани шакли ҷаҳонбинии илмӣ ҷомеаро ба як системаи тараққикарда табдил додан мумкин аст. Замони муосирро бидуни рушди илм, инноватсия...
зеҳни сунъӣ · 3 ноябри 2024 · 31 саҳифа
ИСЁНИ ВОСЕЪ ДАР ПАЖӮҲИШИ ДОНИШМАНДИ ТАЪРИХ
Балҷувон, балки амири Бухоро гардидааст, дар таърихи миллату давлати Тоҷикистон нақши босазо дорад. Махсусан, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих, профессор Ҳайдаршо Пирумшоев ба таҳқиқи вижагиҳои гуногуни наҳзатҳои деҳқонон дар нимаи дувуми садаи XIX таҳти роҳбарии Восеъ диққати хоссе зоҳир карда, нозукиҳои ин ҳаракатро батафсир мавриди баррасӣ қарор додааст. Зимни баррасии илмии шӯриш мавсуф ба сарчашма ва манобеи таърихии ба забони русӣ маҳфузмонда бештар таваҷҷуҳ намуда, таҳқиқҳои ховаршиносонро бо ҳам қиёс менамояд ва ба хулосае меояд, ки исёни Восеъ омилҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодиро дар бар мекард.
Шахсияти Восеъ ба ҳайси яке аз роҳбарони шуҷоъ ва диловар дар шӯриши соли 1885, ки дар бекии Балҷувон рух дода, боиси нороҳатии на танҳо мири Академик Бобоҷон Ғафуров дар китоби “Таърихи мухтасари халқи тоҷик” зимни баррасии шӯришҳои деҳқонон ба ошӯби деҳқонон бо сардории Восеъ таваҷҷуҳ намуда, чунин меорад: “Шӯриши Восеъ, ки дар соли 1885 ба вуҷуд омада буд, якчандсол дар водии Кӯлоб ва Балҷувон хушксолӣ давом мекард. Илова ба ин, дар соли 1884 зироати табиии ҳокимнишини Балҷувон ба ҳуҷуми малахи аз Афғонистон парвоз кардагӣ дучор гардида, ба куллӣ талаф мешавад. Лекин дар соли 1885 зироат хеле хуб шуда бошад ҳам, ба офати бадтар аз малах дучор мегардад, амлокдор, доруға ва дигар намояндагони ҳукумати амирӣ ба деҳаҳо давр зада, аз аҳолӣ молиёти (андози) солҳои беҳосилии гузаштаро низ талаб менамоянд”.
Муаррихон аҳамияти таърихии қаҳрамонии ин шахсияти машҳурро паси якдигар мавриди пажӯҳиш қарор медиҳанд. Гузашта аз ин, авзои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии ҳамонвақтаи Балҷувон ва иртибот пайдо кардани он бо аморати Бухоро бинобар ғасб шудани ин сарзамин аз сӯи Русияи подшоҳӣ таҳқиқи тамоман наверо аз нигоҳи имрӯзаи ҷаҳони муосир иқтизо мекунад. Бе шакку шубҳа муаррихини аҳди шӯравӣ ин исёни азимро алайҳи зулм ва истибдоди силсилаи ҳоким ба қалам овардаанд, ки дар ин муқобила аҳдофи миллӣ ва инфиродӣ мавриди назар қарор нагирифтааст. Баҳонаи шӯришро аз болоравии андозу боҷу хироҷ донистаанд, ки бо зиёдшавии он косаи сабру таҳаммули оммаи васеи деҳқонон оқибат боиси ошуфтагии кишоварзон гардидааст. Дар баробари ин, паи ҳам омадани хушксолиҳо ва дар иртибот бо он қонеъ нагардидани деҳқонон аз натиҷаи ҳосил тафаккури ошуфтаҳолиро дар мағзу андоми кишоварзон ба вуҷуд овард.
Восеъ зода ва парвардаи рустои Дараи Мухтори ноҳияи имрӯзаи Ховалинг аст, ки он ҷо танҳо тоҷикони кӯҳистон ва муқовиматкунанда бар зулму таадии роҳбарони ғайри тоҷик ва турктабори бекии Балҷувон мақоми иқомат гузидаанд. Агар ба ин мавзеъ сайр намуда, ҳолати равонии сокинони онро мушоҳида кунед, пас ба хулосае меоед, ки низоми аҷнабӣ ягона омили нороҳатии онҳо маҳсуб мешавад. Ин мардумони ба худии худ мавҷудбуда зиндагии орому осуда ва бо ҳам печидаву ҳамоҳанге доранд ва инчунин оромиро танҳо дахолати бегонагон дар умури хонаводагӣ метавонист музтариб созад ва дар мафкураи аҳолӣ андешаи муқовиматро алайҳи роҳбарони мустабид эҷод бинмояд. Тоҷикон, ки аз зумраи озодагон маҳсуб мешаванд, ғолибан дар муқобили тангчашмон мавриди таҳқиқ қарор гирифтаанд ва аз манбаъҳо бармеояд, ки тоҷик бо турк қиёс мешавад. Маҳз ҳамин зулму тааддӣ деҳқонони мулки Балҷувонро бар алайҳи ҳокимони зулмпеша ҳидоят намудааст.
Шӯриши Восеъ воқеъаи пеш аз вуқӯъ тарҳрезишуда набуд ва ба таври табиӣ ҳодис шуд. Дар ин шӯриш муҳаққиқон омилҳои иқтисодиро бештар аз соири авомили барпокунанда донистаанд ва низ маҳз болоравии андоз ва закотро боис шуморидаанд, аммо чаро дар шӯришҳои қаблан ба вуқуъ пайваста ҳамин болоравии андозу закот буд, аммо он исёнҳо чун шӯриши Восеъ васеъ паҳн нагардид? Чаро онҳо аз ҳудуди як минтақа хуруҷ накарданд? Чаро исёнҳои ба вуҷудомадаро бек дар кӯтоҳтарин муддат пахш кард? Чаро шӯриши оммавӣ таҳти сарварии Восеъ марзи Балҷувонро низ гузашта, дар Кӯлоб низ ҳамовозӣ ёфт ва деҳқонон алайҳи беки Кӯлоб шӯриш бардоштанд?
Масалан, шӯриши соли 1870 рухдодаро агар мушоҳида кунед, пас маълум мешавад, ки исёни мазкур руҳан заиф буд ва деҳқонони шӯрида пас аз тасарруф намудани қалъаи мир моликиятҳои худро гирифта, ба хонаҳои хеш пароканда шуданд. Шӯриши деҳқонони Балҷувон низ дар соли 1874 зуд пароканда гардид, чунки омили асосии пайдоиши онҳо танҳо болоравии закоту андоз ва хушксолиҳо маҳсуб мешуданд. Агар сафи деҳқононро, ки аз зулми амлокдорону андозситонон ба дод омада буданд, аз рӯи мантиқ баҳогузорӣ кунем, пас теъдоди онҳо аз 200 – 300 нафар таҷовуз намекард, лекин дере нагузашта аз ибтикори Восеъ ҷиҳати бархурд бо асокираи амир ҳазорон деҳқонон муттаҳид шуданд. Яъне муқовимати Восеъ бо пайравонаш аз гирду акнофи Ховалинг ва баъдан тамоми Балҷувон ва қисме аз сокинони Кӯлоб бо як – ду амлокдору беки Балҷувон нигаронида нашуда буд. Ҳадафи шӯришгарон алайҳи низоми амирӣ буд, ки корношоям гардидани онро сайёҳони рус ва маорифпарварони Бухоро таъкид намудаанд.
Аморат бо тамоми нуфузаш дар аснои шӯриши Восеъ дар ҷаҳлу торикӣ мезист ва на фақат аз лиҳози иқтисодӣ, балки аз нигоҳи маънавӣ низ дар ҳолати фақр қарор дошт. Бухоро, ки маркази аморат буд, дар он замон ба майдони ҷазодиҳӣ ва ба дор овехтани аҳли муқовимат мубаддал гардид.
Қишри интеллектулии он замон рӯҳониён буданд, ки бар манфиати амир масоилро ҳаллу фасл мекарданд ва аҳли муқовиматро ба куфру зиндиқию габр туҳмат менамуданд. Дар маросими ба дор овехтани шӯришгарон бошад, ҳокимияти мутлақи амирро беҳтарин дар ҷаҳон гуфта, боре ҳам фикр намекарданд, ки мадҳу санои эшон саропо мухолиф ба аҳкоми ислом аст. Ҳангоми тасарруфи қалъаи мир дар Балҷувон низ боз ҳамин муллоҳо дар хидмати бек ҳозир шуда, шӯришгаронро ба силоҳпартоӣ ва итоат аз амир, ки гӯё сояи Худо дар замин аст, даъват менамуданд. Бешубҳа яке аз авомили нокомӣ ва пахш гардидани шӯриш ҳамин муллоҳо маҳсуб мешаванд, ки бар ивази молу сарвати ночиз исломро дар муқобили ислом вогузошта, сафедро сияҳ ва сияҳро сафед муаррифӣ менамуданд.
Шӯришгаронро маҳз ҳамин афсонаи муллоҳо ҷиҳати итоат аз амир, ки ӯ бо хости Худо ва бо дахолати ӯ ба ин мансаб нишастааст, шикаст ва пароканда сохт. Дин он замон ва дар дарбори Манғития рисолати худро дар ҳақ нишон додани ҳукумати фалаҷгардидаи аморат бар василаи аҳли хеш муаррифӣ мекард. Агар мушоҳидакор бошед, рӯҳониён ҳамеша бар зарари мардуми мусалмон ва бар нафъи тоифаи ҳокими бехабар ва ҷаллод хидмат намудаанд ва дастур додаанд, ки мухолифони амир ба бузургтарин ҷазо, яъне сангсору овехтан сазоворанд. Ҳамчунин, мавқеи рӯҳониён нисбат ба шӯришгарон низ ҷуз хидмати чоплусона ба амир ва атрофиёни ӯ дигар чизе набудааст, ки айни замон мо бо амали онҳо ифтихор намоем. Дар шӯришҳои нимаи дувуми садаи XIX низ сафи аҳли муқовимат аз ҳисоби деҳқонон ва фуқаро пур мешуд, аммо муллоҳо, ки нисбатан аз тоифаи дар фақру тангдастӣ ғутавари деҳқонон каме доротар буданд, бечунучаро аз табақаи ҳоким дастгирӣ мекарданд.
Нахустин ихтилофро дар баррасӣ ва таҳқиқи шӯриши Восеъ санаи барпошавии он ташкил мекунад.
Академик Бобоҷон Ғафуров санаи ба вуқуъ пайвастани шӯришро дар китоби “Тоҷикон” соли 1885 пиндоштааст. Муддати муайян муаррихон дар ин хулоса буданд, ки рӯйдоди мазкур маҳз ба ҳамин давра солҳои 1886 – 87 иртибот дорад, чунки манобеи таърихии он замон санаи рухдиҳии онро дарҷ накардаанд. Шояд аз ҳамин хотир буд, ки муаррихон муддати мадиде перомуни ин мушкилии таърихӣ музокираҳо барпо менамуданд, аммо ба як хулосае омада наметавонистанд. А.А.Семёнов аз матни мактубе воқиф гардид, ки аз номи Остонақул ба амир Абдулаҳад иншо шудааст, аммо бо такя бар ин мактуб худи Семёнов санаи дақиқи зуҳуроти шӯришро ошкор накардааст. Тибқи маълумоти муаллифи китоби “Таърихи Хатлон аз оғоз то имрӯз” муаррих Ғолиб Ғоибов аз зумраи муҳаққиқони шӯриши номбурда танҳо И.А.Стетсенко “бо ҷалби маводи архивӣ таърихи саҳеҳи сар задани шӯриши мазкурро бо қатъият соли 1888 дар моҳҳои июл – август нишон дод”.
Аз ин ба баъд дигар муҳаққиқони шӯриши Восеъ низ замони сар задани шӯришро соли 1888 гуфтаанд.
Ҳайдаршо Пирумшоев дар китоби “Таърихи омӯзиши шӯриши Восеъ” дар ин маврид менависад: “Охири соли 1885 – аввали соли 1886 дар водии дарёи Яхсу дар амлоки Сарипули бекии Балҷувон шӯриш сар зад. Норозигии деҳқонон дар ин ё он шакл дар дигар бекиҳо низ мушоҳида гардиданд. Ҳамаи ин барои шӯриши калони муташаккил, ба монанди шӯрише бо сарварии Восеъ замина ба вуҷуд меовард”.
Дигар мушкилӣ дар таҳқиқу баррасии ҳаводиси марбут ба Восеъ бояд авомили барпокунандаи шӯриш бошад, аммо аксар муаррихон ҳангоми баёни ин масъала болоравии андоз, саркашии деҳқонон аз андозсупорӣ, зӯроварии масъулин ҳангоми ситонидани боҷу хироҷ ва мисли ин авомилро изҳор доштаанд. Бояд иқрор кард, ки дар бекигариҳои Бухорои Шарқӣ, минҷумла дар Балҷувон намояндаи амири манғит дар раъси ҳокимият қарор дошт ва аксар вақт аҳолии кӯҳистон, ки ғолибан тоҷикон буданд, бо беку наздиконаш ихтилоф доштанд ва доираи ин ихтилоф рӯз аз рӯз васеъ мегардид. Аммо косаи сабри тоҷикони кӯҳистони Ховалинг танҳо дар соли 1888 лабрез гардид. Дигар пешгирӣ кардани ин авзоъ имкон надошт ва амир ҳам бо иллати бехабарӣ аз сиёсат ва санъати идора кардани авом барои рафъи мушкилиҳои мавҷудаи сиёсӣ ҷаҳд намеварзид. Аз ин хотир, ҷараёни саркӯбшавии шӯришгарон як саҳнаи басо ҷолиби диққатро мемонад, ки дар он саҳна мақоми аввалро ҷосус бозидааст. Махсусан, ҳангоми дастгир шудани Восеъ ва роҳҳои истифода шудани саноеи ҷосусӣ чунин ба назар мерасад, ки ғайри амиру дарбориён боз ниҳоде низ вуҷуд дорад, ки фирор кардани Восеъро ба мулки Афғонистон қобили қабул намешуморад, аммо ин ниҳод дар ҳукумати амир Музаффар хеле заиф буд ва ба ҷурми камфаъолиятии он амирро аз чунин авзоъ танҳо Русияи подшоҳӣ метавонист наҷот диҳад. Он ҳангом дар Осиёи Марказӣ Русияи подшоҳӣ ва дар Афғонистону Бритониё ҳадафҳои геополитикии хешро роҳандозӣ менамуданд. Бинобар ин, ба Афғонистон фирор кардани Восеъ бар манфиати мақсадҳои геополитикии Русияи подшоҳӣ мухолифат мекард.
Дар васфи Восеъ сурудҳои мардумӣ зиёд маҳфуз мондаанд ва ин сурудҳо аз ҷониби Гурғулихонҳо то ҳоло замзама мешаванд. Чунончи:
Восеъ ғазост имрӯз, Ҷон мубталост имрӯз. Ғавғои рӯзи маҳшар, Дар фуқарост имрӯз.
Пирумшоев Ҳ. дар бораи нахустин тадқиқот оид ба шӯриши Восеъ чунин менависад: “Сурудҳои халқӣ дар васфи Восеъ” – ро, ки фолклоршинос С. Раҳимӣ дар соли 1930 ҷамъ овардааст, мебояд тадқиқоти аввалин ҳисобид. Дар мақолаи ҳаҷман хурди муқаддимавӣ ба ин “Суруд” – ҳо муаллиф кӯшидааст таърихи шӯришро мухтасар тавсиф кунад. Аммо, азбаски вай дар корҳои тадқиқот малака надошт ва материали ҷамъ овардашуда маҳдуд буд, имконият пайдо накард, ки сабаби асосии шӯриш, яъне асосҳои иҷтимоии онро ошкор намояд ва рафту маром, миқёс ва мавқеи онро дар таърихи ҳаракати деҳқонии кишвар муфассал баён кунад”.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё