Зеҳн
ЧЕҲРАҲОИ АКАДЕМИКӢ

ШИРИН ҚУРБОНОВА МАШРАБИ АБДУЛЛОҲ, Асри XXI тақозо дорад, ки бо рушди илм ташаккул додани шакли ҷаҳонбинии илмӣ ҷомеаро ба як системаи тараққикарда табдил додан мумкин аст. Замони муосирро бидуни рушди илм, инноватсия...

зеҳни сунъӣ · 3 ноябри 2024 · 31 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

МАТНШИНОСИ ХУШСАЛИҚА

“Ман бо як калима, ки шумо мегӯед, мувофиқ нестам, аммо ҳозирам барои ҳақи шумо бимирам”.

Волтер

Агар шумо фикр кунед, ки таҳрир роҳи муайян дорад ва бо донистани чанд равия, шумо метавонед ҳама намуди матнро таҳрир кунед, иштибоҳе азим хоҳед кард! Чунки таҳрир чист ва таҳрири матн чӣ маъно дорад?

Пеш аз таҳрир, матн макети пешакӣ сохташуда аст ва таҳрири муҳаррирон онро ба макети мукаммал ва тамошобоб табдил медиҳад. Муҳаррир намуди зоҳирӣ ва мундариҷаи матнро тавассути анҷом гуногуни мекунад иштибоҳоти имлоӣ ва маънавӣ пок менамояд. Ҳадафи муҳаррир комил кардани матн ва онро ба хонанда дар шакли бенуқсон расонидан аст, аммо дар ин мақола тасмим гирифтем ҷиҳати намуд ва навъҳои таҳрир бо истифода аз таҷрибаи узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Аламхон Кучарзода пажӯҳише анҷом диҳем. Лозим ба додани намудҳои таҳрир тафтиш ва онҳоро аз ёдоварист, ки таҳрир намуди мушаххас надорад. Агар шумо хоҳед, ки таҳрири матнро шарҳ диҳед, шумо наметавонед танҳо ба чанд омили мушаххас ишора кунед ва бигӯед, ки таҳрири матн тавассути иҷрои инҳо анҷом дода мешавад. Намудҳои гуногуни таҳрир вуҷуд доранд ва дар ҳар як намуд якчанд омилҳо муҳим мешаванд. Намудҳои таҳрир вобаста ба ҳадафи ниҳоии матн метавонанд гуногун бошанд. Нависандагон ва тарҷумонҳои матнҳои илмӣ, адабӣ, романӣ ва шеърӣ, рӯзноманигорон, муҳаррирони маҷаллаҳо ва таҳиягарони мундариҷаи матни вебсайтҳо бояд аз навъҳои гуногуни таҳрир ва ҳадафи иҷрои онҳо огоҳ бошанд. Аламхон Кучарзода, ки матшиноси қавӣ дар муҳити адабии кишвар маҳсуб мешавад, таҳрирро хоси табъу нашр дониста, иртиботи онро ба васоити ахбори омма ёдоварӣ мекунад. Гузашта аз ин, мавсуф шуғли муҳарририро ба кормандони илму адаб ҷоиз дониста, бидуни таҳрир анҷом додани нашри монографияҳоро қобили қабул намебинад. Ҳамчунин, номбурда муҳарририро касби қадимтарин пиндошта, иртиботи онро бо пайдоиши хат мавриди арзёбӣ қарор медиҳад.

Аксар вақт таҳрирро тасҳеҳ мефаҳмем ва воқеан, тасҳеҳ ба маънии ислоҳ кардани ғалатҳоест, ки дар матн ворид шудаанд. Матншиноси тоҷик бо итминони комил арз менамояд, ки касби муҳаррирӣ дар Тоҷикистон маҳз дар даврони Шӯравӣ тақвият пазируфта, дар шакли густурдае пешниҳод гардидааст, аммо ин андеша дар ҳеҷ сурат таҳрирро дар аҳди қадим ва асримиёнагӣ коста намегардонад. Инак, мутаваҷҷеҳ шавед ба чанд мулоҳиза, ки Кучарзода ҷиҳати мутолеа ба қалам овардааст: “Бояд гуфт, ки дар замони Тоҷикистони соҳибистиқлол озодии нашриёт ва матбуот таъмин гардида, дастгоҳи маҳдудсозии мафкураи ҳоким аз миён бардошта шуд ва ин ҳолат дар баробари бартариҳои зиёд дар соҳаи касби муҳаррирӣ як навъ бетаваҷҷуҳиро низ ба вуҷуд овард. Ин вазъияти номатлуб дар Тоҷикистон бетаваҷҷуҳӣ ба вироишро дар ҳамсоякишварҳои мо – Эрон ва Афғонистон ба ёд меорад”.

Аммо рӯйхати вижагиҳои имконпазири муҳаррирӣ беохир аст ва танҳо шумо ба ҳайси виростор метавонед муайян кунед, ки кадом хусусиятҳо барои шумо мувофиқанд. Чунки вироиши фаннӣ ва забонӣ аз муҳимтарин анвои виросторӣ аст ва бидуни шак, дар ин навъи вироиш, виростор ба ислоҳ ва беҳбуди зоҳири матн мепардозад. Ҳангоми анҷоми вироиши фаннӣ мавориде монанди ғалатҳои имлоӣ ва мушкилоти нигориш аҳамият пайдо мекунад. Дар вироиши забонӣ- сохторӣ ҳамон тавр ки аз номаш пайдост, сохтору ҷумлабандӣ аҳамият пайдо мекунад. Ва аммо мерасем ба вироиши муҳтавоӣ, тахассусӣ ё илмӣ! Дар матншиносии ҳамсоякишвар – Эрон ҷиҳати баррасии ин навъи таҳрир чунин омадааст: “Вироиши муҳтавоӣ ва сохторӣ мутафовит аз якдигаранд ва дар вироиши муҳтавоӣ тамаркуз бар муҳтавои матн мушоҳида мешавад, чунки дар ин навъи вироиш виростор бо таваҷҷуҳ ба муҳтаво ва заминаи матн шуруъ ба вироиш мекунад”156. Муҳаққиқони эронӣ ҷиҳати такмили касби муҳаррирӣ дар навъи мазкур чунин пешниҳодҳоро ҷоиз медонанд, ки яке агар ҳазф ё худ коҳиш додани матолиби такрорӣ бошад, дигарӣ ислоҳи матолиби ғайриилмӣ маҳсуб мешавад. Ба қавли Аламхон Кучарзода, назария ва амалияи таҳрир фақат дар солҳои 50-уми садаи гузашта густариш ёфтааст: “Ҳарчанд таҷрибаи муҳаррирӣ роҳи дуру дарозеро тай намуда, бисёр қонунмандҳои таҳрир ҳануз то нимаи аввали садаи XX такмил ёфта буд, ба соҳаи махсуси илм мубаддал шудани назария ва амалияи таҳрир ба солҳои 50-уми асри XX рост омад ва барқароршавии ин илм дар се самт идома дошт: 1. Муайян кардани самти забониву услубии меҳнати муҳаррирӣ; 2. Ҷамъбасти тҷрибаи таҳриргарӣ; 3. Аз ҷиҳати назарӣ дар асоси хулосаҳои илми китобшиносӣ ва дигар соҳаҳои дониш, чун мантиқ, услуб, равоншиносӣ, педагогика, информатика, асоснок намудани таҳрир”. Аммо матншиноси тоҷик асосҳои илмии таҳрирро дар ҳамоҳангӣ бо таҳрири адабиёти илмӣ баррасӣ намуда, нақши уламои русзабонро дар пажӯҳиши илмии таҳрир таъкид мекунад ва мутмаин аст, ки илми таҳрир бояд дар сатҳи ҷаҳонӣ матраҳ гардад. Бинобар ин, мавсуф қайд мекунад, ки чун соҳаи алоҳидаи илми китобшиносӣ, назария ва амалияи таҳрир аз пайвастани як қатор илмҳо ба вуҷуд омада, зимни тадриси уламо дар макотиби олӣ зуҳур кардааст. Гузашта аз ин, номбурда таносуби байни муаллиф ва муҳаррирро мавриди таҳқиқ қарор дода, бар ин андеша беш аз пеш моил мегардад, ки услуби илмӣ аз услуби илмӣ-оммавӣ мутафовит аст ва дар ин маврид бояд муаллиф бо муҳаррир дорои ҷаҳонбинии илмӣ бошанд, чунки муаллиф агар ҷаҳонбинии илмӣ дошта бошад, аммо муҳаррир не, пас таҳрир чандон боварибахш нест ва талаботи муосири бахши таҳрирро қонеъ намекунад. Дар ин маврид, матншиноси тоҷик чунин хулосаро бароварда, эътимод бар он дорад, ки муҳаррирро чун муаллиф зарур аст, ки донишҳои мукаммал дошта бошад: “Муҳаррири асари бадеӣ агар дониши казоӣ надошта, аз қоидаҳои забон ва услуби тасвири бадеӣ ба хубӣ бархурдор набошад, гоҳи таҳрир баъзан ба хатоҳои фаҳш ва хандаовар роҳ медиҳад, ки таъсири манфии он ба муаллиф ҳам мерасад”158.Тибқи андешаронии Аламхон Кучарзода, муҳаррир зимни таҳрири матнҳои классикӣ ба мушкил рӯ ба рӯ меояд ва агар ӯ дорои донишҳои мукаммали илмӣ набошад, ҳангоми таҳрир ғалатҳоро нодида, боз мушкил дар мутолеа эҷод менамояд. Ин ғалаткориро номбурда зимни муқоисаи ду матни чоп гардидаи қиссаи “Марги судхӯр” шарҳ додааст: “Дар матни илмии “Марги судхӯр” (нашриёти “Адиб”, 2010) дар асоси татбиқи дастхатҳои нависанда ба матнҳои чопӣ зиёда аз 60 ғалат ва сукути калимаву таркибот ислоҳ шудааст ва агар муҳаррири матни оммавии “Марги судхӯр” (ТҶБ “Истиқбол”, 2011) асарро аз рӯйи матни илмии қисса ба чоп тайёр мекард, дар он ғалатҳои матнҳои пешин интиқол намеёфт”. Бо вуҷуди ин, масъалаи асосии илми таҳрирро мавсуф дар дахолати муҳаррир ба асари муаллиф медонад. Гузашта аз ин, номбурда фаъолияти холисонаи муҳаррирро таъкид карда, бар ин бовар аст, ки мундариҷа дар ҳар асаре ва таълифе пеш аз ҳама тибқи манфиатҳои давлат ва ҷамъият роҳандозӣ гардад, вагарна байни муаллиф ва муҳаррир тасодуми афкор ба вуҷуд омада, яке айбдоркунандаи дигаре хоҳад буд. Бинобар ин, матншинос муътақид аст, ки номақбул омадани дилхоҳ асар дар мундариҷаи он инъикос шудааст. Махсусан, ҷиҳати бархурд ва мусоидати муаллиф бо муҳаррир матншинос аз равобити дутарафаи устод Айнӣ бо муҳаррири осораш Абдусалом Деҳотӣ ёдоварӣ карда, роҳи мусоидатро барои ҳар ду ҷониб омили пешрафти кор пиндоштааст. Номбурда ин таносубро хеле олӣ тасвир намудааст: “Устод Айнӣ дар “Хонадории шоир” ном фасли ҷ. III “Ёддоштҳо” рафти хонадор шудан ва баъди дидани афту андоми баду кареҳи арӯсбо дилсардии тамом муносибат кардани мулло Вафо ном шоири қашшоқро бо тафсил баён мекунад. Деҳотӣ маслиҳат медиҳад, ки ин лаҳзаро, ки хеле кашол ёфтааст, махсусан вақте ки варианти басо муъҷаз ва шинами он дар байни халқ маълум аст, ихтисор кардан лозим аст. Ва устод дарҳол розӣ шуданд”. Яъне, муносибати нек доштани устод Айнӣ ба муҳарририи Деҳотӣ сабаб гардидааст, ки ҳар гуна мушкили таҳрирӣ дар вақташ бартараф гардад. Аз ин робитаҳои густурда метавон хулоса кард, ки касби муҳаррирӣ заҳматталаб буда, иртиботи қавии муҳаррирро бо муаллиф талаб менамояд. Алҳол, дар кишвари мо сафи муҳарририн рӯз аз рӯз афзун мегардад, аммо хатоҳои фоҳиш зимни таҳрири осор ба мушоҳида мерасанд ва зарурат пеш омадааст, ки мактаби муҳарририи хос тавлид ёбад.

ТАБЛИҒИ БО ИЛМ АСОСНОКШУДА

Замони дарёфту дастрасии истқлоли давлатӣ бо бархурд ва муноқишаҳои шадиди гурӯҳҳои мухолиф оғоз гардида, оқибат қудрати сиёсӣ неруҳои мутаассиби исломгароро бинобар иштиғол доштан дар интиқоли инқилоби исломӣ ва роҳандозӣ шудани навъҳои мухталифи терроризм мутаҳҳам намуданд. Агар дилхоҳ неруҳои сиёсӣ дар дилхоҳ кишваре бо дарназардошти интиқоли ормонҳои миллии мансуб ба аҷнабӣ фаъолият бинмуда, кӯшиши татбиқ сохтани низоми таҳмилӣ мекунад, дар ҳеҷ сурат муваффақ нахоҳад шуд. Чунин истротужӣ дар кишварҳои пасошӯравӣ бештар мавриди роҳандозӣ қарор доштаанд ва дар ҳамаи давлатҳои собиқ Шӯравӣ шуруъ аз солҳои 90-уми садаи гузашта сенарияи бо татбиқи роҳҳои мухталиф дахл варзидани аҷнабӣ дар умури дохилии он кишварҳо мушоҳида мешавад. Аммо бо пажӯҳиши ин ки чаро тибқи аҳдофи геополитикӣ ҷиҳати тағйир додани низоми сиёсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мубаллиғини қудратҳои ҷаҳонӣ намунаи инқилобии исломиро интихоб кардаанд, моро аз лавозим аст, ки аввалан, объект ва сониян, субъекти геополитикаи муосирро дастрас намоем. Лозим ба ёдоварист, ки қудрат аз васеъ паҳншавии муслимин бохабар ҳастанд ва хеле хуб дарк менамуданд, ки раванди мазкур сатҳи густариши ҳувияти фарҳангии кишварҳои тавсеаёфтаро ноком мегардонад. Масалан, ҷомеашиноси амрикоӣ Самюэл Ҳантингтон борҳо гӯшзад мекард, ки ҳувияти ғолиб бар соири ҳувиятҳо, яъне ҳувияти фарҳангии амрикоӣ, ки дар пояи протестантизми бритонӣ ташаккул ёфтааст, дар авоили садаи XXI бинобар нуфуз ёфтани ормонҳои мутааллиқ ба ислом осеб мебинад ва ИМА чун кишваре, ки таҳияи сиёсатҳо ғолибан дар марзи ӯ ба вуқуъ мепайванданд, ҷиҳати ягона усули нигаҳдошти қудрат, ки ҳувияти аҳолии он аст, ба инқирози маънавӣ рӯ ба рӯ мешавад. Дар ҳоле ки маҳз Ҳантингтон бо дарназардошти таҳияи сенарияи ошкорбаёнӣ (плюрализм) зарбаи маънавӣ бар пайкари низоми сусиёлистӣ зада, марги болшевизмро таъмин намуд, аммо дар масъалае, ки хоси мақолаи мост, таҳияи “панисломизм” дар як замон баробар бо “саҳюнизм” ва “сусиёлизм” эҷод шудааст, бештар матраҳ хоҳад шуд. Иқрор мебояд кард, ки ҳануз дар садаи гузашта қудратҳои ҷаҳонӣ тавассути афроди илзомшуда (Ризохони Паҳлавӣ, Камол Мустафо Отатурк, Муҳаммад Алии Ҷанноҳ ва дигарон) дар мамлакатҳои мусалмоннишин андешаи бартарӣ доштани исломро аз соири адён ҷойгузин сохта, маҳз бо истифода аз эҷод намудани таассуби динӣ кишварҳоро аз рушд боздоштанд ва муқаддам аз он бинобар таблиғи Саид Ҷамолуддини Асадободӣ ва Шайх Муҳаммад Абдуҳ таҳти унвони “панисломизм” муслимини дунёро бо истротегияҳои номақбуле чун “ваҳҳобия”, “салафия”, “баҳовия”, “ҳизбуттаҳрир”, “ансоруллоҳ”, “ихвонулмуслимин” ва ҳоказо мубтало сохтанд. Бинобар ин, бо дастрас шудани истиқлоли сиёсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ инчунин таассуб ва тахрибкорӣ дар рафтору гуфтори пайравони Нурӣ ва соири афроди заҳролудшуда мушоҳида мешуд, чунки мо истиқлолро дар соли 1991 соҳиб гардидем, аммо олиҷанобон аз ҳизби наҳзат ҳануз соли 1986 тазоҳурот ҷиҳати интиқол намудани Инқилоби исломии Эрон дар водии Вахш барпо намуда буданд. Чаро маҳз Эрон, ки он ҷо ба шиаи исноашария мақоми давлатӣ дода шудааст? Бештари мубаллиғини амрикоӣ, ки бо пардаи коршиноси улуми ҷомеашиносӣ ба минбарҳо раҳбарӣ мекунанд, баробар бо таҳияи сиёсати мусоид ҷиҳати гирифтор кардани кишварҳои рӯ ба инкишоф аз иртиботи ирсии аҳолӣ суиистифода мекунанд, ки бобати исботи фикр метавон аз вожаи “бародари бузург” истифода кард. Барои аксар кишварҳои пасошӯравӣ (Озарбойҷон, Узбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон) чунин бародаркалон Туркия аст, ИМА ва Иттиҳоди Аврупо аз мавқеъ ва вазъи ин кишвар васеъ истифода мекунанд, аммо барои Тоҷикистон фақат Эрон бародари бузург аст ва ҳамчунин, дар хориҷи кишвар низ хеле хуб дарк кардаанд, ки аҳли зиёи Тоҷикистон аз худ бештар ба Эрон эътимод доранд. Шояд ҳамин омили мутазаккир сабаб шуд, ки солҳои интиқоли инқилоби исломӣ анбуҳи бузурги ҷомеаи Тоҷикистон ҷиҳати пайдо кардани паногоҳи сиёсӣ маҳз Эрон ва шиаи дувоздаҳимомаро интихоб карданд. Вале як нафар ватандӯст ва худогоҳ аз зумраи тоҷикон пайдо шуд, ки ин раванди басе зиёноварро боздошту ҷиҳати баргардон кардани фирориён иқдом намуд. Ин фарди худогоҳ ҳамонвақта Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон буд, ки узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих Абдуфаттоҳ Шарифзода дар монографияи хеш таҳти унвони “Наҷотбахши миллат” бобати нақши густурдаи шахси мутазаккир ин андешаро баён мекунад: “Эмомалӣ Раҳмонов масъулияти бузургро ба зиммаи худ гирифта, манфиатҳои умумихалқиро бар манфиатҳои шахсӣ, гурӯҳӣ, маҳаллӣ ва минтақавӣ муқаддам донист. Ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмонов халқи тоҷик нахустин бор чун як қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар таърихи нави худ бо мақсади демократӣ сохтани ҷомеа, сохтани давлати мустақил, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва якпорча, риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, бо гузаронидани раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи нави кишварро қабул кард, ки он барои сохтани давлати демократии ҳуқуқбунёду дунявӣ ва риояи дастовардҳои инсоният дар соҳаҳои инсону шаҳрванд кафолат медод”. Гузашта аз ин, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, равоншод Раҳим Масов ба монографияи мазкур пешгуфторе нигоштааст, ки он ҷо ин ҳарфҳои судмандро гӯшзад менамояд: “Ва ҳеҷ ниёзе нест барои бофтану кофтани ягон “ғояи миллӣ”-и дигар, ки ба ягон халқ рисолати махсуси таърихӣ ва ё нақши махсусро дар рушди башар вогузор мекарда бошад”.

Воқеан, агар ба таърих мутаваҷҷеҳ шавем, дар аксар кишварҳо ва дар дилхоҳ ҷомеаҳо нафаре қудратро бар манофеи миллӣ истифода карда, давлатро аз душманони хориҷиву дохилӣ раҳо мекунад ва ба қудрат омадани фарди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон гувоҳи ин гуфтаҳост. Беҳуда Шарифзода монографияи хешро “Наҷотбахши миллат” унвон нагузоштааст. Чунки дар сурати воқеъ гардидани интиқоли инқилоби исломӣ тавассути афроди ҷаҳолатпеша кишвари мо ба ҳамсоякишвари дар ҷаҳлу торикӣ олуда ва басе аз рушду тараққӣ маҳруммонда – Афғонистон табдил меёфт ва хурофоту зулм бар ақлу хирад ғолиб меомад.Мавсуф зимни баррасии сиёсати хориҷӣ чунин андешаро матраҳ месозад, ки боиси дастгирӣ буда, бинобар донистани мавқеъ дар арсаи ҷаҳонӣ шаҳодат медиҳад: “Дарки мушаххаси мавқеъи геополитикӣ ва таъини равшани самтҳои асосии сиёсати хориҷӣ ба Тоҷикистон имкони дарёфти ҷойгоҳи худ дар ҷаҳони муосир, таҳкими марҳила ба марҳилаи ин ҷойгоҳ ва истифодаи имконоти ғаниро дар ҳалли мушкилоти дохилӣ фароҳам овард”.

Абдуфаттоҳ Шарифзода муътақид мебошад, ки танҳо сиёсати “Ваҳдати миллӣ” имкон фароҳам овард, ки Тоҷикистон чун кишвари мустақил ҷониби рушду тараққӣ рӯ намояд ва дар иртиботи қавӣ фаъолиятро созмон бахшад. Дар ин маврид муаллиф менависад: “Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсозандаи миллати тоҷик имкон фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфташуда дар кишварамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шуд ва барои беҳтар гардидани сатҳи сифати зиндагии мардум, ободии Ватан ва ояндаи давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид муҳайё гардид”.

Лозим ба ёдоварист, ки дар ағлаб кишварҳо роҳбари ношоиста ва побанд аз гурӯҳҳои манфиатдори хориҷӣ боиси ба футур рафтани ҷомеа гардиданд ва ин рӯхдод бори дигар исбот мекунад, ки нақши Сарвари давлат дар таъмини субот бағоят бузург аст. Воқеан, дар замони муосир шак ҷиҳати раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон вуҷуд надорад ва ҳатто ашшадитарин инсоне, ки дастовардҳои миллати моро дар замони соҳибистиқлолӣ эътироф намекунад, ба истеъдоду лаёқати инфиродии Президенти кишвар итминон дорад ва мутмаин аст, ки сарҷамъии миллати тоҷик дар ҳоли ҳозир натиҷаи масъулият ва раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

пешина
аз 31
навбатӣ