Зеҳн
ЧЕҲРАҲОИ АКАДЕМИКӢ

ШИРИН ҚУРБОНОВА МАШРАБИ АБДУЛЛОҲ, Асри XXI тақозо дорад, ки бо рушди илм ташаккул додани шакли ҷаҳонбинии илмӣ ҷомеаро ба як системаи тараққикарда табдил додан мумкин аст. Замони муосирро бидуни рушди илм, инноватсия...

зеҳни сунъӣ · 3 ноябри 2024 · 31 саҳифа

Илм

ПЕШГУФТОР

Асри XXI тақозо дорад, ки бо рушди илм ташаккул додани шакли ҷаҳонбинии илмӣ ҷомеаро ба як системаи тараққикарда табдил додан мумкин аст. Замони муосирро бидуни рушди илм, инноватсия ва маориф тасаввур кардан нашояд. Кишвари мо низ дар барорбари ҷомеаҳои мутамаддини замони муосир рӯ ба пешрафт ниҳодааст. Боиси хушбахтист, ки ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо бо дастовардҳои назарраси иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ 30 – солагии Истиқлолияти давлатии худро ҷашн гирифт ва ҳамзамон ҷашни 70 – солагии таъсисёбии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар назар аст. Китоби мазкур, ки аз маҷмӯаи мақолаҳо иборат мебошад, дар робита ба ҷашнҳои зикршуда интишор мегардад.

Китобро муаллифон “Чеҳраҳои академикӣ” номгузорӣ намуда, дар он аз самтҳои фаъолияти илмии як қатор олимони шинохтаи кишвар маълумоти мухтасар пешкаш намудаанд. Аз ҷумла, аз 23 нафар академике, ки осори илмии онҳо мавриди пажӯҳиш қарор гирифтаанд, 15 нафарашон мутахассис дар илмҳои табиатшиносӣ ҳастанд ва тибқи ин авомил метавон хулоса кард, ки муаллифон зимни баррасии илмӣ таваҷҷуҳи бештар ба илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиатшиносӣ намудаанд. Мундариҷа низ бахшҳои гуногуни илми муосирро фаро гирифта, таҳқиқ дар улуми мухталиф низ ба ин минвол сурат пазируфтааст: 1. Физика – 2 нафар; 2. Кимиё – 4 нафар; 3. Биология – 5 нафар; 4. Риёзӣ, астрофизика ва тиб – 1 нафарӣ; 5. Иқтисодиёт, таърих ва ҳуқуқ – 2 нафарӣ; 6. Фалсафа, сиёсатшиносӣ ва филология – 4 нафарӣ. Яъне, объекти таҳқиқ танҳо бахше аз илм набуда, ҳамаи самтҳои пажӯҳиши илмиро дар бар мегирад ва гузашта аз ин, муаллифон фақат ба ҷанбаҳои илмию таҳқиқии олимони тоҷик дахлварзӣ намудаанд. Ҳамчунин, сабки нигориш вижагии хос дошта, басе диққатҷалбкунанда аст ва ҳар як мақола равиши махсусе дорад.

Ҳадафи муаллифон аз нашри ин китоб муаррифӣ намудани самти фаъолият ва дастовардҳои назарраси бархе аз ходмони барҷастаи илмии ҷумҳурӣ мебошад. Дастовардҳои илмии аз тарафи муаллифон баррасишуда, аз саҳми арзанда дар рушди илму маорифи ҷумҳурӣ доштани онҳо, далолат мекунад.

Бояд қайд намуд, ки олимони арзанда дар соҳаҳои гуногуни илми ҷумҳурӣ фаъолиятдошта, кам нестанд. Лозим ба ёдорварист, ки саҳми донишмандони соҳаҳои илмҳои табиатшиносӣ, риёзиёт ва гуманитарӣ дар рушди илми кишвар басо назаррас аст. Дар назар аст, ки муаллифони ин китоб дар баррасии фаъолияти илмии олимони барҷаста саҳмгузор хоҳанд буд. Мутаассифона, ҳаҷми китоб имконият надодааст, ки дар бораи фаъолияти илмии ҳамаи онҳо маълумоти муайяне пешниҳод гардад. Аз ин хотир, муаллифон фаъолияти якчанд чеҳраҳои илмии академиявиро мавриди баррасӣ қарор додаанд.

МУҲАҚҚИҚИ САМТИ МУАЙЯНКУНАНДАИ ПЕШРАФТИ ИЛМҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ

Муддатҳои дарозтарин дар таърихи тамаддун мавқеи илм ба он равона мегардид, ки худхоҳии золимонаи башарро қонеъ гардонад. Дар садаи XIX натиҷаҳои илмӣ дар истеҳсолот татбиқ мешуданд ва дар қарни XX

илм ба сиёсат кашиши азиме намуда, дар даҳсолаҳои ахир дастовардҳои нави илми муосир ҳаёти рӯзмарраи одамро куллан тағйир дод. Алъон, ҳам сиёсатмадорон ва ҳам иқтисоддонҳо бар ин боваранд, ки ҷиҳати рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва болоравии сатҳи иқтисодии кишварҳо меҳнати арзону сармоягузорӣ ва захираҳои табиӣ чандон эътимодбахш нестанд. Дастовардҳои илмӣ айни замон дар некуаҳволии башар нақши созандае анҷом додааст, ки ҳеҷ сиёсатмадоре ин арқомро инкор нахоҳад кард. Ҳанӯз Арасту сиёсатро илм номида буд. Володя Улянов (Ленин) онро бо математикаи олӣ қиёс мекард, аммо ин ҷо ҷиҳати таносуби ду номвожаи бузург иктифо мекунем ва мегузарем ба пажӯҳиши шахсияте, ки кайҳо боз дар ҷомеаи шаҳрвандӣ шинохта шудааст.

Фарҳод Раҳимӣ тӯли ҳашт соли ахир академики АМИТ ва президенти он маҳсуб мешавад, аммо ҳамагуна мавод ҷиҳати муаррифии корномаи ӯ ба ин матлаб моро мебарад, ки номбурда ба ҳайси роҳбари олимони кишвар чӣ нақше дар роҳандозӣ шудани сиёсати Ҳукумат боқӣ гузоштааст. Муосиртарин суоле,

ки рӯзноманигори вақт ба мавсуф хоҳад дод, бешубҳа ҷанбаи сиёсӣ дошта, дорои муҳтавоест, ки илмро дар сиёсат баррасӣ карда, ҳасостарини гузоришҳои хабарӣ низ аз олудагии илм бо сиёсат суҳбат анҷом медиҳанд, агарчи гузориш худ хабар аст ва ҳеҷ гузорише хабарӣ намешавад, чунонки илм сиёсист ва бидуни сиёсат он дастоварде шуда наметавонад. Агар ба муҳтавои нишастҳои матбуотӣ назар афканед, дилхоҳ оҷонсии хабаргузорӣ дар дохил ва хориҷи мамлакат ҳадафи воҳид дорад ва он низ аз маводе иборат мебошад, ки дар натиҷаи барпо кардани иғвоъ ва тавассути он аз худ бехуд кардани роҳбари муассисаи давлатист. Аммо инҷониб ин матлабро танҳо ба як хотир ба қалам меорем, ки дар ин нигошта муҳтарам Фарҳод Раҳимӣ ҳамчун олим инъикос гардад. Аз ин хотир, мо пайи татбиқи ин мақсад ҳамаи маводи интернетиро як тараф гузошта, танҳо бо мероси илмӣ рӯ меоварем. Дар як нигоштаи тахассусӣ бобати баррасии илм мавсуф ин ҳарфро гуфтааст: “Нахустинсон донишҳоро ҷамъ ва онҳоро истифода кард ва ҳамин тариқ бунёди илми амалӣ гузошта шуд. Сипас ў ба мураттаб кардани донишҳо ва татбиқи онҳо шурўъ намуд. Дар фаҳмиши муосир илм ҳеҷ вақт танҳо ҷамъоварии иттилоот набуд. Олимон кўшиш мекарданд фаҳманд, ки ин ё он ҳодиса чӣ тавр ва барои чӣ рўй медиҳад”.

Ба пиндошти Фарҳод Раҳимӣ илм шакли маърифат аст, ки аз ду бахш иборат мебошад: табиатшиносӣ ва ҷомеашиносӣ, яъне яке ба табиат марбут мебошад ва дигаре ба ҷамъият. Аммо номбурда, ки физики машҳур маҳсуб мешавад, дар тарвиҷи афкори физикӣ ёддоште дорад мабнӣ ба ин ки: “Физикаи муосир (ва табиатшиносӣ) дар коркарди усули нави тафаккур, ки онро тафаккури сайёравӣ меноманд, саҳми назаррас мегузорад. Вай ба масъалаҳое таваҷҷуҳ мекунад, ки

барои ҳамаи давлатҳо ва халқҳо аҳаммияти зиёд доранд, аз ҷумла алоқаҳои Офтобу Замин, таъсироти шуопошии Офтоб ба магнитосфера, атмосфера ва биосфераи Замин, дурнамои манзараи физикии олам пас аз фалокати ядроӣ («зимистони ядроӣ»), масъалаҳои глобалии экологие, ки ба олудашавии Уқёнуси ҷаҳонӣ ва атмосфераи Замин алоқаманд мебошанд. “Ҳаракати сабз”-и умумисайёравӣ, фаҳмиши умумисайёравии хусусияти муносибатҳои мутақобили табиат ва инсон, ҷаҳонбинии нави (зимнан, гуманитарии) табиатшиносӣ тавлид шуда истодааст, ки метавонад ба фаъолияти созандагии сиёсии одамон таъсир расонад. Чунин низоми андешаҳо бояд заминаи муайяни фалсафӣ дошта бошад. Асоси онро бояд он донишҳое

ташкил диҳанд, ки онҳо дар табиатшиносӣ, пеш аз ҳама, дар физика ва биология вақтҳои охир пайдо шудаанд”.

Ҷаҳони муосир дар оғуши буҳрон қарор дорад. Бинобар тасаввуроте, ки инсонҳо вобаста ба сатҳи ҷаҳонбинии хеш пайдо кардаанд, дар ҷомеа аксуламале ба вуқӯъ мепайвандад, ки дар маҷмӯъ боздорандаи рушди инфиродии инсон аст. Ҳама гуна рушд дар соҳаи табиатшиносӣ боз буҳронеро ба вуҷуд меорад, ки дар назари башар бесобиқа аст. Масалан, Фарҳод Раҳимӣ буҳрони экологиро дар яке аз мақолаҳои худ чунин тасвир додааст: “Сабаби асосии буҳрони экологӣ на ин ки илм, балки ноқисии тасаввуроти воқеӣ (илмӣ!) дар бораи одаму олам мебошад. Аксарияти одамон ҳоло ҳам дар олами геосентрӣ ва механикӣ зиндагӣ мекунанд ва наметавонанд ё намехоҳанд ба моҳияти падидаҳои ғайриодии заминию осмонӣ сарфаҳм раванд. Бинобар ин, ташаккул додани ҷаҳонбинии дуруст, ки бояд ба марҳилаи ҳозираи рушди тамаддун мувофиқат намояд, барои инсоният аҳамияти аввалиндараҷа дорад”.

Чаро рушди тафаккури техникӣ ва болоравии сатҳи ҷаҳонбинии илмӣ такрор ба такрор изҳор мешавад? Магар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гузашта бо улуми дақиқ ва табиатшиносӣ ошно набуданд ва ё худ аз мероси ниёгон бахшида ба улуми табиӣ бехабаранд? Омили асосии ривоҷ додани ҷаҳонбинии илмӣ эътимоди кӯр-кӯронаест, ки аксар ҳаммеҳанони мо ба бовариҳои динӣ доранд ва бехабарӣ бидуни шубҳа одамонро ҷоҳил сохта, онҳоро водор мекунад, ки дар таъини сарнавишти хеш ба бегона муроҷиат кунанд. Маҳз ҳамин омил рушди ҳамаҷонибаи инсонро чун индивиди биолужӣ бозмедорад ва дар зеҳн агар андешаи рушдкунанда набошад, инсон дар ҷаҳлу торикӣ қарор мегирад ва барои дигарон имкон фароҳам меорад, ки ӯро чун мавҷуди гумшудае истифода бинмоянд. Бобати пайвастагии илму иқтисод номбурда дар як мусоҳибаи тахассусӣ илмро асоси пешрафт мегӯяд:“

Бе рушди илм пешрафти иқтисодии кишварҳоро, яъне вобастагии онҳоро ба шакли таҳлилӣ дида бароем, маълум мегардад, ки илм асоси пешрафт аст. Яъне, ҳар давлате, ки илмаш рушд дорад, иқтисодиёташ пеш рафтааст. Баробари ин дар ҳар кишваре, ки илм рушд надорад, иқтисодиёташ низ пешравӣ надорад. Аз ин рӯ, бояд бигӯем, ки илм ва олимон дар пешрафти соҳаҳои мухталифи давлат нақши калидиву ҳалкунанда доранд”.

Дар улуми табиатшиносӣ, бавижа дар физика чунин ақоиди ҷомеашиносӣ тавассути таҳқиқи наномаводи магнитӣ хеле возеҳ баррасӣ шудааст ва Фарҳод Раҳимӣ чун олими физик ҳанӯз соли 2004 зимни баррасии мавҷҳои магнитосадои ғайрихаттӣ чунин изҳори андеша менамояд: “Маводи магнитӣ шайъи муносиберо шабоҳат дорад, ки ҷиҳати таҳқиқоти озмоишӣ ва назариявии зуҳуроти ғайрихаттӣ мавқеи муносибро шомил мебошад.

Дар ҳоли ҳозир натиҷаҳои беҳаду ҳудуди озмоишӣ мавҷуданд, ки аз ашколи мухталифи солитонҳои бедоркунандаи магнетикӣ шаҳодат медиҳанд. Аз ҷониби дигар, таҳқиқи назариявии ҷараёнҳои ғайрихаттӣ дар маводи магнитӣ ба як қатор муодилоти ғайрихаттӣ монанд ба мусовисозии Шредингер, Гордон ва Ландау-Лившис такя менамояд”.

Аз ин иқтибос чунин бармеояд, ки табиат бо дарназардошти таззод тавлидкор аст ва рушди ҷаҳонбинӣ пазируфтани тафовутест, ки аз табиат ба ҷамъият мегузарад, вагарна ҳеҷ махлуқе ба худии худ мавҷуд нест агар ин нобаробариҳо барои ӯ мутафовит бошад. Гузашта аз ин, қонуни кашиш новобаста аз хоҳишҳои мо вуҷуд дорад ва тибқи онҳо эҳсосҳои ҳамаи махлуқот муштарак мебошанд. Пас инсон бинобар талаботи биолужии хеш дорои ҳувиятест, ки қабл аз ҳама ба ирс ва абнои ҷинси ӯ, тафаккур, фарҳанг ва тамаддун тааллуқ дошта, ормонҳоеро тавлид менамояд, ки хоси ҷаҳонбинии ӯст. Аз ҳамин лиҳоз, яке аз авомили инҳитоти маънавии тоҷикон дар гузашта ва имрӯз инкори ҷаҳонбинии илмист, ки ин тамоил заминаҳои таассуби динӣ доранд. Маҳрумият аз давлатдории миллӣ низ таассуб аст, ки нобудкунандаи ҳувият шинохта мешавад. Бармегардем ба баҳсҳои физикӣ, ки омӯзиши он имрӯз ҷолиб баррасӣ мегарданд. Масалан, ҳар модда тибқи назарияи муосири сохти атом ва молекулаҳо хосияти магнитӣ дорад ва ҳаргуна ҳаракат хусусияти сарбастаро инъикос менамояд. Ба ибораи машҳур, табиат аз магнетикҳо иборат мебошад ва мусоидсозӣ дар он пайваста рух хоҳад дод, чунки ҳар гуна майдони магнитӣ ва электрӣ бо мусоидсозии ҳамаҷониб эҳёро тавлид мекунад: “Синфҳои махсуси дифференсионалии ғайрихаттии мусоидсозӣ дар шакли мавҷҳои ҳамоҳангшавии мустақил ҳаллу фасл мешаванд, агарчи чунин баррасӣ ҳанӯз барвақт оғоз гардида, таваҷҷуҳ ба он фақат дар миёнаҳои садаи гузашта пайдо гардидааст.

Ин далел ба масоиле алоқаманд мебошад, ки мавҷҳои мусоидсозии майдони магнитӣ аз зумраи синфҳои ба худ хоси ҳаллу фасли хусусии мусоидсозии дифференсиалии ғайрихаттӣ буда, зуҳуроти нодири табиат маҳсуб мешавад. Гузашта аз ин, низоми ғайрихаттӣ, ки ба ташкили ҳамоҳангшавии мавҷҳо масъул мебошад, аз тарафи дигар вазифадор аст, ки ба таври автоматӣ дар натиҷаи ҳамоҳангӣ онҳоро маҳв созад”.

Ин ҷо маълум мешавад, ки ҳастиву нестӣ бо ҳам тавъам мебошанд ва яке омили шинохти дигарист. Мо баду неки ҷаҳонро тавассути якдигар ва дар натиҷаи қиёси бемаҳдуд мешиносем. Яъне, метавон гуфт, ки яке дигариро тавлид мекунад ва онҳоро бидуни якдигар омӯхтан ғайри имкон мебошад. Тафаккур, ки на бар ҳама дахл дорад, бинобар майл ва гиравидан пайдо шуда, оқибат ба майлу гироиши тавлидкунандаи худ мухолиф меояд. Дар ҳоле ки гироишу гиравидан хоси инсони соҳибфикр нест. Чунонки бузургони илму дин иқрор кардаанд, на ҳамаи инсонҳо худогоҳ мешаванд ва ин тартиб бар ин минвол аст, ки бинобар ғафлат доштан аз хеш аксар инсонҳо неку бадро аз ҳам ҷудо сохта, ҳар якеро ҷудогона баррасӣ мекунанд. Натиҷа ин аст, ки агар ҷузвҳову куллҳо дар алоҳидагӣ таҳқиқ шаванд, пажӯҳиш ноқис мебошад ва манофеъ аз он бардошта намешавад. Бинобар ин, қиёс саҳеҳ нест агар ҳамагир набошад ва қиёсе, ки якеро бар дигарӣ муқобил мегузорад, аз зумраи навоқизест, ки ҳеҷ гуна иртиботе ба илм надорад. Илман асоснок кардани тафаккур пажӯҳиши куллан баррасишаванда мебошад ва агар чунин инъикос набошад, тафаккур ба таассуб мубаддал мегардад.

Омӯзиш ва таҳқиқи ҳодисаҳои дохилиядроӣ, ки ба ҳаракати спинии электронҳо алоқамандӣ дошт, номбурдаро дар ҷавонӣ аз асрори улум бархурдор кард ва заминаи аввали таҳкурсии илмии ӯ солҳое буданд, ки дар аспирантураи ДМТ ба омӯзишу таҳқиқу баррасӣ машғул буд. Фарҳод Раҳимиро риёзиётшиносони муосир чун муҳаққиқи ядрои атом ва ҳаракати электронҳо мешиносанд. Номбурда усули нави тадқиқоти назариявӣ – ҳалли алгебравӣ – геометрии муодилаи ҳолатҳои атомӣ – муодилаи Шредингерро кашф кард, ки исми ин олими шинохтаро дар боло қайд намудем. Бинобар мушоҳидаҳои олим маълум гардид, ки ҳаракати электронҳо омили пайдоиши афканишот буда, таҳқиқи онҳо ҳанӯз ҳам диққати уламои физикро ҷалб менамояд. Ҳақиқати ин андеша дар Пажӯҳишгоҳи тадқиқотии ядроии шаҳри Дубна баррасӣ шуда, дурустии он тасҳеҳ ёфтааст, аммо ҳазор сол муқаддам ниёгони мо ҷиҳати пажӯҳиши улуми дақиқ чун ҳандаса, ҳисоб, тиб, риёзиёт, кимиё, ҳайъат ва амсолашон камари ҳиммат барбаста, осори гаронбаҳое боқӣ гузоштаанд, ки фақат номҳои Хоразмӣ, Берунӣ, Тусӣ, Розӣ ва Бӯалии Синоро ин ҷо ёдрас намудан кифоя аст. Лек бобати нақши онҳо дар улуми дақиқ иқтибосе аз Иқболи Лоҳурӣ меорем, ки номбурда фориғуттаҳсили Донишгоҳҳои Ғарб буду ҳадалимкон аз ҷараёни таҳмилии понисломизм пайравӣ мекард ва бешубҳа яке аз мубаллиғини илму дини муосир дониста шудааст. Инак он иқтибос: "Бояд ба хотир дошт, ки дар риёзиёт аз замони Батлимиюс (165-87) то замони Хоҷа Насируддини Тусӣ ҳеҷ кас ба ҷидд дар душвориҳои исботи қатъияти асли мавзӯи ду хатти мутавозии Уқлидус (Эвклид) бар макони махсус наяндешида буд. Тусӣ пас аз ҳазор сол оромишу итминони хотиреро, ки бар риёзиёт ҳукмфармоӣ дошт, мунағғас кард ва дар зимни кӯшише, ки барои беҳтар кардани сурати баёнии ин асли мавзӯъ ба кор бурд, ба зарурати тарк кардани макони маҳсус мутаваҷҷеҳ шуд. Ба ин тартиб шолудае, ки албатта норасо барои наҳзати фазои ғайриуқлидусӣ ё фавқи фазои асри ҳозир фароҳам сохт. Берунӣ дар таваҷҷуҳ ба чизе, ки дар риёзиёти ҷадид исми "тобеъ" бо он медиҳанд, аз лиҳози илмии маҳз ба адами кифояти назари истон дар бораи ҷаҳон доштан таваҷҷуҳ пайдо кард. Ин низ инҳирофе аз андешаи юнонӣ буд. Мафҳуми "тобеъ" унсури замонро дар тасвире, ки аз ҷаҳон месозем, ворид мекунад. Чунин назаре "собит"-ро ба сурати мутағайир дар меоварад ва ҷаҳонро на ҳамчун ҳастӣ, балки ҳамчун ҳудус ва таквин менигарад. Шпенглер чунин мепиндорад, ки андешаи риёзии тобеъ аломати мушаххаси Мағрибзамин аст ва ҳеҷ фарҳанги дигар ҳатто ишорае ҳам ба он накардааст. Иддаои Шпенглер дар мавриди таъмими Берунӣ аз формули дарунёбии Нюттон аз тавобеи мусаласотӣ ва татбиқи он ба ҳар навъи тобеи дигар албатта дуруст нест. Табдили мафҳуми адад аз камияти маҳз ба нисбати маҳз дар воқеъ бо таваҷҷӯҳи Хоразмӣ аз илми ҳисоб ба илми ҷабр оғоз шудааст. Берунӣ гоми асосӣ ба тарафи амре бардошт, ки Шпенглер онро ба унвони афроди замонӣ васф карда, ва дар воқеъ интиқоли зеҳнро аз вуҷуд ба ҳудус ва таквин намоиш медиҳад. Пешрафти ҷадиди риёзиёти урупоӣ бештар дар ин ҷиҳат аст, ки хусусияти таърихии зиндаи замонро аз он ҳазф кунад ва онро ба сурати намоиши маҳзе аз фазо нишон диҳад. Ба ҳамин ҷиҳат аст, ки назари Уайтхед дар бораи нисбият беш аз назарияи нисбияти Эйнштейн муҳаққиқони исломиро ба худ ҷалб намудаанд. Чи дар назарияи Эйнштейн замон хусусияти гузаро буданро аз даст медиҳад ва ба сурати асроромез ба фазои комил интиқол пайдо мекунад".

Илми муосир ин ки мегӯем: фалон ихтироотро мусалмон ё худ масеҳӣ анҷом додааст, қабул надорад, чунки илм маводе нест, ки танҳо ба як гурӯҳи одамон тааллуқ дошта, аксари онҳо ба илм дастнорас бошанд. Илм барои инсон ва аз хотири беҳтар зистани ӯст ва ҷаҳонбинии илмӣ инсонро аз доми таассуб мераҳонад. Рушди тафаккури техникӣ бошад, таъмин намудани амнияти инфиродист, чунки агар инсони муосир донишҳои техникии заиф дошта бошад, ӯро суиистифода кардан осонтар аст ва тавассути иғвогарӣ метавон ӯро пойбанд сохт. Албатта ҳама чиз суду зиёни худро дорад.

аз 31
навбатӣ