Зеҳн
ЧЕҲРАҲОИ АКАДЕМИКӢ

ШИРИН ҚУРБОНОВА МАШРАБИ АБДУЛЛОҲ, Асри XXI тақозо дорад, ки бо рушди илм ташаккул додани шакли ҷаҳонбинии илмӣ ҷомеаро ба як системаи тараққикарда табдил додан мумкин аст. Замони муосирро бидуни рушди илм, инноватсия...

зеҳни сунъӣ · 3 ноябри 2024 · 31 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

БОНУЕ, КИ КАЙҲОНШИНОС АСТ

Тоҷикон аз қадимулайём ба нуҷумшиносӣ майли беандоза дошта, имрўз низ дар таҳқиқи ҷирмҳои осмонӣ саҳм мегузоранд. Олимаи астрофизик Гулчеҳра Қоҳироваро рўзи байналмиллалии занону духтарон дар илм, мушоҳида намудем. Номбурда аз минбари толори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон тавре аз илми астрофизикаи тоҷик сухан мекард, ки ҳозирин ўро бо кафкубиҳои самимӣ истиқбол мекарданд. Аз ҳамон вақт маълум намудем, ки Гулчеҳрабону дар баробари доктори илмҳои физикаву техника, боз директори Институти астрофизикаи АМИТ мебошад. Аммо ҳангоми кушодашавии Расадхонаи астрономии байналмилалии “Санглох” дар ноҳияи Данғара, ки дар он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуд, Гулчеҳра Қоҳирова ҳамчун кайҳоншинос аз мушоҳидаҳои астрономӣ ҳарф мезад ва қайд мекард, ки телескопи оинагие бо қутри якметра муддати 25 сол аз фаъолият боз монда буд. Баъдан номбурда дар як мақолаи илмӣ ҷиҳати барқарорсозӣ ва модернизатсияи таҷҳизоти астрономии Расадхонаи мазкур чунин андешаро таъкид намуд: «Нахустин бор равонаи автоматики телескоп ба объектҳои муайян аз рўи координатҳои додашудаи онҳо ба амал оварда шуд. Камераи нави ракамӣ бо асбоби CCD махсус барои мушоҳидаҳои астрономӣ ба телескоп пайваст карда шуд, ки тавассути он ҷирмҳои осмонӣ аксбардорӣ карда мешаванд». Расадхонаи санглохро хеле хуб ба ҳамватанон муаррифӣ намуданд, аммо биёед мутахассис дар ин маврид чӣ мегўяд: “Лозим ба зикри хос аст, ки Расадхонаи байналмилалии астрономии санглох аз лиҳози диди оптикӣ ва иқлими астрономӣ беҳтарин дар ҷаҳон аст ва он дар замони соҳибистиқлолӣ бо дарназардошти аҳамияти бузурги илмӣ ва байналмилалии мушоҳидаҳои астрономӣ, омўзиш ва таҳқиқи ҷирмҳои хурди Системаи Офтобӣ, кометаҳо, бо дастгирии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди 26 соли аз кор мондан, барқарор карда шуд”.

Дар ҳақиқат расадхонаи астрономии байналмилалии “Санглох” имрўз бо дарназардошти насб гардидани таҷҳизоти муосири рақамӣ ба ҳамаи меъёрҳои илми астрофизикаи муосир посўхгў мебошад, аммо ҳайрати мо аз он иборат аст, ки дар мамлакат аз миёни занону духтарон низ шахсиятҳои бузург дар илми муосир дида мешаванд ва ба мушоҳидаи ҷирмҳои осмонӣ машғул шуда, аз вазъи кайҳон моро бохабар менамоянд.

Таҷрибаи пажӯҳишгарони Академияи миллии илмҳо дар мисоли Гулчеҳра Қоҳирова аз он шаҳодат медиҳад, ки дар ҷомеа роҳҳои ҷалб намудани бонувон ба фаъолиятҳои мухталиф вуҷуд дорад. Ғайр аз ин, занон бинобар саҳмгузориашон дар ҳамаи соҳаҳои фаъолият нишон доданд, ки дар баробари мардон ва ҳатто болотар аз мардон дар фаъолият масъул мебошанд. Гулчеҳрабону чун муҳаққиқ аз хатарҳое, ки берун аз Замин ба вуқуъ мепайванданд, моро воқиф намуда, ҳатто роҳҳои бартараф сохтани онҳоро пешниҳод мекунад: “Расмҳои якчанд объектҳои даруни Системаи Офтобӣ гирифта шудаанд, ки байни онҳо астероиди назди заминии 2005JF21 ба Замин хатари эҳтимолӣ дорад”. Саҳми беандозаи илм дар рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ исбот менамояд, ки инсони воқиф бартариҳо дошта, зиндагии худро нисбат ба дигарон беҳтар мегузаронад.

Ҳамакнун, месазад ба нигоҳи ниёгонамон ба кайҳон рў оварем, ки онҳо дар замонҳои гуногун чӣ нақше дар густариши илми нуҷум аз худ боқӣ гузоштаанд.

Нуҷумшиносии халқҳои эронитабор дар замони муосир маводи илмии арзишманд дониста мешавад.

Ксенафонт тасдиқ менамояд, ки ориёиёни аҳди қадим ба дувоздаҳ қабоил ҷудо шуда будаанд ва мутобиқ ба илми ситорашиносӣ дувоздаҳ бурҷро шабеҳ мебошанд. Ҳатто дини зардуштия бидуни донишҳои муайяни нуҷумшиносӣ дарк карда намешавад ва ба буруҷи дувоздаҳгона иртибот дорад. Дар “Шоҳнома” -и Фирдавсӣ низ достони дувоздаҳ рух ба рақами 12 алоқаманд аст.

Хайёми Нишопурӣ чун нуҷумшинос шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардааст, чунки алҳол барои аксар олимон маълум мебошад, ки номбурда ҷадвалҳои илми нуҷумро эҷод намудааст. Ба мо мутаассифона танҳо асарҳои ба алгебра ва асосҳои геометрия марбут будааш расидаанд. Ҳамчунин, Умари Хайёми Нишопурӣ яке аз уламоест, ки дар ислоҳи тақвими соли 1074 мушорикат доштааст.

Қисмати бузурги донишҳои ситорашиносии араб ба форсизабонон марбут мебошад ва ҳатто нуҷумшиносии тоҷиконро аз ситорашиносии араб имкони фарқ кардан нест, чунки он донишҳои нуҷумшиносие, ки ба сифати илми ситорашиносии араб медонем, дар ҳақиқат маҳсули тафаккури тоҷикон ва дигар форсизабонон маҳсуб мешавад. Ду нафаре, ки мо онҳоро чун донишмандони араб медонем, чун Албумасар ва Бўалии Сино тоҷиканд. Ибни Сино қудратро дар дарки худ дар чандин вазъ матраҳ намуда, бешак ҷиҳати баррасии сатҳи худогоҳии ом низ таваққуф намудааст. Аз ҷумла, дар “Китоби Шифо” зимни баррасии ин вижагиҳо менависад: “Ва мардум дар шинохти тобеи омма ва аҷнос ҳама монанди якдигаранд. Ва тафовути онҳо дар ин аст, ки баъзе аз эшон ба анвоъ мерасанд ва онҳоро мешиносанду дар тафсили онҳо ворид мешаванд ва баъзе дар аҷнос мемонанд. Чунонки масалан, баъзе фақат дар ҳайвонияти мутлақ шиносо мешаванд ва баъзе ба шинохти инсону асб ва ғайра низ ноил мегарданд. Ва чун шиносоӣ ба табоеъи анвоъ расид, баҳс тамом мешавад ва ба шиносоии ашхосу афрод эътиное нест ва нуфуси мо ба он рағбат надорад”. Ин ҷо масъалаи нафс матраҳ аст ва мутафаккир сатҳи шиносоии оммаи мардумро гуногун арзёбӣ мекунад. Ҳамчунин, таъкид менамояд, ки инсонҳо дараҷаи шиносоии мухталиф доранд ва аксар вақт раванди шиносоӣ ба вижагиҳои маърифати нафс нарасида, бо матраҳсозии масоили марбут ба қилу қол анҷом меёбад. Суоли матраҳ низ иборат аз ин аст ки инсон чун ҷонвари гӯё магар аз соири ҷонварон мутафовит аст? Ва бо дарназардошти равиши фалсафии Ибни Сино посух мегирем: на дар ҳамаи мавридҳо, яъне ҳастанд инсонҳое, ки дараҷаи худогоҳии онҳо баробар бо сутурон аст. Бо дарназардошти инчунин вижагиҳои худогоҳӣ Шайхурраис худогоҳии ҳайвонро низ баррасӣ кардааст ва то кунун ин андеша, ки муҳтавои он аксариятро аз худогоҳии инфиродӣ маҳрум сохта, онҳоро дар як саф бо ҷонварон мегузорад, тарвиҷ ёфта, дар зеҳни пиру барно ғолиб омадааст. Ин ки мо аксар афроди ҷомеаро маҳрум аз худогоҳӣ мебинем, ба заъфи идроки минбаъдаи миллат мусоидат мекунад ва намегузорад, ки бештарини мо ба таҳқиқи худ пардозанд ва “онҳо”, ки худро аз “мо” бартар медонанд, бо чунин матраҳёбии раванди худогоҳии миллӣ хушҳол мешаванд, чунки моро онҳо ғайри худ пиндоштаанд ва тавассути мо онҳо ба дарки худ дастрасӣ меёбанд. Гузаштагони мо дар маросими номгузорӣ низ аз донишҳои астрономии ҳамзамононашон истифода намуда, аз илм баҳрабардорӣ мекардаанд.

Имрўз дар қатори дигар муҳаққиқон бонуи тоҷик кайҳоншинос аст ва андешаи илмии ў барои ҷомеа аз фоида холӣ нест. Аз ин хотир, мо чун мушоҳидакор танҳо аҳсант хоҳем гуфт ва таманно дорем, ки волидайн ба роҳи илм рафтани духтарони хешро истиқбол кунанд. Гулчеҳра Қоҳирова меросбари он тамаддуне дониста мешавад, ки дар илм бо номи фарҳанги ориёӣ маълум аст ва бешубҳа, пажӯҳишҳои мавсуф ҷиҳати баррасии системи Галактика аз тариқи Расадхонаи “Санглох” моро мутмаин месозад, ки бонуи точик, ки кайҳоншинос аст, ҷиҳати навовариҳои илмии астрофизикӣ нақшгузор хоҳад буд.

ҲУҚУҚ БА СОҲИБКОРӢ

Соҳибкорӣ роҳе аз партавҳои ба даст овардани фоида аст, вале инчунин хоҳишҳои инфиродии шаҳрванд тибқи талаботи қонун роҳандозӣ мешавад. Бинобар ин, дилхоҳ давлат аз рушди соҳибкории хурду миёна ҷонибдорӣ карда, ҷиҳати афзоиш ва паҳншавии он мусоидат мекунад. Сарчашмаи соҳибкории муосир низ ҷомеаҳои аҳди қадим маҳсуб мешаванд ва чунонки узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳимзода Маҳмад Забир мутазаккир мешавад: “Бояд зикр намуд, ки дар танзими муносибатҳои тиҷоратӣ меъёрҳои китоби муқаддаси Авасто ҳамчун аввалин ва ягона сарчашмаи ҳуқуқии гузаштагони тоҷикон дар асрҳои 2 то 8 то милод эҷод гардидааст, аҳамияти калон дошт”. Ба ибораи дигар, соҳибкорӣ ва тиҷорат қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи шаҳрвандӣ буда, ҷиҳати беҳтар кардани авзоъ ва аҳволи инсонҳо пешбинӣ шудааст ва бинобар пайдоиши моликияти хусусӣ хеле бо сурати ҳангуфте тақвият ёфтааст. Азбаски низоми иқтисодии Шӯравӣ моликияти хусусиро инкор мекард, он ҳангом ба соҳибкорӣ ва тиҷорат кам таваҷҷуҳ зоҳир мегашт ва афроди ба савдо иштиғолдоштаро ҷомеаи шӯравӣ истиқбол намекард, балки маҳкум менамуд. Доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Маҳмад Забир Раҳимзода дар як монографияи хеш бо номи “Фаъолияти соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: назария ва танзими ҳуқуқӣ” шартҳои асоситарини ҳар гуна хариду фурӯғшро чунин шарҳ медиҳад: “Мутобиқи талаботи шартномаи хариду фурӯш бояд фурӯшанда молро дуруст ва бехато чен намояд ё баркашад, мол бояд кам дода нашавад, тарозуе, ки дар он маҳсулот баркашида мешавад, ё ин ки дигар ченакҳо камбудӣ надошта бошанд. Тоҷир бояд ба фиреб додани харидорон роҳ надиҳад, зеро ин амал гуноҳи азим буда, ҳамчун ҷиноят ба ҳисоб гирифта мешавад”.

Сухани ҳикматомези Саъдӣ ҷиҳати ҳамоҳангии мол бо тиҷорат ибратбахш аст, чунки табиати мол ба гардиш ниёз дошта, чун аз гардиш маҳрум монд, ҳатман нобуд мешавад. Ба қавли Маҳмад Забир Раҳимзода, оид ба ҷабҳаҳои гуногуни иқтисод ва тиҷорат Закариёи Розӣ, Муҳаммад Ғаззолӣ, Хоҷа Насируддини Тусӣ, Ибни Халдун, Ҳусайн Воизи Кошифӣ ва дигарон ибрози ақида намудаанд: “Муҳаммад Ғаззолӣ дар асари худ “Кимиёи саодат” қайд менамояд, ки барои оне ки хариду фурӯш анҷом дода шавад, се шарт, аз ҷумла мавҷудияти харидору фурӯшанда, мол ва лафз зарур аст. Ҳамзамон, ба ақидаи ӯ мол бояд аз они фурӯшанда бошад, тоҷир бояд арзиши молро одилона муайян намояд, ашёе, ки фурӯхта мешавад, қобили доду гирифт бошад”.

Тибқи ҳадиси набавӣ агар фоида аз ҳаҷми аслии хеш се маротиб зиёд бошад, пас инчунин фоида ҳаром аст. Яъне, бо дарназардошти мубодила меъёрҳое мавҷуд буданд, ки вижагиҳои харидфурӯшро дар бар мегирифтанд ва дар замони муосир низ ин меъёрҳо амал мекунанд. Ба вижа, тибқи меъёрҳои иқтисоди бозорӣ озодӣ дар истеҳсол ва харидфурӯши мол аз шартҳои аслӣ маҳсуб мешавад, чунки ҳеҷ анвои тиҷорат бо назардошти тамоили иҷборӣ рушд нахоҳад кард. Дар ин маврид, донишманди ҳуқуқдон чунин менависад: “Низоми меъёрии ҳуқуқӣ бояд аз равнақу ривоҷи бозор огоҳ бошад ва вобаста ба он дараҷаи қоидаҳои қатъиро муайян намояд. Албатта, меъёрҳои қатъӣ барои марҳилаи аввали бозор заруранд, то ин ки ба фаъолияти манфии иштирокчиёни бевиҷдони бозор монеъ шаванд. Бо мурури инкишофи бозор ҷои қоидаҳои умумии ҳатмиро қоидаҳое иваз менамоянд, ки барои рушди бозор мусоидат менамоянд”.

Чун ин ҳама пажӯҳишро ҷиҳати чигунагии бозор ва тиҷорат маълум мекунем, оқибат ҳамаи ин иттилоот моро ба хулосае меорад, ки тибқи он ҳар гуна тиҷорат ва харидфурӯшро аз авомили аслии ҳастии инсон баррасӣ кунем то касе дар мавриди фаъолияти соҳибкорӣ дуруштбаёнӣ нанамояд.

ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ, ОМЎЗГОРӢ ВАҶАМЪИЯТИИ АКАДЕМИКИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

С.ОДИНАЕВ

Одинаев Саидмуҳаммад мутахассиси намоён ва варзидаи соҳаи назарияи статистикии ҳолати моегии моддаҳо мебошад. Ў бо дастовардҳои илмии беназири худ, бо мақолаю дастовардҳои илмӣ, бо пешниҳодҳои натиҷаҳои илмӣ ва методҳои коркард намудааш дар соҳаи тадқиқотҳои микроскопии сохтори муҳитҳои конденсӣ дар ҷамъияти илмии физикони ҳам Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) ва ҳам берун аз он хело ҳам машҳур аст. Аз тарафи Ў методҳои ҳақиқии таҳқиқотҳои системаҳои классикӣ дар муҳитҳои конденсӣ бунёд ёфта, усулҳои назариявии тадқиқи системаҳои статистикии равандҳои баргарданда ва барнагарданда дар асоси методи муодилаҳои кинетикӣ инкишоф дода шудаанд.

Бояд гуфт, ки тадқиқотҳои илмии бисёрсолаи С. Одинаев инъикоси худро дар як қатор корҳои фундаменталию назариявӣ ёфтаанд. Ин гуна тадқиқотҳо дар якҷоягӣ аввало бо роҳбарии бевоситаи академик А.А.Адҳамов оғоз гаштаанд ва баъдан бо ташаббуси худи Ў омўзиши назарияи молекулавӣ-кинетикӣ, сохтор, ҳодисаҳои интиқол, инчунин хосиятҳои чандирию акустикии моеъҳо ва маҳлулҳои онҳо бо назардошти саҳми равандҳои дохилии гуногуни релаксатсионии бахшида шудаанд.

С. Одинаев дар асоси занҷираи муодилаҳои Н.Н. Боголюбов муодилаҳои умумикардашудаи кинетикӣ барои функсияи тақсимоти якзаррагӣ ва дузаррагӣ ҳосил кардаанд, ки саҳми коррелятсияи (алоқамандии) фазогии зичӣ ва коррелятсияи (алоқамандии) суръатҳоро ба назар мегирад. Барои зичии бинарӣ ва сели бинарии зарраҳо дар фазои конфигуратсионӣ муодилаи Смолуховский ба даст оварда, ҳалли умумии онҳоро ёфтааст, ки сарбаст будани муодилаи кинетикии бунёдиро таъмин карда, равандҳои релаксатсияи сохториро шарҳу тавсиф медиҳад. Нишон дода шудааст, ки раванди ҷобаҷогузории воҳидҳои сохтории моеъҳо аз рўи қонуни диффузия ба амал меояд ва бо тайфи (спектри) бефосилаи вақтҳои релаксатсионӣ навишта мешаванд. Аввалин бор нишон додаанд, ки рафтори ҳалли бунёдии муодилаҳо дар муддати калони вақт бо асимптотикаҳои дарозмуддати функсияҳои автокоррелятсионӣ мувофиқат менамоянд. Дар асоси муодилаҳои кинетикӣ С. Одинаев барои функсияи тақсимоти якзаррагӣ системаи муодилаҳои умумикардашудаи гидродинамикаро ҳосил кардааст, ки ҳолати ғайримувозинатии моеъҳоро шарҳу тавсиф медиҳанд ва дар онҳо коэффитсиентҳои кинетикии комплексӣ, ки динамикӣ ба ҳисоб мераванд, мавҷуд мебошанд. Инчунин муодила барои функсияи тақсимоти якзаррагӣ бо потенсиали умумикардашудаи Власов низ ҳосил намудааст, ки дар асоси он хосиятҳои электрочандирӣ ва диэлектрикии маҳлулҳои электролитиро таҳқиқ менамоянд.

Як қатор корҳои С.Одинаев ба омўзиши сохтор, ҳодисаҳои интиқол, хосиятҳои чандирӣ ва акустикии моеъҳои содда, бисёратома, ионӣ ва магнитӣ, инчунин маҳлулҳои электролитӣ бахшида шудаанд. Инкишофи назарияи молекулавии ҳодисаҳои интиқол ва инчунин аввалин бор ифодаҳои аналитикии аз басомад вобаста, барои коэффитсиентҳои кинетикии часпакӣ, модули чандирӣ ва параметрҳои акустикии моеъҳои классикӣ ҳосил кардаанд, ки онҳо дар қатори саҳми релаксатсияи ҳаракати хаотикӣ (транслятсионӣ), инчунин саҳми релаксатсияи сохториро ба эътибор мегиранд. Аз ҷумла, саҳми сохтори маҳлулро дар кинетикаи бе нурафкании интиқоли энергияи маҳлули молекулавӣ тадқиқ кардаанд, ки дар натиҷаи он қонуни нави интиқоли сустар, бароришҳои квантӣ ва вақти миёнаи люминисенсияи донорӣ ёфта шудаанд.

С. Одинаев назарияи динамикии интиқоли гармиро дар моеҳои содда ва магнитӣ, инчунин дар маҳлулҳои электролитӣ бо назардошти саҳми пурраи равандҳои релаксатсионии сохторӣ умумӣ гардонида, инкишоф додааст. Аввалин бор ба таври назариявӣ соҳаи басомадҳоеро ошкор намудааст, ки дар раванди интиқоли гармӣ нақши аз ҳама муҳимро модули термикии чандирии моеъ иҷро менамояд. Дар ин ҷо нишон дода шудааст, ки муодилаи гармигузаронӣ ба ҳолати гиперболикӣ майл мекунад ва механизми паҳншавии гармӣ аз шакли диффузионӣ ба мавҷӣ мегузарад, ки бевосита онро дар спектри ҳисобнамудаи модули чандирӣ-термикӣ дар мисоли аргони моеъ дидан мумкин аст. Ў якумин бор барои суръати паҳншавии мавҷҳои ҳароратии баланбасомад дар моеъҳои классикӣ ифодаҳои аналитикӣ ҳосил намудааст.

Соҳаи дигари фаъолияти илмии С. Одинаев омўзиши хосиятҳои акустикӣ ва мушкилоти ҳамтаъсироти коллективонаи (коллективных мод) моеъҳои классикии яккомпонента мебошад. Дар ин ҷода ифодаҳои аналитикӣ барои суръат ва коэффитсиенти фурубурди мавҷҳои арзӣ ва тулӣ, инчунин тайфи (спектри) басомад ва хумўшавии ин гуна ҳаракатҳо дар моеъ мебошад. Ў аввалин бор муайян кардааст, ки суръати садо ва коэффитсиенти фурубарӣ аз дарозии мавҷ дар моеъҳои классикӣ ҳангоми басомадҳои паст аъзоеро доро аст, ки аз басомад бо дараҷаи 3/2 вобастагӣ доранд, аммо дар басомадҳои баланд бошад, аз қимати басомад вобастагӣ надорад, ки ин натиҷаро таҷриба ҳам тасдиқ менамояд. Дар ин замина ин гуна натиҷаҳоро барои гудохтаи намакҳо, маҳлулҳои электролитӣ ва моеъҳои магнитӣ татбиқ ва инкишоф додааст. Натиҷаҳои бадастовардаи Ў бо навгонию хулоса фарқ дошта, ҳам барои назариячиён ва ҳам барои таҷрибачиёне, ки дар соҳаи физикаи муҳитҳои конденсӣ кору фаъолият доранд, зарурияти муҳими илмию амалӣ доранд. Натиҷаҳои илмие, ки аз тарафи онҳо ба даст оварда шудаанд, дар симпозиумҳо, конференсияҳо ва форумҳои ҷумҳуриявию байналмиллалӣ гузориш шудаанд, тасдиқи худро аз тарафи мутахассисони эътирофгаштаи олам ёфтаанд.

Муҳим аз ҳама барои ҳамаи ифодаҳои аналитикии то имрўз ҳосил карда шуда, ба монанди ифодаҳои аналитикии моеъҳои якатома, бисёратома, ионӣ, магнитӣ ва инчунин маҳлулҳои электролитӣ вобаста аз фосилаи васеъи тағйирёбии параметрҳои термодинамикии ҳолат ва басомад ҳисобҳои ададӣ гузаронида шудааст. Дар асоси ин ҳисобкуниҳои ададӣ бонки ахборотҳои назариявӣ ба вуҷуд омадааст, ки барои тадқиқотҳои хосиятҳои интиқол, чандирӣ ва акустикии моеъҳои классикӣ истифода бурдан мумкин аст. Ин натиҷаҳоро барои шарҳу тавсифи тайфҳои (спектрҳои) ҳамтаъсироти коллективонаи воҳидҳои сохтории моеъҳо, ки ҳангоми парешхурии нейтронҳои энергияашон паст, барои навишти дисперсияи басомадии суръат ва коэффитсиенти фурубарии садо дар фосилаи васеъи басомад метавон истифода намуд. Инчунин ин гуна натиҷаҳои назариявиро метавон ҳангоми хондани лексияҳо ва дигар равандҳои таълим дар доираи фанни таълимии физикаи молекулавӣ ва физикаи гармо баррасӣ намуд.

Хусусияти махсуси корҳои илмии устод С. Одинаев ва мактаби Ў дар он аст, ки тадқиқотҳои онҳо бисёр ҳам хуб ба тадқиқотҳои аналитикию ададӣ мувофиқ меоянд ва ҳам барои системаҳои тадқиқшаванда ва ҳам ба мақсади санҷиш, ки барои шарҳи мувофиқоии наздикияти назария лозим аст, ба таври васеъ аз методҳои моделиронии компютерӣ истифода мебаранд. Натиҷаи корҳои илмии Ў дар фазои илмӣ ба таври васеъ эътирофу иқтибос ёфтаанд ва барои пешгўӣ, шарҳу тавсиф ва таҳлили натиҷаҳои таҷрибавӣ дар соҳаҳои гуногуни физикаи муҳитҳои конденсӣ заминаи хуб мебошанд.

С. Одинаев муаллиф ва ҳаммуаллифи зиёда аз 298 кори илмӣ, аз ҷумла 2 монография ва 6 васоити таълимӣ мебошанд. Натиҷаи пажўҳиши илмии Ў дар нашрияҳои ватанию хориҷӣ («Доклады Академии наук СССР», «Журнал физической химии» Академияи илмҳои Федератсияи Россия, «Журнал структурной химии» Академияи илмҳои Федератсияи Россия, «Украинский физический журнал», «Физика жидкого состояния», дар препринти Институти физикаи муҳитҳои конденсии Академияи миллии Украина, «Доклады Академии наук Республики Таджикистан» ва «Известия Академии наук Республики Таджикистан (Отделения физико-математических, химических, геологических и технических наук)», «Journal Modern Phys. lett.», Cерия В., Сhem. Phys. (North – Holland), «Journal Cond. Matter. Phys.», «Journal Molecular liquids», «Iranian Journal of Science and Technology, Cepия А» ва дигар нашрияҳои сатҳи ҷаҳонидошта) интишор гардидаанд. Ў иштирокчӣ ва аъзои комитети ташкилии шумораи зиёди конферунсияю симпозиумҳои ҷумҳуриявӣ, иттифоқӣ ва байналмиллалӣ мебошад.

Бо роҳбарии С. Одинаев 7 рисолаи номзадӣ ва 2 рисолаи докторӣ ҳимоя шудааст. Ҳоло Ў роҳбарии корҳои илмӣ унвонҷўён ва мушовири илмии докторантон мебошад. Ҳамчун профессор дар кафедраи физикаи назариявии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият дошта, дар факултети физика ба донишҷўёни курҳои болоӣ лексия мехонад ва роҳбарии рисолаҳои хатмӣ онҳоро ба ўҳда дорад.

Аз соли 1971 то соли 1992 дар ташкил ва бунёди мактаби тобистонаи физика, математика ва химияи Ҷумҳурии Шуравии Тоҷикистон, ки бо ташаббуси Президенти АИ ҶТ, академик М. Осимӣ таъсис дода шуда буд, фаъолият намудааст. Аз соли 1975 то соли 1989 дар Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умаров дар якҷоягӣ бо кормандони сектори физикаи назариявӣ барои хонандагони мактаби миёнаи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ «Мактаби физикони ҷавон»-ро ташкил кардаанд, ки Ў ташкилдиҳандаи бевоситаи ин мактаб ба ҳисоб меравад.

С.Одинаев фаъолияти хуби ҷамъятии илмӣ-ташкилотчигиро низ ба ўҳда дошту дорад. Ў аъзои Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини аввали Президенти академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шуъбаи илмҳои физикаю математика, химия, геология ва техникӣ, аъзои мушовараи маҷаллаи «Гузоришҳо»-и АИ ҶТ ва сармуҳари маҷаллаи «Ахбор»-и АИ ҶТ, шуъбаи илмҳои физикаю математика, химия, геология ва техникӣ ва инчунин Раиси Шурои диссертатсионии махсуси ҳимояҳои рисолаҳои номзадию доктории назди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар риштаи ихтисоси физикаи гармо ва назарияи техникаи гармо ва аз моҳи марти соли 2005 то соли 2010 аъзои Маҷлиси милии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буданд. Айни ҳол аъзои мушовараи маҷаллаи «Гузоришҳо» -и АМИТ ва маҷаллаи «Ахбор» -и АМИТ, шуъбаи илмҳои физикаю математика, химия, геология ва техникӣ, аъзои Шурои координатсионии Акаденияи миллии илмҳои Тоҷикистон, аъзои Шурои атестасионии раёсати Акаденияи миллии илмҳои Тоҷикистон аъзои Комиссияи робита бо МАГАТЕ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Шурои муштараки диссертатсионии ҳимояи рисолаҳои номзадию доктории назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳастанд. Аз моҳи октябри соли 1994 аъзои академияи илмҳои Нйю-Йорк мебошад. Моҳи ноябри соли 2001 узви вобастаи АИ ҶТ гаштанд ва аз соли 2008 инҷониб академики АМИТ мебошад. Соли 2004 узви ҳақиқии Шуъбаи Академияи байналмилалии макбатҳои олии Тоҷикистон интихоб гаштанд.

пешина
аз 31