Зеҳн
ЧЕҲРАҲОИ АКАДЕМИКӢ

ШИРИН ҚУРБОНОВА МАШРАБИ АБДУЛЛОҲ, Асри XXI тақозо дорад, ки бо рушди илм ташаккул додани шакли ҷаҳонбинии илмӣ ҷомеаро ба як системаи тараққикарда табдил додан мумкин аст. Замони муосирро бидуни рушди илм, инноватсия...

зеҳни сунъӣ · 3 ноябри 2024 · 31 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

БУНЁДГУЗОРИ СЕЙСМОЛОГИЯИ ВАТАНӢ

“Ҳеҷ чиз монанди оташгудозии вулқонҳо ва зилзила ба такрори ҷуғрофиё кумак намекунад”.

Антуан де Сент-Экзюпери Дар минтақае, ки мову шумо иқомат дорем, рух додани заминҷунбӣ ба амри муқаррарӣ табдил ёфта, дар қиёс бо дигар манотиқи ҷаҳон ба қайдгирии зилзилаҳо бештар мушоҳида мешаванд. Бинобар ин, бо дарназардошти ин ки 93 фисади ҳудуди кишвар кӯҳистон асту он ҷо заминҷунбиҳо дар сатҳи болотаре ба вуқуъ мепайванданд, таҳқиқи роҳҳои муқовимат бо чунин руйдодҳои табиӣ аз лавозим аст ва бегуфтугӯ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаккули мактаби зилзиласанҷӣ бо номи поягузори он академик Собит Ҳабибуллоевич Неъматуллоев ҳамоҳангӣ дорад. Мавсуф дар бахши пажӯҳиши зилзила, муҳандисии НБО – ҳо ва баррасии захоири бузурги манбаъҳои обу энержӣ дар ҷаҳони муосир маъруф буда, ҷиҳати таҳқиқ ва таҳлили масоили марбут ба зилзила дидгоҳҳои инфиродиро соҳиб мебошад. Ба қавли донишманди зилзилашинос, кишвари мо агар аз назари андозаи ҳудудиаш дар ҷаҳон ҷои 85 – умро бигирад, пас аз лиҳози захираи гидроэнергетикӣ дар дунё пас аз мамолики Чин, Русия, ИМА, Бразилия, Зоир, Ҳиндустон ва Канада ҷои ҳаштумро соҳиб аст ва гузашта аз ин, бобати манбаҳои гидроэнергетикӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи баҳогузории ҳудудӣ дар ҷои аввал қарор дорад. Собит Неъматуллоев муаллиф ва ҳаммуаллифи зиёда аз 50 мақолаи илмӣ, аз он ҷумла чандин монографияҳои илмӣ-тадқиқотӣ: “Схемаҳои ҳисобу китоби динамикии биноҳо ва лаппишҳои озоди онҳо” (1971) “Мушкилиҳои ҳозиразамони сейсмологияи муҳандисӣ ва назарияи зилзиласанҷӣ” (1976), “Хадамоти зилзилашиносии муҳандисӣ дар сарбандҳои Тоҷикистон” (2000), “Истифодаи забти ҳаракоти қавӣ ҷиҳати баҳогузории оқибати зилзилаҳо дар сохтмонҳо” (1986), “Шабеҳсозии зилзила ба манзури озмоиши сохтмонҳо аз нигоҳи муқовимат ба заминҷунбӣ” (1986) ва ғайра мебошад; як зумра аз осори илмии донишманд бо забонҳои хориҷӣ низ баргардонида шуда, дар кишварҳои мухталиф интишор ёфтаанд. Номбурда муддати ҳафт сол (1988-1995) президенти АМИТ буда, ҷиҳати таъмин ва ташвиқи илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ нақши созандаро гузоштаанд. Барои исботи ин андеша ба осори барҷомондаи донишманд рӯ меорем, ки ин нуктаро изҳор доштааст: “Тарроҳӣ ва иҷрои маҳалоти муҳандисӣ, ба вижа ҳаётӣ дар манотиқи зилзилахез монанди нерӯгоҳҳои ҳастаӣ ва анвои дастгоҳҳои муртабит ба тавлиди маводи кимиёвӣ, сохтмонҳои бисёрқабата ва амсолашон аз муқовимати зилзиласанҷӣ дар мавзеъҳои муҳандисӣ тавсиаи муҳиме дорад. Масъалаи ҳифозат, ба вижа барои Тоҷикистон, ки яке аз манотиқи зилзилахезтарин дар Иттиҳоди Шӯравист, қарор аст дар ояндаи наздик ба яке аз пойгоҳҳои энержӣ ва маъданшиносии кимиёвии ин кишвар табдил ёбад”.

Дар воқеъ, назари академик Собит Неъматуллоев ҷиҳати пажӯҳиши зилзиласанҷӣ дар мамлакат вижагиҳои хешро дорост ва яке аз чунин хусусиёт таҳлили ҳамаҷониба маҳсуб мешавад. Аз озмоиши заминҷунбӣ оғоз карда, бо истифода аз таркишҳои зеризаминӣ ва обанборҳои маснӯӣ фаъолияти илмии академик муаррифӣ меёбад, аммо аз назари мавсуф илми

зилзилашиносӣ фақат маълум кардани офат набуда, балки пешгирӣ аз онҳо маҳсуб мешавад. Ба қавли мавсуф, системҳои тавсеаёфта ҷиҳати ҳифозати минтақа аз заминларза қонекунанда нестанд ва бояд онҳо минбаъд такмил дода шаванд. Номбурда дар ин маврид менависад: “Ин системҳои тавсеаёфта ҳеҷ коркарди амалии густурдае пайдо накардаанд, пиёдасозии онҳо ҷудо шудааст. Яке аз далоили аслии ин амр камбуди маводи озмоишӣ аст, ки метавон аз он барои қазоват дар мавриди дараҷаи муқовимат ба заминҷунбӣ ба сохтмонҳои нерӯгоҳҳо ва иншоотҳои муҷаҳҳаз ба системҳои ҳифозати зилзилаи фаъол таҳти таъсироти ҳаракоти қавӣ ҷиҳати баҳогузории зилзилаҳо истифода кард. Бисёре аз тарроҳии пешниҳодӣ барои озмоиш қобили қабул нестанд ва ба таҳқиқоти бештаре ниёз доранд”.

Ба қавли академик зилзилашиноси маъруф, се равиши аслии баррасии муқовимат ҷиҳати муайянсозии сатҳи заминҷунбӣ вуҷуд дорад: аввал – тадқиқоти назариявӣ, сонӣ – равишҳои таҷрибӣ ва савум – озмоиши табиии заминҷунбии қавӣ бар иншоот. Ҷоиз ба тазаккур аст, ки академик Собит Неъматуллоев ҳануз аз даврони Шӯравӣ инҷониб ҳузури бино ва иншооти серқабатаро дар марзи Тоҷикистон инкор мекард ва алҳол дар ҳамин ақида устувор аст, ки дар муҳити мо чун минтақаи зилзилахез сохтмонҳои бинову иншооти бисёрқабата имкон дорад бо вуқуъ пайвастани зилзила осебҳои ҷуброннопазире ба бор оварад. Зарур медонем аз китобе иқтибос орем, ки он соли 1986 бо унвонии “Низомҳои ҳифозат аз зилзилаҳои қавӣ барои биноҳо ва иншоот ва имконоти таҳқиқи эксперименталии онҳо дар мавзеи Лоҳур” интишор шудааст. Он ҷо муаллиф ҷиҳати номусоид будани шароити кӯҳистони Тоҷикистон ба сохтмонҳои азими бисёрқабата чунин мегӯяд: “Тавсеаи ин ҷиҳат низ ношӣ аз раванди афзоиши табақаҳои сохтмонҳо аст, ки тайи даҳсолаи гузашта дар манотиқи зилзилахез бо тарроҳии муҳандисӣ падид омадааст, аммо шароит ва ҳифозат аз муҳити зист мусоид нест ва шояд замоне заминҷунбӣ осебҳои ҷуброннопазирро эҷод кунад”.

Бо вуҷуди ин, метавон натиҷагирӣ кард, ки агар сохтмони иншоот аз таҳкурсӣ то бом аз масолеҳи ҷавобгӯ ба меъёрҳои стандартии ҷаҳонии сохтмон анҷом пазируфта, дар кори он мутахассисони соҳибтаҷриба фаъолият намуда бошанд, пас аз эътимод дур нест, ки биноҳои бисёрқабатаро метавон дар манотиқи зилзилахез бунёд намуд. Рушди илму техника имкон фароҳам овардааст, ки дар садаи XXI иншооти баландошёнаро дар дилхоҳ минтақа бунёд карда, бо меъмории ҷалбкунанда як мавзеро бо навгониҳои соҳавӣ боз ҳам зеботар гардонем. Собит Неъматуллоев чун зилзилашинос ва муҳандиси сохтмони нерӯгоҳҳою иншооти мухталиф тағйири динамикии қабатҳоро асос дониста, тарзи тарроҳии онҳоро бо дарназардошти ҳифозати биноҳову иншооти азим зимни ба вуқуъ пайвастани зилзилаҳо дар дараҷаи қобили қабул будани чунин тағйири динамикӣ медонад: “Вижагиҳои аслии

роҳандозӣ шудани системҳои татбиқи мубтанӣ бар тағйир дар хусусиёти динамикии биноҳо ҳангоми заминҷунбӣ аст. Ин тағйир бо хомуш кардани пайвандҳои тарроҳишудаи хос рух медиҳад”.

Ҳамчунин, сазовор донистем ин ҷо аз бархе руйдодҳои зиндагиномаи академик Собит Неъматуллоев далелҳо оварем, ки ҷиҳати муаррифии донишманд кумак хоҳад кард. Собит Неъматуллоев Институти политехникии Сталинободро (ҳоло Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ) дар соли 1961 хатм кардааст, ихтисос — «сохтмони ба зилзила тобовар ва сейсмология». Директори ифтихории Институти сохтмони ба зилзила тобовар ва сейсмологияи АМИТ дар соли 2004, сарходими илмии Институти сохтмони ба зилзила тобовар ва сейсмологияи АМИТ(1995—2010), сардори Муассисаи илмии «Хадамоти геофизикӣ» ва роҳбари ОО «РМР International», мудири озмоишгоҳи сейсмологияи минтақавии Институти сохтмони ба зилзила тобовар ва сейсмология.

пешина
аз 31
навбатӣ