ЧЕҲРАҲОИ АКАДЕМИКӢ

ШИРИН ҚУРБОНОВА МАШРАБИ АБДУЛЛОҲ, Асри XXI тақозо дорад, ки бо рушди илм ташаккул додани шакли ҷаҳонбинии илмӣ ҷомеаро ба як системаи тараққикарда табдил додан мумкин аст. Замони муосирро бидуни рушди илм, инноватсия...
зеҳни сунъӣ · 3 ноябри 2024 · 31 саҳифа
ТАБИАТШИНОСИ МУОСИР
Шояд аз зумраи нахустин пурсишҳое, ки дар зеҳн пайдо мешавад, ин бошад: олимон - академикҳои тоҷик дар рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар чӣ нақше доранд? Барои посух ёфтан ба пурсиши зайл хостем академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ҳикмат Ҳисориевро бо дарназардошти фаъолияти илмӣ матраҳ кунем, аммо бидуни тарҷимаи ҳолу муаррифиномае, ки аксар маврид аз мо, олимон мунтазиранд.
Мавсуф мутахассиси пажӯҳишгар дар самти биология аст ва солҳои охир 3 монография ҷиҳати таҳқиқу баррасии обсабзҳо, ки калонтарин гурӯҳи растаниҳои талломӣ маҳсуб мешаванд, анҷом додааст. Дар назар чунин менамояд, ки таҳқиқи рустаниҳо, флора ва фаунаи мамлакат он қадар заҳматталаб нест ва он чӣ олимони табиатшинос дар ин маврид пешниҳод намудаанд, аз зумраи пажӯҳиши уламо аст ва нақше дар рушди табиатшиносӣ дорад, чунки андеша метавонад бозгӯ шавад. Аммо ин нигоҳ дар таҳқиқи Ҳикмат Ҳисориев мушоҳида намешавад, чунки мавсуф зимни пажӯҳишҳояш бештар андешаҳои навро изҳор менамояд. Барои исботи фикр пешниҳоди иқтибосҳоро аз монографияҳои зикргардида зарур медонем. Масалан, ба ин андеша мутаваҷҷеҳ шавед: "Обсабзҳо (Algae) дар зиндагии инсон аҳамияти муҳим доранд. Бидуни он ки онҳо ҳамчун ғизои сервитамину серсафеда, серангиштоба дар мамлакатҳои соҳили баҳрӣ васеъ истеъмол мешаванд, як зумра намудҳои онҳо ҳамчун манбаи маводи мухталифи кимиёвӣ, рангуборӣ, давоӣ, ҳосил кардани агар-агар ва дигар анвои ашёи хом истифода мешаванд. Натиҷаҳои омӯзиши ҳаматарафа ва дақиқ дар оянда имкон медиҳанд, ки генофон ва аҳамияти намудҳои обсабзҳоро таҳқиқ намуда, онҳоро дар амалия ва пеш аз ҳама ҳамчун манбаи моддаҳои кимиёвӣ ва фаъоли биологӣ, витаминҳо, ангиштобу сафедаҳо ҳамчунин, дар баҳодиҳӣ, ташхис ва танзими мувозинати экосистемаҳои обии кишвар ва минтақа васеъ истифода кунем". Аз дидгоҳҳо (илмиву дунявӣ) инсон ҷузъи табиат ва мавҷуди биолужӣ маҳсуб мешавад ва гуногунии биолужӣ ба ӯ имкон фароҳам меорад, ки ҷиҳати ҳифзи организмҳои зинда фақат аз хотири асли биологии худ кӯшиш карда, муҳити экологиро созмон диҳад. Дар сурати тороҷгарӣ ва аз байн бурдани мавҷудоти зиндаи табиӣ худи инсон беш аз дигарон зиён хоҳад дид, аммо ин ҳарфҳо ба орифу оммии замони мо маълум аст ва ҳеҷ ҳоҷат нест, ки чунин андешаро ба ҳайси ихтироот ва ё кашфиёт муаррифӣ кунем. Лекин надонистани вазъ ва аҳволи мавҷудоте, ки ҳастии мо тавассути онҳо таъмин мегардад, имкон дорад ба нобуди муҳити табии башар мусоидат кунад. Бинобар ин, омӯхтан ва омӯзонидани ҳар мавҷуди ҳастшуда дар мисоли ҷамоду наботу ҳайвон аз вазифаҳои олии башар дар замони муосир аст ва бидуни гуфтугӯ ҳар гуна паёмадҳои ногувор чун тағйирёбии иқлим ва обшавии пиряхҳо натиҷаи он таҳоҷумҳоест, ки башар ҷиҳати беҳтар сохтани авзоъ ва аҳволи хештан дар табиат роҳандозӣ мекунад. Ба қавли академик, "Бо сабаби дар саросари ҷаҳон мунтазам ва босуръат зиёд шудани аҳолӣ, рушди технологияҳои нав ва торафт васеъ гардидани заминҳои обёришаванда, талабот ба оби ошомиданӣ босуръат афзуда истодааст. Дар ҷараёни имрӯзаи ҷаҳонишавӣ, индустриализатсия ва тағйирёбии саросари иқлим, ки боиси баландшавии ҳарорати миёнаи солонаи сайёра, обшавии пиряхҳо, ифлосшавии обу рӯдҳо ва нуфузи биёбоншавӣ дар сайёраамон гардида истодааст, ба боз ҳам кам шудани захираҳои ночизи оби ошомиданӣ дар кишварҳои Осиёву Африқо таҳдид мекунад".
Пажӯҳишгари табиатшинос ягона роҳи ҳалли чунин мушкилиро дар тақвият додани гуногунии биологӣ мебинад ва ҳифзи ҳамаи мавҷудҳоро ҳатмӣ медонад. Агар саҳеҳтар тафаккур кунем, чунин андеша ғолиб меояд, ки торафт афзудани аҳолӣ аллакай таҳдиди қавӣ ҷиҳати ҳастии сайёраи Замин маҳсуб мешавад ва пайдошавию паҳншавии пандемияи ҳамагири COVID-19 ва амсолашон натиҷаи ҳамоқату бетартибиҳои башар бояд муаррифӣ гардад. Табиати зинда аз ҷониби инсон тороҷ мешавад, дар ҳоле ки чунин таҳоҷуми башар ба табиат оқибат марги инсонро замина хоҳад гузошт. Таҳқиқ наёфтани дарёву дарёчаҳо дар манотиқи гуногун боис мешавад, ки мавзеҳои табиӣ бо дахолати инсон чун мавҷуди мутаҷовиз олуда гардида, паёмадҳои ногуворро эҷод хоҳад кард. Дар ин маврид, Ҳикмат Ҳисориев чунин менигорад: "Боиси таассуф аст, ки аз сабаби норасоии технологияи ҳозиразамон, пеш аз ҳама микроскопҳои (заррабинҳо) электорнӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ тадқиқотҳо доир ба омӯзиши обсабзҳо, ки мебоист яке аз соҳаи пешқадами биология мешуданд, торафт кам шуда истодаанд ва ин на танҳо ба пешрафти ин кишварҳо монеъ мегардад, балки истифодаи комёбиҳои илми алгологияи ҳозиразамонро номумкин мегардонад".
Бо истифода аз фурсати муносиб зарур медонам тазаккур диҳам, ки таҳқиқи академик Ҳикмат Ҳисориев ҷиҳати гуногунии биологии минтақа ва ҷаҳон дорои аҳамияти бузурги илмӣ буда, моро ҳушдор месозад, ки бобати ҳастии хеш бетараф набошем ва барои пешрафти табиатшиносӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон паҳн кардани дидгоҳҳои академикро амри табиӣ медонем.
Чунонки Ҳисориев Ҳикмат қайд менамояд, кишвари кӯҳсор ва пурғановати Тоҷикистон аз ҷиҳати гуногунии биологии экосистемаҳои табиӣ ва алалхусус таркиби таснифотии растаниҳои гулдор (зиёда аз 4500 намуд), обсабзҳо (зиёда аз 2200 намуд), гулсангҳо (зиёда аз 600 намуд), замбӯруғҳо (зиёда аз 2000 намуд) ташаккул ёфтаанд. Дар таркиби набототи кишвар миқдори растаниҳои муфиди ғизоӣ, шифобахш, равғандеҳ, ороишӣ (зиёда аз 1500 намуд), нодир ва намудҳои эндемикию субэндемикӣ - 1500 (яъне хоси Тоҷикистон, ки дар ҳеҷ ҷойи дигари олам намерӯянд) ва садҳо намудҳои реликтӣ (боқимондаҳои растаниҳои асрҳои геологии куҳани давраҳои яхбандии чаҳорум ва сейюм) ба қайд гирифта шудааст, ки дар муқоиса бо дигар кишварҳои ҳаммарз ва минтиқа ҳамто надорад.
Гуногунии олами наботот ва пурғановатии гурӯҳҳои таснифотии набототи Тоҷикистон, агар аз як тараф шароити кӯҳистонӣ ва шаклҳои мухталифи ҷойи зисти организмҳо бошад, аз дигар тараф - ин сарзамин, бо силсила қаторкӯҳҳои Помиру Олой доманпӯш аст, ки дар рафти эволютсияи олами растаниҳо ҳамчун роҳрав ва ё купруки мигратсионӣ ва ё кӯчиши намудҳо аз Осиёи Ҷанубӣ ба Осиёи Шимолӣ ва аз Шарқ ба Ғарб ва баръакс, нақши беҳамто бозидааст. Қисме аз растаниҳо ҳангоми кӯчиш аз дигар минтақаҳо сарзамини деринаи Тоҷикистонро убур карда бошанд, қисми дигарашон дар ин табиати гуногуншароити Тоҷикистон маскани муфиди сабзиш ёфта, дар инҷо муқимӣ гаштанд.
Пайдоиши растаниҳои эндемикии Тоҷикистон бошад дар қарнҳои қарн дар ҷараёни таҳаввулот аз дигар намудҳо бо роҳҳои тағйирпазирӣ, ирсият ва мубориза барои ҳаёт дар интихоби табиӣ зӯр баромада, дар шароитҳои табиии Тоҷикистон бунёд ва мутобиқат пайдо намудаанд. Олими тоҷик дар хусуси таъсири гармшавии глобалии иқлим ба экосистемаҳои Тоҷикистон ибрози ақида намуда, қайд менамояд, ки қабати набототи дарахтию буттагии доманакӯҳ ва баландкӯҳҳои Тоҷикистон ба таъсири ин омил хеле мутаасиранд ва қайд гардидааст, ки дар 50 соли охир майдони паҳншавии экосистемаҳои мазкур ҳам аз сатҳи боло ва ҳам аз сатҳи поёнӣ маҳдуд гардидааст. Агар, сабаби камшавии қабати ҷангалзор дар сатҳи аз ҳама болои он аз таъсири гармшавии саросари иқлим таназзул ёфта бошад, таназзули қабати ҷангалзори кӯҳистони Тоҷикистон дар сатҳи поёнӣ, бешубҳа, аз таъсири омили антропогенӣ ва ё ҷамъяти инсонӣ мебошад.
Аз як тараф, албатта, гармшавиҳои саросари иқлим ва сардшавию яхбандиҳои глобалии сайёраи Замин даврӣ буда, сабабҳои табиӣ доранд. Дар таърихи чанд миллиардаи ҳаёташ саёраи мо,- мегӯяд академик Ҳикмат Ҳисориев, садҳо гармшавиҳо ва сардшавиҳои глобалии даврӣ ва ё саросариро аз сар гузаронидааст. Танҳо дар давраи геологии наздиктарин – Антропосен ва зинаҳои пайдо ва ташаккулёбии ҷамъияти инсонӣ (Антропоген) дар сайёраи Замин 4 маротиба сардшавиҳо-яхбандиҳои глобалӣ ва дар байни онҳо мунтаззам гармшавиҳои саросар ва авҷ ёфтани биёбоншавӣ ба қайд гирифта шудааст. Айни ҳол мо дар зинаҳои охирини таназзулёбии яхбандии чаҳорум қарор дошта, дере нагузашта, дар остонаи яхбандии 5-уми глобалӣ хоҳем расид.
Ивазшавии даврии иқлими Замин ҳамчунин ба ҳаводисҳои дигари дохилии сайёра (пайдоиш ва ташаккули олами растаниҳо ва аз ҳамин сабаб дар атмосфераи Замин пайдо шудани оксиген ва гуногуншакл ва танзим ёфтани олами ҳайвонот; хурӯҷу таназзули вулқонҳо, пайдо ва таназзули кӯҳҳо, заминҷунбиҳои шаддид, якҷояшавӣ ва аз ҳам рехтани қитъаҳо ва ғ.) ва ҳаводисҳои кайҳонӣ (васеъшавӣ ва фишурдашавии ҷирмҳои кайҳонӣ, афтиши нурҳои кайҳонӣ, мавҷҳои электромагнити ситораҳои таназзул ва пошхурда, борони метеоритҳою астероидҳо, тағйири кунҷи меҳвари гардиши Замин ва бурҷи афтиши селаи рӯшноии офтоб, мутассил аз Замин дур шудани Моҳтоб ва ғ.) вобастагии зич дорад. Хуллас, ҳаводисҳои номбурда дар ҷараёни эволютсияи олами органикӣ ва мутобиқат пайдо кардани организмҳо дар экосистемаҳои мухталиф таъсири беназир гузоштаанд. Тассавур намоед, ки шумораи намудҳои организмҳои зиндаи рӯи Замин, ки аз авлодҳои деринаашон алҳол 2-3 миллион намуд боқӣ мондааст, ҳамагӣ 1 дар сади ҳамаи намудҳои организмҳои аз ин пеш дар рӯи Замин зистаро ташкил медиҳад. Яъне дар ҷараёни эволютсия ва ё таҳаввулот танҳо миқдори ночизи намудҳое боқӣ ва авлодгузор мешаванд, ки онҳо ба тағйирёбиҳои даврӣ ва ё баҳангомавии омилҳои табиии Замин бештар ва зудтар мутобиқат пайдо карда, дар мубориза барои ҳаёт ғолиб бароянд...
Аз дигар тараф – дар таърихи миллионҳо сол ба вуҷуд омадани инсон ҳамчун намуди биологӣ ва муваффақи адаптивӣ (Homo sapiens sapiens) пайдо карда, тавонист дар муддати кӯтоҳ ташаккули мутобиқатии васеъро ба даст орад ва аз зинаи ҳаёти табии-биологӣ баромада, ба ҳаётгузаронии нав – шакли ҷамъиятии муқтадири саноатӣ ва истеҳсолотию истеъмолитии зинаи нави инкишоф барояд.
Инсон акнун тавлидкунандаи миллиардҳо тонна моддаҳои нав ва мухталифи техникӣ, кимиёвӣ, ғизоӣ, давоӣ ва дигар анвои мубодилотию ғализи синтетикӣ гардида, пасмондаҳои ҳамаи онро ба биосфера (муҳити ҳаётбоби Замин) ва дигар қабатҳои он (атмосфера, гидросфера, литосфера) ҳамчун партовҳои истеҳсолотӣ, комуналӣ, хоҷагидории таҷзиянопазир баровард.
Бештари анвои саноатии синтетикии кимиёвӣ аз ин пеш дар Замин вуҷуд надошт ва занҷири экологии мубодилотии сайёраамон барои таҷзия шудани онҳо то моддаҳои ҷудогонаи кимиёвию истеъмолотӣ алҳол қудрат надорад. Аз инҷост, ки партовҳои ғализ, аз ҷумла ду оксиди карбон (СО2) торафт дар ҳавои атмосфера аз ҳадди зарурии мунтаззамии ҳаётгузаронӣ афзуда, ҳодисаи “Гулхонаги”-ро ба вуҷуд овардааст, ки яке аз сабабҳои гармшавии афзоянда ва глобалии иқлим дар арсаи имрӯза ҳам ҳамин аст. Яъне имрӯзҳо муносибатҳои ғайриоқилонаи мубодилотӣ ва истеъмолотии захираҳои табиии Замин аз тарафи инсон ҳамчун омили муқтадир ба мувозинати экосистемаҳои табиӣ ва кулли биосфера таъсири ногувор мерасонанд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё