Ганҷинаи Ғоронзамин

Ғорон, ҳама вақт ба барфу борон астӣ, Дар асл макони номдорон астӣ. Лаъл дар бағалу чашмаҳот мўъҷизаанд, Сад шукр кунам, фахри Бадахшон астӣ.
Зеҳн · 30 октябри 2024 · 41 саҳифа
Эй духтаракум, рафтию хорум кардӣ,
Ба духтари мардумон зорум кардӣ.
Бо ҳам, ки будем, шодмонӣ кардем,
Афсӯс, ки хоки кӯчасорум кардӣ.
Эй беди баланд, ба боди ларзон наравӣ,
Эй духтаракум, ба шаҳр пинҳон наравӣ.
Бо ҳаққи ҳамон мазор дар мулки шумо,
Қавле, ки ту кардаӣ, пушаймон наравӣ.
Маҳтобшаб асту ман ба хоби мастум,
Як нодирае гирифт банди дастум.
Гуфтум, ки шаба рӯз кунум дар пешуш,
То субҳ бидамид, гул парид аз дастум.
Хандон-хандон ба бод додем тура,
Гирён-гирён кушо бишурем тура.
Ту нуқра шудӣ, ба дасти заргар рафтӣ,
Симоб шавем, кушо бишурем тура.
Афсӯс ай ин дил(ҳ)ои кулфатмандум,
Дастори сарша фута ба миён бандум.
Дастори сарут ба хуни дил олуда,
Кай ман бимурум, ки бишавум осуда.
Он раҳ, ки ту меравӣ, рег асту дурушт,
Як рахнара гул бипошум, як рахнара мушк.
Не тоқати гул доруму не тоқати мушк,
Оё чӣ кунум, доғи ҷудогит мура кушт.
1 Гӯянда: шодравон Амонбекова Назрибегим (1932-2014) аз деҳаи Гармчашма. Гирдоваранда: Ҷалолова Гулбика, сокини деҳаи Дашт
Эй модари ҷон, модари дилсузум,
Ғамхору ғамгусору ҳам дилсузум.
То он ки будӣ, сухтӣ аз ба(ҳ)ри ман,
Оли сари хокдони ту месӯзум.
Имшаб чӣ шабаст, мисли чароғ месӯзум,
Ба бачаи ҷон куртаи нав медӯзум.
Сузан шиканад ба нуги най медӯзум,
Ресмон биканад ба муи сар медӯзум.
Як дона дуррам ба лолазор уфтодаст,
Абруш ба қалам, мижаш хумор уфтодаст.
Руяш ба мисоли моҳ, қоғаз бадануш,
Бо гирди лабуш холи қатор уфтодаст.
Модар дигаруст, сӯзиши модар дигаруст,
Дар меҳр уқоби ҷуҷапарвар дигаруст.
Модар бимурад, падар пиандар гардад,
Рӯзи сияҳи фарзанд сияҳтар гардад.
Бачекма бубин, ба банди айлоқ омад,
Монанди гули лола худуш тоқ омад.
Модарша бубин, ки оҳ кашидаст ба фироқ,
Ҳарду хоҳар(ҳ)о дар (ҳ)асратуш тоқ омад.
Ҳаргиз ба дилум набуд, ки ҷое биравӣ,
Себи бағалу гули канорум биравӣ.
Ин шохи чаман шикасту афгорум кард,
Ин дарду ғамут охир беморум кард.
Субҳ бидамиду мо даруни хокем,1
Печида кафан ба синаи афлокем.
Гуфтем, намурем, сабзаро об диҳем,
Ин сабза дамиду мо даруни хокем.
1 Гӯянда: Муллоева Нурсултон (1936), сокини деҳаи Қозидеҳ. Гирдоваранда: Қучқорова Раъно.
Офтобуки сари ниҳол беҳолум кард,
Марги бачаи ҷувон беморум кард.
Марги бачаам мисоли сад ханҷари тез,
Сад ханҷари тез бизаду афгорум кард.
Ширин туву ширин туву ширин номут,
Ширин саллабастани лаби дигдонут.
Зангори сиёҳ аломати беморӣ,
Зангори сиёҳ гирди лабу дандонут.
Дами мулкуки Баршор фитодум танҳо,
Ба ҳар паҳлум нига(ҳ) кунум санг(ҳ)ои сиё(ҳ).
Не чораву не илоҷ, эй бори Худо,
Ин боғ биёбону ман зоғи сиё(ҳ).
Маҳтобшаб асту ман паси хонаи ту,
Гӯш (ҳ)ом нашунид садои ҷононаи ту.
Ҳарчанд гӯш андохтум, наомад овозут,
Барканда шудаст пои ман аз хонаи ту.
Бачом гуманду ғамгусор(ҳ)ом гуманд,
Бачои базебу зеби хоном гуманд.
Халқо меган, бубин, ки девона шудаст,
Девона манум, ҳар се бачеком гуманд.
Он роҳ, ки рафтаед, аҷаб борик аст,1
Он ҷой, ки хоб кардаед, аҷаб торик аст.
Он ҷое, ки рафтаед, намеоед дигар,
То охири умр доғ мондед ба ҷигар.
Саркӯҳи буланд ба дав-давон омадаям,
Аз ҷаҳти ёри меҳрабон омадаям.
Ман омадаям, ки ёр дар хона набуд,
Шемон шудам, ки ман чӣ кор омадаям.
1 Гӯянда: Сафарова Подшо (1925), сокини деҳаи Баршор.
Гирдоваранда: Қучқорова Раъно.
Афсӯс, ки як лаҳза дилум шод нашуд,
Дар чоҳ фитодаюм, ки фарёд нашуд.
Кас нест, шунавад аҳволу ҳоли зорум,
Сад нола кунум, намешнавад дилдорум.
Ҳар кас, ки Алӣ шинохт, диндор бувад,1
Аз кулли бало Алӣ нигаҳдор бувад.
Ҳар кас, ки адовати Алӣ дар дили уст,
Дар дузахи ҳафтумин гирифтор бувад.
Сабзоширини гулнигин бахмали ман,
Худ медонӣ, зарур шудаст рафтани ман.
Аз рафтани ман ту ғам махур, дилбари ман,
Ин ҷо дили ту харобу он ҷо дили ман.
Ман мераваму нигори ман мемона,
Сабри дили беқарори ман мемона.
Ҷуғзе ба сари кулбаи ман омаду гуфт,
Ин кулбаи вайрона ба мо мемона.
Ёрон, ёрон, шумо аҷаб ёронед,
Ёрум рафтааст, шумо намегардонед.
Гар гардонед, ба хонамон расонед,
Мо медонем, шумо мусулмононед.
Афсӯс, ки марҷони нигинум рафтаст,
Лаъли чаману нуқранигинум рафтаст.
Халқои ҷиён, маро маломат накунед,
Аз бахти бадум кавги зарринум рафтаст.
Муллобачаи баландқади сустфута,
Меҳроби дари масҷиду меҳри кӯча,
Як бор бигардон ту рухи гулдаста.
Гул ай қади ту резаду мушк аз фута.
1 Гӯянда: Бобоков Ғуломалӣ (1928), сокини деҳаи Бағуш. Гирдоваранда: Қучқорова Раъно.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё