Зеҳн
Ганҷинаи Ғоронзамин

Ғорон, ҳама вақт ба барфу борон астӣ, Дар асл макони номдорон астӣ. Лаъл дар бағалу чашмаҳот мўъҷизаанд, Сад шукр кунам, фахри Бадахшон астӣ.

Зеҳн · 30 октябри 2024 · 41 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

Бо роҳи баробарӣ кардӣ ғамза,

Чиндум сари зулфи ёру бандум дарза.

Аз ҷаҳти ҳамон ёраки пур аз ғамза

Бастум дарза, банди дилум меларза.

Боло мерай, боло шамол(ҳ)о дора,

Гул мешукуфа, лола тамошо дора.

Савдогара бин, молоша савдо дора,

Ғамгин дили мо, беғам чӣ парво дора.

Ёрукма бигӯ, ки ёр мегирум ман,

Мехонуму ихтисос мегирум ман.

Аз гап-гапи мардумо надорум парво,

Хушкардама рӯи рост мегирум ман.

Моҳи нава бо лангари боло дидум,

Гӯшвори зара ба гӯши Раъно дидум.

Гӯшвори зара ба гӯши Раъно чӣ хуш аст,

Охир сари бевафома танҳо дидум.

Дар хона даромадум, маро мор газид,

Аз нолаи ман хона ба фарёд расид.

Мардум меган мусофира мор газид,

Аз толеъи бад сарум ба девор расид.

Дар боғ будум, бӯи ту бар боғ омад,

Як гул кандум, номи ту бар боғ омад.

Як гул кандум, варақ – варақ гардондум,

Ин ҷигари сӯхта гим ба сад доғ омад.

Гандуми кабуд дар тагов афтодум,

Беақл будум, ки дар азоб афтодум.

Гуфтум, биравум, дона хурум, боз парум,

Як донаи нохурда ба дом афтодум.

Аз шаҳраки дур гули анор овардан(д),

Сесад гули сурхи панҷадор овардан(д).

Сесад гули сурхи панҷадор бӯи ту нест,

«Шаҳмард»-и тура, ки шаҳсавор овардан(д).

Ин табли ҳаво бар ин ҳаво барзаду рафт,

Ин хайма ба дашти Карбало барзаду рафт.

Халқони ҷаҳон аз ин бало метарсанд,

У даста ба домани бало барзаду рафт.

Дар шаҳраки дур ниҳоли якдона худут,

Бо рангаки зард аҳволи бечора худут

Душман ба сарут, ҳазор душман ба сарут.

Аз ҷавраки душманон овора худут.

Фарёд аз ин дил(ҳ)ои кулфатмандум,

Дастори сарут бошаду дилма бандум.

Дастори сарут ба хуни дил олуда,

Кай мемураму дилам шавад осуда.

Ин гул чӣ гул аст, гирди гиребони мануст,

Ҳар ҷо биравӣ, доғи ту дар ҷони мануст.

Ҳар ҷо биравӣ, оби равон пеш ояд,

Ин оби равон дидаи гирёни мануст.

Се моҳи муаррамай, ки ғоиб шудаӣ,

Бо мардуми бегона ту моил шудаӣ.

Дар мулкаки мардум(ҳ)о хариди хона,

Оё ба кадом шаҳр мусофир шудаӣ.

Эй беди баланд, дар лаби дарёӣ,

Шиштум ба умед, ки рафтаӣ, меоӣ.

Гар боз оӣ, бахти туву давлати ман,

Ҳаргиз накунӣ ҳавас бар подшо(ҳ)ӣ.

Ай дӯст, ҳамеша бедимоғум зи ғамут,

Танҳо шинум, бо кӣ бигуюм аламут.

Танҳо шинум Худо, ки сабрум надиҳад,

Боз оюму сар ниҳам ба хоки қадамут.

Ай мулки падар сабо(ҳ)и мардон рафтӣ,

Бо сад аламу дидаи гирён рафтӣ.

Аз ҷаҳти бародарони каммеҳру вафо,

Охир ба ғарибиҳо пурармон рафтӣ.

Саркӯҳи баланд об надорад, чӣ кунум?

Ду чашми сарум хоб надорад, чӣ кунум?

Ду чаши сарум роҳи тура менигара,

Дер омадаӣ, ҷавр ай сарум мегузара.

Рӯзе, ки сарум дард кунад, нола кунум,

Ру(й)ма тарафи кадом бегона кунум.

Бегона агар ҷавоби талхум бидиҳад,

Гирён шавуму рӯ тарафи хона кунум.

Сарчашма хунук, оби сарчашма хунук,

(Ҳ)айфи қади нозукут дар ин хоки хунук.

Ай хок, ту хуш бош, ки меҳмон омад,

Садбарги шукуфтаи пурармон омад.

Чашмам ба раҳи омаданут чор шудаст,

Гулҳои ҷиён дар назарум хор шудаст.

Гулҳои ҷиёна бу кунум, бӯи ту нест,

Сад шаҳра ба шаҳр гаштум, монанди ту нест.

Ай майдагулум, гуле ба буют нарасад,

Румолаки мушкинут ба руют нарасад.

Дар шаҳри афғон хубру бисёр аст,

Ҳеҷ гуна касе ба тори муют нарасад.

Аз рафтанакут сари дилум сухт басе,

То омаданут гапе надорум ба касе.

Ту қабзаи оташиву ман мушти хасе,

Месӯзаму дам намезанум пеши касе.

Имсол маро задӣ ба чуби ахман,

Шарманда кардӣ ба пеши дӯсту душман.

Гуфтам, ки гурезам, аз вилоят биравум,

Не дӯст бубинад, на бихандад душман.

Дарёи калону марди доно аҷаб аст,

Гул коштану хор буридан аҷаб аст.

Булбул ба қафас, қафас даруни оташ,

Оташ сузад, қафас насузад, аҷаб аст.

Ай хонаи худ нигоҳ кунум хонаи ту,

Мардум ҳама ҳушёру ман девонаи ту.

Мардум ҳама ақлу ҳуш дар сар доран(д),

Ақлу ҳуши ман ҷамоли ҷононаи ту.

Ай бачеки рез-марезум, як рез биё,

Аспут гули бодому ҷилаврез биё.

Аспут гули бодому худут нуқраи хом,

Як бонек ба худ бисозу бархез биё.

Э бачеки дуринаи дури назарум,

Абрешуми шаштораи банди ҷигарум.

Ҳар гаҳ, ки ба амсолои ту ман менигарум,

Об аз дида мерезаду хун аз ҷигарум.

1 Гӯянда: Раҳмонбекова Мобегим (Борон), (1933), сокини деҳаи Вогз. Гирдоваранда: Муборакшоева Зарнигор, соли 2013.

Дар Қундузу Толиқон дили ғамгинут,

Шаб(ҳ)ои дароз ду пои дар занҷирут.

Як рӯз агар Худо марҳамат бикунад,

То рӯз шавад, ила шавад занҷирут.

Ин чархи фалак боғи мура вайрон кард,

Андар дили мо оташи ғам гирон кард.

Ин ҷавру ситам, ки бар сарум кард фалак,

Ин умри мура ба хоки нам яксон кард.

Эй чархи фалак, чарха ба мо сохтаӣ,

Ҷон дар тани мо амонат андохтаӣ.

Бо ҳукми Худо, ки мебаран(д) хонаи нав,

Ин хонаи беравзан ба мо сохтаӣ.

пешина
аз 41
навбатӣ