Зеҳн
Ганҷинаи Ғоронзамин

Ғорон, ҳама вақт ба барфу борон астӣ, Дар асл макони номдорон астӣ. Лаъл дар бағалу чашмаҳот мўъҷизаанд, Сад шукр кунам, фахри Бадахшон астӣ.

Зеҳн · 30 октябри 2024 · 41 саҳифа

Афсона

Ба ёди неки писарам журналист ва шоир Ҷамшед Давлатмамадов, ки дар ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон гумном шуда буд, бахшида мешавад.

Ман аз рӯи касбу корам суханшиносу шоир нестам. Вале сухану суханвариро бениҳоят дӯст медорам ва солҳои дароз дар баробари фаъолияти пизишкиям, яке аз шуғлҳои аслии ман ҷамъоварии дурдонаҳои беҳтарини сухан буд.

Барои ҳамин агар вожаи аҷибу пурмазмуне мешунидам, зуд онро дар дафтаре бароям ёддошт мекардам. Барои ман хусусан гуфтаҳои халқӣ хеле маъқул буданд. Суханҳои халқ дар шакли байт, дубайтӣ, рубоӣ, қисса, латифа, ривоят ва ғайра умдатан хеле содда вале айни замон хеле пурлаззат ва дорои маънои беканор ҳастанд.

Ман худам зодаи деҳаи Авҷи ноҳияи Ишкошим ҳастам. Водии Ғорон дар ҳоли ҳозир ду тақсим буда, як қисматаш дар қаламрави Афғонистони ҳамсоя (Ғоронболо) воқеъ аст. Мардуми Ғорон ба порсии ноб сӯҳбат мекунанд ва забоншиносон лаҳҷаи онҳоро лаҳҷаи ғоронӣ унвон кардаанд.

Як чиз аз хурдӣ диққати маро ба худ ҷалб мекард, ки дар фолклори ин мардум чунин намунаҳои эҷодиёти даҳонии халқ амсоли зарбулмасал, байт, рубоӣ, ривоёту қиссаҳо, латифаҳо ва дигар навъи афоризмҳо бениҳоят зиёданд. Агар шумо сӯҳбати панҷдақиқаинаи ду нафар ғорониро хуб гӯш кунед, мешунавед, ки дар ин панҷ дақиқа аз даҳони онҳо чӣ қадар дурдонаҳои ҳикматангез ва пурмазмун ба лагани гӯш мерезад.

Намунаи эҷоди даҳонии мардуми Ғорон хеле ҷолиб, ширин ва ҷаззоб аст.

Вале бо мурури замон, ба далели аз миён рафтани донандагони чунин адабиёти шифоҳӣ, моликони ин фарҳанг беҳтарин сурудҳо, рубоиҳо, афсонаҳо ва дигар жанрҳои фолклорӣ низ оҳиста – оҳиста аз байн мераванд.

Ба хотири ҳифзи фарҳанги ниёгон, ба шакли электронӣ ва коғазӣ даровардани он, мо азм кардем, ки гурӯҳи вижа ташкил карда, дар деҳаҳои водии Ғорон: Гармчашма, Андароб, Шанбедеҳ, Қозидеҳ, Бағуш, Баршор ва инчунин деҳоти ҳаммарзи ин водӣ - Авҷ, Мулвоҷ ва Яхшвол бо мардуми синну сол, ҷинс, касбу кори гуногун вохӯрда аз забони донандагони фолклори маҳаллӣ намунаҳои эҷоди халқиро навишта гирем. Зимни омода кардани китоби мазкур ҳамчунин намунаи эҷодиёти даҳанакии халқии Ғоронзамин, аз донандагони чунин фолклор дар кишварҳои Канада ва Русия, ҳамчунин шаҳри Душанбеи Тоҷикистон ҷамъоварӣ шудааст.

Ман миннатдории самимии худро аз Фонди Кристенсен иброз медорам, ки кӯмакҳои молии худро баҳри роҳандозии ин тарҳ дареғ надошт ва китоби мазкур маҳз бо кӯмаки софдилонаи ин муассисаи бонуфузи байналмиллалӣ нашр мешавад.

Дар ҷамъ кардани маводи китоб – намунаҳои фолклори мардуми Ғоронзамин Олими Ширинбек (доктори илмҳои тиб, зодаи деҳаи Авҷ, сокини шаҳри Москваи Федерасияи Россия), Ҷалолова Хадича (сокини деҳаи Авҷ), Давлатма мадова Моҳбегим (зодаи деҳаи Авҷ, сокини ш. Душанбе), Давлатмамадова Хубон (сокини деҳаи Шанбедеҳ),

Қучқорова Раъно (сокини деҳаи Қозидеҳ), Муллоев Мавлодод (зодаи деҳаи Шанбедеҳ), Муборакшоева Зарнигор (зодаи деҳаи Шанбедеҳ, сокини шаҳри Хоруғ), Сардорова Сайрам (зодаи деҳаи Қозидеҳ, сокини шаҳри Москваи Федерасияи Россия), Ҷалолова Гулбика (сокини Дашти Андароб), Муборакшоева Гулнор (зодаи деҳаи Шанбедеҳ),

Абибова Нозигул (деҳаи Гармчашма) ва ман, муаллифи ин сатрҳо, ширкат кардем.

Ман ба ҳамаи ин одамон, ки дар ҷамъоварии ин дурдонаҳои ноби халқӣ фаъолона ширкат карданд ва ба ҳамаи онҳое, ки вақти қиммати худро дареғ надошта дар сӯҳбатҳо иштирок намуданд ва аз худ байтҳое, сатрҳое пур аз ҳикмат боқӣ гузоштанд, ҳазорон бор ташаккури самимиям изҳор мекунам.

Дар шакл гирифтани ин китоб, ба роҳи дуруст равона кардани ҷамъоварандагони суханони шифоҳӣ ҳамчунин кӯмаки ходимони илмии Институти Илмҳои Гуманитарии Академияи Улуми Тоҷикистон дар раъси профессор Шодихон Юсуфбеков хеле бузург аст. Ман миннатдории самимии худро изҳор медорам ва умед дорам ҳамкории мусмири мо бо ин муассисаи бузурги илмӣ дар оянда ҳам идома хоҳад дошт.

Зимни иҷрои тарҳи омода сохтани китоби «Ганҷинаи Ғоронзамин» ду нафар донишманди бадахшонӣ, шоирони тоҷик Лаълҷуба Мирзоҳасанов ва Зарнигор Муборакшоева ба ҳайси машваратчӣ кӯмакҳои зиёде расонданд. Маслиҳат ва машварати доимӣ ва зарурии онҳо имкон дод, ки китоб сари вақт, маводҳо дар чаҳорчӯби мантиқӣ ҷобаҷо гашта шарҳҳо омода шаванд ва принсипи таҳияи китоби фолклорӣ риоя шавад.

Ҳамчунин охирсухане, ки аз ҷониби ин ду нафар донандаи хуби фарҳанг ва адабиёти мардуми Бадахшонзамин таълиф шудааст, вазни китобро ба маротиб боло мебарад ва ба он ҳусни наве зам мекунад.

Ман ба Лаълҷуба Мирзоҳасанов ва Зарнигор Муборакшоева изҳори сипос мекунам ва барояшон комёбиҳо орзу мекунам.

Алабатта коре, ки бо як гурӯҳи муташаккил кардаем, ҳанӯз қатрае аз баҳр аст. Тавре шумо таваҷҷӯҳ кардед, мо дар зерсарлавҳаи китоб калимаи «намунаҳо»-ро илова кардем. Коре ки мо анчом додаем наметавонад ҳанӯз фолклори ғорониҳоро куллан таҳти пӯшиш қарор диҳад.

Фолклори мардуми Ғоронзамин хеле ғанист. Он албатта ба ковишҳо ва пажуҳишҳои сонӣ ниёз дорад.

Китобе, ки ба чоп омода кардаем, албатта, аз иштибоҳоти мухталиф дар канор нест ва мо умед дорем, ки онро боз чандин маротиба такмил ва бознашр мекунем.

Вале дар беҳтар кардан ва такмил додани он мо ҳамеша ба кӯмаки шумо ниёзмандем, хонандаи азиз!

Ширинбек Давлатмамадов, сардори тарҳи ҷамъоварӣ, таҳия ва ба чоп омода кардани китоби «Ганҷинаи Ғоронзамин», Ходими шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

МЕРОНИ МАЛАК

Подшоҳе буд, ду писар дошт. Писари калониаш Мерони Малак ном дошта, ҷавони хушсурат ва паҳлавоне буд.

Подшоҳ зани хубрӯе дошт, ки ҳамарӯза ӯро рашк мекард. Рӯзе подшоҳ ба хона медарояд ва мебинад, ки занаш дар назди оинаи барқад нишаста, худро орову торо медиҳад. Кинаву рашк дар дили подшоҳ аланга мегирад ва ба занаш мегӯд:

– Боз ба кӣ ошиқ шудӣ, ки худро чунин ороставу пероста мекунӣ?

Зан ба подшоҳ рӯ меоварад ва мегӯяд:

– Шумо ҳаргиз гумонеро ба дилатон роҳ надиҳед. Охир ман зани шоҳам, бояд аз дигар занон фарқ кунам.

Шоҳ бори дигар зишттар суханеро ба занаш такрор мекунад. Зан аз халтачае, ки дар пеши бараш овезон буд ва дар он усмаву сурмаашро мемонд, кизликашро (кордчаашро) бароварда ба дилаш мезанад ва ҳамон лаҳза ҷон медиҳад.

Шоҳ аз кирдори хеш пушаймон гардида, ҷасади занашро ба оғӯш гирифта фиғон мебардорад. Аз нолаи шоҳ писараш Мерони Малак давида ба хона даромада, модарашро оғуштаи хун мебинад. Аз падар сабаб мепурсад. Ба ҷои ӯ канизаки модараш воқеаро ба Мерони Малак нақл мекунад. Мерони Малак аз қаҳр ва ғурури ҷавонӣ муште ба даҳони падар мезанаду аз даҳони ӯ хун равон мегардад.

Шоҳ аз дарду алам нолакунон мегӯяд:

Мерони Малак, шоҳи малак, ҷони падар.

Муште бикашид, шикаст дандони падар.

Мерони Малак ҷасади модарашро ба хок супорида, тарки ватан мекунад. Меравад, меравад ва ба шаҳре мерасад.

Аз кӯчаи шаҳр мегузарад ва мебинад, ки болои арк духтари нозанине нишастааст. Канизакон гесӯвони дарозашро шо- на мекунанд, азбаски мӯи духтар хеле дароз буд, аз боло ба поён партофта мебофтанд. Шаҳзода бо як дидан волаву шайдои духтар мегардад ва мегӯяд:

Чашмо-т хумору аз оби тилло мӯят,

Ошиқ шудаам ба лолаҳои рӯят.

Духтар низ дар навбати худ ба шоҳзода ҷавоб мегардонад:

Дар лабаки арк шишта сар шона кунум,

Ин бачаи мусофира девона кунум.

Девона кунум, ишораи хона кунум,

Дилукша гирум, худукша овора кунум.

Мерони Малак дар суроғи насаби духтар мешавад ва огаҳӣ меёбад, ки ӯ духтари подшоҳи ин мамлакат – Перуҷи

Халаҷ будааст. Ба назди подшоҳ кас мефиристад ва духтарро хостгорӣ мекунад. Подшоҳ шоҳзода будани ӯро намедонад ва ин хостгориро рад мекунад.

Шоҳзода пинҳонӣ бо духтар вомехӯрад ва шабе аз шаҳр мегурезанд. Духтарро ба никоҳи худ медарорад ва ба як макони хушманзараи дур мераванд. Дар он ҷо зиндагии хушбахтонае барпо мекунанд. Мерони Малак дар ин ҷо низ барои занаш як арки зарнигор месозад. Подшоҳ – Перуҷи Халаҷ ба тамоми гӯшаву канор ҷосусони худро мефиристад, то нишони духтарашро ба ӯ ёфта диҳанд. Рӯзе яке аз ҷосусон худро гадо вонамуд карда, ба хонаи Мерони

Малак меояд, мизбонон ӯро ба хона роҳ дода, ба ӯ хӯрок меоранд. Ҷосус духтари подшоҳро мешиносад, шаб аз хоб мехезаду шамшери Мерони Малакро дуздида, аспашро чормех карда, ба назди шоҳ меояд ва суроғаи духтарашро ба подшоҳ гуфта медиҳад.

Субҳи содиқ духтари подшоҳ – зани Мерони Малак аз болои арки худ нигоҳ карда мебинад, ки лашкаре ба сӯи онҳо меояд. Зуд шоҳзодаро бедор мекунад ва мегӯяд:

– Ин лашкари падарам аст, ба разм тайёр шав.

Мерони Малак ба хонае, ки шамшераш овезон буд, даромада онро намеёбад ва ба пеши аспаш давида аспро чормех мебинад. Ӯ бо зӯри бозу ба лашкар ҳуҷум меоварад.

Чанде аз лашкариёнро аз пой меафтонад ва оқибат ӯро дастгир мекунанд. Перуҷи Халаҷ фармон медиҳад, ки зуд ӯро ба қатл расонанд. Зани Мерони Малак, ки дар болои арк ин манзараро тамошо мекард, гуфтаст:

Дар дашт чи ғул-ғуласт, ки ёр овардан,

Ёри сарама ба назди дор овардан.

Ёрам зи маломатҳои бисёр натарс,

Мардона қадам бимону аз дор натарс.

Шоҳзода ба сӯи арк ба занаш рӯ оварда мегӯяд:

Аввал зи кашидани сари дор натарс,

Дуюм зи сари бурида зинҳор натарс.

Ман, ки зи сари бурида метарсидам,

Дар кӯчаи ошиқӣ намеафтидам.

Духтари подшоҳ ҷавоб медиҳад:

Ҷонакма фидои ту кунум ёр, натарс.

Дар сояи гул бишину аз хор натарс.

Инро гуфта духтари подшоҳ кизликашро бароварда мӯяшро мебурад ва худро аз болои арк ба замин мепартояд.

Подшоҳ фарёд мезанад:

Кизлик бикашид, мӯи сиёҳро бибурид,

Аз арк фитоду мӯву рӯяш бидарид.

Падар ба назди духтараш расида, ӯро мурда меёбад. Перуҷи Халаҷ аз кирдори хеш нолону пушаймон гашта, ҷасади ҳар ду ҷавонро дар зери чаноре гӯр карда ба ватан бармегардад.

Баъди чанде бародари хурдии Мерони Малак дар суроғи бародараш меафтад ва пурсон-пурсон ба шаҳри Перуҷи

Халаҷ мерасад. Аз кирдори ӯ хабардор гашта, сарашро аз танаш ҷудо мекунад. Қатрае аз хуни ӯ нӯшида дилаш ором мегирад ва ба сари гӯри бародараш меояд. Хеле гиря мекунад ва хобаш мебарад. Дар хоб гуфтугӯи касе ба гӯшаш мерасад, сар бардошта дар болои дарахт як тӯтӣ ва як майнаро мебинад, ки ба ҳамдигар сӯҳбат доранд. Ҷавон, ки забони мурғонро медонист, гӯш медиҳад, ки онҳо байни ҳам дар бораи Мерони Малак ва арӯсаш гуфтугӯ мекунанд.

Онҳо хеле афсӯс мехӯрданд ва мегӯянд, ки агар ҳоло шахсе пайдо шаваду аз фалон чашма, ки дар фалон макон воқеъ аст, обе оварда, ба сари қабри ин ду ҷавон бирезад, онҳо зинда мешаванд. Паррандагон сӯҳбаташонро ба охир расонида парида мераванд. Бародари Мерони Малак аз суханони ин ду парранда ҳайрону дудила гардида, ҳарчӣ бодо бод гуфта, азми сафар мекунад. Ҷуста-ҷуста ин чашмаро меёбад. Обро дар кӯза гирифта, ба сари қабри бародар ва янгааш меояд, обро ба сари қабр мерезад ва ин ду ҷавон бо ҳукми Худои таъоло зинда мегарданд.

Бародарон ҳамдигарро ба оғӯш мегиранд ва ба муроду мақсадашон мерасанд. (Гӯянда: Давлатмамадова Хубон (1929), сокини деҳаи Шамбедеҳ. Гирдоваранда: Муборакшоева Зарнигор, соли 2013)

НАЖМОН

Замоне подшоҳе зиндагӣ мекардааст, ки фарзанд надоштааст. Дар орзуи писар будааст ва Худои таъоло ба ӯ духтаре медиҳад. Подшоҳ аз ин шукрона мекунад ва духтарашро хеле дӯст медоштааст. Рӯзе подшоҳ азми сафари дуру дарозе мекунад. Тамоми калидҳои ҳуҷраву анборашро ба зан ва духтараш медиҳад ва таъкид мекунад, ки дари фалон ҳуҷраро зинҳор накушоянд. Подшоҳ меравад ва ҳисси кунҷковӣ дар дили духтараш пайдо мешавад, фикр мекунад ва рӯзе пинҳонӣ аз модар оҳиста дари он ҳуҷраро мекушояд. Мебинад, ки ҳуҷра холӣ асту дар чухти (шифти) хона халтае овезон аст. Халтаро фуроварда мекушояд ва дар он хокаеро мёбад, аз он чашида чӣ буданашро намефаҳмад ва боз ба ҷояш гузошта мемонаду аз таъкиди падар ҳайрон гашта, дарро қулф карда, калидро дар ҷояш бурда мемонад.

Рӯзҳо мегузаранд ва духтар ҳис мекунад, ки ҳомиладор шудааст. Ин гапро ба модараш мегӯяд ва модар ӯро маломати бисёр карда, ба гапи ӯ ҳеҷ бовар кардан намехоҳад.

Тифл дар батни модар рӯз аз рӯз калонтар мешавад, модари духтар аз тарси подшоҳ духташро ба ғоре мебарад, чанде озуқа ҳамроҳаш гузошта ба хона бармегардад, дар дилаш мегӯяд:

– Шояд даррандае ӯро бихӯраду мо аз шармандагӣ халос шавем.

Рӯзе подшоҳ аз сафар бармегардад ва мебинад, ки духтараш ба пешвозаш намебарояд. Ба хона медарояду аз занаш мепурсад:

– Духтарам дар куҷост?

Зан хомӯш истода сухане намегӯяд ва подшоҳ бо ҷаҳл бори дигар дар куҷо будани духтарашро мепурсад. Занаш тарсону ларзон воқеаро ба ӯ нақл мекунад. Подшоҳ мегӯяд:

– Эй зани нодон, беҳуда нагуфта будам, ки дари он ҳуҷраро ҳаргиз накушоед, маро зуд ба назди духтарам бар, духтарам айбу гуноҳе надорад.

Онҳо зуд ба он сӯи ғор мераванд ва мебинанд, ки духтарашон писарчаашро оғӯш карда хобидааст. Подшоҳ аз сару рӯи духтар ва наберааш бӯсида, онҳоро ба хона меорад.

– Ман дар орзуи писар будам, Худованди таъоло ба ман писар дод, – мегӯяд подшоҳ.

Писаракро Нажмон ном мениҳанд. Нажмон калон шуда, ҷавони паҳлавонҷусса, зебо ва доно мешавад. Ба бозаргонӣ рӯ меорад. Рӯзе ба мақсади бозаргонӣ ба шаҳрҳои дур сафар карданӣ мешавад. Бобояш, ки аз ҷавонии ӯ дилпур набуд, мегӯяд:

Шаби шанбе, ки Нажмон шуд равона,

Ки дунё дар сарум охирзамона.

Шутур, боло биё, лангар биандоз,

Ки Нажмон бачаву кораш чӣ сона.

Дар аснои сафар, Нажмон дар шаҳре оинаи ҷаҳоннамо мехарад ва дар оина сурати духтареро дида, ошиқи шайдои он сурат мегардад.

Ӯ дар суроғи духтар манзил ба манзил мегашт ва ба як деҳае мерасад. Сари чашмае меояд ва мебинад, ки ду духтар барои об меоянд, ба назди онҳо медавад, аммо он духтареро, ки ҷустуҷӯ мекард, пайдо намекунад ва мегӯяд:

Сари чашма расидум, ташна будум,

Дута чодирсафеди тулфа дидум.

Ба чашм дидум, ба дил оҳе кашидум,

Худовандо, муроди худ надидум.

Меравад, меравад ва аз дур савореро мебинад, наздик мешаванд, ки ду духтаранд. Духтарон Нажмони зеборо дида мегӯянд,

Ба уря меравӣ, иря нигоҳ кун,

Зиёрат меравӣ, бахшам ҷудо кун.

Зиёрат меравӣ, пои пиёда,

Биё, по бар рикоби аспи мо кун.

Нажмон ба аспи онҳо савор шуда, ба хонаи онҳо меояд.

Модари кампири духтарон ҷавонро домодшаванда ҳисобида мегӯяд:

Ало, Нажмони ҷон, ҷонум ба ҷонут,

Дута духтар, ки дорум, нуши ҷонут.

Нажмон дарҳол ҷавоб мегардонад:

Ало, момоки ҷон, ҷонум ба ҷонут,

Халосум кун зи чанги духтаронут.

Кампирак аз дили Нажмон огаҳӣ меёбад ва расми духтарро дида мегӯяд, ки ин духтари подшоҳи ҳамин шаҳр ҳасту Нигор ном дорад. Нажмон либоси қаландарӣ мепӯшад ва ба дарбори шоҳ меравад. Нигорро мебинад ва ба ӯ роз мегӯяд, духтар низ ба ҷавон дил мебандад. Онҳо пинҳонӣ бо ҳам вомехӯрданд. Рӯзе подшоҳ аз ин ҳол огоҳ гардида, Нажмонро дастгир карда, ба зиндон мепартояд.

Нажмон аз зиндон ба Нигор менависад:

Нигори нозанини резадандон,

Маро аз ҷаҳти ту бурдан ба зиндон.

Нигор мактубро мегирад ва ҷавоб мегардонад:

Чаро ғам мехӯрӣ, ай ёраки ҷон,

Дуто гӯш вор ки дорам, харҷи зиндон.

Подшоҳ боз аз ин кори онҳо огоҳ гардида, мефармояд, ки ҳам духтараш ва ҳам Нажмонро сар буранд. Подшоҳ вазири оқиле доштааст. Вазир ба подшоҳ мегӯяд:

– Пеш аз оне, ки онҳоро сар бурӣ, ҳар кадоми онҳоро дар ҳуҷраи алоҳида бимон ва аз яке бипурс, ки дигараш чӣ ҳол дорад. Агар онҳо аҳволи ҳамдигарро бидонанд, ин ишқи поки ҳақиқист ва ҳаргиз онҳоро накуш, ки кори хато мекунию пушаймон мешавӣ.

Подшоҳ ин гапро пазируфт ва фармуд, ки онҳоро накушта, чанд вақт дар ҳуҷраҳо бурда монанд.

Як рӯз ба дасти Нигор ҷоме медиҳанд ва ба дасти Нажмон чилиме. Рафта аз Нажмон, ки хеле заифу нотавон гардида буд, мепурсанд, ки ҳоли Нигор чун аст, ӯ ҷавоб медиҳад:

Нигорам шиштааст, ҷоме ба дасташ,

Карашма мезанад чашмони масташ.

Боз ба пеши Нигор мераванд ва фиреб мекунанд, ки Нажмонро падараш кадхудо кардааст. Ӯ нолон мегӯяд:

Хабар омад, ки Нажмон кадхудо шуд,

Чилими нуқрагӣ аз даст хато шуд.

Чилими нуқрагӣ бандаш биринҷӣ,

Аммо рангу рухи ӯ қаҳрабо шуд.

Ин суханонро ба шоҳ мегӯянд ва шоҳ духтарашро авф мекунад. Онҳоро никоҳ мекунад ва тӯю сур карда, ба хонаи падари Нажмон бурда мерасонанд. Онҳо ба муроду мақсадашон мерасанд ва хушбахтона зиндагонӣ мекунанд.

(Гӯянда: Давлатмамадова Хубон (1929), сокини деҳаи Шамбедеҳ. Гирдоваранда: Муборакшоева Зарнигор, соли 2013)

СИЯГОВУК ВА МУШАК

Будаст-набудаст як сияговук будаст. Хело шиштаст, ки зиқ шудаст, баъд ба худ гуфтаст:

– Ба му чи ки тоқа дар хона бишинум. Мерам ба худум шӯшурӣ.

Рафтаст-рафтаст хела ҷо, ки аз пеш як мушак омада истодааст. Мушак гуфтаст:

– Эй ғаж-мағажон, шоҳи занон, музасурхон, борикмиён, абрукамон, садафдандон, куҷо равон?

Сияговук хело ба ноз гуфтаст:

– Шӯ-шурон!

Мушак хуш шудаст, гуфтаст:

– Хай биё мура шӯ кун!

Сияговук гуфтаст:

– Бест, ки агар қаҳрут бихезад, маро чи кор мекунӣ?

Мушак гуфтаст:

– Ба думакам чашмакота сурма мекашам!

Сияговук хуш шудасту мушака шӯ кардаст. Хело зиндагӣ карданду як рӯз ки аз духтари подшоҳ туй шудаст, ҳамаро ҷат кардаст.

Мушаки ту кулворша пушт кардасту туй рафтаст, ки якчанд рӯз нест. Сияговук дилгир шудасту рафтаст шуша шуридан. Рафтаст-рафтасту дар роҳ, ки гов лағат кардаст, ҷои сумаш мондаст, хар дар он ҷо шоша кардаст. Сияговуки ту хато шудасту рост дар даруни ҳавз. Чанд ҷонканӣ кардаст, ки баромадан натонистаст.

Яке ки як савор тозон омада истодааст, ки ба туи духтари подшоҳ мерафтаст. Сияговук гуфтаст:

Буз-аспа савор, ба ту мегуме,

Қамчин гули нор, ба ту мегуме.

Мушакро бигӯ, аловагӯшакро бигӯ,

Шамшер ба муштакро бигӯ ,

Кулвор ба пуштакро бигӯ :

Савзхотун дар байни гулоб афтодаст,

Муйҳои зарринуш зери об афтодаст.

Агар нагуӣ, дилдард шавӣ.

Савор рафтаст расидаст, хело тую тамошо дидаст, гуфтаст:

– Э, ичи намегум пеғоми сияговука!

Яке ки бегоҳ шудасту дилдард шудаст.

Э, – гуфтаст, – пеғоми сияговука нагуфтум.

Хестаст шуридаст мушака ёфтасту пеғома гуфтаст.

Мушак хестаст саросема, пушту пучоқи ҷамъ кардагиша пушт кардаст, ҳаял кардаст, ки расидаст, дидаст, ки сияговук метевад. Дастакаша тарафи сияговук дароз кардасту гуфтаст:

Э, чак балалӣ!

Сияговук қаҳр кардаст, дасташа надодасту гуфтаст:

Э, лак балалӣ! Ту рафтӣ қатии духтари подшоҳ ошиқ балалӣ!

Мушак қасам хурдасту гуфтаст:

Э, ман агар қатии духтари подшоҳ ошиқ балалӣ,

Сарукум таи сағоч, думбукум чуқ балалӣ!

Сияговук баъд бовар кардасту дастша додасту омаданд дунафара ба хонекшон, хушу хурсандона зиндагӣ карданд.

(Гӯянда: Ғоибова Давлатхотун (1950) аз деҳаи Баршор. Гирдоваранда: Олими Ширинбек, соли 2014).

аз 41
навбатӣ