Ганҷинаи Ғоронзамин

Ғорон, ҳама вақт ба барфу борон астӣ, Дар асл макони номдорон астӣ. Лаъл дар бағалу чашмаҳот мўъҷизаанд, Сад шукр кунам, фахри Бадахшон астӣ.
Зеҳн · 30 октябри 2024 · 41 саҳифа
Гирдоваранда: Ҷалолова Гулбика.
Ин раҳи Делох раҳи рафтуои мануст,
Ҳар сангу хору хасуш ғаму оҳи мануст.
Ҳар чубу хаси ура ба чушм мемолум,
Дар синаи хоки у, ҷияи ҷони мануст.
Дар боғи калон меваи тар мебинум,1
Дар ҳавлии зебои падар мебинум.
Ку модару ку падар, куҷо соҳиби боғ?
Сад ханҷари теза дар ҷигар мебинум.
Эй духтари ҷон, бо ту озорум нест,
Дилгир дилуму забони гуфторум нест.
Маро бибаран(д) бе ту ба саҳрои биҳишт,
Саҳрои биҳишт бе ту даркорум нест.
Эй Седини ҷон, раҳи баробар дорӣ,
Кӯҳҳои васею каҳҳои анбар дорӣ.
Мардуми Ғорон дар ҳасрати Сединанд,
Афсӯс, ки раҳи дура дар бар дорӣ.
Эй Ғорони ҷон, рангу ба рангут бинум,
Гулҳора ба кӯҳи сарбаландут бинум.
Гул мечинум, бунавшаи хушбута,
Дар хоб худма ба рӯи бандут бинум.
Армон, ки ба Седин айлоқ бошум,
Ҳамсоя ба Оинамоҳи сартоқ бошум.
Аз Гавҳари бемеҳр надорум гилае,
Му такя ба хасмон(ҳ)ои айлоқ бошум.
1 Гӯянда: Ғуломасайнова Гулхотун (1970), сокини деҳаи Дашти Ғорон.
Гирдоваранда: Ҷалолова Гулбика.
Аз дасти ҳавои бад нолон моем,
Дар шолаи Седин намоён моем.
Эй Седини гулпуш, надорӣ ҳезум,
Бо поруби тар гӯш наву ҳайрон моем.
Эй бехабарон, хабар баред ай мурдан,
Ай моли ҷаҳон ичи нахоҳед бурдан.
Ай моли ҷаҳон ба мо расад як кафанӣ,
Он ҳам ба гумон, ки мебарӣ ё набарӣ.
Додар, чӣ хуш асту номи додар чӣ хуш аст,
Тобути апа ба китфи додар чӣ хуш аст.
Дар сабза бимон, ҷаноза хонад додар,
Дар хок бимон, фотиҳа хонад додар.
Дар раҳаки дур мисоли гард афтодем,
Аз хурдани ғамҳо ба дард афтодем.
Аз хурдани ғамҳо намурдем ҳаргиз,
Носуда будем, ба ранги зард афтодем.
Дунёра мисоли кӯҳи ларзон дидум,
Худро ба аҷал мушту гиребон дидум.
Шерони Худо куҷо шудан(д), медонем,
Аз дасти аҷал халқагурезон дидум.
Маргук, ту ҳазор хона вайрон кардӣ,
Чандин ҷони ҷувона беҷон кардӣ.
Ҳар гавҳари пурқимат, ки омад ба ҷиён,
Бурдиву ба зери хок пинҳон кардӣ.
Гармчашма дар асл биҳишт дар Ғорон аст,
Сарсабзу базеб зи арчаю торон аст.
Саршор дилам ҳам ази обаш бошад,
Савганд ба Худо, ҷои ҷавонмардон аст.
Ғорон, ту бо чашмаҳои худ пайдоӣ,
Бо чашмаи Гарму Жунду Ғорҷ зебоӣ.
Ҳар рӯз кунем саҷда мазор(ҳ)ои туро,
Аз ростӣ, ки биҳишт дар дунёӣ.
Ғорон, ҳама вақт ба барфу борон астӣ,
Дар асл макони номдорон астӣ.
Лаъл дар бағалу чашмаҳот муъҷизаанд,
Сад шукр кунам, фахри Бадахшон астӣ.
Ман сайри баҳору боғ бе ту наравум,
Ман домани боғу роғ бе ту наравум.
Чун булбули маст меравӣ ёри азиз,
Ман карда туро суроғ, бе ту наравум.
Имсол ду кӯҳра сар басар мебинум,
Навхатбачама сари сафар мебинум.
Навхатбачама ақлу фаросат бошад,
Пайғому салом ба ӯ чӣ (ҳ)оҷат бошад.
Роҳ мегардум ба роҳи як шохчазамин,
Эй модари ҷон, аҳволи духтарта бибин.
Гар нашносӣ, куртаи рангин дорад,
Як рангаки зарду дили ғамгин дорад.
(Ҳ)айфи умрум, будаву нобуда гузашт,
(Ҳ)айфи умрум, салоти беҳуда гузашт.
Аз рафтани умрукум аҷаб бехабарум,
Носуда умрум ба ғам(ҳ)о олуда гузашт.
Духтар, ки ту меравӣ, ба дустут куза,
Оҳе, ки ту мекашӣ, дилум месӯза.
Аз лаъли лаби ту гар бигирум бӯса,
Сесад рагу пай ҷудо-ҷудо месӯза.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё