ХОЛМУРОДИ МИРЗОБЕК ҲАМТАҚДИРОН ҚИССАИ ВОҚЕӢ

Хонандаи азиз! Китобе, ки инак ба даст гирифтӣ, қиссаи воқеӣ буда, аз зиндагии ду оила ва наздикону пайвандони онҳо ҳикоят мекунад ва зимнан чандин саҳифаҳои рўзгори нобасомони солҳои 90-уми асри гузаштаи ҷомеаи Тоҷикистонро равшан месозад. Китоб аҳаммияти тарбиявӣ дошта, барои доираи васеи хонандагон пешбинӣ гардидааст.
Зеҳн · 24 октябри 2024 · 22 саҳифа
Худашро ба даст гирифта, аз шарми он ки ўро касе мебинад, баргашту роҳашро давом дод.
—Манзурахон, ту дар ҳамин ҷо будаию ман овора шуда, ҳар рўзи шанбе роҳи туро поида мегаштам. Аз дилам миннатдорам, ки маро ҳамин лаҳза ба ин сў оварда бо ту рў ба рўям кард, чӣ тасодуфи дилпазире!— лутф кард Олимҷон.
Аз шунидани ин садои ширин ва ин алфози шаккарин шуълаи эҳсоси Манзура дучанд боло гирифт.
“Ў ҳам дар бораи ман фикр мекардааст, ба ман бефарқ нигоҳ намекардааст суроғам мекардааст”,— андешид Манзура ва гўё аз қафаси синааш санги гароне афтида бошад, дилаш ором гирифт. Аммо шарму ҳаё намегузошт, ки бо як сухане, ақалан бо як табассуми меҳролуде ба суханони лутфомези ў ҷавоб гардонад. Охир, чӣ ҳам мегуфт? Мегуфт, ки “ман ҳам ҳамин қадар вақт бо чашми чор туро интизор будаму дар фикру хаёли ту шабҳои дароз хобам намебурд?”.
Не, ин ба шаъни духтар намезебад. Ниҳоят дар лабонаш табассум ҳувайдо гашт. Олимҷон аз табассуми Манзура рўҳу илҳом гирифта гуфт:
—Ман баъди як ҳафтаи вохўриямон ба муддати се моҳ ба шаҳри Кўлоб, ба таҷрибаомўзӣ рафтам ва ҳамин дирўз баргаштам ва бахтро бин, ки дар рўзи дуюм туро вохўрдам.
Манзура ҳамоно хомўш буд. “Шояд дар ҳақиқат тақдирсоз, яъне Худованди карим қисмати якҷояи ҳардуи моро омин гуфтааст?”, меандешид ў.
Хомўшии Манзура Олимҷонро дар хиҷолат мемонд. “Шояд, хато кардам. Ҳамагӣ бори дуюм ўро дида, якбора ин гапҳоро гуфтанам оё дуруст аст? Шояд ў ба дигаре майл дошта бошад?” мегуфт ў худ ба худ.
Чун дид, ки Манзура чизе гуфтанӣ нест, хайр гуфта, майли рафтан кард. Манзура, ки ташнаи дидору гуфтори дўстдоштааш гашта буд, ба ин зудӣ аз вай дур шудан намехост. Ҳамин буд, ки аз рўи саросемагиву ҳаяҷон, аз рўи таомули аҷдодӣ гуфт:
— Хонаи мо аз ин ҷо он қадар дур ҳам нест.
Марҳамат, меҳмон шуда, як пиёла чой менўшед.
Аз чунин ранг гирифтани кор Олимҷон каме аз хиҷолат раҳо ёфта, аз нав ба гап даромад:
—Барои лутфатон раҳмат. Дафъаи дигар, албатта, меҳмон мешавам. Ҳоло, агар бемалол бошад, рақами телефони хонаатонро ба ман медодед. Лозим шуда мемонад.
Манзура рақами телефони хонаашонро гуфт ва онҳо хайрухуш карда, аз ҳамдигар ҷудо шуданд. Вай зуд-зуд қадам гузошта, ба наздикии ҳавлияшон расид ва ба қафо нигариста дид, ки Олимҷон ҳоло ҳам дар назди мошинаш рост истода, ба ў нигоҳ мекунад.
Шаб аз нисф гузашта бошад ҳам, Манзураро хоб намебурд. Ҳамин ки чашмонашро маҷбуран мепўшонд, дар пеши назараш симои Олимҷон пайдо мешуд.
Вохўрии имрўзаро ба ёд оварда, худашро барои саросемагӣ ва аз ғояти ҳаяҷон ба Олимҷон додани рақами телефони хонаашон сарзаниш мекард, вале таҳти дилаш чунон кушода буд, ки хурсандияшро базўр пинҳон медошт. Шояд аз ҳамин хурсандӣ бошад, ки хобаш паридааст.
Аз байн як рўз гузашт. Нисфирўзӣ, ҳангоми хўрокхўрӣ апааш Анзурат, ки ба меҳмонӣ омада буд, синчакорона ба хоҳараш нигоҳ карда, дар чеҳраи ў шояд тағйироте мушоҳида намуд, ки баъди хўрокхўрӣ аз ў пурсид:
—Ҳа, хоҳаракам, ин қадар чеҳраат гул кардааст, шукуфтаӣ, аз хурсандӣ чашмонат медурахшанд, ин ҳамаро сабаб чӣ бошад-а?
—Ҳамааш, таъсири фазои хонаи падар, боз, дидори ту, апаҷон,— ҳозирҷавобӣ кард Манзура.
Шаби дуюмро ҳам Манзура ба фикри Олимҷон рўз кард. Рўзона модараш фармуд, ки ҳамроҳи ҷиянҳояш аз боғ шафтолу чида биёранд, баъди нисфирўзӣ мураббо мепазанд. Боғи ҳавлияшон хеле калон буду барои чидани шафтолу мебоист ба канори он мерафтанд. Бо ёрии ҷиянҳояш меваҳоро ғун дошта дар сабадчаҳо ҷой мекарданд, ки янгааш омада, ўро ба хона даъват кард, гуфт, ки дар телефон суроғаш мекунанд. Манзура, ҳатто пай набурд, ки шояд
Олимҷон занг зада бошад. Чун ба назди телефон омад, модараш ба вай гуфт:
—Як кас занг зада гуфт, ки ман муаллими калони
Манзура ҳастаму ҳамроҳи якчанд устодони дигар барои санҷиши донишҷўёни таҷрибаомўз ба ноҳияи шумо омадем ва бинобар ин, Манзураро диданамон даркор. Гуфт, ки ту соати 11 ба вокзали маркази ноҳия биёӣ.
Манзура ҳарчанд фикр мекард, фаҳмида наметавонист, ки кадом муаллим занг зада бошад ва ин чӣ гуна санҷиш бошад? Баъди ҷамъ овардани шафтолу вай сару либосашро иваз намуда, ба ҷои таъиншуда раҳсипор гашт.
Ба истгоҳ расида дид, ки ҳамон мошини дирўза дар сояи дарахти калони шафати роҳ истода аст. Аз даруни мошин табассум карда Олимҷон берун шуд. Манзура аз дидани ў даступохўрда шуду боз маҷоли сухан кардан, ҳатто салом додан ҳам накард.
—Салом, Манзурахон! Сафарҳо ба хайр, ин қадар саросемаед?— гап сар кард Олимҷон
—Салом. Ҳа саросемаам, кадом як муаллими донишгоҳамон ба ноҳия омада будаасту таъин кардааст, ки ман ба истгоҳи марказӣ биёям,— ҷавоб дод Манзура.
—Манзурахон, ҳамон “муаллими донишгоҳатон” манам. Маро бубахшед, ки ба модаратон дурўғ гуфтам.
Чӣ кор кунам, дилам чунин фармон дод, то як бор ҷамоли шуморо бубинам. Рости гап, тоқатам тоқ шудааст. Ба ман чӣ шудааст, худам ҳам намедонам. Аз он рўзе, ки шуморо дидам, дилам ором намегирад. Дар пеши назарам фақат симои шумост. Вақте ки дар
Кўлоб будам, ҳар шаб худ ба худ нақшаҳои нав мекашидам. Дар фикру хаёлам ҳар рўз бо ту вомехўрдам, суҳбат мекардам, ҳамроҳ механдидем,— мегуфт Олимҷон ва дар ҳоле ки овозаш аз ҳаяҷон каме меларзид, суханонашро давом дод:— Аммо, бовар кунед, ҳанўз ҳам ба ин ҳақиқати дилпазир, ки шуморо дар рў ба рўям мебинам, бовариям намеояд, гўё дар хобу хаёлам омада бошед.
Ҳарду хомўш монданд, вале дилҳояшон дар гуфтугў буд. Ду диле, ки хоҳишҳояшон мувофиқанд, аз ишқ метапанду дар ҷустуҷўи якдигаранд, албатта, забони ҳамдигарро мефаҳманд.
Манзура бо табассуми малеҳе гапро ба шўхӣ гардонд:
—Хуш, муҳтарам муаллими калон! Шумо маро барои рози дил кардан ҷеғ задед?
Олимҷон аз лутфи Манзура ҷуръат гирифта, сарашро боло карду хандида гуфт:
—Донишҷўи муҳтарам, муаллими калон шуморо бисёр пазмон шудааст.
Ҳарду баробар хандиданд. Олимҷон дари мошинро кушода, Манзураро таклифи нишастан кард.
Манзура баъди ин вохўрӣ дар бораи Олимҷон ва оилаи онҳо баъзе маълумотҳоро дониста гирифт.
Фаҳмид, ки онҳо дар ҳудуди хоҷагии назди маркази ноҳия зиндагонӣ мекунанд. Падари Олимҷон дар он хоҷагӣ вазифаи роҳбариро ба уҳда дошта, дар миқёси ноҳияву вилоят соҳиби обрўи калон будааст ва аз ҳамин ҷиҳат, ду сол пеш ба ў ҳамчун қадрдонӣ ҳамин мошини сабукравро, ки Олимҷон савор шуда мегашт, туҳфа кардаанд. Олимҷон фарзанди калони оила будаасту ду хоҳару як додар доштааст.
Ҳамин тавр, ошиқон то оғози соли хониш боз чанд маротибаи дигар вохўрда, ба якдигар унс гирифтанд.
Дигар Манзура аз дидани Олимҷон даступохўрда намешуд, вале ҳанўз ҳам ҳангоми вохўриҳояшон вуҷуди ўро ҳаяҷони сабуке фаро мегирифт. Тадриҷан дар замири ҳарду шуълаи ишқ фурўзон гашта, рўз ба рўз, соат ба соат ба алангаи бузург мубаддал мегашт.
Якҷоя ба қароре омаданд, ки аз ин пас ба якдигар “шумо” не, балки “ту” гуфта муроҷиат мекунанд.
Таътили тобистона ҳам ба охир расид. Фардо мебоист Манзура ба Душанбе мерафт. Ба ҳамин муносибат, он бегоҳ тамоми аҳли оила ва ҳатто баъзе аз хешони наздик ҳам дар хонаи онҳо ҷамъ омада, якҷоя хўроки шом мехўрданд.
—Писари Абдусамир ҳам дар донишкадаи политехникӣ мехондааст, сохтмончӣ мешавад.
Мегўянд, ки аълохон аст. Ў ҳам мисли Манзураи мо имсол мактаби олиро хатм мекардааст. Бисёр ҳам ҷавони боодоб. Дирўз бо мошини ба мукофотгирифтаашон моро ба маркази вилоят бурда монд,— гуфт дар миёни суҳбат падар ва ба Манзура нигариста пурсид:— Духтарам, магар ту ўро намешиносӣ? Охир, чор сол аст, ки ба як роҳ мераведу меоед. Ҳа, номаш Олимҷон будааст.
Манзура чунон ба ҳаяҷон омад, ки ҳатто гармии рухсораҳои худашро ҳис кард, вале сир бой надода:
—Не отаҷон, намешиносам,— гуфт.
Хайрият, ки шаб буду атрофиён лолагун шудани рўяшро надиданд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё