Зеҳн
ХОЛМУРОДИ МИРЗОБЕК ҲАМТАҚДИРОН ҚИССАИ ВОҚЕӢ

Хонандаи азиз! Китобе, ки инак ба даст гирифтӣ, қиссаи воқеӣ буда, аз зиндагии ду оила ва наздикону пайвандони онҳо ҳикоят мекунад ва зимнан чандин саҳифаҳои рўзгори нобасомони солҳои 90-уми асри гузаштаи ҷомеаи Тоҷикистонро равшан месозад. Китоб аҳаммияти тарбиявӣ дошта, барои доираи васеи хонандагон пешбинӣ гардидааст.

Зеҳн · 24 октябри 2024 · 22 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ҳамин тавр, соли нави таҳсил, соле, ки барои Манзураву Муҳаббат соли хатми донишкада ҳисоб меёфт, шурўъ шуд. Дугонаҳои ҷонӣ, ки зиёда аз ду моҳ ҳамдигарро надида буданд, аз дидорбинӣ шодмонӣ карда, қариб то саҳар кураи суҳбат тафсонданду боз ҳам гапҳояшон нотамом монд. Вақте ки Манзура вохўрияшро бо Олимҷон қисса кард, Муҳаббат барои дугонааш хурсанд шуда, дам ба дам мепурсид:

—Олимҷон ҷавони зебо будааст, ба ту арзанда аст, охир?

Вай аз он хурсанд буд, ки дугонаи ҷонияш ниҳоят ҷавони дилкаши худро ёфтааст. Дар охири суҳбат Муҳаббат хоҳиш кард:

—Манзураҷон, Олимҷонро гўй, ки ягон рўз биёяд, ман тоқат карда наметавонам, мехоҳам ҳарчи зудтар ёри дугонаҷонамро бубинам.

Баъди ду-се рўзи таҳсил, бегоҳӣ онҳо дар хобгоҳашон буданд, ки яке аз ҳамсабақонашон хабари ба суроғи Манзура омадани як ҷавони ношиносро овард. Аз шунидани ин хабар Муҳаббат қад-қад парида, хурсандӣ мекард, ки акнун дилдодаи дугонаи худро мебинад.

—Манзураҷон, биё ҳардуямон равем, ман дуртар меистам, ба шумо халал намерасонам.

Ҳамин хел ҳам шуд. Вақте ки ба саҳни ҳавлӣ баромаданд, Манзура дид, ки Олимҷон хеле дуртар, дар сояи дарахте рост истода, ўро интизор аст.

Муҳаббат каме пештар рафту болои хараке нишаст.

Олимҷон баъд аз салом бо ҳамон табассуми ба худаш зебанда:

—Манзурахон, акнун, ки хобгоҳатонро дидам, агар розӣ бошед, минбаъд ҳар рўз омада шуморо хабар мегирам,— гуфт.

Онҳо дар роҳравҳои саҳни бинои хобгоҳ қадам зада, хеле суҳбат карданд. Баъд Манзура бо Олимҷон хайрухуш карда, ба назди дугонааш омад. Муҳаббат, ки ҳамчун кўдак шодӣ мекард, ба шўхӣ гуфт:

—Ҳа балочае, поида-поида, дар охир ин қадар ҷавони зебою паҳлавонро аз куҷо ёфтӣ-а? Дуруст мегуфтаанд, ки “дер ояду шер ояд”, э, қанд зан, дугонаҷони ман, қоил кардӣ!

Ин бегоҳ ҳам онҳо то нисфишабӣ чақ-чақ карданд ва мавзўи асосии гуфтугўяшон Олимҷон буд.

Аз байн се-чор моҳ сипарӣ шуд. Дар ин муддат Олимҷон, қариб ки ҳар бегоҳ ба дидани Манзура меомад. Дар ин миён Олимҷон бо Муҳаббату Амрулло ҳам шинос шуд. Акнун ду ҷуфти ошиқон, бисёр вақт чун кабўтарони ҳамбол якҷоя буданд ва ҳатто шабҳо дар ҳуҷраҳои ҳамдигарашон меҳмон мешуданд.

Олимҷон ҳар ҳафта вақти ба зодгоҳашон рафтан Манзураро интизор мешуд ва ҳарду бо ҳам ба дидорбинии волидайнашон мерафтанд.

Ҳамин тавр, ҳаёти ширини пур аз орзую ҳавасҳои ҷавонии онҳо, айёми шириниҳои ҳаёти донишҷўӣ, айёми оғўшу бўсаҳои гарми ошиқона, айёми фароғат аз ҳама норасоиҳою камбудиҳои зиндагӣ оҳиста- оҳиста пушти сар мешуд. Ин ду ҷуфти ниҳоят мувофиқу ба ҳамдигар вафодор дар осмони таманниёти ширини худ ҳамеша дар парвоз буданд, бехабар аз он ки рўзе мерасад, ки онҳо дар гирдоби зиндагӣ, дар рафъи мушкилоти пешомада оҷиз мемонанд ва замоне фаро мерасад, ки ба ноадолатиҳои ҳаёт дакка хўрда, ангушти ҳасрату нокомӣ мегазанду ҳатто гоҳе аз ёрии Худои таъоло ноумед ҳам мешаванд.

Дарсҳо тамом шуданд. Ҳама донишҷўёни курси онҳо ба супоридани имтиҳонҳои давлатӣ тайёрӣ медиданд, баъзеяшон барои ҳимояи корҳои дипломии худ ба хоҷагиҳою корхонаҳо рафта, маълумот ҷамъ меоварданд. Қаҳрамонони мо як бегоҳ маслиҳат карда, барои каме фароғат намудан ба боғи ботаникӣ рафтанду муддати чанд соат тамошо ва суҳбатҳои ширин оростанд. Пеш аз он ки ба хобгоҳ баргарданд,

Амрулло саволи ҷиддиеро ба миён гузошт:

—Хайр, ана акнун, агар насиб бошад, як-якуним моҳ пас донишкадаро ҳам хатм мекунем, ҳамаи моро ба хоҷагиҳою корхонаҳо роҳхат медиҳанд, баъд чӣ мешавад? Охир, тўйҳо кай мешаванд, тўйҳо?

Ҳама, гўё сухани ғайричашмдоште шунида бошанд, ҳайрон-ҳайрон ба ҳамдигар нигариста, чӣ ҷавоб доданашонро надонистанд. Охир, касе аз онҳо дар ин бора фикр ҳам накардааст-ку? Хомўширо боз Амрулло вайрон карда, ин дафъа чунин пешниҳод кард:

—Биёед, ин хел мекунем, аввал тўйи ману Муҳаббат мешавад, баъди як ҳафтаи дигар тўйи Олимҷону Манзура. Ман фикр карда баромадам, шанбеи якуми моҳи август тўйи мо, ҳафтаи дигараш аз шумо.

Ҳама ба фикр фурў рафтанд. Дар ҳақиқат, баъди хатми донишкада ҳама парешон шуда, ба ҳар тараф мераванду якдигарро ба зудӣ дида наметавонанд.

Барои ҳамин бояд масъалаи тўйҳояшонро маслиҳат карда мегирифтанд. Амрулло, ки роҳбариро ба касе доданӣ набуд, бо ҳамон ҷиддият суханашро давом дод:

—Чӣ хеле мебинем, то вақти тўйҳо фурсат хеле кам мондааст, ҳамагӣ 3-4 моҳ, барои ҳамин, аз ҳозир сар карда бояд тайёриро дидан гирем. Пеш аз ҳама, ману Олимҷон бояд дар рўзҳои наздиктарин хостгорҳоямонро фиристем.

Ҷавонони хуштолеъ дар дилҳои худ орзуҳои ширин пепарвариданду боре ба андешаашон намеомад, ки шояд волидони онҳо нисбати фарзандони худ нақшаву ниятҳои дигар дошта бошанд, шояд падарону модарҳояшон духтарони худро дар бар пироҳани арўсӣ ва писарони худро дар тан ҷомаи домодӣ тасаввур карда, домоду арўсҳоро ҳам худашон аллакай интихоб карда бошанд.

Дар давоми давраи донишҷўӣ Амрулло чандин маротиба оид ба мавзўи хонадоршавӣ бо падару модараш баҳс карда, онҳоро то як дараҷае ранҷонда ҳам буд. Гап дар сари он мерафт, ки ҳар тобистон, вақте ки ў ба таътил мебаромад, мавзўи оиладор шуданаш гирди забони аҳли оила, хешу таборон мегашт. Хусусан, модараш ўро ба ҷону ҳолаш намонда, ҳар замон такрор мекард: “Охир, ман дигар ягон дастёр надорам, апаю хоҳаронат хонадор шуда, аз паси рўзғори худашонанд, ту бошӣ якравӣ карда, ба гап намедароӣ, о ман ҳам акнун аз кори рўзгори хона монда шудаам. Фақат ту ҳа гўй шуд, мо дар давоми як моҳ туро хонадор мекунем. Кадом духтареро дилат мекашад, гап зан, мо хоҳишатро иҷро мекунем”.

Амрулло бошад, ҳамеша хоҳиши онҳоро рад карда, чунин ҷавоб медод:

—Очаҷон, ман ҳоло донишҷў, хонаданам лозим. То донишгоҳро хатм накунам, дар ин бора гап назанед.

Падару модараш ба воситаи рафиқонаш, хешу таборонашон ва ҳатто духтарҳои деҳа Амруллоро розӣ карданӣ мешуданд, аммо ягон усул ба кор намеомад.

Барои ҳамин ҳам, ў таътили тобистонаро нағз намедид ва ду таътили охирро ҳамроҳи донишҷўён дар сохтмонҳои азим гузаронида буд. Акнун бошад, вақти ба қарори қатъӣ омаданаш фаро расидааст. Ана мана нагуфта таҳсил ҳам ба итмом мерасаду ў бояд ба саволи ҳамешагии модараш ҷавоб диҳад.

Аз байн як ҳафта гузашт. Рўзе Амрулло қариби бегоҳ ба хобгоҳ омад ва онҳо бо Муҳаббату Манзура дар ин бора дурудароз суҳбат карданд. Манзура аз авзои Амрулло пай бурд, ки ташвише дар дил дорад.

Маълум шуд, ки Амрулло чанд рўз пештар ба хабаргирии волидайнаш рафта будааст. Чун онҳо дар як ноҳияи дурдаст зиндагӣ мекарданд, ў дар як-ду моҳ ҳамагӣ як маротиба ба зодгоҳаш мерафт. Бегоҳӣ, вақте ки хешу табор, апаю хоҳарҳояш ба хабаргирии ў меоянд, Амрулло дар байни суҳбатҳо ба модараш муроҷиат карда мегўяд:

—Очаҷон, ана акнун вақти зангирӣ ҳам расид...

Давоми сухани ўро нашунида, аввал модараш ва сипас ҳама аҳли нишаст изҳори хурсандӣ карданд ва ҳатто хоҳараш аз хурсандӣ чаппак ҳам зад.

—Оҳ бачаҷон, хайрият, ки ин фикр ба сарат омад!

Ман бесаброна интизорам, ки кай писарҷонам, ҷону ҷигарамро дар танаш ҷомаи шаҳӣ медида бошам. Арўс ҳам таги чашм карда мондаам. Чунон арўси нозанин, чунон духтари хушрў, ки ба як дидан ошиқи шайдояш мешавӣ,— гуфт модараш ва ашки шодии худро бо нўги рўймолаш пок кард.

Амрулло, ҳам аз хандаи ҳамаи аҳли нишаст, ҳам аз суханони модараш дасту похўрда шуда, чӣ гуфтанашро намедонист. Акнун аз чеҳраи шукуфони ў асаре намонда буду гоҳ ба падар, гоҳ ба модараш нигариста, ҳарчӣ зудтар мақсади онҳоро фаҳмидан мехост.

Ниҳоят модараш боз риштаи суханро ба дасташ гирифта, бо хурсандии ошкоро гуфт:

—Амруллоҷон, ҳамаи мо хушбахтии туро мехоҳем, барои ҳамин, маслиҳати якҷоя кардему духтари Иззатуллои духтурро маъқул дониста, ману апаат барои маслиҳати пешакӣ ба хонаи онҳо рафтем.

Медонӣ чӣ шуд? Онҳо дастархони моро барнагардонданд, яъне розӣ шудаанд. Бачаҷон, ту пагоҳ рафта, як арўси хушкардаи моро бин, чунон қаду басти зебанда дорад, ҳавлию дарашонро намегўӣ, иморатҳои боҳашамат, гулу гулкорӣ. Одамгарияшон, иззату ҳурматашон ҳам бисёр хуб...

Дар ҳамин ҷои гапаш модар аз рамузи писараш чизеро пай бурда, хомўш шуд, суханаш нотамом монд.

Баъд аз сукути кутоҳе Амрулло:

—Ман як об нўшам,— гуфта, ба берун баромад.

Табъаш хира шуда буд. Охир, вай дар бораи Муҳаббат гуфтанӣ буд, аммо кор тамоман дигар шуд.

Баъди як пиёла об нўшидан каме осуда шуда, аз ҳавлӣ ба кўча баромад. Ҳама ҷоро торикии шаб фаро гирифта буд. Ў бо хотири парешон роҳ мерафту нафаҳмида монд, ки аллакай як кўчаро паси сар кардааст. Фикр мекард, ки ба падару модараш чӣ ҷавоб диҳад. Ниҳоят ба худ омада, дид, ки ба канори деҳа расида, ба роҳи калони мошингард наздик шудааст. Дар канори деҳа, дар наздикии роҳ ҳавзе буд, ки бегоҳиҳо бачаҳои бисёре рўи харакҳои шафати он нишаста, то фаро расидани шаб суҳбат ороста, ҳазлу шўхӣ мекарданд. Аммо имшаб канори ҳавз холӣ буд.

Амрулло ғарқи андешаҳои бесарунўги худ беихтиёр омаду рўи хараке нишаст. Гўё ўро аз Муҳаббати ба ҷону дилаш баробар ҷудо карда бошанд, дарун-дарун мегирист. Чанд муддатро ба ҳамин минвол гузаронд, намедонад. “Не, барои хушбахтии худ мубориза бурдан даркор. Охир, Муҳаббат бахти ман, иқболи ман, ҳама дороии ман аст. Ба ғайр аз вай дигар касеро намехоҳам, на духтари Иззатуллои духтуррову на духтари дигареро!” хулоса кард ў. Ин вақт мошине аз роҳи калон ба тарафи деҳа гашт ва чароғҳои он ҳама ҷойро равшан карданд. Мошин наздик омаду истод ва ронандаи он тирезаашро фароварда садо кард:

—Ҳа, Амрулло, тинҷӣ аст? Дар ин нисфи шаб як худат танҳо ин ҷо чӣ кор мекунӣ?

Амрулло соҳиби овозро шинохт. Вай ҳамсинфаш Акбар буд. Баъд аз саломуалайк Амрулло кутоҳакак посух дод:

—Ҳама тинҷӣ, як ҳавои тоза гирам гуфта, ба берун баромадам.

Дўстони дерин баъди суҳбати гарму тўлонӣ ба мошин савор шуданд ва Акбар ҳамсинфашро то назди хонаашон бурда монд. Аҳли хона ҳамоно нишаста буданд ва бо даромадан Амрулло, гўё ўро акнун дида бошанд, ҳама аз ҷоҳошон хеста, синчакорона ба ў нигаристанд. Падараш, ки гуфтугузори гузаштаро хомўшона назора карда менишаст, аз рўҳияи писараш фаҳмида буд, ки вай дар дилаш ягон гап дорад.

—Бачаҷон, ба ту чӣ шуд? Охир, то ин поси шаб гум шуда рафтию ҳамаамонро дар ташвиш мондӣ. Мо туро кофтем, тарсидем, ки чӣ гап шуда бошад? Хайрият, ки омадӣ. Ҳоло рав, бачаҷон, дам гир, суҳбатамонро саҳар давом медиҳем,— гуфт падари рамузфаҳмаш ва хост, ки бо ҳамин ба мавзўи тўй нуқта гузошта шавад.

Модар хавотиромез суол кард:

—Амруллоҷон, мабодо ягон ҷоят дард накарда бошад?

—Ҳеҷ гап не, аз роҳи дур омада монда шудааст, бигзор дам гирад, пагоҳӣ ҳамаашро мефаҳмем,— ҷавоб гардонд ба ҷои Амрулло падараш.

Ҳама пароканда шуда, ба хонаҳояшон рафтанд.

Ҷои хандаю шўхиҳоро хотирпарешонӣ гирифт.

Шаб Амруллоро қариб тамоман хоб набурд. Ҳар лаҳзае ки ғанабаш мебурд, дар хобаш Муҳаббатро медид, ки бо сари хаму чеҳраи маҳзун нишастааст.

Саҳарии барвақт, баъди хўрдани наҳорӣ, падараш ба Амрулло ишора кард, ки аз қафои ў биёяд. Онҳо ба даруни боғи калони ҳавлияшон рафта, рўи хараке, ки дар сояи тут меистод, нишастанд.

—Писарам, акнун дар дилат ҳар гапе, ки дорӣ, ба ман бигў. Ман аллакай пай бурда будам, ки ту чӣ сирре дорию ба мо намегўӣ. Дилатро холӣ кун, сабук мешавӣ. Амрулло чунин ранг гирифтани суҳбати падарро интизор набуд, чунки масъалаҳои хонаву оиладориро ҳамеша модараш ҳаллу фасл менамуд. Ў каме хиҷолат кашида бошад ҳам, сабаби бесаранҷомияш, ба Муҳаббат ошиқ буданашро гуфт:

—Дадаҷон, ман, ба хотири он ки модарам хафа нашавад, ҳар сол вақти таътил баҳона карда мегуфтам, ки то донишгоҳро хатм накунам, оиладор намешавам.

Ана акнун худат қазоват кун, ки ман чӣ хел ба хоҳиши модарам розӣ шавам? Ҳа, ҳастанд баъзе бачаҳое, ки барои дилхушӣ бо духтаре ишқварзӣ мекунанд ва баъд ҳавасашон пир мешаваду духтарони бечораро миёни роҳ мемонанд. Вале ман мисли онҳо нестам, мову

Муҳаббат ҳамдигарро самимона дўст медорем, бе ҳамдигар зиста наметавонем. Ғайр аз ин, ману ў аҳди садоқат бастаем ва агар ман аҳдро шиканам, пас ҷавонмардӣ чӣ мешавад? Ман дар назди виҷдони худ чӣ ҷавоб медиҳам?

Падар, ки қариб чил сол боз ба касби омўзгорӣ машғул буду чӣ будани ахлоқи ҷавонон ва психологияи онҳоро нағз медонист, баъди нақли пурҳаяҷони

Амрулло дар дилаш нисбати вай як боварии қавӣ пайдо гашт. Акнун ў розӣ буд, ки писараш ба дилдодааш расад, вале дар ин байн монеъа ва мушкилоте меистод, ки онро ҳал кардан амри маҳол буд. Ин монеъа хоҳиш ва якравии ҳамсараш буд.

Вақте ки писари аввалинашон Шукруллоро хонадор карданд, вай, аз он ҷиҳат ки дар донишгоҳ хонда, меъмор шуда буд, дар маркази ноҳия ба кор даромад. Зиёда аз панҷ сол дар вазифааш кор кард ва соҳиби ду фарзанди дўстрўяк шуд. Аз падар чандин маротиба хоҳиш кард, ки онҳоро дуои хайр диҳанд, то ин ки ба маркази ноҳия кўч банданд. Охир, ҳар рўз роҳи дарозро тай карда ба кор рафта омадан осон набуд. Вале ҳар боре, ки оид ба ин мавзўъ сухан мерафт, модар қатъиян ба хоҳиши писараш розӣ намешуд. Ҳатто чандин бор ў рўзҳои дароз ба гиря дода мешуд ва ин ҳоли модарро дида, Шукрулло боз масъалаи кўчида рафтанро мавқуф мегузошт. Дар ин байн ба Шукрулло дар маркази ноҳия як хонаи хизматӣ ҷудо карданд ва акнун гоҳе шабҳо наомада, он ҷо мемонд, ки ин ҳолат рафта-рафта ба баҳси оилавӣ, яъне ба носозгории байни писару келин оварда расонд.

Ба болои ҳамаи ин, Шуруллоро боз ба вазифаи балантдаре гузаронида, масъулияташро бештар карданд ва акнун ў дар як ҳафта ҳамагӣ як ё ду маротиба ба хона меомаду шабҳои дигар дар марказ мемонд. Аз ҳамин ҷиҳат, вай маҷбур шуд, ки масъаларо бори дигар ба миён гузорад:

—Дадаҷон, очаҷон, илтимос ба ман дуо диҳед.

Хайр, то имрўз шароит надоштам, вале акнун шукр, соҳиби хона гаштам, барои зиндагии оилаам ҳама шароит ҳаст, ба болои ин, маро лозим меояд, ки қисман шабона ҳам кор кунам. Кор мекунам гуфта, панҷ сол азоб кашида хондам. Агар мувофиқи касбам дар деҳаамон кор набошад, ман чӣ кор кунам, охир?

Падар, ки вазъияти баамаломадаро хуб дарк мекард, ба Шукрулло дуо дод ва модар ҳам дигар ба раъйи падару писар монеъ шуда натавонист, аммо баъди кўч бастани писараш, дарду аламашро ба сари ҳамсараш рехта, ўро хуб мазамат кард. Баъди он ки духтари хурдии хонаро ба шавҳар доданд, гапшунавии падар боз ҳам зиёд шуд, чунки дар як ҳавлии калон падару модар танҳо монда буданд.

—Ин қадар хонаву дар, ин қадар боғу ҳавлии калонро барои кӣ заҳмат кашида, сохтем? Дар ин ҳавлӣ як кўдак набошад, ин ҳама ба кӣ даркор? Агар

Шукрулло намекўчид, ҳоло фарзандони ў зеби ҳавлию дарамон мешуданд,— мегуфт ҳасрат карда модар.

Ана бо ҳамин орзуҳо, модар интизор буд, ки кай писараш Амрулло донишкадаро хатм мекунаду барои вай духтари хушрўйтарини деҳаро келин мекунад ва дар оянда бо хандаву бозии наберагонаш ормони дилашро мешикананд. “Ана-мана нагуфта моҳ ҳам мегузараду сол ҳам, аз ҳоло ба тўй тайёр шудан даркор. Чунон тўй кунам, ки ҳама ҳавасашон ояд, албатта, ҳофизони номдорро даъват кардан даркор”,— ҳамеша такрор мекард ў. Ҳар рўзи якшанбе, ки духтарону наберагону оилаи Шукрулло дар хонаи падар ҷамъ меомаданд, гап сари тўйи Амрулло мерафт ва ҳама дар ҷустуҷўӣ келини арзанда буданд...

Падар хост, ки масъаларо ба нафъи писараш

Амрулло ҳал кунад. Бо ҳамин мақсад ба духтари калонаш гуфтанӣ шуд, ки бо модар суҳбат кунад, аммо боз аз фикраш гашт. Метарсид, ки бонуи хонадон вазъи оилавиро аз будаш батар нагардонад. Вақте ки онҳо арўси муносибро ёфта, номзадияшро дар ҷамъомади оилавӣ тасдиқ карданд, падар дигар тоқат накарда: “Ҳа, майлаш, ман розӣ, вале пеш аз хостгорӣ, ақаллан розигии Амруллоро пурсидан даркор будагист. Охир, зиндагиро бо келини интихобкардаатон ў мекунад-ку?!”.

Ҷавоби модар чунин буд: “Чӣ, писарат аз келини интихобкардаи мо болотарашро меёбад? Ҳоло сабр кун, вай ки омада келинро дид, ҷон-ҷон гуфта, тоқияшро ба осмон мепартояд”. Падар хомўш монд, чунки медонист баҳс кардан бо ҳамсараш фоида надорад.

Ҳоло бошад, ў ба писараш чӣ маслиҳат доданашро намедонист. Чӣ ҳам мегуфт? Магар мегуфт, ки “Ту ҳам мисли дигарон дилдодаатро фаромўш кун?”. Агар гўяд, ки “Рав, дилдодаатро ба даст овару хушбахт шав”, хости модар чӣ мешавад? Пас, чӣ бояд кард? Аммо Амрулло хулосаи худро баровардааст. Офарин ба ў!

Охир, вай кўдак нест-ку? Панҷ сол дар донишгоҳ хондааст, некро аз бад фарқ мекунад. Бояд аҳли оила якҷоя шуда, роҳи дурустро пайдо кунанд. Ҳоло ҳам дер нашудааст, агарчи дар деҳа овоза шуда бошад ҳам, ҳоло фотеҳа нашудааст-ку. Ягон роҳашро ёфтан даркор! Аммо орзую ҳаваси ҳамсараш чӣ мешавад?

Боз, Худо накарда, дилдодаи писараш ба деҳаи онҳо омаданӣ нашавад чӣ? Ба гуфти завҷааш ин хонаву ин боғу ин ҳавлӣ ба кӣ мемонад?

Падар дар қайди андешаҳои бесарунўги худ раҳгум зада, ҳеҷ наметавонист хулосаи дурусте барорад. Роҳи ҳалли ин муамморо ёфтан мушкил буд. Амрулло ҳамоно сарашро набардошта менишаст. Ниҳоят, падар ба худ ваҷоҳати ҷиддӣ гирифта гуфт:

—Бачаҷон, биё, ягон баҳона карда, ба шаҳр рав, асабҳоятро ором кун, то он вақт ягон роҳи ин корро меёфтагистем. Ман бошам, ҳаракат мекунам, ки пеши роҳи фотиҳаро гирифта истам.

Амрулло каме бошад ҳам, осудахотир шуда, баъд аз соате бо модараш хайру хуш карду роҳи Душанберо пеш гирифт. Вай пеш аз рафтан ба хонаи апааш, ки дар ҳамин деҳаи худашон мезист, даромада, ҳамаи чизеро, ки ба падараш нақл карда буд, ба апааш низ гуфта дод ва илова намуд: “Апаҷон, наход шумо то ин дараҷа саросема шудед, ки ҳатто фикри маро напурсидед-а?

Охир, саросемагӣ оқибат пушаймонӣ меорад-ку?

Илтимос мекунам, ки коре карда очаамро фаҳмон, ўро аз ақидааш баргардон. Ман як моҳ интизор мешавам, агар шумову очаам аз фикратон нагардед, дигар ба деҳа намеоям, дар Душанбе монда, ҳамон ҷо кор мекунам”.

Дар ҳақиқат, Амрулло баъди аз деҳа баргаштан хеле мушаввашхотир гашта буд, ҳатто супоридани имтиҳонҳои давлатӣ ҳам дар назараш наменамуд ва ҳар вақте бо Муҳабат вомехўрд, мекўшид, ки мушаввашхотирии худро аз ў пинҳон дорад. Манзура ноҷўрии аҳволи Амруллоро пайхас кард, аммо дар ин бора аз ў чизе напурсид. Маълум буд, ки Муҳаббат низ дар назди падару модараш ба чунин ҳолат гирифтор аст.

Аввало, ҳангоми дар курси сеюм хонданашон, боре янгааш ба Муҳаббат гуфта буд, ки аз ҳамсоядеҳа кадом як хеши дурашон ба хонаи онҳо хостгор фиристодааст.

Вале ҳоло падару модараш ба хостгорҳо ҷавоб надода, розигии Муҳаббатро фаҳмиданӣ шудаанд.

—Мегўянд, ки он ҷавон ҳамин сол донишкадаро хатм мекардаасту туро дар куҷое дида, дилаш моил шудааст. Аз гуфти ҳамсояҳо ҷавони зебанда будааст, оилаашон ҳам одамҳои хуб...,— мегуфт янгааш. Аммо

Муҳаббат ба миёни гапи ў даромада бо қатъият гуфт:

—Ба падару модарам гўй, ки то донишкадаро хатм накунам, дар бораи оиладор шудани ман фикр ҳам накунанд.

Хайрият, ки дар ин мавзўъ дигар ягон гап нашуд.

Вале баъди шаш моҳ боз хостгорҳои нав дари хонаи

Муҳаббатиноро ба қавле “охурча” карданд. Яке аз хостгорон рафиқи падараш баромад. Бо тафовут аз оилаи Амруллоино, дар хонаи онҳо ҳамаи масъалаҳои оилавиро падараш ҳал мекард. Аз ҳамин ҷиҳат, Муҳаббат сахт ба ташвиш афтода буд, зеро агар падари ў хоҳиши рафиқашро рад карда натавонад, аз дасти модараш ҳеҷ коре намеояд. Воқеан ҳам, кор қариб ки чунин ранг мегирифт.

“Ин дафъа ба падарам чӣ ҷавоб медиҳам,— худ ба худ андеша мекард ў.— Дафъаи гузашта як илоҷ карда, ўро розӣ кунонидам. Ҳоло бошад, ба фикрам, пеши роҳи падарро гирифтан номумкин шуда истодааст”.

пешина
аз 22
навбатӣ