Зеҳн
ХОЛМУРОДИ МИРЗОБЕК ҲАМТАҚДИРОН ҚИССАИ ВОҚЕӢ

Хонандаи азиз! Китобе, ки инак ба даст гирифтӣ, қиссаи воқеӣ буда, аз зиндагии ду оила ва наздикону пайвандони онҳо ҳикоят мекунад ва зимнан чандин саҳифаҳои рўзгори нобасомони солҳои 90-уми асри гузаштаи ҷомеаи Тоҷикистонро равшан месозад. Китоб аҳаммияти тарбиявӣ дошта, барои доираи васеи хонандагон пешбинӣ гардидааст.

Зеҳн · 24 октябри 2024 · 22 саҳифа

Ҳикоя

Хотираҳо

Дарёи пурталотум туғён дошту чун аждаҳои бағазабомада бошитоб ба пеш мехазид. Мавҷҳояш бо шўру валвала ба соҳилҳо дарафтода, сангу рег, буттаҳои пиставу химча, гулу гиёҳро ба коми худ дармекашиданд ва ин рўди маст лаҳза ба лаҳза, дар ҳар қадам пурғуруртар мешуд. Гўё фарёди ваҳшатбори дарё дар кўҳу даман чунин ғулғула меандохт: “Эй халқи Худо! Эй кўҳу дашту саҳро! Қудрати беинтиҳои маро тамошо кунед! Кист он, ки садди роҳи ман шудан мехоҳад?! Ман қодирам, ки ҳамаи шуморо якҷо ба коми худ фурў барам!”

Доду фиғони дарё воҳимаангез буд. Амвоҷаш забона зада гулу регу гиёҳро рўи об мебароварданд ва боз дубора онҳоро дар дили дарё пинҳон мекарданд.

Ана, рўи мавҷҳои пуршўр як ашёи сурхранге намоён шуд. Аз афташ зарфи сабуки обнўшист, ки аз дасти чўпоне раҳо шуда, ба дарё афтодааст. Не, зарф нест, балки ба кулоҳ монандӣ дорад. Наход кадом бадбахте ғарқи дарё шуда бошад? Ана, он рўи мавҷҳо шино карда, ба соҳил наздик мешавад. Ҳоло маълум аст, ки на кулоҳ асту на зарфи обгирӣ. Чист он? Эҳ, як дафтар аст! Дафтари муқовасурх чанд лаҳзаяке рўи об шино карду аз назар нопадид гашт.

Эҳ, дарё, дарё! Чӣ қадар розҳое, ки дар дили ту нуҳуфтаанд. Шояд он дафтари хотираҳои ошиқи зорест, ки ба висоли ёри худ нарасида, дарди дили сўхтаашро бо хуни дил дар саҳифаҳои он навиштаву сипас аз ноумедӣ ба қаъри ту ҳавояш додааст, то ёдҳои ширинаш, сўзу соз, дарду доғашро фаромўш кунад? Ё шояд дафтари хотираҳои духтараки муштипаре бошад, ки дилшикаста аз бевафоии дўстдоштааш, онро ба қафаси синааш зер карда, худро ба дарё афкандааст?

Оҳ, дарё! Ту чӣ қадар бераҳму хунхорӣ. Чӣ қадар ошиқони ноком, занони ноумед, ҷавонони навхат, паҳлавонони забунгашта, модарони раҳгумзада, падарони аз доғи фарзанд гурехта, ҳатто тифлҳои маъсуму бегуноҳро ба коми худ фурў бурдаӣ! Чӣ қадар сирру асроре, ки дар дили ту ниҳон аст, дарё!

Вале намедонам аз чӣ сабаб бошад, ки ман ба ҳама ғаддорию хунхорият нигоҳ накарда, ба ту ҳасад мебарам. Шояд барои он ки ту ба қафо, ба гузашта барнамегардӣ, дафтари хотираҳоятро дубора варақ намезанӣ ва ба ёди гузашта ҳасрат намехўрӣ. Яъне:

“Нишони ҷавонӣ зи пирон маҷўй, Ки оби рафта пас н- ояд ба ин ҷўй”.

Вале ман наметавонам рўзгори талхи гузаштаро фаромўш кунам. Хотираҳо азобам медиҳанд. Мехоҳам аз онҳо раҳо ёбам, аммо наметавонам. Хотираҳои гузашта ҳамеша маро дунболгиранд, диламро мефишоранд. Эй кош, ман ҳам мисли ту мешудам, эй дарёи бузург! Эй кош, хотираҳои ғамангез маро тарк мегуфтанд.

Хотираҳо, хотираҳо...

ҚИСМИ ЯКУМ

Манзура аз фарёди пурҳароси худаш як қад парида, аз хоб бедор шуд. Мехост чашмонашро кушояд, вале метарсид. Аз хоби дидааш ба воҳима афтода буд. Гўё он ҳама ҳодисаҳо хоб не, балки воқеият буданд.

Ниҳоят, ў оҳиста-оҳиста чашмонашро кушод ва ҳарисона ба чор кунҷи хонаи хобаш назар андохт.

Тамоми вуҷудаш меларзид. Худоё, ин хоб аст ё бедорӣ?

Бо кафи дастонаш чашмонашро молиш дода, дубора ба атрофаш назар кард. Вақте яқин ҳосил кард, ки хоб дидааст, зери лаб “шукр” гуфт, аммо ҳоло ҳам ёрои хестан надошт. Ба шифти хона дида дўхт.

Наметавонист аз таҳти таъсири ҳаяҷони ногувораш берун шавад. Базўр хесту болои кати хобаш нишаст.

Ҳанўз ҳам дарақ-дарақ меларзид. Ҳарчанд кўшиш кард, хоби даҳшатноки бесарунўгашро дақиқан ба хотир оварда натавонист. Аҳён-аҳён ба ёд овард, ки дарёи пурталотуму ҳавлноке ўро ба қаъри худ мекашид. Зери лаб “Худоро шукр, ки ҳамааш дар хоб будааст”- гуфту ҳаракати рост шудан кард. Нимхез шуд, аммо дарк намуд, ки рост истода наметавонад.

Худоё, ба ў чӣ шудааст? Пойҳояш тамоман бемадор буданд. Нишасту дубора чашмонашро пўшид.

Ин дафъа хобашро возеҳу равшан ба ёд овард, ҳатто садои пурхурўши дарёро шунид... Одамони бисёре ба ҳамдигар ҷафс шуда, ҳайрону ваҳшатзада дар соҳили дарё меистоданд. Худоё, ана, дар оғўши тўфону бод, миёни одамон духтарчаи ў Нозия ҳам ҳаст.

Духтараки тарсхўрда доду фиғон бардошта, дастонашро имдодхоҳона сўи модар дароз кардааст.

Ҳама одамони соҳилро наздик омадани кадом як ҳодисаи шуме ба воҳима афкандааст. Ногоҳ аз он тарафи дарё боди сахти афғонӣ вазида, ҷўшу хурўши дарёро даҳчанд кард ва одамон ба умеди халосӣ худашонро ба зери буттаҳои соҳил заданд. Манзура ҳам духтарашро рўи даст гирифта гурехтанӣ буд, ки садои шиносе ўро аз рафтан боздошт. Баргашта ба қафо нигарист ва дар ҷояш шах шуда монд. Дар миёни амвоҷи ҳалокатбори дарёи маст шавҳараш Олимҷонро дид, ки гоҳ рўи об баромадаву гоҳе зери об шуда, бо марг дастогиребон аст. Вай мадад металабид. Манзура ба умеди ёрӣ ба ақиб, ба ҳамраҳонаш нигарист, аммо аз онҳо дарак набуд, дар соҳил фақат ў монда буду духтараш, дигарон аз ҳавли ҷон зери буттаву пушти сангҳо нопадид гашта буданд. Нозияро рўи замин монду худро ба дарё зад. Бод ҳуштаккашон мавҷҳои хуношоми дарёро болову поин мезад. Аммо Манзура ғуриши боду туғёни обро намешунид. Ў қулоч кашида ҷониби Олимҷонаш шино мекард. Ана, ў боз сари худро аз об берун оварда, ҳамоно аз Манзура имдод металабад. Манзура торафт ба Олимҷон наздик мешуд, вале мавҷҳои бераҳм чун садди оҳанин намегузоштанд, ки дасти ў ба дасти азизи дилаш бирасад. Гўё уллоси ваҳмангези бод ва ғурриши фалокатбори дарёи хунхўр ҳама оламро фаро гирифта буданд, аммо Манзура ин ҳамаро намешунид, дар гўшаш фақат садои Олимҷон буду бас. Ҳаракати беисти мавҷҳо нафаскашии ўро танг карда, зери обаш мекашиданд. Ў бошад, ба ҳеҷ қуввае таслим шудан намехост. Ниҳоят ба “паноҳгоҳи обӣ”-и Олимҷонаш расид. Ҳарисона ба чор тараф нигоҳ мекард, ки ҳамин дам Олимҷон аз об сар баровард. Ў тамоман наздик, чеҳрааш бараъло намоён буд. Ҳамон Олимҷоне буд, ки Манзура дар вақти ҷавонияш дида буд. Ҳамон мўйлабҳои базеб, ҳамон паҳлавонҷуссагӣ. Номашро гирифта, ҷеғ зад. Олимҷон, хандаи ҳамешагияш ба лаб, ўро бо ишораи даст ба сўйи худ мехонд. Манзура худро ба он тараф зад. Аммо бод уллоси даҳшатноке кашид ва мавҷи азиме миёни дилдодаҳо баланд шуду аҳриманвор хандид. Онҳо боз ягдигарро гум карданд. Акнун овози Олимҷон аз тарафи муқобил баланд мебаромад. Манзура охирин қувваи худро ҷамъ карда, ба сўйи овоз шино кард...

Ниҳоят онҳо ба ҳамдигар наздик шуданд. Дастонашон ба ҳамдигар расид. Якдигарро сахт ба оғўш гирифтанд ва нафасҳои гармашон ба ҳам печид...

Исёни боду дарё ҳамоно идома дошт. Нохост мавҷи бузурге хурўшиду ошиқони ташнакомро аз якдигар дур афканд... Манзураро дигар мадори бо дарё муқовимат кардан набуд, нафасаш тангӣ мекард, дастхуши мавҷҳои бетараҳҳуми дарё гашта буд. Дигар на

Олимҷонро медиду на садои ўро мешунид. Талх гирист. Аз таҳлукаи ҷон буд ё аз гум кардани Олимҷон, ки фарёди баланде кашид ва аз садои худ бедор шуд.

Манзура бори дигар кўшиши аз ҷой хестан кард, вале боз ҳам натавонист. Дар ҷояш нишаста, зонуҳояшро молид ва сипас ба девор такя карда бархесту хастаҳолона ба ҳуҷраи хоби писараш гузашт.

Темур ҳанўз дар хоби ноз буд. Дилаш каме ором гирифт ва ў омаду оҳиста дар бари кати писараш нишаст.

Темур, ҳарчанд навакак дувоздаҳсола шуда буд, зоҳиран ба ҷавони ҳабдаҳ-ҳаждаҳсолае мемонд.

Бозувони бақуввату китфҳои васеи ў синни писаракро аз будаш калон нишон медоданд. Модар аз рухсораи ў бўсиду шукрона кард, ки он ҳама манзараҳои ваҳшатноки нав аз пеши назараш гузашта ҳамагӣ як хоб буду бас.

Аз тирезаи ҳуҷраи Темур дамидани субҳро бараъло дидан мумкин буд. Ҳавлии онҳо дар паҳлўи роҳи калони мошингарде ҷойгир шуда буд, ки ноҳияро бо маркази вилоят мепайваст. Ҳар субҳ садои мошинҳое, ки ба сўи маркази вилоят мешитофтанд, Манзураро аз хоб бедор мекард. Дар пасманзари роҳи пурмошин мушоҳида кардани субҳи навдамида аҷаб ҳаловате дошт. Нури чароғи мошинҳо аз пардаи рах-рахи тиреза гузашта, хонаро пур аз ранг карда, табъи касро болида мегардонид. Вале ин субҳ ҳамин манзараи марғуб ҳам ба дили Манзура намеғунҷид.

Имрўз мебоист аз шаҳри Душанбе, барои шинос шудан бо фаъолияти ташкилоте, ки Манзура сарварии онро ба зимма дошт, гурўҳи меҳмонон ташриф меоварданд. Дирўз роҳбари марказ занг зада таъкид карда буд, ки барои қабули меҳмонҳо тайёрии ҷиддӣ бинанд, чунки дар ҳайати онҳо якчанд меҳмонони хориҷӣ низ ҳастанд. Манзура ҳама коргаронро аз омад-омади меҳмонҳо хабар дода, бо сармуҳосиб то як ҳиссаи шаб ҳуҷҷатҳои молиявиро аз назар гузаронид.

Вақте аз коргоҳ ба хона баргашт, Темур аллакай хоб буд.

Шавҳараш Холиқ, ки ҳуқуқшиноси як идораи ноҳиявӣ буд, дирўз занг зада гуфта буд, ки дар маркази вилоят аст ва бинобар сабаби тўл кашидани кадом як музокироти судӣ, шаб он ҷо мемонад.

Ба айвон баромада, ба соати деворӣ нигоҳ кард ва зери лаб “имрўз барвақттар ба коргоҳ рафта, то омадани меҳмонҳо ҳуҷҷатҳои боқимондаро аз назар гузаронидан даркор”- гуфт. Аммо писараш, ки дар маркази ноҳия, дар литсей таҳсил мекарду мебоист ҳамроҳаш равад, бехабар аз ғами дунё ва гирудори зиндагӣ, рўи бистари гарму нарм дар хоби ноз буд.

—Паҳлавон, паҳлавон, хез бачаҷонам, имрўз барвақттар рафтанамон даркор,— оҳиста садо кард модар.

Ў писари худро гоҳо ҳамин хел ном мебурд. Аксари ҳамсояҳо ва ҳамсинфони Темур низ ўро “паҳлавон” мегуфтанд.

Темур норозиёна:

—Очаҷон, монед камтари дигар хоб равам, о ҳоло барвақт аст-ку,— гуфта, кўрпаро дубора ба сар кашид.

—Бачаҷон, охир, имрўз ба коргоҳи мо меҳмонони хориҷӣ меоянд, ман бояд барвақттар дар ҷои корам шавам,— гуфт Манзура.

Темур ночор аз ҷой бархест ва барои дастурўшўӣ ба берун баромад.

Пас аз ноништа кардану либосҳои тозаашонро ба бар кардан, модару писар ба роҳи калон баромаданд ва ба мошини раҳгузаре савор шуда, ҷониби маркази ноҳия рафтанд.

Манзура боз хоби имшабаашро ба ёд овард. Се-чор рўз пештар ҳам шавҳари худораҳматияшро дар хоб дида буд. Олимҷон бо хотири мушавваш ба ҳамсараш кадом як матлаберо фаҳмонидан мехост, чизе мегуфт, вале суханони ў дар ёди Манзура намондаанд. Вай фаҳмида наметавонист, ки барои чӣ Олимҷон зуд-зуд ба хобаш медаромада бошад? Охир, пештар, қариб ки ўро хоб намедид-ку? “Шояд арвоҳаш аз чизе норозист?”

— аз дил гузаронд ў.

“Ҳа, аз афташ дар ташвиш аст. Аммо аз чӣ?”. Манзура, ба хаёлоти бесарунўг банд шуда, нафаҳмида монд, ки мошин аллакай 5-6 километр роҳро тай карда, ба назди литсей омада расидааст. Дилашро чизе сахт тазйиқ медод. Аз ҷигарбандаш Темур ҷудо шудан намехост. Ҳамроҳи ў аз мошин фаромад, чизе гуфтанӣ шуд, аммо буғз гулўгираш намуд. Гўё писарашро бори охирин медида бошад, ўро ба оғўш кашид, аз ду бари рўяш бўсид ва дар дидаҳояш ашк ҳалқа зад.

—Худатро эҳтиёт кун, Темурҷон,— гуфт ва то ин ки вай ашки чашмонашро набинад, зуд ба мошин савор шуд.

Темур ҳам, тағйир ёфтани аҳволи модарашро дида, зиқ шуд ва “Хайр очаҷон”,— гуфта, бо хотири парешон сўйи мактаб рафт.

Мошин ба роҳ даромаду то расидан ба коргоҳ фикру хаёли Манзура боз ба ҳазор кўчаву таҳкўча сар халониданд.

Рўзи тирамоҳӣ нисф шуда буд. Манзура эҳсос намуд, ки бар асари бехобии дишаба хеле хаста шудааст. Давуғеҷи меҳмондорӣ ва хоби шуми дидааш ҳавосашро парешон сохта буданд.

Хайрият, меҳмонон, ҳарчанд нақшаи то бегоҳ истоданро доштанд, дар нимаи аввали рўз корашонро ба анҷом расонида рафтанӣ шуданд. То рафтани онҳо, тахминан соатҳои 11-12 шавҳараш Холиқ занг зада, то кадом вақт истодани меҳмононро пурсида буд.

Манзура ҷавоб дод, ки кор зиёд аст ва имрўз ба хона рафта наметавонад ва хўроки нисфирўзиро ҳамроҳи меҳмонон дар ҷойи кораш мехўранд.

Меҳмонон пас аз хўроки нисфирўзӣ сўйи марказ роҳ гирифтанд. Баъд аз гусели онҳо Манзура ба зердастонаш якчанд супоришҳо доду ба сармуҳосибаш

Комил муроҷиат карда гуфт:

—Сарам дард мекунад, ба болои ин, хеле монда шудаам. Ту корро назорат кун, баъзе камбудиҳои ҷойдоштаро бартараф намоед, ман имрўз барвақттар ба хона рафта, камтар дам мегирам.

Ба писараш занг зада, пурсид, ки агар дарсҳояш тамом шуда бошанд, якҷоя ба хона раванд, вале Темур гуфт, ки онҳо дарси иловагӣ доранд ва ҳоло рафта наметавонад.

Манзура ба роҳи мошингард баромада, сўи хона роҳ пеш гирифт.

аз 22
навбатӣ