Зеҳн
ХОЛМУРОДИ МИРЗОБЕК ҲАМТАҚДИРОН ҚИССАИ ВОҚЕӢ

Хонандаи азиз! Китобе, ки инак ба даст гирифтӣ, қиссаи воқеӣ буда, аз зиндагии ду оила ва наздикону пайвандони онҳо ҳикоят мекунад ва зимнан чандин саҳифаҳои рўзгори нобасомони солҳои 90-уми асри гузаштаи ҷомеаи Тоҷикистонро равшан месозад. Китоб аҳаммияти тарбиявӣ дошта, барои доираи васеи хонандагон пешбинӣ гардидааст.

Зеҳн · 24 октябри 2024 · 22 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Як рўз, вақте ки ҳамкурсҳо ба ҳамдигар суҳбату шўхӣ карда пахта мечиданд, ҳамгурўҳаш Дилшод ба

Муҳаббат нидо карда гуфт:

—Муҳаббат, ба ту як хушхабар дорам. Лекин аввал бигў, ки чӣ шодиёна медиҳӣ?

Манзура, ки дар паҳлуи Муҳаббат пахта мечид, сар бардошта ба атроф назар кард ва дид, ки Амрулло аз роҳи канори пахтазор гузашта, сўйи онҳо меояд.

Дилшод бошад, ҷавоби Муҳаббатро интизор нашуда, бо овози баланд гуфт:

—Нигоҳ кунед, меҳмони олиқадр, худи “Шакка” омада истодааст.

Тамоми донишҷўён ба тарафи роҳ чашм дўхта, ҳама баробар хандиданд, ҳатто чанд кас қарсак ҳам заданд. Амрулло шояд аз хандаю кафкўбиҳои донишҷўён шарм кард, ки дар ҷояш шах шуда монд.

Муҳаббат бошад, аз шарм лолагун гашта, сарашро аз қатори пахта намебардошт. Дилшод бо овози пасттар:

—Биё, язнамулло, арўс туро интизор аст,— гуфта шўхиҳояшро идома медод.

Донишҷўён аз нав ба хандаву қарсакзанӣ даромаданд. Амрулло, гўё дигар ёрои ҷунбидану роҳ рафтан надошт. Манзура, барои он ки ўро аз ҳолати хиҷолатзадагӣ барорад пешдомани пахтаашро ба замин монда, ба наздаш рафт. Амрулло, аз дидани

Манзура каме авзояш дигар шуда бошад ҳам, ҳамоно дар ҳаяҷон буду шарм медошт. Онҳо чанд сухане бо ҳамдигар радду бадал карданд ва сипас Манзура баргашта ба назди дугонааш омад. Муҳаббат миёни ҷўяи пахтазор нишаста, аз ҳаёву изо бо кафи дастонаш рўяшро пўшида буд. Ҳарчанд ки Манзура хоҳиш кард, ў ба назди Амрулло рафтанро рад кард. Ҷавони бечора ҳамоно интизори дўстдоштааш меистод.

—Чӣ, мехоҳӣ, ки ҳамкурсонам маро масхара карда гаштан гиранд,— гуфта Муҳаббат хоҳиши дугонаашро инкор карда, боз илова намуд:— дугонаҷон, рав, ба вай гўй, ки зуд аз ин ҷо равад, вагарна дигар ҳеҷ вақт ба ў оштӣ намешавам, илтимос, зуд рафта гўй, охир, ин чӣ шармандагист!

Манзура чӣ кор карданашро намедонист. Вай ночор ба назди Амрулло рафт ва аз бетаҷрибагӣ ҳама суханони Муҳаббатро айнан гуфта дод. Амрулло оташин шуд, ранги рўяш оташ гирифтагӣ барин сурх шуд, чашмони калон-калони сиёҳаш боз ҳам калонтар шуданд. Вай аз ғазаб меларзид, аммо ба қароре омада наметавонист. Манзура, ки то ин вақт Амруллоро дар чунин вазъ надида буд, аз мушоҳидаи ҳоли ноҷўри ў дилтанг шуд. Ниҳоят, Амрулло бо овози канда-канда ба сухан даромад:

—Муҳаббат намехоҳад маро бубинад?! Ман ин қадар роҳро тай карда, пои пиёда ба назди вай омадаму вай маро дидан намехоҳад!?

Манзура даступохўрда шуда, чӣ ҷавоб доданашро намедонист. Ҳамин лаҳза боз садои қоҳ-қоҳ зада хандидани донишҷўён баланд шуд ва ин навбат косаи сабри Амруллоро шикаст. Ў бо қаҳр ҷониби Манзура нигоҳ карда, ба овози баланд:

—Майлаш, агар ў маро дидан нахоҳад, хоҳишашро иҷро мекунам. Худамро ба об партофта, нобуд мешавам,— гуфт ва сўйи канали калоне, ки тақрибан як километр дуртар ҷорӣ буд, давид.

Ҳамкурсҳо, писарону духтарони ҳайратзада

Амруллоро назора мекарданду касе чӣ кор карданашро намедонист. Духтарон ҳама аз тарс шах шуда монданд. Амрулло ба қафояш нигоҳ накарда, ҷониби канал метохт. Муҳаббат, ки то ин дам аз шарми ҳамсабақонаш сар миёни зонувонаш гирифта хомўш буд, бо таҳлука барҷасту бо овози ларзону гиряолуд ба ҳамкурсонаш муроҷиат кард:

—Бачаҳо, Амрулло оббозӣ карда наметавонад, илтимос, давида, ўро нигоҳ доред. Вай шўхӣ намекунад. Худамро ба об мепартоям гуфт, албатта, мепартояд. Илтимос, бачаҳо, шитоб кунед!

Ҳашт нафар писарон ва аз қафои онҳо ҳама духтарон аз пайи “язнамулло” давиданд. Амрулло аллакай хеле дур рафта буд, аммо овозаш аҳён-аҳён ба гўш мерасид, ки номи Муҳаббатро такрор мекард. Он лаҳзаҳои риққатовар чӣ қадар давом карданд, Манзура ба хотир оварда натавонист. Амрулло аллакай ба назди канал расида буд ва чун дид, ки бачаҳо ба ў наздик мешаванд, худашро ба об ҳаво дод. Муҳаббат

“вой дод” гуфта, худро ба замин партофт. “Ўро наҷот диҳед, бачаҳо, охир, вай оббозӣ карда наметавонад” илтиҷо мекард вай. Духтарони боқимонда низ ҳаккосзанон, бо сару рўи арақшор ба назди Муҳаббат расида омаданд. Оҳу афғони Муҳаббат, қиёфаҳои тарсхўрдаи духтарон, давуғеҷи бачаҳо ҳоло ҳам дар пеши назари Манзура ҷилвагаранд.

Лаҳзае нагузашта бачаҳо яке аз пою дигаре аз китфи Амрулло бардошта, ўро ба соҳил канал бароварданд ва гўё ба бадани хаставу абгори

Муҳаббат аз нав ҷон дамид. Вай парида аз ҷояш бархест ва сўйи Амруллои азҳолрафта давиданӣ шуд, аммо давидан куҷо, ки пойҳояш маҷоли рост истодан надоштанд. Манзура аз китфони дугонааш дошта кумак кард, то дубора дар ҷояш нишинад. Духтарони дигар давида рафта, Амрулло ва бачаҳои наҷотбахшро ҳалқавор печонда гирифтанд. Бачаҳо сари Амруллоро поин кардаву пойҳояшро баланд бардошта ва яке аз онҳо шиками ўро кам-кам зер карда, кўшиш доштанд, ки оби фурўбурдаашро бароранд. Ду нафари дигар дасту пойҳои ўро мемолиданд, то ба баданаш гармӣ давад. То ин вақт Муҳаббат ҳам бо ёрдами Манзура ба назди бачаҳо расид ва ба Амрулло муроҷиат карда:

—Охир, ин чӣ кори кардагият буд, ба ҷони худат раҳм накардӣ?— гуфту боз инони гиряро сар дод.

Баъди чанде Амрулло ба нафаскашӣ даромад ва дар болои сараш Муҳаббатро дида, шояд аз беҳолӣ буд ё аз ҳисси шарму гуноҳ, ки чашмонашро дубора пўшид.

Акнун бачаҳо ҳам ба худ омада, ба байни сухани ҳамдигар даромада, ҳодисаи шуда гузаштаро ҳар яке ба таври худ шарҳ медоданд. Пас аз он ки радду бадалҳо ба охир расиданд, Дилшод ҳодисаро кутоҳакак барои духтарон шарҳ дод:

—Дар ҳақиқат, Амрулло оббозӣ карда наметавонистаат, вақте мо расида омадем, вай аллакай дар зери об буд. Мо ҳамакаса ба об даромадему хайрият, ки ба зудӣ дарёфташ кардем.

Ҳоло дар чеҳраи Дилшод аз ҳазлу шўхӣ осоре боқӣ намонда буд. Вай аз кирдори ноҷои худ изҳори пушаймонӣ мекард.

Нафаскашии Амрулло ба эътидол даромад, ранги рўяш даромад. Акнун бачаҳо ба сару тани шип-шилта ва лойолуди ҳамдигар нигариста механдиданд.

Духтарон, ки то ин вақт аз тарсу ваҳм ёрои сухан гуфтан ҳам надоштанд, ба андомҳои дар лой ҷўлидаи бачаҳо нигариста, ба хандаи бачаҳо ҳамроҳ шуданд.

Садои ханда тамоми саҳрои беканорро пахш кард, фақат як кас намехандид, ин ҳам бошад Муҳаббат буд.

Ў ҳоло ҳам дар болои сари Амрулло хам шуда, назорааш мекард. Ҳоло вай нафаси озод мекашид, чашмонашро ҳам кушода буд. Баъди чанд лаҳзае

Амрулло аз хандаи донишҷўён шарм дошта бархест ва дар ҷояш нишаст.

Донишҷўён ба ҳамдигар ишора карда, аз ҷои ҳодиса дур шуданд, акнун онҳо намехандиданд, бо садои баланд гуфтугў ҳам намекарданд, то ба розгўиҳои ин ду ошиқи зор халал нарасад. Муҳаббат овоз дода, Манзураро ба наздаш хонд.

Ҳоло ҳам Амрулло бо сарашро хам карда нишаста буд, тамоми либосҳояш лойолуд буданд. Дугонаҳо аз ў хоҳиш карданд, ки либосҳояшро кашад то онҳоро бишўянд. Амрулло фақат куртаю майкаашро бароварду ба кашидани шимаш розӣ нашуд.

—Агар тавонӣ маро бубахш. Ман туро дар назди ҳамсабақонат шарманда кардам,— гуфта Амрулло аз

Муҳаббат узрхоҳӣ кард боз илова намуд:— охир, агар туро набинам, ҳолам дигар мешавад. Чанд рўз аст, ки ҳатто хўрок ҳам нахўрдаам, ба болои ин, дуруштӣ карда, бо муаллим ҷанҷол шудам ва ў масъалаи маро барои муҳокима ба Шўрои муаллимон пешниҳод намудааст. Хайрият, ки ҷўраҳоям ҳар рўз як қисме аз пахтаи чидаашонро ба номи ман мегузаронидаанд, вагарна маро аз донишгоҳ пеш мекарданд. Ана, болои сўхта намакоб, боз ту имрўз гуфтӣ, ту маро дидан намехоҳӣ. Пас, ман чӣ кор кунам?

Ҳарсе чанд муддат хомўш истоданд. Ниҳоят, хомўширо Манзура халалдор карда:

—Хайр майлаш, шумо бо ҳам суҳбат кунед, ман рафтанам даркор,— гуфт ва аз ҷой бархоста, аз ақиби духтарон рафт.

Баъд аз як соат Муҳаббат ҳам ба назди ҳамкурсонаш омад. Ҳамаи онҳо ба даҳон об гирифтагӣ барин хомўш буданд. Ҳатто Дилшод, ки ягон дақиқа хомўш истода наметавонист, ҳоло гап намезад. Шояд ҳамкурсонаш бо ин рафторашон аз Муҳаббат узр хостанӣ буданд.

Пас аз чанд рўз овозаи ин воқеа миёни донишҷўёни донишгоҳ паҳн гашт. Муҳаббати серҳаракату шўхтабиат ба як одами дамдузд табдил гашта, рангаш сахт коҳид. Ў, ба истиснои Манзура, қариб бо ҳеҷ кас суҳбат намекард ва он ҳам на ҳамчун пешина бо ҳазлу шўхӣ, балки каму кутоҳ.

Баъд аз мавсими пахтачинӣ ҳам Муҳаббат тағйир наёфт, аз дугонаҳо ва ҳамсабақонаш дурӣ меҷуст.

Манзура медид, ки дугонааш дарун-дарун месўзад, вале ҳоло ҳам сирри дилашро ба ў гуфтанӣ нест. Пай мебурд, ки Муҳаббат гоҳ-гоҳе бо Амрулло вомехўранд ва пас ҳар як дидорбинияшон одати Муҳаббат кам-кам дигаргун мешавад. Рўзе Манзура баъди фориғ шудан аз дарсҳо аз дугонааш хоҳиш кард, ки якҷоя барои харидани майда-чуйда ба мағоза раванд. Пас аз харид кардан дугонаҳо қарор доданд, ки то хобгоҳ пиёда раванд. Дар роҳ Манзура таклиф кард, ки рўи хараки сояи дарахте нишаста, каме суҳбат кунанд.

—Дугонаҷон, охир, бас будагист ин ҳама дамдуздию одамгурезиҳо. О, ин қадар ғамро дар дил ғунҷонидан мумкин нест! Калонҳо беҳуда намегўянд, ки дарди дилатро ба касе гўй, то бори ғамат камтар шавад, вагарна одам аз по заданаш мумкин,— гуфт

Манзура ба умеде, ки бори ғами Муҳаббатро сабуктар гардонад.

Муҳаббат дар ҷавоби суханони дугонаи худ хомўширо ихтиёр карда буд.

—Сараш аз осмон ҳам омада бошад ҳам, биё, мон ҳамон Амруллоятро! Охир, худаш чӣ гап, вай туро ин қадар азоб дод, шарманда кард, ту ҳатто дар назди одамон саратро боло карда наметавонӣ,— гуфт

Манзура ва баъд аз таваққуфи кутоҳе боз илова намуд:— Як бор ба худат нигоҳ кун. Охир, ин чӣ аҳвол аст? Ба зани чилсола монанд шудаӣ.

—Дугонаҷон, биё, ба хона меравем. Як рўз не, як рўз худат ба ин саволу пурсишҳоят ҷавоб меёбӣ,— гуфт кутоҳакак Муҳаббат.

Баъд аз ин гуфтугў дугонаҳо ин мавзўъро фаромўш карданд. Аз байн моҳҳо гузаштанд. Ҳоло ҳам донишўён дар вақти рў ба рўяшон омадани Муҳаббат лабханд мекарданд, хусусан, духтарони факултаашон ўро бо Амрулло дида, ба ҳолаш механдиданд ва албатта, ҳамаи ин ҳолатҳо ба рўҳияи Муҳаббат бетаъсир намемонд.

Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, Муҳаббату Амрулло аз якдидар рў нагардониданд. Манзура боре мушоҳида кард, ки онҳо суҳбаткунон дар кўчаҳо қадам мезаданд ва Амрулло бо ишораи даст ба Муҳаббат ким чиро мефаҳмонду Муҳаббат сарашро хам карда, чизе намегуфт. Ба онҳо нигариста, Манзура як воқеаи хеле пештар шуда гузаштаро пеши назар овард. Он вақт имтиҳонҳоро супорида, курси сеюмро хатм мекарданд.

Мувофиқи аҳди пешакӣ ҳамкурсон, пеш аз он ки ба таътил раванд, мебоист дастурхони идона ороста, як базми рақсу суруд ташкил мекарданд. Онҳо чунин нишастҳояшонро ҳар сол дар назди кўли “Комсомол” барпо менамуданд. Қисме аз духтарон катҳои таги дарахтони сояафкан бударо ба тартиб меоварданд, дастархон оро медоданд, қисми дигар ба рўбучини гирду атроф машғул буданд. Бачаҳо бошанд, шохаҳои дарахтони хушкидаро ҷамъ намуда, ба назди дег меоварданд. Чанде аз онҳо ба тайёр кардани оши палав машғул буданд. Як қисм ҳамсабақони аз кор фориғ дар кўл оббозӣ мекарданд. Духтарон, гўё гапҳои ногуфтаашон мемонда бошад, ду-ду, се-се ҷамъ омада, самимона суҳбат доштанд. Ҳамин вақт Амрулло ба назди онҳо расида омад. Бачаҳо хоҳиш карданд, ки ошро Амрулло пазад. Онҳо медонистанд, ки вай ошпази моҳир аст. Амрулло хоҳиши бачаҳоро рад накард ва бо чанде аз онҳо ба пухтупаз шурўъ намуд.

Баъди чанд муддат, ки ошро дам мепартофтанд, ҳама ба гирди дастархон ҷамъ омаданд. Бачаҳо аз ким куҷое диски сурудҳои Тоҷиддин Муҳиддинро дарёфт намуда, таҳти суруду наво рақсу хурсандӣ мекарданд. Вақте суруди “Эй санам!” садо дод, ҳама якҷоя ба рақс даромаданд. Муҳаббату Манзура ҳам мерақсиданд.

Амрулло низ ба давраи духтарон ҳамроҳ шуд. Ногоҳ аз куҷое чун меҳмони нохонда се-чор ҷавони ношинос пайдо шуданду беибо ба ҷамъияти барояшон ноошно ҳамроҳ шуданд. Аз ҳаракатҳояшон маълум буд, ки сархушанд. Базм давом мекард акнун як қисм бачаҳо аз рақс фориғ гашта, дар давра рост истода, бо завқ қарсак мезаданд. Он ҷавонони ношинос шояд аз рақс боз ҳам сархуштар шуда буданд, ки акнун ба давраи духтарон даромаданд. Яке аз онҳо, ки нисбат ба дигар ҳамроҳонаш танумандтар буд, аз дасти Муҳаббат дошта, ўро ба майдон бароварданӣ шуд. Муҳаббат дасташро раҳо карда, хоҳиши ўро рад мекард. Ҷавон аз рафтори Муҳаббат ба қаҳр омада, ин дафъа омада, ўро маҷбуран ба майдон кашид. Амрулло, ки то ин вақт лаб таги дандон монда тоқат мекард, пеш омаду он меҳмони нохондаро аз давра берун кард. Ҷавон, ки бе ин ҳам оташин гашта буд, даст бардошта ўро заданӣ шуд, вале Амрулло бо як чолокии ғайричашмдошт, кашидаву кушода чунон як мушти обдоре фаровард, ки вай мисли кундаи дарахт ба замин афтод. Аз чунин сурат гирифтани кор духтарон тарсида ба ҳар тараф пароканда шуданд. Бачаҳо дар гирди Амрулло ҷамъ омада буданд. Ҳамроҳони он “паҳлавон”-и дар замин хобида давида ба назди рафиқашон омаданд. Ҷавон баъди чанде аз ҷояш хест. Лабу лунҷаш хунолуд буд. Ў либосҳояшро аз хоку чанг афшонд, хуни лабу бинияшро бо дастпоки кисааш тоза кард ва чашмонашро калон кушода, ба Амрулло таҳдид кард:

—Майлаш, имрўз ту дар ҳалқаи ҷураҳоят зўриатро нишон додӣ, лекин ҳаминро дониста гир, ба ҷои як муштат агар сад мушт нахўрӣ, номи ман Қаҳҳор набошад.

Амрулло, ки ҳоло ҳам хашмаш паст нагашта буд:

—Ман аз ту наметарсам, ҳар куҷое бошад, ҷавобатро мегирӣ,— гуфта посух дод.

Бо ҳамин, ин муноқиша ба анҷом расид ва рақсу бозии ҳамсабақон идома ёфт. Онҳо баъди ба итмом расидани базм бо ҳамдигар хайрухуш карданду рафтанд. Писарон Амруллоро таъриф мекарданд.

Духтарон низ бо ҳаяҷону хушнудӣ ҳарф мезаданд ва шояд ҳасад ҳам мехўрданд, ки Муҳаббатро чунин ҷавони зебо, паҳлавон ва нотарс ошиқи шайдо гаштааст. Дилшоди шўх бошад:

—Офарин, ба язна! Ў бо як зарба тавонист, ки ҳарифро ба тахтаи пушт ғалтонад. Ту бояд бо ў фахр кунӣ,— мегуфт ба Муҳаббат.

Пеш аз анҷоми нишаст Амрулло кори заруре дорам гуфта, баромада рафта буд. Рўзи дигар Манзураю

Муҳаббат тараддуди ба хона рафтан доштанд. Вақте ки онҳо бору ҷомадонҳояшонро гирифта, ба остонаи хобгоҳ баромаданд, яке аз писарони гурўҳашон ба назди онҳо омада, аз Муҳаббат пурсид:

—Ту магар хабар надорӣ, ки дина бегоҳӣ ҳамон бачаҳои шилқин як шайкаи калон ташкил карда, омада

Амруллоро задаанд? Ҳоло ў бе ёду беҳуш хоб аст.

Мегўянд, ки Амрулло худаш танҳо ба ҷанг баромада, аввал панҷ-шаш каси онҳоро зада меафтонад, вале яке аз онҳо аз қафо ба сари Амрулло ба чўб мезанад.

Аз шунидани ин хабар дугонаҳо ҳайрон-ҳайрон ба ҳам нигариста, борҳояшонро бардошта, боз ба хобгоҳ даромаданд.

—Дар ҳақиқат, имшаб аз кадом як ташвиши ноаёне хобам набурда буд,— мегуфт Муҳаббат.

Вақте ки онҳо ба аёдати Амрулло ба хобгоҳи бачаҳо омаданд, қариб ҳамаи ҳамсабақонаш дар гирди ў даву ҷеғ доштанд. Ҳар кас воқеаи шудагиро ба таври худ шарҳ медод. Амрулло аз дидани Муҳаббат хиҷолат кашида, ҳаракати хестан кард, вале рафиқи дар наздаш буда, нагузошт. Тамоми бадани ў хуншор буд, ҳатто чашмонаш аз варами сару рўяш базўр намоён буданд.

Рафиқонаш “Амруллоро боз ба тафтишот накшанд”- гуфта, ўро ба беморхона набурда буданд.

Дугонаҳо боз маҷбур шуданд, се-чор рўзи дигар дар хобгоҳ монанд.

Манзураро садои хандаи Муҳаббат ба худ овард. Ў сар бардошта дид, ки онҳо баргашта ба сўяш меоянд.

Ошиқон аз дасти ҳамдигар дошта, базавқ суҳбат мекарданд.

Аҷаб хуш аст, даврони ҷавонӣ, гоҳе гиря, гоҳе ханда, гоҳе қаҳр, гоҳе ташна ба дидори ҳамдигар.

Манзура ба ин ҷуфти ошиқ нигоҳ карда, ҳавасаш омад. Шояд ў ҳам мехост, ки ҳоло дар бараш ҷавоне бошаду ў низ ба мисли Муҳаббат биболад, бихандад, даст ба дасти дўстдоштааш дода, бо меҳр ба умқи чашмони вай нигоҳ кунад, изҳори муҳаббат намояд.

Ҳарчанд Муҳаббат бо Амрулло чандин бор қаҳрӣ шуда бошанд ҳам, дере нагузашта риштаи ишқу муҳаббати онҳо дубора пайваст мешуд. Баъди ҳодисаи худро ба об партофтани Амрулло, Манзура гумон дошт, ки ин дафъаи охирин аст ва Муҳаббат дигар ҳаргиз ошиқашро намебахшад. Худи ў ҳам ба дугонааш дилаш сўхта, хоҳиш карда буд, ки муносибаташро аз Амрулло канад.

“Ў туро шарманди дунё кард” гуфта буд. Вале Муҳаббат ба гапи ў гўш намедод, боз бо Амрулло вомехўрд. Манзура ин хаёлҳоро аз сар гузаронда, бо дилаш “не” мегуфт, аммо дар дилаш ишқ хона карда буд.

Олимҷон ба ёдаш омад. “Охир, худаш чӣ гап?”

- мепурсид аз худаш Манзура. Охир, барои чи ў

Олимҷонро фақат як маротиба дидаасту қариб 3-4 моҳ шуд, ки чеҳраи ў аз пеши назараш дур намешавад? Боз ба дугонаи хуштолеаш нигарист. Онҳо рў ба рў истода, роз мегуфтанд, Муҳаббат аз сидқи дил механдид.

Аллакай бегоҳ шуда бошад ҳам, онҳоро парвои шабу рўз набуд.

Манзура хаёле худашро дар канори Олимҷон тасаввур кард. Ў ҳам мисли Амрулло дастони ўро сахт дошта, ба ў изҳори муҳаббат карда мекунаду Манзура аз шарм сарашро боло карда наметавонад... Аз андешаҳои худаш шарм дошту суп-сурх шуд. Хайрият, ки касе ин аҳволи ўро намебинад. Борҳо воқеъ шуда буд, ки ҷавонон ба ў изҳори садоқат мекарданд, аммо вай ба ҳама ҷавоби рад медод. Соли гузашта рўзи 8- уми март, вақте бо Муҳаббат ба ҳуҷраашон даромад, ҳарду ҳайрон монданд. Дар болои мизашон як сабад гули зебо меистод. Дугонаҳо ҳайрон шуданд, вале чун аз даруни гул мактуберо дарёфт карда хонданд, соҳиби гул маълум шуд. Онро ба Манзура туҳфа оварда буданд. Ў он ҷавонро мешинохт. Вай дар факултаи муҳандисӣ таҳсил мекард ва бисёр духтарони донишгоҳ хоҳиши бо ў шинос шудан доштанд. Илова бар он ки олуфтаю зебо буд, он ҷавон падари сарватманде дошт. Дар бари сабад қуттии калони пур аз туҳфа меистод. Манзураро қаҳраш омад ва сабади гулу қуттии шоколадро ба соҳибаш баргардонд. Баъди ин, он ҷавон муддати як ҳафта хост бо ў вохўрад, вале

Манзура нахост. Шояд муҳаббатгоҳи дилашро

Олимҷон банд карда мондааст?

Рўз акнун бегоҳ шуда буд. Онҳо секаса то кўчаи марказӣ суҳбаткунон омаданд ва дар ҳамин ҷо

Амрулло бо онҳо хайрухуш карда, рафт. Аз чеҳраи

Муҳаббат аён буд, ки хеле хурсанд аст. Манзура бошад, аз банди хаёлоти ширини худ раҳо шуда наметавонист. Вақте ба хобгоҳ омаданд, хост сирри дилашро ба дугонааш кушояд, вале боз ҷуръат накард.

“Аз пода пеш чанг андохта, боз худамро шарманда накунам”- гуфт ў худ ба худ. Аммо баъд аз соате дигар тоқат карда натавонист ва шарму изоро як тараф гузошта, ҳама буду набуди дилашро пеши дугонааш боз намуд.

Муҳаббат ба фикр фурў рафта, хеле хомўш истод ва ниҳоят ба дугонаи ҷониаш нигаристу гуфт:

—Дугонаҷон, ба ту чӣ гўям, Ошиқ шудаӣ. Вақте ки

Амруллоро бори аввал дида будам, бо ман ҳам айнан ҳамин ҳол рўй дода буд. Вале исто, ки он ҷавон куҷо шуда бошад? Ўро ҳатман ёфтан лозим. Охир, мо номашро медонем, донишгоҳашро медонем, факултаашро медонем-ку! Фардо Амрулло меояд, ман аз ў хоҳиш мекунам, ки ба мо ёрӣ расонад.

Аз чунин ранг гирифтани кор Манзура, гўё ки аз чизе метарсида бошад, гуфт:

—Не, не ин корро накунед. Охир, ў маро накобад, пас чӣ даркор худамонро шарманда кардан?

—Ин тавр нагўй. Кӣ медонад, шояд ба ягон ҷо таҷрибаомўзӣ рафта бошад, охир донишҷўёни курси 4- ум ҳамин вақт ба таҷрибаомўзӣ мераванд-ку?— гуфта

Муҳаббат дугонаи худро хотирҷамъ карданӣ шуд.

Рўзи дигар, вақте ки дугонаҳо аз хонаи аммаи

Муҳаббат баргаштанд, аллакай Амрулло онҳоро дар саҳни ҳавлии хобгоҳ, дар таги дарахте нишаста интизор буд. Баробари ба назди ў расидан Амруло аз ҷой хесту ба Манзура нигариста:

—Манзурахон, ман нишонии Олимҷони ту ва ҳама маълумотҳои лозимаро дастрас кардам,— гуфт.

Маълум гашт, ки Олимҷон зиёда аз ду моҳ боз дар шаҳри Кўлоб таҷрибаомўзӣ мекардааст.

—Нагуфтам, ки дар таҷрибаомўзӣ аст,— изҳори хушҳолӣ кард Муҳаббат.

Амрулло гуфт, ки Олимҷон писари боодоб ва аълохон будааст. Аз шунидани ин меҳри Манзура нисбати вай бештар гашт.

Аз байн як ҳафта гузашт. Акнун Манзура аз таҳсил фориғ, дар хона ба корҳои модараш ёрӣ мерасонд, то бегоҳ бо ҷиянҳояш машғул мешуд. Духтари холааш хабари ба таътил баромадани Манзураро фаҳмида, аз деҳаи дур ба хабаргирӣ омада буд.

Пас аз чанд рўз, як бегоҳ духтархолааш ба хонаашон рафтанӣ шуд. Ҳарчанд Манзура хоҳиш кард, ки шаб ҳамин ҷо монад, вай розигӣ надод, гуфт, ки модараш ўро дурўза рухсат додааст.

—Очаҷон, ман Ҳалимаро то истгоҳи автобус бурда, гусел мекунам,— гуфта ҳамроҳи ў ба кўча баромаданд.

Вай Ҳалимаро гусел карда, баргаштанӣ шуд, ки ногоҳ як мошини сабукрави ГАЗ-24-и рангаш сиёҳ омада дар наздаш истод. Манзура ба мошин аҳамият надода, роҳашро давом додан гирифт. Аз мошин ҷавони қоматбаланде фаромаду “Манзура” гуфта ўро садо кард. Худоё, ин Олимҷон буд. Вақте ки Манзура

Олимҷонро шинохт, тамоми вуҷудашро ҳиссиёти ношиносе фаро гирифт, гумон кард, ки пойҳояш дигар қуввати бардоштанашро надоранд, тапиши дилаш чунон баланд шуд, ки онро баръало мешунид.

пешина
аз 22
навбатӣ