Зеҳн
ХОЛМУРОДИ МИРЗОБЕК ҲАМТАҚДИРОН ҚИССАИ ВОҚЕӢ

Хонандаи азиз! Китобе, ки инак ба даст гирифтӣ, қиссаи воқеӣ буда, аз зиндагии ду оила ва наздикону пайвандони онҳо ҳикоят мекунад ва зимнан чандин саҳифаҳои рўзгори нобасомони солҳои 90-уми асри гузаштаи ҷомеаи Тоҷикистонро равшан месозад. Китоб аҳаммияти тарбиявӣ дошта, барои доираи васеи хонандагон пешбинӣ гардидааст.

Зеҳн · 24 октябри 2024 · 22 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Чор соли донишҷўӣ чӣ гуна зуд паси сар шуд,

Манзура нафаҳмида монд.

Як рўзи истироҳатӣ вай бо нияти ба хонаашон рафтан сўйи вокзали автобусҳо раҳсипор гардид.

Баҳор буду нурҳои офтоб тану ҷонро ҳаловат мебахшиданд. Дар истгоҳи вокзал аз троллейбус поин шуд. Аллакай осмонро абрҳои баҳорӣ пўшида буданду хуршед наменамуд. Борон меборид. Манзура, ки бо худ чатр надошт, чӣ кор карданашро надониста, хост дубора ба троллейбус савор шавад, аммо мошин ба роҳ даромада буд. Борон бошад, торафт шиддат мегирифту бо худ шамоли сард меовард. Ў ноилоҷ ҷониби бинои вокзал давиду пай набурд, ки ҷавони чатрбадасте ба вай расида гирифт ва чатрашро ба дасти Манзура дода, худаш сўи вокзал тохт. Манзура аз ин ҳолати ногаҳонӣ лаҳзае дасту по хўрд ва сипас чатрро болои сар гирифта роҳашро идома дод. Ў нафаҳмида монд, ки он ҷавон кӣ буд, ҳатто чеҳраашро дуруст надид.

Вақте дохили вокзал шуд, хост соҳиби чатрро ёфта, амонатро баргардонад. Гумон дошт, ки ҷавон дар дами дар ўро поида меистад, аммо касеро дар ин ҳол мушоҳида накард. Ў ҳатто намедонист, ки он накўкор чӣ либосе ба бар дорад. Ҳарчанд ин тарафу он тараф нигарист, соҳиби чатрро дарёфт накард.

Дар назди даричаи билетфурўшӣ навбат гирифта, ҳамоно бо нигоҳаш ҷавонро ҷустуҷў дошт. Ҷавоне, ки дар қатори навбат пеш аз ў меистод, баргашта ба

Манзура нигарист ва бо табассум:

—Марҳамат, шумо пеш гузаред, чунки аз ман пештар расида будед,— гуфта худаш қафотар рафт.

Манзура фаҳмид, ки ин ҷавони хандонрў соҳиби чатр аст.

—Соҳиби чатр шумоед?— пурсид шармгинона

Манзура.

Ҷавон бо ишораи тасдиқ сар ҷунбонид. Нигоҳи ҷозибадор ва пур аз меҳри ҷавони ношинос ба умқи чашмони Манзура равона гардида, духтари бе ин ҳам шармидаро дубора даступохўрда мекард. Ў чатрро ба соҳибаш баргардонида, изҳори ташаккур намуд:

—Раҳмат, агар чатри шумо намешуд, ман тамоман тар мешудам.

—Барои шумо барин духтари зебо як чатр не, балки тамоми моли дунёро ҳам туҳфа кунанд, кам аст,— гуфта ҷавон суханро ба шўхӣ гардонид, вале бинобар исрори Манзура, онро гирифт.

Манзура баъди гирифтани чипта рўи хараке нишаста мунтазири автобус шуд. Вуҷудашро ким- чигуна ҳиссиёти ноошное фаро гирифта буд. Гумон кард табаш баланд шудааст. “Шояд тар шуда шамол хўрда бошам”,— аз дил гузаронд ў. Аммо хосияти таби баланд дигар аст ва инро Манзура ба хубӣ медонист.

Беихтиёр, гўё қувваи ҷозибадоре ўро маҷбур карда бошад, сарашро боло бардошта ба хараки рў ба рўяш нигарист. Он ҷо “соҳиби чатр” бо ҷавони дигаре нишаста, суҳбат дошт, аммо таваҷҷуҳаш ба суҳбат не, балки ба Манзура банд буд.

Вақте ки Манзура ба автобус даромад, дид, ки аллакай қариб ҳама курсиҳо банд буданд. Чипта дар даст ҷояшро ёфта нишаст. Ҳамин лаҳза ҷавон ҳам ба автобус даромада, дар паҳлуи Манзура ҷой гирифт.

—Ин чӣ рўзи хубе будааст, ки сеюм маротиба бо чунин духтари зебо вохўрӣ мекунам,— лутфомезона гуфт ў.

Дар ҷавоб Манзура фақат як лабханд кард. Хост лутфи ҳамсафарашро бе ҷавоб намонад, вале аз ҳаяҷон чизе гуфта натавонист. Вуҷуди ўро боз ҳамон гармии фараҳбахш фаро гирифта буд.

Автобуси онҳо аллакай аз шаҳр баромада, мавзеи

Фахрободро мегузашт, вале Манзура ҳоло ҳам хомўш буд, ҳатто ҷасорат карда, ба ҷавони ҳампаҳлуяш нигоҳ карда наметавонист. Ҳайрон буд, ки сабабгори ба ин ҳол афтоданаш чӣ бошад? Тамоми роҳ фақат аз тиреза ба берун нигоҳ мекард.

Баҳор ҳама ҷоро сабзу хуррам гардонида буд, дашту даман пур аз сабзаву гулҳои тару тоза. Диққати ўро майдон-майдон гулҳои лола ба худ ҷалб мекарданд. Дилаш мехост, ки ин лаҳза танҳо бошаду миёни гулҳои лола ғел занад, бихандад ва эҳсоси наву гуворои худро ба гўши лолаҳо бигўяд. Аз фикру андешаи худ шармида, оҳиста ба ҷавон нигоҳ кард ва дид, ки ў машғули мутолиаи кадом як маҷаллаест. Боз диққати Манзура ба берун, ин дафъа ба қаторҳои токзор ҷалб гардид, ки беинтиҳо ва бисёр дилкаш менамуданд.

—Чӣ қадар росту бенуқсонанд қаторҳои токзор,— гуфтани ҷавон риштаи хаёлоти Манзураро канд. Ў фаҳмид, ки чашми ҳамсафараш ба маҷалла дўхта шуда бошад ҳам, ҳушу ёдаш ба Манзура будааст ва ҳатто андешаи ўро пай бурдааст.

—Дар ҳақиқат, манзараи дилкаш ва гўё, ҳамин тавр не?— пурсид ҷавон.

Манзура бо табассуми малеҳ ва бо ишораи сар фикри ўро тасдиқ намуд. Боз хомўшӣ. Ҷавон ҳам якравию телбагӣ накарда, гап намезад. Вақте автобуси онҳо ба ҳудуди ноҳия даромад, ҷавон дар куҷо таҳсил доштани Манзураро пурсид. Ин дафъа Манзура хомўширо аз рўи одоб надониста, ба саволи ҳамсуҳбаташ посух гардонд. Маълум шуд, ки он ҷавон

Олимҷон ном доштаасту дар курси чоруми донишкадаи политехникӣ мехондааст ва ҷойи зисташ аз маркази ноҳия каме дуртар будааст.

—Наход ки дар муддати чор сол мо қариб ҳар ҳафта ба як роҳ сафар кунему як бор ҳам бо ҳамдигар рў ба рў наомада бошем? Ё шояд вохўрда бошему ба якдигар аҳамият надода бошем?— гуфт Олимҷон ва боз илова кард,— не, не ин хел духтари зеборо дида, бо ў таваҷҷуҳ накардан номумкин аст.

Манзура аз шарм сурх шуда, ба суханони Олимҷон ҷавобе гуфта натавонист.

Ҳамин тавр, онҳо ба вокзал расида, аз автобус фаромаданд. Олимҷон “Хайр, то дидори нав” гуфту онҳо аз ҳам ҷудо шуданд. Манзура акнун бе ҳарос аз пушти ў нигоҳ карда дид, ки Олимҷон қади баланду бозувони бақувват дошт, чеҳраи хушнамуд ва мўи сари сиёҳаш симои ўро боз ҳам зеботар карда нишон медоданд. Куртаи сап-сафед ва шими кабуд ба қаду қоматаш бисёр мувофиқ афтода буданд.

Бегоҳӣ, ҳангоми хўроки шом модараш ба чеҳраи

Манзура назар дўхта, хавотиромезона пурсид:

—Ҳа духтарҷон, чӣ гап шудааст, ранги рўят паридагӣ барин, мабодо бемор нашуда бошӣ?

Ин сухан диққати падарро ҳам ҷалб кард, магар ки синчакорона ба симои духтараш нигариста:

—Очаат рост мегўяд. Ҳавосат парешон барин,— изҳори ташвиш намуд.

Суханони падару модараш Манзураро осемасар карданд, вай якбора суп-сурх шуду чӣ кор карданашро намедонист.

—Очаҷон, отаҷон ман сиҳату саломат, фақат ҳамин рўз каме таги борон мондам, шояд аз ҳамин сабаб рангам як каме канда бошад, ташвиш накашед, аҳволам хуб аст.

Янгааш, ки духтур буд, омада таб ва набзи

Манзураро санҷиду гуфт, ки ҳолаш хуб аст. Аҳли оила оҳи сабук кашиданд.

Шаб аллакай нисф шуда бошад ҳам, Манзураро хоб намебурд. Ҳеҷ наметавонист ёди Олимҷонро аз сараш дур кунад. Ҳайрон буд, ки барои чӣ ин ҷавон дар вуҷуди ў чунин таассуроти бесобиқаеро ба вуҷуд оварда бошад? Аслан, пеш аз ин ҳам бо ҷавонони ҳамкурсаш муомилаву муошират дошт, вале боре ҳам гирифтори чунин ҳиссиёти номаълум нагашта буд-ку?

Чашмонашро пўшидан баробар, дилаш танг мешуд.

Танҳо қариби субҳ як каме ғанабаш бурд.

Аз байн се-чор ҳафта сипарӣ шуд, вале Манзура симои Олимҷонро аз ҳушу ёдаш дур карда натавонист, ҳатто баъзан дилаш мегуфт, ки ба ҳар роҳе бошад, рафта ўро дарёфт кунаду ақалан аз дур ҷамолаш, қаду басти мавзунашро бубинад. Аз чунин фикрҳояш гоҳо ба таҳлука меафтоду гоҳе дарун-дарун ба ҳоли худаш механдид.

Боз чанд рўзи дигар ҳам ба ҳамин минвол сипарӣ шуд. Ин ҳафта ҳам, вақте Манзура аз Душанбе ба хонаашон сафар мекард, ба вокзал даромадан баробар, ҳамон ҳиссиёти ҳаяҷонангез вуҷудашро фаро гирифт.

Чашмонаш ба ин тарафу он тараф нигоҳ карда,

Олимҷонро меҷустанд, аммо бенатиҷа. Бо умеди он ки ҳоло ў расида меояд, ба автобуси навбатӣ чипта нахарид. Аз байн қариб як соат гузашт, вале

Олимҷонаш пайдо нашуд. Ноумед шуда, чӣ кор карданашро намедонист. Ҳамин вақт касе аз пушт омада, бо панҷаҳояш чашмони ўро пўшид. Манзура пай бурд, ки кадом як дугонааш аст, аммо натавонист мушаххас кунад, ки кадоме аз онҳост. Ниҳоят, дугонааш Малоҳат даст аз чашмони Манзура бардошт ва аз ду китфаш дошта, рўяшро ҷониби худ гардониду хандакунон гуфт:

—Ҳа, дугонаҷон, аҳволат хуб аст? Қариб даҳ дақиқа шуд, ман туро назора мекунам. Ба чор тараф менигарию назарат маро намегирад-а?

Манзура аз дидори дугонааш хурсанд шуда бошад ҳам, ҳамоно ҳавосаш парешон буд, чунки хости дилаш ҳосил нашуд.

—Биё, зудтар рафта чипта гирем, охир, баъд аз чанд дақиқа автобуси охирин ба роҳ медарояд,— гуфт

Малоҳат.

Манзура, гўё нав аз хоб бедор шуда бошад, ба соати девории болои хазинаи чиптафурўшӣ нигарист ва дарк кард, ки як соат боз ў ба фармони дилаш итоат карда, гузаштани вақтро пайхас накардааст.

Дугонаҳо савори автобус роҳ ҷониби ноҳияашон гирифтанд. Манзура чӣ тавр пушти сар шудани роҳи дарозро нафаҳмида монду автобус ба ҳудуди ноҳия дохил шуд. Ҳарчанд Малоҳат чанд маротиба дар роҳ кўшиш кард, ки дугонаашро ба гап дарорад, нашуд.

Ҳушу ёди ў дар дигар ҷо буд.

Манзураву Малоҳат аз автобус фаромаданду аз якдигар ҷудо шуданд. Малоҳат хайрухуш намуда, сўйи истгоҳи автобусҳои самти манзили зисташон рафт.

Манзура бошад, ҳанўз ҳам ноумед нашуда, бо таги чашмаш дар ҳар ҷониби вокзал Олимҷонашро ҷустуҷў мекард. Ҳамин тавр, ў чи хел ба хона расиданашро нафаҳмида монд. Вақте ба ҳавлияшон даромад, ўро духтарчаи сесолаи бародараш истиқбол гирифт. Вай:

—Апаҷонам омад, апаҷонам омад,— гуфта, давида омаду худашро ба ба оғўши кушодаи Манзура партофт.

Падару модар аз дидори ҷигарбандашон хурсандӣ карданд. Манзура ба меҳрубониҳои волидонаш бо табассум ҷавоб гардонида, кўшиш мекард, ки онҳо чун ҳафтаи гузашта парешонҳолии ўро пай набаранд. Рўз ҳам бегоҳ мешуд. Ҳамин замон Анзурат бо шавҳару бачаҳояшон ба ҳавлӣ даромаданд. Онҳо одатан, ҳар рўзи шанбе ба хотири дидорбинӣ бо аҳли оилаашон, хусусан бо Манзура, ки ҳамин рўзҳо аз Душанбе меомад, ба хонаи падар меомаданд. Хоҳарон якдигарро ба оғўш кашида, аз рухсораҳои ҳам бўсиданд. Анзурат синчакорона ба чеҳраи хоҳараш дида дўхта, бо садои паст:

—Чӣ гап шуд, хоҳарҷон, мисли одамони хаёлӣ менамоӣ, аҳволат хуб аст, охир?— гўён нигаронӣ кард.

Манзура ба пурсиши апааш ҷавоб надод. Анзурат саволашро дубора такрор карда бошад ҳам, вале

Манзура боз хомўш монд. Чӣ гуфтанашро намедонист.

Магар мегуфт, ки ақлашро як ҷавоне рабудааст?

Мегуфт, ки ошиқ шудааст? Не! Ба ба ҳолаш механданд.

Дигар ин ки, ҳеҷ намехост касе аз эҳсосоти шахсии ў огоҳ шавад.

Боз як ҳафтаи дигар сипарӣ шуд. Акнун имтиҳонҳои солона сар шуда буданду ҳама донишҷўён ба санҷиши донишҳояшон тайёрӣ медиданд. Онҳое, ки дар шаҳр ва наздикиҳо иқомат доштанд, ба хонаҳояшон рафта буданд. Донишҷўёне, ки аз роҳи дур буданд, дар хобгоҳ маскан гирифта, қисме дар боғи ботаникӣ ва баъзеҳошон дар китобхонаи донишгоҳ то як нисфи шаб ба мутоилаи китобҳои дарсӣ машғул буданд. Ҳама ташвиши пешазимтиҳонӣ доштанд.

Манзура низ ҳамроҳи ҳамсабақонаш аз пагоҳӣ то як паси шаб дар толори хониши донишкадаашон китоб мехонданд, “майна об мекарданд”. Вале, ҳамин ки ў гоҳ-гоҳе танҳо мемонд, боз дар пеши назараш симои

Олимҷон пайдо мешуду ҳама хондаҳояш аз хотир фаромўш мегаштанд. Чунин ҳолат хеле дилгираш карда буд, чунки то ин вақт ў қариб ҳамаи имтиҳонҳоро бо баҳои хубу аъло месупорид, акнун бошад, сатрҳои китоб пеши назараш ҷилва мекарданду ба зудӣ ба майнааш намедаромаданд. Худашро гунаҳгор дониста, сарзаниш менамуд, ки “наход, фикру хаёли ҷавоне як духтари аълохонро ин қадар бесаранҷому фаромўшхотир кунад?”. Гоҳи дигар бошад, дугонааш Муҳаббатро сабабгори ин ҳама ҳардамхаёлии худ медонист.

Имтиҳонҳо наздик мешуданд, вале чун Манзура тайёрияшро санҷида дид, ҳис кард, ки дар сатҳи зарурӣ омода нест. Илоҷи корро наёфта, асабонӣ мешуд.

Ҳатто қаҳру ғазабашро нигоҳ дошта натавонисту боре дугонаашро ранҷонд. Кор ҳамин хел шуд, ки дар хобгоҳ Муҳаббат оид ба имтиҳонҳои дарпешистода аз

Манзура суоле кард, вай бошад, “ман чӣ, ба ту машваратчиям, рафта ин саволро аз муаллимаат пурс”,—гуфта аз ҳуҷраи хобашон ба берун баромад. Аз ин рафтори дугонааш Муҳаббат аввал оташин гашт, вале баъд, гўё чизеро пай бурда бошад, аз асби ғазаб фаромад. Ана чор сол аст, ки дугонаҳо шабу рўз якҷояанд, дар як ҳуҷра зиндагӣ мекунанд. Ҳамеша Манзура ҳангоми тайёрӣ ба имтиҳонҳо ба Муҳаббат ёрӣ мерасонд ва ҳатто лаҳзаҳое мешуд, ки барои камҳавсалагияш ўро танбеҳ ҳам медод. Муҳаббат ба андеша фурў рафт. “Не, ман ягон коре накардам, ки боиси хафа шудани ў гашта бошад”— гуфта Муҳаббат аз паси дугонааш ба берун баромад, аммо дар саҳни хобгоҳ Манзураро дарёфт накарда, боз ба ҳуҷраашон баргашт. Як соат гузашт, ду соат гузашт, аллакай шаб шуд, вале ҳанўз ҳам аз Манзура нишон набуд.

Муҳаббат боз ба фикр афтод, ки оё кадом рафтори ў боиси ранҷиши хотири дугонааш гашта бошад, ки ба берун баромада то ҳол барнагаштааст? Охир, вай чунин одат надошт-ку? Агар баъзан пайи коре мебаромад, ҳатман ба вай хабар медод. Аҷоиб, ба куҷо рафта бошад ў? Банди ҳамин фикру хаёл ба саҳни хобгоҳ баромад ва дид, ки Манзура бо сари хам рўи хараке нишастааст. Муҳаббат каме хотирҷамъ шуду хомўшона омада рўи ҳамон харак, вале каме дуртар аз дугонааш нишаст. Нахост халал расонад, зеро ҳис кард, ки вай дар дилаш чӣ сирре дораду онро ифшо кардан намехоҳад ё шояд ба гуфтан ҷуръат намекунад.

Агар ў сиррашро ошкор карданӣ набошад, пас, бигзор дар дилаш мондан гирад. Онҳо бо ҳамин минвол боз ягон ним соати дигар нишастанд. Ҳарчанд рўзона ҳаво бисёр гарм буд, салқинии пас аз ғуруби офтоб ба кас фараҳ мебахшид. Ниҳоят Манзура, ки ҳарду дасташро зери манаҳ дошта, ба пеши пои худ дида дўхта буд, бо овози канда-канда гуфт:

—Маро бубахш, дугонаҷон, туро хафа кардам.

Намедонам аз чӣ сабаб бошад, ки ман рўзҳои охир зуд- зуд оташин мешавам. Илтимос, бубахш маро!

—Ҳеҷ гап не, дугонаҷон, дар ҳаёт ҳар чӣ мешавад, рафтем ба хона,— гуфта Муҳаббат дугонаашро ба оғўш гирифт ва онҳо ба хобгоҳ даромаданд.

Давраи пурташвиштарини донишҷўён, қариб ки пушти сар мешуд. Ҳама ба супоридани имтиҳонҳо банд буданд, ҳатто баъзе донишҷўён барои хўрокхўрӣ ҳам вақт намеёфтанд. Муҳаббат пай мебурд, ки бо Манзура чӣ гапе шудааст, вале ба пурсидан ҷуръат намекард.

“Дахолат кардан хуб нест. Бигзор муаммои ба сараш омадаро худаш таҳлил карда, ба ягон хулоса биёяд.

Ягон вақт ҳамаашро нақл карда медодагист”— худ ба худ мегуфт Муҳаббат. Манзура бошад, ҳамоно хотирпарешон мегашт ва аз рафтори нодурусти худ нисбати дугонааш хиҷолат кашида, кўшиш мекард, ки пайте ёфта, ранҷиши дугонаашро аз дилаш барорад.

Аммо Муҳаббат дар ин бора лаб ҳам намекушод, ҳатто камгап шуда, доир ба саволҳои имтиҳонӣ ҳам чизе намепурсид.

Имтиҳонсупорӣ тамом шуд. Донишҷўёне, ки ҳама имтиҳонҳоро бомуваффақият супориданд, тараддуди ба таътили тобистона баромадан, ба зодгоҳҳои худ рафтанро доштанд, қисми дигаре, ки аз уҳдаи супоридани имтиҳонҳо набаромада буданд, дар хобгоҳ монданд. Манзура ва Муҳаббат дар қатори комёбшудаҳо барои ба таътил баромадан тайёрӣ медиданд, вале Муҳаббат аз Манзура хоҳиш кард, ки боз якчанд рўзи дигар ҳамон ҷо бимонанд.

—Биё, як-ду рўзи дигар дар шаҳр монем, деҳаҳоямон гурехта намераванд-ку. Зиёда аз ду моҳ, ки таътил аст, аз деҳа ҳам сер мешавӣ, хусусан, ту,

Манзураҷон, чунки ҷои зисти ту дар тобистон чунон гарм мешавад, ки он ҷо тоқат кардан душвор,— гуфт нимшўхӣ Муҳаббат ва илова кард:— пагоҳ ба хонаи амаи ман рафта як шаб меҳмон мешавем, дам мегирем, ана баъд хона ба хона. Ғайр аз ин, агар ман ба падарам гўям, ки амаамро хабар гирифтам, хурсанд мешавад.

Манзура, ки барои аз дили Манзура баровардани ранҷиши расонидааш доимо лаҳзаи мувофиқ меҷуст, бе ҳеҷ дудилагӣ хоҳиши дугонаашро қабул кард.

Муҳаббат ба Манзура нигоҳи маънидоре намуда, илова кард:

—Имрўз бошад, дугонаҷон, бегоҳӣ ба боғи ботаникӣ рафта, каме тамошо мекунем, баъди ин қадар даву ғечи имтиҳонсупориҳо каме истироҳат мекунем.

Бегоҳиҳо ҳавои боғ кайфият нотакроре дорад, чӣ гуфтӣ?

Дугонаҳо қариби ғуруби офтоб шўхикунон ба боғ рафтанд. Дар даромадгоҳи боғ ба пешвози онҳо

Амрулло баромад. Манзура, ки чунин ранг гирифтани корро намедонист, каме хиҷил шуда, бо овози паст ба дугонааш гуфт:

—Агар медонистӣ, ки Амрулло меояд, пас барои чӣ маро ҳамроҳат гирифтӣ?

Аз афташ Амрулло ҳиссиёти Манзураро пай бурд, ки —Ҳеҷ гап не, Манзура! Аз ду кас дида, се кас будан беҳтар аст,— гуфту духтаронро раҳнамоӣ кард.

Онҳо аз дидори ҳамдигар, аз тамошои гулҳои боғ ва дарахтони сарсабзи он рўҳи болида гирифта, дар назди кўле қарор гирифтанд. Болои оби кўл гулҳои нилуфар рўида, ҳусни онро дучанд гардонида буданд.

Муҳаббат пешниҳод кард, ки рўи сабза, зери дарахти кўҳансоли арча нишаста, гулҳои обиро тамошо кунанд.

Суҳбат гарм шуду ним соат вақт зуд гузашт. Дар миёни суҳбат Амрулло бо ишора ба Муҳаббат фаҳмонд, ки ба вай гапи муҳим дорад. Муҳаббат, пеш аз он ки бо

Амрулло канортар раванд, ба Манзура “Дугонаҷон, мо ба зудӣ бармегардем, ту зиқ нашав, майлаш?”,— гуфт.

Манзура бо ҳавас аз пушти ошиқон нигоҳ карду дар лабонаш табассум ҳувайдо гашт. Амрулло ҷавони паҳлавонҷусса буд. Қомати баланд, дасту бозуи қавӣ дошт, мўйҳои сип-сиёҳи ҷингилааш қиёфаи ўро ҷозибаи дигар мебахшиданд. Рўйи каме дароз, бинии уқобӣ, абрўвони пайвастааш ўро дар назари духтарон боз ҳам зеботар карда нишон медоданд. Ў ҳамеша шиму костюм мепўшид. Қаду басти расо ва тарзи либоспўшияш Амруллоро ба иҷрокунандаи роли

Шакка аз як кинофилми ҳиндӣ, ки он замонҳо хело шуҳрат дошт, монанд мекарданд ва аз ҳамин сабаб, духтарони донишгоҳ аксаран ўро “Шакка” гуфта ном мебурданд. “Шакка”, чи хеле мегўянд, ба як нигоҳ ба

Муҳаббат ошиқи шайдо гашта буд. Манзура рўзҳои аввали ошиқии онҳоро пеши назар оварда, базавқ табассум кард. Муҳаббату Амрулло, гарчи ҳамдигарро дўст медоштанд, баъзан дар байни онҳо баҳсу мунозираҳо низ ба вуқўъ мепайвастанд. Ҳатто лаҳзаҳое мешуд, ки гапашон гурехта қаҳрӣ мешуданд. Вале қаҳри онҳо мисли абри баҳорӣ зудгузар буд, баъди як ё ду рўз оштӣ мешуданду лаҳзае бе ҳамдигар буда наметавонистанд. Манзура воқеаеро, ки ҳангоми дар курси дуюм хонданашон рўй дода буд, хуб дар ёд дорад. Онҳоро ба пахтачинӣ бурда буданд. Азбаски

Амрулло дар дигар факулта таҳсил мекард, онҳо дар дигар минтақа, тақрибан 15 км дуртар ҷойгир шуданд.

Пеш аз пахтачинӣ миёни Муҳаббату Амрулло чи баҳсе шуда гузашта буду ошиқон аз ҳамдигар қаҳр карда буданд. Давраи пахтачинӣ, агарчӣ барои донишҷўён, хусусан духтарон, як давраи пурмашаққат буд, ба ҳама душвориҳо нигоҳ накарда, духтарону писарон аз пагоҳӣ то бегоҳӣ дар миёни ҷўяҳои пахта байни худ ҳазлу шухӣ мекарданд. Лаҳзаҳое ҳам мешуд, ки ҳазлу шухии духтарон ба ҷангу ҷанҷол анҷом меёфт.

пешина
аз 22
навбатӣ