ХОЛМУРОДИ МИРЗОБЕК ҲАМТАҚДИРОН ҚИССАИ ВОҚЕӢ

Хонандаи азиз! Китобе, ки инак ба даст гирифтӣ, қиссаи воқеӣ буда, аз зиндагии ду оила ва наздикону пайвандони онҳо ҳикоят мекунад ва зимнан чандин саҳифаҳои рўзгори нобасомони солҳои 90-уми асри гузаштаи ҷомеаи Тоҷикистонро равшан месозад. Китоб аҳаммияти тарбиявӣ дошта, барои доираи васеи хонандагон пешбинӣ гардидааст.
Зеҳн · 24 октябри 2024 · 22 саҳифа
То саршавии ҷанги хунумонсўзи шаҳрвандӣ оилаи онҳо аҷаб зинадагии хубе дошт. Падари Манзура, ки солҳои дароз дар вазифаҳои масъули давлатӣ кор мекард, яке аз шахсони шинохта ва обрўманди ноҳия ҳисоб меёфт. Ў солҳои панҷоҳум донишкадаи кишоварзиро бо ихтисоси муҳандис-кишоварз хатм намуда, тавассути ҷаҳду талош ва меҳнатдўстияш аз мутахассиси одӣ то ба вазифаи роҳбари яке аз хоҷагиҳои ноҳиявӣ расида буд. Онҳо дар оила шаш фарзанд буданд, аз ҳама калонӣ Анзурат. Баъди нахустфарзанд дар хонадон паси ҳам чор писар таваллуд шуд ва ниҳоят Манзура ба дунё омад.
Таваллуди Манзура аҳли оиларо бисёр хурсанд кард, хусусан Анзуратро, ки баъд аз интизориҳои зиёд соҳиби хоҳар шуда буд.
—Ана, дар охир ман ҳам дугонадор шудам,— мегуфт ў ва исрор мекард, ки меҳмони навро худаш ном мемонад.
Азбаски тифли навзод фарбеҳаку зебо буд, Анзурат пешниҳод кард, ки ўро Манзура номанд.
—Бигузор хоҳараки зебои ман манзури ҳама шавад ва одамон бубинанд, ки ў чӣ қадар хушрўст,— мегуфт
Анзурат аз номи ёфтагияш завқ бурда.
Падару модар хоҳиши фарзанди калони хонаро рад накарданд.
Солҳои беғами баччагию наврасӣ хеле зуд сипарӣ гаштанд. Фарзандони ин оилаи хушбахт калон шуда, ба воя расиданд. Анзурат баъди хатми мактаби миёна ба нею нестони модараш нигоҳ накарда, бо дастгирии падараш ба донишгоҳи омўзгорӣ дохил шуд. Писари калони хона Ҳикмат бошад, касби падарро интихоб карда, донишҷўи донишгоҳи аграрӣ гашт ва ду бародари дигараш низ барои хондан ба Душанбе рафтанд. Фақат писари сеюми хона Салоҳиддин аввал ба хизмати аскарӣ рафт ва пас аз адои қарзи шаҳрвандӣ дар шаҳри Новосибирски Россия монду дар омўзишгоҳи ҳарбӣ хонда афсар шуд.
Манзура, ки он замон дар мактаб мехонд, ҳар ҳафта бетоқатона рўзҳои шанберо интизорӣ мекашид.
Зеро рўзҳои истироҳатӣ апаҷонашу акаҳояш аз
Душанбе ба хона меомаданд ва барои ў ҳар хел шириниву туҳфаҳо меоварданд, навозишу дўстдорияш мекарданд. Волидон ҳам аз ҷамъ омадани фарзандон, аз пешравиҳои онҳо, ба қавле “курта-курта гўшт мегирифтанд”. Эҳ, чӣ қадар ширину гуворо буданд он рўзҳо. Манзура аз сару либоси шинами Анзурат чашм наканда, бо ҳавас мегуфт:
—Апаҷон, ман ҳам калон шавам, мисли ту дар донишгоҳ мехонам. Вале дар ҷое мехонам, ки мисли падарҷонам раис шавам, то ки ҳама ба гуфтаи ман кор кунанд.
Ин суханони духтараки ширингуфтор аҳли хонаводаро ба завқ меоварданд. Падар қоҳ-қоҳ зада механдид ва ўро ба оғўш кашида, аз ду бари руяш мебўсиду мегуфт:
—Ширинаки ман, раисӣ касб нест. Танҳо бо меҳнати пурмашаққату ҳалол ба ин вазифа расидан мумкин. Аммо ман ба ту боварӣ дорам. Духтараки ман, калон ки шуд, албатта, раиса мешавад.
Рўзҳои хушу хотирмони истироҳатӣ ногумон мегузаштанд. Умуман, аз афташ, ҳама хушиҳо зудгузаранд. Чанд муддат пас Анзурат донишгоҳро хатм намуда, дар деҳаашон омўзгор шуд. Ҳикмат бошад, баъди гирифтани диплом дар идораи кишоварзии ноҳия ба ҳайси муҳандис ба кор даромад.
Ва рўзе фаро расид, ки Манзура мактаби миёнаро бо баҳои аъло хатм кард ва падару модар, бародарону апааш ба фикри дар куҷо таҳсил кардани ў шуданд. Як рўз, ҳангоме ки рўи кати миёни ҳавлӣ нишаста хўроки нисфирўзӣ мехўрданд, сарвари хонадон нимшўхиву нимҷиддӣ дар ин мавзўъ сухан оғоз кард:
—Манзураҷон, дар ёдат ҳаст, замони кўдакият мегуфтӣ, ки калон шавам, хонда раис мешавам. Ана, марҳамат, вақташ расид.
Аз ин сухани падар аҳли оила завқ бурда хандиданд. Манзура, ки ранги рўяш аз шарм каме сурх шуда буд, боодобона ҷавоб дод:
—Дадаҷон, ҳар куҷое шумо гўед, ҳамон ҷо мехонам.
—Ин тавр ки бошад, ҳуҷҷатҳоятро ба донишкадаи хоҷагии қишлоқ, ба факултети иқтисодӣ месупорем.
Он ҷоро хонда меоию насиб бошад, дар колхозамон раис мешавӣ,— гуфт падар боз ҳамаро хандонда.
Ҳамин тавр, бо вуҷуди он ки Манзура бештар ба адабиёт, ба хондани китобҳои бадеию ашъори шоирон завқ дошту дар ҷамъомадҳои мактабӣ ровӣ буд, тақдир ўро ба роҳи дигар бурд.
Ҳаёти хушу хотирмони донишҷўӣ пушти сар мешуд. Давраи тилоӣ, даврае, ки оғози кор ва зиндагии нав аст. Ҳар яке мехоҳад дар зиндагӣ пайроҳаеро интихоб намояд, ки ўро ба саодати рўзгор расонад.
Вале пайроҳаҳои зиндагӣ тахту ҳамвор нестанд, пастию баландиҳо доранд. Он касе ба қуллаи мурод мерасад, ки собитқадам, соҳибирода ва ғаюру сабур аст, пайваста меомўзад, ҷустуҷў мекунад, аз чизе намеҳаросад ва, аз ҳама муҳиммаш, зиндагиро дўст медорад. Беҳуда намегўянд: “Агар хоҳӣ, ки ризқат фаровон бошад, чун наҳанги муқтадир ба муқобили маҷро шино кун”.
Аз нисф бештари гурўҳеро, ки Манзура дар он таҳсил мекард, духтарони деҳотӣ ташкил медоданд ва баъзе аз онҳо шаҳрвандони ҷумҳуриҳои ҳамсояи
Ўзбекистон, Туркманистон ва Қирғизистон буданд.
Даврони донишҷўӣ ба рўи Манзура дари олами наверо боз намуд. Ў низ мисли аксари ҳамкурсонаш нав ба ҳаёти шаҳрӣ мутобиқ мешуд. Табиист, ки муҳити нав хусусият ва муаммоҳои худро дорад. Ҷавонон, яке бо дониш, дигаре бо тарзу усули либоспўшӣ, сеюмӣ бо ягон махсусияти худ мехостанд дар назари духтарон намоёнтар бошанду онҳоро ба худашон моил гардонанд. Ҳамин тавр мешуд, ки баъзе духтарон аллакай дар солҳои якуму дуюми донишҷўӣ ҷуфти кабўтар мегаштанд ва ҳатто қиссаҳои ошиқии баъзеҳо дар тамоми донишгоҳ овозаю дарвоза мешуд. Чунин ҳам мешуд, ки алангаи ишқи як зумрае мисли рўшании зудгузари барқ зуд хомўш мегашт, аммо риштаи муҳаббати баъзеҳо ба монанди ишқи Лайлию Маҷнун устувору побарҷо мемонд.
Манзура аз рўзҳои аввали донишҷўӣ бо Муҳаббат ном ҳамкурсаш дугона шуд. Муҳаббат духтари резапайкаре буд, ки чеҳраи ниҳоят зебо ва чашму абрўи дилкаш дошт, ситорааш гарм, лабонаш доимо моили табассум буданд. Дугонаҳо пас аз супоридани имтиҳонҳои дохилшавӣ дар яке аз ҳуҷраҳои хобгоҳи донишҷўён худашонро номнавис карданд ва минбаъд дигар, қариб ки аз ҳамдигар ҷудо намешуданд.
Баъд аз нуҳ моҳи таҳсил, рўзе баъди тамом шудани дарсҳо дар саҳни ҳавлии донишгоҳ Муҳаббат дастонашро ба бағали Манзура гузаронда, ба чашмони дугонааш нигарист ва бо садои паст, вале бо эҳсосоти ошкоро ба сўи ҷавоне, ки дар сояи дарахт истода буд, ишора карда, пичиросзанон гуфт:
—Дугонаҷон, ҳо ана он бачаро мебинӣ? Қариб як моҳ шуд, ки аз паси ман давида мегардад. Дина ғайрат карда, ба ман таклиф намуд, ки биё, баъди дарс ба боғи ботаникӣ тамошо равем. Ҳоло ў маро интизор аст.
Воқеан, ҷавон, чун Муҳаббатро дид, дар лабонаш табассум гул кард ва ҷониби онҳо омадан гирифт.
—Дугонаҷон, биё, якҷоя меравем, боғро тамошо мекунем. Охир, мо ягон бор ҳамин боғеро, ки дар канори донишгоҳамон ҷойгир шудааст надидаем.
Мегўянд хеле зебост, ниҳолу гулҳои рангоранг дорад.
Ғайр аз ин, бо мо рафта, қуввати дили ман мешавӣ.
Ман, ростӣ, ҳам шарм медораму ҳам каме тарс дорам.
Меравем?— илтиҷоомез гуфт Муҳаббат.
—Ҳа балочае! Ту кай вақт ёфта бо ин ҷавон шинос шудӣ-а?— савол дод Манзура.
—Худам ҳам чӣ хел шинос шуданамро намедонам.
Чор-панҷ моҳ шуд, ки аз пасам кашола шуда мегардад.
Аммо аз афташ бачаи ганда не, бамаънӣ менамояд.
Хайр, дугонаҷон, ана, ў ҳам расида омад. Не нагў, биё, рафтем-а?— хоҳишашро такрор кард Муҳаббат.
—Майлаш, аммо фақат ҳамин як дафъа ва ба шарте ки дигар ба чунин корҳо маро ҳамроҳ накунӣ,— розӣ шуд Манзура.
Ин замон ҷавон расида омаду ба онҳо салом дод.
Муҳаббат дугонаашро бо дилдодаи худ шинос кард. Номаш Амрулло будааст. Қомати баланд, дасту бозуи паҳлавонӣ дошт, бинии каме теғадор ва мўйи сари мушкин ба чеҳраи зебои ў салобату ҷозибаи дигаре зам мекарданд.
Онҳо сўйи боғи ботаникӣ роҳ гирифтанд.
Рўзи офтобии баҳорӣ дили ҷавононро пурфараҳтар гардонида буд. Онҳо бо ҳазлу шўхӣ чи хел ба назди дарвозаи боғ расиданашонро пайхас накарданд.
Духтарон аз тамошои гулу буттаҳо, ниҳолҳои гуногуни пасту баланд, сабзаҳои тару тоза завқ мебурданд. Дар ҳақиқат, “Боғи ботаникӣ” ном гирифтани ин мавзеъ бесабаб набудааст. Дар ҳар гўшае гулу гиёҳҳо ва дарахтони нодиру камёфтро дидан мумкин буд. Гулҳои нилуфар, ки рўи оби ҳавзи на он қадар калон шино мекарданд, бисёр дилкашу назаррабо менамуданд.
Манзура ғарқи тамошо ва шефтаи ҳусну таровати ин боғи фирдавссиришт гашта, чӣ тавр аз ҳамроҳонаш дуртар рафтанашро нафаҳмида монд.
—Муҳаббат, дугонаҷон, ҳо ана он гулро бин! Худоё чӣ қадар зебост!— гуфт Манзура ва ба қафо нигоҳ карда дид, ки дугонааш бо Амрулло хеле ақиб мондаанд. Онҳо банди суҳбат шуда, оҳиста-оҳиста қадам мезаданд.
Сайругашти онҳо беш аз як соат давом кард ва тамошои боғ ба ҳар се, алалхусус барои Манзура, таассуроти наҷибу нотакроре бахшид. Дар бозгашт
Амрулло духтаронро бо яхмос меҳмондорӣ карда, то хобгоҳашон онҳоро ҳамроҳӣ намуд.
Аз байн чанд муддат гузашт. Амрулло акнун гоҳ- гоҳе ба хонаи онҳо меомад ва Муҳаббатро бо худ гирифта, ба сайругашт ё ба тамошои филме мебурд.
Рўзе Муҳаббат, бе он ки чизе бигўяд, хандида
Манзураро ба оғўш гирифт ва ба гўши ў пичирос зад:
—Дугонаҷон, бароят як хабари хуш дорам, вале аввал бигў, ки шодиёна медиҳӣ?
—Агар дар ҳақиқат хабари хуш бошад, ман аз ту як шодиёна қарздор. Канӣ, гўй, чӣ хабаре будааст, ки туро гул барин шукуфондааст?— пурсид Манзура.
—Гап ҳамин ки як ҷавони зебо ба ту ошиқи зор шудааст. Вай чунон зебост, ки ҳама духтарони курсамон ошиқаш гаштаанд, аммо вай дилашро ба ту бахшидааст...
—Чӣ?! Ошиқ шудааст? Ба ман?— Дар садои
Манзура ҳам шарми духтарона буду ҳам як навъ тарсу таҳайюр. Охир, ў боре ҳам дар бораи ишқу ошиқӣ фикр накардааст-ку? Ҳамеша фикру зикраш китоб буду дарс. Ҳоло бошад, аз шунидани ин “хабари хуш”-и дугонааш худашро гум карда буд. Аммо дар ҷисму ҷонаш ҳарорати гуворое дамид ва рухсораҳояш сурхи лолагун шуданд.Чӣ кор кардану ба дугонааш чӣ гуфтанашро намедонист.
Маълум шуд, ки он ҷавон ҳамсабақи Амрулло будаасту чандин бор аз Муҳаббат илтимос карда будааст, ки пайғоми ишқу муҳаббаташро ба Манзура расонад.
Ҳамон шаб Манзураро хеле дер хоб бурд. Гаштаю баргашта таъкидҳои модараш ва хусусан апааш
Анзурат, ки аз ҳаёти донишҷўӣ бохабар буд, ба ёдаш меомаданд. Онҳо такрор ба такрор мегуфтанд, ки эҳтиёткор бош, ҳушу ёдатро фақат ба хондан банд кун, бо ҳар гуна духтарон дугона нашав, ҳушёр бош, ки ба доми фиреби ҷавоне наафтӣ. Обрўи оиларо фикр кун, мабодо, ки падарамонро дар байни одамон сархаму шарманда намоӣ.
Рўзи дигар, вақте дугонаҳо аз дарс фориғ шуда, сўйи хобгоҳашон роҳ гирифтанд, дар ҳавлии донишгоҳ бо Амрулло рў ба рў омаданд. Аммо вай танҳо набуд, дар паҳлуяш ҷавони қоматбаланди хушандоме меистод, ки нигоҳашро аз Манзура намеканд. Онҳо, дугонаҳоро дидан замон, ба истиқболашон омаданд.
Манзура суханони дирўзаи дугонаашро ба ёд оварду эҳсос намуд, ки ихтиёр аз дасташ меравад. Наход ин ҳамон ошиқи зораш бошад? Яқин ҳамон аст. Ранги рўи
Манзура, мисле ки дар назди дегдоналов бошад, суп- сурх шуд. Инак, масофаи байни онҳо пурра тай шуд ва дугонаҳо дар рў ба рўи ҷавонон қарор гирифтанд. Ду ҷуфт ба ҳамдигар саломалайк намуданд ва Манзура саросема, бе ягон истиҳола ба Муҳаббат нигоҳ карда:
—Дугонаҷон, ман бояд ба хобгоҳ биравам.
Бародарам ба хабаргириям омадаасту маро интизор аст. Бубахшед, ки бо шумоён буда наметавонам,— гуфту калон-калон қадам монда раҳашро идома дод.
Чунин сурат гирифтани кор ҳамаро ҳайрон кард,
Муҳаббат дар хиҷолат монда, ба Манзура чӣ гуфтанашро надонист. Дугонааш ба ў ҳатто фурсати сухан гуфтан ҳам надод. Ба ҳар ҳол, онҳо соате сенафара дар кўчаҳо гаштугузор карда, сипас ба сўйи кинотеатри “Ҷомӣ” равона шуданд.
Муҳаббат бегоҳӣ ба хобгоҳ баргашту дугонаашро айбдор карда, “нағз нашуд, дугонаҷон, бачаҳои бечора барои ману ту билет харидаанду ту бошӣ онҳоро дар хиҷолат мондӣ” гуфт ва ҳарчанд кўшиш кард, то
Манзура сабаби нарафтанашро бигўяд, ў дар ин мавзўъ даҳон накушод. Муҳаббати рамузфаҳм дарк намуд, ки ҳоло дар ин бора хомўш будан авлотар аст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё