Зеҳн
ХОЛМУРОДИ МИРЗОБЕК ҲАМТАҚДИРОН ҚИССАИ ВОҚЕӢ

Хонандаи азиз! Китобе, ки инак ба даст гирифтӣ, қиссаи воқеӣ буда, аз зиндагии ду оила ва наздикону пайвандони онҳо ҳикоят мекунад ва зимнан чандин саҳифаҳои рўзгори нобасомони солҳои 90-уми асри гузаштаи ҷомеаи Тоҷикистонро равшан месозад. Китоб аҳаммияти тарбиявӣ дошта, барои доираи васеи хонандагон пешбинӣ гардидааст.

Зеҳн · 24 октябри 2024 · 22 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Пас аз як моҳ Муҳаббату Амрулло ба меҳмонии Манзура омаданду бо ташрифи худашон ўро хурсанду болидарўҳ намуданд. Воқеан ҳам, дугонаи ҷонияш Муҳаббат, қуввату дармонаш буд. Ҳар як дидори ўву Амрулло ҳаёти ширини ҷавониро ба ёдаш оварда, барояш ҳузуру ҳаловати ногуфтанӣ мебахшид. Инак, ду сол мешавад, ки Амрулло раиси як хоҷагӣ таъин шудааст, Муҳаббат бошад, муовини раиси ҷамоат шуда кор мекард. Бегоҳӣ, баъд аз он ки ин се рафиқи шафиқ ва апаи меҳрубони Манзура- Анзурат дар ҳама мавзўъҳо суҳбат карданд, дар охир сухан дар боби зиндагии Манзура рафт. Анзурату Муҳаббат бо исрор мегуфтанд, ки ў бояд ба шавҳар барояд.

—Ин хел намешавад. Охир, ҳаёт идома дорад-ку, зиндаҳо бояд зиндагӣ кунанд,— мегуфт апааш.— Аммо аз марги Олимҷон даҳ сол гузашта бошад ҳам, вай шавҳар карданӣ нест. Чандин одамони баобрў хостгор шуда омаданд, аммо не, ки не! Ба фикрам, ин ҷо дадаҷонам низ айбдоранд, “ихтиёр дар дасти духтарам” мегўянд он кас доимо. Ба ман мешуд, корро ин хел намемондам, маҷбураш мекардам, ки ягонтояшро интихоб карда гирад. Охир, ки дидааст, ки зан худаш хона созад, ба ҷои марди хона кор кунад?

Муҳаббат ҳам Анзуратро ҷонибдорӣ кард:

—Апаи Анзурат рост мегўяд, то кай яккаву танҳо мегардӣ, агар хостгорон набошанд, гапи дигар. Охир, дар ҳаққи ту, дугонаҷон, даҳҳо ҷавонмардон сўхтаю кабобанд, яктаашро хуш карда зиндагиятро ба сомон биёр! Бовар кун, дугонаҷон, рўҳи Олимҷон ҳам барои ту бахту иқбол мехоҳад.

Ҳардуяшон фикри Холиқро такрор мекарданд, фақат ба тарзи дигар, бо дигар калимаҳо. Гўё ҳарсеи онҳо бо ҳамдигар маслиҳат карда бошанд. “Умри азизро яккаву танҳо гузаронидан кори одами баақл нест” мегуфтанд ҳама ба як овоз.

Баъд аз гусел кардани меҳмонон, Манзура ба хона даромад ва соате танҳо монда, зиндагияшрову пешниҳодҳои дўстонашро таҳлилу таҳқиқ кард. Ҳатто падараш ҳам мегўяд, ки аз рўи шариат баъд аз як соли вафоти ҳамсар зани ҷавон бояд ба шавҳар барояд. Дар ҳақиқат, фикри онҳо дуруст аст, охир умри инсон даргузар аст. “Зиндаҳо бояд зиндагӣ кунанд”. Ростӣ, зиндагии яккаву танҳо ба дили худаш ҳам задааст.

Муддате сипарӣ шуду Холиқ аз Манзура хоҳиш кард, ки ўро аз вазифааш озод намояд. Ба нею нестони Манзура нигоҳ накарда, Холиқ исрор менамуд, ки аризаашро имзо кунад, зеро вай ба дигар кор гузаштанист. Чун Манзура ноилоҷ монда, аризаи

Холиқро имзо кард, ў пеш аз рафтанаш гуфт:

—Манзура, аз ман наранҷед, ҷойи корамро иваз кунам ҳам, ҳамеша дар хизмати шумо тайёрам. Хоҳ дар хона, хоҳ дар корхона агар лозим шуда монам, як даҳан гап занед, ҳамон замон ҳозир мешавам.

Баътар маълум шуд, ки Холиқ ҳеҷ гуна кори нав наёфта будааст, аммо сабаби аз ин ҷо рафтанаш ҳам номаълум монд. Аз байн чанд моҳ гузашту рўзе Манзура барои ҳисоботсупорӣ ба маркази вилоят рафт. Ў то нисфирўзӣ корҳояшро ба анҷом расонд ва дар назди идораи вилоятӣ мунтазири мошини хизматияш истод. Вай яке аз кормандонашро ба ҳамсояноҳия фиристода, хоҳиш карда буд, ки фаъолияти гурўҳи кории дар он ҷо амалкунандаро, ки тобеи ташкилоташон буд, санҷида барояд.

Ҳаво сард буд. Мехост дубора ба даруни бино дарояд, ки мошини ношиносе дар наздаш омада истод ва аз он Холиқ фаромад. Ў, табассуми ҳамешагияш дар лаб салом дода, сабаби ин ҷо истодани Манзураро пурсон шуд ва чун фаҳмид, ки ў мошинашро мунтазир аст, таклиф кард, ки дар хунукӣ наистода, ба мошини вай нишинад.

—Ман ҳам ба тарафҳои шумо рафтаниям. Биёед,

Манзурахон, дар хунукӣ рост истодан чӣ лозим, ба мошини ман савор шавед, якҷоя суҳбат карда меравем.

Мошини худатон, ки омад, рафтан мегиранд. Манзура лаҳзае фикр карду розӣ шуд. Аз ҷузъдонаш варақе бароварда, дар он чизе навишту онро бурда ба посбони идора дод ва баргашта:

—Бошад, рафтем, барвақтар расида гирем, ба фоидаи кор мешавад,— гуфт.

Холиқ хурсанд шуда, ҷузъдони ўро аз дасташ гирифту давида рафта, дарашро кушод.

Дар роҳ Холиқ таклиф кард, ки бо ҳам хўроки нисфирўзӣ хўранд. Дар толори тарабхона ба ҷуз ду нафаре, ки дар як кунҷ нишаста, чой менўшиданид, дигар касе набуд. Онҳо мизи назди яке аз тирезаҳоро интихоб намуда, сари як пиёла чой чанд лаҳза суҳбат карданд.

Пас аз ним соати дигар онҳо аллакай ба ноҳия расиданд. Холиқ ҳангоми хайрухуш ба Манзура барои рад накардани таклифаш ва якҷоя омаданашон, барои чанд лаҳза суҳбат ташаккур гуфта, бо оҳанги нимшўхӣ илова кард:

—Мегўянд, ки ба наздикӣ бурёкўбон доред? Хоҳиш мекунам, моро ҳам фаромўш накунед.

—Ҳа, албатта, гап мезанам. Охир, дар сохтмони хона хизмати шумо зиёд аст-ку,— гуфт Манзура ва онҳо хайрухуш карда, аз ҳамдигар ҷудо шуданд.

Дар ҳақиқат, баъди ду ҳафта Манзура ба хонаи нав кўчида, бурёкўбон кард. Ба маърака падару модараш, Анзурат, Ҳикмат, Қобилҷон бо ҳамсару хоҳаронаш, Муҳаббату Амрулло, ҳамкорон ва дигар ёру дўстони Манзура даъват шуда буданд. Нав меҳмонон дар паси мизҳо нишаста буданд, ки Холиқу Наргис расида омаданд. Аз паси онҳо ҷавоне дарахти сунъии пургул ва нафари дигаре як телевизори калон дар дастҳояшон даромада омаданд. Дарахти гулро дар як кунҷи хона гузошта, телевизорро ба девор насб карданд. Холиқ, ки барои ин лаҳза шиму костюми кабуд ва куртаи сафед ба бар карда, ба гарданаш галстуки сурхи идона баста буд, хеле олуфта менамуд. Вай ба аҳли нишаст салом дода, дасти соҳибҷашнро фишурд ва пеш аз нишастан ўро муборакбод гуфт:

—Бигзор, Манзурахони мо ба мисли ҳамин гули сурх ҳамеша зебову сурхрў бошанд ва ана ин телевизор барояшон фақат хабарҳои хуш расонад.

Аз аввал то охири маърака Холиқ ба исрорҳои Манзура аҳамият надода, лаҳзае нанишаст, муаддабона ба меҳмонон хизмат расонд ва баъд аз гусели меҳмонон ҳам як пиёла чой нанўшида, хайрухуш карду рафт.

Муҳаббат аз Манзура кӣ будани ин ҷавонмарди хушодобро пурсид ва пас аз он ки ба саволаш посух гирифт, гуфт:

—Ман аз аввал то охири маърака ўро назорат кардам. Аён аст, ки ба ту ошиқ шудааст. Хайр чӣ, як ҷавони озода, хушзавқ, боодоб, хулоса ба домодӣ меарзидагӣ!

—Ҳой, дугона, оҳистатар, чиҳо мегўӣ? Охир байни мо ягон гап нест, ҳеҷ гуна пешниҳод ҳам нашудааст,— ҳозирҷавобӣ кард Манзура.

—Ҳа, албатта, ту раиса ку, ана барои ҳамин, вай ғайрати гуфтан накардааст. Ҳоло мебинӣ, ба наздикӣ ба ту хостгор мефиристад, ман инро ҳис мекунам,— фикрашро тақвият дод Муҳаббат.

Дар ҳақиқат, баъди чанд муддат Наргис дидорбинӣ гуфта, ба хонаи Манзура омад ва баъд аз лаҳзае нишастану пурсупос кардан мақсадашро гуфт:

—Дугонаҷон, ман ба ту як чиз гуфтаниям, лекин илтимос, аз ман хафа нашав. Гап дар сари ин ки Холиқ ним сол боз маро ба ҷону ҳолам намонда, хоҳиш мекунад, то туро барояш хостгорӣ кунам. Мегўяд, ки туро ниҳоят дўст медорад ва худаш ҳеҷ ҷуръат карда, ин гапро гуфта наметавонад. Ба фикри худам ҳам, дугонаҷон, умрат ба танҳоӣ гузашта хазон мешавад, беҳтараш ба шавҳар баромада, зиндагиятро ба сомон биёрӣ. Дигар ин ки, агар дар барат мард бошад, худатро орому осуда эҳсос мекунӣ. Мақсади ман хушбахт дидани туст. Холиқро худат нағз мешиносӣ, ба фикрам вай номзади арзанда аст... Мана ҳамин хел, Манзураҷон, ман вазифаамро иҷро кардам, ҳама гапамро гуфтам. Лекин якбора аз ту ҷавоб намепурсам, хуб фикр кун, маслиҳати падару модарат, хонагиҳоро гир, ана баъд хулосаатро мегўӣ.

Наргис, ба гуфти худаш “вазифаашро иҷро карда”, хайрухуш карду рафт.

Он шаб Манзураро хоб набурд. Ҳар гуна андешаҳо, ёддоштҳои даврони ҷавонӣ, давраи розгўию розшунавиҳо бо Олимҷон дар пеши назараш ҷилвагар мешуд. Чанд рўзи дигар ҳам ба хулосае омада натавонист. Ниҳоят, маслиҳатҳои Анзурат, дугонааш Муҳаббат, Наргис ва падарашро дуруст шуморида, ба қароре омад, ки беҳтар аз Холиқ номзади арзандае пайдо шуданаш дар гумон аст. Бо ҳамин андеша нисбати Холиқ дар қаъри дилаш гармиеро эҳсос намуд.

Акнун бояд фикри падарро шунида, фотиҳаи ўро мегирифт, аммо дар ин кор ҷуръаташ намерасид.

Хайрият, ки як бегоҳ худи падараш хабаргирӣ омада, меҳмони ў шуд ва шаб ҳамон ҷо монд. Саҳарӣ, вақти чойхўрӣ Манзура як илоҷ карда, ҳама гапро ба падараш гуфта дод. Мўйсафед суханони духтарашро ботаҳаммул шунида, хуб андеша кард ва сипас гуфт:

—Ман розӣ, духтарам, Холиқ ба ту арзанда аст.

Хондагӣ, соҳиби касбу кор, одами дидадаро, хушмуомила. Маро фақат як чиз ташвиш медиҳад, ин ҳам бошад, надонистани решаю авлоди ў. Чандин сол боз дар ҳамин ҷо бошад ҳам, боре ягон хешу таборашро надидем, ў ҳам ба суроғи ягон аҳлу авлодаш нарафтааст. Охир, одам аз осмон намеафтад- ку? Хайр, майлаш, фарз кардем, ки ў дигар ба деҳаашон рафта наметавонад, пас, чаро касе суроғи ў намеояд? Дар ин ҷо, аз афташ, чӣ сирре ҳаст. Ман, духтарам, бахту иқболи туро мехоҳам. Афсўс, ки хушбахтият бо Олимҷон дер давом накард. Мабодо, ки боз бахтат омад накунад. Манзураҷон, ҳамин гуфтаҳои маро хуб таҳлил карда, баъд худат ба ягон хулоса биё!

Манзура андешаҳои падарашро ба Наргис гуфт.

Баъд аз ду-се рўзи дигар Наргис ҳамроҳи ду марду як зан ба хонаи дугонааш омада, онҳоро хешовандони Холиқ муаррифӣ намуд.

Падари Манзура, ҳарчанд масъала амиқан ҳаллу фасл нашуда буду шубҳаҳои вай бартараф нагардида буданд, ба издивоҷи духтараш бо Холиқ розигӣ дод.

Тўй танҳо бо иштироки хешу таборони наздик дар хонаи падарии Манзура барпо гашт. Азбаски Манзура пурра ба хонаи наваш кўчида буд, ба пешниҳоди Холиқ дар бораи ба хонаи ў рафтану он ҷо зиндагӣ кардан розӣ нашуд.

Давоми як моҳи аввали зиндагияшон Холиқ фақат шабона дар хонаи ҳамсараш мемонду рўзашро дар кор бегоҳ мекард. Ҳарчанд Манзура исрор меварзид, ки Холиқ пурра ба ин ҷо кўчида биёяд, вай ҳамеша чунин ҷавоб медод:

—Охир ман мардам, шарм медорам, ки дар хонаи завҷаам омада зиндагӣ кунам.

Дар ин байн Нозияро бобояш гирифта ба хонаи худаш бурд ва гуфт, ки “бигзор, чанд муддат он ҷо монад”. Баъд аз гузаштани боз як моҳи дигар боре ҳангоми хўроки шом Манзура ба Холиқ рў оварда, исрор кард:

—Охир, мо зану шавҳарем ва ин хона хонаи ту ҳам ҳаст, як худам онро чӣ кор мекунам, беҳтараш пурра кўчида ба ин ҷо биё!

Ҳамин тавр ҳам шуд. Холиқ аз нахустин рўзҳои ҳаёти якҷояи оилавияшон худро ҳамчун марди ҳақиқӣ нишон медод. Дар як муддати кўтоҳ тамоми ҳавлиро ба бўстони ҳақиқӣ табдил дод. Чун медонист, ки Манзура садбарги сафеду зардро дўст медорад, ду тарафи роҳрави пеши хонаро бо ин навъи гулҳо оро дод. Вай ҳоло корманди суди ноҳия бошад ҳам, дар баробари кори худаш ва корҳои хона, вақт ёфта ба корҳои ташкилоти Манзура низ ёрӣ мерасонд. Ҳамин тавр, зиндагии оилавии онҳо тадриҷан ба як ҳаёти осуда ва намунавӣ табдил меёфт. Ягон-ягон шакку шубҳае, ки то ин вақт дар дили Манзура ҷой дошт, гум шуда рафт ва ҷои онро муҳаббати ҳақиқӣ гирифт.

Баъди якуним соли хонадорӣ онҳо соҳиби писарча шуданд ва бо пешниҳоди Холиқ кўдакро Темур номиданд. Акнун дар оилаи онҳо боз як мояи хурсандии дигар пайдо шуда буд. Меҳмонаки нав дар оғўши пур аз меҳру муҳаббати волидонашу дар нигаҳбонии апааш Нозия ба воя мерасид. Бо калон шудани Темур, бо раҳравон гаштану нахустин калимаҳоро ба забон оварданаш, бо шунидани лафзи ширини кўдакона, гўё ранҷу кулфати куҳнашудаи

Манзура ба мисли пораи абри сиёҳе дар муқобили бод пароканда мешуд.

Солҳо пайи ҳам мегузаштанд. Падари Манзура баъди бемории на он қадар тўлонӣ зиндагиро падруд гуфт. Манзура аз вафоти падари азизаш, он шахсияти нотакроре, ки такягоҳаш буд, маслиҳатчӣ, раҳнамо ва мояи саодаташ буд, ба зудӣ ба худ наомад, то чанд муддат ба кору зиндагӣ бетафовут нигоҳ мекардагӣ шуд. Аммо ҳаёт устоди бузург аст, бо сабақҳои худаш одамро дар муқобили ҳама гардишҳои фалаки каҷрафтор тобовар мегардонад, зиндагӣ кардану нашикастанро таълим медиҳад. Ҳарчанд ки бибияш розӣ набуд, Нозия пас аз вафоти бобояш ба хонаи худашон омад.

Гузашти айём феълу атвори Нозияро тағйир медод.

Вай, ки духтараки боодобу гапдаро буд, як эркатулфор шуда монд. Баъзан дар атрофи ин ё он масъала бо модараш баҳсу мунозира мекард. Инҷиқ шуда буд, модарашро маҷбур мекард, ки зуд-зуд ба ў сару либоси нав, ороишоти навбаромад харида диҳад. Агар чунин хоҳишҳояш иҷро намешуданд, ба мактаб намерафт, бо модараш гап намезад. Ҳатто роҳбари синфашон ду маротиба ба Манзура гуфт, ки духтари ў танбалу дарсгурез шудааст.

—Ман мефаҳмам, ҳоло вақти гузариши синнусолӣ аст ва хислати кўдак дар ин ҳангом дигар мешавад, вале то ин дараҷа, яку якбора ба тарафи манфӣ тағйир ёфтани одобу хислати ў маро ба ташвиш оварда истодааст,— изҳор кард муаллима.

Манзура чандин маротиба хост, ки сари ин масъала, яъне бероҳа шуда истодани Нозия бо ў суҳбати ҷиддӣ кунад, вале духтараш ҳар дафъа аз суҳбат мегурехт, ба саволҳои модараш дуруст ҷавоб намедод. Хунукназарии Нозия нисбат ба модараш тадриҷан ба беэҳтиромӣ табдил меёфт. Манзура, ҳарчанд майна об карда, сабаби чунин гардиши нохушояндро дар зиндагияш фаҳмиданӣ мешуд, чизеро сарфаҳм рафта наметавонист. Ба фикри муаллима розӣ буд: наход дар як муддати кутоҳ кирдору андешаҳои як духтараки наврас билкул дигаргун шаванд?

Дугонаҳояш, ҳамсоядухтарҳо ҳам гапнодарову шилқин набуданд, ки аз пайи онҳо рафта бошад. Инро равоншиносон чӣ гуна шарҳу тавзеҳ медода бошанд?

Наход ба банди ишқу бесарӣ афтода бошад? Э, не, не, ҳоло вай кўдак аст, ин чизҳоро фаҳмида наметавонад.

Манзура хост, ки муҳити зиндагиии духтарашро тағйир дода, ба инкишофи равонии вай таъсири мусбат гузорад, бо умеди он ки шояд ба гапи калонсолон гўш диҳад, Нозияро ба хонаи модараш бурда монд, вале ў дар он ҷо ҳамагӣ се рўз истоду бозгашта омад.

Модари бечора чӣ кор карданашро надониста, дигар ба нозу нузи духтараш, ба бесариҳои ў аҳамият намедод. Худашро бовар мекунонд, ки ин ҳама хосияти синнусолист ва баъд аз як сол-ним сол мегузарад.

Аммо пас аз як соли дигар боз чандин қилиқҳои нав ба рафтору кирдори Нозия зам шуданд. Ў ба ҳама чизе ки ба ақли худаш рост меомад ҳавас мекард, ба ҳофизаҳо тақлид менамуд. Манзура маҷбур мешуд, ки ҳар моҳ ва баъзан дар як моҳ ду бор ба духтари эркааш сару либоси нав гирифта диҳад. Дигар Нозия худашро ғолиб ва хуҷаини хона ҳисоб карда, ҳар вақт дар назди модараш шартҳои нав ба нав мегузошт.

Дар вақти таътили тобистона бо апааш Анзурат маслиҳат карда, Нозияро барои як-ду моҳ ба хонаи ў бурда монданд. Хайрият, ки Анзурат гапашро ба ҷиянаш гузаронида тавонистааст. Дар ин муддат ў нисбатан оромтабиат шуда монд. Вале хурсандии Манзура дер давом накард. Баъди ба хона баргаштан Нозия боз асли қадим шуд. Тамоман танбал шуда рафт, дарс тайёр намекард, ба хондан ягон зарра завқ надошт. Маккора шуда буд, ҳар вақте барояш ягон чиз лозим шуда мемонд, худашро бечора нишон медод ва ҳамин ки модараш нозашро бардошта, молу колои даркорияшро харид, шўрапуштияш аз нав сар мешуд.

Ба ҳамин минвол Нозия мактаби миёнаро тамом кард, аммо ба насиҳатҳои модару холааш аҳамияте надода, гуфт, ки хоҳиши дар ягон донишгоҳ таҳсил кардан надорад. “Ин хел бошад, агар хондан нахоҳӣ, як роҳ мемонад, туро ба шавҳар медиҳем” гуфт Анзурат ба умеде, ки ҷиянаш аз фикраш гашта, ба хондан розӣ мешавад. Апаву хоҳар зораву илтимос намуда, Нозияро ба хондан розӣ кунониданд. Азбаски духтараш дониши казоӣ надошт, Манзура ўро ба воситаи шиносҳояш ба гурўҳи шартномавӣ дохил намуд ва барои он ки зери назорат қарор дошта бошад, аз ҷиянаш Саодат, ки начандон дуртар аз донишгоҳ истиқомат мекард, хоҳиш намуд, то ўро дар хонаи худаш ҷой кунад.

Баъди донишҷў шудани Нозия ташвишҳои модари ў боз ҳам зиёдтар гаштанд. Акнун Нозия ба духтарони шаҳрӣ тақлид карда, қариб ҳар ҳафта талаб мекард, то ба вай мувофиқи мўди нав сару либос гиранд, зару зевар бихаранд. Вақте ки дуюмкурс шуд, модарашро маҷбур мекард, ки ягон илоҷ ёфта, ўро як бор ба хориҷа равон кунад.

—Худат ку ҳар сол ба чор тарафи олам меравӣ, як бор ман хам он ҷоҳоро рафта бинам, осмон омада заминро мегирад?— мегуфт ў ва боз аз пеши худаш дурўғбофӣ мекард:— Ана, дугонаҳои ҳамкурсам чандин давлатҳои хориҷаро дидаанд. Ман аз онҳо чӣ камӣ дорам?

Манзура ин дафъа ҳам хоҳиши ўро рад накард, рухсатии меҳнатӣ гирифта, духтарашро ба Дубай ва сипас ба Туркия бурда тамошо дод.

Баъд аз сафар онҳо ба дидани Муҳаббат рафтанд.

Зиндагии дугонааш боз ҳам хубу гуворотар шуда буд.

Амрулло дар ноҳияашон яке аз роҳбарони оқилу доно ва пешқадам ба шумор мерафт. Дар давоми як соли охир онҳо дар дохили ҳавлияшон боз як бинои боҳашамати дигар сохта буданд. Писари дуюмашон Соҳиб дар факултети ҳуқуқшиносии донишгоҳи миллӣ таҳсил мекард. Ҷамшед- фарзанди калони хона бошад, соли оянда донишкадаро хатм мекард.

Дугонаҳо аз ин дару он дар чақ-чақ мекарданду ҳеҷ аз дидори ҳамдигар сер намешуданд. Нозия бошад, бо Дилноза- духтари Муҳаббат ба сайругашт ва тамошои дўкону мағозаҳо баромада буданд. Амрулло аз кор бегоҳӣ расида омад. Рафиқони дерин то нисфи шаб суҳбати гарму самимӣ доштанд. Дар миёни суҳбат Манзура аз рафтору кирдори духтараш шикоят кард, гуфт, ки аз эркагиҳои вай хаста шудааст. Амрулло нақли Манзураро бо таассуф шунида, як оҳ кашиду худаш ҳам аз писараш Соҳиб алам кард:

—Писари мо ҳам беҷогард шуда, ба сарамон чандин бало овард. Чор маротиба аз хона баромада бедарак шуда рафт. Ҳар дафъае, ки ўро гум мекардем, сад бор мурда боз аз сари нав зинда мешудем. Телефонашро хомўш намуда, ғайб мезанаду моро сарсону саргардон мекунад. На милисахона мемонаду на мурдахона, ҳама ҷоро мекобему намеёбемаш. Аз байн 10-12 рўз, ки гузашт, вай худаш пайдо мешаваду гўё чизе рўй надода бошад, мисли пештара гаштан мегирад, на бахшиш мепурсад, на мефаҳмонад, ки ин қадар вақт дар куҷо буд, бо кӣ мегашту чӣ кор мекард? Дурўғгўву ҳилагар шудааст. Боре як моҳ бехату хабар шуд. Ягон шиносу ношинос ўро дар ҷойе надидааст. Ба сарамон сад хаёли бад меомад. Худам- ку майлаш, ҳоли модарашро дида, дилам хун мегашт.

Муҳаббати бечора мисли гули пажмурда шуда буд. Мо ҳатто аз зинда будани писарамон умедамонро канда будем ва чӣ мегўед, ки баъди як моҳ аз шаҳри Қазони Россия хабар омад, ки Соҳиби мо дар он ҷо зиндонӣ шудааст. Мо намедонистем, ки гиря кунем ё шодӣ.

Хайрият, ақалан зинда будааст, гуфтем худ ба худ. Бо сад азобу азият ўро рафта овардам, аммо фикр мекунӣ, ки ислоҳ шуд? Не! Ману Муҳаббат ҳайронем, ки дар тарбияи писарамон чӣ норасоие кардем, ки вай ба роҳи бад рафта бошад? Аз афташ, айби худамон ҳам ҳаст, либос гуфт, беҳтаринашро харида додем, телефон гуфт, не нагуфтем, ҳатто мошин ҳам гирифта додем, ҳар чизе дилаш хост, дарҳол муҳайё кардем. Аз ҳад зиёд эркааш кардем. Ана, писари калониямон Ҷамшед баракси Соҳиб аст. Бечора мошин он тараф истад, ҳатто телефон надорад. Дар донишгоҳ ҳам хубу аъло мехонад. Ҳеҷ вақт моро ғам надодааст. Ба корҳои хоҷагӣ, ба бобояш ҳам кумак мерасонад. Ана ҳамин гулу гулкории ҳавлӣ ҳамааш маҳсули дасти Ҷамшедҷонамон,— гуфта гулҳои рангоранг ва бо маҳорати тамом шинондашудаи ҳавлиро нишон дода, Амрулло ҳикояташро ба поён расонид.

Манзура ҳам бо дўстонаш дардошно шуд, ба онҳо дилаш сўхт. Ҳарсе чанд лаҳза хомўш монданд. Дар ҳақиқат, ранги рўи Амрулло харобу хазон менамуд, дар чашмҳояш ғаму ғусса изи худро гузошта буд.

—Манзураҷон, ин беандешагиро бин, ба болои ҳамин қадар ранҷу азобе, ки ба сарамон овард, Соҳиби мо ҳоло боз ҳарду пояшро ба як мўза андохта, “ман зан мегирам” мегўяд. Ҳатто ақлаш намегирад, ки мо ҳоло акааш Ҷамшедро хонадор накардаем. Ба кадом як ҳамкурсаш ошиқ шуда будаасту, ба қавли худаш дигар сабру тоқат карда наметавонад. Ба вай гуфтем, ки ақалан таҳсилро тамом карда, баъд фикри занро кун, не, хезеду ба хостгорӣ равед мегўяд. Рости гап, диламон аз бачаи худамон пур нест, оё вай ба пасту баландиҳои зиндагии оилавӣ тоб меоварда бошад? Аз тарафи дигар, метарсем, ки агар хостгорӣ наравем, боз ба сарамон ягон балои нав меорад. Сари калобаро гум кардем,— шикоят кард Муҳаббат.

Пас аз як-якуним моҳи дигар Амрулло телефон карда, Манзураро ба тўи писараш даъват намуд, вале азбаски Манзура он шабу рўз дар сафари хизматӣ буд, дар тўйи онҳо иштирок карда натавонист.

Рафтори Нозия пас аз сафари хориҷӣ чанд муддат ислоҳ шуда бошад ҳам, акнун қилиқҳои беҷояш боз ҳам ҷиддитар гашта буданд. Шабе Саодат ба Манзура занг зада гуфт, ки Нозия имшаб ба хона наомадааст, телефонаш ҳам хомўш кардагӣ, дар куҷо буданаш номаълум. Манзураро хоб набурд. Пагоҳии барвақт ҳамроҳи Холиқ ба Душанбе, ба донишгоҳи Нозия рафтанд. Он ҷо гуфтанд, ки вай аз дирўз боз дар дарс нест.

То бегоҳ кофтукови онҳо ягон натиҷа надод. Шаби дуюм ҳам аз Нозия хабаре набуд. Манзура ба назди дугонаҳо- ҳамкурсони духтараш рафта, аз онҳо фаҳмид, ки Нозия ду-се моҳ боз бо ҷавоне ишқварзӣ мекунад ва ҳоло ҳам аҷаб не, ҳамроҳи вай ба ягон ҷо рафта бошанд.

Телефонаш рўзи сеюм ҳам хомўш буд. Холиқ ба ширкати хизматрасонии мобилӣ рафта, рақамеро, ки се рўз пеш аз он ба телефони Нозия занг омада буд, дарёфт намуд. Ба он рақам занг зада фаҳмид, ки дар ҳақиқат, дўстдоштаи

Нозия аст ва онҳо ҳоло якҷоя дар Кўлобанд. Манзура хурсанд шуд, ки духтараш ақалан зинда будааст. Ба пурсиши модараш, ки “барои чӣ телефонаш кор намекунад?” бепарво ҷавоб дод, ки “неруяш тамом шудааст”. Вақте ки аз Кўлоб баргашт, гўё ҳодисае нашуда бошад, ба пурсишҳои модараш ситеза карда, кутоҳакак “хайр чӣ, ба тўйи дугонаам наравам?!” гуфт ва Манзура ҳам, ҳарчанд медонист, ки духтараш ба тўй не, балки ба ягон ҷои дигар рафтааст, дар ин мавзўъ гап заданро беҳуда дониста, дигар чизе напурсид.

пешина
аз 22
навбатӣ