ХОЛМУРОДИ МИРЗОБЕК ҲАМТАҚДИРОН ҚИССАИ ВОҚЕӢ

Хонандаи азиз! Китобе, ки инак ба даст гирифтӣ, қиссаи воқеӣ буда, аз зиндагии ду оила ва наздикону пайвандони онҳо ҳикоят мекунад ва зимнан чандин саҳифаҳои рўзгори нобасомони солҳои 90-уми асри гузаштаи ҷомеаи Тоҷикистонро равшан месозад. Китоб аҳаммияти тарбиявӣ дошта, барои доираи васеи хонандагон пешбинӣ гардидааст.
Зеҳн · 24 октябри 2024 · 22 саҳифа
Манзура дар анҷом додани бисёр масъалаҳои корӣ баъзан ба маслиҳати ҳуқуқӣ ниёз пайдо мекард. Ба ташкилоти онҳо мутахассиси ҳуқуқшинос лозим буд.
Илова бар ин, ташкилоти ў дар соли дуюми фаъолият бо пешниҳоди як лоиҳае, ки ба омўзиши ҳуқуқии роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ равона гардида буд, дар озмун ғолиб омад ва барои амалӣ гардонидани ин лоиҳа ҳуқуқшиноси соҳибтаҷрибае лозим шуд. Аммо ҳуқуқшиноси варзидаро ёфтан кори осон набуд, аз ҷониби дигар, агар кори лоиҳа саривақт оғоз намешуд, ташкилотро лозим меомад, ки барои ба таъхир андохтани шартнома ҷубронпулӣ пардохт намояд. То оғози кори лоиҳа се-чор рўз монда буд, ки Наргис ба идора омада, ба Манзура хушхабар овард:
—Ман аз ноҳияи ҳамсоя як ҳуқуқшиноси хуб ёфта, ўро ба кор розӣ кунонида ба ин ҷо овардам.
Дер накарда ба утоқи корӣ як марди қадбаланди тахминан ҳамсоли худи Манзура даромада, салом дод.
Номаш Холиқ будааст. Манзура ҳуҷҷатҳои Холиқро аз назар гузаронд ва сипас ба ў якчанд саволи касбӣ доду посухҳои қаноатбахш гирифт. Ў на танҳо мутахассиси хуб, балки одами дилёб ҳам буд, базудӣ боварии ҳамсуҳбаташро ба даст оварда метавонист. Ба Манзура чунин намуд, ки дар шахси Холиқ ҳамкори самимиро дарёфт намудааст. Таклиф кард, ки вай аз пагоҳ ба кор шурўъ кунад.
—Агар зарур бошад, метавонам аз ҳамин лаҳза ба иҷрои вазифаам шурўъ намоям,— гуфта Холиқ аз ҷояш бархост ва даст пеши бар гирифта, табассум кард.
Манзура хурсанд шуда, ба Наргис супориш дод, ки Холиқро бо ҳуҷҷатҳои лозима ба шинос кунад ва бигузор ў ба кор шурўъ намояд. Ҳамкории Манзура ва шавҳари ояндааш ана ҳамин гуна оғоз гардид.
Саҳари рўзи оянда, вақте ки Манзура ба корхона омад, посбони идора бо изҳори қаноатмандӣ гуфт:
—Апа, коргари наватон ин қадар одами мулоиму дидадаро, меҳнатдўст будааст. Вай то соати сеи шаб кор карда бошад ҳам, боз ин саҳар аз ҳама пештар омад.
Баъди як ҳафта Холиқ ҳуҷҷатгузории лоиҳаи навро пурра ба итмом расонд ва бастаи коғазҳоро оварда, ба Манзура супурду бо табассуми кушод гуфт:
—Марҳамат, раисаи муҳтарам, ҳамаи ҳуҷҷатҳои лоиҳа тайёр. Метавонед аз пагоҳ ба иҷрои кор шурўъ кунед.
Манзура бо кори анҷомдодаи Холиқ шинос шуда, натавонист қаноатмандии хуро пинҳон намояд, ҳама чиз мувофиқи талабот буд. Ғайр аз ин, вай кори якмоҳаро дар як ҳафта ба сомон расонидааст, ки ин шоистаи таҳсин мебошад.
Холиқ бо рафтору гуфтор ва ҳисси масъулиятшиносии худ рўз ба рўз дар миёни ҳамкорон нуфузу обрўи бештар пайдо мекард. Дар ҳалли мушкилоти ҳамкорон маслиҳатчии беҳтарин буд, ёрии худро аз ҳеҷ кас дареғ намедошт.
Манзура, агарчи хислатҳои ўро меписандиду масъулиятшиносияшро қадр мекард, мекўшид, ки худашро аз ў дур бигирад. Зеро медонист, ки ба ҳам наздик будани марду зани муҷаррад метавонист дар миёни ҳамкорон боиси пайдо шудани ҳар гуна гапу калоча гардад.
Лоиҳаи амалинамудаи онҳо пас аз як сол дар озмуни байналмиллалӣ ҷои якумро гирифта, боиси баланд шудани нуфузи ташкилот гардид ва худи Холиқ сазовори мукофоти қимматбаҳо дониста шуд. Ўро ҳамчун коргари беҳтарин барои таҷрибаомўзӣ ба Америка равон карданд. Баъд аз таҷрибаомўзӣ ҳунару малакаи Холиқ боз ҳам зиёдтар гашт.
Манзура, ки ба сохтмони хона шурўъ карда буд,
Холиқ дар ҳама корҳояш беминнат ба ў ёрӣ мерасонд.
Бо мошини худаш масолеҳи сохтмониро дастрас менамуд, барои сохтмончиён хўрок мепухту гоҳо худаш дасту панҷа барзада, ҳамроҳи онҳо устокорӣ мекард. Вақте ки рангу бори хона оғоз ёфт, соҳиби завқи баланд будани вай бори дигар собит гашт: беҳтарин тарҳу рангҳоро ба устоҳо тавсия медод ва пешниҳодҳои вай ба Манзура ҳам писанд меомаданд.
Рўзе Манзураро лозим омад, ки барои анҷом додани коре ба Душанбе равад, вале ронандааш бемор шуда буд. Холиқ ба утоқи кории Манзура даромаду арз кард, ки омодааст ронандаро иваз намояд.
Манзура розӣ шуд.
То расидан ба шаҳри Душанбе Холиқ, қариб ки сухане нагуфт, ҳамчун ёвари ҳақиқӣ танҳо ба саволҳои Манзура ба таври кутоҳ посух медоду халос. Ҳангоми бозгашт, вақте аз назди як маҳалли аҳолинишини канори роҳ мегузаштанд, Холиқ ба сухан даромад:
—Ин деҳа зодгоҳи ман аст. Бобою бобокалонҳоям дар ҳамин ҷо зиндагӣ кардаанд. Аммо ман, зиёда аз панҷ сол мешавад, ки ба зодгоҳам наомадаам. Ҳар вақте нияти ба ин ҷо омадан кунам, ҳамсари ҷавонмаргам пеши назарам меояд ва ман беихтиёр аз раъям мегардам, ҳаргиз он ҳодисаи мудҳишро ба ёд овардан намехоҳам.
Аз ҳикояти пурсўзу гудози Холиқ маълум шуд, ки вай ҳангоми дар синфи ҳаштум хондааш ба ҳамсинфаш Зебо ошиқ шудааст. Зебо ҳам ўро дўст медоштааст. Баъди он ки Холиқ ба мактаби олӣ дохил мешавад, падару модари Зебо, бе он ки розигии духтарашонро бипурсанд, мехоҳанд ўро ба кадом як хешашон, ки дар ҳамсоядеҳа мезистааст, ба шавҳар диҳанд. Рўзи тўй муқаррар мешавад ва Зебо дигар сабрро аз даст дода, гурехта ба Душанбе меояд ва кофта-кофта Холиқро меёбад. Холиқ Зеборо ба хонаи як хешашон бурда мемонад. Хулоса, миёни оилаи Холиқино ва дўстдоштаи вай ҷангу ҷанҷол сар зада, то ба занозанӣ рафта мерасад ва чанд кас ҳам захмӣ мешаванд. Моҷарои ду хонадон то ба суд рафта мерасад. Холиқ дар мурофиа мегўяд, ки Зебо бо хоҳиши худаш ба назди ў омадааст ва бо ҳамин баҳси судӣ ҳалношуда боқӣ мемонад. Баъд аз гузаштани чанд муддат Холиқ Зеборо аз шаҳр ба деҳа, ба хонаи падараш меорад.
Падару модари Зебо бо Холиқ никоҳ надоштани духтарашонро баҳона карда, ўро гирифта ба хонаашон мебаранд ва духтари бечора чор соли донишҷўии Холиқ интизор мешаваду сипас онҳо миёни ҳам никоҳ мебанданд. Саргузашти ғамангези Холиқ чунон Манзураро мутаассир кард, ки вай маҷбур шуд якчанд маротиба ашки чашмонашро пок намояд.
—Вақте ки Зебои ман ҳомиладор шуд, шодии моро ҳадду канор набуд. Аз он ки ба қарибӣ падар мешудам, мехостам болу пар бароварда парвоз кунам. Ману ҳамсарам кўдаки ояндаамонро дар хаёлҳоямон навозиш менамудем, бо ў хандаву бозӣ мекардем. Вале тақдир набудааст,— гуфт Холиқ бо пушти дасташ ду қатра ашки ба рухсораҳояш чакидаро пок намуда,— дар вақти таваллуди кўдак Зеборо аз даст додам. Ў як писари калони нозанин таваллуд кард, вале духтурон тифлро ҳам аз марг наҷот дода натавонистанд. Падару модари Зебо “духтарамонро куштӣ” гуфта, боз ҷангу ҷанҷолро гардон карданд, боз маро ба суд доданд. Баъди ин ҳодиса падарам касали дил шуда, ба беморхона афтид, модарам бошад, маро дуои бад карда мегуфт, ки ин ҳама касофатиро ту ба сарамон овардӣ!— Холиқ як оҳи дарднок кашиду боз нақлашро давом дод:— Ман ин ҳама ғаму кулфат ва дарду ранҷро таҳаммул карда натавониста, сарамро гирифта аз хона баромадам. Як моҳ дар Душанбе будам, баъд дар Қўрғонтеппа кор ёфта, ба он ҷо кўчидам. Панҷ сол дар он ҷо кор карда, баъд, ана ба ҳамин кори ҳозираам гузаштам. Яъне қариб шаш сол мешавад, ки ба деҳаамон наомадаам ва омаданӣ ҳам нестам, дар банди андешаҳои буғикунанда зиндагӣ карда наметавонам. Ана ҳамин хел, умрам қариб ба чил расид, вале на хонаву дар ва на зану фарзанд. Хотираи Зебо, рўҳи поки вай намегузорад, ки бо касе издивоҷ кунам.
Аммо Худоро шукр мегўям, ки пас аз ин қадар ғаму кулфат маро бо шумо барин инсони ҳақиқӣ ва дўсти беғараз рў ба рў овардааст. Бовар кунед, дарди диламро ба шумо гуфта хеле сабук шудам.
Мошин ба назди корхона расида қарор гирифт.
Холиқ баргашта ба Манзура нигаристу маънидорона гуфт:
—Ман аз шумо миннатдорам, Манзурахон.
—Беҳтараш ин фикрҳоро як тараф монда, хонадор мешудед,— гуфт Манзура ба ҳоли Холиқ раҳмаш омада,— чӣ хеле худатон мегўед, умр гузашта истодааст.
—Инро ба ман мегўию худат ҳам бо ин қаду қомати зебо шавҳар намекунӣ. Охир, аз марги раҳматии ҳамсарат зиёда аз даҳ сол гузаштаасту ҳоло ҳам гўё чизеро интизорӣ,— гуфт Холиқ дар ҷавоби Манзура.
Ин сухани Холиқ ба вай писанд наомада бошад ҳам, чизе нагуфта, аз мошин фаромаду ҷониби идора рафт.
Рўзҳо аз байн мегузаштанду саргузашти талхи Холиқ торафт бештару бештар дили Манзураро хуншор мекард. Аҷобати кор дар он буд, ки қисмати ин бахтбаргашта ба воқеаҳои азсаргузаронидаи Манзура сахт монандӣ дошт. Рўзҳои охир Холиқ тамоман камгап шуда буд. Ғаму ғусса аз чеҳраву чашмони ў дур намешуд. Боре Наргис ба Манзура гуфт, ки ин ҳама дамдуздиҳои Холиқ аз ҳамон рўзи якҷоя ба Душанбе рафтану омадани онҳо сар шудааст.
Баъд аз гузаштани як ҳафта, рўзе Холиқ пас аз анҷоми соати корӣ, ҳангоме ки дар идора ба ғайр аз ўву роҳбари корхона дигар касе намонда буд, тақ-тақ карда ба утоқи кории Манзура даромад. Манзура бо нигоҳи саволомез ба вай нигарист.
Холиқ ба замин дида дўхта, гунаҳкорона гуфт:
—Манзура, маро бубахшед. Он рўз ба ҳаёти шахсиятон дахолат намуда, шуморо хафа кардам. Кори нодуруст шуд, як ҳафта боз ин гуноҳи худамро бахшида наметавонам. Агар узри маро қабул накунед, аз хиҷолат мекафам. Илтиҷо дорам, маро бубахшед.
—Ҳеҷ гап не,— ҷавоб гардонд Манзура, ки воқеан дилаш ба Холиқ месўхт.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё