ХОЛМУРОДИ МИРЗОБЕК ҲАМТАҚДИРОН ҚИССАИ ВОҚЕӢ

Хонандаи азиз! Китобе, ки инак ба даст гирифтӣ, қиссаи воқеӣ буда, аз зиндагии ду оила ва наздикону пайвандони онҳо ҳикоят мекунад ва зимнан чандин саҳифаҳои рўзгори нобасомони солҳои 90-уми асри гузаштаи ҷомеаи Тоҷикистонро равшан месозад. Китоб аҳаммияти тарбиявӣ дошта, барои доираи васеи хонандагон пешбинӣ гардидааст.
Зеҳн · 24 октябри 2024 · 22 саҳифа
Анзурат риштаи хаёлоти Манзураро барканд:
—Манзураҷон, дугонаат Муҳаббатро дидан мехоҳӣ? Вай аз ҳамин қадар роҳи дур овора шуда, ба хабаргирият омадааст,— гуфт апааш.
Бо шунидани номи Муҳаббат дар лабони Манзура табассум гул кард. Инро фоли нек шумурда, Анзурат пурсид:
—Мехоҳӣ Муҳаббат пешат биёяд?
Дар ҷавоб Манзура табассум карду бо мазмуни “оре” сар ҷунбонд.
Анзурат хоҳарашро бо ҳамшираи шафқат монда, барои ҷеғ задани дугонаи ҷонии хоҳараш ба берун баромад. Муҳаббат дар саҳни беморхона бо Холиқ ва Нозия суҳбат дошт. Онҳо ҳам хоҳиши даромадан карданд, аммо Анзурат гуфт, ки ҳоло духтур иҷозат намедиҳад.
Манзура дугонаашро дида, оҳанги аз ҷой бархостан кард, ки Анзурат аз ду китфаш дошта, нагузошт, “мумкин нест” гуфт. Онҳо ҳамдигарро оғўш карда, бўса мекарданд, бў мекашиданд, Манзура намехост дугонаашро аз оғўшаш раҳо намояд.
Хайрият, ин дафъа Манзура гиря накард, чизе гуфтанӣ шуд, аммо натавониста, бо табассумҳои беолоиш эҳсоси дилашро изҳор менамуд.
Муҳаббат бо суханони рўҳбаландкунанда чанд лаҳза хотири дугонаашро шод карду баъд бо хоҳиши духтур ба берун баромад. Манзура боз чашмонашро пўшида, дар баҳри андешаҳои худаш ғўтавар гашт.
...Баъди баргаштани Қобилҷон, гўё дар оилаашон зиндагии нав сар шуд. Зиёдахола ҳам дигар навҳаю нола намекард, саломатияш беҳтар шуда буд, хандаи пешинааш ба лабонаш баргашт, бо Нозия шўхию бозӣ карда, аз ҳаракатҳои наберааш завқ мебурд. Қобилҷон бо пешниҳоди Усмоналӣ дар хоҷагӣ ба кор даромаду ба шуъбаи ғоибона гузашта, таҳсилашро дар донишкада барқарор намуд. Ҳавлию хонаи онҳо рангу намуди тоза гирифта буд. Тамоми деворҳои афтида аз нав барқарор гаштанд, ҳама ҷо таъмиру тармим карда шуд, боғи бенигоҳубинмонда мисли пештара ободу зебо гардид.
Пас аз ним сол Зиёдахола ба ҷону дилаш намонда, писарашро хонадор кард. Баъд аз овардани келини нав падари Манзура ўро ба хонаи худашон бурданӣ шуд, вале Манзура ба рафтан розӣ нашуд.
—Охир, навакак холаам каме ба худ омадааст, агар ману Нозия аз ин хона равем, шояд аҳволаш ноҷўр шуда монад,— посух дод вай ба падар.
Баъди як соли хонадоршавӣ Қобилҷон соҳиби писарча шуд. Хурсандии модари ғамдида охир надошт, на шабу на рўз аз бари наберааш дур намерафт.
Аз байн ду-се моҳ гузашту нохост Зиёдахола бемор шуд. Ў аз дилаш шикоят мекард, шояд ин қадар ғаму ғусса, ин қадар нохушиҳо, ҷудо шудан аз писараш Олимҷон ва марги нобаҳангоми ҳамсараш кори худро кардаанд, ки кори дилаш суст шуда буд. Баъд аз як ҳафтаи беморӣ ў дунёро падруд гуфт.
Манзура баъд аз гузаронидани маросими чили хушдоманаш, бо розигии Қобилҷону ҳамсари ў ба хонаи падарияш кўчид.
Зиндагияшон хуб, тинҷу ором буд. Нозия ҳам дар бари бобову бибӣ ва тағою холаҳояш ба ноз калон мешуд. Бибияш ба вай афсона мегуфту бобояш хондану навиштанро ёд медод. Тағояш Ҳикмат бошад, қариб ҳар рўз бо ширинию туҳфаҳо ҷияни худро хурсанд мекард.
Ҳикмат барои хоҳараш як ҷойи кори хуб ҳам ёфт.
—Манзура,— гуфт рўзе вай ба хоҳараш дар гирди дастурхон, вақте ки ҳама аҳли оила хўроки шом мехўрданд,— ҳамин рўз дар идораи мо ҷамъомаде шуду намояндагони муассисаҳои ҷумҳуриявию вилоятӣ бо як гурўҳ хориҷиён дар он иштирок карданд.
Мақсади онҳо кумак кардан ба камбизоатҳо будааст, хусусан ба занону духтароне, ки баъди ҷанг бесарпаноҳ мондаанд. Ба онҳо ту барин духтарони маҳаллии дорои маълумоти олӣ, хусусан иқтисодчиҳо, лозим будаанд. Агар хоҳӣ, туро бурда бо онҳо шинос мекунам.
—Кори хуб будааст,— посух дод падар ба ҷои духтараш,— якумаш, ту азоб кашида, хонда соҳиби маълумоти олӣ шудӣ, дуюмаш, кори ёфтагии акаат бисёр мувофиқ, кори занона будааст. Розӣ шав, духтарам.
Дастат ба бечорагону бенавоён расад, савоб мегирӣ.
Пагоҳӣ Манзура фикри апааш Анзуратро ҳам дар ин бора фаҳмиду сипас ҳуҷҷатҳояшро барои кор ба он ташкилот супорид. Як марди хориҷӣ, ки фаронсавӣ будааст, бо забони русӣ ба вай саволҳо медоду саволҳояшро тарҷумон зўр зада, дурусту нодуруст тарҷума мекард. Манзура, чун дид, ки тарҷумон забони русиро хуб намедонад, худаш ба забони русӣ гап зад. Марди хориҷӣ хурсанд шуд, ки довталаб на танҳо мутахассиси хуб, балки донандаи забони русӣ ҳам будааст.
—Мо ҳатман шуморо ба кор мегирем, вале аз рўи қоида бояд дар ин бора ризояти ташкилоти болоиро интизор шавем. Ин кор ду дуюним ҳафта вақтро талаб мекунад.
Баъд аз бист рўз Манзураро ба кор даъват карданд.
Идораи корхона аз хонаи онҳо дур набуд. Ташкилоти онҳо ба ғайр аз ноҳияи худашон боз ба ду ноҳияи дигар ҳам хизмат мерасонд.
Манзура қариб ҳар рўз аз пагоҳии барвақт то бегоҳ дар давутоз буд, ба қавле вақти зиқ шудан намеёфт. Бо ҳамкоронаш ба маҳаллаҳо баромада, бо занону духтарон суҳбатҳо анҷом медоданд, ниёзмандонро номнавис карда, ба онҳо ёрӣ мерасонданд, дастгирӣ мекарданд. Вазифаи ташкилоти онҳо фақат бо озуқаворӣ таъмин намудани эҳтиёҷмандон набуд, онҳо ҳамчунин, аҳолиро ташвиқ менамуданд, ки бо дастгирии ташкилот ба парвариши зироат машғул шуда, сатҳи зиндагияшонро худашон беҳтар гардонанд.
Кору ташвишҳои ҳаррўза восита шуданд, ки Манзура хотираҳои ғамангези худро кам-кам фаромўш кард. Баъди зиёда аз як соли корӣ роҳбарияти ташкилот сифатҳои хуби кории ўро ба назар гирифта, ҳамроҳ бо се зани дигар ба шаҳри Алма Атои
Қазоқистон барои такмили ихтисос равонаш карданд.
Он ҷо се моҳ таҳсил карда, таҷрибаҳои зиёд андўхт, бештар аз пештара бо аҳолӣ кор карданро ёд гирифт ва ҳамин буд, ки ў мутахассиси масъул оид ба таъминоти озуқаворӣ ба оилаҳои камбизоати ноҳия шуд. Ин кораш бисёр масъулиянок буд, чунки аксарияти аҳолии ноҳия гуреза шуда буданду акнун ба Ватан баргашта, ба таъминоти озуқаворӣ ниёз доштанд. Худо накарда, агар ягон оилаи камбизоат аз рўйхат берун мемонд, ў дар назди ташкилот ва бадтар аз он, дар пеши виҷдони худаш гунаҳгор мешуд. Аз ҳамин ҷиҳат, шабу рўз ба маҳалҳо сафар карда, вазъиятро бо чашмаш медид, хулосабарориҳо мекард. Дигар вақти холӣ надошт.
Баъди се соли корияш дар он вазифаи масъул, яке ҳамкоронашон, ки Наргис ном дошту бо Манзура дугонаи қарин шуда буданд, гуфт, ки ҳоло имкон пайдо шудааст, ки худи онҳо чунин як ташкилоти ҷамъиятӣ таъсис дода, мустақилона фаъолият намоянд.
—Худоро шукр, зиндагиямон хеле хуб аст, ба ҳеҷ чиз муҳтоҷ нестем, таҷриба ҳам гирифтаем, мо, албатта, аз уҳдаи ин кор мебароем,— изҳор намуд
Наргис.
Манзура розӣ нашуд:
—Не, ман ҷои гармамро хунук карданӣ нестам.
Баъд, шояд кори хуб намешавад, ки мо “корро ёд гирифтем” гуфта, корхонаамонро тарк кунем.
—Охир, мо ҳарду соҳиби маълумоти олӣ ҳастем, қобилияти корӣ дорем, пас, чаро донишу таҷрибаамонро истифода бурда, мувофиқи фаҳмишу қобилияти худамон мустақилона кор накунем?— боз исрор намуд Наргис.
Он рўз дугонаҳо ба қарори ягона омада натавонистанд. Манзура бегоҳӣ дар хона ин пешниҳоди Наргисро бо падару акааш баррасӣ карданд ва онҳо фикри дугонаашро маъқул дониста, гуфтанд, ки бо созмон додани ташкилоти худӣ онҳо метавонанд ба мардуми корафтода манфиати бештар расонанд. Ҳикмат илова кард, ки хоҳараш аз ин қадами мустақилона бим накунад, зеро бузургон фармудаанд, ки “то раҳ наравӣ, ҳеҷ ба мақсад нарасӣ” ва боз ин ки, агар дар аввали кор мушкиле пеш ояд, ў тайёр аст, ки ба онҳо кумак расонад.
Ҳамин тавр, Манзура бо фотеҳаи падару ҳидояти бародараш, ҳамроҳи дугонааш Наргис баъди давуғеҷи ҳуҷҷатгузориҳо, ки дар воқеъ вақту нерўи зиёдро талаб мекардааст, ба мақсад расиданд, ташкилоти хусусии худро таъсис доданд. Ҳарчанд Манзура хост, ки роҳбарии ташкилотро Наргис ба зимма гирад, ў розӣ нашуд:
—Охир, ташкилоти мо бо маслиҳати падар ва бо ёрии бародари ту бунёд ёфт-ку. Аз ҳамин ҷиҳат, аз рўи инсоф нест, ки роҳбари он ман шавам. Илова бар ин, худат комилан бовар дошта бош, ки ин корро бе ҳеҷ душворие карда метавонӣ.
Ҳамин тавр, Манзура роҳбари ташкилот шуду номи онро ба номи духтараш “Нозия” монданд. Барои созмон додани идораи ташкилот як қисмати он биноеро, ки ташкилоти аввалияшон дар он фаъолият дошт, харида таъмир карданд. Падар аз муваффақиятҳои нахустини духтараш дар ҷодаи мустақилона хурсанд буд. Рўзе ў дар миёни суҳбат шўхиомез ба духтараш нигариста гуфт:
—Манзура дар ёдат ҳаст, вақти мактабхоният мегуфтӣ, ки дар донишгоҳ таҳсил карда раис мешавӣ?
Ана, Худованд туро ба орзуят расонд, акнун раиса шудӣ.
Манзура ҳам орзуҳои ширини даврони наврасияшро ба ёд оварду ҳамроҳи падар хуб завқида хандиданд.
Солҳо ноаёну зуд сипарӣ мегаштанд. Манзура корашро дўст медошт ва худро пурра ба он бахшида буд. Ҳамин буд, ки корхонаи ў ҳатто дар миқёси ҷумҳурӣ шинохта шуд ва ду-се ширкати хориҷӣ хоҳиши бо вай кор карданро карданд.
Манзура, ки дониши хуб ва қобилияти баланди ташкилотчигӣ дошт, дар бисёр семинару намоишгоҳҳо суханронӣ карда, обрўву мартабаи худу корхонаашро торафт баланд мебардошт ва дўстону ҳамкоронаш низ тадриҷан бештар мешуданд. Дар ин муддат ў ба якчанд давлатҳои хориҷа, аз ҷумла Япония, Полша, Италия ва ду маротиба ба худи Америка сафар карда, таҷрибаашро боз ҳам ғанитар намуд. Баъди се соли фаъолияти меҳнатӣ дугонааш Наргис ҳам дар ҳудуди ноҳияи ҳамсоя ташкилоти ҷамъиятии худро кушода, фаъолияти мустақилонаашро ба роҳ монд.
Духтараш Нозия дар мактаби назди хонаашон таҳсил мекард. Дугонааш Муҳаббат бо Амрулло ва писарашон Ҷамшед ҳар сол як-ду маротиба ба меҳмонӣ меомаданд. Манзураю Нозия ҳам гоҳ-гоҳе барои дидорбинӣ ба хонаи дугонааш мерафтанд.
Манзура бо маслиҳати дугонааш Наргис, бо мақсади бунёди манзили зист дар наздикии маркази ноҳия қитъаи замин гирифт. Ў, ки аз ҳамсараш Олимҷон хонасозиро ёд гирифта буд, бо тарҳи нав ба сохтани он сар кард.
Дар ин муддат чандин ҷавонмардон, аз ҷумла чанд нафаре, ки бо Манзура муносибатҳои корӣ доштанд, хоҳиши бо вай издивоҷ намуданро карда бошанд ҳам, ҳамаи онҳо ҷавоби рад мегирифтанд. Гап сари он мерафт, ки ҳар дафъа, қабл аз он ки касе чунин хоҳиш кунад, ки Олимҷон бо қиёфаи норозӣ ба хоби Манзура медаромад ва ҳарчанд ки сухане намегуфт, Манзура чунин мепиндошт, ки шавҳари марҳумаш издивоҷ кардани ўро намехоҳад.
Аммо, чуноне мегўянд, тақдиру қисмати ҳар кас дар пешонияш навишта шудаасту онро касе бекор карда ё тағйир дода наметавонад; аз тақдир гурехта намешавад,
“ҳар чӣ Худо хост, ҳамон мешавад”. Марг ҳам ба вақти худ мерасад, дер намекунад, пеш аз муҳлат ҳам намеояд.
Барои ҳамин ҳам, инсон бояд як давраи зиндагиеро, ки Офаридгор ба ў додааст, боақлона истифода барад, то ба вақти пирӣ аз роҳи паймудааш, аз корҳои анҷомдодааш пушаймон нашавад.
Рўзе, ки аз он ҳодисаи мудҳиш, аз даргузашти Олимҷон даҳ сол сипарӣ гашт, додараш Қобилҷон оши худоӣ дода, ҳама хешу ақрабо ва ёру дўстонро ба хонааш даъват кард ва ҳама барои осудагию хушнудии рўҳи Олимҷон дастҷамъона фотиҳа хонданд. Баъд аз ин дигар Олимҷон, қариб ки ба хоби Манзура намедаромад, агар гоҳе ҳам медаромад, чеҳрааш гирифтаву ғамгин набуд, шояд дигар намехост, ки ҳамсараш зиндагияшро, ҳамин тавр, бе марди хона сипарӣ кунад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё