ХОЛМУРОДИ МИРЗОБЕК ҲАМТАҚДИРОН ҚИССАИ ВОҚЕӢ

Хонандаи азиз! Китобе, ки инак ба даст гирифтӣ, қиссаи воқеӣ буда, аз зиндагии ду оила ва наздикону пайвандони онҳо ҳикоят мекунад ва зимнан чандин саҳифаҳои рўзгори нобасомони солҳои 90-уми асри гузаштаи ҷомеаи Тоҷикистонро равшан месозад. Китоб аҳаммияти тарбиявӣ дошта, барои доираи васеи хонандагон пешбинӣ гардидааст.
Зеҳн · 24 октябри 2024 · 22 саҳифа
Баъд аз чанде Нозия гуфт, ки дигар ў дар хонаи амааш Саодат намеистад, ба назди як дугонааш меравад, ки вай дар як хона худаш танҳо мезистааст. Вақти ҷамъбасти нимсола Нозия имтиҳонҳоро супорида натавонист ва декани факултет боз Манзураро даъват карда, ба ў фаҳмонд, ки аз духтараш бохабар шавад, аз афташ вай ба корҳои ғайриахлоқӣ дил баста, хонданро фаромўш кардааст ва агар аз уҳдаи такроран супоридани имтиҳону санҷишҳо набарояд, аз донишгоҳ хориҷаш мекунанд.
Ҳамин тавр, Нозия хонданро партофт ва ўро аз донишгоҳ хориҷ карданд, вале вай ба хона барнагашт, дар хонаи ким-кадом дугонааш монд. Пас аз ним соли дигар гуфт, ки ҷавонеро нағз дидаасту мехоҳад ба ў ба шавҳар барояд. Он ҷавон Фирўз ном дошта, аз ноҳияи ҳамсоя, писари як соҳибкор будааст. Манзура пурсуҷў карда фаҳмид, ки домодшавандааш пештар як зан гирифта, баъди якчанд моҳ аз ў ҷудо шудааст. Аз ҳар касе пурсуҷў кард, оилаи қудошавандаро ҳамчун як хонаводаи бенизому бетартиб баҳо доданд. Масъаларо бо апааш Анзурат ҳам дар миён гузошт. Хулоса он буд, ки ба як ҷавони зандида ба шавҳар баромадани духтар айб аст.
Аммо Нозия бе ҳеҷ андешае “Фарқаш чӣ, ки вай зандидааст? Шумо беҳтараш бинед, ки ў дар чи хел мошин савор асту чӣ хел либосҳо мепўшад? Гапи ман ҳамин, шавҳари дигар намекунам!” гуфту ин мубоҳисаро нуқта гузошт ва пеш аз баромада рафтанаш илова кард, ки “мо бо Фирўз бояд ба Душанбе равем, вай маро интизор аст”. Аппаву хоҳарро гапашон дар даҳонашон монд.
—Кори шудагӣ шудааст, хоҳарам, дигар ўро ба роҳи рост баргардондан мушкил. Ман дар вақташ гуфта будам, ки ўро эрка мекунӣ. “Духтарам бепадарияшро ҳис накунад, зиқ нашавад” мегуфтию ҳама хоҳишҳояшро бечуну чаро иҷро мекардӣ. Ана, самараи дилсўзию ғамхорият,— гуфт Анзурат.
Манзура гирист, ба ҳоли худаш, барои ояндаи духтари сабукфикраш хуб ашк рехт. Апааш рост мегуфт, ў дар тарбияи духтараш ба саҳву хатои зиёд роҳ дода буд.
Аммо дигар чӣ илоҷ? Акнун “сари кафида зери тоқӣ” гуфта гаштан мегирад.
Баъд аз чанд рўзи дигар хостгорҳои дўстдоштаи Нозия омаданд ва рўзи тўй ҳам таъин гардид. Нозия то рўзи тўй ҳам модарашро хуб ғам дод, инро гиру вайро гир; инаш намешаваду онаш намешавад мегуфт, шартҳои гузаронидани тўй чанд бор иваз шуданд, гоҳе ба ў лисобҳои арўсӣ маъқул набуду гоҳе ҳофизоне, ки дар натиҷаи хулосаи ду ҷониб интихоб гардида буданд.
Манзура ба ҳама инҷиқиҳои духтараш тоқат кард, ҳоло ҳам мекўшид, ки вай эҳсоси бепадарӣ накунад.
Манзура ба тўй меҳмонони зиёд даъват накард.
Муҳаббат бо писараш Ҷамшед омаданд, Амрулло бошад, мубталои бемории дил шуда, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аҳли хонаводаи домод аслан одамони бад набудаанд.
Домодаш аз Нозия ҳашт сол калон ҳам бошад, хеле мувофиқ, ҷавони хуб будаасту бинобар сабаби кўдакдор нашуданашон аз ҳамсари аввалааш ҷудо шуда будааст.
Аз он ки зиндагии мустақилонаи духтараш орому осуда буд, Манзура ҳам азобу азияти кашидаашро аз ёд баровард, асабҳояш хеле ором гирифтанд. Худоро илтиҷо мекард, ки ақалан баъди хонадоршавияш ақли Нозия ба сараш занад. Акнун ў пурра ба кор дода шуда буду ҳаракат мекард, то камбудиҳои дар корхонааш пайдошударо, ки натиҷаи эркагиҳои чанд моҳи охири духтараш буданд, бартараф намояд.
Худо баракаташ диҳад, домодаш Фирўз ҷавони бафаҳм баромад, зиндагии якҷояи ўву Нозия бо ҳамдигарфаҳмӣ мегузашт. Манзура шукрона мекард, ки ниҳоят духтараш ба роҳи дуруст даромада, бахташро ёфтааст. Аммо ин хурсандӣ ҳамагӣ як сол идома кард.
Фирўз, чун фаҳмид, ки ҳамсараш “ҳомиладор нашавам” гуфта, ҳар гуна дорую даво истифода мебурдааст, муносибаташ бо ў сард шуд. Вай исрор варзид, ки ҳамсараш ин корро накунад, охир, вай орзу дорад, ки фарзанддор шавад ва сабаби аз зани аввалааш ҷудо шуданаш ҳам, кўдакдор нашуданашон мебошад. Аммо Нозия ҳамоно истеъмоли доруро идома медод. Фирўз ночор шуда, ба хушдоманаш Манзура муроҷиат кард, то духтарашро аз ин феълаш боздорад.
Манзура духтарашро ба хонааш даъват намуда, апааш Анзуратро ҳам овард, то онҳо дунафара шуда, ба Нозия фаҳмонанд, ки чунин рафтор кардани ў нодуруст аст.
Аммо духтари кутоҳбин фикрашро дигар кардан нахост.
—Магар шумо намефаҳмед, ки умри инсон қимат аст.
Оё меарзад, ки ними онро барои калон кардани фарзанд сарф кунӣ? Не, не дастони нозуки ман барои тоза кардани пушти кўдак нестанд,— мегуфт вай ангуштони борику дарозашро нишон дода.— Ман мехоҳам аз даврони ҷавониям лаззат барам, кўдак-пўдак карданӣ нестам.
Инро ба Фирўз гуфтам, агар вай ҳафтафаҳм розӣ набошад, чор тарафаш қибла. Дигар дар ин мавзўъ гап накушоед.
Нозия гапашро ба охир расонду баромада рафт.
Анзурату Манзура, ки аз шунидани суханони беақлона ва шаккоконаи вай лол монда буданд, гиребонҳояшонро дошта тавба мекарданд. Пас аз як ҳафтаи дигар Нозия ба хонаи модараш омаду дигар ба хонаи шавҳараш рафтан нахост. Ҳарчанд Фирўз ҳар рўз чандин маротиба занг зада, ўро даъват мекарду хушдоманаш ҳам омада, келинашро бурданӣ шуд, вай баргаштанӣ набуд.
Ниҳоят, баъди зораву илтиҷо ва насиҳату маслиҳатҳои зиёди модараш Нозия ба хонаи шавҳараш барагашт, вале миёни ўву шавҳараш ҳеҷ ҳамдигарфаҳмӣ пайдо намешуд. Баъзан Нозия қаҳр карда мерафту ҳафтаҳо дар хонаи модараш мемонд. Дигар Фирўз ҳам хоҳишҳои беохири ўро иҷро намекард ва аз ҳамин сабаб, қонеъ намудани ҳавою ҳавасҳои ин духтари эркатулфор боз ба дўши Манзураи бечора афтода буд. Акнун Нозия дар фикри соҳиби мошини сабукрав буд. Шавҳараш бошад, ин хоҳиши вайро қотеона рад мекард. “Ту нагирӣ, очаҷонам мегирад” гуфта, акнун Нозия сару майнаи модарашро гиҷ мекард. Анзурат ба Манзура маслиҳат дода, илтиҷо мекард, ки зинҳор ин корро накунад.
—Шармандаи ду дунё мешавӣ,— мегуфт ў.
Вале Нозия, ки пой аз ҳудуди ахлоқ берун гузошта буд, барои расидан ба ҳавасҳояш ҳама роҳҳоро истифода мебурд, заррае ҳам фикр намекард, ки кирдорҳои беақлонааш дили нозуки модарашро хуншор мекунанд.
—Ҳоло мо ин хел имконият надорем, мошин харида наметавонем,— гуфт ба духтараш Манзура.
—Чӣ! Мошин намехарӣ?! Ин тавр ки бошад, аз худат хафа шав. Як коре мекунам, ки худат давида мошин мехарӣ ва боз узр ҳам мепурсӣ!— дод зад ба сари модараш Нозия.
—Нозия, бас кун! Охир, барои чӣ маро ин қадар ғам медиҳӣ? Барои он ки дар ғарибиву бекасӣ, дар хориву зориҳо аз ҷони худам гузашта туро калон кардам? Барои он ки нагузоштам, то бепадар буданатро ҳис кунӣ? Наход ки ҳоло ҳам ақли ту ба сарат назада бошад? Ту боз чӣ нақшаи шуме дорӣ дар сарат?— гуфта Манзура бо ду даст сарашро дошт ва ба замин нишаста инони гиряро раҳо кард.
—Медонӣ чӣ кор мекунам? Туро туҳмат мекунам. Ба Холиқ мегўям, ки ту бо Рустами ҳамкорат ишқварзӣ мекунӣ,— гуфт Нозия ва қоҳ-қоҳ зада хандид.
Гўё аз сараш оби хунук рехта бошанд, Манзура дар ҷояш шах шуда монд. Худоё, наход духтари ў то ба ҳамин ҳад бадахлоқ шудааст, ки ба модари худаш туҳмат мезанад, ба наздиктарин шахсе, ки ўро калон кардааст, раҳм намекунад? Барои чӣ, барои кадом гуноҳе?
Бегоҳӣ Холиқ ба хона омада дид, ки дар рўи ҳамсараш ранг намондааст, ба як нуқтаи дури номаълум нигоҳ карда нишастаасту чашмонаш ба косахонаи сараш фурў рафтаанд. Манзура моҷарои гузаштаро бекамукост ба вай нақл кард.
—Хайр чӣ?— оромона изҳор намуд, Холиқ.— Ту чӣ, акнун дидӣ ин қилиқҳои ўро? Ҳеҷ гап не, асабӣ нашав, барояш як мошин харида медиҳем, шояд баъд аз ин ҷонамон халос мешудагист.
Нигоҳи бепарвоёнаи Холиқ ба ин масъалаи ҷиддӣ ба Манзура маъқул нашуд. Чунин менамуд, ки ўву Нозия маслиҳат карда, ин корро анҷом доданӣ ҳастанд. Худоё, тавба! Не, не, набояд ин хел бошад.
—Холиқ, маълум мешавад, ки ту ҳанўз ҳам ўро намедонӣ,— сахт карда гуфт Манзура.— Имрўз, ки мошин гирифтем, пагоҳ, албатта, боз ягон чизи дигар талаб мекунад. Ин як. Дигар ин ки шавҳараш чӣ хоҳад гуфт?
Зану шавҳар ба хулосае омаданд, ки ин масъаларо бо Фирўз ба миён гузоранд. Ҳафтаи дигар Манзура ба духтараш хабар дод, ки шавҳари ў розӣ шудааст ва онҳо дар тараддуди мошинхариянд. Аз ин маслиҳат ду рўз гузашту Манзура бегоҳӣ, вақти аз кор баргаштанаш дар саҳни ҳавлӣ як мошини қимати сурхрангро дид. Холиқ гуфт, ки ҳамроҳи Нозия ба Душанбе рафта, ҳамин мошинро харидаанд. Манзура хурсандӣ накард, фақат аз рўи таоруф “муборак шавад” гуфту тамом.
“Рафтанду гирифтанду оварданд? Ин қадар зуд?
Балки онҳо мошинро пештар харидаанд? Исто, ки барои чӣ вақтҳои охир Нозия нисбати Холиқ меҳрубон шудааст? Охир вай пештар ўро чашми дидан надошт-ку?
Аз ў нафрат карда, ҳафтаҳо ба хона намеомад, дар хонаи бибияш мемонд-ку?”
— фикр мекард Манзура ва лаҳза ба лаҳза дилаш буғз мекарду авзояш беҷо мешуд.
—Ин мошинро ба ман модарам не, Холиқ харидааст,— гуфт Нозия ва пардаи шарму ҳаёро дарида рафту аз бари рўи Холиқ як бўса кард.
Манзура аз шарму изо рўяшро бо ҳарду дасташ пўшонид, мехост замин кафаду ў аз чашми модараш, Анзурат ва боз ду-се нафар дўстони оила, ки он ҷо ҷамъ омада буданд, пинҳон шавад. Ин амали духтараш пиндору гумонҳои ўро дар бораи муносибатҳои шубҳаомези Нозияву Холиқ қавитар намуданд.
Баъд аз як ҳафта, вақте ки Манзура дар утоқи корияш танҳо нишаста буд, дугонааш Муҳаббат ба ў занг зад. Аз гўшаки телефон фақат садои гиряи дугонааш шунида мешуду халос. Ҳарчанд Манзура чандин бор “Муҳаббатҷон, чӣ шудааст, охир, чаро гиря мекунӣ?” гуфта мепурсид, дугонааш сухане гуфта наметавонист, танҳо беисту бо алам гиря мекард. Ниҳоят, Муҳаббат худашро нигоҳ дошта, “Дугонаҷон, ман азизи диламро аз даст додам, дигар Амрулло дар бари ман нест” гуфт ва ин дафъа садои гиряаш баландтар шуд.
Ҳуш аз сари Манзура парид. Аз таҳлукаву тарс худашро ба берун зад. Дар саҳни идора касе набуд. Ў базўр нафасашро рост кард ва ба Холиқ занг зада, ин шумхабарро ба вай гуфт. Холиқ гуфт, ки интизор шавад, ба зудӣ омада ўро мегирад. “Чӣ гап шуда бошад,— ин тарафу он тараф қадам зада, фикр мекард Манзура.— Охир, саломатияш беҳтар шуда буд-ку? Наход ягон ҳодисаи дигар рўй дода бошад? Худоё, акнун Муҳаббат бе Амрулло чӣ кор мекунад?”. Мошин ба зудӣ расида омад.
—Амрулло вафот кардааст,— гуфт ў ба Холиқ,— ҷанозааш пагоҳ мешудааст.
Баъди нисфирўзӣ Манзура бо ҳамроҳии бародараш Ҳикмат ва Қобилҷон дар мошини Холиқ нишаста, ба роҳ баромаданд ва шабона ба манзили дугонааш Муҳаббат расиданд. Саҳни ҳавлии калон ва хонаҳо пур аз одам буд.
Вақте ки Манзура ба саҳни ҳавлӣ даромад, тамоми фарзандони Амрулло, ба истиснои Соҳиб, давида омаданду банавбат ўро оғўш гирифта, нолаву афғон карданд.
—Холаҷон, падарҷонамон аз даст рафт, акнун мо чӣ кор мекунем,— мегуфтанд онҳо.
Духтари калони Муҳаббат Манзураро ба хонае гузаронд, ки он ҷо болои кат ҷасади беҷони Амрулло хобида буд ва гирди он хешу наздикон гиряву нола доштанд. Чеҳраи Амрулло ҳамоне буд, ки дар зиндагияш дошт, гўё ба хоб рафтаасту ҳамин ҳоло бедор мешавад.
Муҳаббат болои сари шавҳари ҷавонмаргаш истода, худро гоҳ ба ин сў ва гоҳ ба сўи дигар зада, навҳа мекард.
Вақте ки Манзура ба Муҳаббат наздик шуд, навҳаи вай боз ҳам баландару аламноктар гашт. Дугонаҳо якдигарро ба оғўш гирифта, аз дидагон ашки шашқатор рехтанд, аламгўиҳои Муҳаббат ҳамаи аҳли хонаро гирён намуд ва садои нолаю афғон ба осмон печид. Муҳаббат миёни навҳаҳояш ба Манзура муроҷиат намуда, чизе мегуфт, аммо мазмуни суханонашро фаҳмидан душвор буд. Аз хастагию бемадорӣ садояш базўр мебаромад. Манзура аз зери бағали дугонааш гирифта, ўро рўи курсие, ки дар паҳлуи майит гузошта шуда буд, шинонд. Касе як пиёла об овард, вале Муҳаббати азҳолрафта ҳатто қуввати фурў бурдани обро ҳам надошт. Ҳоли зори Муҳаббат ҳамон лаҳзаеро, ки Олимҷон ғарқи дарё шуда буд, дар ёди
Манзура зинда кард ва ў ҳам, гўё ҳамин ҳоло мўниси ҳаётияшро аз даст дода бошад, аз банди дил фарёд бароварда, тамоми мурдахонаро бо худ ҳамовоз намуд.
Рўзи ҷаноза ҳавлӣ аз одам чунон пур шуда буд, ки ба қавле сўзанро партоӣ, ба замин намеафтид. Тамоми аҳли деҳа, наздикону пайвандони хонадон, ёру дўстони Амрулло ва Муҳаббат ба маросими видои ин ҷавонмарди ҷавонмарг омада буданд. Кормандону зердастони
Амрулло, роҳбарони ноҳиявию вилоятӣ, ки дар қатори дигарон рост меистоданд, сахт андуҳзада буданд ва хомўшу бесадо мегиристанд. Фарзандони банозпарвардаи Амрулло, ки қимматтарин гавҳари зиндагиро аз даст дода буданд, хок ба сар карда фиғон мекашиданду нолаи онҳо ҷигарҳоро реш-реш мекард.
Аммо, аз чӣ бошад, писари эркаи хона Соҳиб дар миёни хоҳарону бародаронаш наменамуд.
Баъд аз он ки Амруллоро ба сафари охиринаш гусел карданд, Манзура ба қароре омад, ки ду се рўз дар бари дугонааш монда, каме ҳам бошад, дарду алами вайро сабуктар гардонад. Падару модари Муҳаббат ҳам аз дугонаи фарзандашон илтимос карданд, ки ҳоло наравад, чунки ҳузури ў ба захми дили Муҳаббат марҳам буд.
Дар давоми се рўзе, ки Манзура дар хонаи дугонааш монд, Муҳаббати ноком як лаҳза ҳам аз гиря бознаистод.
Ҳам шабу ҳам рўз гиряҳои ҷигарсўз мекард. Чизе ба даҳон намебурд, дар як муддати кутоҳ обу адо шуд, ҷисму ҷонаш харобу лоғар гашт, фақат “ҷигарам сўхт” гуфта, об талаб мекарду халос. Дар шаби чоруми азодорӣ падари
Амрулло, ки Манзураро ҳамчун фарзанди худаш дўст медошт, алам карда гуфт:
—Манзураҷон, духтарам, медонӣ, чӣ қадар сахт аст, марги фарзанд. Гузаштагонамон беҳуда нагуфта будаанд, ки “падармурӣ мерос асту марги фарзанд теғи алмос”.
Боз, вақте ки фарзанди нохалаф боиси марги падараш мешавад, бисёртар алам мекардааст. Соҳиби бетамизи мо падарашро ба бистари беморӣ афканд ва оқибат писари ҷавонмаргам бешарафию беномусии фарзанди ношудашро таҳаммул карда натавонист. Ҳа, ана ҳамон нохалаф писарамро ба гўр бурд. Охир, агар вай одам мебуд, ба ҷанозаи падараш намеомад? Ҳайфи фарзанде, ки пояи тобути падарро намебардораду ба болои гўраш як каф хок намепартояд.
Мўйсафед сарашро паст карда, як оҳи пурдард кашид ва ба ҳамсару келинаш, ки ҳиққос зада мегиристанд, нигоҳ карда, гапашро давом дод:
—Чунин фарзандро аз буданаш набуданаш беҳтар.
Ин хел фарзандони нохалаф замини покро ҳам нопок мекунанд. Охир, писари ман акнун ҷавонмард шуда буду вақти роҳати зиндагияш расида буд. Аммо чӣ илоҷ, ки риштаи умраш ин қадар кутоҳ будааст. Кошкӣ, Худо ба ҷои ў ҷони мани мўйсафедро мегирифт.
Гиря гулўгираш намуд ва дигар мўйсафеди бечора суханашро идома дода натавонист. Садои гиряву нолаи модари бисмил ва Муҳаббату фарзандони вай фазои хонаро фаро гирифт.
—Манзураҷон, духтарам,— боз ба гап даромад мўйсафед,— то хонадоршавияш Соҳиби беақлу бетамиз падару модарашро он қадар ғам дод, ки гуфтан надорад.
Мо, ба умеде ки шояд вай оиладор шаваду ақлаш дарояд, ба фикри Амрулло розӣ шуда, келин фаровардем.
Келинамон, Худо аз падару модараш розӣ бошад, бисёр духтараки боақлу бомаърифат, панҷ панҷааш ҳунар баромад. Чанд муддат зиндагияшон тинҷу ором буд. Мо Худоро шукрона мекардем, ки ақалан ҳоло ақли Соҳиб ба сараш задааст. Лекин не, нашуд, ки нашуд. Рост мегуфтаанд, ки “Фарзанди бад - доғи падар”. Боз ҳамон Соҳиби пешина, ҳатто одатҳои бадаш зиёдтар шуданд.
Ҳафтаҳо ба хона намеомаду мо дар куҷоҳо гаштанашро ҳам намедонистем. Баъд аз он ки донишкадаро хатм кард, падараш ўро дар як идораи бонуфуз ба кор монд. Ним сол кор карду маълум шуд, ки аз чандин соҳибкорон, “коратонро буд мекунам” гуфта, маблағҳои калон гирифтааст. Аз болояш аризаборон шуду вайро аз кор пеш карданд. Дар ин миён келинамон писарча таваллуд кард. Азбаски кўдак нисбат ба дигар навзодҳо ҷуссамандтар буд, номашро Азамат мондем. Амрулло ўро “паҳлавончаи ман” гуфта аз дасташ раҳо намекард, дўстдорияш карда, аз ҳар ҳаракати ў завқ мебурд. Вақте ки Азамат раҳравон шуду бо лафзи ширини кўдакӣ “бобоҷон” гуфтанро ёд гирифт, хурсандии Амрулло интиҳо надошт. Соҳиб бошад, дар ин миён “пул кор мекунам” гуфта, ба Русия рафту баъди панҷ моҳ аз он ҷо ҳам қарздор шуда баргашт ва падари худро зери таънаву маломати шиносҳову ношиносҳо гузошт. Писарам, бечора ин дафъа ҳам, намедонам бори чандум буд, ки бо сад азобу азият пул ҷамъ карда, қарзҳои фарзандашро баргардонд. Бо андешаи он ки шояд зиндагияшон алоҳида шаваду Соҳиб масъулияти рўзгордориро ба гардан гирад, бору банди келинашро гирифта, онҳоро ба Душанбе, ба хонаи дар он ҷо доштаашон кўчонид.
Писарам ҳар ҳафта як бор ду бор ба шаҳр рафта, аз аҳволи онҳо бохабар шуда меистод. Чанд вақт пештар ў аз Душанбе баргашту ман ҳис кардам, ки табъаш хира, авзояш беҷо буд. Сабаб пурсидам. Амрулло гуфт, ки:
—Соҳиб боз пули калон қарздор шудааст. Ўро надиданам дарди бахайр, келину Азамат ҳам дар хона набуданд. Аз қудоҳо фаҳмидам, ки онҳо духтару набераашонро ба хонаи дар деҳа доштаашон бурда мондаанд ва келинам нотоб шудааст. Гуфтанд, ки ман ташвиш накашам, беморияш сабук, мегузарад, ба болои ин, дар ин фасли сармо ба он деҳаи баландкўҳ рафтан имкон надорад. Аз қиёфаи қудоҳо маълум буд, ки онҳо аз ман чизеро пинҳон медоранд. Илтимос кардам, ки ақалан ба келин занг занам, вале онҳо баҳона карданд, ки дар қишлоқи онҳо алоқаи телефонӣ нест.
Боз чанд муддат гузашту аз Соҳиб ҳамоно дарак набуд.
Ба зангҳои Амрулло падари келинаш ҷавоб медод ва ў ҳам мегуфт, ки Соҳибро надидааст. Бачаи бечораамро як пояш дар Душанбе буду як пояш дар ин ҷо.
—Падарҷон, охир аз ман чӣ хатое рафт, ки ин бачаи беақл ба роҳи бад рафт,— гуфт як рўз Амрулло.— Охир, аз рўзи кўдакию наврасияш ўро аз ҳама чиз таъмин намудам, хонондам, кор ёфта додам, лекин вай дар ҷавоби ин қадар ғамхориям ғаму дарди дунёро ба гарданам бор кард. Дар гўшаи хаёлам ҳам намеомад, ки фарзанд то ин дараҷа беинсофу беимон мешавад. Вай чӣ мехост, дар дилаш чӣ нақша дошт, ҳаргиз ману модараш фаҳмида натавонистем. Ана, акнун медонед чӣ кор кардааст? Хонаро ҳам фурўхтааст. Ҷавонзане дар дасташ кўдаки ширхора дари хонаро кушода, аз ман пурсид, ки
“Акаҷон ба шумо кӣ даркор?”
. Гуфтам, ки ман ба хонаи худам омадаам. Он зани ҷавон аввал ҳайрон шуду баъд ба хона даромада, дар дасташ коғази бисёре баргашт ва “Ана, акаҷон, ҳуҷҷатҳо. Мо як ҳафта пеш ин хонаро аз соҳибаш харидем” гуфт. Ман ҳуҷҷатҳоро аз назар гузаронида, фаҳмидам, ки Соҳиб боз маро фиреб додааст.
Вай чанде пештар бо баҳонаи он ки идораи коммуналӣ ҳуҷҷатҳои хонаро талаб карда истодаасту барои азнавбақайдгирӣ гувоҳнома лозим аст, имзои маро гирифта буд. Охир, магар ба фарзанди худат бовар накардан мумкин аст? Вай маккор бо табассуми сохтааш маро бовар кунонид, ки дурўғ намегўяд ва ана, оқибати боварӣ ба фарзанду мана мукофоти дилсўзӣ. Ман ба соҳибхонаи нав чизе нагуфта, сўйи хонаи қудоҳо роҳ гирифтам. Онҳо маро ба мисли пештара қабул накарданд ва ба саволи ман дар бораи Соҳиб, посух доданд, ки аз ҳамон рўзе, ки зану фарзандашро оварда мондааст, дигар ўро надидаанд, аз хонафурўшияш ҳам хабар надорад.
Пурсидам, ки келину набераам чаро то ҳол аз деҳа наомадаанд? Қудоҳо базўр ҷавоб доданд, ки ба қарибӣ бармегарданд.
—Ана ҳамин хел, духтарам,— ба Манзура нигариста ҳикоят мекард мўйсафед.— Соҳиб гўё ба таги замин даромада бошад, дигар пайдо нашуд.
Амрулло тамоман тағйир ёфт. “Бало ба сари хона, пули калонро гирифта, бачаи беандеша ба ягон бало напечида бошад?” мегуфт вай. Шабҳоро дар рўи ҳавлияш, ин тарафу он тараф қадам зада, рўз мекард.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё