Аз санг сахт, аз гул нозук

Юнуси Имомназарро алоқамандони каломи бадеъ ва хонандагони «Овози тоҷик» бо гузоришот ва ҳикояҳову қиссаҳои намакинаш мешиносанд.
Ахбор · 9 октябри 2024 · 44 саҳифа · 1 писанд
ДУХТАРИ НОКОМ
Муддати зиёде буд, ки хостгорҳо дари моро мекӯфтанд. Ҳар яке ҷон меканд бо таърифу шеваи дилпазире ба дили падару модарам роҳ ёбад ва маро ба наберааш ё ба писараш, ё ба хешбачааш сарбанд кунад, аммо ин ба ҳеч кадом муяссар намегардид. Онҳо бо умеду орзуҳои нек вориди манзиламон мешуданду бо димоғи сӯхта ва доманҳои холӣ берун мерафтанд. Ин қадар зуд ба қад расиданамро худам ҳам нафаҳмида будам. Ҳарчанд ба ҷавобҳои ради падару модарам эътино намекардам, ба хостгорҳои омада ҳар гоҳ «ҷо дорад» гуфтани онҳо маро дар ҳайрат меандохт. Боре кунҷковиам рӯ гирифту ҳама шарму иборо ҷамъ кардам ва аз модарам пурсидам:
– Оча, ҷойи ман куҷост?
Аз ин пурсиш модарам ба завқ омад ва хандаомез гуфт:
– Дар айни ҳол беҳтарин баҳонаи пас гардондани хостгорҳо ҳамин аст, духтарам, набошад шилм барин часпида мегиранд.
– Охир, чаро? Масалан, гӯед, ки ҳанӯз хурд аст, зиндагира намедонад
ё...
– Не, духтарам, чӣ ҷойи пинҳон, ҳақиқатан ҳам ту ҷой дорӣ. Падарат гуфта буд, ки Ҳосили ҷӯрааш даҳан андохтааст. Писараш бошад, бекор, дар хона аст. Шояд мехоҳанд, ки аввал хондану кораша аниқ карда гирад. Дертар шавад беҳтар, ҷиҳези тура ҳам пур мекардем.
Карахт шудам, лаҳзае оғушта ба хаёл мондам. Хонаи Ҳосилака аз сой он тараф аст, писараш Илҳом – ҳамон ҷавони лӯндаи сиёҳҷурда, ки ӯро нағз мешиносам. Ёдам ҳаст, дар мактаб ҳамеша аз бачаҳо шаллоқ мехӯрд. Боре модараш аз дасти ӯ гирифта ба мактаб омада буд ва муаллими Асрорро, бо баҳонаи ин ки писарашро танбеҳ додааст, миёни хонандаҳою устодон беобрӯ кард. Ҳар гуна ҳақорате, ки медонист, ба сари муаллими бечора рехта рафт. Ҳамон вақт дар назари ману бачаҳо Илҳому модараш хунук тофта буданд, ҳама ба онҳо нафрин мехондем. Ба муаллими Асрор бошад, раҳмамон омад, хомӯшу музтар рост меистод, зоҳиран, намехост бо он зани шаддод баробар шавад. Пас аз ҳамон воқеа Илҳом дар байни бачаҳо бо лақаби «эркатой» машҳур шуд ва ман ҳам чанд бор ӯро бо ин ном мазоҳ кардаам.
– Очаҷон, илтимос, аз ин раъйатон гардед, фақат ба ҳамон эркатой надиҳед, – якбора ба худ омада хоҳиш кардам аз модар.
Ӯ оташин шуда гуфт:
– Хап шав! Ин гапата додот нашунавад, ки аз лингат чаппа ос мекунад! Ҳосилака одами бою бадавлат, хонаю дар, дову дастгаҳ, ҳар чӣ хоҳӣ, дорад.
Бе ин ҳам, дӯсти наздики додот, қудо мешавем гӯён аҳду паймон кардаанд, ту бошӣ...
– Не, не, не! – гӯён таноби гиряро раҳо кардам ва давида ба хона даромадаму дарро сахт бастам.
Ба ин минвол, рафта-рафта думи хостгорҳо канда шуду хаёли падару модарам ҳам роҳат гардид. Мани ошуфтаю даргиршуда бо хаёлоти парешон рӯзу шабро базӯр паси сар мекардам. Дур аз интизор, ин нороҳатии ман дер давом накард. Бо Давлат вохӯрда, ба якдигар унс гирифтанамон ҳама нороҳатиҳоямро аз байн бардошт.
Давлат ҷавоне буд миёнақад, бо мӯҳои мишкии мураттаб шоназада, абрувони баланд, чеҳраи гандумӣ ва лабони ҳамеша табассумдор. Ӯ дар соли чоруми донишкада таҳсил мекард ва барои таҷрибаомӯзӣ ба мактаби мо омада буд. Шиносоии мо дар назди чашма, ҳангоми обгирии ман ба вуқуъ пайваст ва ҳамон вақт нигоҳҳои гарм, суханони латифу меҳрубононаи ӯ ба дилам як олам хурсандӣ ато карда буд. Баъдан мулоқотҳоямон рӯз то рӯз бештар шуд ва ба дараҷае расид, ки модарам ҳам пай бурда монд. Ман маҷбур шудам, ҳар чӣ миёни ману ин ҷавони шаҳрӣ рух дод, барояш ошкор кунам. Иқрор шудам, ки ба ростӣ ман Давлатро дӯст медорам, аллакай шефтаю дилбохтаи ӯ гаштаам. Ҳарчанд медонистам, модарам мухолифи ин қарори ман аст, бо илтиҷо аз ӯ хоҳиш кардам, ки ба ман ёрӣ диҳад, интихоби маро ҷонибдорӣ намояд, нагузорад, ки нахустин шуълаҳои ишқи ҷавониам хомӯш гардад. Аммо илтимосамро ба оби ҷӯй мегуфтам, модарам ҳатто нахост гапи маро то охир гӯш кунад. Ӯ бо ҷаҳлу асабонии беҳад, ки ҳеч гоҳ ӯро дар ин ҳолат надида будам, ба сарам дод зад:
– Ҷувонимарг, натарсидӣ нону намаки додот мезанад?! Ин беорию рустакӣ ишқбозӣ карданҳо чӣ маънӣ дорад?! Охир, агар гӯлу гаранг набошӣ, магар нагуфтам ту ҷой дорӣ, додот ваъда додааст? Ё қасдан мехоҳӣ шармандагӣ пеш орӣ, мехоҳӣ ба рӯйи ману додот по гузорӣ? Ту беҳаё, мана забонкӯтоҳ кардӣ, дигар аз худат гила кун!
Ин гуфтугузор буду он чиро намехостам, рух дод. Падарам аз қазия воқиф шуда, бо қавоқҳои гирифта ва бо ҷиддият танбеҳамро дод: «Агар гапҳои очаат рост бошад, дигар тура дар хонаам набинам, ман чунин духтаре надорам. Лашу лушата ҷамъ куну дафъ шав!»
Дигар дар хона мондани ман ҳеч маънӣ надошт, мебоист ҳар чӣ зуд аз назари падарам дур шавам. Ба дудила шудан ҳам ҳеч далеле намонда буд, зеро бахшиш пурсидану аз Давлат даст кашидан бароям аз ҳама чиз гаронтар менамуд. Ҳар чӣ бодобод, падару модар ва манзилу макони дӯстдоштаамро тарк кардам ва дар оғӯши фикру хаёлоти мубҳам роҳи хонаи Давлатро пеш гирифтам.
\\\*
Давлат маро дар кӯча нагузошт. Ӯ бо қалби саршор аз ишқу муҳаббат маро ба оғӯши гарми худ гирифт. Мо дар хобгоҳи донишҷӯён, дар як хонаи миёнаҳоли дунафарӣ истиқомат ихтиёр намудем. Рӯзҳои аввал нигаронӣ ва дилтангиҳои зиёд маро азоб медод. Аслан наметавонистам падару модарам, охирин суханҳои хунобкунандаи онҳо ва деҳааму ҳамдеҳагони содаи дилёбамро фаромӯш кунам. Давлат хомӯшию дилтангиҳои маро дида, саъй мекард аз ҳар тариқе бошад, бароям руҳ бахшад, хушҳолӣ ато кунад. Бо суҳбатҳои ширин, бо нақлу ҳикоятҳои ҷолиб хаёлотамро парешон месохт ва ҳар гоҳ вақти фароғат даст медод, маро ба шаҳр мебурд, тамошо медод. Ба хусус, дидани манзараҳои дилфиреби шаҳр, кӯчаҳои серодам, ташвишу дилгармии шаҳриён ба кору зиндагӣ маро дар ҳайрат мегузошт ва кам-кам худамро дар як олами дигар эҳсос мекардам. Аз он ки як ҷавони бегона маро дар оғӯш гирифта буд ва дарду ҳиссиётамро ҳатто беҳтар аз падару модарам дарк мекард, дар шигифт будам. Аз дилу ҷон дӯст доштани ӯ ба ман ҳаловат мебахшид ва омода будам, ҳар гоҳе ки мехоҳад, тамоми ҳастиамро, инону ихтиёрамро ба ӯ эҳдо кунам.
Ҳамин тавр ҳам шуд. Шабҳои ҳамоғӯшӣ, коми дил гирифтанҳо оғоз гардид. Гӯё эҳсосоти ошиқона ақлҳои моро рабуда буд, на фикри никоҳ доштему на ёди расму оини бобоӣ. Бароямон зиндагии муштарак, гуфтани суханҳои латифу ширин, бӯсаҳои гарму ба ҳам печиданҳо лаззати бемонанде дошт ва танҳо ҳамин ҳиссиёт ҳама дилтангию хастагиро рафъ мекард. Пухтупаз, рӯбучин, шуступартов, назофат ва дигар корҳои хонагӣ ба уҳдаи ман буд ва Давлат ҳам аз сариштакорию саранҷомӣ ва диди ман хушаш меомад. Ҳар гоҳ бо хушҳолӣ иқрор мешуд, ки танҳо дар охирин соли донишҷӯйиаш роҳату фароғатро мебинад, анҷоми корҳояш осон шудааст.
Хобгоҳи донишҷӯён шабу рӯз пурсарусадо буд. Ба он, ки Давлат дар хона ҳаст ё не, эътибор надода, дӯстону ошноёнаш маро танҳо намегузоштанд, бо ҳар хел баҳона ба хонаи мо сар зада ҳолу аҳвол мепурсиданд. Ба хусус, ҷавоне ба исми Қудрат, ки худро наздиктарин дӯсти Давлат мехонд, рӯзе чанд бор худро пеши ман намоиш медод. Ӯ ҷавоне буд қадбаланд, бо китфу бозу ва хеле хушандом. Чеҳрааш бо мӯҳои ҷингилаи қаҳваиранг ва рухсори сап-сафед ҷаззоб буд ва ҳангоми сухан гуфтану хандидан ба ду чаккааш чуқурча ҳосил мешуд. Рост мегӯям, ба ин зебоӣ ҷавононро кам дидаам, ҳатто Давлат бо он ҳама меҳрубониҳояш дар назарам ин қадар базебу шинам натофтааст. Вақте ки Қудрат назди ман меомад, аз тамошояш сер намешудам, саъй мекардам бо баҳонае ӯро бештар нигаҳ дорам, бештар ӯро тамошо кунаму ба суханҳои гарму самимиаш гӯш диҳам. Ин алоқамандӣ буд, ки омадурафти Қудрат ба одати маъмулӣ табдил ёфт. Чӣ гӯям, вобастагӣ то ҷое расид, ки агар як рӯз ҳамдигарро намедидем, беҳолу бекайфият гашта, чун мурғи посӯхтаву парканда ҷойи нишаст намеёфтем.
Иттифоқан, рӯзе Давлат ба донишкада рафту муддате нагузашта Қудрат даромада омад. Ӯ хушнуду сари ҳол менамуд ва худашро хеле оро дода буд, воқеан, ҷавоне буд хушсурату зебо!
– Ин қадар зуд, – баъд аз салому алейк пурсидам аз ӯ, – хурсанд менамоӣ?
– Рост, имрӯз ман бояд хушҳол бошам, имрӯз бисту серо пур мекунам, – бо ҳамон табассуми ҳамешагӣ арз кард Қудрат ва як баста аксро рӯйи миз гузошту ба суханаш идома дод: – Ин аксҳоро аз хурдиам ҷамъ кардаам, овардам, ки бо ҳам тамошо кунем.
– Наход! – ба ваҷд омадам ман, – таваллудат муборак, азизам! Беихтиёр аз дасти ӯ гирифта ба сӯйи худ кашидам ва аз рухсори сап- сафеди хандонаш бӯса бардоштам. Ҳамин ҳаракати ман буду Қудрат як лаҳза лолу карахт монд, аз хиҷолат ба чеҳрааш сурхӣ дамид. Бо ишораи ман бар рӯйи диван нишаст ва ҳар ду бағали ҳам ҷо хуш карда, ба тамошои аксҳои овардааш пардохтем.
Суратҳоро дида-дида пайи ҳам аз Қудрат чизеро мепурсидам. Пас аз
чанд муддат ҳис кардам, ки ӯ ба саволҳоям ҷавоб намедиҳад. Ҷавон дар оғӯши хаёлҳои худ бо як даст мӯҳоямро қабза карда, китфашро ба шонаам часпонда, аз боло нигоҳҳояшро ба сари дилам дӯхта менишаст. Чунон ғарқи тамошои синаҳои дамидаи ман буд, ки гӯё чашмонаш баста мешуданд ва ором-ором нафасҳои чуқур мекашид. Ӯро як силка дода пурсидам:
– Қудрат, чаро хаёлат гурехт?
Ӯ бошад чизе нагуфт, хомӯшона бо ду даст аз китфҳоям дошта муҳкам ба оғӯш кашид. Намедонистам чаро, ба ӯ муқобилат накардам, баръакс худамро дар бағалаш хеле роҳат ҳис намудам ва ман ҳам дастонамро ба камараш ҳалқа задам. Гармии бӯсаҳои пайи ҳам, ки Қудрат аз гардану рухсору лабони ман мебардошт, бароям лаззат мебахшид, ҳаловате ба тамоми вуҷудам давида буд. Ба назар мерасид, ки нахустин бор аз тану роиҳаи занона нашъа мебарад, ҳаракатҳои тез-тези бачагонае дошт. Ӯро болотар, рӯйи диван лағҷондам.
Қудрат гӯё аз ақл бегона шуда буд, маро танг дар оғӯш гирифта, беист, бо ҳар чӣ неруе дошт, худашро дар болоям пасу пеш мекашид. Аз байн чанд дақиқа гузашту базӯр ҷуссаашро бардошт ва бо як беҳолии тасаввурнопазир, бо чашмони нимапӯш ба хоб рафт...
Ин воқеа буду муносибати ману Қудрат низ маънии тоза касб кард. Ба ҳоли худам хандаам меомад, охир, дутоӣ бо ҳам шайдои ман буданд: рӯзона бо Қудрат ҳол мекардаму шабона бо Давлат. Ҳар ду бо сози худ ҳам ранҷ медоданду ҳам ҳаловат мебахшиданд, ҳар ду ба таври худ талабҳое доштанду меҳрабониҳо мекарданд ва танҳо ман миёни ду ҷаҳон овора, намедонистам аз кӣ даст кашаму бо кӣ бимонам. Бо ин оворагӣ се моҳи дигар гузашту бехабар мондам. Дар ин миён тавонистам чанд бор сарторикӣ ва дилбеҳузуриро таҳаммул кунам. Ман дуҷон будам, аммо худам ҳам намедонистам аз кӣ бордор шудаам. Мехостам ҳомилаамро ба Давлат ошкор кунам, аммо...
Давлат ҳамеша дар фикри он буд, ки назди падару модараш рафта муносиботамонро ошкор кунад ва хонадор шуданашро бо ман дар миён гузорад. Ӯ хеле нигарон буд, ки бе никоҳ дар батни ман кӯдак ҳосил мешавад. Агар ин воқеа рӯй диҳад, ҳар ду шармандаем, ҳам падару модар, ҳам хешу ақрабо айб мекунанд. Аз ин хотир, як рӯз тасмим гирифт, ки ин корро анҷом диҳад ва ҳангоми худоҳофизӣ бо таъкид гуфт, ки ба худам аз духтарони хобгоҳ ҳамраҳ бигирам, ба эҳтимоли зиёд шаб барнамегардад. Вале мани сархуш аз танҳоӣ парвое надоштам. Ба маҳзи гусел кардани Давлат ба суроғи Қудрат афтидам. Ба назарам чунин менамуд, ки аз Қудрат бештар хушам меояд, гӯё ӯ ба қалбам амиқтар роҳ ёфта буд. Дар ҳақиқат, аз меҳрабонӣ ва навозишҳои ӯ мисли мум об мешудам. Вақте ки сарамро ба сандуқи синааш мегузоштам ва ӯ бо дастонаш маро мегирифт, худамро орому осуда ҳис мекардам. Оғӯши ӯ гарму фараҳафзо буд...
Он шаб тақ-тақи нобаҳангоми дар маро бедор кард. Оҳиста дасти Қудратро, ки бехабар аз ҳама чиз масти хоб буд, канор гузоштаму аз ҷо баланд шудам ва хилъатамро пӯшида, ба сӯйи дар қадам задам. Хоболудона ба хаёлам ҳам наомад, ки аввал бипурсам пушти дар кӣ аст. Дарро боз кардам. Оре, дарро кушодаму ҳуш аз сарам парид, рӯ ба рӯям Давлат меистод! Ӯ бетааммул вориди хона шуду чароғро равшан кард ва албатта, аввалин чизе, ки дар хонаи бедаҳлезу бепардаи мо ба назараш хӯрд, тахтхоб буд. Ба маҳзи ин ки рӯйи тахт ҷавонеро дид хобида, авзояш тағйир ёфт ва ҳайратзада як ба тахтхобу як ба ман нигоҳ афканд:
– Ин кист? – бо оҳанги ғазаболуд пурсид ӯ.
Хун ба сарам зад, хостам чизе гӯям, аммо забонам гирифта буд. Лолу гаранг мондам. Садои Давлат Қудратро низ ба по хезонд. Ӯро дида ҳолам бадтар шуд, Қудрат батамом лухту урён сари по меистод. Бо дидани ин манзара ваҷоҳати Давлат андоми ваҳшиеро гирифт, дар як он рагу пайи дастону гарданаш варамида, чеҳрааш мисли анор сурх шуд, чашмонаш ҳам гӯё аз ҳадақа берун ҷаста буданд, тез-тез чашмак мезад, пӯсти рӯяш таранг шуда рафт. Нахустин бор ӯро бо ин ҳол асабонӣ медидам, сахт ба хашм омада буд. Ӯ якрост ба сӯйи Қудрат рафт ва бе ҳеч хаёл ба ӯ дарафтид. Қудрат аз зарби лагадҳои пайи ҳам бо рӯ ба замин парчин шуд, ёрои аз ҷо хестан надошт. Хуни Давлат ҷӯшида буд, сару гардан ва тану шиками ҳарифашро беамон мушту лагадкорӣ мекард. Лаҳзае гузашту каме ором гирифт ва ба тарафи мани лол, ки дир-дир ларзида, базӯр сари дузону менишастам, баргашт. Сабук аз гиребонам дошта бардошт ва дасташро зери манаҳам тиргак карда, шӯрангез гуфт:
– Ту қанҷиқа ба занӣ гирифтанӣ будам, лекин ифлосӣ кардӣ, ба рӯям по мондӣ, дигар афту башараата набинам! – ва бо зарб сарамро ба девор заду дасташро раҳо кард. Худамро натавонистам сари по нигаҳ дорам, мисли халтаи пури коҳ лағҷида, якпаҳлу ба замин афтидам. Бо талвосаи ҷон дубора аз ҷо хестанӣ шудам, аммо зарбаи ногаҳонии ӯ, ки бо лагад ба шикамам фуровард, маро ба замин яксон кард. Аз худ бехуд шудам, пеши чашмонамро сиёҳӣ гирифт, пушти пардаҳои луобие медидам, ки суроби Давлат аз болоям дур шуду шамоиле шабеҳи Қудрат рӯ ба рӯям падид омад...
\\\*
Чашм кушода худро дар иҳотаи одамони сафедпӯш дидам. Ба зеҳнам омад, баъд аз он воқеаи маъшум бистарӣ шудаам. Тамоми баданам озурда буд, дарду сӯзишҳои ҷонкоҳеро ҳис мекардам. Хок бар сарам, дарёфтам, ки тифлаки тоза сабзида дар батнам ҷон додааст. Духтурон пас аз талошҳои дурудароз маро амал карда, порагӯшти захмхӯрдаро берун андохтаанд. Ҳолам хуб набуд, гоҳе пеши чашмонам зим-зиё торик мешуду худамро гум мекардам. Аз толеи нек, мани сарсахтро Қудрат танҳо нагузошт, ӯ шабу рӯз болосарам буд ва ҳар чӣ лозим мешуд, муҳайё мекард. Бистариам тул кашид ва расо баъд аз як моҳ духтури мӯйсафед иҷозати рафтан доду таъкид кард:
– Духтарам, ин дардро осон нагир, зинҳор парҳез кун, худатро ба корҳои вазнин назан!
Сипас Қудратро низ ба гӯшае бурдау кимчиҳое ба гӯшаш пичиррос зад...
Дигар, зиндагиамро бо Қудрат идома додам. Ӯ хонаеро иҷора карда буд. Пайваста ҳавои маро дошт, ба ҳолам мерасид. Бо вуҷуди ин, ба худ симои ҷиддӣ гирифта, ҷуз парвариш ба коре даст намезад. Фақат гоҳ-гоҳ бағал карда аз рухсорам мебӯсид ва ҳамоно хавотиромез дастамро раҳо мекарду дунболи кори худ мешуд.
Аз байн чанд вақт гузашт. Як шаб ӯро ба ҷону ҳолаш намонда водор кардам, ки бо ман бихобад. Мехостам худамро имтиҳон кунам, ки ба худ омадаам ё не. Қудрат ҳам натавонист хоҳишу илтимоси маро рад кунад, розӣ шуд танҳо барои як бор. Ин ризоят буду бо ҳам даромехтем, вале... Бо чӣ забоне гӯям, ҳанӯз ҳаракате ончунон анҷом надода дарди сахте баданамро ба ларза даровард, аз қаъри дил фиғон бардоштам. Қудрат як он тарсиду аз ҷо хест ва мани беҳолу аз ним таҳ оғушта ба хунро озод рӯйи даст бардошт...
Дубора бистарӣ шудам. Ба гуфтаи Қудрат, ду шабонарӯз бо таъсири ампулу доруҳои оромбахш хобидаам. Сардухтури мӯйсафед ҳам ӯро хуб танбеҳ додааст, ба гуфтаи ӯ, омехтани ман бо мард тамоман мумкин набудааст. Ба Қудрат раҳмам омад, афсӯс мехӯрдам, ки ӯ барои ман азият мекашад, роҳату оромӣ надорад. Худам ҳам аз дарун об мешудам, аз корҳои кардаам сахт пушаймон будам, вале он пушаймонӣ дигар суде надошт. Ду-се ҳафта гузашту каме ҷон гирифтам ва пас аз андешаҳои дурудароз ба Қудрат суроғаи падару модарамро додам. Аз ӯ хоҳиш кардам ба онҳо пайғом фиристад, то ки омада маро ба деҳа баранд. Бо дили пур аз ғусса ба худаш низ изҳор намудам: «Ҳар коре шуд, гунаҳкор худам ҳастам. Ту ҳанӯз ҷавонӣ, бо ман овора нашав, дунболи бахти худ гард».
Падару модари мусибатдида ноилоҷ духтари гунаҳкори худро дубора ба оғӯш гирифтанд. Маҷбур буданд, ба ин хостаи Худо бо оҳу нола муросо кунанд. Мани нокому бадбахт низ дигар на Қудратро дидаму на Давлатро ва ҳеч хостгоре ҳам аз он пас остонаи моро зер накард.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё