Зеҳн
Аз санг сахт, аз гул нозук

Юнуси Имомназарро алоқамандони каломи бадеъ ва хонандагони «Овози тоҷик» бо гузоришот ва ҳикояҳову қиссаҳои намакинаш мешиносанд.

Ахбор · 9 октябри 2024 · 44 саҳифа · 1 писанд

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ХИҶОЛАТ

То он дам мисли Фотимаапа зани орому фурӯтанеро надида будам. Ҳар гоҳ аз кор бармегаштам, ин занаки сархаму хомӯш низ бо ду дасти пур аз кӯчаи мо мегузашт. Ӯ танҳо бо аломати таъзим сарашро ба поин такон медоду бо тундӣ ба сӯйи хонааш қадам мезад. Ин қадар ситорааш гарм буд, дилам мехост зуд-зуд бо ӯ ҳамсуҳбат шавам, вале аз ниҳояти серкорӣ ин имкон бароям даст намедод. Гумон доштам, камгапӣ ва музтарии Фотимаапа аз он аст, ки нав ба маҳаллаи мо омадааст. Охир, то замоне, ки дар байни одамон роҳ меафтаду одат мекунад, вақт лозим.

Чанд рӯзи дигар аз нақли бобои тухмафурӯш ба шигифт омадам. Ӯ, ки тамоми рӯз дар кӯча менишаст ва аз ҳама гирудори маҳалла огоҳ буд, бароям гуфт, ки Фотима ба хотири бача накардан аз шавҳараш баромадааст. Сипас як писару як духтарро ба фарзандӣ гирифта, ба маҳаллаи мо омада, иҷоранишин шудааст. Ҳар қадар худаш хушмуомила ва орому солеҳа аст, фарзандонаш ҳамон қадар бадхулқу зиёнкоранд. Ҳама ҳамсояҳо аз дасти онҳо шикоят мекунанд.

Як бегоҳӣ бо садои қиючуви ҳамсояҳо ба берун паридам. Дидам, дар байни одамон писарбачае сарашро дошта баланд гиря мекард, аз миёни ангуштонаш хун мезаҳид. Яке аз ҷамъомадагон гуфт:

– Боз бачаҳои Фотима! Дигаре изофа кард:

– Инҳо дарди сар шуданд, одоб чист, намедонанд! Ман ҳам наздиктар омадаму пурсидам:

– Худаш чӣ гап?

– Ҳеч, бачаҳои Фотима боз қилиқ кардаанд. Ақлашон кай медарояд, Худо медонад!

– Аз рӯзе, ки омад, балои ҷон шуд. Хап гардем намешудагӣ-барин, ё бачаҳояшро саришта кунад, ё барояд, аз ин ҷо дафъ шавад! – таҳдидомез бо садои баланд илова кард нафари дигар.

Ба хубӣ фаҳмидам, ки ҳеч кас аз Фотимаапаю фарзандонаш ризояту дилхушӣ надорад. Дилам ба ӯ сӯхт. Маълум буд, ки худаш зани хубест, аммо бачаҳояш дуто шайтонанд. Онҳоро аз парваришгоҳ гирифтааст, чӣ гузаштаҳое доранд, касе намедонад...

Рӯзҳо сипарӣ мешуду шикояти ҳамсоягон бештар мегардид. Мегуфтанд, бачаҳои Фотима ниҳолҳои боғашонро кандаанд, шишаи тирезаҳояшонро шикастаанд, чӯҷаҳои мурғонашонро куштаанд, бачаҳояшонро дар мактаб озор додаанд... Аз даҳон ба даҳон мегашт, ки Фотима фарзанд гирифта хато кардааст, агар аз уҳдаи тарбия намебарояд, чаро худашро азоб медиҳад? Ё бачаҳояшро пас диҳад, ё аз ин маҳалла ба ҷойи дигар равад! Бо ин ҳол аз роҳ бероҳ шудани бачаҳои мо ҳам ҳеч гап не!

Ниҳоят, сабру қарор аз даст рафт, рӯзе ҳамсояҳо гирди ҳам ҷамъ шуданду ба хонаи Фотимаапа фурӯ рехтанд. Чун маро низ барангехта буданд, ба ҳарфи шавҳарам гӯш надода, ба онҳо ҳамроҳӣ кардам. Ҳар чӣ дилашон мехост, гуфтанд ва баъд аз шикваю сарзанишҳои фаровон Фотимаапаро ба ҳоли худ гузошта бадар рафтанд. Ман бори аввал бо ӯ рӯ ба рӯ шудам. Аз таънаю маломати зиёд ба изтироб омада буд ва аз ғояти дилтангӣ дар чашмонаш ашк ҳалқа мезад. Бо ин ҳол, маро диду гуфт:

– Шумо ҳам бо инҳоед? Омадед, ки маро сарзаниш кунед?

– Охир, бачаҳоятон беинтизом, ҳамеша аз дасти онҳо даъвою хархаша, харобкорӣ...

– Оре, бачаҳоям ҳанӯз сар ба роҳ нестанд, аммо бояд ёрӣ диҳем, онҳоро ба зиндагии дуруст ҳидоят кунем. Пурсидам:

– Фотимаапа, ман тааҷҷуб мекунам, чаро маҳз ин дуторо ба фарзандӣ гирифтаед? Бачаҳои боодоб, ки ба саробонӣ эҳтиёҷ доранд, бисёр-ку?

Дар ин ҷо ӯ лабханди маънидоре заду гуфт:

– Барои он бачаҳо мисли ману шумо парастори меҳрубон ҳамеша ёфт мешавад. Ин ду нафар бошанд, рӯзҳои талхе аз сар гузарондаанд. Агар ман намегирифтам, Худо медонад, чӣ одамҳое мешуданд! Ғайр аз бадӣ дар ин ду- серӯза ҳаёти худ чизи дигаре надидаанд. Мехоҳам ғамхорӣ кунам, ба он хотир ки, ҳадди ақал, аз зиштиву талхиҳои зиндагӣ дар амон бошанд.

– Охир, бо ин ҳол зиндагии худатон сахт мегузарад, кадом як кори онҳоро назорат мекунед? Мегӯянд, дар мактаб ҳам духтаратон...

– Оре, ин гуна хабарҳо тез паҳн мешавад, аммо ба инҳо бояд фурсат дод. Дилам пур, одамони хуб мешаванд.

Чанд рӯзи дигар Фотимаапа василаҳояшро ҷамъ карду бо ду фарзандхонди худ аз маҳаллаи мо кӯчида рафт. Замоне, ки чизу чораашро гирдуғун мекард, худамро хеле ноҳинҷор ҳис кардам. Дилам мехост ӯ дар гузари мо бимонад, аммо дигар кор аз кор гузашта буд. Дар он лаҳза шавҳарам низ ба ҷароҳатам гӯё намак мепошид: «Шумо – занҳо ҳама бояд тавба кунед. Ҷойи ин, ки ба бечора дасти ёрӣ дароз кунед, фақат озор расондед. Ин зан олиҳа аст, кори савоб мекунад, савобе, ки аз чандин тоату ибодат беҳтар!»

Аз байн солҳо гузашт. Ҳарчанд фаровон дуди зиндагиро хӯрдаму пиртар шудам, ҳеч аз пеши назарам чеҳраи ғамгину озурдаҳоли Фотимаапа дур намешуд. Пайваста нигоҳҳои ноумедонаи ӯ ба пеши назарам меомад. Ин хаёлҳо буду рӯзе писари хурдиам исҳоли сахт гирифт. Ӯро аз дармонгоҳи маҳалла ба бемористони марказӣ роҳхат доданд. То ба бемористон омадам рӯз аз аср гузаштаву поёни соати корӣ фаро расида буд. Ҳамон лаҳза масъули шуъбаи бемориҳои кӯдакона – духтараки болобаланди хушгиле як хилъати сафед ва сумкачаи мишкирангро ба даст гирифта, дари хонаи кориашро мебаст. Ӯ симои шитобзадаи ман ва беҳолии писарамро пай бурд магар, саволомез ба сӯямон нигоҳ кард.

– Духтарам, аз барои Худо, ба дардамон расед, – хоҳишмандона рӯ овардам ба вай, – тамоми рӯз писарам аз шикамдард морпеч меравад, дилу ҷигарам об шуд.

– Ба чашм, холаҷон, биёед дохил, – бо лаҳни гуворое гуфт духтар ва баргашту дарро боз кард.

Вақте ки ҳамшираи ҷавон писарамро муоина мекарду рӯйи коғазе дорую даво менавишт ва ба ман тавсияҳо медод, дари хонаашро як ҷавони тамизу озодапӯшида кушод. Ӯ низ мисли духтарак қадбаланд ва бо кафшҳои ҷилодору шиму костюми соф утузада ва мӯҳои мураттаби ба як сӯ моил хеле хушсурат ба назар мерасид. Ҷавон бо меҳрабонии ба худ хосе гуфт:

– Салом, хоҳарҷон, монда набошӣ!

– Саломат бошед, бародарҷон, мебинам, ки барои бурдани ман омадед? – Магар мешавад, ҷигарбандамро ин ҷо монда равам? – ҳар ду мулоим

хандиданд ва ҷавон ба суханаш идома дод: – Имрӯз кори фурӯшгоҳамон бобарор омад. Мудир ҳисобу китобамро қабул карда хеле мамнун шуд, аз хурсандӣ дар куртааш намеғунҷид. Баъди кор паридам ин ҷо, модар ҳам дар ҳавлӣ интизори мост.

– Хеле хуб, ман ҳам омодаам, бародар, – гуфт духтар ва ба ман рӯ оварда дар идомаи маслиҳатҳои қаблиаш афзуд: – Холаҷон, ҷойи хавотир нест, ҳамааш нағз мешавад, фақат ба гуфтаҳоям бамавқеъ амал кунед, кофӣ. Дарунаш, ки шуста шуд, писаратон тойча барин ба ҷастухез медарояд.

Ҳама пасу пеш аз роҳрави бемористон гузашта ба берун баромадем. Ҷавону духтар дасти ҳамдигарро гирифта пеш-пеш ва ман бо писарам, дар ҳоле, ки ҳаракатҳо ва шӯхиҳои ҷавонон тамоми ҳушу хаёламро рабуда буд, аз қафо қадам задем. Онҳоро дар назди дарвозаи бемористон занаки ситорагарме пешвоз гирифт. Чеҳраи ӯ бо дидани фарзандонаш шукуфта рафт, гӯё аз сару рӯяш нур меборид. Дар он лаҳза дасти писарамро муҳкам дошта, сари ҷо шах шудам: медидам, ки Фотимаапаи «гумшуда» бачаҳои худро ба оғӯш гирифта мебӯсад, навозиш мекунад...

Вақте ки ҳар се ба роҳ афтиданд, ман чанд муддат аз қафояшон нигарон мондам, ба Фотимаапа, ки он ду кӯдаки шайтонро «одам» карда буд, ҳавасам омад. Ба назар мерасид, даври ӯ ду фаришта мечарханд. Дар он лаҳза ҳис кардам, аз хиҷолат гунаҳоям месӯзад, гӯё ки дар пеши ин занаки вафодор гунаҳкор бошам.

пешина
аз 44
навбатӣ