Аз санг сахт, аз гул нозук

Юнуси Имомназарро алоқамандони каломи бадеъ ва хонандагони «Овози тоҷик» бо гузоришот ва ҳикояҳову қиссаҳои намакинаш мешиносанд.
Ахбор · 9 октябри 2024 · 44 саҳифа · 1 писанд
ҶОЙИ ЗАН ХОЛӢ
Усто Сафари дуредгар дар деҳаи Нуробод мезист. Ба қавли ҳамдеҳагон, «исту бисташ ҳунар, дасту панҷааш гул» буд. Дару тиреза, мизу курсӣ, гаҳвораю сандуқ, гуппию сандалӣ – ҳар чизеро, ки аз чӯб дуруст мешавад, бо тарҳи зебо ва чорчӯби муҳкам месохт. Тамоми рӯз, ҳатто то нимаҳои шаб садои тиқ-тиқу ғир-ғири олоти наҷҷории ӯ ба гӯш мерасид. Ҳамкору ёвари ҳамешагии усто ҳамсараш Мунаввараапа буд. Ин занаки меҳнатдӯсту меҳрабон як лаҳза ҳам шавҳари худро танҳо намегузошт. Дар бару даври ӯ қимир-қимир ҷунбида меистод ва албатта, ҳавои хӯрду хӯрок ва гарму хунуки вайро дошт. Усто низ бо чунин зани ҳалиму босадоқат меболид, бо илҳому неруи тоза ба кор мечаспид ва ҳар гоҳ саъй мекард «асар»-и ҷолибу зебо ва диданитар офарад.
Усто Сафар ва Мунаввараапа барои худ хонаи дуошёнаи боҳавое сохта буданд. Дар он ҳар кас намунаҳоеро аз ҳунари дуредгарии усто медиду ба ҳавас меомад. Ба хусус, нақшу нигорҳои кандакоришудаи рӯйи дару тирезаҳо ва сутунҳои пешайвон, болору вассаҳои шиёрдор, қарнису узораҳои дастсохти усто, ки давр то даври хонаҳоро зинат медоданд ва қобҳои бо шаклҳои мухталиф орододаи оинадор диққати ҳар бинандаро ба худ ҷазб мекарданд. Зану шавҳар бо зӯри бозувон дар поинтари хонаашон боғи бузургеро низ обод карда буданд. Дар он рад-рад дарахтони гуногун – аз буттаҳои манзаравӣ гирифта то беду сапедор ва дарахтони мевадор ба чашм мехӯрд. Усто Сафар барои дуредгарӣ чӯбро аксаран аз боғи худ мегирифт. Чунончи, гаҳвораҳояшро аз ҷинси чормағзу тут чунон тобовар месохт, ки ба гуфтаи мардум, ҳар яке ҷавоби се авлодро медод.
Дар давоми зиндагии якҷоя усто ва Мунаввараапа се писару як духтар диданд, ки онҳоро қатори мардум ба камол расонда хонадор карданд, коре карда, қарзи падарӣ ва модарии худро адо намуданд. Ҷойи таассуф буд, ки ҳеч кадоме аз фарзандон дасти падарро нагирифт. Яке савдогарӣ, дигаре даллолии мошин, севумӣ ҳам доруфурӯширо пеша карду ҳама ба шаҳр кӯчида рафтанд. Дар пиронсолӣ устою ҳамсараш дубора танҳо монданд, хонаю дарашон бо он бузургӣ барояшон танг менамуд.
Усто Сафар ба синни пайғамбарӣ расид. Бо ҳамсараш аҳд кард, ки зодрӯзашро васеътар ҷашн гирад. Бо ин баҳона ният доштанд аҳли деҳа, хешу ақраборо фаро хонда ош диҳанд ва бо ҳамдастии онҳо яке аз фарзандонро барои омадан ба болосарашон розӣ кунонанд. Дар ҳоле, ки ба ин маърака омодагӣ медиданд, банохост бемор шудани Мунаввараапа ҳар дуро безобита кард. Ӯ зуд-зуд диққи нафас мешуд. Каме агар монда шавад, нафасгириаш мушкилтар мегардид ва баъзан, гӯё нафасаш дар гулу мепечид, муддати зиёд беҳаракату беҳуш мехобид. Дар ин ҳол ранги рӯяш чун суф меканд, чашмонаш нимапӯш мешуданд. Усто ҳар гоҳ бохабар мешуд, ба рӯяш об мепошид, силка дода-силка дода ӯро ба худ меовард. Аз бахти бад, ин бемории кампир рӯз то рӯз авҷ гирифт ва ниҳоят, дар як шаби маҳтобӣ, дар сурате ки ҳамчун кӯдаке бар рӯйи дастони шавҳар ёзида, ба осмони пурситора чашм медӯхт, кӯтоҳ-кӯтоҳ нафасгирон зери лаб «аз ман розӣ шавед, додош» гуфту ҷон ба Ҷаббор таслим намуд. Дуд аз димоғи Усто Сафар баромад. Бо ҳасрату ғам доду ғирев бардошт ва бо дили реш ҳамсару ҳамрози азизи худро ҷо кард. Таҷлили синни пайғамбарӣ фаромӯш шуд, ҷойи он маъракаҳои ҳамсарашро пушти ҳам гузаронд.
Усто як соли тамом азо гирифт. Тайи ин муддат дасту панҷааш ба кори дуредгарӣ базӯр мерафт, ҳар гоҳ ба даст тешаю арра мегирифт, симои ҳамсараш пеши назар меомад, ӯро дар ҳар сурат медид: гоҳе бо чойнику пиёлаи чой, гоҳе бо бодзанаки порчаияш, ки арақҳои бадани ӯро хушк мекард, гоҳе ҳам бо асбобу абзори устоӣ... Дар ин миён фарзандонаш ӯро соя накарданд. Ба назар мерасид, будану набудани падар барояшон аслан муҳим нест, чӣ расад ба ғизои гарм додану шустани сарулибос! Ҳатто духтари ягонааш, ки дар деҳаи ҳамсоя зиндагӣ мекард, баъд аз чили модар дигар қадам нагузошт. Усто Сафар сахт дар шигифт буд, аз он, ки фарзандонаш ба ҳолпурсӣ намеомаданд, тааҷҷуб мекард. Ӯ бо ҳамсараш будушудашро барои ҷигарбандҳои худ бахшида, онҳоро фақат барои хубиву некӣ ҳидоят менамуд, аммо акнун акси ҳолро медид. «Афсӯс, он ҳама хизматҳоям ба куҷо рафт? – дар худ меандешид Усто. – Бошад, духтарам моли бегонаҳост, шояд ӯро намегузоранд, аммо писарон-чӣ? Охир ҳар яке мошин дорад, дасти ҳар яке ба даҳанаш мерасад, чаро суроғ намекунанд? Ё аз шарри келинон як қадам онсӯтар рафта наметавонанд? Ё замона ин қадар бемурувват шуда? Намедонам, намефаҳмам, дар ҳар сурат, дар паноҳи Худо бошанд, тану ҷонашон сиҳат бошад шуд».
Хушбахтона, дар давоми ин муддат дӯсти муаллимаш – Раҳимқул ӯро дилбардорӣ мекард. Чандин бор чашмони пуроби худро бо суханони таскинбахши муаллим пок карда буд. Ҳамсояҳо ва ду-се ҳамсолаш низ хабаргирӣ меомаданд. Агар ҳамин ҳамдеҳагони дилсӯз намебуданд, шояд ӯ низ аз дилтангии беҳад пушти сари Мунаввараапа реҳлат мекард. Вале, то реша дар об ҳаст, умеди зиндагӣ мемондааст. Он рӯзе, ки Усто Сафар соли ҳамсарашро гузаронд, Раҳимқули муаллим то бевақтӣ ҳамроҳи ӯ монд. Муаллим баъд аз мулоҳизаҳои зиёд ба гуфтани муддаои дилаш ҷазм кард:
– Устоака, ҳоли шумо, зиндагии шумо чун рӯз равшан. Ҳарчанд мушкилоти худро пинҳон мекунед, мо ҳама медонем. Танҳоию дилтангӣ ана- мана мардони ҳузарбро аз по афтондааст, чӣ расад ба шумо барин солмандон. Дигар ба тақдир тан дода нишастан фоида надорад.
Аз дили ӯ огоҳ будани муаллим ҷойи тааҷҷуб надошт. Воқеан, дарди усто бисёр буд, бо ин ҳол сар бардошт:
– Чӣ кор кун, мегӯйӣ?
– Бояд издивоҷ кунед, – бе тааммул афзуд Раҳимқули муаллим, – агар зан гиред, коратон сабук мешавад, аз тазйиқҳои руҳӣ халос мешавед.
Бадани усто ларзид. Ин ҳарфи муаллим гӯё теғе буд, ки то устухонаш халид. Дар ҳоле, ки наметавонист пир-пир паридани лабонашро нигаҳ дорад ва беист чашмак мезад, дардолуд садо баровард:
– Дӯстам, ман ин хел ният надорам. Бе он ҳам дар марги бемаҳали вай худамро гунаҳкор медонам, бигзор осуда бихобад.
– Устоака, бе ҳазл, ба гапи ман гӯш кунед. Мо ба дунё барои озор дидан наомадаем. Баъд, фикр мекунед Мунаввараапа бо вуҷуди ин ҳама азиятҳои шумо ором мехобад? Магар ӯ ба роҳату осоиши шумо раводор нест?
– Бас кун, дӯстам, ин гапро дигар нашунавам. Духтару писаронам бе он ҳам маро тарк кардаанд, Худо медонад, пас аз зангирӣ чӣ балое ба сарам меоваранд?!
– Ҳо, бале Устоака, онҳо агар меҳрубону дилсӯз мебуданд, ин пешниҳодро худашон мекарданд! Аз барои Худо, ба ҳар гуна гумон наравед. Зангирӣ гуноҳ нест, ба хусус, барои марде мисли шумо, ки рӯзу шаб ба кумак муҳтоҷед.
Он рӯз Раҳимқули муаллим ба нияти худ нарасид, ҳар чӣ мегуфт, усто қабул намекард. Аммо таслим нашуд, аз аҳди худ даст накашид. Рӯзи дигар боз омад, лекин ин дафъа бо ду ҳамсоли усто ва Бобо Шарофи оқсаққол. Ин бор ду поро дар як мӯза карда, Усто Сафарро маҷбур карданд, ки ба зангирӣ розӣ шавад. Баъд аз ин суҳбат Раҳимқули муаллим ва Бобо Шароф миёнро муҳкам бастанд. Онҳо аз деҳаи ҳамсоя бевазанеро ба исми Оқила баргузида, зарфи як моҳ тамоми расму одати ҷориро гузаронданд ва ба никоҳи усто дароварданд.
Усто Сафар аз нахустин рӯзе, ки як зани бегона бо писари думовард ба хонааш қадам монда буд, худро ноҳинҷору бесаранҷом медид. Дар мағзи дил ҳис мекард, ки қисмати шуме ӯро интизор аст. Боз дар сафҳаи хотираш симои ҳамсари фавтида равшантар падид омад. Ҳарчанд ӯ бо нимтабассум ва чеҳраи розиманд намудор мешуд, усто дар худ мепечид, худро гунаҳкор медид. Дар дил, гоҳе ҳам садо бароварда мағфират мехост: «Маро бубахш, азизам, нагузоштанд, ки бо ёди ту бимонам. Ба хотири нафсу роҳати худ ба рӯят по гузоштам, маро бубахш...» Аз сӯйи дигар, Оқила бо як ҷаҳон меҳру муҳаббат ва ихлосу алоқамандии баланд ба корубори хонадорӣ часпида буд. Ӯ ҳар лутфу мададе, ки аз дасташ меомад, барои шавҳари худ дареғ намедошт. Аз чӣ бошад, ҳамеша ба усто «Хоҷам»-гуфта муроҷиат мекард. Писарашро ҳам, ки синнаш аз ҳафт гузашта буд, ба «додо» гуфтан одат кунонд. Хеле мехост, ба ҳар навъе бошад, дарди дили шавҳари нави худро сабук кунад, дар он ҷо гирад. Тамоми кори рӯзгор ва ҳатто боғдориро ба уҳда гирифта буд. Намегузошт, ки хоҷааш ғайр аз устоӣ дасташро ба оби ях занад. Меҳмони расидаро, чи мешинохту чи на, бо чеҳраи кушод пешвоз мегирифт ва ҳар сухани хушу марҳамате, ки дошт, арзонӣ мефармуд.
Усто Сафар бо доштани чунин зани меҳрабону кордӯст хушҳол буд, вале аз сӯйи дигар, боз як безобитагие ӯро ором намегузошт. Медонист, ки писаронаш ин ҳолро ба хубӣ қабул нахоҳанд кард. Бешак, онҳо ба зангирии падари пири худ розӣ нестанд, аз ӯ танаффур хоҳанд кард. Дарвоқеъ, кадом фарзанд аз ишғол шудани ҷойи модараш хурсанд мешавад? Ин амал фақат боиси қаҳру ғазаб мегардаду бас. «Дигар он чиро нахоста будам, шуд, – дар худ фикр мекард усто, – ин зану кӯдак айбе надоранд. Агар аз Худо битарсам, бояд ба онҳо саробонӣ кунам. Бева буд, ба пушту паноҳ ниёз дошт, дар пешониаш мани бадбахт будаам. Акнун ки бо умед зиндагӣ месозад, ба орзуяш бояд бирасад. Дигар ин ҳама ҷою ҷогаҳ ба инҳо мемонад. Писаронам нахостанд, худро дур кашиданд, аз мероси падар ҳазар карданд. Дигар ихтиёрашон, Худо дар паноҳаш нигаҳ дорад...»
Ҳамон тавре ки усто пиндошта буд, зиндагии орому осудааш дер напоид. Ҳанӯз аз издивоҷи ӯ бо Оқила як сол нагузашта, пушти ҳам се писар ба ҳавлиаш сар халонданд. Кош фақат сар мехалонданд! Онҳо дар ниҳояти рашку ҳасудӣ ба дилу мағзи падари худ нештар халонданд! Иддаои писарҳо он буд, ки набояд ҳавлию дари бобоӣ ба дасти зани бегонае афтад. Падар бояд ё аз зан даст кашад ё ин хонаю боғи қишлоқро ба писарон дода, ба ҷойи дигар равад. Ин қадар нодонӣ ва побанди молу чиз шудани писарон Усто Сафарро сахт ба шигифт овард. Ӯ асабонӣ шуд, бори аввал ҳар се писарро аз хона берун андохт. Писарони усто ором нагирифтанд. Онҳо дафъаи дигар ҳамроҳ бо ҳамсарони худ омаданд, ин бор батамом «мусаллаҳ» буданд. Хостанд ба наҳви худ падари якравро ҷазо диҳанд, ӯро забонкӯтоҳ кунанд. Аз ин рӯ, бе ибо боду борони шадиди бадгӯйӣ ба сару кӯли падар рехтан гирифт:
– Ту модарамонро беҳурмат кардӣ, орзуву умедҳои ӯро ба бод додӣ!
– Пирию хартозӣ, дар куҳансолӣ шарм накарда зан гирифтӣ, ин аст садоқати ту?!
– Натарсидӣ, уболи бачаҳо мегирад? Ё гумон кардӣ ҳеч Худое нест? Ҷойи ин ки аз фарзандонат биёрӣ, зани ғар ба хонаамон овардӣ, ҳатто бо думовард!
– Ку, бубинем, кӣ соҳиби ин дову дастгаҳ мешавад! Фикр кардӣ ба ҳамин осонӣ як бегонае ҳаққи моро мегирад?! Не, хаёли хом дар сар набоф!
Писарон ва аз онҳо бештар занонашон бо садои баланд доду фарёд мезаданд, намегузоштанд падар ҳарфе гӯяд. Усторо дарди сар гирифт. Бо асабоният аз ҷо баланд шуд, дар ҳоле ки гӯё сару сураташ оташ мегирифт ва тамоми баданаш ба ларза меомад, бо ду даст ду ёқаи гиребонашро дошт ва бо ғазаб ба ду самт кашиду куртаашро ду ним кард. Ӯ дод зад:
– Ман ҳанӯз намурдаам! Бизанед, сари синаамро шикоф кунеду ба ин «дову дастгаҳ» соҳиб шавед! То имрӯз дар кадом гӯр будед? Баъди сари модаратон кадоме омада аз ҳолам хабар гирифт? Акнун ин муштипарро, ки бо бачааш овардаам ва беҳтар аз шумо тамоми ҳастиашро ба ман бахшидааст, мехоҳед берун ронед? Не, ин додатонро ба оби ҷӯй, ба санги сиёҳ гӯед! Агар хоҳед, фарзанди ман бошед, ба хубиву хушӣ ба меҳмонӣ омада равед, агар не – чор тарафатон қибла!
Дар ин ҳангом Оқила мисли бузи рамида дир-дир меларзиду ёрои аз ошхона берун омадан надошт. Аммо, чун дид садои доду бедод торафт баланд мешавад, дигар таҳаммулро аз даст дод ва ба хотири он ки аз асабонияти зиёд қалби шавҳараш дарз нахӯрад, бо нигаронӣ худро ба дохили хона зад ва гуфт:
– Хоҷам, ором шавед, худро эҳтиёт кунед!
Ба маҳзи ин ки Оқила дар дами остона пайдо шуд, нахуст се келини ҳамроҳи шавҳарон оташгирифта мисли гург ба ӯ ҳамла карданд. Дар як он сару сурат ва бадани бечоразан туъмаи хунгирифтаҳо гардид. Агар дар ин асно Раҳимқули муаллиму Бобо Шароф расида намеомаданд, Худо медонад, чӣ қиёмате ба по мешуд...
Пас аз он воқеа Оқила бо писари хурдсол «хоҷа»-ашро тарк карду ба деҳаи худ сар гирифт. Бо ҳазор надомату пушаймонӣ Усто Сафар боз бо сари танҳо ва бо тоси қадима дар хона монд. Дубора барояш ҷойи зан холӣ шуд. Ӯ дигар он марди ботамкину солим набуд. Ба назар мерасид, ки дилу ҷигараш аз дасти гирумонҳои замона об шудааст. Ҳафтае нагузашта сар ба болини беморӣ ниҳод. Як ҳафтаи дигар ҷон канд ва дар ниҳояти залилӣ риштаи ҳаёташ гусаст...
Аз он дам чанд сол сипарӣ шудааст. Ҳар кас аз деҳаи Нуробод мегузарад, дар васати он чашмаш ба харобае меафтад. Он хонаи деворҳояш рехтаю обшуста ва боғи дарахтонаш хушкшудаю урён «дову дастгаҳ»-и Усто Сафари марҳум аст. Баъд аз сари ӯ касе аз тарси фарзандони ҳасуду беурза дили по мондан ба он манзилро надорад.
НОЛАИ ХАР
Вақте ки мегӯянд, аз ҳама муғамбир ва аблаҳтарин ҳайвон хар аст, ман қабул надорам. Зеро то чашм кушода ҳар гӯшдарозеро, ки дидаам, нисбат ба ҳайвонҳои дигар гапшунаву донотар буд. Воқеан, дар деҳаамон аз хар беҳтар «кола»-и каммасрафу дастёри беминнат надоштем. Нисфи корҳои зиндагиамонро ҳамин ҷонвар анҷом медод ва хонае ҳам набуд, ки як ё дуто хар надошта бошад.
Ёдам ҳаст, ман дар синфи панҷум мехондаму яке аз рӯзҳои сарди зимистон хари хокистариранги дарамон, ки даҳ соли тамом барои мо қуввату хидмати худро дареғ надошта буд, мурда монд. Аз даргузашти он, ба хусус, модарам хеле ғамгин шуд. Ӯ чанд муддат малулу дилозурда фақат оҳ мекашид ва ба касе майли суҳбату гуфтугӯ надошт. Падарам бошад, азбаски ҳеч гоҳ кораш ба хар намеафтид, парво намекард ва ба озурдагии модарам хандааш омада боре гуфт: «Худаш хар будаасту ин қадар мотам?! Баҳор, ки шуд, лӯлиҳо боз меоянд, як курраи дигар мехарем!»
Дар ҳақиқат, гуфтаи падарам шуд. Баҳори он сол як тӯда лӯлӣ ба деҳаи мо низ омаданд ва дар паҳнои гузари Доничак, болотар аз хонаи мо, чодарҳои худро кӯфтанд. Онҳо бо худ чанд хару курраро низ оварда буданд. Падарам ба ваъдаи худ вафо карда, аз лӯлиҳо боз як хари бақуввати тӯсирангро харид. Пеш аз ҳама ман бар он савор шудам ва ба ин тарафу он тараф йӯрғаву қулоч давонда имтиҳон кардам. Аз он пас дар хонаамон маро ба узви нави тавилаамон вобаста карданд ва нигоҳубиниву парвариши онро ба уҳдаам гузоштанд. Барои мо, ба хусус, барои модарам хурсандиҳои аз ёд рафта бо расидани ин боркаши ҷонсахт дубора зинда шуд.
Гӯшдарози мо аз ҳамҷинси қаблиаш ҳам фармонбару зирактар буд. Вақте ки маро медид, ҳар гуна нозу истиғнои худро – аз алвонҷ додани гӯшу дум сар карда то ҳик-ҳику ҳангоси баланд, арзонӣ медошт. Ҳангоми бастани
полону абзораш оромона дар ҷо меистод ва ҳар гоҳ ба пушташ менишастам, бо ишоратҳои ман гардан метофт ва ҳаракоти худро бо маромҳои лӯккаву йӯрғаву қулоч якзайл анҷом медод. Коркашиҳоямон аз он аксаран дар се моҳи таътил, ки дар фасли тобистон доир мегардид, сурат мегирифт. Мо ҳанӯз дар фасли тобистон ғами зимистонро мехӯрдем ва аз рӯйи одат, ҳар сол барои молҳои дарамон ҳадди ақал панҷоҳ хар эбудаю робаю карок барин хошоку алафи ёбоӣ ва барои печкаву танӯру оташдон ҳам чил-панҷоҳ хар ҳезуми хушк аз дашту кӯҳ мекашондем. Овардани ин ҳама бор, албатта, ба дӯши «дастёр»-и беминнати мо буд ва он ҳам ҳеч гоҳ гарданшахӣ намекард.
Хеле ҷолиб буд, ки ҳангоми ба чӯлу кӯҳу кӯтал рафтан ҳаргиз ба харамон хатти ҳаракатро нишон намедодем. Ҷонвар беист моро то ба манзил мерасонд. Фақат дар дуроҳаҳо лозим меомад каме роҳбаладӣ кунему бас, бо нихтаи халачӯб ҷонвар ба чап ё ба рост мегашту роҳашро идома медод. Гузашта аз ҷодаҳои мустақими саҳроӣ, дастёри мо ба роҳакҳои каҷукилеби нишебу фарозҳои кӯҳӣ низ бахубӣ хӯ гирифта буд ва алалхусус, ҳангоми бозгашт, вақте ки зери бор буд, аслан коре бо вай надоштем. Медонист бо кадом роҳ ва бо чӣ мароме борашро то мақсад расонад.
Ҳодисаи як рӯзи ҳезумкашонии ману бародарам аз дараи Феҷаки беоб, ки иттифоқан рух дода буд, ҳеч гоҳ аз хотир намеуфтад. Дар он рӯз мо аз ҷарҳои пурпечу хам ва роҳҳои мушкилгузар гузашта, дар кунҷи дара мавзеъ гирифтем. Дар андак вақт як хар ҳезуми хушк, ки фақат тарошаҳои бодом буд, омода сохтем. Бародарам ба ман фармуд, ки дулингаро баста ба хар бор кунам ва худаш ҳам поинтар ба гирдуғун кардани тарошаҳои сарборӣ машғул шуд. Ман ресмонро ду рад гузошта, ҳезумҳои ҳар ду лингаро мураттаб дарчидам. Сипас, ҳамин ки харро ба зери бор оварданӣ шудам, ғайриинтизор, ҷонвар якравикунон гардан даст надод. Маҷбур шудам, ду-се лагад ба кафалу чанд халачӯб ба сару гарданаш фарорам. Аммо ин кӯфтанҳо суде набахшид, харам намехост дулингаи ҳезумро ба пушташ гузорам. Хеле ҷонгирак он буд, ки баъд аз кашида овардани вай ба обу арақ ғӯтида дулингаҳоро мебардоштам ва ҳамин ки мехостам ба болояш гузорам, аз ҷойи худ дуртар мерафт. Охирсар, дар ҳоле ки хун дар сарам меҷӯшид, тарошаҳои бастаро ба замин партофта, бо ҷаҳл ба ҷонвари «гапнодаро» дарафтидам ва бераҳмона ҳам бо лингу ҳам бо халачӯб, ба ҳар ҷое, ки рост меомад, кӯфтан гирифтам, ҳар ҳақорате, ки медонистам, ба сару димоғаш фурӯ рехтам. Дар он ҳол, доду бедоди ману харро дида, бародарам фарёд зад:
– Ҳой, чӣ кор мекунӣ? Чаро он бечораро мекӯбӣ?
– Ин бечората куштан ҳам кам аст, – бо қаҳр ҷавоб додам ман, – маст шудаст, намемонад лингаҳоро ба пушташ гузорам.
– Бас кун, ман худам бор мекунам, – гуфт бародарам ва ба сӯйи мо омад. Ӯ ба ман теғ кашида суханашро пай гирифт: – Кай дидаӣ, ки хар аз зери бор гурехта бошад? Агар забонашро нафаҳмӣ, чаро азоб медиҳӣ?
Ҳанӯз дар ғазаб будам, аз он ки бародарам гӯшдарози муғамбирро ҷонибдорӣ мекард, тааҷҷубкунон ба ҳаракатҳояш чашм дӯхта мондам. Ӯ куллан абзору полони харро боз карда ба як сӯ гирифт. Бо чӣ забоне гӯям, дар тахтапушти бечора захми калоне намудор шуд, рӯйи он суп-сурх хунолуд буд. Бародар дигар чизе нагуфта, ба маънии «дидӣ, чӣ хабар?» ба сӯйи ман нигоҳе афканд ва аз пайи муолиҷа уфтод. Ӯ як мушт хоки нармро дар кафи дастонаш совида-совида ба рӯйи захм пошид ва миёнбанди пахтагини худро чорқад карда ба рӯйи он гузошт. Сипас оромона ҷулу қапталҳову тӯқумро болои ҳам ба пушти хар чида, бо айил маҳкам баст ва думи харро аз зери пордум ба берун кашид. Ду-се бор тӯқумро ба ду ҷониб ҷунбонда аз такмил шудани кораш дилпур шуд ва ба ман амр кард:
– Акнун лингаҳоро бор зан, канӣ бубинем кӣ хар – ту ё вай!
Ин дафъа, дар ҳақиқат, ҷонвар аз ҷояш такон нахӯрд. Ман дар хиҷил шуда, баъди бор задани лингаҳо, чанд бор сару гардани харамро молида, ба таври худ узрамро баён кардам.
Ҳар се ба роҳ баромадем. Аввал хар бо бори худ, ман аз дунболаш ва бародарам ҳам қафотар аз мо, фурӯ дар андешаҳои худӣ, қадам мезадем. Роҳравон то зови миёнҷойи дараи Феҷаки беоб расидем. Партгоҳи баланду касногузаре буд. Ҳар гоҳ ба ин ҷо меомадем, бо роҳи бағалӣ давр зада ба поин мефуромадем. Он рӯз, якравии мани шитобкор рӯ гирифту харро аз ҷодаи дигари наздиктар бурданӣ шудам. Аммо дар сари дуроҳа ҷонвар мех шуда истод. Ҳарчанд зӯр задам, ба амрам гӯш накард, ҳамин ки ман аз лаҷом дошта ба сӯйи роҳи наздик мекашидам, хар ду пойи пешашро тиргаккунон гарданшахӣ мекард. Дидам, ки нашуд, ин ҷо ҳилае ба кор бурдам. Як лаҳза нӯхтаи харро озод гузоштам ва ба маҳзи ин ки поҳояшро суст карда қадам партофтанӣ шуд, як дафъа аз нӯхта ба самти чап кашидам. Ҷонвар дигар илоҷи бо роҳи худ қадам заданро надошт, аз як сӯ, ба самти дигар тоб хӯрдани сараш ва аз ҷониби дигар, сангинии бори пушташ ба ин имкон намедод. Ночор бо роҳаки нишондодаи ман пеш рафт. Ман ҳам давида ба қафо гузаштам ва аз тарошаҳои сарборӣ дошта истода, баланд-баланд садо баровардам: «Ҳо, боракаллоҳ, ҷонавар, хӣ! Ҳо, бохабар бош, ҷонавар, хӣ!...»
Агар мо ҳамин зовро, ки иборат аз харсангҳои яклухти яксараи амудӣ буд, давр зада поин мефуромадем, дигар хавфе дар сари роҳамон вуҷуд надошт. Бо ин ҳадаф тамоми рагу пай ва торҳои аъсобамро таранг карда, гӯшу ҳуш ба хурдтарин ҳаракатҳои хар шуда будам. Ҳамин ки бо роҳаки каҷукилеб сарозер шуда, то нисфи нишеб расидем, харам ногоҳ аз роҳравӣ бозистод. Ман, ба ҷойи ин ки нигоҳ кунам ҷилаваш чӣ иттифоқе рух додааст, «хӣ» гӯён ба пушташ як лагад фуровардам. Ва ҳамин задани ман буд, ки хар мувозинатро гум кард ва пояш бар рӯйи санги паҳну софе, ки дар пешаш буд, лағҷиду бо борубуна чаппа шуд. Ҷонвар дар зери ҳезумҳои муҳкам басташуда то таги зов ғелида рафт. Ҳуш аз сарам парид, беихтиёр «додӣ!» гӯён бародарамро ҷеғ задаму худ бо ҳавлу ҳарос хез зада-хез зада то болосари бечораи ғелида омадам. Фикр мекардам, харам дигар зинда нахоҳад буд, барои ҷон ба саломат бурдан ҳеч гуна имконияте ҳам надошт.
Бародарам низ ҳаҳҳосзанон расида омад. Дукаса ресмонҳои борро кушодем. Ҳама ҳезумро ба ин сӯву он сӯ партофта, харро аз зери бор озод кардем. Ҳамин дам, бар хилофи пиндорҳои ман, хар поҳои пешашро рост карду якбора аз ҷо баланд шуд. Худоро шукр, бо ин ки тану ҷонаш – аз буҷулаки поҳо то думу сару гардан захмиву абгор менамуд, зинда буд. Фақат аз беҳолӣ гӯшҳояш пакар, сараш афтида ва аз чашму бинияш об мешорид. Ба назарам метофт, ки аз сару димоғи ҷонвар то ба поин оби хунолуд мечакад. Ба ин сон ҳоли табоҳу заифии харамро то ба он дам надида будам, раҳмам омад, барои аз вай узрхоҳӣ кардан оҷиз будам...
Каме гузоштем, ки хар дам гирад. Сипас, бо ҳамдастии бародар дубора ҳезумҳоро бор задем ва аз дара ба сӯйи деҳа роҳ пеш гирифтем.
Он рӯз модарам аз дер мондани мо хавотир кашида, дар дами дарвоза чашм ба роҳамон дӯхта менишаст. Ба маҳзи ин ки наздик шудем, хар модарамро аз мо пештар дид ва дардолуд ҳик-ҳиккунон беихтиёр ба ҳангос даромад. Он лаҳза ҳис мекардам, ки ар-ари харам муқаррарӣ нест, вай беист, гӯё аз решаҳои дил нола мекард. Чанде гузашта хомӯш мешуду аз нав бо садои баланд нолаи дардолуд сар медод. Модарам ин ҳоли гӯшдарозро ба хубӣ пай бурда, дақиқан фаҳмида буд, ки мо ҷонварро азоб додаем. Ӯ сару гардани дастёри худро масҳкунон ҳамдардӣ мекард: «Ҳа, ҷонвар, чӣ шуд ба ту? Чаро ин қадар нола мекунӣ? Кӣ ба ту озор дод? Кӣ дардатро нафаҳмид?...» Хари бечора бошад, сарашро беист алвонҷ медод ва бо забони безабонии худ пайваста ҳик-ҳиккунону ҳангосзанон арзи дил карданӣ мешуд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё