Зеҳн
Аз санг сахт, аз гул нозук

Юнуси Имомназарро алоқамандони каломи бадеъ ва хонандагони «Овози тоҷик» бо гузоришот ва ҳикояҳову қиссаҳои намакинаш мешиносанд.

Ахбор · 9 октябри 2024 · 44 саҳифа · 1 писанд

Ҳикоя
Аз аввал хондан

НОШУКР

Вақте ки ӯро ба кор даъват карданд хурсандиаш ҳадду канор надошт. Ҳеч бовараш намеомад, ки ба як ширкати бонуфузи хориҷӣ ба кор қабул шудааст. Ӯ дергоҳ ин гуна орзуро дар дил мепарварид. Ҳанӯз дар овони донишҷӯйӣ, вақте ки забонҳои хориҷӣ ва дарсҳои роёнаро ёд мегирифт, шавқу ҳавасҳои ширини худро ба ҳамсолонаш гуфта, бо дили пур изҳор медошт: «Хеле дӯст дорам бо хориҷиён кор кунам, ман албатта мутарҷим мешавам!»

Ниҳоят, дурри мақсуд ба даст омад, ӯ ба унвони котиба ва мутарҷим дар яке аз ширкатҳои хориҷӣ, ки шуҳрату овозааш дар саросари кишвар паҳн шуда буд, ба кор сар кард. Ҳамкоронаш ҳама мард буданд. Шояд аз ин хотир, ҳар як бархӯрд ба ӯ таъсиргузор буду ҳаяҷоновар. Баъзан ноҳинҷорӣ ҳис мекард, ба хусус, лаҳзаҳое, ки касе ба пешобағали дамидааш, ба камари борикаш, ки ҳар замон бо хаму рост шудан «шуъла» мезад, дида медӯхт ё ба поҳои баланди ӯ, ки барои пӯшондани онҳо доманаш кӯтоҳӣ мекард, зеҳн мемонд.

Рӯ ба рӯ шудан бо чеҳраҳои нав, бо одобу муоширати дигар барои ӯ тозагӣ дошт, аммо маҷбур буд бо тақозои кор ҳамаро таҳаммул кунад. Бештар аз ҳама, аз ришу мӯйлабҳои баланд, пурҳарфӣ ва сигоркашиҳои давомдори ҳамкорони хориҷӣ хушаш намеомад. Бо муҳити наве созгор шудан барояш хеле мушкил мегузашт. Бо ин ҳол, меҳрабонӣ ва эҳтироми ҳамкорон ба ӯ қувват мебахшид. Ба сустиаш дар тарҷума эрод намегирифтанд. Боре ҳам нашудааст, ки ӯро ба хотири надонистани забон мазаммат ё масхара карда бошанд. Ин гузаштҳо буду ба кор дилгарм шуд, ҳар чӣ намедонист суол мекард, англисиро пайваста меомӯхт, коргузориро ёд мегирифт. Рӯзҳо гузашту ранги тоза дар чеҳраи ӯ ҷило дод.

Оре, аз пайи рӯзҳо чанд моҳи худомӯзию худнамоиҳо сипарӣ шуд, ӯ дар саҳни талош ба саргаҳи мурод расид. Беш аз ҳама бо ёриву пуштибониҳои ҳамкорон чунон вориди фаъолият шуд, ки дигар касе ба кордонии ӯ шубҳа намекард. Хоссатан, эҳтирому сипоси ширкатдорони хориҷӣ даҳчанд афзуд. Бандае сухани хуш ва муомилаи самимиро дареғ намедошт, аз ҳар ҷиҳат ба ӯ мерасиданд. Сарпарасти коргоҳ бо ҳиммати баланд моҳонаашро ду баробар кард. Мошини алоҳидае вобастаи ӯ буд, дар дами дар савору пиёда мешуд. Беҳтарин мизу курсӣ, дастгоҳи роёнаю телефонро дар ихтиёраш гузоштанд, гӯшии ҳамроҳро низ. Ҳатто либосовезаки алоҳида дошт. Чунон ҳолате рӯйи кор омад, ки касе ба ӯ «ту» намегуфт, аз бинӣ боло гап намезад.

Шояд ин расиданҳо ва эҳтироми аз ҳад зиёд буд, ки ӯ оҳиста-оҳиста тағйири рафтор кард. Ҳар бархӯрди ҳамидаро чун тамаллуқ пазируфт, сухани ширини дӯстонро хушомадгӯйӣ пиндошт. Духтараке, ки дирӯз хомӯшу хоксор ва фурӯтан буд, батадриҷ мағруру шаддод шуд. Чунон бо виқор роҳ мерафт, пеши пояшро намедид, гӯё дар осмон қадам мезад. Воқеан, дар фарози ҳавобаландӣ ба парвоз даромад. Ҳатто, бе ибо руҷуъ кард ба камшиканӣ ва нописандии ҳамкорон. Ин кам буд магар, пушти сари онҳо домани бадгӯйӣ густурд. Ба ҳар як корманд лақабе бофта, аз таҳқиру камшикании онҳо худдорӣ накард. Пеши чашми ғурур якеро сураташ, дигареро либоспӯшиаш, севумиро ҳам шину хезаш «мақбул» намеомад...

Рӯзе бо ҳамкорон аз арӯсии писари мушовир бармегаштанд. Мошини сабукрав бо садои якмароми худ насими серуни поизиро аз даричаҳои бози худ ба дарун кашида ба сару димоғи нишастагон мезад ва беист ба пеш медавид. Ӯ ба ҳукми одат дар курсии бағали ронанда менишаст ва дӯстони ҳамкор бо кайфияти хуш сармасту сари ҳол пушти сараш қарор доштанд. Нороҳат буд. Аҳёнан бо ғазаб нигоҳҳое ба қафо меафканд. Ин ҳоли ӯро яке аз ҳамкорон, ки ҷавонтарин муҳандис буд, пай бурда, ба хотири рафъи нороҳатиаш бо шӯхӣ гуфт:

– Арӯсии Зебо ҳам гузашт, акнун тӯйи Замираро кай мехӯрем?

Барои ӯ аз ин бештар ҳарфе лозим набуд, ҳамин як луқма сухан ба сони равғани доғе оташи ғазабашро барангехт. Дар ҳоле, ки дӯстон аз шӯхии муҳандиси ҷавон завқ мебурданд, ӯ бо хашм ба пас нигоҳ кард ва беибо дод зад:

– Тӯйи маро рӯзи маргат мехурӣ, маймун!

Чеҳраи шукуфтаи муҳандиси ҷавон ҷамъ шуд. Мисли ин ки оби сарде ба сараш рехта бошанд, дар ҷо беҳаракат монд. Лаҳзае забонаш кунҷи ҳалқ рафт. Азбаски то имрӯз аз касе, ба хусус, аз тобеони худ ин гуна таҳқирро нашунида буд, хеле нороҳат шуд. Тоқат накарда, ӯ низ бо асабоният гуфт:

– Фикр мекардам одами дурусте ҳастӣ, аммо ҳайвон будаӣ, Замирахон! – Ҳайвонҳои бадҷинс шумоед, ки одоби инсонӣ надоред, – боз ҳам андешае накарда афзуд ӯ.

– Лутфи шумо зиёд, – бо зарда гуфт муҳандиси ҷавон, – ғалат кардаем, ки шумо – «одаме ботарбият»-ро ба қатори худ гирифтаем. Рост мегӯед, мо куҷову одоб куҷо?!

Муҳандис мехост ҳарфи сахт занад, аммо бо як азоб сари ғазаби худро шикаст. Забони мошиннишастагон ба комҳо часпид, он хушҳолие, ки чанд лаҳза пештар фазогир буд, ба куллӣ барҳам хӯрд. Суханҳои бепарда то устухон асар кард.

Пас аз ин гуна бархӯрд номаи шикоятӣ навиштани муҳандиси ҷавон аз эҳтимол холӣ набуд, аммо ӯ боке надошт. Медонист, ки дар ҳар сурат раиси коргоҳ ҷониби вайро хоҳад гирифт, зеро ба ӯ, ба кори ӯ ниёз дорад. Ин гуна ҳолат пештар ҳам чанд бор рух дода буд ва раис бо хайрхоҳӣ ба вай «дил» дода мегуфт, ки ба фикри кори худаш бошад, саъй кунад ба ҳолу шуғли дигарон чашми сарзаниш наафканад. Аммо ангезаи тахайюли ӯ дигар буд. Ҳарчанд пайваста андармони номанигорию тарҷума, мувофиқсозии ҷаласоту вохӯриҳо, таҳия ва ирсоли имейлу паёмакҳо ва исканергирӣ буд, намедонист чӣ гуна аз якравию дағалиҳои худ ҷилавгирӣ кунад. Аз чи бошад, ҳеч наметавонист ба дидани чашмҳои гирду бузург, абруҳои дурушт ва лутфи аз ҳад зиёди ҳамкорони хориҷӣ одат кунад.

Ғайриинтизор, баъд аз воқеаи дохили мошин дӯстони хориҷӣ «ту дидию ман не» карданд. Аз баҳсу даъвои даргирифта дигар касе лом-мим нагуфт. Ин ҳолат барои ӯ дастаки хуб шуд. Маҳз ин бесарусадоӣ ӯро бештар шердил кард, боз ҳам рӯинтану дағалтар гардид, бехабар аз он ки бо ин нописандиҳо барои худ чоҳ меканд...

Иттифоқан, яке аз муҳандисини тозаомада нигоҳҳои амиқу муассире дошт. Аҳёнан, бехабар аз худ, ба касе чашм дӯхта, ғарқи фикру хаёл бо нигоҳҳои росту теғдор хомӯш мемонд. Ин чашмандозиҳои тӯлониро, ки гӯё сӯрохкунанда буданд, бештар аз ҳама ӯ наметавонист таҳаммул кунад. Вақте ки бо ин ҳолати ғайриодӣ рӯ ба рӯ мешуд, нисбати ҳамкор нафрати бепоёнеро дар вуҷуди худ ҳис мекард. Дандон хоида, ғазабашро базӯр нигаҳ медошт ва дигар гапи гуфтаниро ҳам нагуфта пас мегашт. Ин дафъа натавонист хомӯш аз пешаш дур шавад. Ба маҳзи ин ки ба доми нигоҳҳои теғдору то ҳадде «заҳрбор»-и муҳандис уфтод, инони ихтиёр аз дасташ рафт, коғазҳои гузориши рӯзонаро, ки мебоист ба имзо расонад, рӯйи миз ҳаво доду бо ғазаб гуфт:

– Ваҳшӣ!

Муҳандис ба худ омад. Аз ин таънаи ӯ, ки беибо дар ҳузури ҳамкорон гуфта буд, хиҷолат кашид ва пас аз каме сукут ҷаҳломез ҷавоб дод:

– Худатро нигаҳ дор, духтар, ҳар сухан ҷое дорад!

– Падар ё модаратро накуштаам, ки ин қадар бо теғ дида медӯзӣ, – паст наомада афзуд ӯ, – ин чӣ ваҷоҳат, мисли ин ки одамро хӯрданӣ мешавӣ?!

– Нафасатро каш, беномус! – дигар сабрашро аз даст дода дод зад муҳандис.

Якравӣ ва ғурури ӯ низ рӯ гирифт. Дар ҳоле ки аз ниҳояти ҷаҳл чеҳрааш суп-сурху чашмонаш калонтар боз шуда буданд ва боқимондаи коғазҳои дасташро ғиҷим мекард, бехаёл фарёд зад:

– Беномус модарат, беномус хоҳарат, дарбадари ёғӣ! Ҳоло сабр кун, аз омаданат туро пушаймон накунам, номамро дигар мемонам! Ин гапҳоятро ҳатман пас мегирӣ, маймун!

Ӯ ба куллӣ нороҳат ва сахт асабонӣ шуд. Бе он ки идомаи суханони муҳандисро шунавад, коғазҳои ғиҷимшудаи дасташро беибо ба рӯяш заду бо шитоб ба хонаи кори худ баргашт. Ҳамоно фурӯ дар оташи қаҳр чизҳояшро ҷамъ кард, сумкачаашро ба китф андохт ва дар роҳрав ба самти берун роҳ пеш гирифт. Чанд нафар ҳамкор хостанд пеши ӯро гиранд, «Замира, Замира»- гӯён суханҳои нарму маслиҳатомез гуфтанӣ шуданд, аммо ӯ ба касе гӯш надода, дар толор қадамзанон ҷаҳломез ғирев мекард:

– Дигар ҳераам ин даргоҳро набинад, ҳар чӣ доред ба худатон, ба сурату чеҳраҳои «базебатон» насиб кунад. Ҳоло ба нохунам зор мешавед... – ӯ ин суханҳоро мегуфту дар замири дил меандешид, ки албатта, дунболаш хоҳанд омад, аз ӯ узр пурсида, дубора сари кор хоҳанд овард...

Вале ин дафъа кор ранги дигар гирифт. Ҳамкорони хориҷӣ ба хубӣ дарк карданд, ки дар воқеъ аз ӯ озурда шудаанд, дигар як лаҳза ҳам наметавонанд бо ӯ бошанд, агарчи кордону коршинос буд! Онҳо нағз медонистанд, ки ӯ дар кори худ пухта аст – на дар тарҷума, на дар таҳияи номаю гузоришҳо, на дар интиқоли аснод дасткӯтаҳӣ дорад, матлабу маводи лозимро танҳо ӯ дар системаи роёна сабту нигаҳдорӣ мекунад, тартиби бойгонии ҳуҷҷатҳо ҳам ба уҳдаи ӯст... Бо вуҷуди ин, барои ҳамкорӣ ва эҷоди муҳити солим ин ҳама кофӣ нест, корманд аз лиҳози маънавӣ низ бояд пухта бошад. Замоне ин маъниро ӯ низ хуб дарк мекард, аммо дер напоид, ӯ ношукрӣ карду бехабар аз худ хароб шуд. Бо ин худбинию ношукрӣ аз муҳити кор, аз муҳите, ки муддатҳо орзуи қаъри дилаш буд, маҳрум гардид. Ӯ аз кор ронда шуд.

ҲАСРАТИ МУХТОРХОҶА

Нисфирӯз. Офтоб нурҳои гарми худро дуруст ба фарқи сар мепошад. Чӣ гармои роҳатбахше! Он аз моварои насими диловези поизӣ рад шуда тану ҷонҳоро масҳ мекунад, давое бар кӯфтагию хастагии роҳ аст.

Мухторхоҷа пас аз сафари тӯлонӣ, баъд аз пойи пиёда тай кардани роҳи дуру дароз ба дамгаҳи деҳа расид. Бо насими дилосо нафасе рост карда, аз бағали теппаи баланде, ки дар даромадгоҳ буд, бо як чашмандозии кӯтоҳ ба боло назар афканд. Деҳаи дӯстдоштаашро ба шинохтан шинохту лаҳзае даст дар пешонӣ карахт шуда монд. Ба назар мерасид, ки деҳа дигар он таровату файзи пештараро надорад, гӯё офатҳое ба сараш чира шудаанд, хушку урён менамояд. Мухторхоҷа оҳе сӯзон аз сина баровард ва малулу ноумед ба рӯйи як тахтасанг нишаста монд. Боз ҳам хира-хира ба деҳа зеҳн монда, ба хаёли хотироти сӣ сол пеш фурӯ рафт...

Он солҳо Мухторхоҷа ҳар гоҳ бо яке аз ду бародараш ба сафар мебаромад: ё бо Нуъмонхоҷа, ё бо Мулло Афзал. Ҳамин ки рахти сафар мебаст, ҳангоми ба роҳ баромадан аз Тахти Қубод, бо наздикону ақвоми худ худоҳофизӣ карда кӯтоҳак мегуфт: «Ман ба Нуробод меравам». Азбаски иштиёқи баланде ба ин деҳа дошт, ҳар гуна азияту мушкилии сафар, макону манзилҳои душворгузар ва кӯҳу рӯду даштҳои тулонӣ гӯё ба осонӣ ва бо як чашм пӯшида кушодан паси сар мешуданд. Ӯ ҳамеша бо худ борхалтаи алоҳидае барои нурободиҳо дошт. Дар он ҳатман мумёи Тахти Қубод, чойи хитойӣ, ду-се китоби шеър ва бозичаҳои кӯдакона меовард.

Он солҳо дар ин фасл деҳаи Нуробод хеле ободу хушҳаво менамуд. Чунон табиати сарсабзе дошт, ки дар сояаш хонаҳои деҳа дида намешуданд. Бо расидан ба сари деҳа насими мушкборе мисли ҳавои атромези болооби дарёи Ому ба димоғ мезад, одам аз файзу таровати муҳити кӯҳистонӣ маст мешуд. Он лаҳзаҳо Мухторхоҷа пас аз чандрӯза сафар худро дар зодгоҳи хеш эҳсос мекард, аз ҳавои Нуробод, гӯё дар Тахти Қубод бошад, бо тамоми ҳастӣ нафас мекашид ва азобу азиятҳои роҳро фаромӯш мекард.

Мухторхоҷа ба маҳзи ин ки ба деҳаи Нуробод мерасид, бо Нуъмонхоҷа ё бо Мулло Афзал гоҳе ҷудо ва гоҳе бо як овоз ғазал мехонд. Оҳанги ғазалхонии онҳо чун садои шар-шари рӯди Нуробод, ба сони хониши булбулони марғзору кабкони кӯҳии Нуробод дар фазои деҳа пахш мешуд. Бо шунидани овозу оҳанги соилӣ як-як, ду-ду писарону духтаракон аз хонаҳои гирду атроф ба берун заҳида мебаромаданд. Аз ҳар сӯ бонг мезаданд: «Гадоён омаданд!», «Мухторхоҷа омад!», «Мумё омад, чой омад!»... Бачаҳо дар ҳавои ғазалхонии гадои дӯстдоштаи худ ва ҳамроҳи ӯ дасту почакзанон медавиданд ва то ҷое, ки меҳмонон барои худ манзилеро барои истироҳат бармегузиданд, онҳоро дунболгирӣ мекарданд.

Мухторхоҷа бо ҳавсала як ба як хонаҳои деҳаро мегашт. Ба дами ҳар дарвозае, ки мерасид, ҳатман ғазалеро бо оҳанги хоси гадоӣ месароид. Хонагиҳо то охир ба суруди ӯ гӯшу ҳуш мешуданд ва фақат пас аз ба итмом расидани ғазал ӯро бо илтифоти зиёд ба дохил даъват мекарданд.

Мухторхоҷа дар ҳалқаи нурободиҳо озод мегашт. Гӯё бародарони ҷониаш бошанд, бе ҳеч гуна таоруфу хиҷолат домани суҳбат мегустурд, ғизо мехӯрд, хобухез мекард. Шабона бошад, ҷойи хоби ӯ аксаран манзили Мулло Назар ё Исломака буд. Дар бистару болини онҳо устухонҳояш ба роҳатӣ мечаспид. Ба ин ду хонаводаи серфарзанд аз бисёр ҷиҳат алоқаманд буд, чунончи, бачаҳояшон гирди ӯро ҳалқавор гирифта, ба нақлу ривоятҳояш бо мароқ гӯш медоданд, худи ӯ намозҳояшро ба иттифоқи Мулло Назар ё Исломака пурра мегузошт, деги ин хонаводаҳо ҳамеша меҷӯшид ва як тикка нону як коса обро барояш бе иллату миннат муроот мекарданд.

Мухторхоҷа сахт шефтаи Нуробод буд. Лутфу меҳрабонӣ, меҳмоннавозӣ, бесаброна мунтазири касоне мисли «Мухторхоҷа» будани нурободиҳо ӯро ба ваҷд меовард. Ҳангоми сукунати кӯтоҳмуддати худ пай мебурд, ки ин деҳотиёни сода чӣ қадар дили беолоишу васеъ, виҷдони поку ҳиссиёти гарм доранд! Касе аз пойи касе намекашад, ба якдигар ҳасодату хусумате надоранд, фақат бо ёриву дастгирии ҳамдигар хона обод мекунанд ва тӯю азо, рӯзҳои неку бадро бо ҳам мебинанд...

Мухторхоҷа баъд аз сӣ сол дубора ба деҳаи дӯстдоштааш омад, аммо ин дафъа танҳо буд. Нуъмонхоҷа ва Мулло Афзал даргузаштаанд. Худи ӯ низ мӯйсафед аст, аз қомати рости ҷавонӣ хабаре нест, дар даст ҳамон асои гадоӣ, ки дар ҷавонӣ бо худ дошт. Он солҳо ба сар салла мебаст, риши ғафсу гирди сип-сиёҳ дошт ва бо яктаҳи дарозу кафшу маҳсӣ меомад. Ҳоло ҳам ҳамон сурат, фақат риши ғафсу гирдаш сапед шудааст, қоматаш каме хамида.

Мухторхоҷаи пирамард «ё Аллоҳ» гуфту аз ҷо баланд шуд. Борхалтаи гадоиро ба дӯши худ дуруст кард ва асозанон ба роҳ уфтод. Роҳравон гулу афшонду бо овози баланд ва бо оҳанги хоси гадоӣ ба сурудан пардохт:

Фикри булбул ҳама он аст, ки гул шуд ёраш,

Гул дар андеша, ки чун ишва кунад дар кораш?

Дилрабоӣ ҳама он нест, ки ошиқ бикушад,

Хоҷа он аст, ки бошад ғами хидматкораш.

Булбул аз файзи гул омӯхт сухан, в-арна набуд

Ин ҳама қавлу ғазал таъбия дар минқораш.

Он сафаркарда, ки сад қофила дил ҳамраҳи ӯст,

Ҳар куҷо ҳаст, Худоё, ба саломат дораш...

Мухторхоҷа ғазалхонон мерафту касе ӯро намешунид, мисли пештара ҳеч кас – на кӯдаке, на калоне, ба пешвозаш мебаромад. Аммо ӯ ғазалхониро қатъ накард. Сурудгӯён то назди дарвозае омаду истод, каме сукут кард ва аз нав бо оҳанг овоз хонд:

Дил муқими кӯйи ҷонон асту ман ин ҷо ғариб,

Чун кунад бечораи мискинтани танҳо ғариб.

Орзуманди диёри хешаму ёрони хеш,

Дар ҷаҳон то чанд гардам бесару бепо, ғариб...

Ин чор мисраъро хонда буд, ки аз ҳавлии хона зане бо сари бараҳна, фарёдзанону дастакзанон ба берун тохт. Мухторхоҷаро дидан замон, ба чӯбучахсу кулӯхҳои пеши по дарафтид ва ҳар чӣ ба дасташ меомад, бардошта ба сӯйи дарвоза, ба тарафи Мухторхоҷа партофтан гирифт. Дар ҳоли пархош ба сари мӯйсафед, ки аз тарс лолу карахт шуда буд, дод зад: «Ҳе гадои беимон, дафъ шав! Гум кун башараи хунуката! Сурудат ҳам, сохти турушат ҳам аз сарат монад, гум шав! Як ту кам будӣ, ҳе беимон, гум шав!»

Дигар ҳоҷати мондан набуд. Ваҷоҳати зан гурги ба ғазаб омадаеро мемонд, ки ҳозир буд туъмаашро бе истиҳолаву таъхир пора-пора кунад. Мухторхоҷа ба пас нигоҳ накарда, роҳи гурезро пеш гирифт. Каме дуртар рафта дарёфт, ки занак аз дунболаш намеояд, дар ҷо истод ва зери лаб ба илтиҷо даромад: «Ё Парвардигор, дар паноҳат нигаҳ дор! Ё тавба, астағфируллоҳ!»

Ҳаво он қадар гарм набуд, аммо аз дасти доду ситези ногаҳонӣ ва фирор Мухторхоҷа арақшор шуд. Ӯ, дар ҳоле ки поҳояш ҳанӯз ҳам меларзиданд, оҳиста-оҳиста роҳравон шоли ловдони миёнашро кушод ва обу арақи сару гарданашро пок кард. Чанд муддат дар пайроҳаи деҳа қадамзанон ба худ омад ва боз бо овози маҳину ширадори худ, то ҷое, ки шунаво бошад, ба сароидани ғазали нав пардохт:

Гул шукуфту боз нав шуд ишқи мо бар рӯйи дӯст, Шохи гул, ё Раб, чӣ мемонад ба рангу бӯйи дӯст. Сунбул аз ташвиши бод овард сар дар пойи сарв, Гӯиё зулф аст сар бинҳода бар зонуи дӯст...

Мухторхоҷа ғазалхонон меомаду ҷуръат намекард дарвозаи дигареро кӯбад. Бо ин ҳол, чанд хонаро паси сар гузошту дар худ неру ҷамъ кард ва ба дами даре наздик шуд. Дар ноомади кор, ин дафъа низ тираш хато хӯрд. Ҳанӯз фурсати дарвоза кӯфтан нарасида буд, ки саги азимҷуссае бар болои девори ҳавлӣ пайдо шуд. Саг ду пойи пеши худро ба санги паҳни рӯйи девор тиргак карда, бо чашмони аз ҳадақа баромада ва фуки дарози кафкзада ба ғурриш даромад. Омода буд, ҳамин дам, агар мӯйсафед ҳаракати беҷое кунад, худро ба болояш афканад.

Лаҳзае Мухторхоҷаро забон кунҷи ҳалқаш монд. Бо мушкилӣ худро ба даст гирифту бо нигоҳи илтиҷоомез ба саг садо баровард: «боҳ-боҳ, боҳ-боҳ...» Дар ҳолате, ки вуҷудаш чун бед меларзиду ранги рӯяш мисли дока сап-сафед канда буд, пуштнокӣ қадам задан гирифт. Ду чашм ба саги «хунгирифта», пушт-пушт рафту ниҳоят ба худ омад. Саг ҳам аз пӯписаи хеш мамнун, дигар ба меҳмони нохонда кордор нашуд ва думи кӯтоҳашро ба ду ҷониб алвонҷдеҳон худро аз девор ба дохил андохт.

Мухторхоҷа зери лаб «ло-ҳавл»-гӯён аз нав роҳи худро ба самти боло идома дод. Коми дил барнаомада, ба худ аҳд кард, ки дигар дарвозаеро накӯбад. Ғазалхониро ҳам фаромӯш карда, бо умеди ин ки «мусалмоне»-ро вохӯрад, ба сӯйи чойхонаи деҳа роҳ пеш гирифт. Сари роҳ ба лаби чашмаи калони деҳа расид. Дар гирду атрофи он бачаҳои хурду калон бозӣ мекарданд. Ҳамин ки чашмашон ба Мухторхоҷа – ба ин мӯйсафеди ғайриодӣ уфтод, ҳама якбора ба чор сӯ пароканда шуданд. Мухторхоҷа чизе нагуфт, рост ба лаби об рафт, то ҳаври дилашро каме ором кунад. Ба маҳзи ин ки ду кафи дастонашро ба ҳам часпонда об хӯрданӣ шуд, дар пеши чашмаш сангаке шалап ба об уфтод. Бо тааҷҷубу ҳайрат сар боло кард. Ҳамон лаҳза аз ҳар сӯ садои хандаю истеҳзои бачаҳо баланд шуд. Мухторхоҷа дубора ба хӯрдани об ҷазм кард. Ин дафъа низ се-чорто сангаки паҳн шалап- шалапкунон дар наздаш ба об афтиданд. Пирамард сахт нороҳат шуд. Асои ба зиначаи чашма гузоштаашро ба даст гирифту бо ноумедӣ гуфт:

– Ин чӣ коратон, бачаҳом? Одам морро дар об хӯрдан лат намедиҳад, ман ба шумо чӣ бадӣ кардам?

Суханҳои мӯйсафед бачаҳоро бештар ба ханда овард, гӯё қилқилакашон шукуфта бошад, ҳар яке беист лабу лунҷашро калон кушода механдид.

Мухторхоҷа аз об хӯрдан даст кашид. Ба назараш чунин менамуд, ки ин бачаҳои худсар аз саги чанде пеш таҳдидкарда ҳам ҷоҳилтаранд. Ӯ бо умед ба тарафи боғе, ки ҷӯйи оби чашма ба тарафи он ҷорӣ мешуд ва дарахтзор буд, рӯ овард. Мӯйсафед бо хаёли ин, ки боғ хилват ва барои об хӯрдану дасту рӯ шустан ҷойи муносиб аст, ба он ҷониб роҳ пеш гирифт. Ба боғ даромад, вале ҳанӯз чанд қадам напартофта дарёфт, ки аз сел гурехта ба дӯл пеш омадааст. Хашар-хушур помонии ӯро шунида аз паси дарахтону аз таҳи буттаҳо ҷуфт-ҷуфт писару духтарон баланд шудан гирифтанд. Аз он ки ба «боғи ошиқон» афтида мондани меҳмони ноошно барояшон шигифтовар буд, ҳама бо нафрату ғазаб ба мӯйсафед чашм медӯхтанд. Ӯ низ аз дидани ин манзара ба ҳарос омад ва дарҳол «ё алҳазар, ё алҳазар!»-гӯён ба қафо гашт. Ҳар чӣ метавонист тезтар қадамзанон худро аз ҳисори боғ ба берун гирифт.

Мухторхоҷа бинои чойхонаро бузургтару боҳашаматтар дид. Сӣ сол пеш аз ин бино ному нишоне набуд. Ҷойи он айвоне бо ду кати тахтаӣ ва хоначаи Ҳалимакаи чойхоначӣ ҷой хуш мекарду бас. Акнун бошад, баланду боҳаво аст, мизу курсиҳои зиёд ва катҳои чойхӯрии калон дорад. Дар болои дари даромад бо ҳарфҳои дурушту зебо навиштаанд: «Чойхонаи Нуробод».

Деворҳояш низ пур аз нақшу нигор. Ҳарчанд тараддуди одамон дар чойхона зиёд буд, касе ба Мухторхоҷа таваҷҷуҳ намекард, фақат ҳар кӣ аз канораш мегузашт, худро каме дуртар мекашид. Мӯйсафед гурусна буд ва беэътиноии одамон боби муддаои дилаш. Ӯ ба чойхона ворид шуду як лаҳза мизу катҳои онро аз назар гузаронд. Танҳо дар пешгаҳ, бағали кати бузурге як миз бо курсии холӣ ба чашм мехӯрд, ки пушти он ҷавоне нишаста чой мехӯрд. Ӯ низ ба он ҷо рафт. Аз омадани мӯйсафед ҷавон ноҳинҷор шуд магар, ҳамон замон аз ҷо баланд шуду ба берун баромад. Дар кати бағалӣ чор нафар шаробхӯр ғарқи ҳангома буданд, ба ӯ эътиборе надоданд.

Як марди лоғари дароз, ки шогирди чойхоначӣ буд, баъд аз чанд муддат ва шояд пас аз дудилагиҳои зиёд, ба назди мӯйсафед омаду рӯ ба рӯяш мех шуд. Бе он ки ӯ сухане гӯяд, худи Мухторхоҷа бо оҳанги нарму илтиҷоомез хоҳиш кард:

– Бародар, агар хизмат набошад, як чою ду сих кабоб бароям биёр, хеле гушнаам.

Мард дағалона пурсид: – Пул дорӣ?

Мухторхоҷа нороҳатии худро базӯр ба дарун хӯрда ҷавоб дод:

– Албатта пулам ҳаст, ту ки маҷҷонӣ намедиҳӣ.

Хидматкор чизе нагуфта ба ақиб гашт.

Мӯйсафед паси ҳам чойи пиёлаашро фӯрт мекашиду дар дил умедвор буд, ки ёро, бо нафаре аз куҳансолони деҳа, бо касе, ки аз ошноёни деринааш бошад, мулоқот кунад. Охир, ҷойи суҳбату шинакҳои онҳо аксаран ҳамин чойхонаи Ҳалимака буд! Аммо ин бор ҳар киро мебинад, бегона аст. Инҳо на фақат бегонагии худро нишон медиҳанд, ҳатто соиле мисли Мухторхоҷаро мазоҳ мекунанд, аз ӯ худро канор мегиранд.

Гарчи ҳама оюрави чойхонаро аз зери нигоҳ мегузаронд, ҳушу хаёлаш бештар побанди суҳбати чор нафар марде, ки дар кати бағалӣ ғарқи ҳангома менишастанд, гардид. Ҳар як мард шаклу шамоили босалобате дошт, синну солаш ҳам ба ҷое расида буд, вале мавзуи гуфтугӯяшон ҳайрати мӯйсафедро овард.

– Агар аз ҳоли духтари Ҳошим хабар мегирифтед, мефаҳмидед, ки ҷоду кардан чӣ будааст! – мегуфт яке аз мардони ба рӯйи кат нишаста дар идомаи суҳбати чортан. – Мегӯянд, духтарро янгаи шаҳриаш бо як шиша об ҷоду карда рафтааст. Агар сари вақт ба фолбину табиб нишон намедодаанд, зинда монданаш дар гумон будааст.

Бо шигифт дувумӣ афзуд:

– Одамҳо ҳам бало! Дарҳол аз куҷо донистаанд, ки ҷоду шудааст?!

– Духтари Ҳошима ман ҳам шунидам, янгааш мехостааст дили

домодшавандаро ба хоҳари худаш гарм кунад, – илова кард марди севумӣ, ки аз фарбеҳӣ шикамаш ба дасторхон мефуромад. – Аз чӯл фолбин овардаанд. Фолчӣ хоку хасрӯбаҳои ҳавлиро рӯфта дар тағора меандозад ва онҳоро бо об омехта фол мекушояд. Аз обаш чӯбчаи ба тори мӯ печидае мебарояд, ки дақиқан мисли шаклу шамоили янгаи духтар будааст!

Марди аввалӣ билофосила гапро аз даҳони марди фарбеҳ гирифт:

– Мегӯянд, бо ин баҳона табиби аз пушти кӯҳ овардаашон ҳам хуб ҳақ гирифтааст. Ӯ як гӯсфанди қазоқиро кушонда, хунашро дар бадани духтар молонида алас мекунад. Пас аз ин амал гӯшти гӯсфанду пули зиёдеро гирифта меравад.

Марди чорумӣ, ки устухони калонеро ба даст гирифта хоида меистод, ба суҳбат ҳамроҳ шуд:

– Ба фолбинҳои чӯл гап не, бало будаанд, шаҳбозон! Мурдани навзодони дугоники Майсахонро ҳам ҳамонҳо гуфтаанд.

– Бечораҳо як ҳафта наистода қазо карданд, – илова намуд марди фарбеҳ, –Майсахон аз амаки худаш домангир.

Марди аввалӣ ҳамоно дар миёни сухан тохт:

– Амакаш дар Маскав-у? Ба рафтанаш ҳам се-чор моҳ шуд, ба ӯ чӣ...

– Охир, ба ҳама маълум – чашми бад дорад, фолбинҳо ҳам «ин кори як хеши худат, лекин дар дур будааст»-гӯён таъбир гуфтаанд, – ба тасдиқи сухани худ илова кард марди фарбеҳ. – Ҳанӯз вақти ҳомила будани Майсахон «ин қадар лӯндаяку ноз шудаӣ»-гуфта чашм расондааст амакаш.

Акнун бошад, Майсахон шабу рӯз дар дуои бади ӯ...

Мухторхоҷа гиребон гирифт. Ба ақли худ бовар намекард, ки бо ин ҳама салобату ҳузарбӣ ва каллаву ишкамҳои калон ин мардон чӣ суҳбатҳое доранд! Кош ҳамаашон либоси занона медоштанду ӯ ин суханҳоро намешунид. Ҷоду, фолбин, табиб... Худоё, ба Нуробод чӣ шудааст, чӣ ҷине задааст ин деҳаро?!

Мӯйсафед дигар тавони мондан дар чойхонаро надошт. Ҳис кард, ки андешаҳои сангину харошоваре ба мағзу ҳушаш тазйиқ меоваранд. Пули чойхоначиро доду ба берун баромад ва бо сари хам, ба касе таваҷҷуҳ накарда, бо роҳи омадааш ба пас гашт. Раҳораҳ, фурӯ дар андешаҳои худӣ зери лаб мегуфт: «Парвардигоро, худат бузургиву раҳим! Тараҳҳуме ба ин деҳаи хароб кун, ки ҳама чашмаҳояш хушк шудаанд – на чашмаи меҳрабонӣ мондаасту на чашмаи фаросат! Ҳама ҷо олудаи касофат асту бетарбиятӣ, пур аз занмизоҷиву афсуну ҷодугарӣ! Худоё, худат мадад кун, ин деҳаи харобу бенурро дар паноҳат нигаҳ дор! Эй Мулло Назари ориятталаб, эй Исломакаи ғазалсаро, эй пирони муътабари Нуробод, куҷоед?! Зодбуми биҳиштии худро ба киҳо супурдед, ба чӣ ҳол гузошта рафтаед?!»

Мухторхоҷа бо ҳасрат ва навмедии беҳад Нурободро тарк кард. Афсӯс мехӯрд, ки дигар пир шудааст, дигар наметавонад Нурободи ободро бубинад...

пешина
аз 44
навбатӣ