Зеҳн
Аз санг сахт, аз гул нозук

Юнуси Имомназарро алоқамандони каломи бадеъ ва хонандагони «Овози тоҷик» бо гузоришот ва ҳикояҳову қиссаҳои намакинаш мешиносанд.

Ахбор · 9 октябри 2024 · 44 саҳифа · 1 писанд

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ҚАЛБҲОИ ХАРОШИДА

Яке аз рӯзҳои доғи тобистон буд, ки онҳо омаданд. Омаданд бо ҳаёҳу, бо ғирев, ҳамроҳ бо гулдурроси ваҳмангези мошинолоти бузург, кафиҳои ба пушт булдозеру экскаватор гирифта, бо таҷҳизоти аҷоибу ғароиб...

Чанде нагузашта, бо расидани онҳо таркишу садоҳои нобаҳангом дар гузари поини деҳа ҳамаро ба по хезонд, ба хусус, бачаҳои кунҷковро бо давутози бештар ба сӯйи худ кашид. Ҳар кӣ дар хона буд худашро ба берун зад, барои ошноӣ бо сарусадоҳои тоза. Ҳатто баррачаю бузғолаҳои беғами лаби сой рамида ба тарафи молхона давиданд ва аспу хари ба сутун бастаи бобоям гӯшҳои худро сих карда, беист думу почак мезаданд. Аз пайи селаи гунҷишкакон ду адад шонасараки муғамбири ман низ дар лонаашон беҳузур шуданд ва аз миёни шохаҳои тути канори ҳавлӣ бо ҳарос бол афшонда ба парвоз даромаданд...

Он рӯз ба деҳа омадани малламӯйҳои коршинос касеро нороҳату андешаманд насохта буд, ба ҷуз падари ман ва ду-се дӯсти ҳамрози ӯ. Падарам рангпарида бар рӯйи суфаи ҳавлӣ менишаст ва сари худро байни дастонаш гирифта, бо чашмони нимабоз асири фикру хаёл буд. Аз ҳолати ӯ тааҷҷуб кардаму дар худ ҷӯё шудам: «Чаро падари ман андуҳгин аст, дар сурате ки ҳама суҳбати тозаомадагонро доранду бо завқи тамом аз тавоноӣ, аз дастгоҳолоту таҷҳизот ва кори онҳо таъриф мекунанд? Аз чӣ ӯ дилвопас аст?» Дар канори суфа нишаста пурсидам:

– Додо, урусҳо барои чӣ омадаанд? Шумо чаро ғамгин менамоед?

Пилкҳои чашмонаш боло-поин шуданд, хаёлолуд ба сӯйи ман нигоҳе афканд, аммо чизе нагуфт.

– Чӣ кор карданианд? – бетоқатона пурсишамро такрор кардам ман.

– Омаданд, ки деҳи моро хароб кунанд, – ниҳоят бо нороҳатӣ арзи дил намуд ӯ, – мекананд, ҳама ҷоро ҷару ҷӯ мекунанд, сарвати деҳро мебардоранд ва... мераванд.

Бо тааҷҷуби бештар, кунҷковона ҷӯё шудам:

– Сарват, яъне чӣ?

– Оре, писарам, сарват! Дороие, ки садҳо сол дар зери замини мо

хобидаву дар мушкилтарин айём ҷони одамонро харидааст, – оҳи бадард кашид падарам ва сараки пӯпилакдори носкадуяшро, ки дар байни ангуштонаш ба бозӣ меандохт, боз карду як каппа нос кашид ва аз ҷо баланд шуда, ба кафи дасташ пуф-пуфкунон ба сӯйи боғ роҳ пеш гирифт.

Нисфирӯзӣ, ҳаво гарм. Модарам дар сояи воиши ток, рӯйи суфаи ҳавлӣ дасторхон паҳн карда буд, омодагӣ дошт ба мо чою наҳор диҳад. Падарам ва додару хоҳаронам ҳам як-як ҷамъ мешуданд. Ман обхӯрии сирдорамро, ки пури арзан буд, ба даст гирифта, тозон ба болои дарахти тут баромадам, назди шонасаракҳоям. Яке дарҳол ба китфам нишаст ва дувумӣ ҳам бесаброна ба қуттичаи холӣ, ки васати лонааш буд, беист нӯл мезад. Арзани обхӯриро дар қуттича рехта, ҳар ду шонасаракро хорумол кардам ва аз нав ғарқи тамошо шудам. Ба қуттича тез-тез нӯлзанон дон чидани онҳо манзараи ҷолибе буд. Тамоми бадан – аз пӯпакҳои сар то охири дум алвонҷ мехӯрд ва бо зебоии худ, ки синаи норанҷирангу болу думи ало бо хат-хатиҳои сафеду сиёҳ доштанд, хеле мафтункор ба назар мерасид. Модарам мегуфт, шонасарак парандаи бахосият аст. Як замон кокули бодбезакшакли вай тиллоӣ будааст. Одамони гурусначашм ҳамеша бо мақсади даст ёфтан ба он пӯпии қиматбаҳо дунболи паранда мегаштаанд. Аз ин дунболгирӣ ба танг омада, боре як села шонасарак ба ҳузури Ҳазрати Сулаймон мераванд ва хоҳиш мекунанд, ки онҳоро аз пӯпии заррини пешонӣ раҳо созад. Ҳазрат ба додашон мерасад ва ба ҷойи пӯпӣ тоҷе аз парҳои хушранг медиҳад. Маҳз ҳамин кокули пешонӣ ҳамеша завқи маро меовард. Чандин бор дида будам, ки дӯстони ман агар аз чизе тарсида нороҳат шаванд, ё ҳар гоҳ ба замин ё ба рӯйи шох фуруд меомаданд, дарҳол нӯли борику дарози худро рост карда, кокули парешонро ғун дошта, ба самти боло мекашиданд. Вақти ба поин омадан онҳо болҳои худро чунон паҳн мекарданд, ки гӯё парвонаи бузурге аз парвоз бармегашт. Дар назар суръати хеле кам доштанд, аммо мурғони хеле чолоку тезпарвоз буданд шонасаракҳоям.

Дар як вақт аз болои дарахт тамошо кардани ҳаракат ва ҷунбуҷӯли «меҳмонони нохонда», ки либосҳои сиёҳ ба тану кулоҳҳои эминии зард ба сар доштанд, бароям лаззат мебахшид. Дар маҳалли кор мошинҳои бузурги онҳо пушти ҳам қарор гирифта буданд, гӯё корвоне ба назар мерасид ороста аз шутурҳои яксохт. Дар қисми пеш низ, аз ду ҷиҳат, экскаваторҳо хокбардорӣ мекарданд. Аз онҳо пештар булдозере сангу шағалҳоро дуртар меронд ва садои тар-тари он равшан ба гӯш мерасид. Инак, аввалин мошин аз «корвон» ба роҳ баромад...

– Хуршед! – садои падарам баланд шуд. – Зуд биё, наҳор мехӯрем.

Ҷуз итоат чорае надоштам. «Ҳозир»-гӯён ҳама тамошоро як сӯ гузошта, аз дарахт поин омадам ва дастҳоямро шуста ба ҳалқаи оилаамон пайвастам. Модарам пас аз омода кардани чою нон шӯрборо дар косаҳо ва гӯшту картошкаро дар табақи алоҳида кашида буд. Аз рӯйи одат, ҳангоми субҳонаву наҳору шом мебоист ҳамаамон сари вақт ба сари дасторхон ҳозир шавем. Агар касе дер мемонд, албатта, падарам ӯро танбеҳ медод. Он лаҳза ҳам каме тӯл кашидани корҳои маро диду ба сӯям теғ кашида нигоҳ кард, аммо чизе нагуфт. Ҳама шуруъ кардем ба тановул.

Дақиқан дар дили наҳор ғуввоси мошинҳои боҳайбат дар пушти девори мо баланд шуд. Фурсате нагузашта, аввал як боди сахт вазид ва аз пайи худ гарду хоки ғафсеро ба ҳама ҷо паҳн кард. Пасу пеш, гирду атрофамон батамом олудаю чиркин шуда рафт, мо ҳатто нарасидем косаҳои худро пӯшонем. Гарду ғубори ғализи ногаҳонӣ ба рӯйи ҳавлию суфаю зинаҳо ва ҳатто сару либосамон нишаст. Хонаи мо, ки бо деворҳои пасти атрофаш поинтар аз роҳи мошин қарор дошт, ҳамеша дар зери хоку чанг мемонд, аммо ба ин ғализӣ боди касифро то ба ҳол надида будем. Ҳама як он асабонӣ шудем, аз ҷо хеста ба афшондани либосҳои танамон ва кӯрпачаю шолчаҳо пардохтем. Модарам низ бо нороҳатии шадид «гӯрсӯхтаҳо», «бехосиятҳо»- гӯён дасторхонро гирду ғун кард. Аммо авзои падарам батамом тағйир ёфт, бехудона аз ҷо парида хест ва бо овози баланд дод зад:

– Ин лаънатиҳо ҳеч гоҳ бо ёди мо нестанд! То кай ба ин ҳол мешавад тоқат кард?! – Ӯ яктаҳашро, ки рангаш парида хокӣ шуда буд, аз тан дар оварду афшонда-афшонда ба сӯйи дарвоза роҳ пеш гирифт.

Ҳамон рӯз хонаю дари тамоми ҳамсояҳо зери гарду хок монда буд ва падарам чанд мардро гирифта, бо шӯру исён ба коргоҳи заршӯён рафт...

Хушбахтона, он дам даъвои падараму дӯстонаш кор доду тирашон ба нишон расид. Аз он пас, аввал мошине, ки як махзани калон дошт, кӯчаҳоро об зада мебаромад ва танҳо аз пайи он мошинҳои дигар хоку санг мекашонданд.

Аз байн як сол гузашт. Манзараи поёноби деҳаамон қабои дигар ба бар намуд, бе муболиға, ба монанди ридои ҷиғда-ҷиғдае гардид, ки қаландарони овора мепӯшанд. Дар самти офтобнишин бошад, заршӯёни коршинос барои худ «шаҳрча»-и зебое бунёд карданд. Боғи он бо рад-рад гулу дарахтони ранг ба ранг, ки маҳсули заҳматҳои Хидирбобо буд, ба кас ҳаловати хос мебахшид. Бар замми ин, шабҳо чароғон гардидани шаҳрча макони афсонавиеро ба хотир меовард. Дар муқобили ин зебоиҳо бошад, манзараи васат ва қисмати офтоббарои деҳа хеле дилгиркунанда ба чашм менамуд, чунончи, ин бахш пур аз ҷару ҷӯ, теппаҳои хокии номураттаб, тӯдаҳои сангу чағил3 гардида буд... Аз пасмондаҳои фабрикаи хурди искелетоҳанӣ, ки дар он артелиён заршӯйӣ мекарданд, регзори нав пайдо шуд, то дами деҳа дигар ҳеч гуна фазои сабз ба чашм намехӯрд. Ҳавзи калони сохтаашон низ хеле ваҳмангез буд, оби кабуди баланд ва дар зер ҳафтқабат гили таҳнишаста дошт. Тасмаҳои тӯлонии сапедранги даври он аз шӯрии об гувоҳӣ медод. Охир, ин обро, «шаҳбозон», аз дарёчаи шӯри Ҳайдаркӯл мекашиданд! Ҳарчанд фосилаи байни деҳа ва кӯл бештар аз се фарсах буду роҳ нишеб, онҳо лӯлаҳои бузург хобониданд ва ба хотири кашидани об бар фароз ду боб тулумбахонаро бо иқтидори боло ба роҳ андохтанд. Аз ҳавзи дастохт барои фабрикаи заршӯйӣ, ки дар баландии дусад метр қарор дошт, бо пумпҳо обкашӣ мекарданд.

Шабу рӯз кори заршӯйӣ қатъ намешуд. Рӯзҳои аввал бо ғурриши булдозеру мошинҳои боркаш ва садои рехтани сангу шағал аз ҷо парида мехестам. Аммо, оҳиста-оҳиста ба ин ҳама сарусадо ва гирумон одат кардам. Ҳамзамон, завқи ману бачаҳои гузар ба тамошои шаҳрчаи меҳмонон, маҳалли кор ва мошинолоти онҳо беш аз пеш меафзуд. Мехостем наздиктар равем, ҳама корашонро бо чашми худ бубинем, ба мошинҳояшон савор шавем, вале расидан ба ин орзуҳо кори осон набуд. Бештар аз ҳама ду саги азимҷуссаи онҳо, ки ҳайбати воҳиманоку аккоси ғулғуладоре доштанд, моро нороҳат мекарданд. Ҳамчунин посбонҳои маҳаллӣ низ фабрикаро пос медоштанд. Аз ин рӯ, ҷойи мо барои тамошо аксаран рӯйи девору болои дарахтон ва теппагиҳои атроф буд.

Рӯзе падарам палаки пиёзро побел мекард ва ман аз пушти ӯ чағил мечидам. Ин гуна корҳои мо дар боғ ҳеч тамом намешуд. Ёдам ҳаст, ҳар сол ҷунбуҷӯли падарам аз аввали баҳор оғоз меёфт. Ҳамин ки аз дарсҳои мактаб фориғ мешуд, зуд ба даст белу каланд мегирифт ва ваю боғ. Деҳқониро дӯст медошт, ба хусус, ниҳолаку дарахтҳои боғамон ҷону дили ӯ буданд. Зимистони дароз аз меваҳои хушк ва себу анору биҳиҳои ноби падарам мехӯрдем. Ӯ ба чанд бех ниҳоли себу ноку тут, ки пайванд карда буд, алоқаи бештар дошт ва ҳар замон онҳоро навозиш карда, дурудароз чашм медӯхт, ба эҳтимоли зиёд, аз ихтироъҳои худ лаззат мебурд.

Ҳамроҳи падарам машғули кор будам, ки нохост аз ҷониби тути канори ҳавлӣ садои овозхонии шонасаракҳоям баланд шуд. Дӯстонам гӯё бо як маром мехонданд: «тут пухт, тут пухт, тут пухт...» Сатили чағилро канори палак гузошта, ба сӯйи ошхона давидам. Хостам ба дӯстонам, ки аз гуруснагии худ хабар медоданд, нонрезаҳои омодакардаамро барорам. Ҳамин вақт дарвозаи ҳавлӣ кушода шуду амаки Рустам даромада омад, барошуфта ва хеле музтариб ба назар мерасид.

– Муаллим дар куҷост? – пурсид ӯ беист.

– Дар боғ.

Дигар ҳарфе нагуфта бо шитоб ба сӯйи боғ рафт. Кунҷковии ман ҳам афзуд. Шонасаракҳоямро фаромӯш карда дунболи амаки Рустам шитофтам.

Аз ваҷоҳати ӯ пай бурдан мушкил набуд, ки аз воқеаи нохуше нороҳат аст, вагарна ба ҳар чиз асабонӣ намешуд, ба хонаи мо низ бо ин ҳол намеомад. Ӯро дида падарам белро канор гузошт, қоматашро рост карду миёнбандашро кушод ва арақҳои сару гарданашро поккунон ба пешвози амак қадам зад.

– Салом муаллим, хаста набошед, – даст доду ҳолпурсӣ кард амаки Рустам.

– Салом, салом, чаро ин қадар безобита менамоӣ?

– Э, напурсед, сад бор гуфтем гирди ҳавзатонро бандед, ба гап гӯш накарданд, дарди сар шуданд, ноинсофон! Имрӯз ҳам вақти гузарондани рама даҳ-дувоздаҳ гӯсфанду буз ба лойқа ғӯтидаанд. Нисфаша базӯр халос кардем, боқимонда дар ҳавз монд, то кашида баровардан мурдор мурданд.

– Наход?! – падарам низ барошуфт. – Охир чаро аз кӯчаи Мулосодиқ набурдед?

– Пардабой нав чӯпониро сар кард, намедонист, дигарҳо ҳам нагуфтаанд.

– Баростӣ, ин оби лойқа дарди сар шуд, гоҳ гов мехӯрад, гоҳе гӯсфанду буз. Аз бачаҳои гузар ҳам сахт метарсам. Ҳар рӯз пеш мекунам, вале боз ҷояшон лаби ҳавз. Худо накарда оббозӣ кунанд, тамом...

– Хап шинем4 намешудагӣ барин, – ба суханаш идома дод амаки Рустам, – ба одамон хабар додаанд, ки бояд эҳтиёт шаванд, ҳамин рӯзҳо ҷо- ҷо дору мемондаанд, садояш баланд ва сангу сангреза париданаш мумкин будааст.

– Эҳа, ҳоло тарконданӣ ҳам ҳастанд?! Зуд Ҷӯрақула хабар кун, ба идораашон меравем!

Падарам асабонӣ шуд, бо ҷаҳл миёнбандашро дар даст ғиҷим карда, аз палак рост ба сӯйи хона рафт. Муддате чанд гузашту бо либосҳои тоза берун омад ва ба модарам, ки бо ҳавсала дастҳояшро ивазкунон гуппӣ месохт, гуфт:

– Агар дер монам, хавотир накашед, хайр.

– Куҷо? – бо тааҷҷуб пурсид модарам.

Аммо аз падар дигар ҳарфе ба гӯш нарасид. Ӯ дастпоча баромада рафт.

Ман ба ошхона даромада, обхӯрии сирдори пури нонрезаро гирифтам ва роҳравон ба сӯйи шонасаракҳоям, ки аз сари нав овозхонӣ мекарданд, ба модарам гуфтам:

– Урусҳо дору мемондаанд, мераванду бо онҳо ҷанг мекунанд.

Ду моҳи расо падарам ба иттифоқи амаки Рустаму муаллими Ҷӯрақул давутоз кард. Ба ивази талабу дархостҳои онҳо бошад, раҳбари заршӯён гуфтааст: «Мо ба ҳар кор иҷозат дорем! Аз касе напурсида хоҳем ҷар меканем, хоҳем ҳавз месозем, хоҳем метарконем. Ин паҳно то лаби Ҳайдаркӯл ба мо тааллуқ дорад. Агар ба шумо зиён мерасад, марҳамат, ба ҷойи дигар кӯчед». Албатта, ин суханҳо то устухони падарам расида буд. Ӯ ду рӯз нишаста нома навишт, ба забонҳои русию ӯзбекӣ, ҳудуди понздаҳ- бист саҳифа. Сипас хона ба хона гашта, имзои фаъолони деҳаро ҷамъ кард ва ба адреси «калонон» фиристод.

Падарам ба навиштан номаро навишт, вале дертар дарёфт, ки бо ин «кори хайр» ба худ дарди сар харидааст.

Як рӯзи офтобӣ буду ба одати маъмул дар рӯйи суфаи ҳавлӣ нишаста чой мехӯрдем. Дарвоза боз шуда аз он почтачии ҷавон бо дучархааш омад. Ӯ як пакети коғазиро ба дасти падарам доду пас гашт. Дар лифофа даъватномае буд, ки ҳарчи зуд ба идораи додситонии5 ноҳия омадани падарамро мехостанд. Субҳи рӯзи дигар ӯ ба роҳ баромад ва бо ҳамон рафтан пас аз ду ҳафта, дар ҳоле ки дили мову модарамро гургҳо тала мекарданд, мулзаму пакар ба хона баргашт. Куҷо рафт, бо кӣ вохӯрд, чӣ суҳбатҳое шуда буд, ба касе лом-мим нагуфт. Фақат медидем, ки нокасон хеле азият додаанд. Дар баданаш аз зарбу лати бисёр доғҳои бешумори сиёҳу кабудча ба назар мерасид. Кӯтоҳак, суханҳои ҳасратомези ӯ ҳанӯз ҳам дар ёдам ҳаст, ки гуфта буд: «Барои раҳбарон сарнавишти одамон аҳамияте надоштааст. Ҳама кор – сиёсат, хилофи сиёсат баромадан душманӣ ба халқу ба партия будааст».

Аз он пас роҳати мардум гум шуд. Касе ҷуръат намекард пеши меҳмонони нохондаро бигирад, пишакашонро пишт гӯяд. Гоҳу бегоҳ, бар замми тар-тури беҳад, садои ғулғуладори таркишҳое низ баланд мешуд. Аввал дуди сиёҳи ғализ ба осмон печида шакли занбӯруғро мегирифт ва ором ба атроф паҳн шуда нишаст мекард. Пасу пеши хонаҳо, танӯру соботҳо, воишҳои ток ва дарахтон зери гарду хок мемонд. Шонасаракҳои ман низ тамоман нороҳат буданд. Ҳар гоҳ мехостам онҳоро ба даст гирам, аз баданашон бӯйи номатбуеро ҳис мекардам, гӯё мехостанд бо ин «силоҳ»-и худ маро аз худ дур ронанд. Онҳо баробари наздик шудани ман, ҳарчанд дӯсташон медоштам, роҳи гурезро меҷустанд, бо беҳавсалагӣ сару дум ҷунбонда ба парвоз медаромаданд.

Ду бор таркиши сахт ба амал омад. Гӯё ба боми хонаҳо жола борид, тамоми шиферҳо сӯрох-сӯрох шуд. Мардум ба доду фиғон омаданд, аммо касе ёрои эътироз кардан надошт. Ҳамон рӯз лонаи дӯстонамро низ ба рӯйи ҳавлӣ титупит дидам, шонасаракҳоям бедому дарак ғайб зада буданд...

Акнун солҳо гузаштаву аз заршӯёни «коршинос» ному нишон намондааст, танҳо ҳамон ҷару чуқуриҳои тӯлонӣ, ҳавзҳои холимондаи таракхӯрда, теппаҳои сунъии хоку қум, сангтӯдаҳои бешумор, искелетҳои оҳании фабрикаи заршӯйӣ ба назар мерасанду бас. Дигар дар он замини поёноби деҳа гули тоқибофаку лола намечинанд, подаю рама намепоянд, баъди раъду барқ гузинҷ6 ҷамъ намекунанд. Гӯё қалби он заминҳо ҳамонанди қалбҳои харошидаи соҳибонаш чок-чок асту реш, холӣ аз ғановати пештара.

пешина
аз 44
навбатӣ