Аз санг сахт, аз гул нозук

Юнуси Имомназарро алоқамандони каломи бадеъ ва хонандагони «Овози тоҷик» бо гузоришот ва ҳикояҳову қиссаҳои намакинаш мешиносанд.
Ахбор · 9 октябри 2024 · 44 саҳифа · 1 писанд
БАЪД АЗ БЕМОРӢ
Таънаю маломатҳои хонаводааш то мағзи ҷонам расида буд. Ҳарчанд зӯр зада ҳолӣ карданӣ1 мешудам, ки бемории ӯ на ба ман ва на ба каси дигар рабте дорад, ба суханам аҳадунносе гӯш намедод. Падари бовиқораш мудом наҳ мезад, ки «надонистам дарунат пӯку пӯсида аст, хӯрокат дӯғобу гилемат пӯстаки буз! Духтари нозанинам аз дасти туи ношуд нотавон шуд!» Модари меҳрабон ҳам ба табли шавҳар мерақсид: «Духтарамро обу адо кардӣ, садқаи шавҳар шав, нобакори коҳил!» Чӣ метавонистам бигӯям?! Бо дилозурдагӣ фақат ба Шамсия умед мебастам, аз Худо мехостам, ки ҳарчи зуд сиҳат шаваду ба по хезад. Аз сӯйи худ, Шамсия ҳам аз бархӯрди падару модар хиҷолат мекашид, мехост онҳоро бовар кунонад, ки ман ҳеч айбе надорам, аммо дасти ӯ кӯтоҳ буд...
Ду сол мегузашт, ки ману Шамсия бо ҳам мезистем. Аввалҳо аз бетобӣ шиквае надошт, солиму сари ҳол зиндагӣ месохт. Вале бо мурури замон, зуд- зуд заифу бедармон шуданаш маро ба изтироб андохт. Бештар поҳояш ба ӯ итоат намекарданд, аз дасти сустӣ беихтиёр дар ҷо нишаста мемонд. Зери чашмонаш кабудча метофт, чеҳрааш афсурдаю андуҳгин. Ҳарчанд ба пурсуҷӯям «ташвиш накаш, мегузарад»-гӯён диламро пур карданӣ мешуд, пай мебурдам бемории сахте ӯро фарогир аст. Боре чашмам уфтод, ҳамин ки мехост аз дари ошхона берун ояд, лағжида ба замин нишаста монд. Гарчи мехост аз дару девор дошта худро сари по нигаҳ дорад, натавонист. Давида аз бағалаш гирифтам:
– Азизам, ба ту чӣ шуд? Куҷоят дард мекунад? – пурсидам аз ӯ.
– Сарам гиҷ рафт, миёнам кашол, гурдаҳоям об шудаанд-магар, – беҳолона пичиррос зад вай.
Ба духтур бурдам. Ҳамоно муоинаю озмоишҳо сурат гирифт ва сахту пури намак шудани гурдаҳои азизамро эълон карданд. Дилам барояш сӯхт. Аз пайи дастури духтур ба хотири муолиҷааш бо сар давидам, ҳар дорую давое, ки зарур буд, барояш муҳайё сохтам. Худам ба пухтани ғизоҳои парҳезӣ дасту остин барзадам. Албатта, ба бозор баромадани Шамсияро ба куллӣ манъ кардам. Ҳарчанд аз бозор даромади хубе дошт ва ҳеч намехост аз фурӯши картошкаю пиёз даст кашад, ман ба ин кор роҳ надодам. Бароям тандурустии ҳамсару ҳамрозам аз ҳама чиз авлотар буд.
Бо вуҷуди ин ҳама ғамхорӣ, магар мешуд пеши касеро, ки ошиқи бозор аст, гирифт? Оё мумкин буд ӯ хонанишин шавад? Не, таъкидҳои ман мисли боде аз буногӯшаш гузашт ва ӯ баҳона пеш овард, ки дар хона зиқ мешавад, агар ба ҳавои тоза набарояд, ҳатман сар ба болин хоҳад монд. Зани якрав каме ба худ омада, дубора ба оғӯши бозор шитофт. Аз субҳ то шом савдо ва сарборӣ – хонадорию пухтупаз. Ин ҳама давутоз маро бештар нороҳат мекард, аз ӯ сахт дар хавотир будам.
Ниҳоят, Худо нахоста, омад ба сарам аз он чӣ метарсидам. Вақти зиёде нагузашта дарди гурдаҳои Шамсия хуруҷ кард. Ин бор хастагӣ чунон азияташ медод, ки ҳатто ёрои сари по рост истодан надошт, аз шиддати дард базӯр нафас мекашид. Боз рафтем суроғи духтур. Ин дафъа коғази озмоишу аксбардориҳо тӯлонитар буд, бо чӣ забоне гӯям, намакҳои пештара санг шудаанд! Безобитагӣ аз ҳад гузашт. Бо шитоб аз рӯйи нусхаи духтур давидам, ҳар гуна дорую давое буд фароҳам овардам. Ҳозир будам ҳар чӣ ҳаст харҷ кунам, то Шамсия хуб шавад. Бо ин ҳол, талошҳоям зоеъ мерафт, доруҳои харидаам чандон натиҷа намебахшид...
Ҷойи ҳар рӯзро фардо мегирифт, вале дарди Шамсия намехост ҷой иваз кунад. Аз ин ҳоли ӯ аҳли хонаводааш сахт ранҷур буданд. Мудом санги маломат меандохтанд, ки духтарашон дар хонаи ман хушбахт нест. Дар воқеъ, коре аз дастам намеомад, ҳақ бо онҳо буд. Охир, мани ҳақиру камбизоат ба унвони як корманди содаи давлат магар метавонистам ҳамонанди падарарӯси бозаргон зиндагии пурборе дошта бошам? Чӣ ҷойи пинҳон кардан, кори бозори Шамсия низ мадади хубе буд барои харҷи хона, вале бо он ҳам якамон ду намешуд. Новобаста аз ин, мо якдигарро хеле дӯст медоштем. Шамсия ҳеч гоҳ гила ё эътироз намекард, аз аввал медонист, ки бо кӣ арӯсӣ кардааст. Дар овони хурдӣ ба ҳамдигар унс гирифта, дасти муҳаббат ба ҳам додаем. Бешубҳа, ӯ метавонист издивоҷи беҳтаре дошта бошад, аммо қарор дод бо ман хонадор шавад. Ман ҳам розӣ будам, зеро дар иваз зани хубу меҳрабоне дар бар доштам. Агар ин беморӣ ба суроғаш намеомад, шояд беҳтарин ҳамсарони олам мо будем!
Рӯзҳо пайи ҳам мегузашту ба ҳар навъ пули доруворияшро медодам. Рости гап, ин бемории Шамсия танҳо як сари калобаи саргиҷиҳои ман буд. Аз сӯйи дигар, суханҳои талху нешдори падару модараш маро дилтангу беҳол мекард. Мураттаб мегуфтанд, ки дардмандии духтарашон аз мани ношуд аст. Таҳаммули ин таънаҳо хеле сахт буд, кам-кам тоқатамро аз даст медодам. Мехостам ба сари ҳама дод занам, диламро сабук кунам. Бо вуҷуди ин, ба хотири Шамсия лаб фурӯ баста, дам дар дарун мегаштам. Ниҳоят, косаи сабри ҳамсарам низ лабрез шуд. Ӯ аз суханҳои талху ҷонгири хонагиҳояш ба танг омад ва аз ман хоҳиш кард вайро ба манзили падараш барам. Гуфт, ки шояд он ҷо барояш беҳтару бештар ғамхорӣ кунанд ва ӯ рост ҳам мегуфт. Аз пайи дардҳои ҷонкоҳи гурда рӯз ба рӯз нотавонтар мешуд, аз фалаҷ шудан хеле метарсид. Дар ноомади кор, агар гурдаҳояшро амал мекарданд, харҷи ин кор дар тавони ман набуд. Аз ин рӯ, ман ҳам исрор накардам, ки пешам бимонад. Худам ӯро ба хонаи падараш бурдам...
Дармону даво ба наҳви аҳсан пайгири Шамсия шуд. Азизи дилам дур аз дидаҳои ман дар дасти яке аз беҳтарин духтурони шаҳр, ки падараш гузошта буд, ба муолиҷа пардохт. Мегуфт, ҳар рӯз гарону нодиртарин доруҳои хориҷиро масраф мекунад. Хушбахтона, ҳолаш ба беҳбудӣ рӯ овард, ки ман аз ин ҳам хушҳол будам, ҳам дар хиҷолат. Воқеан, ҷое, ки пул ҳаст, муҳаббат ҳечкора аст. Падараш аз харҷе худдорӣ намекард, маблағи зиёд пардохта саломатии Шамсияро мехарид. Медонистам, агар дар хонаи ман мебуд, ҳаргиз ин расиданҳо аз дастам намеомад.
Шабу рӯз бо ёди Шамсия будам ва дар поёни кор, худ аз худ, пою дилам ба сӯйи ӯ кашол мешуд. Бо чӣ забон гӯям, ки ҳанӯз аз остонаи падарарӯс по ба дарун наниҳода, бархӯрди сарду хашми хонагиҳояш маро пас мезад. Дилгиру руҳафтода аҳд мекардам, ки дигар наоям, ба ҳиҷрону ҷудоӣ таҳаммул кунам. Эҳ Худоҷон, ин фироқ бароям сахт буд, ёди дӯстдори ягонаам маро ором намегузошт, дилам барояш танг мешуд...
Як сол аз миён гузашт, ки дар назари ман чун сад сол метофт. Шамсия дар хонаи падариаш хушхӯрӣ мекарду мани танҳои дамдардарун ғуссахӯрӣ. Ин фироқ кам буд магар, одамонаш исрор мекарданд, ки мо аз ҳам ҷудо шавем. Мани дасткӯтаҳ шавҳари лоиқу арзанда набудам, барои ҳамзистӣ ҳаққу ҳуқуқе надоштам. Агарчи ба дилдодаам умед мебастам ва аввалҳо дар хусуси қатъи издивоҷ аслан фикр намекардам, аммо бо мурури замон вазъиятро ба тарзи дигар дидам. Зоҳиран, чунин менамуд, ки Шамсия низ ба ҷудоии мо розӣ аст. Охир, тамоми рӯз падару модараш дар хусуси ман бадгӯйӣ мекарданд, аз белаёқатиҳоям мегуфтанд ва албатта, ӯ мутаассир мешуд. Беҳтар шумурдам, ки ҳам худамро ва ҳам ӯро аз ин даргириҳои руҳӣ раҳо кунам. Ҳарчанд мушкилу ғамангез буд, ба ҷудоӣ розӣ шудам.
Падари Шамсия болу пар баровард, барои пас гирифтани нури чашмони худ аз даргоҳи тори домоди нотавон миёнашро муҳкам баст. Мани сархам аз пайи вакили ӯ ба додгоҳ рафтам, ҳар чӣ гуфт, эътирозе накарда ба ҷо овардам ва ба зери ҳама коғазу расиду санад имзои олуда бо хуни дилро гузоштам. Аҳёнан пеши дидагонам хира мешуд, дар мағзу ҳушам хаёлҳое мепечид: «Ба зудӣ қарори додгоҳ мебарояд ва онро мебарем ба идораи ақди никоҳ. Фурсати ҷудоӣ фаро мерасад, мани бенасибшуда аз бахти комил ҳамсари хубу меҳрабонамро барои ҳамеша аз даст медиҳам. Вой ҷонам, омода бош, ки ин ғами сахтесту ҳузновар! Эъ, чаро ғам? Не, ҷонам, хурсандӣ бояд кард, охир, азизи ман шифо меёбад, аз дарду озор наҷот меёбад! Бо ман намемонад, вале солиму сари ҳол мемонад! Бале, фориғ аз дардҳо, ки ин бахти ман аст!»...
Он рӯзи дилозор аз нисф гузашту ҳукми додгоҳ омода шуд. Монда буд имзои Шамсия, ки ҳама чашм ба роҳи ӯ будем. Баъд аз дилтангиҳои беҳад чашмам ба дари даромадгоҳ уфтод ва ӯро дидам. Ингор парии афсурдаҳол, вале нурбору дилрабо рӯ боз мекард, рӯйи зинаҳо чида-чида қадам мегузошту боло меомад. Ҳолаш хуб буд, аз чеҳраи беморгунае, ки дар зеҳнам рахт баста буд, нишонае ба назар намерасид. Ӯро сари ҳол дидаму хушҳол шудам. Ӯ бошад, дар худ гирифта ва андешаманд менамуд. Ба саломи мани музтар, ки ба пешвозаш нимхез шудам, бо қавоқҳои овезон арз кард:
– Аз ман безор шудед? Ин қадар осон ба ҷудоӣ розӣ будаед, чаро зудтар нагуфтед?
Ман лолу гаранг мондам. Базӯр ба забон омада пурсидам: – Магар худат нахоста будӣ?
– Ба гӯшаи хаёлам ҳам наомадаст!
– Маро бубахш...
Вакил баргаи ҳукми талоқро ба дасти Шамсия дод. Гӯё лаҳзаи дилозор тӯли даҳҳо солро дошт, ҳама чашму гӯш ба ҳаракату суханҳои Шамсия шуда буданд...
Бар хилофи интизории ҳозирин, дар назари ҳама лаҳзаи нигаронкунанда ба поён расид ва баргаи ҳукм яке дар миёни ангуштони нозуки таранг пора-пора шуд ва бо як ҳаракати озод тиккаҳои коғаз ба ҳаво пош хӯрд. Дидаҳои пур аз меҳру меҳрабонӣ ба сӯйи мани лолу карахт дӯхта шуданд:
– Илтимос, маро ба хонаи худамон баред, – гуфт азизи дилам, ки садояшро гӯё дар хоб мешунидам.
Медидам, ки аз ин амали ӯ ҳама дар анг монданд, касе ёрои ҳарф задан надошт. Ман низ ба худ омада, хомӯшона ба ӯ даст додам ва бо ҳам ба берун рафтем. Роҳравон ҳис мекардам, ки ҳам хушҳол ҳастаму ҳам ларзае танамро фаро мегирад. Ҳарчанд ба оғӯшам баргаштани гулам маро хурсанд месохт, ҳамзамон хаёле ҳеч аз майнаам дур намешуд, ки гӯё ба дармони ӯ пул намеёбаму дубора даъвою баҳсҳо аз роҳ мерасанд. Аммо Шамсия дастамро муҳкам дошта, бо қатъият қадам мебардошт, маълум буд, ки барои ӯ ману хонаам ва зиндагиамон аз ҳама чиз азизу авлотар аст!

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё