Аз санг сахт, аз гул нозук

Юнуси Имомназарро алоқамандони каломи бадеъ ва хонандагони «Овози тоҷик» бо гузоришот ва ҳикояҳову қиссаҳои намакинаш мешиносанд.
Ахбор · 9 октябри 2024 · 44 саҳифа · 1 писанд
ҒАФЛАТ
Наздики панҷ сол буд, ки ману Ирода заҳру нӯши зиндагиро бо ҳам медидему дар зери як бом умр ба сар мебурдем. Аз ин гирудори муштарак меваи ширину ноз-нозие ба исми Амина дар бағал доштем. Ирода мураббии боғча буд ва бандаи ҳақир посбони мактаби маҳалла. Чӣ гӯям, дар он солҳо банду басти кишвар аз ҳам пошида буду одамон бесаранҷом. Ҳар кас сари гаранги худро ба ҳар сӯроху даре мезад, то қути рӯзгор гираш ояд ва агар роҳе даст медод, ватанро тарк карда ба гӯшае орому осудатар сар мегирифт. Яке базӯр нони хӯрдан меёфт ва иддае ҳам аз ваҷҳу пули зиёд ар-арию ҷиртокӣ мешуданд ҳамонанди улоғҳои маст. Шояд ин вазъ ангезае буд барои Ирода, ки гоҳу бегоҳ ғур-ғур мекард ва боре ҳам арзи ниҳон ба рӯ овард:
Гӯё дилам торс мекафад, аз ин зиндагии якнавохту фақирона монда
Чӣ мехоҳӣ?
Дилам аст сар гирам, равам ба ҷойи дигар! Яъне чӣ? Куҷо рафтаниӣ?
Мехоҳам тую Амина бо ман бошед ва ҳар се равем ба ягон манзили диёре, ки касе аз Самарқанд суроғи моро нагирад. Он ҷо ободу зебо бо одамони бою бадавлат, масалан, ба як шаҳри Амрико ё Аврупо.
Ҷаҳонро медидем, лаззати зиндагиро мечашидем, бачаҳоямон оқилу замонбоб калон мешуданд.
– Дуруст аст, лекин бо кисаҳои пуч то куҷо мерасем? Медонӣ, ин гуна сафар чӣ гуна харҷе дар пай дорад?
– Ҳар чӣ ҳаст мефурӯшем, раҳпулӣ шаваду ҷойи зист пайдо кунем бас. Баъд кор меёбем, машғул мешавем, Худо худаш мерасонад.
– Ба гуфтан осон. Метарсам, ки дар кӯча мемонему маймунҳо ба ҳоламон механданд...
– Як чашмота кушо, ба атроф нигоҳ кун! Аз ҳар сӯ бӯйи қиматию қаҳтӣ ба димоғ мезанад. Ба хориҷа рафтаҳо даста-даста пул меоранд, мо бошем, фақат тамошобин!
Бо ин гуна баҳсу талошҳо чанд бор мағзи сарам орухона шуду гӯшам кар ва анголаки занам ҳам наафтид, ки осуда сар дар болин гузорам. Пас аз туюманравиҳои зиёд, ниҳоят, Ирода ба нияти худ расид. Ҳар чӣ дар хона буд, фурӯхтему харҷи сафарро даровардем ва бо заҳмати фаровон чанд марзу бумро паси сар карда, ба ранҷу заҳру зақуми раҳ тоқат оварда, худро ба диёри хушқиёфаи Олмон расонидем. Иродаи чусту чолоки ман шаҳраки орому хилвати Ораниенбургро дар наздикии Берлин ихтиёр кард. Пӯшида намонад, ба Олмон омадани мо бесабаб набуд. Ҳамсарам то ҳадде забони немисиро медонист, ба гуфтаи худаш, дар мактаб устоди хуб доштааст ва чанд муддат худомӯзӣ ҳам кардааст. Ман қоил будам, ки ӯ бо ин нимкоразабони худ дар миёни одамони ноошно роҳ меёфт, мақсадашро мегуфт, бесобиқа ба обу ҳавои нав унс мегирифт. Он рӯзҳо хурсандии ҳамсарам ҳадду канор надошт, ҳар замон маро ба оғӯш кашида сипосгузорӣ мекард:
– Ту дилу ҷони манӣ, азизам, маро хушбахт сохтӣ! Ин орзуи деринаи ман буд, ниҳоят ба додам расидӣ.
– Аммо ман дар хавотирам, Ирода.
– Чаро охир? Ҳама рифоҳу озодӣ дар кафамон, ҷойи нигаронӣ нест!
– Бояд кор кунем, дар ҳоле ки ман як посбон будам. Ту ҳам ин ҷо ба кӣ мураббӣ мешавӣ?
– Ҳамин посбонии ту беҳтар. Агар инженеру доктор мебудӣ, аз бекорӣ
ё кори паст руҳат азоб мекашид. Дар айни ҳол ихтиёр бо худат, ҳар коре мехоҳӣ бикун! Кӣ медонад, ки фаррош ҳастӣ ё ҳаммол, хизматкор ҳастӣ ё даллол?!
– Яъне чӣ, мехоҳӣ зери пойи касеро тоза кунам, ғуломи касе бошам ё...
– Чӣ фарқ дорад? Ман ҳам чунин корҳое хоҳам кард. Пул ёбем бас нест магар? Кӣ моро мешиносад? Агар бихоҳӣ, ба Самарқанд пайғом мефиристем ва мегӯем, ки ту дар ширкати бузурге кор мекунию ман ҳам котиба...
Ин баҳсҳо буду як моҳу анде пас, вақте ки ҳамёнамон хост бо бод дилхушӣ кунад, Ирода дар як ресторан ба ҳар дуямон кор ёфт. Ресторани калоне буд ва ман фаршу мизҳоро тоза мекардаму Ирода зарфҳоро мешуст. Ҳарчанд бо пайдо шудани кор ҳавлу шӯри дилҳо ором гирифт, аз сӯйи дигар мушкилие даст дод, ки наметавонистем бароҳатӣ ҳар ду машғул бошем. Чун саҳарӣ ба кор рафта то нисфи шаб банд мешудем, маҷбур будем духтари хурдсоли худ – Аминаро дар манзил танҳо гузорем. Чанд рӯз бо навбат, гоҳе ман ва баъзан Ирода саре ба хона зада, ба ҳолу хӯрду хоби вай мерасидем. Вале ин ҳол наметавонист дер пояд, агар соҳибкор пай мебурд ҳатман ҳар дуи моро ҷазо медод. Аз ин хотир, аз пайи ҷустуҷӯйи парастор шудем, ба ин қарор омадем, ки Аминаро пеши касе гузорем. Ба бахти мо, чанд рӯз гузашту аз ҳамсояҳо як пиразани олмонӣ рӯйи хуш дод ва бо мувофиқати дастмузди ночизе духтарро ба ӯ супурдем.
Ҳар рӯз хеле дер, нимаҳои шаб ба хона бармегаштему Аминаро аз пиразан мегирифтем. Чанд дақиқа ҳузури моро пай мебурд, он ҳам дар ҳолате, ки хоболуд буду навозишҳои моро ҳис намекард. Аз ин ҳол ман нороҳат мешудам, қаъри дилам сиёҳ буд. Ирода бошад, мехост ин буғзи маро шиканад:
– Ҳеч гоҳ хавотир накаш, ҷойи духтарамон нағз аст. Пиразан ҷони одам, тарбия мекунад.
– Аз ҳамон тарбия дилам ғаш аст. Метарсам, ки духтарамон бегона, моси маданияти ин ҷо калон мешавад.
– Ин хуб аст, Амина замонавӣ, ҳушёру доно ба воя мерасад, диду назараш тору танг намемонад...
Ба ин минвол, дар Олмон мондему худамон бехабар, аз умрамон дувоздаҳ соли дигар гузашт. Аминаро аз дасти пиразан гирифтем, ӯ бузург шуда буд, дигар ниёзе ба парастору ҳамроҳ надошт. Тайи ин муддат Ирода сари ҳол мегашту ман гирифтори хаёлоти печида ва руҳияи шикаста. Ба гуфтаи ӯ, духтарамон ҳам хеле «озоду замонавӣ» бузург мешуд, бо шеваю хислатҳои урупоӣ! Воқеан, дар ӯ заррае одоби тоҷикона намедидам: на ба забони модарӣ хуб ҳарф мезад, на либоси маҳрамона дошт, на дилсӯзию илтифоти духтарӣ. Аз рафтору муомилаи хунукаш гоҳе ба танг омада танбеҳ доданӣ мешудам, аммо куҷо! Парвое надошт, ки ман кистаму чӣ мегӯям. Бепарвоёна, рӯ ба рӯям истода, гап ҷавоб медод ва ҳатто бо итоб мегуфт, ки ту ҳақ надорӣ ба ман насиҳат кунӣ! Боре, дар як рӯзи истироҳат ӯро ба хотири пероҳану домани кӯтоҳаш, ки сари дилу нофу поҳои баландаш то сон ба чашм мехӯрданд, дами дар нигаҳ доштам ва нагузоштам, ки бо ин намо ба сайругашт равад. Вале духтар бо шӯр маро тела дода, ба сарам дод зад:
– Дилам хоҳад лучу урён ба кӯча мебароям, ба ман зӯрӣ накун!
Аз беодобии ӯ сахт асабонӣ шудам, дар ниҳояти ғазаб як торсакӣ ба рӯяш фуровардам. Бале, духтарамро торсакӣ задам, вале аз куҷо донам, ки он силӣ бароям хеле гарон тамом мешавад. Маҳз ҳамон вақт бо дили ноҳинҷору хуноб яқинан дарк кардам, ки ман дар як кишвари бегонаам ва фарзандам низ дар фазои дигар бузург шудааст, миёни мо алоқаи тоҷиконаи падарию духтарӣ вуҷуд надорад. Оре, ба хотири ҳамон торсакӣ духтарам ба полис хабар дод ва бар замми ӯ, Ирода ҳам маро дар пеши полис маломат кард. Аз пайи шикояти «азизони худ» ноилоҷ ҷаримаи ҷонгире пардохт кардаму аз шарри «пуштибонҳои ахлоқу қонун» озод шудам. Дигар маҷбур будам ҳама нозунузи духтару ҳамсарамро бардорам, бо ҳар гуна хулқу атвори онҳо муросо кунам то замоне, ки воқеае пеш омад дилхароштар...
Густохиҳояш кам буд магар, духтарам пас аз чанд рӯз пойи худро аз хона канд. Ирода ҳам ба ташвиш уфтод ва маро водор кард ба суроғаш бароям. Тахмин мекардам дар хобгоҳи коллеҷ бошад, чун аксари ҳамкурсони ӯ он ҷо хобу хез доштанд. Бе дудилагӣ ба он ҷо рафтам, гумонам дуруст баромад. Дар даромадгоҳи коллеҷ як гурӯҳ ҷавону духтар ҳалқа зада гарми суҳбат меистоданд ва духтари ман низ миёни онҳо буд. Писарбачае муҳкам аз камари ӯ медошт ва дасти Амина низ ҳамоил ба гардани он ҷавон. Каме дасту по хӯрдам, беихтиёр ҳис кардам, ки сурхиҳоям рӯ мегирад. Бештар аз қиючув ва шаклу шамоили онҳо, ба хусус, аз либосҳои тангу кӯтоҳи духтарон хушам наомад. Бо ғазаб садо задам:
– Амина!
Духтарам овози маро шуниду сараввал бо тааҷҷуб ба сӯям нигоҳе афканд ва гӯё касе ӯро маҷбур мекунад, бо дили нохоҳам ба сӯям қадам бардошт.
– Куҷоӣ, духтарам, чаро хона наомадӣ? – базӯр қаҳрамро фурӯ бурда пурсидам.
– Он ҷо зиқ шудам, дар хобгоҳ вақтам хуш мегузарад. Ба ман хона доданд, ҳамраҳам низ бачаи нағз.
– Бачаи нағз? Яъне бо писарбачае ҳамхонаӣ?
– Чӣ шудаст, ҳама ҳамин хел.
– Зуд ба хона баргард! – оташин шудам. – Имрӯз сари шом дар хона бинам!
– Не! – ба чашмонам теғ кашида ҷавоб дод ӯ. – Ҳақ надорӣ маро маҷбур кунӣ!
Дидам авзо бадтар мегардаду бо зӯрӣ намешавад ин духтари саркашро ба роҳ даровард, бо мушкилӣ ғазабамро ба дарун хӯрда, бо мулоимат гуфтам:
– Духтарам, охир айб аст, ману модарат зинда...
– Айб чӣ? Дувоздаҳ сол фикре ҳам накардӣ, ки куҷояму чӣ кор мекунам, акнун ғами маро мехӯрӣ? Вақте ки ба дасти пиразани бегона гузоштӣ ҳушу ҳавосат дар куҷо буд? Чаро намехоҳӣ, ки бо майли дилам зиндагӣ кунам, магар ман кӯдакам? Ҳар кӣ ҳам бошӣ, хоҳиш мекунам, маро ба ҳоли худам гузор.
– Духтарам, фаромӯш накун, ту аслу насаби самарқандӣ дорӣ, як мусалмонӣ. Наход нафаҳмӣ, ки ҳама рафторат зидди суннатҳои мост?
Амина писханде заду гуфт:
– Самарқандӣ? Мусалмон? Ту ба касе, ки аз сесолагӣ дар Олмон зиндагӣ карда, бо оину фарҳанги ин ҷо ошно шудаву хӯ гирифтааст, мегӯйӣ мусалмон? Агар падари дилсӯз мебудӣ, худат гӯ, чӣ чизе аз он суннатҳо, аз он мусалмонӣ ёд додаӣ ба ман?
Суханҳои ӯ ҷигарамро сӯзонд. Намедонистам чӣ посухе диҳам, чӣ кор бо ин духтари густох кунам. Он лаҳза, шояд барои нахустин бор, ба хубӣ ҳис кардам, ки аз тарбияти духтарам дар ғафлат мондаам. Ӯ, дар воқеъ, касе буд дорои одобу муомилаи дигар, на тоҷикона...
Пас аз он бархӯрд чанд моҳ гузашт, аммо Амина ба хона барнагашт. Ба сухани модараш ҳам гӯш надод, гӯё ба куллӣ аз мо даст кашида буд. Вале нооромӣ ва фикру хаёлоти мағшуш майнаи маро ором намегузошт.
– Ин буд орзуи ту? – як шаб аз ниҳояти дилтангӣ бо зарда пурсидам аз Ирода. – Ҳаминро мехостӣ?
– Албатта, не! Ба гӯшаи хаёлам ҳам наомадааст, ки рӯзе духтарамон моро тарк мекунад. Вале боз ҳам норизо нестам, Амина зиндагии нав ёд мегирад.
– Зиндагии нав?! Яъне духтари понздаҳсола падару модарашро тарк мекунаду бо бачаҳои дигар ҳамоғӯш аст?
– Ин тавр нагӯ, – нороҳат шуд Ирода, – магар намебинӣ, ки ин ҷо одамон аврупоӣ ҳастанд, ҳаёти ҳамаашон ба ҳамин шакл. Медонам, Амина бо писаре ҳамхонагӣ дорад ва ин ҳамзистиро чун як расми маъмулии омӯзишгоҳ мехонанд. Фаромӯш накун, ки духтари мо низ донишомӯз аст!
Ба Ирода нигоҳи хашмолуде афканда гуфтам:
– Сад афсӯс, фикр мекардам ҳанӯз хуни самарқандӣ дорӣ.
– Дуруст, ман тоҷики самарқандиам, аммо равшанфикру озод, на мутаассибу ақибмонда!
...Рӯзҳову ҳафтаҳо мегузашту роҳате дар зиндагӣ надоштам, баҳсҳои ману Ирода тамом намешуд. Аслан наметавонистам бо фикру андешаҳои ӯ муросо кунам. Ба хусус, ҳар гоҳ мехост Аминаро сафед кунад ва худашро бофарҳанг нишон диҳад, хунам ҷӯш мезад, ба ғазаб меомадам. Дигар, бо мурури замон ҷойгаҳи муштарак бароямон танг шуд. Бо иродаи худ Ирода низ маро тарк карду рафт. Пай бурдам, ки чизе бароям боқӣ намондааст, ҷуз як духтари ғарбзада ва ҳамсаре худбохта. Ангезае барои мондан дар Олмон надоштам. Қарор кардам ба Самарқанд баргардам, аммо боз ҳам дилам нашуд. Ҳанӯз аз духтарам нигарон будам, ҳеч ёду ҳушам қабул намекард, ки ӯ дар кишвари бегона монад, дар оғӯши ҳоюҳавасҳои бемаънӣ. Аз ин рӯ, аҳд намудам то аз дастам меояд, ба ӯ наздикӣ ҷӯям, меҳру самимияте дар ӯ бедор кунам.
Ба одати маъмул, як шаб бо ёди Амина ба самти хобгоҳ роҳ пеш гирифтам, худам намедонам, поҳоям маро ба он сӯй мекашид. Ҳамин ки аз майдончаи назди қаҳвахонаи «Модерн» мегузаштам, нохост дар пардаи тирафоми шаб, ки бо чароғҳои хиёбонӣ гусаста мешуд, шаклу шамоили духтарамро дидам. Бо чӣ забоне гӯям, ӯ хуморӣ буд! Бо як даст овезон бар гардани ҳамон ҷавони ошно, ки ҷуссаи лӯндаю мӯҳои дароз дошт, аз дари қаҳвахона берун меомад. Дар ғазаб шудам, худ аз худ муштҳоям гиреҳ хӯрданд. Ҳеч гоҳ Аминаро ба ин дараҷа паст надида будам. Сабрам аз даст рафт, дар ҳоле ки намедонистам чӣ кор мекунам, худро ба онҳо расонда, бо ғазаб аз гиребони ҷавон гирифтам ва бо ҳар қуввате, ки доштам, ӯро кӯфтам. Доду фиғон ба осмон печид, фурсате нагузашта посбонҳои шабона расида омаданд ва моро ба идораи худ бурданд...
Дар зиндагӣ ба гӯшамон чун мум рехтаанд, ки ба унвони марди хонавода мураттаб посдори шарму ҳаё ва покдомании занону духтарони худ бошем. Ин покдоманӣ ё иффат мартабаи руҳиву равонии ҷинси латиф аст, ки покиву сафои оиларо муҳайё месозад. Бо ин андеша будам, ки маъмурони полис аз ман ҷонибдорӣ хоҳанд кард, охир ман ба ҳимояи шарафи духтарам бархостаам! Аммо, қазия ранги дигар гирифт, дарёфтам, ки зиндагии мо дар ҳама ҷо яксон нест. «Ин мард бесабаб пеши моро гирифт, дӯсти маро бо мушту лагад зад»-гуфта, гувоҳӣ додани духтарам низ равғане буд, ки ба сари лахчаи оташ рехт. Маъмури идораи полис пайрави даъвои ҷавон ва гувоҳии Амина маро боздошт намуд. Дар асорат ба ҳоли шуму ғарибона хандаам омад, сахт дар шигифт мондам, барои худ меандешидам: «Наход ки духтари худам то ин ҳад бефарқ шудааст?! Магар мумкин аст одам бегонаеро аз падари хеш бартар шуморад?!» Аз тақдир ҷойи гурез нест, ин пешомад буду рӯзи дигар маъмури полис ҳуҷҷатҳои маро ба додгоҳ фиристоданӣ шуд, аммо бо ҳазор илтимосу зорӣ, ҳар чӣ пули захира доштам, ба унвони ҷаримаи нақдӣ пардохт кардам ва дар ҳамон ҷо корро хобондам. Сипас, бо сари гиҷ, аз ҳар гуна ғуруру пуштибонӣ даст кашида, анҷому васоили доштаамро фурӯхтам ва дар аввалин фурсат роҳи Самарқандро пеш гирифтам...
\\\*
Инак, муддате чанд гузаштаасту ин ҷо, дар ватани худ ҳамроҳи аҳли пайванду дӯстонам зиндагӣ дорам. Аз ҳавои ботаровати шаҳри биҳиштӣ чуқур-чуқур нафас мекашам, осуда хобухез мекунам, дар миёни одамони шинос зиста аз лаззати одобу муоширати дилнишин сер намешавам. Худоро шукр мегӯям, ки аз ғурбат, аз «фарру шукуҳ»-и ноошно роҳат шудаам. Гарчи ҷудоӣ аз ҳамсару духтарам бисёр дардовар аст, аммо дидани ҳамватанони хунгарму баору номус ва бархӯрди самимонаи онҳо бори ғуссаро аз дӯшам сабук мекунад. Вақте ки Самарқанду мардуми худро бо он кишвар муқоиса мекунам, мебинам, ки тафовут аз замин то осмон аст, ба вижа, сафою вафои ин ҷамъиятро дар ҳеч ҷойи дунё наметавон пайдо кард! Афсӯс, Иродаю Амина аз ин нукта дар ғафлат монданд ва ман ҳам дар зиндагӣ ғофил будаам, ки бо бесарӣ натавонистам онҳоро сари вақт ба роҳи рост барам.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё