Аз санг сахт, аз гул нозук

Юнуси Имомназарро алоқамандони каломи бадеъ ва хонандагони «Овози тоҷик» бо гузоришот ва ҳикояҳову қиссаҳои намакинаш мешиносанд.
Ахбор · 9 октябри 2024 · 44 саҳифа · 1 писанд
ҲИКОЯҲО ТАҚДИРИ ШУМ
Ҳаво тира, ҳама ҷоро пардаи меғ фаро гирифтааст. Санамҷон дар назди тиреза нишаста, ғарқи хаёл ба манзараи тираву меғолуд чашм медӯзад. Шохаҳои урёни ду-се дарахти ҳавлӣ, навдаҳои сиёҳшудаи ток, ҷӯйи бетонии канори боғ ва чиғи оҳании атрофи ҳавлии ҳамсоя хира ба назар мерасад...
Санамҷон ин манзараро ҳамеша поку руҳбахш тамошо мекард. Сафои осмони беғубор ва лап-лапи оби ҷӯйи бетонӣ, ки аз моварои шохаҳои дарахтон бо бархӯрдани нурҳои заррини Хуршед ҷило медод, барояш масаррат мебахшид. Ба хусус, аз тараддудҳои духтари ҳамсоя – рӯбучину обкашонӣ, говдӯшию нонпазӣ, рӯйиҳамрафта, аз дилгармии ӯ ба зиндагӣ хушаш меомад. Борҳо мушоҳида карда буд, ки духтари ҳамсоя ҳар гоҳ бо хушҳолӣ ба пешвози падар мешитофт, ба ӯ салом медоду ҷузвдонашро гирифта ба рӯйи пештахтаи айвон мегузошт, сипас тозон дунболи офтоба мерафт. Падар ба дасту рӯяш сачоқ кашида, изҳори ташаккур мекард магар, духтар бо чеҳраи шукуфон таъзим ба ҷо меовард ва ҳамроҳи падар ба хона медаромад.
Акнун бошад, он манзараи дӯстдоштаи Санамҷон бо дилтангии ӯ ҳамхонӣ мекунад. Гӯё ки табиат ҳам аз амалҳои нобоби вай пай бурдааст, хира ва беҷило ба назар мерасад, ёрои илҳомбахшӣ надорад. Агар ҳамеша тасалливу умед мебахшид, ин дафъа дасти мурувваташ қатъ шуда, мисли ин ки сахт дилозурда аст, рафтори баъдинаи ӯ риштаи эътимодро баркандааст.
Санамҷон дар канори тиреза истода, аз ҳоли табиат бештар дилгир шуд. Дубора ба берун, ба ҳавлӣ, ба хонаи ҳамсоя хира-хира дида дӯхт. На аз лап- лапи обу нурҳои Хуршед ному нишоне буд, на аз фазои сабзу ҷамоли духтари ҳамсоя. Сараш гиҷ рафт, пеши чашмонаш ҳалқаҳои обию қаҳваию мишкӣ рӯйи ҳам печида, ҷой иваз карданд. Хост ду-се қадам занад, аммо дилбеҳузурӣ ва беҳолӣ ба ин роҳ надод. Аз нав дар ҷо нишасту сарашро муҳкам байни дастонаш гирифт ва ба хаёл фурӯ рафт, хотираҳои пешин ба мағзу руҳи ӯ чира омаданд...
\\\*
Вақте ки Санамҷон синни дувоздаҳро пур кард, бештар аз ҳама Холида – модари бемори ӯ хурсанду хушҳол шуд. Очаи меҳрубон дарди ҷонкоҳи ҷигарро нодида гирифта, то аз мактаб омадани духтар ҳавлию хонаро тозаю озода кард, дасторхони хурде орост ва ба пухтани хӯрок пардохт. Бо ҳавас, бо иштиёқ кор мекард, охир, ягона духтари азизаш як мучалро пур мекунад, дигар хурду эрка нест, калон шудааст, дастёри тайёр. Ҳама умед ба ӯ – зиндагиашро саришта мекунад, ба аҳволаш мерасад.
Дар ёд дорад, аз он даме, ки хастаю бетоб шуд, падари Санамҷон беэътибор гардид, аз ӯ рӯ гардонд. Зуд-зуд маст шуда меояду ҳақорат медиҳад, болои сӯхта намакоб, лату озораш ҳам канда нест. Боре шавҳари муштзӯр аз чойхонаи дӯстдоштааш масти лояъқил омад. Бо ҳоле, ки як бари куртаи порашудааш аз шим берун монда, почаҳояш хоколуду чиркин буданд ва калавида роҳ мегашт. Марди бероҳаеро ба хотир меовард ва бо чеҳраи хун ба рӯ дамидаю лабу даҳони кафкзо девонаавзоъ ба назар менамуд. «Ту лаънатии сил ҳаётама хароб кардӣ! – бо пархош вориди ҳавлӣ шуда дод зад шавҳар. – Агар медонистам ин қадар ношуду ногирон мешавӣ, ҳеч гоҳ дарата намекӯфтам! Хости дилам нашуд, солим дарнаёмадӣ, писар наовардӣ, ҳатто наметавонам ҷӯраҳома дурусттар меҳмон кунам!» Вақте ки Холида аз дасти ҷигардард базӯр нимхез шуда натавонист сари по рост истад, шавҳар чашмони хунгирифтаашро калон кушода, «ношуди сил, ҳатто сари по рост намеистӣ!»-гӯён бо ҷаҳл мушти муҳкаме ба рӯяш фуровард. Аз ин зарбаи ногаҳонӣ ба замин парчин шуда аз ҳуш рафт. Намедонад он замон чӣ қадар вақт аз байн гузашт, дарди ҷонкоҳеро ҳис карда ба худ омад ва дар болои сараш Санамҷонро дид. Духтари меҳрабон сари ӯро ба рӯйи зонуҳояш гузошта ашкрезон молида меистод. Аз будани нури дидааш Худоро шукр карда, оҳи сабук кашида буд...
Рӯзи таваллуди Санамҷон ба модар неруи нав бахшид. Саъй мекард, ақаллан ҳамин рӯз бемориашро маълум накунад. Бо ҳавас, бо хурсандии беҳад машғули кор шуд. Ана, соати омадани Санамҷон ҳам расид, бо дугонааш меояд. Дугонааш духтари ҳамсоя, аз хурдӣ бо ҳам калон шудаанд, як коса обу як лахт нонро бе якдигар намехӯранд. Санамҷон ҳар рӯз ҳамин вақт аз дар медарояд, ӯро ба оғӯш кашида мебӯсад ва тез либос иваз карда, вориди корубори зиндагӣ мешавад, намехоҳад модари бемор азоб кашад.
Холида садои шақарросии дарвозаро шунида ба берун давид. Мехост Санамҷонро пешвоз гирад, ба оғӯш кашад. Вале, ба ҳавлӣ баромаду ҳавсалааш пир шуд. Дар дами дарвоза ба ҷойи духтар шавҳарро дид, ки мисли ҳамеша масту берамақ базӯр сари по меистод.
– Ҳар рӯз касби шумо ҳамин, на ба худ фикр мекунеду на ба дигарҳо! – Холида бо гила гапзанон ба сӯйи шавҳар омад. – Имрӯз таваллуди Санамҷон аст, ин аҳволи шумора бинад дилгир намешавад?
– Нафасата каш, қанҷиқ! – бо як андоз фарёд зад шавҳар. – На тура мехоҳам, на духтарата! Дутоӣ зиндагиама хароб кардед!
– Додош, ин гапҳо чӣ аст? – нороҳат шуд Холида ва боз ҳам ба шавҳари беҳолу бепо раҳмаш омада афзуд: – Биёед, ман кумак мекунам.
Холида ба доду ғиреви шавҳар эътиное накарда, бо шитоб худро ба ӯ расонд ва ҳамин ки хост аз бағалаш гирад, ғайричашмдошт, мушти сангине ба сари дил хӯрд. Аз зарбаи сахту ногаҳонӣ худро гум кард, ақибнокӣ рафту лӯппӣ аз по уфтод. Шавҳари мадҳуш фурӯ дар оташи ғазаб чашми худро кӯр карда, ба хона даромада рафт. Дар ҳамин лаҳза Санамҷону дугонааш ба дари ҳавлӣ расиданд. Ба маҳзи дидани манзараи дами дарвоза лолу карахт шуданд. Духтар тозон ба паҳлуи модар омаду сарашро бардошт.
– Дугонаҷон, дав, як коса об биёр, – гуфт ӯ бо ҳарос ва «очаҷон, очаҷон»-гӯён ба масҳи сару дӯши модар пардохт.
Холида тавонист танҳо як қулт об нӯшад. Чашмонаш нима боз шуданд ва суроби Санамҷонро болои сар дид магар, базӯр ба забон омад:
– Духтарам, худата... иҳтиёт... кун, ман...
Дашному дағалиҳои бемавриди шавҳар кори худро кард. Зани муштипар суханашро то охир нагуфта чашм пӯшид. Оре, риштаи ҳаёти модар гусаст, ӯ Санамҷонро танҳо гузошту рафт! Духтар ҷисми беруҳи очаҷони худро танг ба оғӯш гирифт, аз қаъри дил фиғон бардошт. Оҳу нолаи дӯшизаи дар нимароҳ монда ба фалак печид, қалбаш гӯё танӯри пуроташ буд, ки дамои он ашкҳои сӯзонро аз дидагонаш берун овард...
Вақте ки Санамҷон бо ёрии дугонааш тани орому беҳаракати модарро ба хона даровард, чашмаш ба дасторхони густурда афтид, ки ороста бо нони башир, қанду ҳалво, мавизу чормағз, гулдони пури гул буд. Суханҳои модар ба ёдаш омад, ки вақти рафтан ба мактаб аз пешониаш бӯсида гуфта буд: «Духтаракам, умри дароз бин, имрӯз як мучалро пур кардӣ. Ман ҳам сари ҳолам, аз мактаб бо дугонаат биё, таваллудатро ҷашн мегирем». Дубора хӯриаш омад, ҳасрату алам гулугираш шуд, модарро раҳо накарда бо зорӣ ба навҳагӯйӣ даромад...
Марги муфоҷои модар Санамҷонро обу адо кард. Акнун дастёр шуда буд, метавонист ба модари бемори худ ёрӣ расонад, ғамхорию дилсӯзӣ кунад, вале ҳеч коре аз дасташ наомад. Дигар касеро надошт, ки нозу эркагиашро бардорад, шӯхию хандаҳои бачагӣ фаромӯш шуд. Шабу рӯз, ҳар гоҳе ба ёди модар мерафт, буғзу уқдаи алам гулуяшро мегирифт, ашкҳо шашқатор.
Ғаму ғусса, дилтангии Санамҷон хеле тӯл кашид, як соли тамом азо гирифт. Дар ин муддат падараш ҳам мулзаму пакар мегашт. Зоҳиран, худро гунаҳкор мехонд ва боре ҳам сари дасторхон, бо сари хам аз Санамҷон узр хоста буд: «Духтарам, маро бубахш, наметавонистам ба дарди модарат даво бахшам. Аз даргузашти ногаҳонии маъсума дар азобам». Санамҷон чизе нагуфт, танҳо оби дида рехт. Ӯ ҳанӯз ҳам ҳақиқати ҳолро нафаҳмида буд, намедонист, ки падар қотили модараш аст. Бо вуҷуди ин, рафтору кирдори дағалонаи падар аз ёдаш намерафт, дар мағзи дил ба ӯ нафрат дошт. Баъд аз реҳлати модар низ аз шаробхорӣ даст накашидани падари худбин вайро асабонӣ мекард. Вақте ки медид, маст меояд ва аз баданаш ба хона бӯйи туршӣ, бӯйи нафасгири шароб паҳн мешавад, ӯро чашми дидан надошт, мерафт берун. Гоҳе шарораи меҳр дар дилаш ламъа мезад, мехост ба ӯ илтифоте кунад, ҳарфи ширин гӯяд, аммо забонаш мегирифт. Нафрати ниҳонӣ ҳама падидаи завқу меҳрабониро мағлуб месохт. Аслан парвое надошт, ки падараш чӣ ҳол дораду ба чӣ кор машғул.
\\\*
Ду соли дигар аз ҳаёти Санамҷон чун бод гузашт. Бо мурури замон падараш одати нав пайдо кард. Ӯ рӯздармиён дар чойхона мемонд ва гоҳе низ ду-се шабонарӯз пайи ҳам ба хона намеомад. Боре ду ҳафта гузашту аз падар дараке нест. Санамҷон хавотир кашид. Ҳама якравию беэътиноиро ҷамъ карду як бегоҳӣ ба суроғи ӯ баромад. Ба эҳтимоли зиёд, дар чойхона аст, дигар ҷое надорад, ки биравад. Ҳама бекору безориҳо он ҷо гирди ҳам меоянд, бо ҳаёҳу, бо ғиреве, ки гӯшҳо вазнин шавад. Ҷону дили падари Санамҷон ҳам ҳангомаҳои онҷост. Дӯст дорад шабу рӯз дар чойхона бимонад, ниммасту нимҳушёр қартаю нардибозӣ кунад ё ба ғайбати ину он забон чарб созад.
Санамҷон оҳиста дари чойхонаро боз кард. Рӯйи ду-се кат чанд нафар саргарми қартабозию ҳангомаҳои худ буданд. Бо диққат назар афканд, падараш миёни онҳо наменамуд. Аз ҳама пештар чойхоначии мӯйсафед ӯро дид. Безобитагиашро пай бурда наздиктар омаду пурсид:
– Ҳа духтарам, ин ҷо чӣ кор мекунӣ? – Ба суроғи додоям омадам.
– Додоят кист?
– Холматака.
– Холмат, шогирди худам?
– Ҳа.
– Хуб шуд, ки омадӣ, духтарам. Вай як ҳафта боз касал хобидааст, аз
бехи дил месулфад. Ҳозир ҳама кори чойхонаро худам анҷом медиҳам. Ёрдамаш мерасид, сабилмонда, грип аз по афтонд. Ба хона ё ба духтур набарем, намешудагӣ барин, – мӯйсафед Санамҷонро аз роҳрави чойхона гузаронда ба дарун бурд ва аз самти рост дари хонаеро кушода гуфт: – Ту ин ҷо бош, ман Ҳасанбойро мефиристам, бароят кумак мекунад. Додоятро зудтар ба хона бар, духтарам.
Санамҷон дохили хона шуду ҳуш аз сараш парид. Падар ҳоли ғарибонае дошт: бурма шуда, ба ҷомаи куҳнае печида, дар як гӯша дароз мекашид. Садои хир-хири гулуяш равшан ба гӯш мерасид. Дилаш таҳ кашид, аз ғояти ноумедӣ беихтиёр ба чашмонаш ашк ҳалқа зад. Паҳлуи падар нишасту дасти ӯро байни панҷаҳояш гирифт:
– Додо, чӣ шуд? – базӯр лаб ҷунбонд.
– Духтарам, маро бубахш, туро танҳо гузоштам.
– Чаро хона наомадед?
– Ба ту бор нашавам гуфтам.
– Ман зиқ шудам...
– Медонам, духтарам, маро бубахш.
Ҳеч гоҳ дили Санамҷон ба падараш ин қадар насӯхта буд. Ӯро ҳамеша
беғаму бепарво медид. Фикр мекард, ба ғамхорӣ, ба сухани ширин ниёз надорад. Аввалин бор ӯро беҳолу музтариб мебинад, маълум ки ба ёрӣ муҳтоҷ аст, аз кардаҳояш пушаймон.
– Додо, хона меравем.
– Наметавонам, мадорам намондааст.
– Ман ёрӣ медиҳам, – гуфт Санамҷон ва бехаёл падарро бардоштанӣ
буд, ки дар боз шуду ҷавоне даромада омад. Санамҷон ба ӯ нигоҳ карду лаҳзае карахт монд. Дар пеши назар ҷавонеро медид қадбаланд, бо китфу бозу, тануманд. «Ҳасанбой», – аз дил гузаронд ӯ. Як дам нигоҳҳо радду бадал шуданд. Ҷавон ҳам, гӯё нахустин бор духтареро ба ин латофат медид, дасту по гум кард, аз хиҷолат ба рухсораш сурхӣ дамид, базӯр ба забон омад:
– Маро бобои чойхоначӣ фиристод, Холматакаро ба хонааш мебарам. – Раҳмат, ман духтарашон. Бояд тезтар равем, ҳоли додом бад шудааст.
\\\*
Зиндагӣ сахтгир аст. Санамҷон даргири ин сахтгирӣ шудани худро нафаҳмида монд. Кош он рӯз ба чойхона намерафт, кош падараш бемор намешуду Ҳасанбойро намедид. Маҳрумӣ аз меҳрабониҳои модар, ҷудоӣ аз падар кам буд магар, Ҳасанбой низ ба сари ӯ ғурбати бештар бор кард. «Ҳусну ҷамоли ту ёду ҳушама бурдааст, чашмони шаҳлою гесувони хушбӯят шабу рӯз пеши назарам, ҳар як ҳаракат ба ту мезебад, азизам. Туро аз мағзи ҷон дӯст медорам...»-гуфтанҳои ӯ ҳама лоф будааст. Санамҷон афсӯс мехӯрд, ки охирин насиҳати модарашро ба кӯйи фаромӯшӣ супурд. «Духтарам, худата эҳтиёт кун»-гуфтани ӯ беҷо набудааст. «Наход ки мани сода ба доми ин фиребгар афтам, наход ки осонакак таслим шавам», – худ ба худ таассуф мехӯрд Санамҷон...
Баъди гӯручӯб кардани падар ягона муттакояш Ҳасанбой буд. Ба ӯ сахт дода шуда дил дод ва Ҳасанбой ҳам ин бовариро сӯиистифода кард. Ошкоро изҳори муҳаббат намуд ва Худо нахоста, бе фотиҳаю бе ақд коми дил бардошт. Ин шаҳвоният на як бору ду бор, чандин бор такрор шуд. Санамҷон худро пурра ба ӯ бахшида буд. Фикр мекард, Ҳасанбой ёвари ӯст, ҳамсару меҳрабони яктои ӯст, ӯро танҳо намегузорад. Аммо, ҳазор ҳайфу сад афсӯс, ин ҷавон номарду фиребгар, тарсуву лаин баромад. Ба маҳзи ин ки фаҳмид, Санамҷон аз ӯ ҳомила аст, ба ҳарос уфтод, дунболи баҳона гашт ва роҳи гурезро пеш гирифт. Ниҳоят, осонакак ғайб зад, сояашро аз манзили Санамҷон канд.
Рӯзҳо пайи ҳам мегузашту аз Ҳасанбой дарак не. Санамҷон остонаи чойхонаро охурча кард. Аз он ҷо ба манзилҳое мерафт, ки барояш дарак медоданд, аммо аз ин ҷавони бадқавлу берӯ ному нишон набуд, ба ростӣ, гурехта буд ӯ! Санамҷон ноилоҷ умедашро канд. Афсурдаву озурдахотир дар хона монд, мактабро ҳам таътил кард, худашро аз дугонаҳояш дур гирифт. Гӯё ҳама чиз ба назараш хунук метофт – хонаю ҳавлӣ, кӯю кӯча, мактаб, одамон...
Санамҷонро аз ҳоли худ, аз сарнавишти шуми худ нафраташ омад. Афсӯс, бадтар аз ҳама, дигар бокирагӣ надорад, нозу ишваҳои духтариаш намондааст, ишқу муҳаббати ҷавониаш хеле зуд хазон шуд. Дар назди тиреза нишаста, даст ба рӯйи шиками дуҷонаш гузошт ва пай бурд, ки ҳама саргиҷӣ, беҳолию дилбеҳузуриҳо аз ин. Дар худ андешид: баъдан ҳоли ин кӯдак чӣ мешавад, чӣ сон ба дунё меояд? Сад афсӯс, ҳама лаънат мехонанд, мазоҳ мекунанд, мазоҳ... Ҳарчи зуд аз ин дарди сар бояд раҳоӣ ёфт! Лаънат ба мани содаю гӯл, лаънат ба Ҳасанбой!

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё