Зеҳн
Аз санг сахт, аз гул нозук

Юнуси Имомназарро алоқамандони каломи бадеъ ва хонандагони «Овози тоҷик» бо гузоришот ва ҳикояҳову қиссаҳои намакинаш мешиносанд.

Ахбор · 9 октябри 2024 · 44 саҳифа · 1 писанд

Ҳикоя

Нависандаи хушсалиқа бо мурури вақт дар ҳавзаи адабиёти форсӣ-тоҷикии Ӯзбекистон ҷойгоҳи худро пайдо мекунад. Муҳаббати поку беолойиши инсонӣ, садоқат ба обу хоки Ватан, худшиносии инсон, муҳорибаи некиву бадӣ, нангу номус... мавзуоти умдаи нигоштаҳои ӯянд. Юнус дили меҳрубону дардкаше дорад. Омӯзиши пайвастаи осори классикони адабиёти форс-тоҷик, муосир ва ҷаҳон, назари жарф ба зиндагии мардум имкон додаанд, ки ҳикоёту қиссаҳо ва мақолаҷоти хонданӣ биофарад.

Бартарии Юнус аз онҳое, ки дар ин ҳавза қаламфарсоӣ мекунанд, дар чист?

1. Саъю кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки забони навиштаҳояш умумифорсӣ бошад. Забони умумифорсӣ чӣ забонест? Аз нигоҳи мо ҳамонест, ки аз вожаву ибораҳои ноб ва қобили қабули се шохаи шодоби забони форсӣ: форсии тоҷикӣ, форсии дарӣ ва форсии эронӣ ба ҳам омадааст.

Нависандагони тоҷик вақте ба марзи забони умумифорсӣ ворид мешаванд, набояд аз вожаву ибораҳои ноби форсӣ-тоҷикӣ, ки ба ғановати адабиёти беш аз ҳазорсолаи форсӣ афзудаанд, сарфи назар намоянд. Ё баръакс, нависандагони эронӣ ҳангоми корбурди ин ё он вожаву ибораи арабӣ ё хоси худ дар навиштаҳояшон биандешанд, ки ҷойгузини онҳо дар форсии тоҷикӣ ва дарӣ ҳаст ё на.

Юнус дар саргаҳи роҳи ин манзил қарор дорад. Итминони комил дорем, ки ба манзили мурод мерасад.

2. Ба ҷуғрофияи осораш эътибор медиҳад. Қаҳрамонҳои қаламиҳояш дар ҳудуди кишварамон умр ба сар мебаранд. Воқеаву ҳодисаҳо дар шаҳру деҳоти мухталиф ба вуқуъ мепайванданд. Ин ҷиҳат чӣ хубӣ дорад? Ба фикри мо:

а) бо тасвири шаҳру деҳоти ошно дили хонандаро ба навишта гарм месозад;

б) дар ташаккули ҳисси зебоипарастӣ, тарбияи ахлоқӣ ва ғановати маънавии хонанда нақши муассир дорад;

в) берунмарзиён натиҷа хоҳанд гирифт, ки дар шаҳру деҳоти кишварамон, дар баробари дигар халқҳо, тоҷикон низ будубош доранд.

3. Юнус дар ҳикоёту қиссаҳояш ба масъалагузорӣ диққати ҷудогона медиҳад. Ба мавзуъ ва муаммоҳое даст мезанад, ки замон ҳалли онҳоро ба миён гузоштааст. Ба тариқи мисол, гирем ҳикояи «Ғафлат»-и ӯро. Хулосаи сужаи он:

Марде дар Самарқанд посбони одӣ буд. Ҳамсараш – Ирода тарбиятгари кӯдакистон аст. Онҳо духтаре доранд бо номи Амина. Одатан, баъзе занон молу чизпарастанд. Ба ин муколамаи зану шавҳар таваҷҷуҳ намоед:

«...Шояд ин вазъ ангезае буд барои Ирода, ки гоҳу бегоҳ ғур-ғур мекард ва боре ҳам арзи ниҳон ба рӯ овард:

– Гӯё дилам торс мекафад, аз ин зиндагии якнавохту фақирона монда шудам. – Чӣ мехоҳӣ?

– Дилам аст сар гирам, равам ба ҷойи дигар!

– Яъне чӣ? Куҷо рафтаниӣ?

– Мехоҳам тую Амина бо ман бошед ва ҳар се равем ба ягон манзили дур. Ба диёре, ки касе аз Самарқанд суроғи моро нагирад. Он ҷо ободу зебо бошад, бо одамони бою бадавлат, масалан, ба як шаҳри Амрико ё Аврупо. Ҷаҳонро медидем, лаззати зиндагиро мечашидем, бачаҳоямон оқилу замонбоб калон мешуданд...»

Ҳар чӣ дар хона буд фурӯхта ба шаҳри Ораниенбурги Олмон мераванд. Он ҷо дар ресторани бузург кор пайдо мекунанд. Мард фаршу мизҳоро тоза мекарду Ирода зарфҳоро мешуст. Онҳо хурсанд буданд, вале аз сӯйи дигар мушкилие пеш меояд, он ҳам бошад нигаҳдории духтар. Зеро саҳарӣ рафта нисфи шаб бармегаштанд ва маҷбур буданд духтарашон – Аминаи сесоларо пеши касе гузоранд. Аз ҳамсояҳо як пиразани олмонӣ ба нигоҳубинии духтар розӣ мешавад.

Ба ин тарз, дувоздаҳ соли умрашон сипарӣ мегардад. Духтарашон хеле «озоду замонавӣ», бо тарҳу хислатҳои урупоӣ ба воя мерасад. Дар ӯ заррае одоби тоҷикона намонда буд: на тоҷикӣ ҳарф мезад, на либоси маҳрамона дошт. Ба танбеҳҳои падар бепарво буд. Ҳатто, ба волидайн мегуфт, ки шумо ҳақ надоред ба ман насиҳат кунед.

Амина баъзе шабҳо ба хона намеомад ва бо мурури замон куллан пояшро аз манзилашон меканад. Аз ин рафтори духтар Ирода ба таҳлука меафтад ва шавҳарро ба суроғи ӯ мефиристад. Мард ба хобгоҳи коллеҷе, ки Амина он ҷо мехонд, меравад. Дар даромадгоҳи коллеҷ як гурӯҳ ҷавон – писару духтар ҳалқа зада меистоданд. Писарбачаи олмоние муҳкам аз камари Амина медошт, дасти духтар низ ҳамоил ба гардани ҷавон...

Мард аввал бо хашму зӯрӣ духтарашро ба хона бурданӣ мешавад. Чун натиҷа ҳосил намегардад, илтиҷо мекунад:

« – Духтарам, охир айб аст, ману модарат зинда...

– Айб чӣ? Дувоздаҳ сол фикре ҳам накардӣ, ки куҷояму чӣ кор мекунам, акнун ғами маро мехӯрӣ? Вақте ки ба дасти пиразани бегона гузоштӣ ҳушу ҳавосат дар куҷо буд? Чаро намехоҳӣ, ки бо майли дилам зиндагӣ кунам, магар ман кӯдакам? Ҳар кӣ ҳам бошӣ, хоҳиш мекунам, маро ба ҳоли худам гузор».

Падар вақте ба духтар фаҳмонданӣ мешавад:

« – Духтарам, фаромӯш накун, ту аслу насаби самарқандӣ дорӣ, як мусалмонӣ. Наход нафаҳмӣ, ки ҳама рафторат зидди суннатҳои мост?»

Амина писханд мезанад:

« – Самарқандӣ? Мусалмон? Ту ба касе, ки аз сесолагӣ дар Олмон зиндагӣ карда, бо оину фарҳанги ин ҷо ошно шудаву одат кардааст, мегӯйӣ мусалмон? Агар падари дилсӯз мебудӣ, худат гӯ, чӣ чизе аз он суннатҳо, аз он мусалмонӣ ёд додаӣ ба ман?»

Падар аз ин посухҳо ба хубӣ эҳсос мекунад, ки аз тарбияи духтараш дар ғафлат мондааст. Яъне, моддият – ҳирси молу сарватғундорӣ маънавият – шарму ҳаё, иффат, одоби тоҷиконаро фурӯ бурдааст. Маҳз дар ҳамин ҷо нависанда аз падарон даъват ба миён меоварад, ки дар тарбияти фарзандон, хоссатан, духтарон, дер намонанд.

Падар як шаби дигар, вақте ки суроғи Аминаро гирифта ба хобгоҳ меравад, дар назди қаҳвахонаи «Модерн» духтарашро масту мадҳуш дар оғӯши ҳамон ҷавони лӯндаю мӯйдароз мебинад. Ӯ худро дошта натавониста аз гиребони ҷавон мегирад ва бо ҳар чӣ қуввате, ки дошт, ӯро мекӯбад. Вақте маъмурони полис меоянд, мард гумон мекунад, ки ӯро ҷонибдорӣ хоҳанд кард, охир, вай шарафи духтарашро ҳимоят карда буд! Аммо кор ранги дигар мегирад. Духтараш низ гувоҳӣ медиҳад, ки «ин мард бесабаб пеши моро гирифт, дӯсти маро бо мушту лагад зад». Бубинед, бегонагӣ, фасоди ахлоқ то куҷо: на падар, балки «марде» бесабаб пеши онҳоро гирифтааст. Маъмури идораи полис мардро зиндонӣ мекунад. Рӯзи дигар падари бечора бо таваллову зорӣ ва пардохти ҷарима аз полисхона меравад.

Ниҳоят, дилмонда аз ин ҳама, анҷому васоили будаашро фурӯхтаву роҳи Самарқандро пеш мегирад... Ва дар Самарқанд «аз ҳавои ботаровати шаҳри биҳиштӣ чуқур-чуқур нафас мекашам, осуда хобухез мекунам, дар миёни одамони шинос зиста аз лаззати одобу муоширати дилнишин сер намешавам. Худоро шукр мегӯям, ки аз ғурбат, аз «фарру шукуҳ»-и ноошно роҳат шудаам. Гарчи ҷудоӣ аз ҳамсару духтарам бисёр дардовар аст, аммо дидани ҳамватанони хунгарму баору номус ва бархӯрди самимонаи онҳо бори ғуссаро аз дӯшам сабук мекунад. Вақте ки Самарқанду мардуми худро бо он кишвар муқоиса мекунам, мебинам, ки тафовут аз замин то осмон аст, ба вижа, сафою вафои ин ҷамъиятро дар ҳеч ҷойи дунё наметавон пайдо кард!...»

Чунин ҳикояву қиссаҳо дар китоби тозанашри Юнуси Имомназар, ки бо номи «Аз санг сахт, аз гул нозук» дар даст доред, кам нестанд. Воқеан, сабки эҷод ва банду басти навиштаҳояш ҷозибае дар худ ниҳон доранд, ки хонандаро беихтиёр аз пайи худ мебаранд.

Умед аст, ки адиби хушбаён табъи алоқамандони каломи бадеъро минбаъд низ бо асарҳои наваш болида месозад.

Абдулло СУБҲОН,

узви Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон, шоир

аз 44
навбатӣ