Зеҳн
Аз санг сахт, аз гул нозук

Юнуси Имомназарро алоқамандони каломи бадеъ ва хонандагони «Овози тоҷик» бо гузоришот ва ҳикояҳову қиссаҳои намакинаш мешиносанд.

Ахбор · 9 октябри 2024 · 44 саҳифа · 1 писанд

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ҚИССАҲО МАРДИКОР

Азми сафар

Аз ноумедиҳо басе умед аст, Поёни шаби сияҳ сафед аст.

Муаллим саҳарии барвақт аз хоб хест. Орому бесадо, ба хотири ин ки ҳамсару бачаҳояшро бедор накунад, аз ҷо баланд шуда нӯг-нӯки по ба даҳлез баромад. Дасту рӯ шуст, либосҳои гармашро пӯшид, мӯзаҳои чармини соқбаландашро ба по кард, бо ҳавсала тугмаҳои палтояшро то гиребон гузаронд ва телпаки зарди обшустаашро ба сар кашиду дари даҳлезро ба берун тела дод. Баробари боз шудани дар ҳавои сард ба димоғ зад, дар пеши назараш манзараи маъмулии фасли сармо, ки қабл аз ҳама ҷилои нуқрафоми он чашмҳоро мебурд, ҷилвагар шуд. Азбаски хонаи ӯ дар баландӣ воқеъ буд, ба осонӣ метавонист бештар аз нисфи деҳаро бо як чашм давондан тамошо кунад. Вале ин дафъа деҳаи зебоманзар ҳеч ҷаззобие надошт. Ҳама ҷоро ҷомаи сапеди барф пӯшонда буд, гӯё ки пасту баландиҳо аз байн рафтаанд, деҳа тахту ҳамвор ба назар мерасид. Бо вуҷуди ин, чошупареш ба чашм хӯрдани шоху навдаҳои сиёҳранги нимаурёни дарахтон, дуди ғализи дудкашҳо ва ба хусус, рӯди пурпечу хами об, ки аз боло то поини деҳа ҷорӣ мешуд ва аз худ ҳаври беохире берун меовард, аз зинда будани деҳа гувоҳӣ медод. Мисли ӯ ҳамсояи рӯ ба рӯ низ дар он тарафи рӯд аз хона берун омада буд. Бели калони чӯбин дар даст дошт, зоҳиран, мехост барфҳои дарупила ва боми оғилхонаашро пок кунад. Муаллим ҳам беихтиёр ба сӯйи айвон, барои гирифтани бели барфпоккунӣ қадам зад. Азбаски зимистони деҳа мудом пурбарф меояд, қариб дар ҳар як оила ду-сетоӣ бели чӯбӣ ҳаст. Ин белҳо нӯки паҳну каме ба боло каҷ ва дастаи баланд доранд ва барои тоза кардани барфи бомҳои коҳгилию ҳавлию роҳакҳои пиёдаравӣ хеле мувофиқанд.

Муаллим то маҳалли танӯру оташдон, то дари оғилхонаю собот ва якрост то лаби чашмаи обгирӣ, ки поинтар аз боғаш, дар бағали ҷӯйи калон воқеъ буд, роҳак дуруст кард. Барфпоккуниро ба поён расонд ва хастаю шалпар, дар ҳоле ки пас аз кори шадид тез-тез нафас мегирифт, белашро ба китф гузошта ба хона баргашт. Пушти остона каме истод, остину домани палто ва поҳояшро тап-тап ба ҳам зада барфҳоро афшонд ва вориди хона шуд. Ҳамсараш аллакай аз хоб хеста субҳона дуруст мекард. Ба маҳзи ин ки ӯро дид, бо таъзим салом дод ва бо лаҳни ширину мулоими худ, ки ин оҳанги гуфтораш солиёни зиёд дар мағзи қалби муаллим нишаста буд, изҳор намуд:

– Ба сафар мебароед, лозим набуд ин ҳама барфро тоза кунед, монда шудед.

– Ҳеч гап не, азизам, ин кори ман буд.

– Ноништа кунед, таги дил мешавад, – бо ишора ба дасторхони паҳн суханашро идома дод зан ва як коса шири доғро ҳам рӯйи суфра гузошт.

Муаллим ба хубӣ субҳона хӯрд, равғани зарду шири доғ то мағзи ҷон нишаст. Ҳамсараш рӯ ба рӯ нишаста ба ӯ зеҳн мемонд. Пай бурд, ки дар кунҷи чашмонаш оби дида ҷамъ шудааст, дилтанг менамояд. Аз рахти сафар бастани ӯ, ки номаълум буд то чӣ муддате тул хоҳад кашид, ба риққат омадааст. Муалллим ба одати маъмул дасти чапашро, бо ишораи ин ки паҳлуяш нишинад, боло бардошт. Ҳамсараш ҳам лағжиду худро ба ӯ ҷафс кард. Муаллим сару мӯҳои ҳамсарашро, ки рӯйи шонаҳояш гузошта буд, навозишкунон гуфт:

– Азизам, дигар чорае ҳам надорем. Бубин, Парвизҷон даҳсола шуд, то ҳанӯз поҳояш фалаҷ, ба духтур набарем намешавад. Аҳволи модарам низ хуб нест, ҳар рӯз бояд дорую даво харем. Аз муаллимӣ даст кашидам, фоида надорад. Кор ҳам кунам, бояд қарз бигирам. Беҳтар ин ки дунболи шуғли дигар равам.

– Куҷо меравед, дари киро мекӯбед? – бо хӯрӣ пурсид зан.

– Мисли ҳамқишлоқиҳо ба Русия сар мегирам, Худо бузургу меҳрубон аст.

– Қазоқистон наздиктар нест? Бубинед, ана ҳамин писари ҳамсоя ҳам дар Остона будааст, мегӯянд, кораш хуб, ҳар моҳ пул мефиристад.

– Русия беҳтар. Ман худам ба шаҳраки Вишний-Волочёк дилбастагӣ дорам, шаш моҳи сарбозӣ он ҷо будам. Меваю зироатҳои деҳқонӣ зиёд дорад, вале ба ҷамъ кардан одамаш намерасад. Мо – аскаронро доимо ба кумак мебурданд. Агар Худо ёрӣ диҳад, ба ҳамон маҳалҳои ошно меравам, мардикорӣ мекунам.

Ҳамсараш бо тааҷҷуб пурсид:

– Зимистон бошад, меваю зироат аз куҷо?

– Чаро, ёдам ҳаст, ки мо дар фасли зимистон ҳам ёрӣ мерасондем.

Вишний-Волочёк гармхонаҳои бисёр дорад, баъд, одамон меваҳои ҷамъкардаи худро бештар дар зимистон ба фурӯш мебароварданд...

Муаллим намехост завҷааш нороҳату дилтанг бимонад. Ҳама умедаш ба ӯ буд. Вақте ки зан дар хона аст, дилаш пур мегардад, аз модару бачаҳояш хавотир намекашад. Муаллим мефаҳмид, ки ҷудоӣ мушкил аст, вале аз дасти мушкилоти зиндагӣ омода буд ба ҳар гуна азобу фироқ тоқат кунад. Ӯ хомӯшии лаҳзае ба миён омадаро халалдор карда гуфт:

– Азизам, дер нашуда бо модарам ҳам хайрухуш кунам, ту чизучораамро дар кӯлбори сафар андоз, – бо як ҳаракати тез сари по хест ва ба хонаи дигар гузашт.

Модар ҳанӯз хоб буд. Рӯйи тахтхоб чунон паҳлу мезад, ҳатто садои нафасгириаш ба гӯш намерасид. Аз чеҳраи пурожанг ва мӯҳои сапед, ки аз чаккаи пешонӣ ба чашм мехӯрд, гӯё нур меборид. Дар ҳоли хоб ҳам хеле зебо ва нуронӣ менамуд. Муаллим намехост ӯро бедор кунад, вале ба маҳзи ин ки дар гӯшаи тахтхоб нишаста, дасти худро ба рӯйи китфаш гузошт, ӯ чашм кушод.

– Ҳа, писарам, рӯз шуд? – пурсид модар.

– Не, то дамидани субҳ вақт ҳаст, оча, – гуфт муаллим ва афзуд: – хостам дуои шуморо гирам.

Модар бо ёрии муаллим аз ҷо баланд шуд ва рӯйи тахтхоб поҳояшро ба поин овезон карда нишасту ӯро ба оғӯш гирифт ва бо овози паст изҳор намуд:

– Писарам, ҳар ҷо меравӣ сарат дар амон бошад, сиҳат раву саломат баргард. Фақат, ин модари пирата аз ёд набарор, агар ҳаял кунӣ10 пазмон мешавам.

Модар дигар натавонист ҳарф занад, дар ҳоле, ки гулуяш гирифта буд, бо остини курта оби дидаҳояшро пок кард. Муаллим низ бо чашмони намгирифта аз назди ӯ берун омад. Дар дами дар ҳамсараш мунтазир буд. Вайро низ бо меҳрабонӣ ба оғӯш кашида гуфт:

– Вақти автобус ҳам шуд, азизам, аз худат, аз бачаҳо эҳтиёт шав. Агар тез пул нафиристам, аз амаки осиёбон гирифта ист, вазъиятро ба ӯ фаҳмондаам.

Зан чизе намегуфт. Дар оғӯши шавҳар ҷо шуда фиқ-фиқ гиря мекард. Муаллим афзуд:

– Азизам, бачаҳоро ба ту, туро ба Худо месупорам. Аз ман хавотир накаш, албатта бо дасти пур бармегардам!

Муаллим зиёд маътал нашуда кӯлборашро ба дӯш гирифт ва ба сӯйи истгоҳи автобус ба роҳ баромад. Зан то ғоиб шудани ӯ дар дами дарвоза истода монд. Шамоли сарди зимистонӣ мӯҳои дарозашро, ки бо лағжида афтидани рӯмолаш парешон шуда буданд, алвонҷ медод. Рӯйи гунаҳояшро беист оби дида мешуст...

Аз пушти шишаи мошин замини нуқраӣ, ки бо бистари барф пӯшида шуда буд, чашмҳоро хира мекард. Ҷо-ҷо ҳанӯз ҳам барф меомад. Баъзан борони барфолуд ба шишаи пеш шатаррос мезад ва ҳаракати якмароми милаҳои барфпоккун диққати муаллимро ҷалб мекард. Маълум буд, ки зимистон намехоҳад ба ин осонӣ даст аз зӯрӣ бардорад.

Муаллим баъд аз нисфирӯз ба Тошканд расид. Тавре ки қарор шуда буд, ӯро дар истгоҳи метро амакбачааш Козим пешвоз гирифт. Ин ҷавони лӯндаи қадкӯтоҳ чеҳраи тира, чашмони калони сиёҳ, абрувони дурушт ва манаҳи баланди ба боло хамидае дошт. Аз бархӯрди авввалин пай бурдан мушкил набуд, ки ҷавони чусту чолок ва зарангест. Лаб ба лабаш намерасид, гӯё ба ҷое шитоб дорад, нисфи калимаҳоро хӯрда сухан мегуфт. Ғайри пиндошти муаллим, пас аз ҳолу аҳволпурсии мухтасар гуфт:

– Сабилмонда, келинатон бемор, чанд рӯз аст, ки бедаступо шудаам. Ба хотири ин ки шумо роҳат бошед, дар меҳмонхона ҷой гирифтам. То хариди билет ду-се рӯз мемонед. Ҳеч гап не, каме обу ҳавои Тошкандро ҳам нафас мекашед. Сафар намегурезад, вақту соаташ, ки расид, мефиристам.

Муаллим тааҷҷуб кард. Бо ҳайрату шигифте, ки вуҷудашро фаро гирифта буд, базӯр ба сухан омад:

– Додар, магар поезди Маскав фардо субҳ намеравад?

– Фардо ҳаст, аммо билет аз куҷо? Ҳар қадар давутоз кардам, нашуд, лаънатиҳо пора мехоҳанд, – бо ҳамон шитоб, дар ҳоле ки беист чашмзанон манаҳи каҷашро ба боло ёзонида ҳарф мезад, гуфт Козим.

– Хабар кардӣ, билет тайёр, факат расида биёед бас, аммо...

– Амак, чаро зуд хафа мешавед? Ман бекор нанишастаам-ку? – каме норозиёна сухани муаллимро бурида гуфт Козим. – Пули фиристодаатон кам буд, баробари нисфи билет болосарӣ мехоҳанд, ман чӣ кор кунам?

Муаллим дилтанг шуд. Ҳис кард, ки аз оғоз орзуҳои ширинаш барҳам мехӯранд. Ҷияни шаҳриаш ба ӯ ваъдаи калон дода буд. Ба гуфтаи худаш, нисбат ба нархи билет пули бештар гирифтааст, мебоист билет дар дасташ бошад, имшаб ӯро дар манзилаш меҳмондорӣ кунад, фардо ба поезд барорад, вале...

– Ман пули изофӣ бо худам наовардаам. Каме ҳаст, ки то пайдо кардани кор дар Маскав харҷ карданӣ будам, – базӯр гуфт муаллим.

– Ҳеч қисса не, ҳар чӣ доред ба ман диҳед, амак. Билетро, ки гирифтем, он тарафаш Худо подшост, ҳама кор нағз мешавад, – бо ҳамон оҳанги аввала суханашро идома дод Козим ва муаллимро ба сӯйи метро ҳидоят кард.

Муаллим роҳравон ба фикр фурӯ рафт. Чӣ кор кунад? Ҳарчи бодобод, ба гуфтаи ҷиян амал кунад ё роҳи дигаре ҳаст? Ғайр аз ин куҷо меравад, дардашро ба кӣ мегӯяд, ин ҷо киро мешиносад, ки арзи дил кунад? Ё ба пас баргардаду аз сафар даст кашад? Не, фақат ин корро намекунад, ин шармандагӣ, ҳама ба ҳолаш механданд, дигар ба пушт роҳ нест. Ба ҳар ҳол, ҷиянаш шаҳрӣ, ба ӯ кумак хоҳад кард. Чун аз каси дигаре умед нест, ба ӯ бояд гӯш андохт.

Ғарқи хаёлоти печида, баъд аз вориди меҳмонхона шудан муаллим ба забон омад:

– Бошад, гуфтаи ту шавад, ҷиян, он тарафаш Худо-подшо!

Сипас пулҳои ба хотири «рӯзи фардо» гузоштаашро бароварду бо дасти адаб ба Козим супурд. Бо дидани бастаи пул чашмҳои Козим барқ заданд. Мисли ин ки барояш ҳадяи гаронқимате дода бошанд, бо хушҳолӣ ба муаллим гуфт:

– Шумо парво накунед, ҳамааш хуб мешавад. Ҳамин ки билетро гирифтам, ба шумо хабар медиҳам, – Козим бо дастпочагӣ хайру хушро насия карда аз дар берун рафт.

Муаллим бо тааҷҷуби бештар, дар ҳоле ки хастагии роҳи дарозро аз кӯҳистон то Тошканд дар тану ҷонаш ҳис мекард, ба сӯйи хонаи хоби худ қадам ниҳод ва ба дохил даромада бо беҳолӣ ҷуссаашро ба рӯйи тахтхоб партофт.

Козим дигар пайдо нашуд. Муаллим як ҳафтаи истиқомат дар меҳмонхонаро чӣ тавр гузаронд, худаш медонаду Худо. Рӯзи ҳафтум, вақте ки дигар тоқаташ тоқ шуда мехост берун равад, масъули меҳмонхона ӯро ба назди худ хонд. Коғази паҳни сурхрангеро пешаш гузошта гуфт:

– Ин билети поезд будааст, ҷиянат дода рафт.

Муаллим оҳи сабук кашид. Билетро ба даст гирифта бо хушҳолӣ зери лаб гуфт: «Худоро шукр!» Сипас бо суръат ба номераш баргашт, то чизучораашро ҷамъ кунад.

Салони истгоҳи роҳи оҳан серодам буд. Муаллим дид, ки пушти яке аз даричаҳои билетфурӯшӣ одамон навбати дарозе чидаанд. Онҳо ба мақсади Маскав билет мехариданд. Ҳисси кунҷковиаш афзуду назди дарича омад ва аз билетфурӯш суол кард:

– Бубахшед, хоҳар, танҳо нархи поездро то Маскав донистанӣ будам. – Ҳаштод ҳазор.

– Билет ҳаст?

– Бале, агар мехоҳед, навбат гиред, одамҳо нороҳат нашаванд.

– Раҳмат, хоҳарам.

Муаллим аз асли қазия воқиф гардид. Аз он ки ҷиянаш дар рӯзи равшан ӯро фиреб дода буд, хеле мутаассир шуд. «Қандата зан, шаҳбоз, амаки қишлоқиатро хуб гӯл задӣ! Агар ба ду-се сӯм пули ман нигарон будӣ, ҳалолат бод!», – дилозурда барои худ пичирросзанон ба сӯйи айвони интизорӣ қадам зад муаллим.

пешина
аз 44
навбатӣ