Зеҳн
Аз санг сахт, аз гул нозук

Юнуси Имомназарро алоқамандони каломи бадеъ ва хонандагони «Овози тоҷик» бо гузоришот ва ҳикояҳову қиссаҳои намакинаш мешиносанд.

Ахбор · 9 октябри 2024 · 44 саҳифа · 1 писанд

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Дар поезд

То чанд муддат ҳаракати муназзами поезд ҳамроҳ бо садоҳои якмароми «тақа-тақ, тақа-тақ, тақа-тақ...» дар гӯшҳои муаллим танин андохт. Ӯ дар ҳавои ин оҳанг ба берун, ба манзараҳои ранг ба ранг, ки чун навори филм аз назар рад мешуданд, чашм дӯхта, ба баҳри ёду хотироти гузашта ғӯтавар шуд...

Муаллим хуб медонист, ки аз шуғли ҳамешагӣ даст кашидан ва обу ҳавои дилосои деҳро канор гузошта, ҷониби кишвари бегона рахти сафар бастан барои касе мисли ӯ, ки аз қишри муътабари ҷамъият аст, намезебад. Вале ин бор сангинии рӯзгор ба ҳар навъ, аз чор сӯ ба дӯшаш фишор овард. Ӯ дигар дармони таҳаммули ин сахтиро надошт, маҷбур шуд даст аз муросо бардорад ва танҳо ба хотири рафъи мушкилот талош варзад. Ӯ медид, ки барои аввалин бор мухолифи раъйу пиндоштҳояш амал мекунад. Агар пайваста барои шогирдони худ мақоми илму ҳунар ва шакебоиро волотар аз ҳар гуна сарват талқин мекард, акнун худи ӯ побанди орзуҳоест берун аз ин тасаввур: мехоҳад ғанӣ шавад, зудтар дунболи пул равад. Оре, гоҳе ҳирси сарвату ғанимат мағзу ҳуши инсонро фаро мегирифтааст. Барои муаллим ин ташнагӣ чӣ тавр роҳ ёфт ва то чӣ муддате идома хоҳад дошт, ноаён буд. Ӯ ин гирифториро аслан намехост, вале чӣ кор кунад? Дастмузди омӯзгорӣ ба чӣ дарде мехӯрад? То ба кай худу бачаҳои худро муҳтоҷу дасткӯтаҳ нигаҳ дорад? Модари солхӯрдаи бемор, писари хурдсоли ногиронашро чӣ кор кунад? Агар бо шиками гурусна гардад ё сарутанаш тару тоза набошад боке нест, вале, магар мешавад ҷони дардманди инсонро ба ҳоли худ гузошт? На, ӯ дигар тоқати ин камию костиҳоро надорад, бояд худашро занад ба ҳар ҷое, ки дилаш мехоҳад, ба ҳар ҷое, ки пояш меравад, то замоне, ки тобу тавон дар бозу дорад. Оре, гурусна худашро ба шер задааст.

Азбаски муаллим побанди хаёлот ду чашм ба берун дӯхта менишаст, ногаҳон ғиҷиррос зада кушода шудани дар ва садои баланди занонае ӯро ба худ овард. Соҳиби овоз духтари қадбаланду бокитфу бозуе буд, ки бо арбада вориди купе шуд. «Ба ин шайтонҳо агар камтар рӯ диҳӣ, саворат мешаванд. Ҳайф ки замона намебардорад, валлоҳ чунон лату кӯб мекардам, як умр зарби дастам аз ёдашон намерафт, – бе он ки ба муаллим таваҷҷуҳ кунад, худ ба худ бо овози баланд мегуфт ӯ. – Ҳар гоҳ, ба маҳзи ин ки диданд ба роҳ мебароям, кана барин часпида мегиранд. Розӣ нашаву ҳам бин! Бо ҳазор таваллою зорӣ пеши поят меафтанд, иллоҳ-биллоҳ, бояд раванд, бояд кор кунанд». Муаллим бо дидани ин духтари оташин ва шунидани суханҳои беадреси ӯ моту мабҳут шуд. Духтари шаддод ҳамзамон бо кушодани рӯмолу шоли гардан ва кашидани пӯстини худ аз сухан гуфтан даҳон барнамебаст: «Фикр мекунанд ба курорт мераванд! Бошад, як бор азобии мардикориро бубинанд, баъд мефаҳманд, гап дар куҷост! Ёфтани пул барояшон осон менамояд!»

Муаллим ҳавосашро ҷамъ кард. Бо ангушт рӯйи мизи наҳорхӯрӣ тиқ- тиқ заду диққати духтарро ҷалб намуд:

– Хоҳарам, аз чӣ дар ташвишӣ? Ба ҷойи салому алайк ин ҳама доду фарёд?

– Бубахшед, амакҷон, ҳанӯз ҳам гӯё дар купеи бачаҳоям, – ором шуда бо мулоимат гуфт духтар, – даҳ нафар ҳамраҳ дорам, ҳамаашон навкор. То ба вагон кашида ҷо ба ҷо кардам, хунам ба ҳалқам омад.

– Бачаҳоро куҷо мебарӣ? – бо тааҷҷуб пурсид муаллим.

– Унҳо ҷавонҳои бекоранд, мебарам Маскав, ба мардикорӣ.

– Таваккал?

– Не, амак, панҷ сол аст, ки бо ин кор машғулам. Муштарии чанд корфармо ҳастам, – духтар суханашро қатъ накарда, дар гӯшаи тахтхоб рӯ ба рӯйи муаллим нишаста гирифт, – рӯзам аз пушти ҳамин кор мегузарад. Вазифаи ман то маҳалли кор сиҳату саломат бурдани бачаҳо ва ба дасти корфармо супурдани онҳост.

Муаллим аз ин ҷасорати духтари ношинос ба шигифт омад. Пай бурд, ки дар чеҳраи занонаи ӯ ирода ва талоши мардона нуҳуфта аст. Азбаски худи ӯ низ дунболи кор мерафт, бештар ба суҳбати ҳамсафари зираки худ рағбат зоҳир намуд. Муаллим бо ҳамон оҳанги таҳайюромез афзуд:

– Падару модари бачаҳо хавотир намекашанд?

– Онҳо худашон бо илтиҷо оварда месупоранд. «Мастураҷон, як кор кун»-гӯён ба ҳолу ҷонам намемонанд. Аз бепулию қашшоқӣ безор шудаанд. Баробари ҷойгир шудани фарзандонашон, албатта, хабар медиҳам, адрес, телефон...

Муаллим фаҳмид, ки исми ҳамсафараш Мастура аст. Бо кунҷковии бештар дунболи суҳбатро гирифт:

– Ҳаққатро медиҳанд?

– Ҳар кӣ аз ҳимматаш, лекин дастмуздамро бештар аз корфармо меситонам. Бобати ҳар коргари бурдаам подош медиҳад, – бо изҳори мамнуният афзуд духтар.

Мастура барои муаллим симои тозае буд. Ҳарчанд дар умқи чашмони ӯ лағзишҳои маккоронаеро ҳис мекард, барои худ дарёфт, ки ӯ воқеан оташ аст, ба корҳои зиёде қодир ва як сару гардан болотар аз занҳои маъмулӣ. Ин ҳама роҳро бе тарсу бим тай кардаву бо ҳазору як одам ҷарру баҳс доштан кори занона нест, ҷасорати касест, ки дар ҳақиқат дилу ҷигар дорад! «Эҳ, кош маро низ бо худ мегирифт, – дар замири дил андешид муаллим, – ҳозир будам ба ҳар гуна амру фармонаш итоат кунам. Ман дигар аз хона баромадаам, бароям чӣ фарқ дорад – коргари содаам ё каси дигар? Шояд лутфи Парвардигор аст, ки ман бо ин духтари кордон ҳамсафар шудам, фурсатро бой надода бояд доманашро бигирам». Умедвории шадиде дар вуҷуди муаллим шуъла зад. Ӯ медид, ки сарриштаи шуғли баъдина дар кафи дасташ аст, набояд онро раҳо кард. Агар ҳарфҳое, ки Мастура мегӯяд, рост бошад, пас ҷойи нигаронӣ намонда. Ба ӯ мепайвандад, ба ҳар ҷое, ки мебарад, меравад ва мардикорӣ мекунад. Муаллим бештар мухлиси духтар шуд.

– Кори сахте ба уҳда гирифтаӣ, хоҳар, наметарсӣ, ки иттифоқе рух медиҳад, мушкилӣ пеш меояд? – гуфт ӯ.

– Оре, амак, сад фоиз гапатон дуруст, аммо ман аксаран таваккула меписандам. Гоҳе рӯзҳое аз сарам гузаштааст, ки баъзеҳо дар хоби шаб надидаанд. Дар сафарҳоям сад бор фақат бо милисаҳо даргир мешавем. То даҳонашона мебандаму шӯрашона паст мекунам, хуноб мешавам. Лаънатиҳо – ҳама дарди пул, то доляшона нагиранд, одама намегузоранд роҳат по ёзонаду мижа таҳ кунад.

– Ба чӣ баҳона мегиранд?

– Ба ҳар чиз! Сафари худсарона, табаияти кишвари дигар, набудани қайдҳои лозим дар паспорт, бе гувоҳнома овардани бору пул ва дигар камбудиҳои хурду рез баҳонаҳои ҳамешагии онҳост. Ин ҳам дарди бахайр, бештар воқеаҳои нохуше, ки бо бачаҳо рӯй медиҳад, одама ба ташвиш меорад. Бо ин ки ба ман рабте надорад, аммо ҳис мекунам гӯё ман ҳам шарики он бадбахтиҳоям, – каме озурдаҳол аз сухан бозистод Мастура. Ӯ бо димоғи гирифта сарашро миёни ду панҷааш гузошта ба фикр фурӯ рафт. Чеҳрааш гӯё шаб шуд, маъюсона чашмонашро пӯшонд.

Муаллим бо дидани ин ҳолати духтар пай бурд, ки дар ҳақиқат бархӯрдҳои баде рух додаанд, вагарна бо ин ҳама шаддодӣ сархам шудани ӯ даргумон буд. Дар ҳар сурат, муаллим бо эҳтиёт ва аз рӯйи мулоимат пурсид:

– Духтарам, дигар оташ пушти даст мондан фоида надорад. Акнун ки ба ин роҳ афтидаӣ, бовар кун, ба ҳар гуна нағмаву зарбаҳо рӯ ба рӯ хоҳӣ шуд. То замоне, ки ин корро мекунӣ, ноумед нашав, ҳамин саъю талош, чобукию зиракиат ба ту мадад мерасонад.

Мастура сарашро бардошт. Дуруст ба чашмони муаллим дида дӯхт. Аз он ки ҳамсафараш «духтарам» гӯён ба ӯ рӯ овард, вуҷудашро ҳиссиёти гуворое фаро гирифт.

– Шумо хеле меҳрубон ҳастед, амак, – гуфт ӯ, – даҳ сол пеш падарам аз олам даргузашта буд, вале баъд аз сари ӯ касе маро духтарам нагуфтааст. Агар донед, ҳамин набудани падар аст, ки ба ин кӯй афтидаам. Аз тангдастӣ хонаю дар, модари муштипар, додару хоҳаронама ба ҳоли худ гузошта, худа ба обу оташ мезанам. Бароям ба кор бурдану ҷойгир кардани ҷавонҳо мушкилӣ надорад, аммо ба хона барнагаштану мубталои дарду фалокат шудани баъзеи онҳо дилама зиқ мекунад. Метарсам, ки як рӯз одамонашон аз гиребонам мегиранду мана гунаҳкор мекунанд.

– Чӣ хел барнагаштаанд?

– Ҷойи кори мардикорҳо бештар маҳалҳои сохтмонист. Кор зиёд, коргар мӯру малах барин. Бо як иштибоҳ бадбахт мешавӣ. Аз бачаҳои бурдаи ман ҳам ду нафар дучори нокомӣ шудаанд, яке дар зери бори кран мондааст, якеи дигар аз балкони ошёнаи чорум афтидааст. Баъди ба Самарқанд бурдани онҳо ва гузарондани ҷанозаашон хабардор шудам. Дутои дигар ҳам ба сахтии кор тоб наоварда ба ҷойи дигар гурехтаанд, то ҳол беному нишон.

Дили муаллим таҳ кашид. Аз гуфтаҳои Мастура барои худ тасаввур мекард, ки мардикорӣ чӣ уқубатҳое дорад. Бо вуҷуди ин, сир бой надод, худро ором нигаҳ дошта, бо камоли ҳамдардӣ гуфт:

– Ту ки онҳоро маҷбур накардаӣ?! Бо ихтиёри худ рафтанд ва ҳар чӣ дар пешонӣ буд, онро дидаанд.

Мастура бо аломати тасдиқ сар ҷунбонд. Боз ҳам дастҳояшро ба ду чаккааш часпонда хомӯш монд. Муаллим намедонист ӯ чӣ фикрҳоеро аз сар мегузаронад. Ба ҳар ҳол, пай мебурд, ки қалби духтар ноором аст. Шояд дунболи нуқтаҳои заъфе мегардад, ки аз пайи ҳимматҳои анҷомдодааш ба бор омадааст. Ба эҳтимоли зиёд, дар хусуси он бархӯрдҳое фикр мекунад, ки бо одамони гуногунтабиат, бо хислату ангезаҳои гуногун доштааст. Дар ҳар сурат, ӯ духтари сода наменамояд, андешаҳояш сатҳӣ нахоҳад буд. Ҳарчанд ҷавон аст, то ҳадде танишҳои пасту баланди ҳамраҳони худро дарк кардааст, мехоҳад ба онҳо ёрӣ расонад, ба дарди онҳо шарик бошад. Бо вуҷуди ин, пай мебарад, ки корҳои ғайриқонунӣ низ анҷом медиҳад.

Муаллим дар хусуси портретҳое шабеҳи Мастура борҳо шунида буд ва ҳар замон ба онҳо нафрат мехонд. Фикр мекард, занҳое аз ин тоифа ҳама сабукпоанд, шаттоҳу беимонанд, ҳайсият ва ғурури миллатро ба бод медиҳанд. Вале, ба духтари ҳамсафари худ бо чашми дигар менигарист. Барои худ хулоса кард, ки ӯ як инсонест боандеша, бо дили пур аз муҳаббат ва ҳатто, ғамхору наҷоткор!

Чанд лаҳза хомӯшӣ ба миён омад. Муаллим нахост риштаи хаёлоти духтарро барканад, ҳарчанд хеле моил буд суҳбат идома ёбад. Аммо ин хомӯширо худи Мастура халалдор кард, гӯё он чӣ аз дили муаллим мегузашт, хонда буд:

– Амак, аз худатон ҳеч чиз нагуфтед, ба тамошо меравед? – пурсид ӯ, дар ҳоле ки аз чашмонаш нури меҳрабонӣ меборид ва дар кунҷи лабҳояш низ табасссуме ҳосил шуда буд.

Муаллим аз ин таваҷҷуҳи духтар хушҳол шуд ва бо мамнуният изҳор кард:

– Акнун ки расидем ба ман, то ин ҷойи умрам ба ҳеч ваҷҳ по аз хоки кишвар берун нагузоштаам. Чун худам ҳам ҳасрат карданро дӯст надорам, намехоҳам дарди сари туро низ зиёд кунам. Вақте ки аз Худо пинҳон нест, аз ту ҳам пинҳон набошад, пас аз умре дуди чароғ хӯрдан ба ҳоле афтидам, ки мушкилоти рӯзгор болои ҳам чида шуд. Дигар сабру тоқатро аз даст додам ва ба хотири рӯзгузаронии беҳтар ва дарёфти сармояи бештар рахти сафар бастам.

– Аҷабо, ҳеч фикр намекардам, ки бо ин қиёфа ва сарутани босалобат шумо низ дунболи кор меравед.

– Оре, духтарам, пас аз ҳафдаҳ соли муаллимӣ ба ин қарор омадам. Вале ба куҷо меравам, аз кӣ мадад ҷустаниам, бароям маълум нест, – муаллим каме хомӯш монду дубора афзуд: – Албатта, солҳои сарбозӣ чанд ошное дар Вишний-Волочёк доштам, ба корҳои деҳқонии онҳо кумак мекардем... Аз он замон ҳам бист сол мегузарад, фикр намекунам касе маро шиносад.

Қиёфаи Мастура боз ҳам ҷиддитар шуд. Беихтиёр дастҳои муаллимро гирифту бо қатъият гуфт:

– Амакҷон, таваккул кори хуб аст, аммо на то ин ҳад. Деҳоту шаҳрҳои хурди Русия аз мо ҳам ҳоли бадтар доранд. Агар ҷиддан азми кор карда бошед, ман бо худам мебарам. Аз ошноёни корфармоям хоҳиш мекунам, шумо саркоргар мешавед. Шояд бовар накунед, тамоми роҳ побанди ҳамин фикр будам, намедонистам ба саркоргарӣ киро интихоб намоям. Ин дафъа ҳамраҳонам ҳама ҷавон, толеи нек будааст, ки бо шумо рӯ ба рӯ мешавам.

Муаллим аз ин азму қарори Мастура ба шигифт омад. Дар тасаввураш намеғунҷид, ки ба ин осонӣ мушкилоташ ҳал мешавад. Намедонист ба ин духтари ҳолшинос чӣ тавр арзи сипос кунад, гӯё Худованд ӯро ба суроғаш фиристода буд.

– Дастат дард накунад, духтарам, ҳамеша омад ёр бошад, – дар ҳоле ки хушҳолии худро наметавонист пинҳон кунад, изҳор намуд муаллим, – ту ки ба мо мерасӣ, Худо ба ту муҳаббат кунад. Вале он тарафи кор чӣ мешавад, ман ин некиҳои туро чӣ тавр бармегардонам?

Мастура бо ҳамон оҳанги меҳрабононаи худ афзуд:

– Ман ба як қарор омадам, агар шуморо ба унвони саркоргар гузорам, хотирҷамъ мегардам. Шояд ин охирин сафари ман аст, дилам мехоҳад дар Самарқанди худамон, шабу рӯз паҳлуи модарам бимонам.

– Ман туро чӣ хел пайдо мекунам?

– Ҳозир ғами он рӯзро нахӯред, «кӯҳ ба кӯҳ намерасад, одам ба одам мерасад» гуфтаанд. Дар воқеъ, шумо куҷоӣ ҳастед?

– Аз Нур.

– Умрамон боқӣ бошад, пас аз шаш моҳ, вақте ки як давраи кора тамом карда ба хона бармегардед, ман худам ба суроғатон меравам, як оши нурӣ дам мекунед.

– Албатта, духтарам! – муаллим дасти Мастураро сахттар фушурд. Аз ғояти хурсандӣ дастонаш каме меларзиданд, аз чашмонаш нури сипос меборид.

Рӯз домани худро ҷамъ карда буд. Аз пушти шишаи купе манзараи берун хира ба чашм мерасид. Мастура бистару болини худро барои хоб рафтан омода кард. Муаллим ҳам бо хаёли хуш рӯйи тахтхоби купеи бедар дароз кашид. Дубора садои якмароми қатор, ки гӯё мусофирони худро алла мегуфт, ба гӯш расидан гирифт: тақа-тақ, тақа-тақ, тақа-тақ...

Ҳавои мардикорӣ

Маҳалли кор сертараддуд буд. Нафароти машғул то ҳадде зиёд буданд, ки ҷойи қадампартоӣ ёфт намешуд. Нахуст ба гӯши тозаомадагон «тар-тар» садои беохири мошинолоти бузург, ки дар васат майдонеро хокбардорӣ ва софусуф мекарданд, мерасид. Дар атрофи ин майдон, ки зоҳиран барои ҳавз ҷо дуруст мешуд, чанд гурӯҳ саргарми бетонрезӣ, пайвандкорӣ, насби ҷӯякҳои бетонӣ, зерсозии пиёдаравҳо, ҷо ба ҷо кардани дастгоҳолоту абзори амалиёт буданд. Вале даст ба даст санг рӯйи санг гузоштани ҳашарчиён дар сохтмонҳои атроф, ки мувозӣ дар муқобили ҳам қарор мегирифтанд, дилчасптар менамуд. Гузашта аз ин, деворчинӣ, насби панелҳои бетонии пешсохта, ҷогузории болодарию погардҳои хурду бузург, пушти ҳам анҷом додани нозуккорию гаҷкориҳои коргарон аз даҳони бинанда об меовард. Дар қисматҳои мухталиф неруҳои корӣ канори ҳам ва рад-рад қарор гирифта, бо суръат амалиёти сохтмониро анҷом медоданд. Аз ин ҳама тараддуд муҳавватаи корӣ ҳусни ҷаззобе ба бор оварда буд. Дар аввалин фурсате, ки муаллим бо ин гирумони бобаракат рӯ ба рӯ шуд, вуҷудашро ҳисси шигифту ҳаяҷон фаро гирифт ва аз ғояти таҳайюр даҳонаш боз монд. Чунин як манзараи кориро ӯ чанд сол пеш дар зодгоҳи худ мушоҳида карда буд, вале ба гӯшаи хаёлаш намеовард, ки рӯзе дубора бо чунин саргармӣ ба кор дучор хоҳад омад...

Ба ҳукми тақдир, вақте ки фурӯпошии кишвар ба вуқуъ пайваст, аз ҳар сӯ гиреҳи тангдастиҳои мардум боз шуд. Ба хотири дарёфтани нону насиба ба маҳалҳои наздику дур сар гирифтани одамон оғоз ёфт. Хушбахтона, он айём ҷару ҷӯ ва чолаҳои11 беохири аз салтанати пешин боқимонда ҷилави дарбадарии ҳамдеҳагони ӯро гирифта буд. Ҳама – хурду калон бо белу каланду куланг12 ва табақу нову чиғҳо ба пастиҳои «сақфбоз», ки мероси боқимонда аз ширкати заршӯйӣ буд, фурӯ рехтанд. Ҳама машғули кор шуданд, бе истироҳат, ба хотири ҳарчи бештар ҷамъ кардани зари нуҳуфта дар хок дасту остин бар заданд. Тило чун оҳанрабо хурду калони деҳаро ба сӯйи худ ҷазб мекард. Муаллим низ метавонист аз қатор намонад, вале худдорӣ кард. Паҳлуи шогирдон ҷо гирифта, куланг заданро барои худ муносиб надид, ӯ фақат тамошогар шуд. Ҳирси одамон бошад, дар баробари ғун доштани зару пул рӯз ба рӯз меафзуд. Тайи муддати кӯтоҳе хелеҳо ғанию доро шуданд, ҳол он ки аз рустою шаҳракҳои гирду атроф аксаран тафти фақирӣ ва тангдастӣ ба димоғ мезад. Дар деҳаи ӯ одамон хонаҳои боҳашамат сохтанд, пайи ҳам мототсиклсавору мошинсавор шуданд, пушти бомҳо паси ҳам лаълиҳои хурду бузурги моҳвораӣ падид омад, либоспӯшӣ ва зебу зинати занҳо ранги дигар гирифт, арӯсиҳои бесобиқа бо карруфари зиёд баргузор шуд.

Тавре ки мегӯянд, ҳар чӣ зуд ояд дер напояд, он талошҳои шабурӯзӣ, кандану кашондану шустани хоки зардор танҳо то ду-се сол тӯл кашид. Дигар ба оҳистагӣ сафҳои баланди одамон гусаста шуд. Баъд аз он ки хоки ҷару чолаҳоро ба куллӣ «лесиданд», родмардон шуруъ карданд ба чоҳзанӣ ва кандани нақбҳои пурпечухами беохир. Тилошӯйӣ хеле мушкил гардид. Аз бахти бад, маҳз ҳамон рӯзҳо чанд ҳамдеҳаи муаллим зери сангу шағалу хок монданд. Марги нобаҳангом ва маъюбу маслуқ шудани онҳо дасту дили мардумро аз тило сард кард. Одамон аз заминканиҳои хатарнок, аз кулангу каланд задан ба кунгломерою13 регу хоки рутубатноки нақбҳо, ки намӣ то мағзи устухон менишаст, даст кашиданд. Ба ин нигоҳ накарда, тавре ки ҷуғзи норасоӣ дар ҳама ҷо яксон чуққас мезад, мардуми пурҷунбуҷӯл ором нагирифт. Муаллим бо чашми худ медид, ки тӯдаҳои корҷӯйи диёри ӯ низ ба марзҳои берун аз кишвар по бардоштанд. Ба хусус, сафи ҷавонони деҳа рӯз то рӯз тунуктар мешуд...

Дар ҷойи кор муаллим ва ҳамраҳони ӯ бо роҳбаладии як зани лӯндаи қадкӯтоҳ ва гарданғафсе ба сӯйи хобгоҳ роҳ пеш гирифтанд. Онҳо аз пайроҳаи бетонии борике, ки махсус барои рафтуомади коргарон дуруст шуда буд, қадам мезаданду ҳавосашон беихтиёр ба ҷӯшу хурӯши кор дар объекти сохтмонӣ, ба сертараддудии гурӯҳҳои корӣ банд мешуд. Ҳарчанд шом фаро мерасид ва ҳаво сард буд, коргарон намехостанд корро таътил кунанд. Ҳар як тӯдаи корӣ ба амру фармоиши як нафар саркоргари турк, ки ҳам сураташ ва ҳам либосаш ранги дигаре дошт, гӯш андохта, ба шиддат кор мекарданд ва ҳеч кас аз шуғли худ сар намебардошт. Гузашта аз ҳаракатҳои тезу тунд, чеҳраҳои суп-сурх ва дастҳои шахшӯлу сиёҳшудаи коргарон диққати муаллимро ҷалб намуд. Ӯ роҳравон барои худ хулоса мекард, ки дар ин ҷо ҳақиқатан ҳам ҳавои мардикорӣ ҳукмрон аст. Аз фардо ӯ низ бо ҳамраҳони ҷавони худ вориди ин ҳаво хоҳад шуд. Дигар чорае надорад, ба хотири андӯхтани сармоя дастони нармашро бояд бо заҳматҳои тулонию сахт обутоб диҳад.

Хобгоҳи коргарон ба назари муаллим хеле бузург намуд. Хонаҳои он пайи ҳам дар ду тарафи роҳрав қарор гирифта буданд. Баъд аз айвони даромадгоҳ, рӯ ба рӯйи дари вурудӣ, хонаи бузурге барои шустушӯ ҷудо шуда буд, ки ҳудудан понздаҳ дастурӯшӯйӣ дошт. Ҳоҷатхона низ дар бағали он буд. Зани роҳбалад муаллим ва ҳамраҳони ӯро то охири роҳрав оварда дари хонаи тарафи ростро боз кард ва бо шеваи ғализи русӣ гуфт:

– Муаллим, хуб шуд, ки хонаи холӣ дорем, вагарна дар кӯча мехобидед. Ҷойгир шуда гиред, саҳарӣ соати ҳафт ноништаи пагоҳиро меоваранд, аз соати ҳашт кор сар мешавад. Бетамизӣ накунед, дар ёдатон дошта бошед, ки бо камтарин бадахлоқӣ аз кор меронанд.

Занак ин суханҳоро тез-тез гуфту дигар ба муаллим, ки бо дидани хонаи беназм ва тангу тор мехост чизе гӯяд, таваҷҷуҳе накарда ба пас гашт. Муаллим пай бурд, ки занак кори худро анҷом додааст, дигар ҳар гуна дархосту пурсиш бемаврид аст. Ноилоҷ, ба дӯстони худ рӯ овард:

– Марҳамат, ин манзили мо!

Бар рӯйи хона ду фарши обшустаро партофта буданд. Чанд болишту кӯрпачаи дарида дар чор сӯ титупит мехобид. Хона як тиреза дошт, дар он ба ҷойи чанд шиша тахта задаанд. Дар бурҷакҳои девор ва сақф пушти ҳам хонаҳои тортанак ба чашм мехӯрд. Маълум буд, ки хона муддати зиёде рӯйи ҷорӯбро надидааст.

Яке аз ҳамраҳони муаллим, ки телпаки пӯсти баррагӣ ба сар дошт ва бо кунҷковӣ тамоми роҳ ба ҳар чизи ба чашм хӯрда назари худро баён мекард, бо норизоӣ ҳарф зад:

– Ин ки манзил нест! Даҳ нафар чӣ хел меғунҷем?

Муаллим дарҳол бо садои баланд гуфт:

– Ҳар чӣ ҳаст, бояд шукр кунем. Аз ин ҷойи беҳтар ёфтани мо даргумон. Чордевор ҳам бошад, болои сарамон пӯшида.

– Охир, хона танг, даст занӣ кафат пури касофат мешавад, тирезааш бо ин ҳол, ҳатто дарича надорад, ба ҷойи истироҳат нафастанг мешавем-ку?!

– Ту, додар, ба кор омадӣ, – каме ғазаболуд афзуд муаллим, – агар истироҳат мехоҳӣ, ҳеч кас дасти туро надоштааст, ҳар ҷо мехоҳӣ сар гир. Ҷавон қавоқҳояшро овезон карда дигар сухане нагуфт. Ба дӯстони худ, ки карахт ба гуфтугузори ӯву муаллим гӯшуҳуш шуда буданд, пайравӣ карда, борхалтаашро ба гӯшае гузошт ва кулоҳи пӯсти баррагиашро васати ду дасташ ғиҷим карда сари дузону нишаста монд.

Муаллим ба хубӣ медонист, ки гуфтаҳои ин ҷавони зирак ҷон дорад. Ба ғайр аз ин кулбаи хоб вазъи хонаи дастурӯшӯйӣ, ҳаммом ва ошпазхона низ хеле ташвишовар буд. Ба ростӣ, ин ҷо муҳите нест, ки одам бо доштани тамоми ниёзҳои худ кор кунад. Дар ин ҷо аз мардикорҳои омада кор мекашанд ва фақат ба ивази кори анҷомдодаи онҳо ҳақ медиҳанд. Маҳз ба хотири ҳамин дастмузд мебояд ба ҳар гуна азобӣ тоб овард. Дар нахустин мулоқот, пас аз он ки Мастура ӯро бо номи «муаллим» шинос кард, аз раиси коргоҳ шунида буд: «Муаллим, ман ба хотири ҳамин ҳамкори дӯстдоштаамон туву бачаҳоро ба кор мегирам. Охири ҳар моҳ маош медиҳам, хӯрду хӯрок ва ҷойи истиқомат ҳам ба уҳдаи ман. Фақат касе бе рухсат аз муҳавватаи сохтмонӣ берун намеравад, касе ҳаққи шикоят кардан надорад, ҳеч гуна даъво ё корпартоӣ набояд рух диҳад. Ҳар кас бо изҳори камтарин эътироз аз кор хориҷ мешавад». Ин амру дастурҳои раиси коргоҳ пайваста дар зеҳни муллим такрор мешуд. Ӯ на фақат барои худ, ҳамчунин дар баробари ҳамраҳони худ, ки «одамони» хоҳархондаш буданд, масъулият ҳис мекард. Аз ин рӯ, қасд дошт шароите созгор созад, ки ҳеч кадоме аз ҷавонҳо қадами ноҷо набардорад, дунболи кори беҳуда наравад ва ҳаққашро ногирифта намонад. Агарчи кори сиёҳ анҷом медиҳанд, ҳарчанд ҳеч қонуне пуштибони онҳо нест, бояд саъй намуд, ки қадри инсонӣ ва арзиши заҳматҳо бароварда шавад. Муаллим аз худ бештар барои дӯстони ҷавони худ андеша мекард. Ӯ ба хубӣ сабаби дарбадарии онҳо ва ба пули ночизе фурӯхтани қувваи бозуяшонро мефаҳмид. Медонист, ки падару модари муҳтоҷе, кӯдакони нимсеру нимгуруснае, бародару хоҳарони ниёзманде мунтазири коркарди ин ҷавонҳо ҳастанд. Онҳоро набояд ноумед кард.

Муаллим бо нуҳ нафар ҳамроҳи ҷавони худ ба дастаи бетонсозон пайваст. Ду дастгоҳи бетонрезиро дар ихтиёри ӯ гузоштанд. Вазифаи асосии онҳо таъмин кардани кори муттасили ин дастгоҳҳо ва беист омода карда супурдани бетони ҳозиршуда буд. Ҳарчанд об бо лӯлае омада меистод, кашондани масолеҳи дигар ва халтаҳои симон аз анбор заҳматталаб буд. Ба ин нигоҳ накарда, муаллим аз ҳамон рӯзҳои аввал неруҳои худро ба мавқеъ ва бо тартиби дақиқ ба кор сафарбар намуд, ба хотири анҷом додани кори босифат аз таҳи дил камар баст.

Рӯзҳои аввал хастагӣ ва нороҳатии ҷавонҳо бармало мушоҳида мешуд. Зуд-зуд саркоргари турк ба корашон эрод мегирифт ва ҳар замон метарсонд, ки агар заъфи кор ба ин мизон идома ёбад, ба раис шикоят хоҳад кард. Аммо муаллим, ба ҳар навъе буд, ӯро бовар мекунонд ва ваъда медод, ки аз ин баъд корро суръат мебахшад ва ба миқдори кофӣ бетон таҳия мекунад. Муаллим хуб медонист, шикоят бурдан ба раиси коргоҳ чӣ оқибате дорад.

Дар оғоз чунин ба назар мерасид, ки рӯзҳо хеле бо кундӣ мегузаранд ва бар замми ин, зимистони Маскав низ бераҳмӣ мекард. Муаллиму гурӯҳи кориаш аз дасти барфу сардиҳои беҳад азоб мекашиданд. Ҳарчанд ҳар субҳгоҳӣ бо дили гарм ба кор мечаспиданд, наметавонистанд азияти боди шадиди сармо ва барфи хунукро, ки бераҳмона ба сару сурату гардан панҷа мезад, таҳаммул кунанд. Ҳанӯз як ҳафтаи корӣ нагузашта бемор шудани ду нафар коргар муаллимро ба ташвиш андохт. Онҳо дар васати кор, вақте ки аз анбор қуму симон меоварданд, дар роҳ афтида монданд. Муаллим дарҳол корро як сӯ гузошта, он дуро бо мадади бачаҳои дигар ба хобгоҳ овард. Бо умед аз сарпарасти коргоҳ хост, ки дунболи духтур одам фиристад. Аммо духтур куҷо?! Ба ҷойи ёрӣ дидан таҳти таънаю маломат монд. Сарпарасти турк беибо ба сараш дод зад: «Аз ҳамон аввал гуфта будам, коргаронат заифу нотавонанд! Фақат лоғарӣ ва нотавонӣ онҳоро аз тоб баровардааст. Дониста мон, ин ҷо касеро ба духтур намебарем, агар касал мешавад, бояд аз кор равад! Ту ҳам ба сари бетонат баргард, агар ҳаҷми корат ҷавоб надиҳад, гиларо аз худат дон!» Муаллим дигар чорае надошт. Танҳо тавонист ба ҳар ду бемор чойи гарм диҳаду дилбардорӣ кунад. Ӯ бо ҳисси ғамхорӣ гуфт: «Ба маҳзи ин ки ҳолатон беҳтар шуд, ба кори худ баргардед, ин ҷо мондани шумо ба касе намефорад». Худи муаллим ба сари кор омад. Он рӯз ҳамраҳонаш азоби дунёро кашида бетон рехтанд ва бо мушкилӣ пеши сарпарасти коргоҳ рӯсурх гардид.

Ҳаво рӯз то рӯз сард мешуд, аммо коршиносони турк амалиёти сохтмониро бас намекарданд. Дар асл, онҳо намехостанд муддати қарордодӣ ба таъхир афтад. Аз ин рӯ, болои ҳам рехтани коргарон, ба хусус, ҷамъ овардани қувваҳои кории арзон ба одати маъмулӣ даромада буд. Моҳ ба моҳ ба «чӯрӣ»-ҳои худ пул медоданду аз онҳо мисли хар кор мекашиданд. Дасту поҳои шахшӯлу варамида, гӯшу гунаҳои сармозада, вазъи касифу дамгир ва бӯгирифтаи хонаи зисти коргарон заррае онҳоро нигарон намесохт. Дар ҷойи кор низ ҳаво ҳамеша ғуборолуд буд. Ба хотири сармо назадани кафу похсаҳои бетонрезишуда ҳар гуна резину чарму латтаи нолозимро ҷамъ оварда оташ равшан мекарданд. Дуди ғализ ба атроф паҳн шуда то гӯшу бинии коргарон фурӯ менишаст. Дар ду самти объекти сохтмонӣ бурҷҳои скелетоҳанӣ поягузорӣ шуда буд, ки тамоми рӯз нозирони турк аз он ҷо ҷараёни амалиётро наззора мекарданд. Ҳар гуна амру фармоиш ё дархости худро бо баландгӯ мегуфтанд. Агарчи садои нотиқи турк гӯшхарош буд, мутарҷими рус эълонҳои ӯро мулоимтар тарҷума мекард. Аз ахбори онҳо неруҳои корӣ то ҷое бо вазъи мавҷуд, пешрафти кор ва руҳияи ҳамдигар ошно мешуданд. Муаллим низ пайваста ба садоҳое, ки аз баландгӯ пахш мегардид, гӯшу ҳуш буд...

Ба ин минвол, шаш моҳи пешбиникардаи муаллим гоҳе дар объекти сохтмонии пурсарусадо ва гоҳе дар хобгоҳи доимо пурғавғо сипарӣ шуд. Ӯ тайи ин муддат бо чашмони худ медид, ки чӣ қадар машаққатҳои кори тулонӣ тану ҷуссаҳои бе он ҳам заифи коргаронро наҳифу лоғартар мекард. Барояш хеле аламовар буд, вақте ки ҳамраҳонаш аз дасти шиками холӣ саҳариҳои барвақт аз хоб бедор мешуданд ва сарпарасти коргоҳ низ бепарвоёна таъхиру харобии мошини ғизокашӣ ё набудани масъули тақсими хӯроквориро баҳона мекарду бас. Дилаш ба ҳоли коргарон месӯхт, замоне ки онҳо табъи дил ҳаммом намекарданд ва баъзан тамоми бадани онҳо – аз буҷулаки по то сару гардан чирку карра баста, шабҳои дароз аз хоридан даст намебардоштанд. Ӯ низ ба риққат меомад, агар ҷавонҳои навкор эҳсосу ранҷи дурафтодагӣ ва мусофирӣ кашида, гоҳу бегоҳ ашк мерехтанд. Гузашта аз ин, агар байни коргарон даъвою занозанӣ роҳ меуфтод, муаллим зиқ мешуд, аз нофаҳмии онҳо дар худ мепечид. Ӯ медид, ки аз пайи афту дарафтҳои бемаънӣ якеро қошу қавоқаш варам мекард, дигареро таҳи чашму лабу даҳонаш кабуду захмӣ мешуд, севумӣ ҳам дарди ҷонкоҳ аз лату шаллоқ мекашид. Бар замми ин ҳама, ҳарчанд муаллиму дӯстонаш намехостанд, атрофро ҳар гоҳе бӯю тафтҳои ганд фаро мегирифт ва, мутаассифона, ин ҳама бӯйи нафасгир бештар аз ах-туфҳои бемавриди худи коргарон, аз пою тани муддатҳои дароз обнадидаи онҳо ва аксаран аз ҳоҷатхонаи бедари умумӣ пахш мешуд.

Оре, ҳавои мардикорӣ ҷонгирак буду чун сӯзан ба дилҳо мехалид. Хушбахтона, ҳама азият барои муаллим паси сар монд, лаҳзаи деринтизор, охирин рӯзи шаш моҳи мардикорӣ фаро расид. Ӯ бар хилофи аксари коргарон, ки паймони яксола доштанду бо ҳирси анбоштани пул фикри ба хона баргаштан ба гӯшаи хаёлашон ҳам намеомад, ин лаҳзаро бо ангуштшуморӣ мунтазир буд. Дар ҳар сурат, ӯ низ камубеш пул ҷамъ кард, акнун фурсате расида, ки бояд ба хона равад, бағали модари азиз, паҳлуи зани меҳрабону фарзандони ноз. Воқеан, ӯ тавонист бар ивази таҳаммули мушкилот тайи шаш моҳи мардикорӣ сармояе ба даст оварад, дар ҳоле ки ин пулро бо касби муаллимӣ дар як солу ду сол наметавонист ҷамъ кунад. Худо хоҳад, акнун ба сари оилааш бармегардад, ба дарди модари бемору писари ногиронаш дармон меёбад, шикастурехти хонаашро дуруст мекунад, каме гиребонро кушода нафаси озод мекашад.

Ба одати маъмул, муаллим саҳарии барвақт аз хоб бедор шуд. Дар хобгоҳ ҳанӯз сукунат ҳукмфармо буд. Аз пушти шишаҳои дарздори тиреза дамидани сапедии субҳ равшан ба назар мерасид. Ҳарчанд фасли баҳор поён меёфт, дар берун ҳавои сард замину деворҳоро лесида мегузашт, вале дохили хобгоҳ гарм буд. Муаллим нӯг-нӯки по аз канори коргарон, ки бағали ҳам дароз кашида масти хоб буданд, гузашта ба роҳрави хобгоҳ баромад. Ба хотири он ки нафароти хонаҳои дигарро низ бедор накунад, аз роҳрави бетонӣ ҳам бе садо қадам зада ба айвони даромадгоҳ ва аз он ҷо ба ҳавлӣ хориҷ шуд. Баробари аз зинаҳо поин омадан боди сард, вале хеле форам ба сурату димоғаш зад. Ӯ медонист, ки баҳори Маскав аксаран хунак меояд, вале табиаташ мисли диёри ӯ сабзпӯшу муаттар аст. Насими тозаи баҳорӣ, накҳати гулҳои ранг ба ранг ва бӯйи диловези меваҳо ҳама ҷоро фаро мегирад.

Муаллим ду-се қадам зада дар мобайни ҳавлӣ истод ва ба худ ҳолати варзишкорро гирифт. Сараввал дастҳояшро бо навбат ба пешу болову бағал алвонҷ дод, танашро гирди меҳвари миён ба ду ҷиҳат давр занонд, чанд бор ба ангуштони по фишор оварда шину хез кард ва ниҳоятан, муштҳои гиреҳашро ба замин тиргак карда, ҷуссаи худро аз по то сар дар ҳолати мустақим боло поин бурд ва пас аз ин машқ дар роҳрави сангфарш ба сӯйи объекти сохтмонӣ давид. Ҷойи кор хомӯшу бесадо буд. Ӯ болои теппаи регӣ қарор гирифта, чанд бор дастҳояшро ба боло ёзонда нафаси амиқ кашид ва бо меҳри ба худ хосе ба сохтмону созаҳои атроф чашм дӯхт. Ӯ медонист, ки дастандаркорони турк барои бунёди ин осоишгоҳ кредити зиёде гирифтаанд ва ба хотири сари муддат ҷамъ кардани он тамоми имкониятҳои мавҷудро ба кор мебаранд. Ба хусус, дар ҳар қисмат неруҳои корӣ ва мошину васоили лозимро ба таври фаровон рехтаанд. Муаллим ба хубӣ пай бурда буд, ки туркҳо аз рифоҳу осоиши коргарон, аз шароит ва омилҳои эминии кор, аз беҳдошту шикамсерии коргарони худ аслан хавотир намекашанд. Барои онҳо танҳо ду чиз муҳим аст: натиҷаи кор ва пардохти пул. Муаллим бо чашми худ чандин воқеаи дилхарошро дид. Ҳеч аз ёдаш намеравад, пайвандгаре ҳангоми арматурбандӣ аз табақаи сеюм сарозер афтида, ҷон ба Ҷаббор супурда буд, барқкоре низ ҳини бастани кабелҳои истгоҳи трансформатор гирифтори барқ шуда, аз олам гузашта буд, як коргари хиштрез бошад, аз хӯрдани сатили пури симон ба сараш ҷон ба қазо таслим намуда буд... Вале, касе ба ин фалокатҳо таваҷҷуҳи ҷиддӣ накардааст. Танҳо коре, ки сарпарастии коргоҳ анҷом дод, бо пули пучаке ба зодгоҳ фиристодани ҷасади мусибатдидаҳо буду бас.

Оре, муаллим сари ҳар қадам эҳсос мекард, ки дар ин муҳит ҳеч кас ёрои дархости ҳуқуқи инсониро надорад ва хеле ҷолиб буд, ба ин зиндони озод ҳар кӣ бо ихтиёри худ қадам ранҷа мефармуд ва розӣ буд ҳар гуна бархӯрдеро таҳаммул кунад. Дар назари ҳар касе, ки вориди ин муҳит мегардид, танҳо акси пул муҷассам мешуд. Онҳо мисли афроди кӯре ҳастанд, ки дар олами тор мондаанд ва асояшон қабзаи пул аст. Муаллим ҳамеша ба худ суол дода донистанӣ мешуд, ки ин кӯрӣ аз куҷо сар задааст, аз чӣ маншаъ мегирад, чаро ҳама – пиру ҷавон мубталои ин дарданд?

Муаллим аз теппаи регӣ поин наомада, дар он ҷо чорзону зада нишаст ва кунҷковона ба атроф хира шуд. Диққати ӯро намои зебои биноҳои қоматафрохта, роҳакҳои асфалтӣ, ҳавзу айвонҳои истироҳатии навсохта ва ба хусус, ниҳолакҳои ҷавоназадаю ҷӯю шаршари маснуӣ бо дилфиребии бештар ҷалб намуданд. Ин ҳамаро дида барои худ эҳсоси ғурур кард, ки дар ин сохтмонҳо ӯ низ ҳисса гузоштааст, ҳарчанд ба ивази ранҷҳои фироқ, азиятҳои камхобӣ, заҳматҳои ҷонгудоз, доду ҷеғҳои беҳисоб ба сари коргарон буд...

Муаллим медид, ки ҷойи кор ба куллӣ сокиту ором аст, парандае пар намезанад, дар сурате ки дақиқан ҳамин майдон чӣ қадар доду ғирев, сарусадо ва ҳангомаҳоро аз сар гузарондааст ва боз ҳам гирумонҳои зиёдеро хоҳад дид. Ӯ медонист, маҳз ҳамин объект, ҳамин муҳавватаи сохтмонӣ фаровон обу арақи баданҳоро ҷабидааст, ҳарчанд дар ивази он ба танҳо озуқа низ мебахшид. Оре, ҳамин муҳаввата ҳамроҳ бо амру фармонҳои ҷонгир оҳу нолаҳои хастагонро шунидааст, гарчи аҳёнан бо гирифтани сармоя мавҷи хушҳолӣ низ дар он ба лаппиш меомад. Ин муҳаввата буд, ки тайи шаш моҳ чашмҳои нимабози ӯро калонтар кушод, ҳудуди қадру қимати инсонро барояш возеҳ намуд.

Бо дамидани субҳи содиқ муаллим аз тамошои объекти сохтмонӣ даст бардошт. Бо роҳи сангфарши омадааш, ки шояд ҳазорон бор дар давоми мардикорӣ рӯйи он ин сӯву он сӯ қадам зада буд, ба хобгоҳ баргашт. Коргарон пасу пеш аз хоб бармехестанд ва ҳар яке машғули коре мешуд: дар ҳавои тоза иддае тамрини бадан мекарданду чанд нафар сигор мекашиданд, пароканда коргарони дигар низ машғули дастурӯшӯйӣ ё сарфи ҳоҷат буданд. Феълан охирин бор ҷунбуҷӯли субҳгоҳии мардикоронро медид. Дигар, аз ин ҷо меравад, аз ин пас ё меояд, ё не. Ба эҳтимоли зиёд, хонаводааш намегузоранд ва худаш низ бо ин ҳама шиканҷаи дурӣ дигар орзуи мардикориро нахоҳад кард.

Ба одати маъмул, расо соати ҳафти субҳ тамоми коргарон дар наҳорхӯрӣ ҷамъ шуданд. Сарпарасти коргоҳ низ барои назорати ноништа омада буд. Муаллим ба ин дастандаркори турк эҳтиром мегузошт. Ҳарчанд доимо сергапу сахтгир ва аз кӯчаи одоби сухангӯйӣ нагузашта буд, корро хуб созмон медод ва ба хусус, саркоргарони худ – мисли муаллимро шадидан пуштибонӣ мекард. Ҳамеша дар назди коргарон ба онҳо бо эҳтироми хос сухан мегуфт ва ҳеч гоҳ сарзаниш намекард. Вақте ки муаллим дар хусуси поёни қарордод ва азми ба хона баргаштани худ хабар дод, сарпараст қиёфаи таассуфомезе гирифт ва баъд аз каме ист изҳори назар намуд: «Ту беҳтарин кумаки ман будӣ, муаллим. Ҳар сахтию сустие, ки буд, мардонавор ба уҳда гирифтӣ ва ҳама вақт кори маро осон кардӣ. Акнун ки салоҳ медонӣ ба пеши бачаҳоят баргардӣ, ман ғайр аз розӣ шудан чораи дигаре надорам. Ҳар хоҳише, ки дорӣ ба ман бигӯ, агар аз дастам омад анҷом медиҳам. Ба ҳисобдор ҳам мегӯям, талабу бедеҳиҳоятро дуруст мекунад. Фақат, хоҳишан, дидаву шунидаҳои худ аз ин ҷоро фаромӯш кун, ин сирри кори мост». Муаллим он вақт ба сарпарасти коргоҳ маънидор чашмак зада, дасти дарозкардаашро фушурд ва бо сипос гуфт: «Лутфи шумо зиёд, бародар, ҳар коре кардем аз сидқи дил буд. Умед аст, аз ин ба баъд коратон пешрафт кунад ва бандаҳои ба хидмати шумо расида низ розӣ баргарданд. Агар иштибоҳе ҳам аз мо гузашта, бубахшед».

Ин дафъа низ дар дами дари наҳорхӯрӣ қоим шудани сарпараст ҳамаро ба хомӯшӣ ва фурӯтанӣ водошт. Касе ҳарфи изофӣ намезад, ҳаракати беҷо намекард. Ҳама ба хубӣ медонистанд, ки як зарра риоят накардани тартибу қоида боиси афрӯхтани оташи ғазаби сарпарасти коргоҳ хоҳад гашт ва бешак, аз даҳони ӯ ҳақоратҳои холамодарӣ фурӯ мерезад. Ин оини «низомӣ» барои муаллим хушоянд набуд, аммо ҳамсанги дигарон ӯ низ таҳаммул мекард. Ин бор чеҳраи ҷиддии сарпарастро ботинан бо ҳиссиёти хуш пазируфт. Ҳамзамон, бо таваҷҷуҳи бештар чашм ба ҳаракатҳои ҳамнишинон дӯхт. Ҳис мекард, гӯё аввалин бор садоҳои номуназзами ҳамкорон аз тановули субҳона ба гӯши ӯ мерасад. Барояш ин лаҳза, ки охирин бор бо дӯстони ҳамкори худ ноништа мекард, хеле аҷиб ва таассурангез менамуд. Муаллим мехост луқмае ба даҳан гирад, аммо аслан иштиҳо надошт, каме карахт ва бо ҳаяҷон сари ҷо менишаст. Ин буд, ки дар поёни субҳона сарпарасти коргоҳ абрувони соф туркии худро, ки хеле дурушту паҳн буданд, ба боло кашида ва бо дасти рост мӯйлаби пурпушти худро совида-совида, бо овози баланд ба сухан омад:

– Имрӯз дӯсти азизи мо, муаллими муҳтарам коре ба дасторхон надорад. Маълум, ки қалбаш пур аз ҳаяҷон ва худаш нороҳат аст. Нороҳат аз он, ки имрӯз бо мову шумо хайру маъзур мекунад. Вале бовар кунед, муаллим дар замири ин нороҳатӣ хушнудие низ дорад, ӯ акнун ба назди оилааш бармегардад, ба диёри маҳбуби худ меравад. Ӯ такягоҳи мо буд, устоди мо буд ва инак маҷбурем рафтани ӯро бо хушҳолӣ қабул кунем, ҳарчанд барои ҳар яки мо сахт аст. Шумо метавонед бо ӯ худоҳофизӣ кунед, дасту пойи ӯро бибӯсед, чаро ки ӯ аз назди мо меравад, – сарпарасти коргоҳ дигар чизе натавонист гӯяд. Гӯё хоре бехи гулуяшро мегирифт, дигар ҳарфе назада аз дар берун омад. Маълум буд, ки ӯ нахустин бор бо ин дилтангӣ аз тобеони худ ҷудо мешуд. Ин ҳолати ӯ барои муаллим хеле муассир ва хотирнишин буд.

Баъдан, аз ҳалқаи нуҳнафараи худ берун омадани муаллим боз ҳам мушкилтар гузашт. Воқеан, ҳама бехабар мондаанд, ки дар давоми ин шаш моҳи ҳамкорӣ чӣ қадр бо ҳам унс гирифтаву вориди эҳсосоти ҳамдигар шудаанд. Ин ҷудоӣ гӯё теғе буд, ки риштаи муҳками ҳамҷойиро мегусаст. Аммо муаллим бо итминон ба пайванди дӯстӣ ба ҳар яке дил дод, як-як ба оғӯш кашида, орзуи умедворӣ ва комёбӣ намуд. Бо меҳрабонӣ ва оҳанги ҳамешагии саркоргарӣ изҳор кард:

– Зиндагӣ ин аст, ки одамро ба пайроҳаҳои тесту озмоиш меандозад. Фақат сабру тоқат ва саъю ҳаракат инсонро наҷот медиҳад, ба роҳи рост ҳидоят мекунад. Шумо аз имтиҳони сахти корӣ гузаштед, акнун бояд бештар заҳмат кашед, то луқмаи бештар гиратон ояд. Шуморо дар диёри маҳбуб интизор мемонам. Ҳар гоҳ баргаштед, ба суроғи ҳам мебароем, дасти дӯстии мо, албатта, моро ба дидор мерасонад...

Аввалин рӯзи тобистон ҳамсози оҳанги қалби муаллим буд. Боди фораме мевазид, дар пушти дарвозаи объекти сохтмонӣ, аз ду бағали кӯчаи асфалтпӯш, ки то истгоҳи автобус тул мекашид, дарахтҳои баланди арча беист мерақсиданд. Осмони обиранги соф гӯё мехост ҳама гарду ғубори ҳиҷрону мусофириро ба интиҳои бепоёни худ бибарад. Навозиши табиат илҳоми муаллимро овард. Ӯ дубора сари ҷо истоду сумкаашро, ки пури либос ва савғотиҳои ҷамъкардааш буд, ба замин гузошту нигоҳе ба пушт афканд. Муҳавватаи корӣ, ки давр то давр деворҳои бетонӣ дошт, сохтмонҳои мураббаъ ва зузанақашаклаш хаёли чашмҳоро мерабуд. Аз манзараҳои ҷолиб мафтун шуда, бо камоли сарафрозӣ зери лаб гуфт: «Ман ҳам дар ин биноҳо саҳм гузоштаам». Дар ин лаҳза беихтиёр дилаш таҳ кашид, даме азоби харошҳои кориро то мағзи устухонҳояш ҳис кард. Бо вуҷуди ин, нигоҳе ба кӯлбори дастадори чармини худ, ки раиси коргоҳ барояш ҳадя карда буд, чашм андохта каме осуда шуд. Ӯ бо кисаи пур, бо рӯйи сурх ба зодгоҳ, ба оғӯши модару бачаҳояш бармегашт.

пешина
аз 44
навбатӣ