Зеҳн
Аз санг сахт, аз гул нозук

Юнуси Имомназарро алоқамандони каломи бадеъ ва хонандагони «Овози тоҷик» бо гузоришот ва ҳикояҳову қиссаҳои намакинаш мешиносанд.

Ахбор · 9 октябри 2024 · 44 саҳифа · 1 писанд

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Бозгашт

Поезди Маскав бо мақсади Тошканд ба роҳ баромад. Садои ошнои якмаром аз чархҳои қатор ба гӯш мерасид. Шавқуни мусофирон дар фазои вагонҳо баланд буд, вале ҳар қадар поезд фосилаи бештареро тай мекард, ин доду садоҳо торафт кам мешуд. Муаллим бо дили хуш ва сариҳол дар купеи худ ҷойгир шуда гирифт. Аз пушти ду қабат шишаи купе босуръат гузаштани манзараҳои берун хеле ҷолиб ва назаррабо буд. Муаллим саъй мекард аз ин наворфилмҳои табиӣ, ки барояш ошно буданд, ҳеч қитъаеро нодида нагирад. Ӯ ба ҳар ҷузъиёт бо диққат зеҳн мемонду дар умқи хаёл тасвири диданиҳояшро як-як бардошт менамуд.

Муаллим ғарқи тамошо гардида аз ҷойгир шудани ҳамкупеҳои худ бехабар монд. Чунон побанди андеша буд, танҳо пас аз шунидани садоҳои ғайриинтизории «субҳоналлоҳ, алҳамдулиллоҳ, аллоҳу акбар» ба худ омад.

Дид, ки рӯ ба рӯяш мӯйсафеде нишаста, бо чашмҳои нимапӯш тасбеҳ мегардонад ва дуо мехонад. Ӯ дар сар тоқии тозаи бухороӣ, ба тан яктаҳи тунуки баланд дошт ва бо чеҳраи гарм, абрувони дурушту риши сап-сафеди дарозаш хеле поку нуронӣ ба назар мерасид. Муаллим бо дидани мӯйсафед аз ҷо нимхез шуд ва бо таъзим салом гуфт. Пирамард низ аз хондани калимот даст кашида, ба муаллим ҷавоби дуруд дод ва гӯё шиноси деринааш бошад, оромона ба сухан омад:

– Ин қадар ғарқи хаёл шудаӣ, писар, чиро фикр мекунӣ? Ё ба гардани ту ҳам юғи сахтиҳои рӯзгор афтид?

– Не, бобо, баръакс аз каромати Парвардигор хушҳолам, – бо камоли ризоят ҷавоб дод муаллим, – ба бахти мо, ҳанӯз ҳама чиз аз байн нарафтааст, агар саъю талош кунем, мешавад ба рӯзҳои сафед умед баст.

– Албатта, Худованд ҳамеша бандаҳои худро навозиш мекунад, «ноумед шайтон» гуфтаанд.

– Оре, ман ҳам бо умед аз хона берун омада будам.

– Хушбахтона, луқмаи ноне ёфтӣ-мегӯям?

– Каме ба чангам омад, – ҷавоб дод муаллим ва илова кард: – Акнун назди оилаам меравам, хеле ёд кардам.

– Мефаҳмам, бачаҳоят туро бо дасти пур бинанд, хурсанд мешаванд.

Дунё ҳамин, ҷон меканем фақат барои фарзанд. Агар худро ба ин сӯву он сӯ назанем, бечора мешавем. Замона давутозро мехоҳад.

Муаллим ёду ҳуш ба суханҳои мӯйсафед шуд ва ба маҳзи ин ки каме ором гирифт, кунҷковӣ кард:

– Шумо бухороӣ ҳастед?

– Аз куҷо донистӣ?

– Лаҳҷаи Бухоро ширин.

– Яъне, мисли лаҳҷаи Нур?

Муаллим шох шуд. Бо тааҷҷуб, дар ҳоле ки ба мӯйсафед аз аввала бештар зеҳн мемонд, афзуд:

– Чӣ, Нур? Аз куҷо донистед, ки ман аз диёри Нурам?

– Лаҳҷаи нуриён ҳам ширин аст, – мӯйсафед табассуми малеҳе кард ва

бо ҳамон оҳанги салису сабки гуфтори зариф идома дод: – Абрувонат, сурати офтобхӯрдаат айни кӯҳистониҳост. Ба маҳзи даромадан аз дар чашмам ба ту афтиду аз дил гузарондам, ки ин ҳамдиёри ман аст!

– Аҷабо, Худо боз ёди моро кард, лутфи худро дареғ надошт. Дар ин роҳи дароз ҳамсафар доштан чӣ қадр хуб аст! – гуфт муаллим, дар ҳоле ки аз зиракии мӯйсафед ба завқ омада буд.

– Ҳақ асту рост, сояи Худованд ҳамеша болои сари мост, чақ-чақ карда меравем.

– Оре, суҳбат роҳро кӯтоҳ мекунад, – афзуд муаллим ва бо саволе, ки аз аввал дар гӯшаи хаёлаш давр мезад, муроҷиат кард: – Бобо, «пурсидан айб нест»-мегӯянд, шумо чӣ хел ба ин маконҳои дур афтида мондед? Ё шуморо ҳам рӯзгор маҷбур кард?

Мӯйсафед боз ҳам хандаи мулоиме кард ва бо як даст риши баланди сап-сафедашро хилолкунон ба шарҳи ҳол пардохт:

– Якуним сол мешавад, ки писарам аз хона баромада буд. «Дили оча ба бача, дили бача ба кӯча»-гуфтагӣ барин, аз рӯзе, ки рафт, фақат як дона хат навишта адресашро гуфту бас! Дар раҳи ӯ бошад, ду чашми модараш чор шуд. Ана меояд, мана меояд гӯён шабро рӯз, рӯзро шаб кардем, лекин аз вай дарак не. Афсӯс ки, хоки пойи мо сабук, дар маҳалла як гап ба даҳони мардум наафтад, обуранг дода овоза мекунанд. Гӯё писари ман гум шудааст, аз мо қаҳр карда гурехтааст, ё тавба!

Муаллим ҳайрон монд. Бо шигифте, ки вуҷудашро фаро мегирифт, базӯр ба сухан омад:

– Яъне, писари шумо гум шуд?

– Оре, писари ман! Лекин ҳеч ҷо гум нашудааст, сиҳату саломат кор мекунад! Ана, ин суратҳояш, мебарам як-як ба номардоне, ки ғайбаташро мекарданд, нишон медиҳам, – мӯйсафед як баста аксро аз борхалтааш берун оварда ба рӯйи мизи дарозрӯяи купе гузошт.

Муаллим бо диққат ба аксҳо чашм давонд. Дар ҳар сурат акси ҷавони қоматбаланде, ки хушҳолу мамнун машғули кор буд, такрор меомад. Ба назар мерасид, ки ӯ хеле ҷавон аст, агар бошад, ҳудудан бист-бисту як сол син дошт. Тааҷҷуби муаллим боз бештар шуд:

– Магар ин писари шумост? – бо ҳайрат пурсид ӯ.

– Бовар намекунӣ? Ана ҳамин ҷавоне, ки сари ҳол устокорӣ мекунад, писари ман аст. Дар қишлоқамон ҳам усто буд, аз чӯб гул месохт. Ин ҷо ҳам усто, бо ду рафиқаш дуредгарӣ мекунад, дару тиреза, мизу курсӣ, ҳар чӣ суфориш диҳанд, месозанд.

– Не, бобо, ба ҳунараш гап нест! Лекин хеле ҷавон менамояд, ӯ куҷо шумо куҷо!

Мӯйсафед тоза фаҳмид, ки муаллим аз чӣ тааҷҷуб мекунад, қоҳ-қоҳ зад зери ханда.

– Ин писари янгаи дуюмат, эркатойи ман, – дар ҳоле ки ҳанӯз механдид, гуфт мӯйсафед, – худаш ҳам чаққон, кор ҷону дилаш, ба модараш задаст. Ҳамин ки фаҳмид тағобачааш дар Маскав устохона кушодааст, ду поро дар як мӯза карду «ман меравам» гуфта якрӯя шуд. Ҳамин, ба Маскав омаду дигар монд. Маҷбур шудам худам ба суроғаш бароям. Худоро шукр, аз рӯйи адресаш тез ёфта гирифтам. Ҳолу аҳволашро дидаму хурсанд шудам. Ду-се сӯм пул ҳам дод, хушҳол шудам. Ду рӯз аз кораш ҷавоб гирифту Маскавро тамошо дод. Худо умрашро диҳад, Маскав ҷоҳои дидании зиёд доштааст, бо шавқ тамошо кардам.

Муаллим дарёфт, ки писари мӯйсафед низ мисли чандин ҷавони дигар мардикорӣ мекунад. Ӯ ҳам тарки ватан кардааст, то пул ҷамъ кунад, рӯзии бештар дарёбад. Чун ба кӯйи анбоштани сармоя афтидааст, дилаш намехоҳад онро тарк кунад. Вале падару модар доиман бо ёди фарзанд зиндаанд, агар ӯ набошад, барои худ ҷойи нишаст намеёбанд. Оворагиҳои ин мӯйсафеди синнаш ба ҷое расида низ аз ин аст. Ин бор барои ӯ саломату сариҳол дидани писараш давлати бузургест, ба ин қонеъ шуда, бо дили пур ба зодгоҳ бармегардад. Муаллим аз чеҳраи мӯйсафед равшан мехонд, ки ӯ сахтиву сустиҳои зиндагиро фаровон дида, ба гирумонҳои зиёде бархӯрдааст. Бо вуҷуди ин, таҳаммул ва имону эътиқодро аз даст надода, ба зиндагӣ умед мебандад, ояндаи некро дидан мехоҳад. Маълум буд, ки ба одати маъмулӣ даромадани ҳавои мардикорӣ боиси нигаронӣ нест, касоне мисли ин мӯйсафеди нуронӣ низ ба тақдир тан додаанд...

Баногоҳ ҳуштаки баланде сар дода, суръаташро суст кардани поезд хаёлоти муаллимро аз ҳам гусаст. Мӯйсафед сарашро ба шишаи тиреза ҷафс карда ба берун зеҳн монд ва чида-чида гуфт:

– Ба фикрам аз марзҳои Маскав мегузарем. Аз ин ба баъд диду боздидҳо сар мешаванд. Ин ҷоҳо дарди бахайр, мегӯянд, милисаҳои қазоқ хатарнок, лучу лухт карда, даруну берунатро мекобанд.

– Чаро? – беихтиёр пурсид муаллим.

– Ҳамин тавр, касбашон аст. Писарам ба ҷону ҳолам намонда хоҳиш кард, ки бароям ба самолёт билет харад, нагузоштам. Гуфтам аз осмон метарсам, ғайр аз ин, ба мани пир киро кор? Бо поезд роҳат меравам, ду-се сӯм ҳам сарфаҷӯйӣ мешавад.

– Ман ҳам таваккул ба Худо кардам, ба хотири оҷангҳои суратамон безобита накунанд-даркор.

– Намедонам, – каме андешаманд афзуд мӯйсафед, – замона вайрон, ба одамҳо намешавад бовар кард. Аз рӯйи фаҳмидам, мусофиронро азоб медодаанд, ҳар чӣ пулу чиз доранд, бо зӯрӣ мегирифтаанд.

– Худо нишон надиҳад, – гуфт муаллим, дар ҳоле ки хаёлангез бо як даст абрувонашро молида меистод.

Поезд суръаташро равон-равон суст кард ва бо ин ки садои тақ-тақи чархҳояш торафт оромтар ба гӯш мерасид, якдафъа аз сар ба сари ҳам задани вагонҳо мулоим такон хӯрду истод. Рӯ ба рӯйи тирезаи купеи муаллиму мӯйсафед бинои оҷурии истгоҳи роҳи оҳан ба назар расид. Сохтмони дутабақаи мураббаъшакле буд ва дар гирду атрофаш одамон тараддуд доштанд. Маълум буд, ки истгоҳи он қадар бузурге нест, дар айвони интизории он теъдоди одамон хеле кам буд. Ду-се ҷо хонумҳое мизу сандалӣ гузошта, хурдурез, аз қабили печене, сигор, тухма, санбӯса, пирожки, ҳасиб мефурӯхтанд. Канори роҳи оҳан як нафар корманди истгоҳ тахтачаи гирди қирмизранге ба даст гирифта, гоҳ ба пушту гоҳ ба пеш ишораҳое мекард. Дар даромадгоҳи истгоҳ ду нафар навбатдор, ки ба бозуҳои худ порчаи сурх баста буданд, истода, ҳуҷҷатҳои мусофиронро аз назар мегузаронданд. Ин ҳама барои муаллим манзараҳои ошно буд, аммо тамошо карда нишастан чӣ қадар ҷолиб аст! Ҳар тараддуд дилгармие дорад, тамошогарро ба завқ меоварад.

Аз истодани поезд фурсате нагузашту дари куперо маъмури вагон боз кард ва аз дунболи ӯ ду нафар марди формапӯш ворид шуданд. Баъд аз салому алейки мухтасар милисаи қадбаланд, ки аз рӯйи ситорачаҳои сардӯшиаш мақомаш ҳам болотар менамуд, бо ҷиддият амр кард:

– Пурсуҷӯйи маъмулӣ, паспортҳои худро омода кунед, ҳар кӣ бору василаҳояшро нишон диҳад.

Дар ин лаҳза мӯйсафед ба муаллим чашмакии маънидоре зад ва бо нимтабассум ба навдаромадаҳо рӯ овард:

– Мо ҳам?

– Албатта, отетс, ҳамаро месанҷем.

– Аз мо пирмардҳо чӣ гумон мебаред? Як поямон ин ҷо бошад, дигараш дар он сӯй.

– Хидмат, отетс, ба мо ҳам дастур шудааст! – боз бо ҳамон оҳанги омирона арз намуд милисаи қадбаланд.

Аммо боздиду таҳқиқ ба дарозо накашид. Кормандони ҳуқуқу тартибот шиносномаю борхалтаҳои муаллиму мӯйсафед ва ду нафар ҳамроҳи ҷавони онҳоро рӯякӣ аз назар гузаронда, бе пурсуҷӯйи иловагӣ худоҳофизӣ карданд ва роҳи сафед талабида, аз купе бадар рафтанд. Муаллим бо эҳсоси хушҳолӣ изҳор кард:

– Агар санҷиш ҳамин бошад, ҷойи тарсе нест! Гумон бурдам, ҳама ҷайбу доманро тагурӯ мекунанд.

– Хаёли хом напаз, додар, ҳанӯз ба хурсанд шудан зуд аст. Аз нозирони қазоқ, ки гузаштем, баъд хушҳолӣ кунӣ меарзад.

– Гургҳо дар пешанд, гӯед?

– Бешубҳа. То расидан ба маҳалли онҳо вақт дорем.

Муаллим бо шумханд ба аломати тасдиқ сар ҷунбонд ва ба берун назар андохта афзуд:

– Рӯз ҳам торик мешавад, кам-кам фикри шомро бояд хӯрд.

– Шом омода аст, додар, писарам як олам котлету нон гузошта буд.

– Худо хайратонро диҳад, аҳли фаҳмед, бобо!

– Ту, фақат, тартиби чойро диҳӣ, кофист, – бо мамнуният гуфт мӯйсафед, – ин тарафаш бо ман.

– Албатта! – муаллим аз ҷо баланд шуд. Мӯйсафед низ борхалтаашро аз поин бардошта рӯйи нимкат гузошт ва дунболи таҳияи шом шуд.

Поезд дубора бо ҳавои худ ба роҳ уфтод. Садои якнавохти он мисли оҳанги фораме аз ҳар сӯ дар гӯшу ҳуши мусофирон менишаст. Дар ҳама вагонҳо чароғ равшан шуда, пушти шишаҳо зулмати шаб ба куллӣ ҳукмрон гардида буд.

\\\*

...Пайроҳае, ки муаллим дар он қадам мезад, беохир ба назар мерасид. Дуродур суроби деҳае ҳувайдо буд, аранг-аранг бо дарахтону теппаҳои ошно. Ба хусус, теғи қуллаҳои баланде Кӯҳи Сафеду Пашметанро ба хотир меовард ва болотар доманакӯҳи кӯндаланги дарозе шабеҳи Довон буд. «Эҳ, ин деҳаи ман-ку!», – ба худ гуфт муаллим ва қадаммониашро тезтар кард. Вале ҳарчанд тез роҳ мерафт, деҳа аз ӯ дуртар мешуд, мисли ин ки ӯ ба ақиб қадам мезад. «Ин чӣ гап, ба ман чӣ шуд?» – муаллим дубора ҳай талош кард ва борхалтаи сангинашро, ки бераҳмона ба ҷуссааш фишор меовард, болотар кашида, ба пеш талвоса намуд. Аслан намефаҳмид, ки ба пеш меравад ё ба қафо, вале ҳис мекард, дашти хокӣ босуръат аз мадди назар мегузарад. Пайроҳа гарчи печутоби зиёде дошт, ба роҳгардии муаллим халал намерасонд. Муаллим хастагиро ҳис намекард, беист медавид. Чӣ қадар давид, худаш намедонад, ногоҳ рӯ ба рӯяш ҷари беохири сип-сиёҳе падид омад. Азбас бо ҳаросу ҳавли ҷон медавид, натавонист худро нигаҳ дорад, бо тамоми неру қулоч кашиду хез зад. Хушбахтона, ба он сӯйи ҷар парид, вале борхалтаи сангин аз китфаш лағжиду ба сиёҳии бетаги ҷар сарозер рафт. Худаш дар он сӯйи ҷар, дар тули пайроҳа базарб ғелида монд. Баробари афтидан гӯё дарди ҷонкоҳеро ҳис кард, бо садои баланд фарёд зад: «Очаҷон!» Бо ин фарёд муаллим аз ҷо парида хест. Болои сар хира-хира мӯйсафедро шинохт.

– Ҳа, додар, хоб дидӣ? – баробари ба худ омадани муаллим пурсид мӯйсафед, дар ҳоле ки бо як даст китфи ӯро дошта меҷунбонд.

– Намедонам, дар хоб буд ё бедорӣ, саҳл монд ба ҷари бетаге сарозер шавам.

Мӯйсафед бо шумханд афзуд:

– Ҳарчи аз таҳи дил дод задӣ, ҳатто очаатро ба имдод хостӣ!

– Сиёҳӣ пахш кард магар, нафаҳмида мондам.

– Бехаёл бош, пеш-пеши саҳар хоб дидан як амри муқаррарист. Хезу ба дасту рӯят об зада гир, ба худ меойӣ. Фикр мекунам, ба сарҳади Қазоқистон ҳам расидем, – гуфт мӯйсафед ва пешопеш худаш аз ҷо баланд шуда миёнбанди ловдонашро ба китф андохт ва ором қадамзанон дари куперо боз кард. Муаллим низ бо дили хоҳаму нохоҳам аз пайи мӯйсафед сари по хест.

Чанде баъд суръати қатор кам шудан гирифт. Маъмури вагон хабар дод, ки поезд дар истгоҳи Ганюшкина таваққуф мекунад. Ин ҳамон шаҳраки марзиест, ки ду-се соат мусофиронро маътал мекунад. Пурсуҷӯҳои тулонӣ маҳз дар ҳамин истгоҳ сурат мегирад. Муаллимро ваҳме фаро гирифт, худро хеле ноҳинҷор ҳис кард. Гӯё омади талхе ӯро интизор аст, хаёлаш ором набуд. Баръакси ӯ, мӯйсафед бо дили беғам рӯйи нимкати худ нишаста, бо чашмони нимапӯш тасбеҳ мегардонд. Аз бепарвою ором нишастани мӯйсафед нигаронии муаллим бештар шуд, мехост ҳарф занад, нороҳатиашро арз кунад, аммо ҷуръат накард. Дар асл нахост, ки дуою ниёишҳои мӯйсафед қатъ шавад.

Ба маҳзи ин ки поезд аз ҳаракат бозистод, садоҳои берабти шавқуну ҳаёҳу ва тапар-тупур ба ин сӯву он сӯ қадаммонии одамон баланд шуд. Лаҳзае нагузашта буд, ду марди низомипӯш, ки ҳамоил ба китфи худ яктоӣ автомат доштанд, вориди купе шуданд. Аз чеҳраҳои гирд, чашмони танг ва суратҳои камриши онҳо мушаххас буд, ки ҳар ду қазоқанд. Баробари қадам гузоштан ба дохили купе, бе он ки салом диҳанду худро шинос кунанд, ҷавони аввалӣ бо садои чирросӣ амр дод:

– Зуд бошед! Паспорт, бор, чизучора – ҳар чӣ доред ба рӯ бароред!

Аз ин фарёди гӯшхароши ӯ даставвал мӯйсафед нороҳат шуд ва ӯ низ бе мулоҳиза ба низомипӯшон теғ кашида, бо ҷиддият пурсид:

– Барои чӣ? Шумо кӣ ҳастед, ки мо ҳама чизучораи худро нишон диҳем?

Ҳамон низомии ҷавон, ки хеле асабонӣ менамуд, бо як ҳаракати чолокона силоҳашро аз китф ба даст гирифт ва бе ҳеч андеша милаи онро рост ба синаи мӯйсафед гузошту дод зад:

– Нафасатро каш, чол! Ҳар чӣ мегӯем онро анҷом деҳ, то пушаймон нашавӣ!

Зардиҳои мӯйсафед рӯ гирифт. Муҳкам мили автоматро бо ду даст нигаҳ дошт. Хост ба тарафи муқобил тела диҳад, аммо зӯраш нарасид. Ҷавон аз ӯ пешдастӣ кард ва бо тамоми қувва ба сари дилаш фишор овард. Мӯйсафед худро нигоҳ дошта натавонист ва ба рӯйи нимкат афтид. Сараш ба гираи либосовезӣ бархӯрд. Аз ин ҳол муаллим низ таҳаммулро аз даст дод. Ёзида низомиро аз гиребонаш гирифту ба ақиб кашид ва мушти аллакай гиреҳхӯрдаашро мустақим ба сураташ фуровард. Қариб монда буд, ки ҷавон ба замин биафтад, аммо ҳамроҳаш ӯро нигаҳ дошт ва оғушта дар оташи қаҳру ғазаби аз ҳад беш бо ҳам ба сӯйи муаллим ҳамла карданд. Муаллим дар муқобили ду нафар низомӣ коре наметавонист бикунад. Пас аз он ки ду-се лагаду мушт ба сару гардан ва камари худ хӯрд, маҷбур шуд сари итоат хам кунад. Ду ҷавони мусофири дигар бошанд, дар ду гӯшаи купе ҷо шуда, дир- дир меларзиданд. Равшан ба назар мерасид, ки онҳо аз даргириҳои муаллиму мӯйсафед ва мардҳои низомӣ тарсидаанд.

Аз он пас ҳукумат ба дасти низомиён буд. Ҷавони аввалӣ бо як даст пешонии худро, ки аз зарби мушти муаллим бод карда буд ва зоҳиран, сӯзиши ҷонгире дошт, гирифта, бо ҷаҳл наъра зад:

– Василаҳоят куҷост?!

Муаллим ҷуз итоат чорае надошт. Ба хотири он ки бадбахтии бештаре пеш наояд, хам шуду аз зери миз кӯлборашро бардошт. Ҷавон дубора амр кард:

– Ба пеш даро!

Марди низомии дигар низ ба ӯ пайравӣ карда, бо зарб аз дасти муаллим кашид ва ба сӯйи дар тела дод. Муаллим пеш-пеш, онҳо аз дунболаш аз купе хориҷ шуданд.

Ин тавр сурат гирифтани қазияро ҳеч кас ба хаёл наоварда буд. «Хеле бад шуд, кор расво шуд», – дар худ андешид муаллим. Ӯ чораи дигаре ҳам надошт, наметавонист аз амру пӯписаи силоҳдорони формапӯш сар битобад. Вақте ки ба идораи «посдорон»-и вокзал омаданд, дигар ҳуш аз сараш парид. Идора пур аз одам буд. Дар ҳар гӯшае як-дутоӣ корманд ҳуҷҷату бори мусофирони дастгиршударо баррасӣ ва кофтуков мекарданд. Барои муаллим тааҷҷубовар он буд, ки кормандон либосҳои мухталиф доштанд, дар ин ҷо милисаҳо ва маъмурини гумрук якҷо иқдом менамуданд. Дар воқеъ, боздоштгоҳе буд, ки ба осонӣ метавонистанд пӯсти мусофиронро афшонанд.

Муаллим низ ноумеду малул дар гӯшае, рӯ ба рӯйи марди фарбеҳу туршрӯе қарор гирифт. Ду нафар низомӣ, ки ӯро оварда буданд, бо ҷӯшу хурӯш ба масъули пушти миз дарду ҳасрат карданд. Онҳо ҳарчи тавонистанд дар ҳаққи ӯ баду бероҳ гуфтанд. Ҳар ду таъкидкунон дархост намуданд, ки то имкон ҳаст рӯзро барояш талх кунад. Вақти бадар рафтан ҳам бо мазоҳ ба муаллим рӯ оварда, яке мушташро гиреҳ кард ва дигаре бо даст шакли ҳалқа кашиду ба боло ишора намуд, яъне гуфтан мехост, «туро меовезад!»

Марди фарбеҳ бе таоруф паспорти муаллимро хост. Хомӯшона дар дафтари калоне, ки зери дасташ буд, ба навиштани маълумот пардохт. Пас аз он ки иттилооти кофиро аз шиноснома рӯнавис кард, ба муаллим рӯ овард:

– Мақсади сафар?

– Дар Маскав коргарӣ кардам, ба хона бармегардам, – ҷавоб дод муаллим.

– Чанд моҳ дар Маскав будӣ?

Муаллим тааҷҷуб кард. «Ин савол барои чӣ?»-андешид ба худ ва бо лаҳни норизо гуфт:– Ба шумо чӣ рабте дорад?

Марди фарбеҳ сарашро бардошт. Аз чеҳраю чашмони ӯ хондан мушкил набуд, ки дар шигифт мондааст, гӯё ин гуна ҳолат барояш бори аввал иттифоқ меуфтод. Бо таҳдид гуфт:

– Ин ҷо танҳо ман суол медиҳам!

– Марҳамат, фақат аз мавзуъ дур наравед-шуд, – бе ҳеч хавотир афзуд муаллим.

– Оқсаққол, ҳанӯз чизеро нафаҳмидӣ? Дониста мон, ки мавзуъро ҳам ман таъйин мекунам!

Муаллим низ бо ҷиддият гуфт:

– Медонам, ҳама чиз дар ихтиёри шумост, мо бечораҳо кай ҳуқуқе доштем?

Марди фарбеҳ асабонӣ шуд. Бо ғазаб худкорашро рӯйи миз афканд ва ба маъмури гумрук, ки паҳлуяш мунтазири дастур рост меистод, амр кард:

– Сумкаи ин оқсаққолро холӣ кун, бубинем чӣ мебарад бо худ.

Муаллим мамониат накард. Кӯлборашро, ки пур аз либосу савғотӣ буд, ба сӯйи корманд дароз кард. Маъмури гумрук бо чобукии хосе кӯлборро холӣ карда онро ба марди фарбеҳ дод ва ҳар як василаи муаллимро бо тартиб бар рӯйи миз чидан гирифт. Ба маҳзи ин ки дар байни либосҳо рӯмоли лӯндаи гиреҳхӯрдае ба чашм хӯрд, марди фарбеҳ ҷойи худ ҷунбида монд ва дар ҳоле, ки чашмонаш гӯё барқ мезад, бо ҳарос гуфт:

– Он рӯмоли бастаро бардор, бубинем чӣ дорад.

Дар ин фурсат ҳолати муаллим беҷо шуд. Тоқат накарда як қадам пеш гузошт, хост бастаро аз дасти марди фарбеҳ, ки аллакай гиреҳҳояшро боз мекард, бигирад. Маъмури гумрук ӯро нигаҳ дошт ва бо садои баланд амр кард:

– Аз ҷоят наҷунб!

Тану ҷони муаллимро ҳаяҷони шадиде фаро гирифт, чашмҳояш калон- калон боз монданд, аз он ки бастаи пулҳояш ба дасти нозирон афтида буд, сахт ҳирс хӯрд. Ноилоҷ, ҷуз интизории оқибати кор чорае надошт.

Марди фарбеҳ бошад, бо дидани бастаи пул хушҳол шуд. Чунон табассуме андомашро фаро гирифт, аз қавоқҳои овезонаш ному нишон намонд. Ба хотири ин ки ғазаби муаллимро оварад, намоишкорона пулҳои сабзрангу яксохтро як-як шумурд ва дар охир бо заҳрханд лаб кушод:

– Кам пуле нест, боракаллоҳ! Акнун бигӯ, оқсаққол, ин пулҳоро аз куҷо рӯфтӣ?

– Гуфтам-ку дар Маскав коргарӣ кардам! – дандон ба дандон монда ҷавоб дод муаллим.

– Хеле хуб, ҳуҷҷати пулҳо куҷост?

– Чӣ хел ҳуҷҷат? Магар пул ҳам ҳуҷҷат дорад?

– Худатро ба гӯлӣ назан, оқсаққол, – маккорона суханашро идома дод марди фарбеҳ, – мо аз куҷо донем, ки пулҳоро қонунӣ ҷамъ кардаӣ? Шояд аз ҷое дуздидаӣ ё ки аз касе бо зӯр ситондаӣ?

Муаллим дигар тоқат накард. Бо ҳавли ҷон хез заду худро ба сӯйи марди фарбеҳ андохт. Дар ин лаҳза, бехабар аз зарбаи ногаҳоние, ки ба таҳи буногӯшаш хӯрд, сари ҷо калавида монд ва беихтиёр аз гӯшаи миз дошта гирифт, то ба замин наафтад. Дубора хост ҳамла кунад, аммо ин дафъа корманди гумрук дастҳояшро муҳкам ба ақиб кашида нигаҳ дошт. Ҳамин дам чашми муаллим аз тиреза ба берун уфтод, поезд оҳиста-оҳиста ба ҳаракат медаромад. Ҳамоно дар мағзаш андешид, ки ин ҷо мондан фоида надорад. Пул ҷони ин хунхорҳост, агар монад ҳам, рӯёнида наметавонад. Бо зӯр худро ба даст гирифт, музтарона ба маъмури гумрук рӯ овард:

– Бародар, маро раҳо кун. Мебинӣ, поездам меравад, ман аз роҳ намонам.

Маъмури гумрук ба марди фарбеҳ нигоҳ кард. Ӯ бо пушти даст ба маънии «мон, равад» ишора кард. Муаллим баъд аз раҳо шудан ранҷидахотир сумкаи касифу фарсудаеро, ки ба ҷойи кӯлбори наву чармиаш рӯйи миз гузошта буданд, пештар кашид ва чизҳояшро дар он андохтан гирифт. Дар ин асно охирин бор ба марди фарбеҳ рӯ овард:

– Бародар, ақаллан ба хотири бачаҳоям нисфи пуламро пас деҳ, илтимос!

– Шукр кун, ки дар зиндон намеандозам, – бепарво ҷавоб дод марди фарбеҳ ва заҳрханде карду курсии гардонашро ба сӯйи дигар давр занонд.

Муаллим намедонист чӣ кор кунад, чӣ ҳарфе ба ин номардони ташна гӯяд. Ночор «подоши»-ро ба китф андохт ва зери лаб ҳақорати обдоре гуфта, бо шитоб ба берун давид. Тозон-тозон худро ба зинаҳои вагон расонд ва бо мушкилӣ хез заду ба боло баромад. Бо ҳоли гирифта дари купеашро боз кард. Дар дохил мӯйсафед низ бо ҳоли ғарибонае сари латтапечи худро аз пушт ба дастонаш такя медод ва чашм ба фарш дӯхта менишаст. Муаллим чизе нагуфт, беҳолона, гӯё дилу ҷигарашро гургон тала мекарданд, гавдаашро бо сина рӯйи нимкат партофт...

пешина
аз 44
навбатӣ