Аз санг сахт, аз гул нозук

Юнуси Имомназарро алоқамандони каломи бадеъ ва хонандагони «Овози тоҷик» бо гузоришот ва ҳикояҳову қиссаҳои намакинаш мешиносанд.
Ахбор · 9 октябри 2024 · 44 саҳифа · 1 писанд
Инъоми Худованд
Пас аз се рӯзи афтударафти ҷонгудоз бо худ, муаллим то зодгоҳ расид. Воқеан, ба манзил омад, аммо бо димоғи сӯхта, руҳафтода, хастаю кӯфта. Мехост бо садои баланд, аз мағзи ҷон наъра занад, дод гӯяд, фиғон бардорад. Ба хусус, шабонгаҳ, вақте ки бо оилааш вохӯрд, шушу қалбаш пур аз оҳу алам шуд, наздик ба таркидан расид. Ҳарчанд саъй мекард озурдагиашро ба бачаҳо ошкор накунад, аммо аз дасташ намеомад, худ ба худ ашкҳояш шашқатор мешуданд, забонаш гирифта ва ҳалқаш гӯё қоқ буд. Ба маҳзи ин ки модари бистариашро дид, дигар таҳаммулро аз даст дод. Азбаски гулуяш гирифта буд, бо садои кам уллос кашид, сарашро ба китфи модар гузошта нолиш кард.
Бачаҳо ҳоли ӯро дида баробар мегиристанд. Ҳамсараш низ мадори сабру тоқатро надошт. Чун дид, аз тасалливу дилҷӯйӣ фоидае нест, ӯ низ ба бачаҳояш пайравӣ кард, лаҷоми фиғону гиряро сар дод. Он шаб хонаи муаллим гӯё мотамсаро буд. Ҷойи ин ки аз омадани ӯ хушҳолӣ кунанд, ҳама ғамгину дилгир шуданд. Бо дасти холӣ баргаштани муаллим на фақат тану ҷони худашро сӯрох-сӯрох мекард, ҳамчунин онро мемонд, ки гӯё як сатл оби сард аз сари бачаҳояш рехта бошад.
Модари муаллим ҳамоно рӯйи тахтхоб дароз мекашид, мисли ин ки дар давоми шаш моҳи гузашта аз ҷояш наҷунбида мехобид. Ӯ ба писар чашм дӯхта, сарашро бо кафи дасти нимҷонаш молишдеҳон ашк мерехт. Аммо гиряи модар аз алам, аз хушку холӣ омадани нури дида набуд, балки аз хурсандӣ, аз расидан ба дидори ҷигарбандаш буд. Ӯ парвое надошт, ки писар пул овард ё не, савғотӣ дорад ё не, фақат аз дил мегузаронд: «Худоро шукр, писарҷонам ба сарам омад, акнун осуда мемирам, худаш аз пойи тобутам мегирад, гӯручӯбам мекунад». Модари бечора мехост бачаҳояшро ором кунад, аммо тавони ҳарф задан надошт. Аз он ки пайваста рӯз мешумурду бо орзуи дидори фарзанд мижа таҳ намекард, хастагию нотавонӣ ба тану ҷонаш чира мешуд. Бо ин ҳол, аз он ки иродааш ӯро ба мақсуд расонд, хеле хурсанд буд.
Муаллим рӯзи дигар бо ҳазор фикру хаёл дар хона монд. Нахост худашро ба ҳамқишлоқиҳо нишон диҳад. Аз он ки мактабро ба хотири ёфтани пул тарк карда, вале дастхолӣ баргашта буд, хиҷолат мекашид. Ӯ чунин меандешид, акнун дар пеши дӯсту душман шарманда аст. Бо мудири мактаб, ки соатҳои дароз дар хусуси тарки мактаб баҳсу талош карда буд, чӣ хел рӯ ба рӯ мешавад? Бо кадом рӯ ба раиси маҳалла, ки билкул мухолифи рафтани ӯ ба мардикорӣ буд, нигоҳ мекунад? Ҳамин ҳамсояаш Хуморапа-чи? Сад бор гуфта буд, ки ману ту пир шудем, коргарӣ аз дасти мо намеояд, бачаҳоятро танҳо намон, аммо муаллим розӣ нашуд. Ӯ сухани касеро гӯш накард, он замон ба ирода, ба ақлу таҷрубаи худ бовар дошт. Аслан ба гӯшаи хаёлаш намеомад, ки ин ҳама нокомиҳо ӯро интизор аст. Муаллим худро рӯйи хона партофта, сарашро миёни дастҳояш гирифта, ғарқи фикру андешаҳои мағшуш намедонист чӣ кор кунад. Гоҳ ба пушт, гоҳ ба сурат, гоҳ ба бағал дароз мекашид, меғелид, дар худ мепечид...
Ҳамсари муаллим низ аз гиряи бисёр сардард гирифт. Аммо ӯ наметавонист мисли шавҳар дар хона бимонад. Аз субҳи зуд ба по хеста сару миёнашро бо рӯмол баст ва аз пайи сариштаи зиндагӣ шуд. Ӯ ҳамеша бо коре андармон мешуд, вале он рӯз аз ҳар гоҳ дида бештар машғул гардид. Мехост дарду аламро бо кор ҷуброн кунад. То нисфирӯз нафас рост накард ва охирин коре, ки мебоист анҷом диҳад, шустани либосҳои шавҳараш буд. Ӯ дар лагани ҷомашӯйӣ тамоми либосҳои чиркин ва ҳатто сумкаи сафарии шавҳарро ҷамъ кард. Аз корҳои аслӣ фориғ шуда, нигоҳе ба лаган афканд ва аз дил гузаронд: «Инҳоро ҳам шуста гирам сабук мешавам ё ки баъд...?» Лаҳзае дар фикр монд, аммо ҳисси кордӯстиаш ғолиб омаду дар худ гуфт: «Кори имрӯзро ба фардо нагузор, мешӯям аз ин заҳмат ҳам роҳат мешавам!»
Дасти одаткардаи зан дар дохили тағораи пуркаф беист пасу пеш медавид. Собун мезад, муштмол мекард, меафшурд... Ниҳоят, навбат ба кӯлбор расид. Ҳамсари муаллим қоматашро рост кард, нафаси амиқе кашиду дар дил гуфт: «Эй Худоҷон, чӣ гуноҳ кардем, ки моро азият медиҳӣ? Магар намешуд ин бандаи бечораатро ноумед накунӣ? Охир, муаллим буд, ба касе зиёнаш намерасид. Ақаллан ғами модари беморашу писари нотавонашро мехӯрдӣ чӣ мешуд?» Зан дубора хам шуд, шуруъ кард ба собун задани сумкаи тар. Вақте ки бо ҳавсала собун мезад, баногоҳ лӯлагие дар миёни он ба дасташ хӯрд, ҳайрон шуд. Лӯлагиро даст-даст карда байни ангуштҳояш гирифт. Нигоҳ кард, аз дохил дарбеҳе ба кӯлбор зада, чор тарафашро дӯхтаанд. Оғуштаи хаёлҳои ширине кӯлборро бардошту афшонд ва ба хонаи ҷойи шист даромад. Қайчиашро аз ҳамолияк15 гирифта бо эҳтиёт дарбеҳро бурид. Кисаи махфиро кушоду ҷойи худ шах шуд. Ба чашмонаш бовар накард – дар киса як баста пул мехобид! Пас аз лаҳзае кадбону ба худ омаду тозон ба хонаи дарун рафт ва шигифтзада, бо садои баланд дод зад:
– Додош, додош, як нигоҳ кунед!
Муаллим ҳанӯз дар оғӯши хаёлоти парешони худ буд. Вақте ки ҳамсараш дафъаи дуюм садо зад, сарашро бардошт. Ба боло назар афканду бастаи пулро дар дасти зан дид. Бовар накарда чашмҳояшро ду-се бор палмосид ва дубора нигоҳ кард. Оре, воқеан дар дасти ҳамсараш пул – доллар буд! Бо шаст аз ҷо баланд шуда сари дузону нишаст. Ҳамсари хандон бо дасти адаб пулро ба ӯ дароз карда гуфт:
– Ин пули шумост, додош, хурсанд шавед, Худо худаш меҳрубонӣ кард. Дар дохили сумкаи овардаатон маҳкам дӯхта будаанд.
Муаллим тоқат накарда занро ба оғӯш кашид. Боз ҳам гиря кард, вале худ намедонист чаро то ин ҳад нозук шудааст. Дар тамоми умри худ мисли ин шабонарӯз нагириста буд. Ҳамсараш бошад, сару сурату дастҳояшро молида, бо меҳрабонӣ арз кард:
– Ин қадар эрка нашавед, пулатона ҳисоб кунед!
Муаллим бо ҳаяҷон коғазҳои ба чашм ошноро як-як шумурда, дар охир зери лаб гуфт:
– Хеле, хеле ҳаст, қариб баробари пули ҷамъкардаи худам... – пас аз як дам тааммул афзуд: – Лаънатиҳо... ин сумкаи кадом бечорае бошад? Тасодуфа бин, ки чашмашон ба ин наафтидааст.
– Шумо шукри Худо гӯед! Дар ҳар сурат Парвардигор ғами бандаҳои ниёзманди худа мехӯрад.
– Алҳамдулиллоҳ, – аз таҳи дил овоз дод муаллим ва дубора зани меҳрабонашро ба оғӯш кашида гуфт: – Акнун ба ҳама хабар мекунем, зиёфат медиҳем. Модару Парвизҷона ба духтур мебарам, ба шикасту рехти хона мерасем...
– Боз ҳам ман фаромӯш шудам? – бо ноз гуфт ҳамсараш.
– Не, ҷонам, аввал ба ту сарутан мехарам! – дарҳол посух дод муаллим, дар ҳоле ки мӯҳои ҳамсарашро дар миёни ангуштони шахшӯлаш гирифта, бо навозиш ба пушт шона мекард.
– Ҳазл кардам, додош, хурсандии шумо аз ҳазор сарутан авлотар аст, – гуфт зан ва табассуми малеҳи худро арзонӣ дошт.
Муаллим ба куллӣ фирефтаи суханҳои ширину табассуми ҳамсар шуда ӯро аз нав ба оғӯш кашид, дар ҳоле ки бехабар буд ин суҳбату бархӯрдашонро модари азиз бо хушҳолӣ аз рӯйи тахти хоб наззора мекард.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё